Хона блог саҳифа 592

Раҳмон интиқоли барқ ба Толибонро қатъ намекунад

0

Тоҷикистон тибқи созишномаҳои қаблан басташуда ба Афғонистон интиқоли пурраи нерӯи барқро идома медиҳад.

Бино ба иттилои “Авеста”, ҳамарӯза ба Афғонистон тақрибан 9 миллион кВт / соат нерӯи барқ ​​интиқол дода мешавад. Масалан, 5 август ба кишвари ҳамсоя 8,8 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​содир шудааст.

«Интиқоли барқ ​​ба Афғонистон сарфи назар аз вазъи сиёсии ин кишвар идома дорад. Ҷамъияти саҳҳомии кӯшода (ҶСК) «Барқи Тоҷик» бо ширкати афғонистонии «Брешно» барои соли ҷорӣ дар бораи интиқоли нерӯи барқ ​​шартнома имзо кард ва ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунад”- мегӯяд манбаи “Авеста”.

Гуфта мешавад, ҳар рӯз дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна беш аз 61 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид мешавад. Тақрибан 45 миллион кВт / соат дар дохили кишвар истифода шуда. Боқимонда неӯи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон интиқол ва фурӯхта мешавад.

Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи беш аз 55 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Тибқи шартномаҳои қаблан имзошуда, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон 1,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​хоҳад дод.

Оғози ҷамъоварии кумакҳо ба муҳоҷирони афғон

0

Паймони миллии Тоҷикистон дар саҳфаи расмии фейбукиаш аз ҷамъоварии маблағ барои кумак ба 80 хонаводаи муҳоҷири афғонистонӣ, ки дар марз бо Тоҷикистон банд мондаанд, хабар дод.

Масъули ҷамъоварии кумак ба муҳоҷирон узви шӯрои ПМТ Бобоев Абдусаттор таъйин шудааст.

Ҳамчунин Паймони миллӣ аз ҳамагон хоҳиш намудааст, ки дар ин қазияи инсонӣ саҳми худро бигзоранд.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми сентябри соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ки дар як мизи гирд пас аз таҷлили сесолагии ин созмон суҳбат мекард, дар посух ба ин, ки оё ПМТ метавонад, 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз банд мондаанд, кумак кунад, гуфт бале, эълон кунед, Паймони Миллии Тоҷикистон ин корро хоҳад кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он 80 паноҳҷӯи Афғонистон иддаъо мекарданд, пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё овардаанд.

Дар навор ин муҳоҷирон аз надоштани сарпаноҳ, ба охир расидани маводҳои хӯрака ва авҷ гирифтани беморӣ дар байни онҳо шикоят карда, аз созмонҳои байналмилалӣ талаби кумак мекарданд.

Толибон кобинаи нави ҳукумати Афғонистонро эълон кард

0

Асри 7-уми сентябр сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳи Муҷоҳид зимни нишасти матбуотие аз ташкили ҳукумати ҷадид хабар дод ва ҳайати нави ҳукумати Афғонистонро

Тибқи эъломияи Толибон, Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, сарвазири Аморати исломии Афғонистон, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазир, Мавлавӣ Абдусаломи Ҳанафӣ, муовини сарвазир, Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифоъ, Мулло Сироҷуддини Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохтла, Мавлавӣ Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷа таъйин шуданд. Ҳамин тариқ Толибон бо 33 мансаби калидӣ ҳукуматашро ташкил кард.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” зимни пӯшиши ин хабар иттилоъ дод, ки аз ин 33 нафар 14 нафарашон аз мақомдорони ҳукумати пешини Толибон (солҳои 1996-2001) ҳастанд, 5 нафарашон аз чеҳраҳое ҳастанд, ки солҳоро дар зиндони Гуантанамо паси сар кардаанд ва боқӣ чеҳраҳои наванд.

