Хона блог саҳифа 604

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор воксин кумак кард

0

Субҳи 13-уми август Русия ба Тоҷикистон дар доираи кумакҳои башардӯстона 50 ҳазор воя воксини “Sputnik V” фиристод. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои вазорат, ин 50 ҳазор воя воксини “Sputnik V”-и воридгашта барои 50 ҳазор нафар дар назар гирифта шудааст.

Ваксинаҳои овардашуда дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустии кишвар нигаҳдорӣ шуда, дар асоси рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешаванд. Аммо маълум нест, ки воксини Русия кай ба аҳолӣ тақсим карда мешавад.

Мақомоти тоҷик пештар хабар дода буданд, ки бо мақомоти Русия барои гирифтани воксини зидди COVID-19 гуфтугӯҳо анҷом додаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба Тоҷикистон то кунун дар чанд марҳила кумакҳои башардӯстона дар ҳаҷми наздик ба ду миллиону 200 ҳазор воксин аз кишвраҳои Ҳиндустон, Озарбойҷон, Чин, Амрико, Шведсия, Олмон ва инак аз Русия ворид гаштааст.

Боздошти зани 24-сола дар Файзобод

0

Кормандони пулис як сокини ноҳияи Файзободро бо гумони расонидани зарари сабук ба саломатӣ боздошт карданд.  Зан писари 3-солаашро латукӯб кардааст.

‌‌Бино ба иттилои Маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса 28-уми июли соли ҷорӣ дар деҳаи Ҷавонони ноҳияи Файзобод рух додааст.

‌‌Дар хабар гуфта мешавад, ки як зани 24-солаи маҳаллӣ писари 3-солаи худро латукӯб карда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба қафаси сина аз тарафи чап ва оринҷи дасти росташ задааст. Мувофиқи хулосаи экспертизаи суди тиббӣ, кӯдак зарари ҷисмонии сабук ба саломатиаш бардоштааст.

‌‌Нисбати гумонбар тибқи моддаҳои 112 (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ) ва 174 (Иҷро накардани ӯҳдадории тарбияи ноболиғ) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД: ду нафар бо гумони даст доштан дар куштори мудҳиш боздошт шуд

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 12 август хабар дод, ки ду нафарро бо гумони даст доштан дар қатли 4 узви як хонавода – падари 39-сола ва се фарзанди ноболиғи 8, 13 ва 14-соларо дар ноҳияи Ҷайҳун дастгир кардааст.

Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсаяи ноҳияи Ҷайҳун ду марди 37 ва 33-соларо бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш боздошт кардаанд, ки ҳарду сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур мебошанд.

Вазорат дар ин маврид маълумоти бештар надодааст. Ва маълум нест, ки омили аслии ин куштор кӣ ва ё чӣ будааст. Инчунин ному насаби боздоштшудаҳо ва назари онҳо низ дастрас нест.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳоле аз боздошти ду нафар хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила дар нишасти матбуотии як ҳафта пешаш, 4-уми август аз боздошти ду нафар дар ин қазия гуфта буд. Вале маълум нест, ки сомонаи вазорат аз ҳамон боздоштшудаҳо мегӯяд ва ё ин нафарро нав дастгир кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 12-уми июни соли ҷорӣ ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа, худи ӯ ва се фарзанди ноболиғаш ба қатл расонида шуданд. Аммо ҳамсари ӯ, Латофат Азизова бо писараш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд. Сабабҳои ин куштори мудҳиш то ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Ҳодисаи мазкур баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои мухталифи ҷомеа ба бор овардааст. Баъзеҳо маъмурони милиса ва тафтишотиро ба нотавонӣ муттаҳам намуда, мегӯянд, ки нерӯҳои интизимӣ ва тафтишотӣ дар кашфи ин ҷиноят оҷиз мондаанд, аммо даҳҳо ва садҳо нафари бегуноҳро бо иттиҳоми террористӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Нигаронии мардум аз гарон шудани сӯзишворӣ ва роҳкиро

0

Густариши ҳамлаҳои низомии Толибон ва талаботи аз меъёр зиёди онҳо ба маводи сӯхт дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон боиси гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ширкати “Фароз”, ки пас аз “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар кишварамон аз таъминкунандаҳои аслии сӯзишворӣ дониста мешавад, Толибонро низ дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо сӯзишворӣ таъмин мекунад.

