11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 646

Тоҷикистон ҳоло воксинаи “Спутник V”-и Русияро намехарад

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон хариди ваксинаи навъи “Спутник V”-и истеҳсоли Русияро рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба хабаргузории русии “РИА Новости” гуфта буд, ки Тоҷикистон барои воридоти воксинаи навъи “Спутник V”-и истеҳсоли Русия бо мақомоти кишвараш вориди гуфтугӯ шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи “Азияи-Плюс” аз маркази матуботи Вазорати тандурустӣ хабарро беасос гуфтаанд. Аммо гуфтаанд, баъди тасдиқ гардидани озмоиши охирини воксин масъалаи дастрас намудани он мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки ин ниҳод аз кадом кишвар воксинаи зидди коронавирусро мехарад.

Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтаанд:

“Тавре шумо медонед, воксинаи Русия аз ду марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки охирон марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии воксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳоро барои харидории он оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”.

Дар ҳамин ҳол низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошта, ки дар масъалаи воридоти воксина бо Вазорати тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд ва шарту шароити ворид кардани онро ин ниҳод хубтар медонад.

Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустии Тоҷикистон чанде пеш гуфта буд, ки Тоҷикистон дар доираи як механизми Иттиҳоди ҷаҳонии воксин ва масунсозӣ (GAVI) бо номи “COVAX” ҳамкориро оғоз карда, ки қарор аст дар доираи ин 1,8 миллион ё 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо воксинаи ройгон таъмин шаванд, вале аз куҷо дарёфт кардани онро нагуфтааст.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ 3 миллион доллар барои харидории ваксинаи зидди кароавирус ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст”, гуфтаанд, дар Вазорати тандурустӣ.

Бино ба навиштаи расонаҳо вазири тандурстӣ гуфтааст, дар доираи ташаббуси “COVAX” пеш аз ҳама “кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ воксин зада мешаванд”.

Боздошти ду кормандони “Суғдзаминсоз” бо иттиҳоми гирифтани пора ва заминфурӯшӣ

0

Дафтари матбуоти Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш аз боздошти Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник-заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” ва Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин кормандони “Суғдзаминсоз” ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта онро ба фоидаи худ тасарруф намудаанд.

Дар хабар омада, ки нисбати Ҳакимов Ҳ.В. ва Раҳимов Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Ба назари коршиносон боздошт ва зиндонӣ кардани баъзе кормандони ҳукумату ҷамоатҳо бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ва ё ғайриқонунӣ фурӯхтани замин, сабаби ба куллӣ решакан кардани фасод дар кишвар шуда наметавонад. Чуноне, ки медонем, тақрибан ҳар ҳафта ва ҳар моҳ чанд мансабдор бо чунин иттиҳомот дастгир мешаванд, вале сатҳи паст шудани ришваситонӣ ба чашм намерасад. Мушкилии асосиро огоҳони умур дар фасодзада будани тамоми сохторҳо ва масъулони калидии кишвар медонанд, на дар кормандони поёнӣ.

Хабарсозтарин ҳаводиси соли 2020 дар Тоҷикистон (Видео)

0

Боздошти Далер Шарифов, журналисти мустақили тоҷик дар моҳи январи соли 2020, баргузории ҷашни оммавии Наврӯз дар Хуҷанд, сели харобиовар дар ноҳияи Хуросон, дар пасманзари ҷидоли лафзии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳукумат бар асари вуҷуди COVID-19, интихоботи парлумон ва раёсати ҷумҳурӣ.

Нашри эътирози хашмолуди таксист дар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват ба ташкили тазоҳурот дар Душанбе аз тарафи Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ ва боздошти ӯ аз тарафи мақомоти интизомӣ ин ҳама аз ҳаводиси нисбатан баҳсбараангез дар соли 2020 дар Тоҷикистон буданд.

Инчунин воқеаҳои дигари хабарсоз низ буданд, ба монанди ҷарима шудани Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии раёсати ҲНИТ, истирдоди Шовализода як фаъоли иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Утриш ба Тоҷикистон, ҳабси такрории аъзои ҲНИТ ва чанд ҳодисаи мушобеҳеро ҳам метавон инҷо ёдоварӣ кард, ки то чанд муддат дар сархатти расонаҳо қарор доштанд.

