Хона блог саҳифа 589

Пазироии Тоҷикистон аз занону кӯдакони паноҳҷӯи афғон

0

Иттиҳодияи Аврупо барои кумак ба паноҳҷӯёни афғон ба Тоҷикистон маблағ ҷудо кард, аммо мақомоти тоҷик аз паноҳҷӯёни афғон танҳо занҳо ва кӯдаконро пазируфта, мардонро бозпас фиристоданд.

Акс аз навори видеоӣ

Аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон аз нуқтаҳои гуногуни марз талоши вуруд ба Тоҷикистонро кардаанд, вале танҳо ба беш аз сад зану кӯдак иҷозати вуруд дода шуд, вале ва ба мардон на.

Чанде пеш шуморе аз муҳоҷирони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз бархурди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда, гуфта буданд, ки онҳоро марзбонони тоҷик ба як минтақае бурда гузоштаанд, ки на оби ошомиданӣ доранд ва на ноне барои хӯрдан.

Напазируфтани паноҳҷӯёни афғон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки 14 сентябр Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки барои ҳукумати Тоҷикистон баҳри кумак ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.

Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор гурезагони афғонистонӣ паноҳ бурдаанд.

Аммо мақомоти тоҷик дар баъзе ҳолатҳо ё паноҳанда намепазирад ва ё онҳоро пас аз вуруд дигарбора ба Афғонистон мефиристад. Гурӯҳе аз нерӯҳои давлатии Афғонистон, ки моҳҳои июн ва июл ба марзи Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, пас аз муддати кӯтоҳе ба Кобул бозпас фиристода шуданд.

Дар аввалҳои моҳи июн мақомоти тоҷик иддао карда буданд, ки то 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дар Тоҷикистон пазируфта метавонанд, аммо ҳангоми паноҳ овардани афғонҳо 80 нафар бо шумули занҳо ва кӯдакон ба кишвар роҳ дода нашуданд.

Ифтитоҳи Маркази муҳоҷирати Маскав дар Душанбе

0

Дафтари

Ба иттиои хабаргузории “ТАСС“-и Русия, Кирилл Пуртов, сардори Шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав гуфт, ки бо кушодани намояндагии Маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон қонунигардонии ҷараёни муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Маскав беҳтар мешавад.

“Ба шаҳрвандони Тоҷикистон патентҳое, ки аз ҷониби Маскав дода шудаанд, тақрибан 40% рост меояд. Бо кушодани намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Тоҷикистон, мо эҷоди механизмҳои муассирро идома медиҳем, ки ба қонунигардонии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав, беҳтар кардани ҳамкории корфармоёни Маскав ва мутахассисони хориҷӣ нигаронида шудаанд.”

Пеш аз ин дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон низ намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуда буд, ва он ба муҳоҷироне, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, метавонанд патентҳои кории худро аз Тошканд дастрас кунанд.

Қаблан мақомоти Русия изҳор дошт, ки дар кишвар норасоии муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад ва дар навбати худ дар шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки дар пойтахт 200 ҳазор коргари хориҷӣ намерасад.

Тавсеъаи намояндагиҳои Аврупо дар Тоҷикистон

0

Парлумони Аврупо аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба хотири дастрасӣ ба иттилооти дасти аввал дар бораи Афғонистон намояндагиҳои диполамти худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистонро тавсеъа бахшад.

Акс аз “Азяплюс”

Тавсеаи намонядагиҳои дипломатии Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон ба хотири назорат кардан бар ҷараёни равандҳо дар Афғонистон сурат мегирад.

Инчунин Парлумони Аврупо аз Шӯрои Аврупо даъват кардааст, ки барои қишри осебпазири ҷомеъаи Афғонистон кумакҳои фаврӣ фиристода шавад ва ҳамзамон аз Созмонҳои ғайри давлатие, (NGO) ки дар Афғонистон дар заминаи ҳуқуқи башар, баробарии зану мард, ҳуқуқи зану кӯдак ва таҳсилоту ҳифзи саломатӣ машғул ҳастанд, ҳимояти молӣ сурат гирад.

Парлумони Аврупо таъкид кардааст, фирори Ашраф Ғани Аҳмадзай, раисҷумҳури пешини Афғонистонро ноумедкунанда дониста ва даъват кардааст, ки дар бораи эҳтимоли даст доштани Ғанӣ дар дуздии будҷаи давлатии Афғонистон таҳқиқоти шафоф сурат гирад.

