Хона блог саҳифа 590

Эътирози Тоҷикистон ба ИМА

0

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон (ВКХ) сафири ИМА дар Душанберо эҳзор ва ёддошти эътирозии Тоҷикистонро ба ӯ таслим кард.

14-уми сентябри соли ҷорӣ сомонаи ВКХ хабар дод: “Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.”

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд: “Ба Сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷаноби Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.”

Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

Ба навиштаи Озодӣ пеш аз ин президенти ИМА Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания гуфта буд: “Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон берун шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд.”

Ин суханони Ҷо Байденро хеле аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳқир ба сокинони Тоҷикистон қабул карда, аз Вазорати корҳои хориҷии кишварамон хоста буданд, ки сафири ИМА дар Душанберо эҳзор ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорад.

Ӯзбекистону Туркманистон ҳам содироти маводи сӯхт ба Афғонистонро оғоз карданд

0

Пас аз Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон низ содироти маводи сӯхт, аз қабили газу бензин ва дизел ба Афғонистонро оғоз кардаанд.

Сомонаи телевизиони Орёно дар истинод ба Утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон дар вилояти Балхи ин кишвар иттилоъ дода, ки “воридоти маводи сӯхт аз қабили дизелу бензин ва газ аз тариқи гузаргоҳи марзии Ҳайратон ва Оқинаҳ аз сар гирифта шуд.”

Ба иттилои ин манбаъ, водироти маводи сӯхт дар ҳоле аз сар гирифта шудааст, ки гузаргоҳи Ҳайратон ҳанӯз ду ҳафта қабл боз шуд, аммо воридоти маводи сӯхт ба ин кишвар боздошта шуда буд.

Утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон дар вилояти Балх мегӯяд, “маҳдудиятҳо дар доду ситади доллар сабаб шуда, то бозаргонони афғон натавонанд пули хариди маводи сӯхтро ба ширкатҳои нафтӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вақту замонаш таҳвил диҳанд.”

Шимоли Афғонистон дорои се гузаргоҳи марзии муҳим Шерхон Бандар дар Кундуз, Ҳайратон дар Балх ва Оқинаҳ дар Фориёб аст, ки дар гузашта бештар аз 70% маводи мавриди ниёзи ин кишвар аз тариқи ҳамин гузаргоҳҳо таъмин мешуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба тағйироти сиёсӣ ва камбуди асъори хориҷӣ раванди воридоти маводи сӯхт бо мушкил рӯ ба рӯ шуда буд.

Гуфтанист, пеш аз ин Эрону Покистон ва ахиран Тоҷикистон низ воридоти маводи сӯхт ба Афғонистонро аз сар гирифта буданд. Тоҷикистон шаби 6-ум ба 7-уми сентябри соли ҷорӣ зиёда аз 1400 тонна маводи сӯхтро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён/Шерхон-Банданр ба Афғонистон ворид кард.

Садои Омбудсмени тоҷик баланд шуд

0

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба омбудсменҳои давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиат намуда, хостори садо баланд кардан дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон шудааст.

Омбудсмени тоҷик дар муроҷиати худ аз вазъияти охири Афғонистон нигаронӣ намуда, афзудааст, ки сохторҳои дахлдори Cозмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон хомушӣро ихтиёр кардаанд.

“Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯшӣ ихтиёр намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда, табъизи қавму халқҳои ғайрипаштунӣ ба назар мерасад”, – омадааст дар муроҷиати Бобозода.

Ин муроҷиати Омбудсмени тоҷик дар ҳолест, ки мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ҳазорҳо нафари бегуноҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ё бо як “лайк” мондан барои солҳои дароз равонаи зиндон мешаванд, боре садояш барои ҳимояти ҳуқуқи чунинҳо шунида нашудааст.

Дар аксар ҳолат вақте Бобозода аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пурсида мешавад, изҳори бехабарӣ мекунад ва ё мегӯяд, касе барои поймол шудани ҳуқуқи худ ба онҳо муроҷиат накардааст.

Ҳамчунин Омбудсмени тоҷик аввали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотие аз ҳукми додгоҳ нисбати пирамарди 80-сола, Донёр Набиев (Бобои Дона) пурсида шуд, гуфта буд, ки дар бораи ӯ чизе намедонад ва бо ҳамин аз посух фирор кард. Ӯ дар ҳоле аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард, ки хабари он пирамарди 80-сола қариб дар аксар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ пӯшиши васеъ ёфта буд.

Қиёми мардум дар Бағлон алайҳи Толибон

0

Хабаругзории русии “ТАСС” хабар дод, ки мардум дар вилояти Бағлон алайҳи Толибон қиём карда, бо зӯр онҳоро ба ақаб рондаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, задухӯрдҳои байни ҷангҷӯёни Толибон ва нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар шимоли Бағлон шурӯъ шуда аст.

