15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 603

Тавофуқи Эрону Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ

0

Вазирони дифои Эрону Тоҷикистон зимни нишасте дар Теҳрон дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ба тавофуқ расиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии исломии Эрон Амир Ҳотамӣ аз муносибатҳои амиқ ва гарм бо Тоҷикистон истиқбол намуда, гуфт, ки ду кишвар ба сӯи тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва низомӣ дар асоси эҳтиром ва эътимоди ҷонибҳо ҳаракат мекунанд.

Рӯзи сешанбе Ҳотамӣ дар мулоқот бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар Теҳрон гуфт, ки сиёсати хориҷии Эрон ҳамеша ба робитаҳо бо Тоҷикистон аҳамияти калон медод.

Ҳамчунин Вазири дифои Эрон аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар баъзе минтақаҳо изҳори нигаронӣ намуда, гуфт:

“Мо ҳамеша мухолифати худро ба ҳузури нерӯҳои фаромарзӣ дар ҷангҳо ва муноқишаҳои гуногун баён мекардем. Фарқе надорад, ки ин ҳузур дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ё ҷои дигаре бошад.”

Вай ҳамчунин аз мавқеи Эрон дар бораи зарурати ҳалли мушкилоти минтақа тавассути ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа гуфт.

Вазири дифои Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ бо Эронро беҳтар кунад.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкории ду кишвар дар барқарории сулҳ, субот ва амният дар минтақа нақши муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо даъвати расмӣ рӯзи 5-уми апрел озими Эрон шуда буд.

Мафҳуми ҳукумати электронӣ ва сабабҳои рушд накардани он дар Тоҷикистон

0

Ҳукумати электронӣ мафҳум, модел ва рушди он дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва сабабҳои рушд накардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1. Ҳукумати электронӣ ва мафҳуми он.

2. Моделҳои ҳукумати электронӣ.

3. Соҳаҳои афзалиятнок барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва сабабҳои рушд накардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ҳукумати электронӣ ва мафҳуми он.

Ҳукумати электронӣ- ро умуман ҳамчун татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) барои баланд бардоштани самаранокии иҷроиши вазифаҳо ва хадамоти анъанавии давлати метавон таъриф кард. Махсусан ҳукумати электрони истифодаи технологияҳои рақами барои дигаргун кардани идоракунии давлат бо ҳадафҳои баланд бардоштани функсияҳои асосии он, иҷроиши қонунҳо, сиёсатҳо, хизматрасониҳо ва ғайраҳо мебошад.

Ҳукумати электронӣ на танҳо воқеаи ягона дар тӯли кӯтоҳи вақт балки раванди дарозмуддати такомули тағйири идоракунии давлат ҷиҳати тамаркуз ба хадамоти шаҳрвандон мебошад.

Ҳадафи таъсис додани ҳукумати электронӣ ба таври бештар муассир раисонидани хадамоти давлати ба шаҳрвандон мебошад. Умуман ҳар қадар хадамот дар интернет дастрас бошад ва ҳар қадар истифодаи ин хадамот васеътар бошад таъсири ҳукумати электронӣ ҳамон қадар бештар хоҳад буд.

Ҳамин тавр барои ба даст овардани таъсири устувор ҳукумати электронӣ берун аз муассири дохилӣ ва шаффофияти идоракунии давлат, анбӯҳи амалиётҳои (мой-комент) зиёди “шаҳрвандони электронӣ” (e-citizens) ва “маблағгузориҳои электронӣ” (e-business) – ро талаб менамояд.

Ҳам замон муваффақ шудан ба ин анбӯҳи зиёди кори осон нест. Тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти эҷод кардани шумораи зиёди хадамоти бархати (онлайн) – и, ки масалан ба шаҳрвандони электронӣ ва бизнеси электронӣ дастрас аст муқаррар намудааст.

Бисёр кишварҳое, ки дар татбиқи нахустин барномаҳои ҳукумати электронӣ 5-10 сол пешсафи кардаанд, зуд дарк намуданд, ки бо вуҷуди ҳаҷми назарраси сармоягузориҳои давлат ба ҷанбаи таъминот барои дастрас сохтани хадамоти давлатӣ дар интернет сатҳи иштироки ҷомеа дар қабул ва истифодаи хадамоти ҳукумати электронӣ хеле паст боқӣ мемонад.

Ҳукумати электронӣ ҳамон вақт муваффақ хоҳад буд, агар ба он тақозо (талабот) ва дастгирии қавии аксарияти аҳолӣ ҷой дошта бошад. Як қисми ин тақозо аз ҳисоби баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи имкониятҳои хубтару зудтар расонидани хадамоти давлатӣ бар меояд. Шаҳрвандон ва бизнес низ бояд барои истифодаи хадамоти ҳукумати электронӣ тавассути таъмини мундариҷаи (мӯҳтаво)-и раднопазир мутобиқ ва дастраси рақами манфиатдор бошанд.

Махсусан барои баланд бардоштани талабот ва дастгирии хадамоти ҳукумати электронӣ корҳои зерин бояд амалӣ карда шаванд.

– таҳия намудани зерсохтори оддии бисёрмаҷроҳа (бисёр канала) барои расонидани хадамот мутобиқи принсипи (равзанаи ягона) аз ҷумла:

– марказҳои хадамот барои шаҳрвандони воқеи ва дигар нуқтаҳои дастрасии ҷамъият мисли, телемарказҳо, марказҳои операторӣ, веппорталҳо ва парталҳои мобилӣ.

–   амали намудани чорабиниҳое, ки ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ба муомилот дар асоси ТИК ва ҳамаи фаъолиятҳои дигари муштарак дар муҳити рақами мусоидат хоҳанд намуд.