“Фароз” пеш аз Толибон дар муддати беш аз 10 сол нерӯҳои НАТО-ро дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон бо маводи сӯхт таъмин мекард. Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз қимат мешавад ва сокинон нигарони онанд, ки рӯзҳои наздик роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ низ гаронтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи баъзе коршиносони масоили иқтисодӣ, ширкати “Фароз” ва афроди алоҳидае ҳам дар гузашта маводи сӯзишвории арзонро ба таври қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мекарданд ва сипас бо нархи қиматтар дар дохили кишвар мефурӯхтанд ва ё Фароз онҳоро ба кишвар сеюм-Афғонистон содир мекард. Аммо ҳоло чунин имкон вуҷуд надорад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо нашри як гузориш дар истинод ба масъулони “Душанбенақлиётхизматрасон” навиштааст, ки шаҳрдории пойтахт ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карда, ки нархи хидматрасонии нақлиёти мусофиркашониро қиматтар кунад.

Аммо Сардори шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе Хайрулло Камолов гуфтаҳои сардори “Душанбенақлиётхизматрасон”-ро рад карда, гуфтааст, ки онҳо ба Вазорати нақлиёт дар ин хусус ҳеч пешниҳоде ироа накардаанд.

“Аслан, барои баланд намудани нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ мо ба Вазорати нақлиёт пешниҳод манзур намекунем. Мо танҳо дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ метавонем нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ бозбинӣ кунем. То ба ҳол чунин иқдоме аз ҷониби мо сурат нагирифтааст, – гуфтааст Камолов ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи Сардори “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҳамзаалӣ Ғаниев, “гароншавии сӯзишворӣ имкони хароҷоти баъзе корҳои муассиса, аз ҷумла харидории қисмҳои эҳтиётиро намедиҳад.”

Аммо масъули танзими кори нақлиёт дар шаҳрдорӣ гуфта, ки масъала дар ҳоли таҳлил ва баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ гароншавии нархи сӯзишворӣ ба кори муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бетаъсир намемонад.

Инчунин масъулони ширкатҳои таксӣ низ гуфтанд, ки гаронии сӯзишворӣ ба вазъи молии ронандагон зарари худро расондааст ва онҳо аз гарон нашудани роҳкиро норозигӣ кардаанд. Бинобар ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки азбаски маводи сӯзишворӣ бештар аз роҳи Қирғизистон вориди Тоҷикистон мегашт, пас аз даргириҳои хунини моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя марзҳои худро бар рӯйи тоҷикистониён баст ва ин боиси гарон шудани сӯзишворӣ дар кишвар гардидааст.

Иҷборӣ шудани воксингирӣ дар Тоҷикистон

0

Сокинони Тоҷикистон аз гашти хона ба хонаи кормандони тиб ва иҷброӣ будани воксингирӣ шикоят доранду Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳар вақте шаҳрвандон хоҳанд рафта воксин мегиранд.

Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз он шикоят доранд, ки кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо нозирони минтақавӣ хона ба хона гашта мардумро маҷбур мекунанд, ки воксин бизананд.

Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, шуруъ аз рӯзи душанбеи 9-уми август 4-5 нафар аз масъулони Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо нозири минтақавӣ хона ба хона мегарданд. “Онҳо ба хонаи мо ҳам омада, гуфтанд, ки воксин гирифтан ҳатмист ва бояд аз 18-сола боло воксин гиранд. Онҳо мегуфтанд, ки агар то рӯзи 20-уми август воксин нагиред, қарор мебарояду дигар аз хонаҳоятон баромада наметавонед”.