Аз миллату ақвому дигар бошад, аз узбекҳо Мавлавӣ Абдусаломи Ҳанафӣ муовини сарвазир таъйин шудааст ва Қорӣ Фасиҳуддин, аз тоҷикони Панҷшер аст, яке аз маносиби олии Қувваҳои мусаллҳро соҳиб шудааст.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, инҳо агарчи аз дигар ақвоманд, аммо мансуб ба ҳаракати Толибонанд ва ҳеч манофеъи қавмӣ ва миллӣ дар авлавияти кори ин мансабдорон қарор нахоҳад гирифт.

Инчунин нуктаи дигаре, ки дар ин номгӯи кобинаи Толибон дар байни коршиносон баррасӣ мешавад, ҷо ёфтани Шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки дастикам 4 нафарашон дар ҳукумати Толибон ҳастанд. Таҳлилгарон онҳоро нафарони наздик ба Покистон медонанд.

Аксар давлатҳои хориҷӣ ва ҷомеаи байналмиллалӣ мегуфтанд, дар ҳолати ташкили ҳукумати ҳамашумул, ки аз тамоми ақвоми Афғонистон ташкил шавад, омодаанд ҳукумати Толибонро бипазиранд ва бо онҳо ҳамкорӣ кунанд, аммо зоҳиран чунин нашуд.

Дар рӯзҳои наздик мушаххас хоҳад шуд, ки кадом давлат дар қадами аввал ҳукумати Афғонистонро ба расмият мешиносад.

Тазоҳуротҳои гусутрда дар Афғонистон

0

Пас аз фарохони умумии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мардумони зиёде дар шаҳрҳои Кобул, Мазори шариф, Ҳирот ва дигар вилоятҳои ин кишвар бо баргузории тазоҳуроти оммавӣ ҳамлаҳои ахири Толибон ба Панҷшерро маҳкум карданд.

Дар наворҳои мухталифе, ки тайи шабонарӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад, ки занону мардҳои зиёде аз тарзи бархурди Толибон бо ҳамватанони худ дар вилояти Панҷшер интиқод ва дахолати Покистон дар умури Афғонистонро маҳкум мекунанд.

Шаби гузашта наворҳое низ аз Кобул нашр шуд, ки мардумони зиёде дар торикии шаб бо боз кардани дару тирезаҳои рӯ ба хиёбонҳо ҳимояти худ аз Ҷабҳаи муқовимати миллиро эълом ва алайҳи Толибону Покистон шиорпартоӣ мекунанд.

Имрӯз дар байни

Ҳамзамон дар наворҳое низ дида мешавад, ки нерӯҳои Толибон дар Кобул алайҳи тазоҳуроткунандаҳо аз силоҳ кор гирифта, садои тир низ шунида мешавад ва тазоҳуротгарон аз макони шунидани садои тир фирор мекунанд.

Нерӯҳои Толибон то кунун расман ба хостаҳои тазоҳуроткунандаҳо, ки ҳузури раиси Хадамоти амнияти миллии Покистон (ISI) дар Кобулро зери суол бурда, ҳамлаҳои ахири бесарнишинҳо ба Панҷшерро кори дасти Покистон медонанд, посух надодааст.

Аз сӯи дигар Ҳомид Карзай, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон дар сафҳаи Фейсбукиаш ба шаҳодат расонидани Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро маҳкум карда, тарафҳоро ба сулҳу ва музокирот даъват кардааст.

Рӯзноманигор Фаҳим Даштӣ ва чанд тани дигар аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ду рӯз пеш дар як ҳамлаи бидуни сарнишинҳои покистонӣ ба шаҳодат расид ва як рӯз пас аз он ҳамла Аҳмад Масъуд бо интишори як навори савтӣ фархон дода, мардумро ба қиёми умумӣ алайҳи Толибон даъват кард.

Бадахшон: Салам силоҳ надошт, ӯро парронданд

0

Вазъи саломатии Салам Имомназаров, писари Имомназар Имомназаров бемористон вахим арзёбӣ мешавад.