–  мусоидат намудан ба таҳияи мундариҷаи онлайни ва мобилии  мутобиқ, раднопазир ва осон истифодашаванда аз ҷумла барномаҳои “ғасбкунандаибозор”.

–   амалисозии барномаҳое, ки ба баланд бардоштани дастрасӣ ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ дастрас будани мундариҷаи бархатӣ ва мобилӣ инчунин ТИК равона шудаанд.

Дар сурати бо муваффақият амали  кардани лоиҳаҳои ҳукумати электронӣ ба 4 ҳадафи зерин метавон ноил шуд:

1. хадамоти шабакавии ҳукумат.

2. ҳукумати бе қоғаз.

3. ҳукумате, ки дар асоси дониш амал мекунад.

4. ҳукумати шаффоф.

2. Моделҳои ҳукумати электронӣ.

Бисёр созмонҳои ҳукуматӣ инқилоби рақамиро қабул кардаанд ва доираи васеи ҳукуматро барои иштироккунандагони манфиатдори ҳукумати электронӣ онлайни ҷой дода истодааст. Тарафдорони манфиатдор кихоянд:

шаҳрвандон.

соҳибкорон.

кормандони давлатӣ.

вазоратҳо, шӯъбаҳо ва агентиҳои давлатӣ.

пешвоёни иттифоқи касаба.

созмонҳои ғайритиҷорати ва пешвоёни ҷомеаҳо.

сиёсатмадорон.

сармоягузорони хориҷӣ.

ва дигарон.

Вобаста аз навъи фаъолияти муштарак байни тарафҳои манфиатдор 8 модели ҳукумати электрониро муайян кардан мумкин аст:

1. (G2C) ҳукумат бо шаҳрвандон.

2. (G2G) ҳукумат бо ҳукумат.

3. (G2B). ҳукумат бо бизнес.

4. (B2G) бизнес бо ҳукумат.

5. (G2E) ҳукумат бо кормандон.

6. (G2G) ҳукумат бо ҳукумат.

7. (G2N) ҳукумат бо созмонҳои ғайридавлатӣ.

8. (N2G) созмонҳои ғайридавлатӣ бо ҳукумат.

(G2C)– расонидани яктарафаи хадамоти давлатӣ ва иттилоот аз ҷониби ҳукумат ба шаҳрвандон.

(C2G)– имконияти табодули иттилоот ва коммуникатсияро байни шаҳрвандон ва ҳукумат фароҳам месозад.

(G2B)– аз доду гирифти электронӣ иборат аст, дар он ҳукумат намояндагони бизнесро бо иттилооте таъмин менамояд, ки барои доду гирифт бо ҳукумат зарур аст. Намунаи ин мумкин аст системаи харидҳои электронӣ бошад.

– (B2G) – ба фаҳмиши маълумотҳо ва хадамот ба ҳукумат дахл дорад, то барои бештар судманд шудани ҳукумат кӯмак намояд, масалан такмил додани системаи идоракунии равандҳои бизнес ва сабтҳои электронӣ. Системаи ҳукуматҳои электронӣ барномаест, ки фаъолиятҳоимуштараки ҳам (G2B) ва ҳам (B2G)- ро осон менамояд.

(G2E)– аз ташаббусҳое иборат аст, ки идоракунии хадамоти давлатӣ ва алоқаи дохилиро бо хизматчиёни давлатӣ сабук менамояд. Намунаи ин системаи бархатии идоракунии захираҳои инсонӣмебошанд.

(E2G)– имконияти коммуникатсия ва табодули бархатии иттилоотро дар байни идораҳо ё муассисаҳои давлатӣ дар чаҳорчӯбаи пойгоҳимаҷмӯъи додаҳо фароҳам меорад.

(G2N)– ҳукумат  созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои чамъиятиро бо иттилоот таъмин менамояд.

(N2G)– имконияти табодули иттилоот ва алоқаҳои байни ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро фароҳам меорад.

3. Соҳаҳои афзалиятнок барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва сабабҳои рушд накардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тадқиқот ва амалияҳои пешқадами ҳуҷҷатгузоришудаи кишварҳои гуногун имкон медиҳад, пешниҳод намоем, ки се марҳилаи асосии рушди ҳукумати электронӣ вуҷуд дорад :

Сохтани коммуникатсияҳо ва зерсохтор.

Таҳияи мӯҳтаво ва барномаҳо.

Системаҳо ва воридсозӣ (интегратсия) мебошад.

Ин равиши се марҳилави дар бисёр кишварҳо аз ҷумла :

1.     Чин.

2.     Бангладеш.

3.     Ҷопон.

4.     Мексика

5.     Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ қабул шудааст.

Марҳилаи 1. Дар мавриди Мексика консепсияҳо маънои ҳалли масъалаҳои нобаробарии рақами тавассути фароҳам овардани дастрасии ҷамъият ба воситаҳои технологияҳои иттилооти ва таълим бо кӯмаки марказҳои ҷомеаи рақамиро доранд. Мархилаи 2. Афзалияти Мексика барои рушди ҳукумати электронӣ 1)мундариҷа ва барномаҳо, 2)таълими электронӣ, 3)иқтисодиёти электронӣ ва 4)ҳукумати электронӣ мебошад. Ғайр аз ин дар ин марҳила порталҳои давлатӣ дар сатҳи шӯъбаҳо ё вазоратҳо таҳия мешавад.

Марҳилаи 3. Мексикаи электронӣ (E-MEXİCO) интегратсия ё насби ҳамаи системаҳо ё порталҳоро барои расонидани хадамоти давлатӣ ва ягона барои шаҳрвандон инчунин бизнесро фаро мегирад.