ПА: Покистон ба Панҷшер ҳамла кард

0

Парлумони Аврупо Покистонро муттаҳам ба ҳамла ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер кард.

14-уми сентябр Парлумони Аврупо қатъномае иборат аз 36 банд дар бораи Афғонистон содир кард. Дар ин қатънома омадааст, ки Покистон бо нерӯҳои вижаи ҳавоияш аз Толибон дар ҳамла ба Панҷшер ҳимоят кардааст.

Ҳамзамон дар ин қатънома зикр шудааст, ки Толибон чанд ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ва афғонҳои ҳамкори онҳоро дар Мазори шариф аз парвоз боз дошта, ба онҳо иҷозаи парвоз намедиҳад.

Дар ин қатънома такид шудааст, ки тамосҳои мақмомоти Аврупоӣ бо Толибон набояд ба маънои машруъият бахшидан ба ин гурӯҳ бошад. Инчунин таҳримҳои Иттҳодияи Аврупо бар алайҳи Толибон бояд по барҷо бомонанд.

Пеш аз ин мақомоти Эрон ва Тоҷикистон низ Толибонро ба кумак гирифтан аз кишвари сеюм дар ҳамла ба Панҷшер мутаҳҳам карда буданд, вале Эрон аз Покистон ном нагирифта буд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ Покистонро ба ҳамла ба Панҷшер муттаҳам карда буд ва Аҳмад Масъуд пас аз ин ҳамлаҳо бо расонаӣ кардани як навори савтӣ мардуми Афғонистонро ба қиём алайҳи Толибон фаро хонд. Баъд аз он мардум дар чанд вилояти Афғонистон дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва мутаҳҳам кардани Покистон ба ҳамла ба Панҷшер тазоҳуроти густардаеро анҷом доданд.

Даъвати Парлумони Аврупо аз Аҳмад Масъуд

0

14-уми сентябр,

Сурат: Интернет

Аҳмад Масъуд, писари собиқ вазири дифоъ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии ин кишварро бар ӯҳда дорад, нерӯҳояш дар вилояти Панҷшер алайҳи Толибон меҷанганд.

Толибон пас аз суқути Кобул ду ҳафта пай ҳам вилояти Панҷшерро дар муҳосираи худ гирифта, сипас аз чанд ҷиҳат ба он ҳамла карда, маркази ин вилоятро зери тасарруфи худ дароварданд.

Парлумони Аврупо дар ин қатъномааш Покистонро муттаҳам карда, ки бо нерӯҳои вижааш дар ҳамла ба Панҷшер ба Толибон кумак кардааст. Иддаъое, ки пештар низ аз ҷониби нерӯҳои муқовимат ва баъзе расонаҳо садо дода буданд. Аммо он замон нерӯҳои Толибон ва Покистон ин иддаъоҳоро иттиҳомоти беасос ва таблиғоти манфӣ алайҳи худ эълом карда буданд.

Марги 5 нафар дар як рӯз

0

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Расм аз khf.tj

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:30 дар 65 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ рӯх дод.

Гуфта мешавад, мошини боркаши тамғаи “Дулан Хова”, ки аз ҷониби сокини вилояти Хатлон идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе идораи мошинро аз даст дода, ба 10 мошини дигар бархӯрд. Бар асари ин ҳодиса мусофири яке аз мошинҳо, як сокини 50-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷои ҳодиса ва мусофири дигаре дар бемористон ҷон додаанд. Панҷ мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони марказии ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.

Садамаи дуюми нақлиётӣ дар наздикии деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух дод. Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯшон ба деҳаи Хуф ронанда низ идораи мошинро аз даст дода, ба чуқурии 100-150 метр ҷар шуд.

Бар асари ин ҳодиса ҳамаи нафароне, ки дар мошин ҳузур доштанд, ҷо ба ҷо ҷони худро аз даст доданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёт ва сабабҳои ин садмаи маргборро муайян мекунанд, омадааст дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

“Истиқлол” аз “Персеполис” шикаст хӯрд

0

«Истиқлол» -и Душанбе дар даври 1/8 финал аз «Персполис» -и Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

‌‌Гуфта мешавад, дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста ба дарвозаҳои якдигар ҳамлаҳо анҷом доданд, аммо  натавонистанд ҳисобро кӯшоянд.