Бино ба иттилои як манбаъ аз Хоруғ, 6-уми сентябр дар саҳни ҳавлии маркази тиббии Бунёди Оғохон тирандозӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи ин тирандозӣ ду нафар – Салам Имомназаров, писари яке лидерҳои собиқи Бадахшон Имомназар Имомназаров, ки соли 2012 кушта шуд ва дӯсти ӯ Мансур Ҷумъахонов захмӣ шуданд. Ҳардуро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ кардаанд. Манбаи АЗДО ТВ вазъи саломатии онҳоро вахим арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Салам Имомназаров ҳамроҳи дӯсташ ба маркази тиббӣ рафтанд, то аз аҳволи Толиб Аёмбеков хабар гирифта, ҳодисаи шаби 5-уми сентябрро фаҳмонанд ва номи нафареро, ки ба сари Толиб бо ашёи вазнине зада буд, ба ӯ бигӯянд. Вале баробари ворид шудани онҳо ба саҳни бемористон писари Абдуламон Аёмбеков (Лёша Горбун бародари Толиб Аёмбеков) аз силоҳ ба тарафи онҳо тир кушодааст.

Ба иддаои ин манбаъ, дар занозании шаби 5-уми сентябр писари Лёша Горбун мехостааст ба сари Салам бо ашёи сахте бизанад, аммо дасташ хато хурда ин ашёро ба сари амакаш Толиб Аёмбеком мепартояд, ки дар натиҷа Аёмбеков ҷарроҳат бардошта, бистарӣ мешавад. Чун писари Лёша Горбун намехостааст амакаш аз ин ҳодиса огоҳ шавад, бо ворид шудани Салам Имомназаров ба саҳни бемористон ҷониби ӯ тир парондааст.

Манбаи “АЗДО ТВ” таъкид мекунад, чуноне баъзе аз расонаҳо навиштаанд, ки тирпаронӣ аз ҷониби ҳарду гурӯҳ сурат гирифтааст, ин хел нест. Ба иддаои манбаъ, Салам Имомназаров аз замони зинда будани падараш то ҳозир дар даст силоҳ нагирифтааст ва ҳамроҳонаш низ бо худ силоҳ надоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Шаби 5-уми сентябр дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. Ба навиштаи Бомдод, “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имомназар Имомназаров аст. Баъд аз баҳс дар беруни тарабхона занозанӣ байни ҷияну писарони Толиб Аёмбеков ва Салам Имомназарову шариконаш сурат гирифтааст.  

Манбаи “АЗДО ТВ” мегӯяд занозании ин гурӯҳҳо ногаҳонӣ набуда, решаи чуқуртар дорад.  Ба гуфтаи ӯ, зиддияти ин ду гурӯҳ баъд аз қатли Имомназар Имомназаров инҷониб сар зада, то ҳол идома дорад. Вай афзуд, Толиб Аёмбеков бо мақомот доду гирифт дошт. Аз ҳамин хотир бачаҳои минтақаи Имомназар Имомназаров ба ӯ эътимод надоштаанд.

Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд. Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин Баъд аз як моҳи ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ бонуфузтарин раҳбари ғайрирасмӣ Имомназар Имомназаров дар манзилаш кушта шуд. Наздикони ӯ мақомотро дар куштор айбдор карданд. Аммо мақомот ин иттиҳомотро рад намуданд.

Раҳмон зиёда аз 46% сокинони Афғонистонро фаромӯш кард

0

Имрӯз, 7-уми сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои сомонаи расмии раисҷумҳур, дар парад Эмомалӣ Рамҳон низ ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва генерали артиш ширкат варзида суханронӣ карда аст.

Гуфта мешавад, дар парад 30 ҳазор сарбозону хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайатҳои шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок доштаанд.

Президент Эмомали Раҳмонро дар майдони Дӯстӣ, писараш Рустами Эмомалӣ, ки вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанберо бар уҳда дорад ва ҳамзамон рутбаи генералиро соҳиб аст бо вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтаанд.

Раҳмон дар суханронӣ аз нақши барҷастаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ гуфта, ҳозиринро ба ҷашни истиқлол табрик кард.

Дар зимн Раҳмон аз хатари тероризм ҳушдор дода афзуд:

“Вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст.”