Дар Фиҷи ва Ҷазираҳои Саломон нақши ҳукумати электронӣ, таҳияи барномаҳо барои ҳукумати электронӣ ва нақши муфассали он, марказҳои ҳукумати додаҳо, таъсиси зерсохтори иттилооти-коммуникатсионӣ ҳукуматӣ, ҳамчунин таълими истифодаи ТИК (лаёқат дар соҳаи ТИК).

Барномаҳои ҳукумати электронӣ ба таври зерин муайян шудаанд:

● таълими электронӣ барои омӯзгорон ва талабагон дар ноҳияҳои дехот.

● системаи идоракунии зиндонҳо.

● системаҳои электронии грандҳои таълимӣ.

● пойгоҳи додаҳо оид ба ҷинояткориҳо.

● системаҳои электронии таъминоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ.

● системаи идоракунии санадҳо.

● иттилоотисозии хадамоти гумрук.

● системаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ.

Таъмини алоқа барои кишварҳои рӯ ба инкишоф махсусан барои кишварҳои ҷазиравӣ мушкилотест. Ҷазираҳои Саломон ин мушкилотро тавассути ташаббус бо номи “шабакаи нахустини мардумӣ” ҳал намуданд. Дар деҳаи дурдасте бо номи Сасамунга дар ҷазираи Шаузел тақрибан дар масофаи 1000 мил дуртар аз Ҳаниара пойтахти ҷазираҳои Саломон аз соли 2001 одамон бо хешовандон, рафиқон ва муассисаҳои давлатӣ тавассути почтаи электронӣ алоқа мекунанд. Ин қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар деҳа қувваи барқ ё хати телефон вуҷуд надорад. Ҳафт сол пеш воситаи ягонаи алоқаи деҳа бо олам мактуб буд, ки то Ҳониара дар тӯли 3-4 ҳафта рафта мерасид (тавассути ирсоли маҳаллӣ).

Дар ҳолатҳои фавқулода радиои кӯтоҳмавҷ истифода мешавад. Почтаи электронӣ бе истифодаи қувваи барқ ба сокинони Сасамунга тавассути системаи PFN, ки дар соли 2001 аз ҷониби лоиҳаи UNDPS- таъсис ёфтааст дастрас шуд. Система аз компютери сайёр иборат аст, ки дар компютери сайёр ҳуруфчини мебошад тавассути радиои баландбасомади кӯтоҳмавҷ ба радиои қавитари қабулкунандаи мавҷҳо дар интернетқаҳвахонаи воқеъ дар Ҳониара таҳвил дода мешавад, ки дар онҷо оператор паёмҳои электрониро қабул намуда ба нишонаҳои дахлдор мефиристад.

Дар Бангладеш стратегияи пайваст шудан ба интернет ба барномаи “маркази ҷомеаи рақамӣ” асос ёфтааст, ки аз 4 намуд иборат аст :

марказҳои ҷомеавии иттилооти(МҶИ).

марказҳои ТИК дар дехот(МТИКД).

марказҳои технологӣ дар дехот(МТД).

марказҳои таълими интернет(МТИ).

Омӯзишӣ таҷрибаи марказҳои рақами дар Бангладеш.

Дар Бангладеш марказҳои ҷаҳонӣ раками дар олӣ 2006 аз ҷониби оператори бузургтарини телекоммуникатсионӣ (GRAMEEN PHONE) асос гардидааст, дар замони кунун дар ноҳияҳои гуногуни Бангладеш 26 марказҳои иттилоотии ҷомеа таъсис дода шудааст. Ҳар яке аз онҳо ҳадди ақал бо як компютер, чопгар, сканер, вепкамера ва модем барои ворид шудан ба интернет  мутобиқи технологияҳои (EDGE) таҷхизонида шудаанд. Марказҳои иттилоотии ҷомеа хадамоти пулакии зеринро пешниҳод менамояд :

ирсоли паёмҳои электронӣ.

факсҳо.

табодули паёмҳо (чатҳо).

аз назар гирифтани саҳифаҳои интернетӣ.

Одамон аз хадамоти почти электронӣ, факс ва интернет барои алоқа бо рафиқон ва хешовандони худ дар хориҷа истифода менамоянд. Онҳо интернетро барои дастраси пайдо намудан ба хадамоти шабакавии давлат  истифода мекунанд, тадқикотҳои бархатӣ медиханд ва хабарҳои бархатӣ мехонанд. Марказҳои иттилоотии ҷомеа бо литсензияи ширкати (GRAMEEN PHONE) фаъолият менамояд. Бо сармоягузории камтарини 80 ҳазор таккаи Бангладеши соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд МИҶ- ро харанд. Нақшаи таъсис додани МИҶ 60 ҳазор дар саросари Бангладеш вуҷуд дорад.

Марказҳои ТИК дар деҳот дар соли 2006 аз ҷониби ширкати ДИҶИКАЛ А ГЮТИ НЬЮ -ЁОРК бо дастгирии Каталист Консорсюми бисёрдонори, ки дар Бангладеш фаъолият мекунад таъсис шудаанд. Дар ҳар як маркази ТИКдар дехот телефон, компютер, чопгар, ва сканери ба интернет васл шуда инчунин камерахои рақамӣ мебошад. Маркази ТИКдар деҳот барои расонидани хадамоти иттилооти ба корхонаҳои хурдатарин ва хурду миёна дар ноҳияҳои деҳоти Бангладеш таъсис шудааст. Махсусан маркази ТИК дар деҳот барои корхонаҳои маҳаллӣ дар бахшҳои алоҳида мисли парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва картошкапаоварӣ иттилооти кори паҳн менамояд. Ҳамчунин ширкати ТИК дар дехот иттилооти гуногуни иҷтимои марбут ба тандурустӣ, таълими ва ҳукуматиро таъмин менамояд.