‌‌Дар нимаи дуввуми бозӣ «Истиқлол» бештар аз дарвозаи худ дифоъ мекард ва гоҳ гоҳ ба дарвозаи “Персполис” ҳамла анҷом медод. Дар охири нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 90-ум, бозигари меҳмонон Меҳдӣ Туробӣ ба дарвозаи “Истиқлол” гол зада ҳисобро боз кард.

mehdi torabi persepolis

‌‌Ин голи ягона ба “Персполис” пирӯзӣ оварда, ба чорякфинал роҳ пайдо кард.

‌‌Аммо “Истиқлол”-и Душанбе аз идомаи бозиҳо маҳрум шуд.

‌‌Бозии дастаҳо соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

‌‌Гуфтанист, дар Душанбе бори аввал дар таърих бозии Лигаи қаҳрамонҳои AFC баргузор гардид.

‌‌‌‌

Кабирӣ: Тоҷикистонёни ноозод мехоҳанд Афғонистон озод бошад

0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳабари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), эътилофи мухолифони тоҷик зимни муроҷиати навбатиаш ба шаҳрвандон, ки дирӯз тариқи он-лайн дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шуд, аз коршиносон ва рӯшанфикрони тоҷик ба хотири дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ дар Афғонистон ситоиш кард ва ҳамзамон аз бархеҳо интиқод кард, ки нисфи ин талошҳоро барои Тоҷикистон анҷом намедиҳанд.

Кабирӣ мегӯяд, омодагии рафтан ба Афғонистон ва қарор гирифтан дар паҳлӯи касоне, ки алайҳи зулму беадолатӣ ва фасод мубориза мебаранд, онро як фоли нек медонад ва таҳсин мехонад.

Раҳбари ПМТ дар айни ҳол хитоб ба ин идда аз афрод, ки барои мардуми Афғонистон садо баланд мекунанд, суол медиҳад, ки оё ин нафарон озодӣ, каромат, шарофат ва ҳукумати фарогирро танҳо дар Афғонистон мехоҳанд ё дар Тоҷикистон низ?

Ба гуфтаи ӯ: “Агар инро танҳо дар Афғонистон мехоҳанд, кофист, ки шумо як баёния бидиҳеду Толибонро ва ё ҳар гурӯҳи яккатози дигарро маҳкум ва мавқеъатонро баён кунед. Аммо вақте, ки як нафар, як ҳизб, як гурӯҳ ва ҳатто як кишвар мехоҳад, ки дар амал инро татбиқ кунад ва (ба таври) физикӣ биравад ба онҷо, суол ба вуҷуд меояд, ки чаро инро аввал дар ватани худамон накунем?”

Муҳиддин Кабирӣ аз фишорҳо дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва пурсид ки чаро он муборизае, ки ҳоло барои Афғонистон мебаранд ҳадди ақал 50 дарсадашро барои Тоҷикистон накунанд?

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути Толибон ба Кобул дар Тоҷикистон Аз президент сар карда то дигар фаъолон аз навъи ҳукуматдории Толибон интиқод мекунанд ва талаб доранд, то тақсими қудрат дар ин кишвари ҳамсоя одилона ва бо шумули ҳамаи ақаллиятҳо сӯрат бигирад.

Ахиран Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ ба омбудсменҳои давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиат намуда, хостори садо баланд кардан дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон шудааст.

Аммо коршиносон ва созмонҳои ҳуқуқии байнамлмилалӣ Тоҷикистонро низ пайваста дар нақзи ҳуқуқи инсон ва ташкили ҳукумати хонаводагӣ айбдор мекунанд.

Гуфтанист, чанд ҳафтаи ахир ҳатто мубаллиғони ҳукумати хонавадагии Эмомалӣ Раҳмон низ аз озодӣ ва адолат, ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон мегӯянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯи Афғонистон байни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус онҳое, ки муқими кишварҳои Аврупо ва Амрико ҳастанд, то рафт доғтар мешавад ва дар баъзе ҷойҳо низ бо таҳқиру тавҳини якдигар поён меёбад.

Ҷанг барои об дар Кӯлоб

0

Сокинони ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб се рӯз боз аз беобӣ танқисӣ мекашанд ва барои об гирифтан аз як нуқта хеле вақтҳо ҷангу ҷанҷол ҳам мекунанд.

Сокинони ин маҳалла бо нашри наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯянд, мардум се рӯз боз об надоранд ва дар як нуқтае, ки аз он об мегиранд навбатпоии зиёд мешавад ва ҳатто барои гирифтани об байни сокинони ҷамоат ҷанҷонлу муноқиша ҳам рух медиҳад.

