11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 63

Мақомот: Муҳоҷирони афғон хоки Тоҷикистонро тарк кунанд

0

Бо шиддат гирифтани раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои Эрону Покистон инак Душанбе ҳам пеш аз он, ки муҳлати 15 рӯзааш ба итмом бирасад, ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони афғон оғоз кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти корҳои дихилӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди боздошт ва ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афнғонистониро дар қаламрави кишвар шиддат бахшидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ надодаанд, аммо даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ба расонаҳо гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо муҳлат додаанд, ки дар муддати 15 рӯз хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.

Пеш аз Хабаргузории Олмон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон раванди кофтукоби хона ба хона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонро ҳанӯз шаш моҳ пеш оғоз карда буданд.

Бо ин вуҷуд, Хабаргузории “Азия-плюс”-и Тоҷикистон ҳам ҳафтае пеш ба нақл аз раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанбе Мусаввир Баҳодурӣ гуфта буд, гузоришҳо дар хусуси ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон нодуруст аст.

Аммо, сомонаи “Афғонистон Интернешнал” бо нашри як гузориш, ин иддаъои раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанберо рад карда, гуфтааст, кормандони сафорат ва Кумитаи муҳоҷирон аз тарси он, ки муносибаташон бо мақомоти Душанбе бад нашавад, дар бораи раванд ин ҳама боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон чизе намегӯянд.

Ба гуфтаи бархе муҳоҷирон, ки ба расонаҳо дарди дил кардаанд, то чанд рӯзе пеш мақомоти фасодзади Тоҷикистон бо пардохти пулу ришва хеле аз муҳоҷирони боздоштшударо озод мекарданд, аммо дар ин чанд рӯзи ахир, ки ин раванд шиддат гирифтааст, дигар пулу ришват додан ба кормандони корҳои дохилӣ ва анмияти миллӣ корсоз нест ва мушкилро ҳал намекунад.

Ҳамзамон гузоришҳое нашр шудааст, ки дар ин муддат рӯзона мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз муҳоҷирони афғон ва бахусус мардҳои хонавода бидуни иттиллои қаблӣ ва огоҳ кардани хонаводаҳои онҳо боздошт карда ба Афғонистон бозгардонидааст.

Ин иқдомҳои мақомоти Тоҷикистон аксари муҳоҷирони Афғонистонро нигарон кардааст, зеро аксари онҳо аз мувофиқон ва ё кормандони давлатии ҳукумати пешини ин кишвар бо раҳбарии Муҳҳамад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти фирории Афғонистон мебошанд ва тарси онро доранд, ки дар сурати бозгашт ба Афғонистон боздошт ва зиндонӣ хоҳанд шуд.

Гуфтанист, айни замон ҳудуди 13 ҳазор муҳоҷирони афғонистон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи шаҳри Душанбе ба сурати расмӣ зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо интизори дарёфти раводиди худ барои интиқол Канада ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон то чанд рӯзе пеш аз минбарҳои баланди дохилӣ ва хориҷӣ ба сурати расмӣ ва баъзан хеле ҳам тунд алайҳи Толибон мавзеъгирӣ карда, аз мухолифони онҳо истиқбол мекарданд, аммо дар ин авохир лаҳни гуфторашон нармтару муносибаташон бо Толибон хеле беҳтар шудааст. Ба ҳамин хотир, айни замон бархе шаҳрвандони афғонистоние, ки ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул ҳастанд, низ тарси онро доранд, ки имрӯз ё фардо кормандони мақомот нагоҳон барои боздошт ва ихроҷи онҳо иқдом хоҳанд кард.

Тоҷикистон ба сурати расмӣ беш аз ду даҳа ба ин сӯ мизбони муҳоҷирони Афғонистон аст. Аммо дар ин ду даҳа ҳамеша теъдоди онҳо дар ҳоли тағйир буда, гоҳе камтару гоҳҳое дигар адади онҳо зиёдтар мешавад. Аммо, дар ин 4 соли ахир, ки Толибон дубора сари қудрат омадаанд, аз нав ҳазорҳо нафар муҳоҷирони Афғонистон ба Тоҷикистон панаҳ оварда, қисми зиёде аз онҳо ба дигар кишварҳои дуру наздик рафтаанд.

