Хона блог саҳифа 591

“Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд

0

Дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфта, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.

‌‌11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо задани як гол дастаи “Хатлон”-и Бохтарро  шикаст дод.

Рақиби Хуҷанд дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб хоҳад буд, ки дар чорякфинал бар ССКА -и пойтахт бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин бозӣ 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд баргузор гардид.

‌‌Бозии дигар барои роҳхат ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи ССКА -и Вазорати мудофиаи ҶТ байни дастаҳои  “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Истаравшан” баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.  Дар вақти иловагӣ гол зада нашуд. Дар силсилаи пеналтӣ дарвозабони “Эсхата” Мӯъминҷон Гадойбоев се пеналтиро гардонда, ба дастааш пирӯзӣ овард (3:2).

‌‌Дар 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон рақиби “Эсхата” барандаи ҷуфти чорякфиналии “Истиқлол” – “Файзканд”-и Восеъ хоҳад буд.

Бози финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 имсол дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 кишварро дар Ҷоми AFC-2022 муаррифӣ хоҳад кард. Агар як даста  қаҳрамони (ё ноиб) кишвар ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шавад, пас барандаи медали биринҷии Чемпионати Coca-Cola Тоҷикистон-2021 дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC бозӣ хоҳад кард.

‌‌‌

Раисӣ ба Душанбе меравад

0

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳамчун президент нахустин сафари хориҷии худро аз дидани Тоҷикистон оғоз мекунад.

Акс аз Асри Эрон

Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон хабар додааст, ки Иброҳим Раисӣ, президенти ин кишвар барои ширкат дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе сафар мекунад.

Дар назар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо ҳузури сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Беларус, Русия ва сарвазири Покистон Имрон Хон баргузор шавад. Намояндаи Чин, нахуствазири Ҳиндустон ва президенти Манголия ба таври он-лайн ширкат хоҳанд кард. Аммо Азияплюс дар такия ба “ТАСС” иттилоъ дода, ки дар ин нишаст аз Афғонистон, ки узви нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад, касе ширкат намекунад.

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 16-17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тоҷикистон ҳамла ба Панҷшерро маҳкум кард

0

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Толибон дар ҳамла ба Панҷшер аз кишварҳои сеюм кумак гирифтаанд.

Ба иттилои Спутник-Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии кишвар таъкид мекунад: “Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.”

Дар рӯзҳои гузашта мавҷе аз тазоҳуроти оммавӣ дар шаҳру вилоятҳои мухталифи Афғонистон сурат гирифт ва эътирозгарон иддаъо доштанд, ки Толибон дар ҳамла ба Панҷшер аз Покистон кумак гирифтаанд ва нерӯҳои муқовамат тавассути бесарнишинҳои покистонӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Аммо сӯхангуи Толибон дар Кобул Омуллоҳи Самангонӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории ББС хабари кӯмаки Покистон дар ҳамала ба Панҷшерро рад карда мегӯяд, “дар ҳоле ки Кобул дар дасти мо буд ва ҳамчунин 33 вилояти дигари Афғонистон ва Панҷшер дар муҳосираи мо буд, мо ҳеҷ ниёзе ба кӯмаки Покистон надоштем.

Вазорати умури хориҷаи Эрон низ пас аз расонаӣ шудани хабари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини покистонӣ ба Панҷшер онро маҳкум карда, гуфта буд, ки мавзӯъро таҳқиқ мекунанд.

Собянин: алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ чораҳои шадидро идома бидиҳед

0

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ки барои муқобила бар зидди авбошӣ ва нақзи қонуни муҳоҷират бояд чораҳои шадид идома ёбад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишвар ихроҷ ва вурудашон ба Русия манъ шавад. Вай қайд кард, ки ин чунин таҷриба идома хоҳад ёфт.

Сурат: kp.ru

Дар пойтахт ва дар Русия барои онҳое, ки қонунҳои муҳоҷиратро вайрон мекунанд, ҷой нест. Ин гуфтаҳоро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 8-уми сентябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Комсомолская правда” изҳор доштааст.