Аммо Раҳмон, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш бо мавзеъгириҳояш дар робита ба тақисими одилонаи қудрат дар Афғонистон ва ба хусус мушорикати тоҷикону узбекҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ дар идораи ҳукумати оянда сарусадоеро ба бор оварда буд ва дертар ба Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Афғонистон орден дод, ҳоло дигар дар бораи Афғонистон ягон ҳарферо ироа накард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Толибон ба Панҷшер, ягона маркази тоҷикнишине, ки аз итоъати Толибон сарпечид ду ҳафта боз ҳамалоти густурдаеро ба роҳ монда ва маркази ин вилоятро ба тасарруфи худ дароварданд, чизе нагуфт.

Гуфтанист, ин парад яке аз бузургтарин парадҳои даври истиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо ҳоло дар замони коронавирус дар Душанбе иштирокчиёни парад ба 30 ҳазор нафар баробар аст.

Блогери тоҷик аз маҳбас раҳо шуд

0

Додгоҳи шаҳри Маскав 6-уми сентябр блогери тоҷик Кароматулло Ҷаборовро, ки дар метрои Маскав мардумро бо шухӣ аз сирояти коронавирус тарсонида буд, озод кард. Дар ин бора

“Ҳукми зерҳимояи ман Ҷаборов бар асоси он, ки на додситонӣ ва на маъмурияти метро аз болои ҳукми додгоҳ шикоят набурданд, эътибори қонунӣ пайдо кард ва ӯ озод шуд”, – гуфт вакили мудофеъ.

Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Ҷабборов ҳамроҳи рафиқонаш, Исаченко А.А. ва Мелехов С.Д. 2-юми феврали соли 2020 дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба тарафи “Улица 1905 года” мерафт, хостанд “пранк” сабт кунанд ва як саҳнаи гирифтор шудан ба каранавирусро бо бошандагони дохили метро бо шухӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар ин саҳна шаҳрванди Русия Исаченко А.А. баъд аз сулфа задан ва нафастангӣ гӯё аз ҳуш меравад ва пас аз афтодан бар фарши вагон худро меларзонад. Ҷаборов ба назди ӯ медавад ва гӯё набзи Исаченкаро месанҷад, сипас фарёд мезанад: “Коронавирус!” Пас аз он Ҷаборов ва Мелехов С.Д. аз мусофирон мехоҳанд, ки фавран вагонро тарк кунанд. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима меандозад.

Пулиси ноҳияи Черемушкии Маскав 8-уми феврали ҳамон сол Ҷабборов ва ҳамроҳонашро боздошт кард, вале ду рафиқи ӯро баъдан бо шарти набаромадан аз ҷои зист раҳо карданд, аммо Ҷабборов то рӯзи 6-уми сентябр дар боздошт буд.

Додгоҳи шаҳри Маскав Ҷабборовро 2-уми августи соли ҷорӣ ба ду солу 4 моҳ маҳкум кард. Вакили дифои ӯ, Роман Шахманов гуфта буд, ки бо дарназардошти муҳлате, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронидааст, то охири моҳи август озод мешавад.

Вакили дифоъ гуфта буд, озодшавии ӯ ба он шартест, ки маъмурияти метро ва додситонӣ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят накунанд.

Фарохони умумии Аҳмад Масъуд дар Афғонистон

0

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо интишори як фарохони умумӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд.

Аҳмад Масъуд, дар паёми савтие ишғоли Панҷшерро аз сӯи Толибон рад намуд ва тамоми мардуми Афғонистонро ба қиём алайҳи Толибон даъват кард. Масъуд мегӯяд, ки Толибон то ба ҳол ба назорати  комили Панҷшер даст наёфтааст ва муқовимат алайҳи гурӯҳи Толибон дар ин вилоят идома дорад.

Аҳмад Масъуди хурдӣ, ки ҳоло масъуляти раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро бар уҳда дорад, бо мурҷиати савтие аз неруҳои муқовимат даъват кард, то алайҳи Толибон қиём кунанд ва таъкид намуд, ки  то озод шудани кишвар ва “пирӯзӣ барои Афғонистон” муқовимат кунанд.