Марказҳои ТИК дар дехот дар соли 2006 аз ҷониби ширкати ПРАКТИКАЛ ЭКШЕН БАНГЛАДЕШбарои пешбурди технологияхои мувофиқи деҳот, барои рушди ноҳияҳои деҳот дар Рай-ойр, Мадарипур ва Саришабаритаъсис дода шудаанд. Махсусан дар маркази ТИКдар деҳот навсозии технологияҳои анъанавӣ ҳамчунин мувофиқасозии технологияҳои нав барои қонеъ кардани манотиқи деҳот сурат мегирад. Асбобҳои андозагирию вазн ҳамчунин таҷҳизоти дигари асосии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барои истифода дар намоишгоҳҳо дастрасанд ва сокинони маҳаллӣ метавонанд онҳоро иҷора гиранд. Дар байни чунин таҷҳизот оид ба корманди мақомоти кишоварзӣ ғалла, андозагирӣ, намаксанг, маҷмӯи дастгоҳҳои иёргирии кислотаҳо, сангдони ордкунанда, печи худмавҷ, ҳароратсанҷи рақамӣ, дастгоҳи маҳлутсозии ғизо (блендер), зарфи омезишкунанда ва дастгоҳи мӯҳру ва ғайра медоданд. Ҳамчунин компютери ба интернет васл шуда вуҷуд дорад, ки фермерон, тоҷирон ва мизоҷони дигар, барои дастраси пайдо намудан аз он истифода баранд .

Сабабҳои рушд накардани ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Татбиқи консепсияи ҳукумати электронӣ ба таври қобили мулоҳиза аз нақша ақиб мондааст. Мақоми сохтории ташкилӣ ва идорие, ки тавонад талошҳои муассирро барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар бахши ҳукумати электронӣ таъмин намояд, вуҷуд надорад.
Сомонаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ қисман кор намекунанд ё ғайрифаъол ҳастанд ва танҳо вазифаи иттилоотиро иҷро мекунанд.

Ҳоло ҳам бештари шаҳрвандон дастрасӣ ба хизматрасониҳои электрониро надоранд, халои рақамӣ садди аслӣ дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад.    

Дар оғози соли 2010 Тоҷикистон аз нигоҳи рушди интернет дар миқёси тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом буд. Аммо дар охири солҳои 2015-2021 сатҳи интернет ба таври автоматикунонидашуда поин рафт. Баъди касби истиқлол бахши телекоммуникатсионии Тоҷикистон, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос монда буд, тақрибан пурра хароб гардида, дастгоҳҳои дигар зарфияти худро аз даст дода буданд. Дар ин бастагӣ рушди босуръати бозори телекоммуникатсионӣ ва технологияи нав, монанди интернет, IP-телефония ва алоқаи мобилии стандарти GSM дар Тоҷикистон аз соли 1998 шурӯъ гардид.

Дар оғози солҳои 2010 Тоҷикистон дар самти рушди интернет дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом буд. Соли 2005 Тоҷикистон алоқаи мобилии стандарти 3G-ро озмоиш кард ва ин нахустин санҷиши оммавии он дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Бар илова, тақрибан давоми ду-се сол теъдоди муштариён то 3 миллион афзоиш ёфт, дар ҳоле ки соли 2000-ум он на бештар аз 3000 нафарро ташкил медод. Бо гузашти 13 сол на ҳамаи минтақаҳои кишвар бо стандарти 4G таъмин шудаанд.    

Бо ин ҳол, сиёсати ҳукумати электронӣ дар замони гузариш, ки бо мизони нокофии инфрасохтории технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, саводи поини компютерӣ ва дастрасии маҳдуд ба интернет ҳамроҳ буд, оғоз гардид.

Дар Тоҷикистон 10 сол мешавад, ки аз ҳукумати электронӣ суҳбат мекунанд. Аммо новобаста аз мизони афзоиши истифодабарандаҳои Интернет, ҳукумати электронӣ ба ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаи мардум табдил нашуд.

Бо замон пас аз омӯзиши таҷрибаи хуби кишварҳои пешрафта дар бахши ҳукумати электронӣ як қатор санадҳо таҳия ва қабул гардид, ки “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2010 аз асоситарини онҳо маҳсуб мегардад. Он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 (№6431) тасдиқ гардид. Сипас, Барномаи татбиқи минбаъдаи ҳукумати электронӣ ворид карда шуд.

Бар асоси консепсияи зикршуда сиёсати ҳукумати электронӣ дар кишвар се давраи калидиро дар бар мегирад: Камтарин бандҳои дар даври аввали ин Консепсия дарҷшуда, бо истиснои “коркарди лоиҳаи портали ҳукуматӣ” то ин давра амалӣ карда шуданд. Ин нуктаи хеле муҳим дар ҷараёни амалӣ сохтани консепсия аст. Қаблан, он ҳамчун hukumat.tj таъсис дода шуд, аммо бо сабабҳои номаълум аз интернет ғайб зад.

Муҳимияти портали ҳукуматӣ дар он аст, ки барои шаҳрвандони тамоми кишвар имкон фароҳам меоварад, бо мақомоти давлатӣ иртибот дошта бошанд. Дар ҳоли ҳозир, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон (http://egov.kz/cms/ru), Узбекистон (https://www.gov.uz)  ва Қирғизистон (http://www.gov.kg/?lang=ru) порталҳои ҳукуматӣ амал мекунанд, ки иртиботи зичро бо ҷомеа таъмин менамоянд.  