Бо вуҷуди муроҷиат ба ҷиҳатҳои дахлдор мушкилии онҳо бо гузашти се рӯз ҳал нашудааст. “Се рӯз шуд хона ба хона об кашидаанд, ҳеч кас дар хонааш об надорад. Барои гирифтани об ҷанҷолу кашмакаш мешавад”, – мегӯяд соҳиби навор.

Танқисии мардум аз оби ошомиданӣ дар ҷамоату деҳоти Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Аксари сокинони вилояти Хатлон, ба хусус аҳолии навоҳии гирду атрофи шаҳри Кӯлоб дар бисёр моҳҳои сол аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Сокинон мегӯянд, борҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияашон муроҷиат мекунанд, аммо ба ҷуз ваъдаи холӣ касе омода нест мушкилоти беобии ин мардумро бартараф созад.

Мушкили беобӣ хосси минтақаи Кӯлоб дар Тоҷикистон нест, балки дар шаҳри Душанбе низ маҳаллаҳое вуҷуд дорад, ки мардум бо оби харида зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи як сокини шаҳри Душанбе ҳар моҳ оби ошомиданиро 200-300 сомонӣ мехаранд.

Равоншиноси эронӣ шаҳрдори Франкфурт шуд

0

Наргис Искандарӣ – Грунберг нахустин зани эронитабор дар Олмон аз Ҳизби Сабз аз ҷониби Парлумони минтақавии Франкфурт шаҳрдор интихоб шуд.

Сурат: dw.com

Ин сиёсатмадори эронитабор соли 1985 ба Франкфурт ҳиҷрат карда, шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардааст. Дар ин бора “Deutsche Welle” хабар медиҳад.

Искандарӣ-Грунберги 56-сола, соли 1985 аз Теҳрон ба Франкфурт муҳоҷират кардааст. Вай дорои унвони доктори илми равоншиносӣ дар Донишгоҳи Франкфурт аст ва ҳоло дар дафтари худ ба ҳайси равоншинос кор мекунад.

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ узви Ҳизби Сабз шуд ва фаъолияти сиёсии худро дар Олмон идома дод. Ҳамсари Наргис Искандарӣ Грунберг ном як шаҳрванди олмонӣ мебошад ва ин аст, ки номи Грунберг дар насабаш омадааст.

Искандарӣ-Грунберг замони будубошаш дар Эрон бар муқобили сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ мухолифат карда, дар зиндони Ивин ҳабс шуда буд. Вай ҳангоми боздошт низ ҳомиладор буд ва фарзандаш Марям Зареъро дар зиндон таваллуд кард.

Марям Зареъро ҳамчун як ҳунарпешаи маъруф ва филмсоз дар Олмон мешиносанд. Ӯ як филми мустанаде бо номи “Дар Ивин таваллуд шудаам” таҳия кардааст, ки дар он қисмате тарҷумаи ҳоли худро ба шакли тасвир нишон дода, таҳия кардааст.

Гуфта мешавад, намояндагони Шӯрои шаҳри Франкфурт (Stadtverordnetenversammlung) пас аз интихоботи минтақавӣ дар иёлоти Ҳессини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баҳори имсол ва созишнома дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ дар арсаи Франкфурт (Rِömer), Наргис Искандарӣ, узви фраксияи Ҳизби Сабзро бо аксарияти овозҳои худ ӯро ба унвони шаҳрдор ба мӯҳлати 5 сол дар ин масъулият интихоб карданд.

Наргис Искандарӣ-Грунберг дуввумин шаҳрдори баландпоя пас аз Мири Франкфурт, Петер Фелдман аст, ки бевосита аз ҷониби мардум дар як интихоботи алоҳида интихоб мешавад. Гуфтанист, мири Франкфурт Петер Фелдман аз ҳизби сотсиал-демократҳо аст.

Ҳукумати Эътилофи шаҳри Франкфурт аз чаҳор ҳизб иборат аст: Ҳизби Сабзҳо (Gruene), ҳизби Сотсиал Демократҳо (SPD), Либерал-Демократҳо (FDP) ва ҳизби (Volt).

Дар интихоботи минтақавии Франкфурт -2021, ҳизби Сабзҳо бо 24,6% раъй ҳамчун пурқувваттарин ҳизби шаҳри Франкфурт интихоб шуданд ва ҳамин тариқ аз рӯи шумораи ҷойҳо дар Ассамблеяи минтақавии Франкфурт қавитарин фраксияро ташкил доданд.