13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 648

Иттиҳоми нави эълон нашуда алайҳи Баҳром Иноятзода

0

Додситони вилояти Суғд масъулони ҳукумати шаҳри Истаравшанро барои гирифтан ва азхудкардани 1 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст. Дар ҳукумати шаҳри Истаравшан қазияро тасдиқ намуда иброз доштанд, ки дар замони собиқ раиси шаҳр Иноятзода сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 30 декбар Фурқат Хоҷазода Додситони вилояти Суғд дар нишасте дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, масъулони Ҳукумати шаҳри Истаравшан миқдори зиёди маблағро ҳангоми бозсозии қалъаи Муғ ба шахсе додаанд, ки ба сохтмон ва ширкати масъул рабт надошт.

Ба гуфтаи Хоҷазода “Ҳукумат барои бозсозии қалъа бо ширкати “Манора” ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ шартнома баста буд. Аз он 532 ҳазор сомониашро супурда, 961 ҳазор сомонии дигарро ба шахсе бо насаби Каримов додаанд, ки ба ширкати “Манора” робитае надошт. Ба мудири ширкат Аюб Азимов зарари калони моддӣ расонданд”.

Дар ҳамин ҳол намояндагони ҳукумати шаҳри Истаравшан гуфтанд, баҳс бар сари 300 ҳазор сомонӣ аст, ки дар замони Иноятзода ба вуҷуд омадааст. Бобоҷон Сабуров, мудири шуъбаи сохтмони асосии ҳукумати Истаравшан, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, шартнома замони раиси шаҳр будани Баҳром Иноятзода имзо шудааст.

Сабуров дар идома гуфтааст, “Маъмурони Палатаи ҳисобу Оҷонси зиддифасод омада, тафтиш карда буданд. Мо санадҳоро барои санҷиш ба додситонӣ фиристодем. Ду моҳ пеш барои бозпурсӣ ба додситонии Суғд даъват карданд ва чанд нафари дигарро низ пурсиданд”.

Вале Додситони вилояти Суғд, номи гумонбарони қазияро ошкор накардааст, танҳо гуфтааст, бар зидди онҳо бо гумони суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва исрофкорӣ парванда боз карданд.

Боздошт ва шиканҷаи муҳоҷирон дар Хабаровскии Русия (ВИДЕО)

0

Як гурӯҳ ронандагони автобус аз шаҳри Хабаровскии Русия ба “Аздо тв” тамос гирифта хабар доданд, ки онҳоро рӯзи 29 декабр мақомоти пулиси ин шаҳр бе ҳеч сабабе боздошт намуда, ба шӯъбаи милитсия бурданд.

Ин муҳоҷироне, ки боздошт шудаанд дар ҶСК “Василев” ба ҳайси ронанда кору фаъолият мекардаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон ғайр аз тоҷикон инчунин муҳоҷирони дигар миллатҳоро низ боздошт карда будаанд.

Яке аз муҳоҷироне ба “Аздо тв” тамос гирифта гуфт, ки онҳоро дар пулис дар 42 дараҷа сардии ҳаво дар рӯи замин як соат хобонда, баъдан боздошт намуда ба шӯъбаи милитсия бурдаанд. Вақте онҳоро ба шӯъба бурдаанд, телефонҳои мобилияшонро гирифтаанд то аз ин боздошт сабт накунанд.

Яке аз ин муҳоҷирон мегӯяд, ки ин бор онҳоро назаданд, чун намояндагони қирғизҳо ва узбекон аз ин ҳодиса хабар ёфта ба шӯъбаи милитсия омаданд ва онҳоро аз онҷо бароварданд.

Ин ҳамсуҳбати “Аздо тв” дар идома бо таасуф мегӯяд, ки намояндагони тоҷикҳо наомада буданд. Ронандаҳое, ки дар ҶСК “Василев” кор мекунанд, бештарашон шаҳрвандии Русияро доранд. Бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия аз ҷониби кормандони интизомии ин кишвар зуд-зуд мавридди тафтиш ва шиканҷа қарор мегиранд.