Бештари вазифҳое, ки дар бандҳои ду ва сеи Консепсия дарҷ шудааст, ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аз ҷумла таъсиси низоми ягонаи электронии табодули санадҳо, бартараф намудани нобаробарии рақамӣ дар кишвар, таъсиси низоми байниидоравии ҳукумати электронӣ, роҳандозии лоиҳаҳо дар бахши тибби телевизионӣ ва омӯзиши фосилавӣ мушкилиҳои дастнахӯрда боқӣ мондаанд.    

Чӣ кор карданд?

Барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар як қатор лоиҳаҳо амалӣ шудааст:

Феҳристи ягонаи электронии маҷмӯи маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатнома (литсензия) ва иҷозатдиҳӣ (ijozat.tj) таъсис ёфт, ки дорои иттилои комил ва зарурӣ дар мавриди ҷараёни дарёфти иҷозатнома барои намудҳои ҷудогонаи фаъолият дар Тоҷикистон мебошад(фаъолият накарда истодааст).

Дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон низоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – “Равзанаи ягона” ҷорӣ карда шуд;(ин ҳам каму беш фаъолият дорад).

Лоиҳаи “Махзани миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холӣ”-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд(ин ҳам фаъолият намекунад).

Чи кор бояд кард?

1. Дар назди тамоми вазоратҳо, корхонаҳо, ҳукумати шаҳрҳо ва ҷамоатҳо ҳадди ақал равзанаи ягона ё портал ҳукуматӣ таъсис дода шавад.

2. Низомӣ соддакардаи тартиби хуччатгузорӣ тариқи ҳукумати электронӣ тартиб дода шавад.

3. Дар тамоми мақомотҳои давлатӣ хусусан мақомотҳои болоии ҳукумат  таҳлил гузаронида шавад ва аз тариқи равзанаи ягона ба шаҳрвандон пешниҳод карда шавад.

Сабабҳои рушд накардани ҳукумати электронӣ

1.     Сатҳи баланд коррупсия дар мамлакат (дар тамоми мақомотҳо дида мешавад аз раисҷумҳур сар карда то коргари оддии ҷамоат).

2.     Паст будани сатҳи суръати интернет дар ҷумҳурӣ.

3.     Баланд будани арзиши интернет дар Тоҷикистон.

4.     Набудани пойгоҳҳои мавҷи ё интернети дар деҳаҳои дурдасти кишвар.

5.     Набудани маблағгузориҳои мустақим аз ҷониби давлат.

Барномаҳои ҳукумати электронӣ ба таври зерин муайян шудаанд. Ин барнома дар кишварҳои мисли Тоҷикистон татбиқи худро мехоҳад:

● дигаргун сохтани шакли таълим дар донишкадаҳо ва муассисаҳои олии касби барои омӯзгорон ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои талабагон дар ноҳияҳои дехот.

● тағйир додани идоракунии зиндонҳо дар тамоми микёси ҷумҳурӣ.

● системаҳои электронии грандҳои таълимӣ.

●  ташкил намудани пойгоҳи додаҳо оид ба ҷинояткориҳо ва фасодкориҳои ҳам ҳукумат ва ҳам шаҳрвандон.

● системаҳои электронии таъминоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ.

● системаи идоракунии санадҳо.

● иттилоотисозии хадамоти гумрук.

● системаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ.

● ташкили шаффофият дар толорҳои судҳо.

Манбаъҳо :

https://tj.sputniknews.ru/analytics/20190312/1028463067/mobilnyy-internet-ceny-tajikistan-central-asia.html.

● Концепция формирования электронного Правительства в Республике Таджикистан (2012-2020)». 30 декабря 2011 г. № 6431).

http://uncdf.org/solomonislands.

Иҷрокунанда: Муҳаммад Сулаймонӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Русия то як миллион муҳоҷирро интизор аст

0

Аз садҳо то як миллион муҳоҷири корӣ дар ояндаи наздик метавонанд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ворид шаванд.

Ба навиштаи “Российская Газета” Вадим Коженов президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, ба зуди то як миллион коргари хориҷӣ метавонанд вориди кишвар шаванд.

Ба иттилои ин манбаъ вуруди муҳоҷирон пас аз роҳандозии дигарбораи парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 1 апрел оғоз шуда аст имконпазир гардид, мо миллион нафарро интизорем. Душвори дар он аст, ки ҳоло парвозҳо каманд. Масалан танҳо як парвоз дар хафта ба Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ба Узбекистон рӯзе се чор маротиба тайи шаш рӯз дар ҳафта амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи Коженов дар давоми як ҳафта тақрибан панҷ то шаш ҳазор нафар ба Русия ворид шуда истодаанд ва ин афзоиш аллакай чашмрас шуда аст. Ба ақидаи ӯ вазъ ҳангоми кушода шудани ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бехтар хоҳад шуд. Зеро ҳоло тамоюли мусбати вазъи эпидемикии коронавирус ба назар мерасад.

Илова бар ин дар бозори кори Русия ҷараёни вуруди муҳоҷирони корӣ аллакай ба назар мерасад, зеро танхо дар ду мохи аввали соли 2021 аз рӯи дархости пешниҳодшуда хориҷиён аз кишварҳои ИДМ нисбат ба соли гузашта зиёдтар буданд.

Раиси ширкати “Умед-88” дори фониро видоъ гуфт

0

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати дар гузашта пурнуфузи “Умед-88”, ки дар бемористон аз бемории меъда табобат мегирифт, баъд аз зуҳри рӯзи 7 апрел аз дунё даргузашт.