Масъуд мегӯяд: “дирӯз пас аз эъломияи уламои сартосари кишвар, ҷабаҳаи муқовимати миллӣ файсалаи уламора наҳоӣ ва лаббайк гуфт ва эҳтиром гузошт, аммо Толибон хушбахтона ки тиннати вақеъии худро нишон доданд ва билохира бар хилофи чизе, ки дар зоҳир мегуфтанд, нишон доданд, ки на боваре ба шариъат доранд, на боваре ба Қуръон доранд ва на файсалаи уламои сартосари Афғонистнро боварманд ҳастанд”.

Ӯ ҳамазамон гуфт, ки баъд аз файсалаи уламо, Толибон ҳуҷуми густурдаеро болои миллату мардуми мо шурӯъ карданд, ки боъиси кӯшта шудани теъдоди зиёде аз ҳамаватанони мо, аз ҷумла бахше аз хонаводаи мо шуд.

Дар зимн Аҳмад Масъуд гуфт: “Ман аз тамоми мардуми Афғонистон, ҳамаи бародарону хоҳарони мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар даъват мекунам, ки ба истибдодгарон муқовимат кунанд”.

Масъуд ҳамчунин дар хитоб ба ҷомеъаи Ҷаҳонӣ гуфт, ки мутаассифона иҷоби фурсати ғалат ба Толибон ва додани фурсати сиёсӣ боис шуд, ки онҳо ҳам фурсати сиёсӣ пайдо бикунанд ва ҳам ба дунё нишон бидиҳанд, ки онҳо тағйир карданд. Дар ҳоле, ки Толиб ба ҳиҷ унвон тағйир накарда, балки золимтар ва ифротитар шуда аст.

Пештар Ҷабҳаи муқовимат эълон карда буд, ки ба пешниҳоди уламои Афғонистон дар барои “қатъи фаврии ҷанг” мувофиқ ҳаст ва дар ҳоли берун рафтани низомиёни Толибон аз вилояти Панҷшер онҳо ҷангро қатъ мекунанд. Аммо Толибон пешниҳоди мусолаҳаро рад кард ва сухангӯи ҳаркат гуфт, “Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер фурсати гуфтугӯро аз даст додааст”.

Панҷшер аз замони суқути Кобул дар рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ то кунун дар муҳосари Толибон қарор дорад ва тайси 10 рӯзи ахир ҳамла ба вилоят оғоз шудааст.

ПМТ як моҳ 80 оилаи афғонро бо хӯрок таъмин карданист

0

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон таъмини якмоҳа хӯрокӣ 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон дар мондаанд, бар уҳда гирифт.

5-уми августи соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар як мизи гирд пас аз таҷлили сесолагии ин созмон суҳбат мекард, дар посух ба ин, ки оё Паймони Миллии Тоҷикистон метавонад, 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз банд мондаанд, кумак кунад, гуфт бале, эълон кунед, Паймони Миллии Тоҷикистон ин корро хоҳад кард.

Пеш аз ин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 80 оилаи муҳоҷир ҳузур дорад ва Тоҷикистон ба сабаби надошти зерсохторҳои қабули муҳоҷирон наметавонад аз онҳо пазироӣ кунад.

Инчунин телевизиони Эронинтернешнал наворе нашр кард, ки дар он 80 паноҳҷӯи Афғонистон иддаъо мекарданд, пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё овардаанд.

Дар навор ин муҳоҷирон аз надоштани сарпаноҳ, ба охир расидани маводҳои хӯрака ва авҷ гирифтани беморӣ дар байни онҳо шикоят карда, аз созмонҳои байналмилалӣ талаби кумак мекарданд.

Фармони Президент дар Турсунзода арзиш надорад

0

Наздик ба 10 сол мешавад, ки як оилаи серфарзанди тоҷик дар шаҳри Турсунзода наметавонад аз тариқи аризабозӣ соҳиби як қитъа замин шавад.

Як сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Маданияти шаҳри Турсунзода мегӯяд, бо вуҷуди он ки Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи додани замини наздиҳавлигӣ ба номаи онҳо посухи мусбат додааст, аммо раиси шаҳр, Акрамзода Парвиз дар иҷрои ин фармон хунукназарӣ мекунад ва фармонро сари ватқ иҷро кардан намехоҳад.

