Хона блог саҳифа 637

Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамтояш Раҳмонӣ Фазлӣ дар Эрон

0

Бино ба иттилои хабаргузориҳои эронӣ имрӯз 1 июн вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Эрон Абдуризо Раҳмонӣ Фазлӣ дидору гуфтугӯ кард.

Сомонаи наздик ба ҳукумати Эрон “

Сурат: irna.ir

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмонӣ Фазлӣ низ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Ва охирин сафари расмии ҳайати давлатӣ аз Тоҷикистон сафари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо буд, ки моҳи апрел анҷом ёфт.

Бонки ҷаҳонӣ 50 млн доллар ба Тоҷикистон кумаки грантӣ медиҳад

0

Директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 50 миллион доллар гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Барномаи ислоҳоти андози Тоҷикистонро тасдиқ карданд.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии татбиқи таҳрири нави кодекси андоз ва навсозии системаи андоз бо мақсади мувозинати ҳадафҳо ва вазифаҳои сафарбаркунии даромади дохилӣ ва рушди бахши хусусӣ мебошад.

“Вақте ки ҳавасмандкуниҳо тавре тарҳрезӣ карда мешаванд, ки соҳибкорон ва сармоягузорон воқеан аз муваффақиятҳои тиҷорӣ ва иштироки хуби ҳукумат баҳра баранд, бахши хусусӣ нақши торафт фаъолро дар рушди навоварӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани заминаи андоз, мебозад”, – гуфт Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии БҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти андозро аввалиндараҷа ҳисобида, беҳтар намудани аҳамияти фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллиро инъикос мекунад.

Тавассути кодекси нави андоз, ки ҳоло мавриди баррасии Ҳукумат қарор дорад, кишвар кӯшиш мекунад, ки маъмурияти андозро муосир карда, сиёсати андоз ва равандҳои ҷамъоварии даромадҳоро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ба роҳ монад.

Хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ қайд мекунад, ки ин ислоҳот қадами муҳим барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 мебошад, ки 3,5 маротиба афзоиши даромади хонаводаҳо ва то соли 2030 коҳиш додани сатҳи камбизоатиро пешбинӣ мекунад.

ВКД: Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар н.Балхӣ 9 захмӣ баҷо гузошт

0

Дар ҷануби Тоҷикистон дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Халивади ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, таркиш рух дод. Таркиш рӯзи 31 май соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, Умеда Юсуфӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки таркиш дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба амал омадааст.  Имрӯз 1 июн ВКД ҳодисаро шарҳ дод. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шудааст.

ВКД сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишвориро корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда гуфт.

То ҳол ҳаҷми зарари ин сӯхтор муайян нашудааст. Ба иттилои ВКД зарар аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якуми май ба ин монанд дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе низ сӯхтор ба амал омад, ки боиси таркиш гардид.

Дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Пас аз ёрии аввалияи тиббӣ ба 22 нафар иҷозат дода шуд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. 7 нафари дигар ба хотири вазнин арзёбӣ шудани саломатияшон таҳти назорати табибон монданд.

Як ҳафта пас аз таркиш дар беморхона, Алексей Рязанцеви 21-сола, ки дар ин нуқтаи сӯзишворӣ кор мекард ва ҳангоми таркиш 75 дарсади баданаш сӯхта буд, даргузашт.

Нисбати соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола парванда боз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Пас аз ин таркиш дар Душанбе, хадамоти оташнишонии ВКД дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории саросари кишвар рейдҳоро оғоз кард.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушду нумӯи варзиш дар кишвар

0

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бо раёсати Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумхурии Точикистон рӯзи 31 май баргузор шуд, бештар рӯи рушду нумӯи соҳаи варзиш таъкид гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумхурӣ дар ин ҷаласа ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Абдулло Раҳмонзода дар бораи иҷрои Қарори Ҳукумат аз 27 майи соли 2017  “Дар бораи барномаи ҳамаҷонибаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2017-2021” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин барнома, рушди варзиш, дастрасии он ба аҳолӣ, хусусияти омавии варзиш, таъмини самарабахши чорабиниҳои варзишӣ дар байни аҳолӣ ва аз инрӯ, муайян кардани наврасон ва ҷавонони қобил ҷиҳати ноил шудан ба натоиҷи баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо супориш дод, ки иҷрои барномаи дар боло зикршударо таъмин кунанд.