Ба гуфтаи Собянин, ҳеҷ кас ба кишвар омадани муҳоҷиронро барои кор манъ намекунад, аммо онҳо бояд тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.

Дар мавриди авбошӣ, вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират, танҳо як роҳ вуҷуд дорад – ҷазо додан, хориҷ кардан аз кишвар ва манъи вуруди онҳо ба Русия, – қайд кард Собянин.

“Ҳамин ки мо сахтии вазъиятро эҳсос кардем, фавран ба чораҳои қатъӣ барои боздошт, оғоз кардани парвандаҳои ҷиноӣ, хориҷ кардан, манъи вуруд ва ғайраро шурӯъ кардем. Мо ин амалро идома медиҳем. Лутфан агар мехоҳед кор кунед, биёед ва кор кунед, аммо ба тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунед ниёзе нест.”

Дар идомаи мусоҳибааш Собянин зикр кард, ки мушкилоти норасоии нерӯи корӣ дар шаҳр боқӣ мемонад. Чун ҳамасола ҳаҷми кор дар пойтахт зиёд мешавад. Шумораи муҳоҷирон аз соли 2019, ки тақрибан 430 ҳазор буд то ҳамин сол теъдод боқист, – гуфт шаҳрдор.

“Ин камчин ба эҳтимоли зиёд на аз сабаби кам шудани муҳоҷирон, балки аз он сабаб аст, ки мо аллакай лоиҳаҳои зиёди сохтмон дорем. Солҳои пеш ба ҳисоби миёна ба истифода додани манзил тақрибан 3 миллион метри мураббаъ буд. Дар давоми ду соли охир мо зиёда аз 5 миллион метри мураббаъро ба истифода додем ва ҳоло ба 6 миллион наздик шуда истодаем, яъне ҳаҷми манзил ду баробар афзудааст. Мувофиқи ин, лоиҳаҳои сохтмон зиёданд ва қувваи кории бештар лозим аст.”

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 6-уми сентябр дар Одинтсовои назди Маскав занозании оммавӣ бо иштироки тақрибан 20 муҳоҷир сурат гирифт ва баъдан маълум гашт, ки занозанӣ дар деҳаи Усово-Тупик дар наздикии хонае дар шоҳроҳи Рублево-Успенское рух додааст.

Фарохон: Имрон Хон дар Душанбе пазироӣ нашавад!

0

Гурӯҳе аз ҷомеаи мадании Тоҷикистон бо нашри фарохоне дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, аз ҳукумати кишвар хостанд, ки аз сарвазири Покистон Имрон Хон дар Душанбе пазироӣ нашавад.

Ин фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон зимни нашри фарохон, аз хомушии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сарнавишти мардуми Афғонистон нигаронӣ карда, афзудаанд, ки ин кишвар баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва тасаллути Толибон бар ин кишвар ноамнтар шудааст.

Фаъолони ҷомеаи маданӣ иброз медоранд, ки кишвари Покистон аз Толибон пуштибонӣ мекунад ва ба ин восита дар дахолат намудан ба умури дохилии Афғонистон даст дорад.

“Мо дахолати Покистон дар умури дохилии Афғонистон ва мардуми азиятдидаи ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабонамонро басароҳат маҳкум мекунем. Бавижа бомбандозии ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва паҳподҳои покистонӣ ба сари мардуми Панҷшерро башиддат маҳкум мекунем!”, – омадааст дар баёния.

Ба ин хотир қайд мекунанд, ки “мо масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва кулли ниҳодҳои ҳукуматиро ФАРОМЕХОНЕМ, ки сафари қарибулвуқуъи ҷаноби Имрон Хон ба Тоҷикистонро то даст кашидани ин кишвар аз пуштибонии сиёсиву низомии Толибон, баррассии ин мавзӯъ дар СММ ва эҷоди як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ба таъхир андозанд. Лутфан, ба хостаҳо ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистон ва ҳамзабонони панҷшерӣ арҷ гузоред ва ба ваҳдати миллии саросарии мо беэътиноӣ накунед!”