Ҳамалоти шадиди Русия ба Донетск

0

Бар асари ҳамлаҳои бомдодии Русия алайҳи Украина дар шаҳри Добропилия дасти кам 27 нафар кушат ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 16-уми июли соли 2025 артиши Русия ба бозори марказии шаҳри Добропилия, воқеъ дар вилояти Донетски Украина ҳамла карда, дар натиҷа 2 нафар кушта, беш аз 25 каси маҷрӯҳ гардидааст.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, ин ҳамлаҳои сангин, ки тавассути бомбҳои гаронвазни то 500 килограмӣ анҷом шуд, ба садҳо биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ дар ин шаҳр осеби ҷиддӣ ворид карданд.

Инчунин, мақомоти украинӣ низ ба расонаҳо гуфтаанд, ки “ҳамлаи мазкур дақиқ ба як минтақаи тиҷоратӣ нигаронида шуда, ҳангоми авҷи рафтуомади мардум сурат гирифт ва дар маҷмуъ, 54 мағоза, 13 иншоот ва беш аз 300 манзил осеб дидаанд.

Ҳамзамон бо ин ҳамла, Русия зарбаҳои мушакӣ ва дронӣ ба дигар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Харков, Виннитсия ва Одессаро низ анҷом дод, ки дар натиҷа дасти кам 15 нафар захмӣ ва ба зерсохторҳои иҷтимоӣ ва энергетикӣ дар минтақа осеб расидааст.

Гуфтанист, ин амал дар пасманзари шартгузории ахири Доналд Трамп, президенти ИМА ба Русия сурат гирифт. Кохи сафед аз Кремлин талаб карда буд, ки дар муддати 50 рӯз дар бораи тавофуқоти сулҳ бо Украина бо Ғарб ба созиш бирасад, вале он аз ҷониби Маскав нодида гирифта шуд.

Аз сӯи дигар, мақомоти Украина ва нозирони байналмилалӣ низ ин ҳамларо ҳамчун як амали ваҳшиёна алайҳи аҳолии осоишта маҳкум намуда, даъват ба иқдомҳои ҷиддии дипломатӣ ва ҷазоҳои иловагӣ карданд.

Ҳамалоти Исроил ба Сурия

0

Бо шиддат гирифтани нооромиҳо дар минтақаи Сувайдои Сурия, ки қисме аз сокинони онро дурзиҳо ташкил медиҳанд, ҳамалоти Исроил алайҳи Сурия афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, имрӯз, 16-уми июли соли 2025, нерӯҳои ҳавоии Исроил ҳамзамон бо ҳамла ба наздики қасри раёсати ҷумҳурӣ дар шаш навбат ба бино Ситоди кулли артиши Сурия низ ҳамла каранд.

Мақомоти Сурия бо маҳкум кардани ин ҳамалот мегӯянд, ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии артиши Исроил ба хоки ин кишвар тайи се рӯзи ахир талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёдеро ба бор оврадаанд.

Аз сӯи дигар расонаҳои исроилӣ ба нақл аз артиши ин кишвар эълон кардаанд, ки нерӯҳои ҳавоии Телавив аз дишаб то ҳол ба 160 ҳадафи худ дар Сурия, ки аксари онҳо дар Сувайдо ва атрофи он мебошанд, ҳамла кардаанд.

Илова бар ин, артиши Исроил ба ду баталёни худ дар Ғазза ва дигар маконҳо низ дастур додааст, ки ба Ҷулони ишғолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Сурия бираванд, зеро артиши ин кишвар барои ҳамлаҳои иловагии худ дар Сурия омода мешавад.

Исроил мавҷи ҷадиди ҳамалоти худ алайҳи Сурияро аз замони рӯи кор омадани ҳукумати ҷадид бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, раиси ҷумҳури феълӣ оғоз карда буд, аммо пас аз оғози нооримиҳои ахир дар Сувайдо, ки аксари сокинони он дурзиҳо мебошанд, онҳоро густариш додааст.

Гуфтанист, дурзиҳои Сурия ба монанди исмоилиҳо, алавиҳо, шиаёни дувоздаҳимомӣ, насрониҳо, ва яҳудиён гурӯҳе аз аққалиятҳои мазҳабӣ дониста мешаванд, ки як қисме аз онҳо дар он сӯи марзҳои Сурия дар Исроил зиндагӣ мекунанд. Исроил даъво дорад, ки ҳомии ақаллиятҳо, аз ҷумла дурзиҳо мебошад. Ба ҳамин баҳона, ахиран ҳамолоти худро алайҳи Сурия густариш додааст.