Шарҳи муфассал дар видео марҳамат тамошо кунед: ⤵️

Оё ҲДТ ҳизби мухолиф аст ё як ҳизби наздик ба Ҳукумат? (Видео)

0

Гуфтугӯи вижаи “Аздо тв” бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаноби Усмонзода бо ҳузур дар барномаи “Меҳмони вижа”-и “Аздо тв” ба суолҳои гуногун посух гуфт.

Дар барнома чанд масъала, аз ҷумла кобинаи нави ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, вазирони тозатаъйиншуда, масъулияту салоҳияти корӣ, инчунин интизорӣ аз амалкарди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин раиси ҲДТ дар бораи барномаҳои ҳизбаш низ равшанӣ андохт. Ӯ дар зимн перомуни боздошти Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ ва ҳаққи шаҳрвандон барои тазоҳурот ибрози андеша кард.

Дар охири барнома раиси ҲДТ аз хотироти худ дар соли 2020 ва орзуҳояш дар соли 2021 гуфт.

Гуфтугӯи комилро инҷо тамошо кунед:⤵️

Муқоисаи Ҳукумат бо мухолифон иштибоҳи бузург аст

0

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ дар

Сурат: Фейсбук

Шакли пурраи навиштаи Бобоҷон Қаюмовро дар зер мутолиа кунед.

Bobojon Kaumov
Соли 2020, мухолифин ва ҳукуматҲамватанони азиз! Соли нави мелодӣ муборак бошад!Умедворам соли 2020 ро бо вирусҳояш пушти сар карда бошеду дар соли 2021 саломативу сарбаландиву муваффақият ҳар рӯз…

Соли 2020, мухолифин ва ҳукуматҲамватанони азиз! Соли нави мелодӣ муборак бошад! Умедворам соли 2020 ро бо вирусҳояш пушти сар карда бошеду дар соли 2021 саломативу сарбаландиву муваффақият ҳар рӯз ҳамроҳатон бошад!

Дар ҳамин рӯзҳои ҷамъбасти сол буд, ки навиштаеро дар бораи таъсири мухолифон ба тасмимҳо ва амалкарди ҳукумат хондам ва лозим донистам ба чанд нукта дар ин бора ишора намоям. Албатта мисли ҳамеша мақомот талош мекунанд бигӯянд, ки онҳо мухолиф надоранд ва мисли кабк ҳамеша сарашонро зери барф мекунанду худро ба надидану нашнидан мезананд. Аммо дар ҷамъбасти соли 2020 ва оғози соли 2021 бад нест ба чанд нукта ишора кунем.

Аввалан муқоисаи ҳукумат бо мухолифон иштибоҳи бузург аст. Заро ба эътирофи худи нависанда ҳукумат будҷа дорад, корманд дорад расона дорад ва озмуни рассому ошпаз мегузаронад. Муҳимтар аз ҳама бояд мегуфт, ки ҳукумат артиш дорад, милиса дорад, амният дорад ва садҳо ниҳоди маошхури дигар, ки ҳама барои маош аз ҳисоби мардум ба ҳукумат хидмат мекунанд. Аммо дар муқобил мухолифин на будҷа доранд, на корманд доранд, на маош мегиранд, на барои маош менависанду мегуянд ва на барои маош мухолифат мекунанд. Аксарияти онҳо дар ҷое кор мекунанд ва дар фурсатҳои холиву изофиашон аз озодиву ҳуқуқи худ ва дигарон дифоъ мекунанд.

Пас муқоисаи ҳукумате, ки аз ҳисоби мардум пул мегирад ва сарватҳои миллатро талаву тороҷ мекунаду бар алайҳи мухолифонаш масраф мекунад, бо мухолифоне, ки на будҷа доранду на имконоти миллат дар ихтиёрашон ҳаст, вале боз ҳам барои ҳуқуқи мардум мубориза мекунанд, комилан ғайримантиқӣ ва нодуруст аст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин ман ҳам ба таъсири мухолифон ба сиёсати ҳукум ва ҷойгоҳи он фикр кардам ва каме ҷустуҷӯ намудам. Ҳоло ман ин таъсирҳоро бармешуморам ва хуб аст, ки хонандагону бинандагон ҳам бо онҳо бештар ошно мешаванд.