Ин дар ҳолест, ки 6-уми сентябр пас аз ҳамлаи Толибон ба Панҷшер аз ҷониби фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик масъалаи баста шудани сафорати Покистон дар Душанбе садо дода буд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хоста буданд, ки сафири Покистон дар Душанбе эҳзор ва эътирози Тоҷикистон ба ӯ расонида шавад.

Пас аз расонаӣ шудани хабари ҳамлаи нерӯҳои покистонӣ ба Панҷшер ва фарохонии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои қиёми густарда алайҳи ҷиноёти Покистон, ҳазорҳо нафар дар дохили Афғонистон ва хориҷ аз он ба хиёбонҳо рехтанд ва аз Покистон хостанд даст аз таъарруз ва ҳуҷум болои мардуми Панҷшер бардорад.

Тахриби оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер

0

Пас аз тасарруф шудани Панҷшер аз ҷониби Толибон санг ва шишаи

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад, ки санги болои қабри шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро шикаста, дур партофта шудааст.

Инчунин шишаи болои қабри Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо ояте аз Қуръони карим оро ёфта буд, низ шикаста шудааст.

Аммо дар наворҳо дида мешавад, ки Толибон санги шикасташудаи қабри Аҳмадшоҳи Масъудро, ки дар он таърихи вафоти ӯ ҳаккокӣ шуда аст, ҷамъоварӣ доранд. Чунин ба назар мерасад, ки санг на аз ҷониби Толибон, балки аз ҷониби шахсони номаълум шикаста шудааст. Зеро Толибон дар он навор мегӯянд, ки сангро мо аз нав бозсозӣ мекунем.

Аҳмадшоҳи Масъуд 20 сол пеш дар ҳамин рӯз, 9-уми сентябри соли 2001 тавассути ба ном хабарнигорон дар вилояти Тахори Афғонистон террор шуд ва қатли ӯро гурӯҳи Алқоида дар он замон бар уҳда гирифта буд.

Ҷашни истиқлол муборак!

0

30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро ба тамоми тоҷикистониҳо ва тоҷикони дунё самимона табрик мегӯем.

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро аз ҳайъати собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯрав расман эълон кард.

Марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари Ҷунбиши мармудии “Растохез” дар соли 1990 эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба парламент пешниҳод кард ва як сол баъд аз он рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 раиси Шӯрои олии он вақтаи Тоҷикистон Қадриддин Аслонов Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эълон кард.

Ҳамзамон аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми азизоне, ки дар расидан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳмгузорӣ карданд, ва он бузурвороне, ки дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, дуруд мефиристем.

Истиқболи Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати Толибон

0

Ӯзбекистон аввалин шуда, аз таъсиси ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон истиқбол кардааст.

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон менависад: “ Мо умедворем, ки ин тасмим оғози ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ, барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар хоҳад буд.”

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон таъкид мекунад: “Мо омодагии худро барои рушди муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави давлатии Афғонистон изҳор менамоем.”

Толибон 15-уми августи соли ҷорӣ ҳукумати пешини Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғаниро дар Кобул суқут дода, пас аз 22 рӯз кобинаи нави Аморати Исломии Афғонистонро дар Кобул эълон карданд, ки дар раъси ҳайъати раҳбарикунанда, ҳама аъзои ин гурӯҳ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон то кунун расман эълон накардааст, ки ин ҳукумати тозатаъсиси Толибон дар Афғонистонро эътироф ва ба расмият мешиносад, аммо дар айни замон сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолияти худро қатъ нокарда, ба кори худ идома меҳанд.

Росту дурӯғҳои Эмомалӣ Раҳмон

0

Имрӯз, 8-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корномаҳои худашро таъриф ва номи меъмори истиқлол Тоҳири Абдуҷаббор ва дигар фаъолони ҷомеаро қасдан зикр накард.