Сарсонии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

0

Садҳо нафар муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия наметавонанд сари вақт патентҳои худро дарётф кунанд.

Имрӯз, 16-уми июли соли 2025, бархе муҳоҷорони кории Тоҷикистон дар Русия бо ирсоли аксу наворҳое аз Маркази муҳоҷирати Санкт-Петербург мегӯянд, ки соатҳо дар интизори навбат истодаанд, то ҳуҷҷатҳои худро сари вақт дуруст кунанд, аммо наметавонанд.

Дар ин наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо нафар муҳоҷирони корӣ, ки ба хотири гирифтани патент ва дигар намуди иҷозатномаҳои корӣ ба ин марказ муроҷиат кардаанд, дар сафҳои тӯлонӣ росто истода сарсону саргардон мебошанд ва намедонанд, ки кай навбат ба онҳо мерасад.

Инчунин дар бархе аз ин наворҳо низ дида мешавад, бархе касоне, ки сари вақт аз гирифтани ҳуҷҷатҳои худ ноумед шудаанд ва ё аз навбатпойии зиёд хаста шудаанд, дар дигар утоқҳои ҳамшафат ва махсуси онҷо рӯи замин хобидаанд.

Ҳамзамон дар байни ин муҳоҷирони корие, ки барои гирифтани патент ва дигар намуди иҷозатномаҳо ба Маркази муҳоҷиратии Санкт-Петербург муроҷиат кардаанд, афроди бузургсол ва ҳатто ришсафедон низ дида мешавад, аммо ба гуфтаи муҳоҷирон муносибати мақомоти дахлдор бо дидани ин ҳама ҳолатҳои риққатовар на танҳо беҳтар, балки рӯз аз рӯз бадтар ҳам мешавад.

Гуфтанист, мақомоти Русия аз лаҳзаи вуруди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба хоки ин кишвар таҳқиру тавҳин ва сахтгириҳои худро нисбат ба онҳо оғоз мекунанд ва рӯз то рӯз раванди гирифтани патент ва дигар намуди иҷозатномаҳои кориро низ барои онҳо душвортар менамоянд.

Ин ҳолати риққатбор танҳо хосси як маркази муҳоҷират дар Санкт-Петербурги Русия нест, балки дар дигар бузургшаҳрҳои Русия ба мисли Маскав ва атрофи он низ аҳволи муҳоҷирон ба ҳамин монанд ва ё баъзан бадтар аз он низ гузориш мешавад.

Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор зиндони дорад

0

Аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба вуҷуд овардааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфтааст, ки айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Ин омор дар ҳоле нашр мешаванд, ки то моҳи январи соли 2024 арзёбии мақомот дар хусуси шумораи зиндониён ҳудуди 13,5 ҳазор нафар буд. Ва ба гуфтаи Омбудсмени тоҷик бо зиёд шудани беш аз 1 ҳазору 500 нафари дигар ба теъдоди онҳо ваъи нигаронкунандаеро дар робита афзоиши зиндониҳо ба бор овардааст.

Пеш аз ин ҳам борҳо бархе сохторҳои дохилӣ ва ниҳодҳои байнулмилалӣ дар бораи аз меъёр зиёд будани теъдоди зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳам соли гузашта пас аз боздиди се муассисаи ислоҳии тобеи Вазорати адлия низ аз чунин вазъи асафбори зиндонҳо интиқод карда буд.

Дар ин гузориши Ваколатдор омадааст, ки соли 2024 15 ҳазору 600 маҳбус аз ташхиси вируси норасоии масъунияти бадан (ВНМО) гузаронда шуданд ва 30 нафар аз онҳо ба ин вирус мубтало будаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод қабл аз ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳӣ ба ин беморӣ гирифтор буданд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба сурати расмӣ 19 муассисаи ислоҳӣ ва боздоштгоҳ фаъолият мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон идао мекунанд, ки бисёре аз ин зиндонҳо таҷдид ва навсозӣ шудаанд ва шароити нигоҳдории маҳбусон наздик ба талаботи байналмилалӣ аст.