Пайвандони марҳум ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе дар деҳаи “Дараи калот”-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мешавад.

Моҳи гузашта расонаҳо хабар дода буданд, ки вазъи саломатии мудири ширкати “Умед-88” бад шуда, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Табибон гуфтанд, Раҷабалӣ аз дарди меъда пештар ҳам ранҷ мебурд ва дар шароити бади зиндон ин беморӣ дигарбора хуруҷ кардааст. Ӯро ҷарроҳӣ низ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Умед-88” то соли 2017 ягона ширкати таъминкунандаи сӯзишвории берун аз доираи хонавода ва рақиби “Фароз” дар кишвар ба ҳисоб мерафт.

14 октябри соли 2017 раисҷумҳур дар дар мулоқот бо соҳибкорон аз молики ин ширкат интиқод карда гуфт, ки 170 миллион сомонӣ маблағи буҷетро барнагрдонидааст. Пас аз интиқоди Раҳмон Одинаев боздошт ва бо иттиҳоми “тасарруфи амволи давлатӣ” гунаҳкор дониста барои 28 сол равонаи зиндон гашт.

Ин ҳама иттиҳомотро наздикони ӯ рад карданд ва ҳатто аз ҷониби ӯ дархост шуд, ки ӯро озод кунанд, он миқдор маблағе, ки давлат ӯро дар тасарруфаш гунаҳкор меҳисобад, бозпас мегардонад. Аммо мақомот ин пешниҳоди Одинаевро рад кард.

Чӣ гуна дар Тоҷикистон давоми 6 рӯз нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 56% иҷро шуд?

0

7 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуда ҳоли ҷавононро бад карда аст. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфта, ки дар зарфи ҳамагӣ 6 рӯз аллакай нақшаи даъват ба хидмат 56% иҷро шуда аст. “Азия-Плюс” аз қавли ин мақомдор дар Вазорати модофиа навишта, ки то ҳол чунин нишондиҳандаи баланд дар ин маърака ба мушоҳида нарасида буд.

Ҳамасола дар кишвар маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрел шуруъ мешавад. Аммо бо чи навъе қисми бештари нақша ин қадар зуд иҷро шуд? Аз чанд рӯз боз наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавнд, ки мисли пештара корманди комиссарияти ҳарбӣ ҷавононро аз байни мардум маҷбуран гирифта ба хидмат мебаран. Ин намуди сафарбаркардани ҷавононро дар кишвар “облава” ном кардаанд ва бо вуҷуди солҳои дароз танқид шудани ин навъи пур кардани сафи Қуваҳҳои мусаллаҳ бо наваскарон, кормандони комиссиаритҳои ҳарбӣ аз “аскаришикор” ё “облава” даст намекашанд.

Яке аз чунин ҳолатҳоро Радиои Озодӣ, ки аз маҷбуран бурдани як ҷавон нақл мекунад дар гузорише пӯшиш дода аст. Ба нақли ин расона, “шаби гузашта тахминан соати 21 дар назди Автовокзали шаҳри Душанбе чанд нафари ношинос талош карданд, як ҷавонро иҷборӣ ба мошин бор карда бубаранд. Ба гуфтаи муаллиф мошини сабукрав бидуни рақами қайди далатӣ будааст. Аз садои шоҳидон бармеояд, ки ҷавонро иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ мебаранд”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавоноро бо усулҳои маҷбурӣ аз бозору кӯчаҳо дастгир карда ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. Аммо имсол бо фарқ аз солҳои пешин ба қавли рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, дигар ҷавононро аз донишгоҳҳо ҳам қапида мебаранд. Ин нуктаро Радиои Озодӣ низ таъйид кард. Ин расона аз қавли яке аз магистрони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  навишт, ки онҳоро ба маҷлис барои мулоқот бо намояндагони парлумону вазоратҳои мудофиа ва адлия бо мақсади шунидани шарҳу тавзеҳи бештари муҳтавои қонуни нав “Дар бораи хидмати ҳарбӣ” аз ҷониби намояндагони ин ниҳодҳо даъват карданд. Аммо ба ҷои мулоқот донишҷӯёнро аз толор ба мошинҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Аз имсол дар Тоҷикистон мувофиқи тағйирот дар қонуни “Уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” хатмкардагони макотиби олӣ низ бояд як сол дар артиш хидмат кунанд. Агар хатмкунандагоне, ки намехоҳанд як сол хидмат кунанд бояд маблағи муайянро пардохт намоянд ва дар он сурат лозим меяод, ки танҳо як моҳ хиддмати ҳарбиро адо кунанд. Бар асоси тарҳи нави қонун адои хидмати яксола барои магистрантҳо ва аспирантҳо ҳатмӣ шуд. Чунин афрод, пас аз анҷоми хидмат имкони идомаи таҳсилро доранд.

Таҳрири нави қонун дар бораи “уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро имсол  палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар рӯзи 20 январ ба тавсиб расонд.

Мувофиқи тағйирот дар ин қонун, дар кишвар намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардид. Аммо то ҳол миқдори маблағи хидмати ҳарбӣ барои ҷомеа гуфта нашудааст.

Ҳамазмон тибқи ин тағйирот уҳдадориҳои даъватшавандагон ва волидони онҳо зиёдтар шуд. Дар сурати ҳузур надоштани даъватшаванда, волидон бо қабули даъватнома уҳдадор мешавнд шаҳрванди даъватшудро ба хидмат бирасонанд. Бо шуруъи маъракаи даъват ба қувваҳои мусаллаҳ ки дар сол ду бор мешавад, ташвиши ҷавононе, ки синашон барои даъват мувофиқат мекунад ташвишашон бештар мешавад. Нарафтани ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ рабт медиҳанд. Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву барафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад.