Субҳи имрӯз низ задухурдҳо дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон оғоз шуда, ҷангҷӯёни Толиб маҷбур шуданд аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд. Бо ин ҳол, даргириҳо дар минтақа идома дорад.

Ҳамзамон Радиои “Озодӣ” хабар дода, ки субҳи ҳамин рӯз яке аз фармондеҳонӣ маҳаллӣ бо номи Хайрмуҳаммади Андаробӣ дар наворе, аз озод шудани се ноҳия дар ин вилоят хабар дода аст. Андаробӣ ба Толибон ҳушдор дода, ки ҳамин гуна дар ҳамаи вилоят онҳоро шикаст хоҳад дод.

Вилояти Бағлони Афғонистон бо вилояти Панҷшер ҳамҷивор аст. Пас аз суқути бахше аз вилояти Панҷшер ба дасти Толибон Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо интишори як фарохони умумӣ аз мардуми Афғонистон хоста буд, ки алайҳи Толибон қиём кунанд.

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон “риққатбор” аст

0

Вазъи озодии баён ва журналистика дар Тоҷикистон “риққатбор” арзёбӣ шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар кишвар бо вуҷуди будани телевизиону радио ва маҷаллаву рӯзномаҳо маҳдудияти озодии баён ошкор ба чашм мерасад.

Баҳси озидии баён ва мушкилоти матбуоту рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя рӯзҳои 9-10-уми сентябр дар шаҳри Тошканд зимни ҷаласаи 23-юми САҲА дар робита ба вазъи матбуот дар кишварҳои Осиёи Миёна баррасӣ шудааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, намояндаи Тоҷикистон – Сӯҳроб Пӯлотов, ҳуқуқшиносони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз боздошти Далер Шарифов, мушкилоти додгоҳии Мижгона Ҳалимова ва аз чоп мондани “Вечерка” мисол оварда, вазъи рӯзноманигорон ва озодии баёнро “риққатбор” арзёбӣ кард.

Пӯлотов инчунин аз зиндонӣ шудани Абдумаҷид Ризоев, як ҳуқуқшиноси мустақил мисол овард, ки номбурда барои бознашри матне дар Фейсбук ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Монеа эҷод кардани ҳукумати Тоҷикистон ба кори рӯзноманигорон ва ё боздошту зиндонӣ кардани онҳо солҳои ахир зиёд ба чашм мехӯрад. Танҳо аз аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ рӯзноманигороне монанди Маҳмадалӣ Ҳаит, ки дар гузашта дар вазифаи муовини раидои ва телевизиони Тоҷикистон кор кардааст, инчунин Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат ва аз рӯзноманигорои мустақил ба монанди Муҳаммадюсуф Исмоилов ва чанде дигар вуҷуд доранд, ки зиндонӣ шудаанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти хабарии охираш гуфт, ки дар кишвар 395 нашрияву маҷалла фаъолият мекунад, ки 391-тои он ғайридавлӣ маҳсуб мешаванд. Аммо шумори расонаҳои мустақиле, ки дар воқеъ битавонад авзоъро бепарда пӯшиш бидиҳад, ангуштшуморанд.

Иштироки раиси КДАМ дар нишасти махфии Покистон

0

Хабаргузории “

Ба иттилои ин манбаъ, ин нишаст рӯзи шанбе дар Исломобод, пойтахти Покистон доир шуда, дар он сарони кумита ва вазоратҳои амниятии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин, Русия, Эрон ва Тоҷикистон низ ширкат кардаанд. Аммо дар ин бора ҳеч изҳороти расмӣ то ҳол нашр нашудааст.

Нишаст бо даъвати раиси Хадамоти истихбороти Покистон генерал Файз Ҳамид сурат гирифта аст ва ҳадаф аз он баррасии вазъият дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа унвон шудааст.

Ҳамзамон рӯзномаи “India Today”, хабар медиҳад, ки ба ғайр аз раҳбарони истихборотии Эрон, Чин, ва Русия, ҳамзамон раҳбарони истихбороти Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон аз меҳмонони нишаст будаанд.

Ин дувумин нишасти минтақавӣ аст, ки Покистон пас аз мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон доир ба амнияти минтақа баргузор мекунад.

Файз Ҳамид, раиси хадамоти истихброти Покистон, ҳафтае пеш аз Кобул баргашта. Гуфта мешавад, ки ин сафар бо даъвати Толибон сурат гирифта буд.Толибон гуфтанд, ки нигарониҳои марзӣ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Интиқоли зиёда аз 1400 тонна маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон

0

Шаби 6-ум ба 7-уми сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 1400 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензин, дизел ва газ интиқол дода шудааст.