Манбаъ афзуд, ки масъулони вазорат таъкид мекарданд, ки воксини онҳо маҳсули Шведсия аст ва бояд худро эм кунанд ва дар сурати эм накардан ҷарима мешаванд. Ин дар ҳолест, ки кумаки Шведсия 9-уми август ба Тоҷикистон расидааст. Манбаъ мепурсад, ки худи ҳамон рӯзе, ки воксини Шведсия ба кишвар расид, дар ҳол онро тақсим карданд?

Манбаи дигаре аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар таъйиди ин хабар ба Аздо тв гуфт, масъулоне, ки ба хонаҳо ворид мешаванд, худашон на ниқоби тиббӣ доранд ва на дастпӯш. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат шубҳаи сокинонро бештар кардааст.

Бениқобу дастпӯш будани намояндагони вазоратро аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Аздо тв тасдиқ карданд. Ба гуфтаи Маркази матбуоти вазорат чунин ҳолатҳо ҳастанд, вале кам ва дар сурати шикоят оҷилан ҳал мешаванд. “Оне, ки табибон бениқобу бе дастпӯш мегарданд, шикоят кунанд мо ин масъаларо баррасӣ мекунем. Ин хел шикоятҳо дар мо ҳам ҳастанд, онҳоро ҳал мекунем”,  – гуфтанд аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Дар Маркази матбуоти ин вазорат гуфтанд, ки Вазорати тандурустӣ дастур додааст, ки кормандони тиббӣ хона ба хона гашта сокинони аз 18-сола болоро воксин зананд.

Дар ҳамин ҳол баъзе сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз он шикоят карданд, ки рӯзи 9-уми август дарсҳо дар макатбҳои миёна барои синфҳои якум оғоз шуд, фарзандонашонро ба мактабҳо бурдаанд, аммо масъулони баъзе мактабҳо онҳоеро, ки волидайнашон воксин нагирифта буданд, ба мактаб роҳ надоданд.

Ҳамзамон дар баробари ин як корбар бо номи Аҳмад Беков дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз он шикоят мекунад, ки модароне, ки воксин нагирифтанд, кӯдаконашонро дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба мактаб дар рӯзи аввали хониш роҳ надоданд.

“Имрӯз 9 август – аввалин рӯзе, ки кӯдакони синфи якум ба мактаб рафтанд. Аммо нафароне, ки модароншон (ваксина) нагирифтанд. Кӯдакони онҳоро ба мактаб роҳ надоданд. Дар тамоми дунё ваксина ихтиёрӣ аст. Чаро дар Тоҷикистон маҷбурӣ аст?”

Вале масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин ҳолатро рад карданд. Аммо ҳатмӣ будани воксинро барои шаҳрвандони аз 18-сола боло тасдиқ карда, гуфтанд, ки “воксинатсия ҳатмист, аммо маҷбуран ҳамин рӯз ту бояд хоҳӣ ё нахоҳӣ мегирӣ инхел нест. Ҳар вақт шаҳрванд имкон пайдо кард, меравад ва воксинро мегирад. Инро бояд гирад.”

Дар ҳамин ҳол 11-уми август, Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҷаноби Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар суҳбат бо Аздо тв гуфта буд, ба хотири ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз панҳшавии коронавирус воксингирии тамоми донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.

Корбарон аз он шикоят доранд, ки воксин гирифтан дар тамоми дунё ихтиёрӣ аст, пас чаро масъулони Вазорати маорифи ва тандурустии кишвар донишҷӯён ва волидайни мактабхонҳоро маҷбур доранд, ки воксин гиранд?

Кумаки $1,1 миллиони Русия ба Тоҷикистон

0

Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони посгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 миллион доллар ҷудо мекунад.

Дар ин бора Фергана бо истонод ба муовини Вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов хабар дода навиштааст:”Мо инчунин ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонем. Бо дархости шарикони мо, Русия барои сохтмони посгоҳи муосири сарҳадӣ дар яке аз осебпазиртарин минтақаҳои марз бо Афғонистон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 1,1 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад.”