Аъзои Ҳукумат хамчунин як қатор масъалаҳо дар мавриди Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2030,  дар бораи барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, дар бораи барномаи амнияти сӯхтор барои солҳои 2021-2025, дар мавриди нақшаи чорабиниҳо дар мавриди татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони хориҷӣ ҳамчун шарик дар рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин бо пешниҳоди маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оиди тағйир додани номи бархе шаҳракҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғдро мавриди муҳокима ва баррасӣ карор доданд.

Ба хотири бетартибӣ ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ 1,5 соли дигар болои ҳукмаш зам шуд

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нашри матлабе дар сомонаи расмияш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар таърихи 18 майи соли ҷорӣ Ҷаборов Рустам Самадовичро бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” гунаҳкор дониста, дар маҷмӯъ барои 15 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Парвандаи Ҷаборов Р.С. ҳамроҳ бо парвандаи Каримов Хуҷа ва шариконашон, ки ба ҷанд ҷиноят дар замони ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешаванд, дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокима қарор дошт.

Гуфта мешавад, қаблан Ҷаборов Р.С., ки бо моддаҳои 74, 104 банди “г” ва 221-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 13 солу 6 моҳи зиндон алайҳаш ҳукм эълон шуда буд, аммо баъд аз эълони ҳукм маҳкумшуда дар дохили маҳкама ғавғо бардошта даст ба бетартибӣ задааст. Барои ин кораш дар парвандаи ӯ моддаи 237 қисми 2 банди “б” (Авбошӣ) илова гардида, баъдан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои Ҷабборов 16 соли зиндон талаб кард. Дар ниҳоят барои ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол дар колонияи ислоҳии низамаш сахт таъйин карда шуд.

Дар хабар омада, ки “9 феврали соли 2021 соати 15:00 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода А.С. ҳукми судро нисбати судшавандагон эълон кардааст, ки мувофиқи он Ҷаборов Р.С. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 банди “г” ва 221-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда гунаҳкор ҳисобида шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ таъйин гардидааст.

Баъди ҷамъбаст гардидани мурофиаи судӣ ва аз толори судӣ баромадани судя ва ҳайати суд дар ботини Ҷаборов Р.С., ки ҳанӯз бо ҳаммаслаконаш дар дохили панҷараи оҳанин карор доштанд, ҳиссиёти авбошӣ пайдо гардида, дар ҳузури зиёда аз 20 нафар кормандони тавқифгоҳи тафтишотӣ, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони дар маҷлиси судӣ иштирокдошта, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбати ҷабрдида Қаюмова Ш. дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зуроварӣ намуда, муддати зиёда аз 15 дакиқа тартиботи дохилаи тавкифгоҳи тафтишотиро дағалона вайрон намудааст.”

Содир Ҷабборов аз омодагии нерӯҳояш дар марз хабар дод

0

Президент Содир Ҷабборов дар суханронии табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон омодаанд, ҳар гуна иқдомеро, ки ба тамомияти арзии давлат таҳдид мекунад саркӯб кунанд.

Ҳамчунин Ҷабборов бар ин назар аст, ки қувваи ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон барои ҳифзи истиқлолият, қаламрав ва сохти конститутсионии давлат таҳким бахшида шавад.

Президенти Қирғизистон дар идома иброз дошт, ки артиш бояд пурра бо навтарин таҷҳизот муҷҷаҳаз шавад ва дар марз низ ихтиёриён, сокинони маҳаллиро барои ҷилавгирӣ аз таҳдиду ҳамла омода созанд.