1. Дар авоили пайдоиши коронавирус магар ҳамин ҳукумат набуд, ки вуҷуди COVID-19 ро инкор мекард ва мегӯфт дар кишвар вуҷуд надорад?Аммо баъд аз онки мухолифон фишор оварданду пакети пешниҳодҳои 10 гонаи худро матраҳ карданд, ҳукумат ба давутоз афтоду маҷбуран вуҷуди онро эътироф кард. Магар ин таъсири мухолифон ба як тасмими иштибоҳ ва комилан зиддиинсонии ҳукумат нест?

2. Оё медонед, ки СММ муътабартарин созмони ҷаҳон зиндониёни зиёсии мухолифро бегуноҳ эълон кардаву талаби озодии онҳоро кардааст? СММ аз Тоҷикистон хост то Зайд Саид, Маҳмадали Ҳаит, Маҳмадрузӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров ва чандин нафари дигарро озод кунад ва хисорати воридкарда ба онҳоро ҳам ҷуброн кунад. Ҳоло агар шумо мехоҳед бигуед ин ба Тоҷикистон таъсир надоштаву Раҳмон ба он таваҷҷӯҳ накардааст, ин баҳси дигар аст. Зеро ҳукуматҳое мисли ДИИШ, Толибон ва бархе гурӯҳҳои ҷинояткори дигаранд, ки ба қарорҳои СММ бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд. Аммо мутмаин бошед кори ин қарор инҷо тамом намешавад ва пайгирии он дар ҷойҳо ва ниҳодҳои дигари байналмилалӣ идома дорад ва хоҳад дошт.

3. Хеле осон аст агар якбор дар шабакаи интернет ҷустуҷӯ кунед ва бинед, ки дар худи ҳамин сол чанд созмони байналмилалӣ ва кишварҳои муҳим Тоҷикистонро танқид кардаву дар листҳои сиёҳи худ ҷо додаанд. Барои мисол:

А) Тоҷикистон имсол дар Шохис ё индекси озодии иқтисодии Бунёди Мерос (Heritage Foundation) боз ҳам ба рӯйхати кишварҳое бо иқтисоди “умтадан ғайриозод” шомил карда шудааст. Таҳқиқоти ахири муҳаққиқони Бунёди Heritage рӯзи 17-уми март нашр шуд ва дар он дар миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар мақоми 155-ум қарор гирифтааст. (18.марти 2020. Ozodi.org)

Б) Созмони Freedom House ё Хонаи озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, дар гузориши наве оид ба вазъи озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати “ноозод” ва дар қатори даҳ кишвари “бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. (04. Марти 2020 Ozodi.org)В) The Economist Intelligence Unit бо нашри Шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни167 кишвар дар мақоми 159-ум ва дар радифи кишварҳои худкома қарор дод.

Албатта ин ҷадвалро метавон ҳамин тавр идома дод, аммо бо ҳамин иктифо мекунем. Ёдамон наравад мо намегӯем ҳамаи ин кори мухолифон будааст, аммо таъсири мухолифонро бар ин қарорҳо наметавон инкор кард. Зеро фаъолияти мухолифон воқеиятҳои ҷомеаро ошкор мекунад вагарна барои мақомот Тоҷикистон биҳишт асту мардум ҳама фаришта. На коре мехоҳанду на чизе мехуранд ва на..

Аммо саволи ман ба он ҷанобони ба қавли худашон “Кадудида” ин аст, ки ҳукумат бо вуҷуди ҳадар додани инқадар будҷаву сармояи миллату кишвар барои экстремистӣ ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва дигарон то куҷо муваффақ буд? Чаро натавонист ҳатто як кишвар ё созмонро мутақоид намояд, ки ин гурӯҳҳои мухолифро дар руйхатҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор диҳанд? Оё ҳамин аст муваффақияти ҳукумат?

