Муҳаммадсаид Акрамов, писарамаки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ ва 13 тан аз наздикони ӯ ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи » Ихвон-ул-муслимин гунаҳгор дониста шуданд.
Ахиран Додгоҳи вилояти Хатлон сархатибу се бародарашро шартан озод кардааст, вале 10 нафари дигар, аз ҷумла писару домод ва ҷиянҳои сархатиб,аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба баҳонаи беморӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст. Аммо наздикони дигари Муҳаммадсаид Акрамов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ норизоятӣ кардаанд. Яке аз онҳо бе зикри номаш гуфтааст, «гуноҳи Акрамов ва 13 нафар аз хешованди ӯ дар додгоҳ собит нашуд, вале сарфи назар аз ин онҳо ба зиндон маҳкум шуданд». Вале Бобоҷони Шералӣ, додраси парванда гуфтааст, «маҳкумшудаҳо ба ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ ва узвият дар он гунаҳкор ҳастанд». Муҳаммадсаид Акрамову бародаронаш ва хешовандони дигари ӯ чаҳормоҳ пеш аз сӯи мақомоти интизомии вилояти Хатлон дастгир шуданд.
Додгоҳ тафсилоти парванда ва ҳукмро ошкор намекунанд, вале яке аз пайвандони Муҳаммадсаид Акрамов гуфтааст,чанд нафар аз фарзандони Акрамов солҳои пеш дар Миср таҳсил мекарданд ва бо даъвати мақомот соли 2014 баватан баргашта буданд. Аз миёни маҳкумшудаҳо Абдулазиз Акрамов, писари сархатиб, борҳо дар телевизиони»Мавҷи Озод»- ноҳияи Восеъ дар мавзӯи мубориза бо терроризм суҳбат кардааст. Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар «Ихвон-ул-муслимин» авоили моҳи январи имсол оғоз шуд. Мақомот афроди муттаҳам ба узвиятдар ин гурӯҳро дар минтақаҳои гуногуни кишвар боздошт карданд. Дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон,донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ ҳастанд.
Созмони «Ихвон-ул-муслимин», ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад,аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шуда буданд. «Ихвон-ул-муслимин» як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ танҳо дар чанд кишвари арабии низомашон худкома мамнуъ аст. Пайравони ин ҳаракат, созмонро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд,вале додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки «ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст.
Ҳукми писарамӯи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва бастагони ӯ барои узвият дар як созмони сиёсии динӣ дар ҳоле содир мешавад,ки чанде қабл яке дигар аз наздикони ӯро бо иттиҳоми салафӣ равонаи зиндон карда буданд.Ӯ низ даъвати мақомот барои бозгашт ба ватан ва мавриди афв қарор гирифтанро рост пиндошта бармегардад аммо аз суи мақомоти амният боздошт ва сипас зиндонӣ мешавад. Як тан аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери хабари ҳукми писарамаки муфтӣ навиштааст, ки Абдуқодирзода ба хотири мансаб шуда ҳатто барои рузахӯрӣ фатво дод ва бо вуҷуди ин ҳама чоплусӣ касе шахси ӯро дар ин ҳукумат ба эътибор намегирад. Аммо Сайидмукаррам Абдуқодирзода ба ин мақом аз муовинати Раёсати танзими расму анъанаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон омадааст.
Ҳукумати Русия Қарорномаи сиёсати давлатии муҳоҷирати ин кишвар барои солҳои 2020-2022ро ба тасвиб расондааст. Дар ин бора қарори ҳукумати Русия 30 май ба имзо расид ва ин консепсиюн нақша ва чорабиниҳои ҳукумати Русия ва наҳваи татбиқи онҳо дар тӯли ин солҳоро дар робита ба муҳоҷират дар назар дорад.
Нақшаи мазкур аз тарафи вазорати умури дохилаи Русия ва бо ҳамкории дигар мақомоти давлатӣ барои ислоҳи низоми муҳоҷират ва институти шаҳрвандии ин кишвар таҳия шудааст.
Дар ҷараёни татбиқи нақша такмили шароити иқомати доимӣ барои атбои хориҷӣ ва гирифтани мақоми табаият дар назар гирифта шудааст. Бар пояи ин консепсиюн шароити нави ҳуқуқӣ барои будубоши баландмуддати атбои хориҷӣ фароҳам карда мешавад,ки ба муосиртар кардани наҳва ва созукори соҳаи муҳоҷирати корӣ,таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ барои муҳоҷират мусоидат хоҳад кард ва низ ва низ дар системаи давлатии идораи соҳаи муҳоҷират ислоҳот ворид мекунад.
Дар назар аст ки маҷмӯи чорабиниҳо барои таъсиси платформаи воҳиди иттиллоотӣ, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро дорад ва тавонад хадамоти давлатиро арза ва таъмин кунад,ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки байни шаҳрвандон ташкилот ва мақомоти давлатӣ дар намуди электронӣ таъмин намояд татбиқ карда хоҳад шуд.
Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Русия аз чанд сол ба ин сӯ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дорад.Аммо Ковид-19 ошкор кард, ки ин кишвар бидуни ҷалби неруи кори хориҷӣ ва ё муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад иқтисоди худро пеш бибарад. Ба хусус арсаи кишварзӣ ва сохтмони Русия ниёзи шадид ба неруи кори хориҷӣ дорад.Аз ин ҷиҳат ҳоло роҳбарияти Русия қасд дорад шароити ҷалби муҳоҷирон ба ин кишварро беҳтар ба роҳ монад.Ахиран барои дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ ва мақоми шаҳрвандӣ Русия барои кишварҳои шӯравии пешин сабукиҳои зиёд дод.