Қаблан ӯ қайд карда буд, ки пас аз рӯйдодҳои фоҷиабори гузашта дар марзи Қирғизистон-Тоҷикистон ба хулосае расид, ки бояд тамоми чораҳоро барои ҳифзи марз анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.

Дуввумин сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Ботканд тайи як моҳи ахир

0

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон тайи як моҳи охир бори дуввумаст, ки ба вилояти Ботканд ҳаммарз бо Тоҷикистон сафар мекунад. Ӯ дар ин сафар мушкили аломатгузории марз бо Тоҷикистонро матраҳ намуд. Аммо аз даргирии хунини моҳи апрел сухане ба миён наовард.

“Акипресс” гузориш дод, ки Содир Ҷабборов дар ин сафар бо раванди сохти ду роҳи иртиботии ҷадид миёни деҳаи Оқсой ба минтақаи Минбулок ба дарозии 48 километр ва Самарқанди ба Доркам ба тӯли 41 км ошно гардид, ки бо поён ёфтани ин ду тарҳ барои рафтуомад миёни деҳаҳои қирғизнишин дигар ниёзе ба ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон нахоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки роҳи дуввум заминаи иртиботии ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки Қирғизистонро бидуни воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон фароҳам меорад.

Содир Ҷабборов дар дидор бо сокинони ин минтақа ва коргарони ширкатҳои роҳсозӣ гуфта, ки ду масири ҷадид барои Бишкек аҳамияти стратегӣ дорад ва мавзӯи аломатгузории марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон низ чандон соддаву осон нест. Ва бояд барои ҳалли ин мушкил бархе манотиқ бо кишвари ҳамсоя иваз карда шавад.

Бо ин ҳол раисҷумҳури Қирғизистон оиди даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 -29 апрели гузашта, ки беш аз 300 куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт сухане нагуфт.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар даргирии хунини рӯзҳои 28-29 моҳи апрели гузашта миёни марзбонони ин кишвар ва Тоҷикистон 46 хона дар ноҳияи Ботканд ва 93 хона дар ноҳияи Лайлак ба таври комил вайрон шуда аст.

Ҳамчунин онҳо аз вайронии 5 мактаб, 2 маркази тиббӣ, 3 кӯдакистон, 2 постгоҳи пулис, 2 постгоҳи марзбонӣ, 24 маркази сухтгирӣ ва 60 дукони тиҷоратӣ хабар доданд.

Як ҳайати бузурги соҳибкорону тоҷирон аз Узбекистон ба Душанбе меоянд

0

Ҳайати бузурге аз соҳибкорон ва тиҷорати калони Узбекистон (иборат аз 150 нафар) ба Душанбе ташриф меоранд.

“Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар ҳукумати кишвар гузориш дод, ки ба ҳайати мазкур намояндагони доираҳои тиҷоратии тамоми минтақаҳо ва шаҳрҳои бузурги кишвари ҳамсоя шомил хастанд.

Рӯзи 1-уми июн дар меҳмонхонаи “Hayatt Regency” дар Душанбе Форуми соҳибкорони тоҷику узбек баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, намояндагони тиҷоратии ду кишвар раванди татбиқи лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ мекунанд ва интизор меравад, ки онҳо дар мавриди таҳвили молу хадамот созишномаҳо ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки Душанбе ва Тошканд қасд доранд ба рушди тиҷорат равнақи тозае бахшида ва ҳачми мубодилаи молу колоро байни ҳамдигар ба 1 миллиард доллар бирасонанд.

Сафари вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон

0

Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар сарварии як ҳайати расмӣ субҳи имрӯз 31 май озими Теҳрон шуд.

Тибқи гузориши Маркази матбуотии ВКД-и Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин сафари кории худ қасд дорад бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оиди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши амният, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ҳамчунин муҳокимаи дигар масоил ва имзои як қатор санадҳои марбута низ дар назар аст.