Аммо омбудсмени Тоҷикистон ин иддаои онҳоро рад карда, мегӯяд, ки бо вуҷуди аз ҳад зиёд нигаҳ доштани маҳбусон пушти миллаҳои зиндонҳо шароити санитариву маъишӣ ва тиббии маҳбасхонаҳои кишвар ба талоботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин

0

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чиниаш Ван И дар бораи таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтугӯ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 16-уми июли соли 2025, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар шаҳри Тянҷини Чин дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Сомзони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот “ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ уфуқҳои нав боз карданд, баррасӣ ва муҳокима намуданд.”  

Чин бо афзоиши кумакҳо ва сармоягузориҳои молӣ ва фанӣ тавонистааст бозори иқтисодии Тоҷикистонро қисман вобастаи худ кунад. Ҳамин вобастагиҳо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур кардаанд, ки ҳазорҳо гектар заминҳои корамро ба деҳқонони чинӣ дода беш аз 75 дарсад конҳои Тоҷикистонро низ дар ихтиёри бархе соҳибкорону ширкатҳои чинӣ қарор бидиҳад.

Гуфтанист, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай субҳи дирӯз, 15-уми июл нишасти навбатии худро дар шаҳри Тянҷини Чин оғоз карда, зуҳри имрӯз 16-уми июл бо судури чанд қарор ва як изҳороти муштарак ба кори худ поён дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пеш аз ин дар раъси як ҳайати расмӣ бо дигар ҳайатҳои кишварҳои узви ин созмон низ дар ҳошияи ин нишастҳо дидору мулоқотҳоеро анҷом дода буд.

Патент қимат мешавад?

0

Эҳтимол меравад бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи нави Қонун дар бораи патент ва иҷозатномаи кор дар Русия нархи хидматрасонии онҳо то 4 ҳазору 200 рубл афзоиш ёбад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, 15-уми июли соли 2025 дар порлумони Русия тарҳи нави Қонун дар бораи патент ва иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ гардид.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфтааст, ки дар баробари зиёд шудани даромад ба буҷаи давлат, ин тадбир метавонад ба шиддат бахшидани назорат бар муҳоҷирон, муайян кардани ҷойи аслии иқомат ва дар ниҳоят коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат кунад.

Инчунин бар асоси пешниҳоди ин тарҳи ҷадид, эҳтимол меравад пардохти хизматрасониҳои марбут ба гирифтани патент, дароз кардани муҳлати он, гирифтани нусха ва ё ворид кардани тағйирот ба патент аз 2100 то 4200 рубли иловагӣ афзоиш ёбад.

Бояд зикр кард, ки танҳо дар як соли ахир ба баҳонаи танзим кардан ва маҳдудсозии шарту шароити зиндагӣ ва кори муҳоҷирон наздик ба 20 санаду қарорҳои гуногун қабул кардааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ин иқдомҳо, ки аксар бо баҳонаи танзими равандҳои муҳоҷиратӣ роҳандозӣ мешаванд, дар асл ба хотири кисатаконии муҳоҷирон равона мешаванд, то вазъи зиндагии онҳоро душвортар намоянд.

Гуфтанист, солона дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар баъди хатми мактаби миёна, ба далели иқтисоди заъифи хонавода ва пайдо накардани ҷои кори муносиб кишварро тарк мекунанд. Дар ин миён, бо вуҷуди шароити сахти кору зиндагӣ аксари дар Русия боз ҳам аксари муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба ин кишвар мераванд.

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

0

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро ғайри қаноатбахш эълон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз, 14-уми июли соли 2025, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нимсолаи якуми худ дар соли 2025 ҳисобот дод.

Ин нишаст, ки бо ҳузури Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шуд, дар он “таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъият кам намудани талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии назорати истифодаи неруи барқ, таъмини устувори неруи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи он мебошад.”

Аммо Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон, ки ин ҷамъият яке аз ниҳодҳои зертобеи он аст, фаъолияти нимсолаи онро ғайри қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфтааст, ки зудтар камбудиҳои худро бартараф кунанд.

Ба қавли хадамоти матбуоти ин вазорат, Далер Ҷумъа "ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026  дастуру супоришҳои мушаххас доданд."