Вохӯрии вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд

0

6 апрел дар вилояти Суғд вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Улан Ниёзбеков бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мулоқот анҷом дод. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре зикр мегардад, дар ин суҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот дар бораи талошҳои муштарак барои мусоидат ба барқарории амният ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти васеи вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони раёсатҳои соҳавии пулиси ду кишвар ширкат варзида, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ, инчунин масоили мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Тоҷикистон то соли 2023 2,7 миллард $ сармояи хориҷӣ ҷалб карданист

0

Тоҷикистон дар се соли оянда ба нақша гирифтааст, ки беш аз 2,7 миллиард доллар сармояи хориҷиро ҷалб кунад. Ин дар “Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” оварда шудааст.

Тибқи ин санад афзоиши солонаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҳисоби миёна 200 миллион доллар пешбинӣ шуда, имсол ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ 774 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ин рақам дар соли 2022 924 миллион долларро ва дар соли 2023 – 1 миллиард 69 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Қаблан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар дода буд, ки дар соли 2020 сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 428 миллион доллар ба иқтисоди кишвар ворид шудааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2019 53% камтар аст.

Гузориш дода шуда буд, ки сармоягузорӣ асосан аз Чин (беш аз 150 миллион доллар), Арабистони Саудӣ (39 миллион доллар) ва Филиппин (38 миллион доллар) ворид шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 3,5 миллиард доллар амалӣ шуда истодааст.

Тақрибан 50% дар сохтори ин лоиҳаҳо қарзҳо, зиёда аз 45% грантҳо ва боқимонда саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Маҷруҳ шудани як муҳоҷири тоҷик ҳангоми кор дар сохтмон

0

Дар майдони сохтмонӣ дар ноҳияи Академии Екатеринбург як коргари хориҷӣ маҷрӯҳ шудааст. Дар ин ин бора “Вечерние ведомости” хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона ин муҳоҷири маҷруҳшуда шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон мебошад, ки қонунӣ дар Русия қарор дорад. Айни замон ӯ бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми кор дар сохтмон як пораи плитаи монолитӣ ба болои ин ҷавон афтодааст.

Дар пайи ин ҳодиса Прокуратураи ноҳия барои муайян кардани тамоми ҳолатҳо ва сабабҳои ҳодиса санҷиш гузаронида истодааст.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки агар қонуншиканӣ ошкор карда шавад, нисбати ҷинояткорон чора андешида мешавад.

Оғози сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

0

Шуруъ аз имрӯз 7 апрел сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент мақсад аз сафари корӣ иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун гуфта шудааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба манбааш дар Ҳукумати ҷумхурӣ нигошта, сафари Раҳмон дар Суғд 4 рӯз идома хоҳад кард, дар ин муддат раисҷумхур аз Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара ва нохияи Бобочон Гафуров дидан хохад кард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, қарор аст Раҳмон дар ин сафар аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ дидан кунад ва бо мардуми ин минтақа дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ирмӯз дар навбати аввал Президент Раҳмон аз шаҳри Бӯстон боздидашро оғоз намуда, дар ин шаҳр корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро ифтитоҳ кард.

Дар идомаи сафараш Раҳмон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда дар ин ноҳия мактаби миёнаи №23, як бинои маркази савдо, маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” ва тарабхонаи миллии “Файзулло”-ро низ ифтитоҳ кард.

Пештар корбарон аз ҷамоати Ворух бо ирсоли навор ба “Аздо тв” аз омодагиҳои мардум барои сафари Раҳмон хабар дода буданд. Корбарон сафари Раҳмонро аз 7-ум то 14-уми апрел тахмин мезаданд.

Вохӯрии вазирони дифои Эрону Тоҷикистон дар пасманзарии даъвоҳо болои Ворух

0

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки бо даъвати расмӣ аз 5 апрел озими Эрон шуд, имрӯз бо вазири дифои Ҷумуҳрии Исломии Эрон Амир Ҳотамӣ дидору гуфтугӯ дошт.

Бино ба гузориши хабаргузории Эрон “Порс” Амир Ҳотамӣ, вазири дифои кишвари Эрон ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳамроҳонашро дар мавсими зебои баҳор ва “ҷашни бостонии Наврӯз” дар Ҷумҳурии Исломӣ муборак дониста, умедворӣ карда, ки ин дидор оғози равобити ҷадиде дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ бо дӯстон ва бародарони тоҷик бошад.

Ҳангоми гулгузорӣ дар оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ

Ҳотамӣ иброз дошта, ки Ҷумуҳрии Исломӣ бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои сангин дар ҳавазаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгире дошта. Ӯ мегӯяд, “Хушбахтона, моҳи октябри соли 2020, таҳримҳои аслиҳа алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи қатъномаи Шӯрои Амният ба поён расид ва мо дар содироти ашё ва таҷҳизоти дифоӣ дигар мушкиле надорем”.

Ҳотамӣ густариши ДОИШ ва гурӯҳҳои ифротгароро дар баъзе кишварҳои минтақа аз мавзӯҳои муҳим ва ҳассос донист.

Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо низ аз ҳузури худ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори қаноатмандӣ карда ва иродаи Тоҷикистонро барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ, мудофиавӣ ва ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонда аст. Вазири тоҷик изҳор дошта, ки мо тавонистем дар муносибатҳои ду кишвар бо туфайли муштаракоти зиёди фарҳангию иҷтимоӣ ба натиҷаҳои хуб ва пурарзиши стратегӣ ноил шавем.