Дар идома ин муҳоҷир мегӯяд, ки то кай онҳоро бе сабаб боздошт намуда, шиканҷа мекунанд ва ягон намояндаи сафорат ба додашон намерасад.

Баъди чанд лаҳзае вобаста ба ин қазия ба дасти “Аздо тв” наворе расид, ки дида мешавад пулис омада муҳоҷиронро ҳангоми хӯрокхӯрӣ боздошт намуда, зоҳиран латукӯб ҳам кардааанд. Чун пораҳои шикастаи косаву пиёлаҳои рӯи замин дида мешавад.

Навори корбарон

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи ронандагон, ки дар ҶСК “Василев” кору фаъолият мекунанд чанд моҳи пеш аз ҷониби кормандони “ОМОН”-и Русия боздошт гардида, мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта буданд.

Эътирози ҳамсари Баҳром Иноятзода дар назди додгоҳ

0

Дилором Самиева ҳамсари Баҳром Иноятзода собиқ раиси шаҳри Кӯлоб дар назди бинои додгоҳи ин шаҳр ба хотири он ки чандест ба мулоқоти шавҳараш роҳ намеёбад, даст ба эътироз задааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътирози ҳамсари Иноятзодаро тасдиқ намуда гуфтааст:

“Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ   ҳудуди ним соат бо садои баланд дод зад. Фарёд мекашид, ки “маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо”. Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд”.

Сурат: Озодӣ

Наздикони Дилором Самиева ба Озодӣ гуфтаанд, баъд аз ин ҳодиса фишори ҳамсари Иноятзода баланд шуда, дору истеъмол намудааст ва ҳоло имкони суҳбат кардан надорад.

Ба гуфтаи Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, аз моҳи июн то ба имрӯз ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Ӯ мегӯяд:

“Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, аз “боло” иҷозат нест. “Боло” кӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми ноябри соли равон Баҳром Иноятзодаро 12 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯро аз руйи шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор намуданд, ки худаш дар додгоҳ ҳукмашро ноодилона хонд.

Иноятзода баъд аз эълони ҳукмаш дар додгоҳ гуфта буд, ки “дар Тоҷикистон адолат нест, барои сохтани биноҳои Ҳукумат 12 сол додаанд, агар хонаамро обод мекардам, як гапи дигар буд”.

Овозаҳо дар бораи барқарор шудани парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон асос доранд?

0

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки дар  харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд. Дар ин бора хабаргузории ҳукуматии “Ховар” хабар дод.

Чанде пеш хабарҳое нашр шуда буданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои доимии худро барқарор карда, ба фурӯши чиптаҳои парвоз шурӯъ кардаанд ва парвозҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ва баръакс мунтазам анҷом дода мешаванд. Аммо Субҳонзода ба ин овозаҳо вокуниш нишон дода гуфт, ки

“Ин хабар асоси воқеӣ надорад. Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни кишварҳои болозикр танҳо пас аз ба эътидол омадани вазъи каронавируси нави COVID-19 ва эълони расмӣ аз ҷониби агентии мо барқарор карда мешаванд”.

Дар идома директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум даъват кард, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва то нашри изҳороти расмӣ дар бораи барқарор гардидани парвозҳои мунтазам дар  харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд.

Дар бораи кай барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия Субҳонзода гуфт, гуфтушунидҳо дар атрофи ин масъала идома доранд. Икром Субҳозода изҳори умедворӣ намуда, ки парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия дар ояндаи наздик барқарор мешаванд.

Дар идома директори Агентии авиатсияи гражданӣ қайд кардааст, ки чунин гуфтушунидҳо бо давлатҳои Чин ва Узбекимтонҳам идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ, баъд аз густариши вируси корона дар Тоҷикистон парвозҳои мунтазам байни дигар кишварҳо қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва баръакс аз ҷониби ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар як рӯз чор панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд.