‌‌Дар бораи он, ки Русия барои сохтмони посгоҳи нави сарҳадӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад, дар моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, Замир Кабулов хабар дода буд. Аммо, ҳаҷми кумаки молӣ пештар гуфта нашуда буд.

‌‌Пости нави сарҳадӣ дар пасманзари бад шудани вазъ дар Афғонистон сохта мешавад. Пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз қаламрави Афғонистон, ҳаракати Толибон ҳамлаҳои густардаеро оғоз кард ва аксари манотиқи Афғонистон ва марзро таҳти назорати худ гирифтааст.

Мулоқоти Ардуғон бо раҳбари Толибон

0

Раҷаб Тайиб Ардуғон, президенти Туркия эълон кард, ки ба хотири оштӣ додани афғонҳо эҳтимол дар оянда бо раҳбари Толибон мулоқот кунад.

Президенти Туркия гуфтааст, айни замон сохторҳои дахлдори кишвараш корҳои лозим, аз ҷумла гуфтугӯ бо ҳаракати Толибонро идома медиҳанд ва эҳтимол дорад дар оянда бо раҳбари Толибон (мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода) мулоқот кунад.

Ардуғон нагуфт, ки бо раҳбари Толибон кай ва дар куҷо мулоқот хоҳад кард. Аммо афзуд, шоми чоршанбе бо Толибон дар Қатар дар бораи роҳҳо ва василаҳои расидан ба сулҳро баррасӣ кардаанд. Вазъият дар Афғонистон ба марҳилаи хатарноке расидааст, бояд ба эътидол дароварда шавад.

Нерӯҳои Туркия дар доираи барномаи НАТО ва хурӯҷи низомиёни Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон дар ҳоли ҳозир таъмини амнияти фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул ва ҳимоят аз сохторҳои онро бар уҳда доранд, аммо пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО Толибон аз боқӣ мондани нерӯҳои Туркия розӣ нест.

Пештар Толибон эълон карда буд, ки дар сурати хориҷ нашудани нерӯҳои Туркия ҳамроҳи дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон эҳтимоли ҷанг ва ҳамла ба нерӯҳои Туркия дар фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул вуҷуд дорад.

Толибон бо забт кардани вилояти Ғазнӣ теъдоди вилоятҳои ба тасарруфи худ даровардаро дар зарфи панҷ рӯзи гузашта ба 10 адад расонида, ҳамалоти худро аз самти Шимол ва Шимолу Шарқ ба тарафи Кобул, пойтахти Афғонистон густариш медиҳанд.

Афғонистон 34 вилоят дорад ва бо кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад. Дар ҳоли ҳозир ба иддаъои Толибон наздик ба 85 дар сади манотиқи марзии Афғонистон дар тасарруфи нерӯҳои Толибон қарор доранд.

Суқути Бағлону Бадахшони Афғонистон ба дасти Толибон

0

Толибон зарфи се рӯзи гузашта 9 вилояти Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварданд.

Шабакаи Алҷазира дар истинод ба сухангӯи Толибон иттилоъ дода, ки шаби гузашта шаҳракаи Файзобод, маркази вилояти Бадахшон бидуни даргирӣ суқут кардааст. Ҳамзамон Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон низ дар ин шаб зери тасарруфи Толибон даромад.

Пеш аз ин Толибон шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор, шаҳри Қундӯз, маркази вилояти Кундӯз, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷонро низ аз дасти нерӯҳои ҳукумати Афғонистон гирифта буданд. Толибон ҳамзамон вилоятҳои Сари пул, Самангон ва Нимрӯзро низ дар қабзаи худ доранд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон айни замон ҷанг дар атрофи Мазори шариф, маркази вилояти Балх байни нерӯҳои Толибон ва Ҳукумати Афғонистон идома дорад.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон аз Кобул ба Мазори шариф сафар кард, то бо Атомуҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ва дигар раҳбарони ҷиҳодӣ дар ин минтақа барои бозпасгирии вилоятҳои шимолӣ аз дасти Толибон маслиҳат кунанд.