Ҳоло мо дар бораи озодии Ҳамзаву Фотимаи хурдакак аз асорати ҳукумат чизе намегуем, ки гӯё “кадудидаҳо”  аслан онҳоро надиданд. Аммо рабуда шудани Шарофиддин Гадоев ва аз дасти КДАМ ва ВКД наҷот додани ӯ магар дастоварди ҳукумати Тоҷикистон аст? Шояд онҳо эрод бигиранд, ки ин корҳо дар соли 2020 набуданд. Бале дуруст аст. Аммо дар соли 2020 ҳам мухолифон камкор набуданд. Яке аз натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар соли 2020 ҳамин руи моҳвора рафтани PAYOM TV аст, ки ба зудӣ меҳмони хонаҳои шумо хоҳад буд.

Ҳоло чун сухан аз шабакаву расона рафт бад нест бинандагони муҳтарам якбор биёянд ва як муқоисаи содда анҷом диҳанд. Масалан  агентии миллии “Ховарро” бо сомонаи “Паём” муқоиса кунанд ва бинанд, ки ҳар кадоме чиқадар хонанда доранд ва мизони эътибори онҳо дар ҷомеа то куҷост.

Ҳамчунин барномаи дилхоҳ блогери ҳукуматро бо барномаҳои “Минбари муҳоҷир”, “Садои мардум” ва ё бо канали ютубии Иззат Амон ва канали “Уфуқ” муқоиса кунед то бубинед, ки тафовут аз куҷо то ба куҷост. Қадами Қурбон ва дигарон ҷои худашон. Зеро як таҳлилгар ҳаргиз як ҳунармандро бо як неруи сиёсӣ муқоиса намекунад, балки неруи сиёсиро бо неруи сиёсӣ муқоиса мекунад.

Албатта COVID-19 ҳам таъсири худро расонд ва барномаҳои мухолифин ба таври бояду шояд амалӣ нагаштанд ва инро набояд инкор кард.

Нуктаи дигар инки агар кори ин ба гуфтаи шумо “норозиҳо” инқадар бетаъсир мебуд, чаро заҳмат кашида, маблағи ҳангуфте сарф карда “фабрикаи ҷавоб” сохтед? Оё муваффақияти ҳукумат дар сохтани чунин “фабрикаи ҷавоби” беному насабҳост? Боз ҳам қазоватро ба хонанда вомегузорем.

Саволи охир ҳам инки агар инқадар фаъолияти мухолифон беасар бошад, чаро шумо онҳоро ба ҳоли худашон намегузоред? Чаро ба падару модару наздиконашон фишор меоваред? Чаро ба онҳо туҳмату буҳтон мезанеду садҳо ҳазор пули мардуми кишварро сарфи фишору таъқиби хонавода ва наздикони онҳо мекунед?

Оё як инсон ё як неруи солим барои як кори бетаъсири “чанд норозӣ” чунин будҷаеро харҷ мекунаду ингуна худаш ва ҳукуматашро дар назди ҷаҳониён ва созмонҳои байналмилалӣ шарманда месозад?

Масъалаи дигар инки эътирози мардуми Хуросон ва Рушон ҳам бетаъсир аз фаъолияти мухолифон набуду нест. Ҷасорат ва шуҷоати эътироз дар мардум бар асоси равшангариву ошкорсозиҳои мухолифон бештар шуда ва хоҳад шуд. Агар якбор аз соли 2015 то соли 2020 мурур кунед инро ба хубӣ метавонед эҳсос кунед.

Ман инҷо чунин коршиносонро ба қазовати шумо ва шуморо ба Худованди якто месупорам.Бори дигар соли наватон муборак ва Яздони пок ёру ёваратон бод!

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Посухи Рустам Азизӣ ба суолҳои “Аздо тв”

Бо баҳонаи вуруди соли ҷадид, таманниёти “Аздо тв” ба миллат (Видео)

0

Ҳайати эҷодии “Аздо ТВ” барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон дар соли нави мелодӣ, тансиҳатию бурдборӣ ва муваффақиятҳои навбанавро орзу мекунад.

Бигзор, соли оянда соли дурӣ аз ғаму ғуссаҳо ва ташвишҳои коронавирус бошаду дар хонаводаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хурсандию шодмонӣ доимӣ бод!