Бино ба манобеи АЗДО ТВ, ин маҳлусоти нафтӣ дар 70 мошини сӯхтбар тавассути гузургоҳи Панҷи Поён/Шерхон-Бандар бидуни ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохтҳои боҷи гумрукӣ ба Афғонистон интиқол ёфтаанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, масъулини ҳамлу нақли ин фаровардаҳои нафтӣ дар “Фароз” ба сарҳадбонон ва кормандони гумрук дар вақти интиқоли бор гуфтаанд, ки соҳибони бор талаб доранд, ки борашонро интиқол диҳем, ба ин хотир дар ин шароит мо маҷбурем, ки ин маҳсулоти нафтиро ба онҳо бирасонем.

Гуфта мешавад, ин фаровардаҳои нафтӣ моли тоҷирони афғон унвон шуда, ширкати “Фароз”-и Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон масъули интиқоли онҳо мебошад.

Ширкати “Фароз” дар гузашта низ пайваста нерӯҳои НАТО ва сипас Толибонро дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо фаровардаҳои нафтӣ таъмин мекард. Аммо он замон ширкати “Фароз” хеле аз маҳсулоти нафтиро бидуни пардохтҳои гумгурӣ аз тариқи лӯлаҳои зериобӣ ба Афғонистон интиқол медод. Лӯлаҳои зериобии ширкати “Фароз” дар чандсанд метрии пули Панҷи Поён дар соли 2006 сохта шуданд.

Ихроҷи иддае аз мухолифон аз Лаҳистон

0

Хадамоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ки дар миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ барои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ироқ ду парвози чартерӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Сухангӯи ин ниҳод Анна Мичалска дар суҳбат ба “PAP” гуфтааст, ки ин парвозҳо барои ихроҷи муҳоҷироне аст, ки Додгоҳ ҳукми ихроҷашонро содир кардааст. Сухангӯи Хадамоти марзбонии Лаҳистон афзуд, чунин парвозҳо замоне анҷом мешаванд, ки теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба андозаи кофӣ ҷамъ шуда ва имкони фиристодани онҳо аз роҳҳои заминӣ вуҷуд надошта бошад.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон масъули ҳамоҳангии чунин парвозҳои чартерӣ барои ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонқни буда, ҳазинаи онро Ожонси Фронтекс пардохт хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар як моҳи ахир беш аз 1000 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Беларус ғайриқонқни вориди Лаҳистон гаштаанд ва то мушаххас шудани вазъияти ҳуқуқияшон дар кампҳои бастаи паноҳандагон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи маълумоте, ки ба дасти Аздо тв расид, дар чанд моҳи ахир беш аз 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз Белорус вориди Лаҳистон гаштаанд ва эҳтимол меравад ин парвоз барои бозгардонидани онҳо фароҳам шуда бошад.

Ҳангоме, ки ин хабар омода мешуд, яке аз паноҳандагони Тоҷикистон ба Аздо ТВ тамос гирифта изҳори нигаронӣ кард, ки афсарони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар хонаи онҳо қарор доранд ва мехоҳанд онҳоро ба Фурӯдгоҳ бибаранд. Ин хонум мегӯяд, феълан муаллимаи фарзандонаш бо афсарони марзбонӣ ҷанҷол дорад ва талош дорад монеи ихроҷи онҳо гардад.

Ҳамзамон Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗ дар як тамоси телефонӣ ба Аздо тв ин хабаро таъйид кард ва гуфт: “Дар лагерҳои бастаи Лаҳистон 3 оила аз аъзои “Гурӯҳи 24″ ва 2 оила аз аъзои ҲНИТ қарор доранд ва ин кумита барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва пайдо кардани адвокат талош дорад ва барои баъзе аз онҳо адвокат гирифтааст.”

Ин бори авал нест, ки Лаҳистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ихроҷ мекунад. Пеш аз ин Мустафо Ҳаётов, узви “Гурӯҳи 24” низ аз Лаҳистон ихроҷ шуда буд ва инчунин 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми ифротгароӣ аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд.

Марги сокини ноҳияи Восеъ дар натиҷаи занозанӣ

0

Сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар латукӯб ва куштори як сокини дигари ҳамин ноҳия гумонбар дониста мешавад.

Кормандони милитсия як сокини 34-солаи Восеъро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта мешавад, занозанӣ байни гумонбар ва як сокини 29-солаи маҳаллӣ сар задааст, ки дар натиҷаи он дуввумӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокини кушташуда ва гумонбар ном наовардааст. Инчун назари муттаҳам ва ё адвокату пайвандонаш низ дар хабар вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.