Афғонистон 34 вилоят дорад ва айни замон нерӯҳои Толибон аксари вулусволиҳо(ноҳияҳо)-и ин вилоятҳо бо шумули марзҳои ин кишвар бо ҳамсояҳои Афғонистонро зери тасарруфи худ доранд.

Истирдоди ҳашт нафар аз Русия ба Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷиноятҳои гуногун муттаҳам шуда, дар пайгард қарор додштанд, дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Хабаргузории ТАСС дар истинод ба Прокуратураи генералии Русия иттлоъ дода, ки “мақомоти Русия ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон барои таъқиби ҷиноятӣ супориданд”, – омадаст дар хабар.

Гуфта мешавад, яке аз боздоштшудаҳо бо номи Насратшо Ҷонмирзоев ба он айбдор мешавад, ки моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Хоруғ мошини кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо пулемёт тирборон кардааст. Дар натиҷа, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии шаҳр, корманди милисаи ҳамин шӯъба, коршиноси судӣ -тиббӣ ва як сокини маҳаллӣ кушта шуданд.

Аз як истирдодшудаи дигар Икромҷон Боронов номбурда мешавад, ки ба фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир ба Русия дар соли 2009 айбдор мешавад.

Инчунин мақомоти Русия “Фирӯз Сафаров, (бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир), Акмал Юнусов, (бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми калон) ва Идрис Назаровро (бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ ва авбошӣ) дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод карданд”,- менависад ТАСС.

Прокуратураи генералии Русия зимни шарҳи парвандаи ҳар як истирдодшуда мегӯяд, тафтишот нишон дода, ки яке аз муттаҳамон бо номи Мирзоалӣ Давлатов, моҳи ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо шариконаш ғайриқонунӣ ба хонаи як сокини ин ноҳия ворид шуда, 78700 сомонӣ моликияти ӯро дуздидааст.

Аммо Даврон Бердиев ба он муттаҳам мешавад, ки дар моҳи феврали соли 2020 ҳамчун сардори гурӯҳи муҳофизон ва таъминоти қисми низомӣ дар вилояти Суғдро ҳангоми кор бидуни иҷоза маҳалли корро тарк кардааст. Ва Эмомалӣ Салимов бошад пас аз таътили кӯтоҳ ба қисми низомӣ барнагаштааст.

Аммо то ҳол назари шахсӣ ва наздикони истирдодшудаҳо маълум нест.

Солҳои ахир хабарҳои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар бисёр расонаӣ мешавад.

Кумаки Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия ба як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик барои пардохти музди корӣ кумак кардааст.

Намояндагии ин вазорат дар сафҳаи фейсбукии худ иттилоъ дода, ки 28-уми июли соли 2021 як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷик иборат аз 24 нафар барои пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфамо дар Русия ба намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ариза пешниҳод намуданд.

Тибқи маълумот онҳо дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекарданд ва наметавонистанд маоши худро, ки 6,2 миллион рубли русӣ аст, аз корфармояшон бигиранд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия аз 3 то 9 августи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ аз 6 миллиону 200 ҳазору 230 рубли русӣ муодили 93 ҳазору 48 сомонӣ зиёда аз 3 миллион рубли он ба муҳоҷирон баргардонида шуд.

Гуфтанист, намояндагӣ муайян карда, ки муҳоҷирон дар ин ширкати сохтмонӣ ба сурати корбайъ, вале бидуни шартномаи меҳнатӣ корро қабул карда, ҳаққи кори онҳо баъд аз анҷоми сохтмони иншоот пардохт карда мешавад. Вобаста ба ин масъулони намояндагӣ ба муҳоҷирони корӣ тавсия додаанд, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ҳатман бо корфармо шартномаи корӣ ба имзо расонанд ва нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд, то минбаъд бо чунин мушкилиҳо гирифтор нашаванд.

Инчунин намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират менависад, ки вобаста ба пардохти маблағи боқимондаи муҳоҷирон масъулин бо корфармо суҳбат карда, то охири ҳафтаи оянда маблағ пурра пардохт карда мешавад.