Иттиҳоми нави эълон нашуда алайҳи Баҳром Иноятзода

0

Додситони вилояти Суғд масъулони ҳукумати шаҳри Истаравшанро барои гирифтан ва азхудкардани 1 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст. Дар ҳукумати шаҳри Истаравшан қазияро тасдиқ намуда иброз доштанд, ки дар замони собиқ раиси шаҳр Иноятзода сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 30 декбар Фурқат Хоҷазода Додситони вилояти Суғд дар нишасте дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, масъулони Ҳукумати шаҳри Истаравшан миқдори зиёди маблағро ҳангоми бозсозии қалъаи Муғ ба шахсе додаанд, ки ба сохтмон ва ширкати масъул рабт надошт.

Ба гуфтаи Хоҷазода “Ҳукумат барои бозсозии қалъа бо ширкати “Манора” ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ шартнома баста буд. Аз он 532 ҳазор сомониашро супурда, 961 ҳазор сомонии дигарро ба шахсе бо насаби Каримов додаанд, ки ба ширкати “Манора” робитае надошт. Ба мудири ширкат Аюб Азимов зарари калони моддӣ расонданд”.

Дар ҳамин ҳол намояндагони ҳукумати шаҳри Истаравшан гуфтанд, баҳс бар сари 300 ҳазор сомонӣ аст, ки дар замони Иноятзода ба вуҷуд омадааст. Бобоҷон Сабуров, мудири шуъбаи сохтмони асосии ҳукумати Истаравшан, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, шартнома замони раиси шаҳр будани Баҳром Иноятзода имзо шудааст.

Сабуров дар идома гуфтааст, “Маъмурони Палатаи ҳисобу Оҷонси зиддифасод омада, тафтиш карда буданд. Мо санадҳоро барои санҷиш ба додситонӣ фиристодем. Ду моҳ пеш барои бозпурсӣ ба додситонии Суғд даъват карданд ва чанд нафари дигарро низ пурсиданд”.

Вале Додситони вилояти Суғд, номи гумонбарони қазияро ошкор накардааст, танҳо гуфтааст, бар зидди онҳо бо гумони суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва исрофкорӣ парванда боз карданд.

Боздошт ва шиканҷаи муҳоҷирон дар Хабаровскии Русия (ВИДЕО)

0

Як гурӯҳ ронандагони автобус аз шаҳри Хабаровскии Русия ба “Аздо тв” тамос гирифта хабар доданд, ки онҳоро рӯзи 29 декабр мақомоти пулиси ин шаҳр бе ҳеч сабабе боздошт намуда, ба шӯъбаи милитсия бурданд.

Ин муҳоҷироне, ки боздошт шудаанд дар ҶСК “Василев” ба ҳайси ронанда кору фаъолият мекардаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон ғайр аз тоҷикон инчунин муҳоҷирони дигар миллатҳоро низ боздошт карда будаанд.

Яке аз муҳоҷироне ба “Аздо тв” тамос гирифта гуфт, ки онҳоро дар пулис дар 42 дараҷа сардии ҳаво дар рӯи замин як соат хобонда, баъдан боздошт намуда ба шӯъбаи милитсия бурдаанд. Вақте онҳоро ба шӯъба бурдаанд, телефонҳои мобилияшонро гирифтаанд то аз ин боздошт сабт накунанд.

Яке аз ин муҳоҷирон мегӯяд, ки ин бор онҳоро назаданд, чун намояндагони қирғизҳо ва узбекон аз ин ҳодиса хабар ёфта ба шӯъбаи милитсия омаданд ва онҳоро аз онҷо бароварданд.

Ин ҳамсуҳбати “Аздо тв” дар идома бо таасуф мегӯяд, ки намояндагони тоҷикҳо наомада буданд. Ронандаҳое, ки дар ҶСК “Василев” кор мекунанд, бештарашон шаҳрвандии Русияро доранд. Бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия аз ҷониби кормандони интизомии ин кишвар зуд-зуд мавридди тафтиш ва шиканҷа қарор мегиранд.