Ин сокин, ки худро Абдуллоҳ Баев муаррифӣ кард, дар тамос ба Аздо тв гуфт, баъд аз хабаре, ки Аздо тв дар бораи вазъи ин хонавода дар таърихи 19 ноябри соли 2020 нашр карда буд, масъулони ҷамоати Қаратоғ омада, гуфтанд, ки шумо ин масъаларо расонаӣ накунед ва тамоми асноди лозимаро дар ҳол тартиб доданд, аммо акнун раиси шаҳр, Акрамзода Парвиз моҳҳо мешавад, ки корро ба таъхир гузоштааст.

Ба гуфтаи Абдуллоҳ Баев, “Ҷамоат ҳуҷҷатҳои моро тартиб дода, ба раиси шаҳр фиристод, раиси шаҳри Турсунзода бояд қарори тақсими заминро қабул кунад, аммо моҳҳо мешавад онро қабул накардааст. Борҳо наздаш даромадан хостем, посбонҳои назди дар намегузоранд ва мегӯянд, ки мисли шумо даъвогарон зиёд аст. Хубаш интизор шавед”.

Баев иддао дорад, ки то ба тартиб даровардани аснод аз тарафи ҷамоат чанд сол мунтазир буданд, аммо баъд аз тартиби онҳо низ интизорияшон тӯл кашид.

“Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, асноди шумо камбудӣ дорад ба ҳар тараф мефиристанд, вақте меравем онҳо мегӯянд, аснодатон ҳеч мушкилие надорад. Мақомоти шаҳр бо ин оваракарданҳояшон пора мехоҳанд, агарчи ошкор намегӯянд, вале пайдост, ки то пора надиҳӣ касе коратро иҷро намекунад”, – афзуд ин сокини шаҳри Турсунзода дар тамос бо Аздо тв.

Абдуллоҳ Баев иддао дорад, ки дар ҳавлии 6,5 сотиқа 6 бародар ҳамроҳи зану фарзанд ва модари пирашон, ки дар маҷмӯъ беш аз 20 нафар ҳастанд, зиндагӣ доранд.

Хонаводаи Баевҳо ду маротиба, як бор соли 2012 ва такроран соли 2014 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба идораи ҷамоъати Қаратоғ ариза додаанд, вале мақомот гуфтаанд, ки дар хонаи шумо 5 нафар кор мекунад ва шумо оилаи камбизоат маҳсуб намешавед, аз ин хотир аз додани замини наздиҳавлигӣ ба оилаи Баевҳо худдорӣ кардаанд.

Абдулло мегӯяд, нафароне ҳастанд, ки солҳои 2018 ариза доданд ва ҳоло соҳиби замин ҳастанд. Дар деҳаи маданият, ки Абдулло онҷо зиндагӣ мекунад, замин гарон буда, як сотиқ замин онҷо 3000 доллари амрикоӣ нарх доштааст.

Онҳо соли 2015 маҷбур шудаанд ба худи Президент нома бинависанд ва соли 2016 Дастгоҳи Президент ба номаи оилаи Баевҳо посух гуфта аз ҳокимияти иҷроияи маҳаллии шаҳри Турсунзода талаб карда шуд, ки шароити зиндагии оилаи Баевҳоро санҷанд ва дар сурати воқеият доштани иддаои шаҳрванд барои онҳо замин ҷудо карда шавад. Аммо ҳангоми расидани нома ба идораи ҳукумати шаҳри Турсунзода ба онҳо гуфтаанд, ки ҳоло вақти замин тақсимкунӣ нест.

Надоштани замин ва хона дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии сокинон ба ҳисоб меравад. Мақомти кишвар вазифадор шудаанд, ки барои камбизоатон ва ниёзмандон, хусусан онҳое, ки дар як ҳавлӣ чанд оила зиндагӣ мекунанд, барои сохтани хона замин ҷудо кунанд. Аммо бо вуҷуди ин, аз ришваситонии мақомоти баъзе ноҳияҳо ҳангоми тақсим кардани заминҳо сокинон борҳо гузориш додаанд.