Вазири дифои Тоҷикистон аҳамияти ҳамкориҳои ду кишварро барои барқарории сулҳу субот ва амният дар минтақа таъкид намуда, қайд кардааст, ки муноқишаҳо ва ноамнии мавҷуда дар минтақа ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва рушду амнияти минтақа дучанд тақозо мекунад.

Даъвати вазири дифои Точикистон барои тавсеаи дучанди ҳамкориҳо дар ҳолест, ки чанд соли ахир муносибатҳои ин ду кишвар ба буҳрон мувоҷеҳ шуда буд.

Душанбе Эронро дар дастгирӣ аз мухолифони ҳукумати Раҳмон, ки ҳоло онҳоро дар Тоҷикистон мақомот “тероррист” медонад, муттаҳам мекунад. Ва вақтҳои ахир аз ин кишвар чандин дафъа ба номи “кишвари исломии ба мо маълум” дар филмҳои сиёҳкунандаи мухолифон аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ёд шуда аст. Аз сӯи дигар Теҳрон Душанберо дар гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд.

Бо вуҷуди он ки чанд соли ахир Тоҷикистону Эрон муносибати чандон гарм надоранд, аммо бо навиштаи Радиои Озодӣ даҳ сол пеш ҳудуди 150 сарбозу афсари эронӣ дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карда буданд.

Озодӣ менависад, он замон ки Шералӣ Хайруллоев мансаби вазири дифои Тоҷикистонро бар уҳда дошт, гуфта буд, ки “ҳам дӯсту ҳам душман як бори дигар дид, ки агар лозим шавад ду соат роҳ аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар Тоҷикистон бишаванд. Агар лозим шавад, мо ба Эрон меравем, якдигарро дастгирӣ карда дар байни дӯсту душман зиндагӣ мекунем.”

Дар пасманазари изҳороти вазири КДАМ-и Қирғизистон вобаста ба Ворух сафари вазири дифои Тоҷкистон ба Эрон ва баррасии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо вазири дифои Эрон суолҳоеро ба бор овардааст. Чун ҳоло дақиқ нест, ки сафар аз қабл машварат шуда буд ва ё ногаҳонӣ сурат гирифт. Ва метавонад рабте ба масоли баҳсии сарҳади Тоҷкистону Қирғизистон дошта бошад.

Дар ин бора мо аз Ҳасан Биҳиштипур, коршиноси масоили Авруосиё назар пурсидем, ки пас аз ин ҳама оё Эрон омода аст ҳамкориҳои ҳамҷонибаро бо Тоҷbкистон аз сар бигирад? Биҳиштпур мегӯяд:

Ҳасан Биҳиштипур, коршиноси масоили Авруосиё

“Равобити Эрону Тоҷикистон муносибатҳои амиқ ва устуворест, ки аз умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар реша мегирад. Аз ин рӯ, тарҳи иттиҳомҳои бардурӯғ ва беасос аз ҷониби онҳое, ки бо ягон сабаб намехоҳанд, ки муносибатҳои хуби мардуми ду кишвар рӯз ба рӯз густариш ёбанд, наметавонанд монеаи ҷиддӣ дар муносибатҳои ду кишвар дониста шаванд. Эрон бо дарки амиқи тавтиъаи онҳое, ки мехоҳанд муносибатҳои ду кишварро бо баҳонаҳои мухталиф халалдор кунанд, то кунун бо ин навъи иттиҳмот шикебоиро пеша карда аст. Аз ин рӯ, оғӯши мақомоти Эрон барои истиқболи бародарони тоҷики худ дар ҳама гуна раддаи масъулияте, ки ҳастанд ҳамеша боз аст ва ҳамеша боз хоҳад буд. Мутаносибан, Эрон бешубҳа сафари вазири дифоъи Тоҷикистонро самимона истиқбол хоҳад кард ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоиро нишонаи сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар ва иродаи ҳукуматҳо барои рушди ҳамкорӣ алайҳи ифротгароӣ ва терроризм мешуморад”.

Дар бораи он ки ин сафар метавонад рабте ба масъалаи сарҳадҳои ду ҳамсоякишвар бошад, оқои Биҳиштипур гуфт:

“Равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди кишвари саввум набуд ва нахоҳад буд, бинобарин сафари вазири дифоъи Тоҷикистон ба Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳамчун пуштибонии Эрон аз Тоҷикистон алайҳи Қирғизистон тафсир шавад. Эрон бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ равобити хуб дорад. Эрон намехоҳад нақши корти бозиро дар муноқишаҳои байни кишварҳои мухталиф бозад, аммо ҳатман омодагии комил дорад дар сурати тамоюли ду тараф барои ҳалли мушкилоти мавҷуд миёнҷигарӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари тоҷик, Парвиз Муллоҷонов ратб доштани сафари вазири дифои Тоҷикистонро ба Эрон дар қазияи даъвои сарҳадӣ аз мантиқ дур намедонад. Ӯ ба суоли “Аздо тв” дар бораи он ки оё ин сафар метавонад ба масъалаи сарҳадҳои ду ҳамсоякишвар рабте дошат бошад гуфт:

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ

“Ин миконпазир аст. Албатта, мо ба таври возеҳ гуфт наметавонем, то кадом дарҷа ин дуруст аст ё нест, чун мо мутахассиси сатҳи гирфитани қарор надорем. Лекин ба ҳар ҳол ин имконпазир аст. мо инро инкор карда наметавонем, аз ҷиҳати мантиқӣ шояд ин дуруст барояд.”