Дар идома ин муҳоҷир мегӯяд, ки то кай онҳоро бе сабаб боздошт намуда, шиканҷа мекунанд ва ягон намояндаи сафорат ба додашон намерасад.

Баъди чанд лаҳзае вобаста ба ин қазия ба дасти “Аздо тв” наворе расид, ки дида мешавад пулис омада муҳоҷиронро ҳангоми хӯрокхӯрӣ боздошт намуда, зоҳиран латукӯб ҳам кардааанд. Чун пораҳои шикастаи косаву пиёлаҳои рӯи замин дида мешавад.

Навори корбарон

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи ронандагон, ки дар ҶСК “Василев” кору фаъолият мекунанд чанд моҳи пеш аз ҷониби кормандони “ОМОН”-и Русия боздошт гардида, мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта буданд.

Эътирози ҳамсари Баҳром Иноятзода дар назди додгоҳ

0

Дилором Самиева ҳамсари Баҳром Иноятзода собиқ раиси шаҳри Кӯлоб дар назди бинои додгоҳи ин шаҳр ба хотири он ки чандест ба мулоқоти шавҳараш роҳ намеёбад, даст ба эътироз задааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътирози ҳамсари Иноятзодаро тасдиқ намуда гуфтааст:

“Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ   ҳудуди ним соат бо садои баланд дод зад. Фарёд мекашид, ки “маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо”. Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд”.

Сурат: Озодӣ

Наздикони Дилором Самиева ба Озодӣ гуфтаанд, баъд аз ин ҳодиса фишори ҳамсари Иноятзода баланд шуда, дору истеъмол намудааст ва ҳоло имкони суҳбат кардан надорад.

Ба гуфтаи Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, аз моҳи июн то ба имрӯз ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Ӯ мегӯяд:

“Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, аз “боло” иҷозат нест. “Боло” кӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми ноябри соли равон Баҳром Иноятзодаро 12 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯро аз руйи шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор намуданд, ки худаш дар додгоҳ ҳукмашро ноодилона хонд.

Иноятзода баъд аз эълони ҳукмаш дар додгоҳ гуфта буд, ки “дар Тоҷикистон адолат нест, барои сохтани биноҳои Ҳукумат 12 сол додаанд, агар хонаамро обод мекардам, як гапи дигар буд”.

Овозаҳо дар бораи барқарор шудани парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон асос доранд?

0

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки дар  харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд. Дар ин бора хабаргузории ҳукуматии “Ховар” хабар дод.

Чанде пеш хабарҳое нашр шуда буданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои доимии худро барқарор карда, ба фурӯши чиптаҳои парвоз шурӯъ кардаанд ва парвозҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ва баръакс мунтазам анҷом дода мешаванд. Аммо Субҳонзода ба ин овозаҳо вокуниш нишон дода гуфт, ки

“Ин хабар асоси воқеӣ надорад. Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни кишварҳои болозикр танҳо пас аз ба эътидол омадани вазъи каронавируси нави COVID-19 ва эълони расмӣ аз ҷониби агентии мо барқарор карда мешаванд”.

Дар идома директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум даъват кард, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва то нашри изҳороти расмӣ дар бораи барқарор гардидани парвозҳои мунтазам дар  харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд.

Дар бораи кай барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия Субҳонзода гуфт, гуфтушунидҳо дар атрофи ин масъала идома доранд. Икром Субҳозода изҳори умедворӣ намуда, ки парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия дар ояндаи наздик барқарор мешаванд.

Дар идома директори Агентии авиатсияи гражданӣ қайд кардааст, ки чунин гуфтушунидҳо бо давлатҳои Чин ва Узбекимтонҳам идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ, баъд аз густариши вируси корона дар Тоҷикистон парвозҳои мунтазам байни дигар кишварҳо қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва баръакс аз ҷониби ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар як рӯз чор панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд.

Ахиран муштариёни ин ширкат аз хидмарасонии бади он ва баланд будани нархи чиптаҳо шикоят карда буданд. Ёдовар мешавем, ки ширкати “Сомон Эйр” ба Ҳасан Асадуллозода додараруси президент Эмомали Раҳмон таалуқ дорад.