Изҳори миннатдории Маҳмадалӣ Ҳаит аз СММ ва чанд талабаш аз масъулони СРИҶҶТ

0

Маҳмадалӣ Ҳаит – маҳбуси сиёсӣ ва муовини раиси ҲНИТ аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хостааст, се талаби ӯро иҷро кунанд, вале мақомот танҳо иҷрои як хоҳиши ӯро ваъда кардаанд.

Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, Савринисо Ҷӯрабекова навишт, ки ӯ бо шаҳвараш рӯзи 22 май дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, М.Ҳаит аз ҳамсараш хоста, ки чанд хоҳиши ӯро ба масъулони зиндонҳои Тоҷикистон бирасонад.

Рӯзи 29 май Ҷӯрабекова ба Мансурҷон Умаров раиси СРИҶҶТ хостаҳои шавҳарашро расондааст. Вале Умаров танҳо иҷрои як хоҳиши Маҳмадалӣ Ҳаитро ваъда кардааст.

Гуфта мешавад, муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз масъулони зиндонҳои Тоҷикистон хоста, ки зарфи обҷӯшонии ӯро бозпас гардонанд, бо як нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, ҳамроҳ кардаанд, ҷояшро иваз кунанд ва инчунин радиояшро, ки маъмурони зиндон аз дасташ гирифтаанд, бозгардонанд. Умаров ваъда карда, ки зарфи обҷӯшонияшро боспас мегардонанд, аммо иҷрои дигар хоҳишоти М.Ҳаитро ваъда накардаанд.

Ҷӯрабекова ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Аз се дархост танҳо якеро пазируфт ва ваъда кард, ки чойники обҷӯшониро ба ӯ бармегардонанд. Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости дигарро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест.”

Ҳамчунин Маҳмадалӣ Ҳаит аз маъмурони зиндон хостааст, ӯро бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд. Ба гуфтаи пайвандонаш ин талаби Ҳаит низ аз ҷониби раиси СРИҶҶТ рад шудааст.

Пайвандони Маҳмадлӣ Ҳаит дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки илова бар ин се хоҳиш инчунин М.Ҳаит ба унвонии Мансурҷон Умаров ариза навишта, хостааст бо ӯ шахсан мулоқот кунад. Ҳамсари М.Ҳаит мегӯяд, Мансурҷон Умаров ваъда кардааст, ки бо М.Ҳаит мулоқот хоҳад кард.

Инчунин Маҳмадалӣ Ҳаит дар мулоқот бо ҳамсараш гуфта, ки он нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, махсус бо фармони Нуриддин Раҳмонов муовини раиси СРИҶҶ -нафаре, ки дар гузашта даст доштанаш дар шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит борҳо расонаӣ шуда буд, ба утоқи ӯ оварда шудааст.

Ҷӯрабекова мегӯяд, шавҳараш “ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад.”

Ба гуфтаи М.Ҳаит овардани ин зиндонӣ ба утоқи ӯ як фишори навбатиест, ки Нуриддин Раҳмонов аз дур истода ба чунин корҳо супориш медиҳад.

Ҳамчунин муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз Созмони Миллали Муттаҳид ва инчунин аз тамоми созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ талош кадаанд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ӯ гуфта, талоши ин созмонҳо, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ ва зиндониёни сиёсии дигар садо баланд карданд, парвандаҳои аъзоёни ҲНИТ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар зиндониёни сиёсиро пайгирӣ карданд ва бегуноҳии онҳоро собит сохтанд, боиси таҳсину қадрдонист.

Маврид ба ёдоварист, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзоёни ҲНИТ соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, паси дарҳои баста барои якумра аз озодӣ маҳрум карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодӣ аъзоёни ҲНИТ ва махсусан Маҳмадлӣ Ҳаитро бечуну чаро талаб карданд, аммо ҳукумати кишвар ба дархости ин созмонҳои ҳуқуқ ҷавоби рад дод.

Ва ҳафтае пеш созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз дошт, ки ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ҳамзамон талаб намуданд, ки ин Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Дар баробари ин, “Freedom Now” аз Кумитаи СММ хост бори дигар озодии бидуни қайду шарти Маҳмадалӣ Ҳаитро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.