Гуфтанист, ин ҳама камбудиву норасоиҳо дар соҳаи таъмини барқ ба мардум дар Тоҷикистон дар ҳоле гузориш мешавад, ки бо вуҷуди гармии ҳаво, пури об будани обанборҳо ҳамоно дар бархе манотиқи кишвар ба сурати ғайри расмӣ лимити барқро ҷорӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар, ба қавли худи вазир дар ин ҷамъият, ки масъули тақсимоти неруи барқ ба мардум аст, ҳамоно “изофанависӣ” ва аз ин тариқ дуздӣ ва ғорат кардани дороиҳои мардум идома дорад.

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се нафар наврасони ноболиғро дар пойтахт ба дуздӣ муттаҳам кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ки имрӯз, 15-уми июли соли 2025 нашр шуд, мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе се нафар ноболиғро бо гумони содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ боздошт кардаанд.

Ба қавли манбаъ, ин нафар, ки аз онҳо Абдураҳмонов С., Ахвердиев М., ва Қудусов А. ном бурда мешавад, “дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ 3-далели даст доштани номбурдагон дар ҷиноятҳои дуздӣ ошкор карда шуданд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин нафарро дар ғорат кардани як мағозаи хӯрокворӣ бо номи “Дирам” муттаҳам карда, гуфтааст, ки онҳо шаби 11-уми моҳи ҷорӣ ғайриқонунӣ ба дохили он ворид шуда, “маблағҳои пулӣ ва маҳсулоти хуроквориро тасарруф намудаанд”, ки дар маҷмӯъ зарари онҳо ба мағоза “10-ҳазор сомонӣ” арзёбӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи синну сол, ҷои истиқомат ва доштани адвокати ин се ноболиғ, тавонад аз онҳо дар назди мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ҳимоят кунад, иттилоъ надодаанд ва назари адвокат ва ё падару модар ва ё дигар сарпарастони онҳо низ зикр нашудааст.

Гуфтанист, ҳар чанд Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки онҳо се ҳолати дигари дуздиро низ эътироф кардаанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба хабару мадорики зиёди нашр дар расонаҳо дар робита ба гирифтани эътирофоти иҷборӣ зери зарбу шиканҷаҳои мақомот, Аздо тв наметавонад дар ҳоли ҳозир ба танҳоӣ ин ҳама иттиҳомоти мақомотро ростиозмоӣ кунад.

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми ришваситонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои манбаъҳои додгоҳӣ, Аюб Усмонзода, ки устоди фанни таърих буд, дар гирифтани ришва дар ҳаҷми зиёд гунаҳкор дониста шудааст. Мақомот мегӯянд, парвандаи ин профессори 53-сола пас аз як таҳқиқоти ҷиддӣ ва ҷамъоварии далелҳо баррасӣ гардида, ҳукми ниҳоӣ содир шудааст.

Пеш аз ин ҳамсари Аюб Усмонзода ба расонаҳо гуфта буд, ки “дарҳақи шавҳараш бадӣ шудааст” ва ӯ ин иттиҳомотро беасос мемида буд. Ҳамсар ва хонаводаи вай умедвор буданд, ки профессор аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Аммо дар ҳоли ҳозир, на назари худи профессор Усмонзода, на наздикону пайвандон ва не аз вакили дифои ӯ дар бораи ин иттиҳомоти сангин ва ҳукми додгоҳ ба расонаҳо эълон нашудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин ҳукми худ алайҳи собиқ ректори Дошнишгоҳи Давлатии Хуҷанд профессор Аюб Усмонзодаро, рӯзи 26-уми июн содир кардааст. Аммо то кунун ҷузъиёти ин парванда ба сурати расмӣ ба васоити ахбори омма шарҳ надодааст.

Гуфтанист, профессор Аюб Усмонзода соли 2022 бо қарор ва имзои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин шуда буд, вале моҳи майи соли 2025 аз ин мақом барканор гардид ва сипас баъд аз чанд рӯз хабари боздошташ расонаӣ шуд.

Бар асоси оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои зертобеи он яке аз соҳаҳои густаришёфтаи фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо ришват додану ришват ситонидан хеле зиёд аст.

Ҳукумат ва дигар мақомоти Тоҷикистон ҳам хуб медонанд, ки решаҳои асосии густариши ин ҳама фасодҳои идорӣ ва ахлоқӣ дар мактабу донишгоҳҳо агар нахуст маъоши кам ва иқтисодиёти заъиф бошад ва қадами дувум вуҷуди редҳои зиёди назоратчиёни соҳаи маориф, бархе кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва дигар мақомот ва тамаъкории онҳо низ мебошад.