Эмомалӣ Раҳмон ба нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта ишора карда, афзуд, ки хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашиданд.

Ин ишораи Эмомалӣ Раҳмон ба худи ӯ бештар таъалуқ мегирад. Зеро ба гуфтаи Александ Лукашенко, президенти Беларус соли 1992 “Эмомалӣ Раҳмон дар даст пулемёту болои танк вориди Душанбе шуда”, ҷанг карда аст.

Раҳмон дар суханронияш ташкилукнандагони иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро фарзандони огоҳи миллат хонд, ки ба гуфти ӯ, онҳо дар барқарорсозии сулҳу амният, қатъи хунрезӣ ва хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ саҳми асосиро доштанд.

Аммо дар воқеъ, то болои танк ва дар даст пулемет ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон, ки пас аз ин иҷолосия сурар гирифта буд, теъдоди кушта шудаҳо камтар аз 800 нафар арзёбӣ мешуданд, вале баъд аз он ҷанг дар Тоҷикистон авҷ гирифту теъдоди кушта шудаҳо зиёда аз 150 ҳазор нафарро ташкил дод.  

Инчунин Раҳмон ба бахши иқтисодӣ ишора кард ва буҷети 20 соли пеши ҳукуматро ба буҷети соли 2021 қиёс намуда, онро яке аз дастоварҳои иқтисодии ҳукуматаш донист.

Ӯ афзуд, “дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, то ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 баробар рушд кардааст. “Ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид”.

Ин дар ҳолест, ки (мувофиқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон) соли 2001 қурби 1 доллар бо 2,2 сомонӣ баробар буд ва ҳоло арзиши 1 доллар баробар ба 11 сомониву 32 дирам аст.

Қиёсҳои Эмомалӣ Раҳмон дар доираҳои коршиносӣ ғайримантиқона қаламдод мешаванд. Чун шароити иқтисодии 20 сол пеш аз ҳоло хеле фарқи зиёд мекунад ва набояд фарқияти мавҷуда қиёс карда ва дастоварди як ҳукумат дониста шавад.

Раҳмон: Бетафовутии 20-солаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гапҳои ман

0

Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон интиқод кард ва гуфт, ки 20 сол мешавад ки ба талабҳои ӯ дар ҳалли масъалаҳо  беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Раҳмон мегуяд: “зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд”.

Раҳмон дар ин бора зимни Суханронияш дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ сӯҳбат кардааст. Расиҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин сӯҳбаташ бори дигар таъкид карда, ки дар Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин равандро мехоҳад.

Эмомлӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбаташ вобаста ба вазъи ногуфвори Афғонистон гуфт, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон гуноҳ надоранд, ва дар ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвар омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷиро калидӣ донист.

Аммо дар айни ҳол ӯ аз кишварҳои хориҷӣ талаб кард, ки дар чунин вазъ мардуми Ағонистонро танҳо нагузоранд.

“Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд”.

Раҳмон мегуяд: Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.

Сӯханҳои ғамхоронаи Раҳмон аз мардуми Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки пештар вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 80 оилаи муҳоҷир ҳузур дорад ва Тоҷикистон ба сабаби надошти зерсохторҳои қабули муҳоҷирон наметавонад аз онҳо пазироӣ кунад.

Инчунин телевизиони Эронинтернешнал наворе нашр кард, ки дар он 80 паноҳҷӯи Афғонистон иддаъо мекарданд, ки пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё оварда бесаробон гузоштанд.

Дар навор ин муҳоҷирон аз надоштани сарпаноҳ, ба охир расидани маводҳои хӯрака ва авҷ гирифтани беморӣ дар байни онҳо шикоят карда, аз созмонҳои байналмилалӣ талаби кумак мекарданд.

Аз ҷониби дигар Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки амалан ба як низоми ҳукумати хонаводагӣ ва гурӯҳӣ табдил шудааст, дар умри 30-солааш ягон маротиба интихоботи озод ва ҳукумати ҳамашумул, ки дар он тамоми нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дошта бошанд, ташкил накардааст.