Ахиран муштариёни ин ширкат аз хидмарасонии бади он ва баланд будани нархи чиптаҳо шикоят карда буданд. Ёдовар мешавем, ки ширкати “Сомон Эйр” ба Ҳасан Асадуллозода додараруси президент Эмомали Раҳмон таалуқ дорад.

Як ҷавони тоҷик дар Русия ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

0

Рӯзи 29 декабр Воҳид Субонқулов шаҳранди 24 солаи Тоҷикистонро Додгоҳи шаҳри Маскав ба 11 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кардааст.

Бино ба навиштаи хабаргузории “Бомдод”, додгоҳ Субонқуловро дар узвият дар дастаи мусаллаҳ, ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ гунаҳкор шинохтааст.

Додситонии Маскав гуфтааст, Субонқулов дар ҷараёни тафтишот барои  ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудааст ва бо ӯ қарордоди ҳамкорӣ баста шуд. Ба ин далел, додгоҳ парвандаи Субонқуловро алоҳида аз айбдоршавандагони дигар муҳокима кардааст.

Тафтишот муайян намудааст, ки  Субонқулов узви дастае будааст, ки дар атрофи бозори «Люблино» (Маркази тиҷоративу намоишии «Москва» кор мекард ва ба онҳое ҳамла мекард, ки аз ин бозор маблағҳои бузургро берун мебурданд. Аъзои ин даста бо силоҳи оташфишон ва болғаву табар мусаллаҳ шуда, бо мошинҳои «Ауди А6» ва Мерседес-Бенз Е 280 мегаштанд.

Бино ба далелҳои  интишоргардида  аъзоёни гуруҳ моҳи  ноябри соли 2018 дар назди бозори «Люблино» ба нафаре ҳамла оварданд, ки бо худ 59 ҳазор доллар доштааст, онҳо  соҳиби пулро бо 4 тир  захми намуда,  маблағҳояшро  ба яғмо бурданд.

Ҳамчунин дар идома гуфта шудааст, ки моҳи декабри соли 2018, аъзоёни гуруҳ  ба ду марде ҳамла карданд, ки дар мошинашон 13 миллион рубл доштанд. Дар натиҷаи ин ҳамла яке аз ҷабрдидаҳо ҷароҳат бардошт ва ғоратгарон 13 миллионро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Коргарон дар Роғун шаш моҳ боз бемаош кор мекунанд

0

Кормандони ширкати “Асри нур” тӯли ним сол боз маош нагирифтаанд, сарвазир ваъда карда будааст, ки маошҳоятон пардохт мешавад, вале бо гузашти шаш моҳ то ба имрӯз аз маошҳояшон хабаре нест.

Кормандони ширкати мазкур дар ин бора ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, дар ширкати “Асри нур” 160 нафар фаъолият дошта, ки ба сабаби таъхир дар пардохти маош то кунун бист нафар кори худро қатъ кардаанд.

Ҳамсари Темур Кенҷаев Мадина Кенҷаева, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ба Радиои Озодӣ гуфтааст,  шаҳвараш дар ширкати “Асри нур” кор мекунад ва бори охир ба ҳисоби бонкиаш моҳи июни имсол пул гузаштааст.

Дар идома иброз доштааст, ки барои фаҳмидани асли масъала ба номи раҳбарияти нирӯгоҳи “Роғун” ҳам нома навишта, чунин посух дарёт кардаанд:

“Маоши коргарон барои моҳи январи имсол пурра ва моҳи феврал 50 дарсад пардохта шудааст. Бо дарёфти маблағ аз тарафи фармоишгар музди кории Темур Кенҷаев пурра пардохта хоҳад шуд.”

Кенҷаева гуфтааст, баъдан масъулони ширкат то моҳи июн ниме аз маоши шавҳарашро доданд, аммо ним сол боз ба ҳисоби бонкиаш чизе нагузаштааст.

Маҳмадсаид Каримов коргари дигари ин  ширкат гуфтааст, шаш моҳ мешавад бе маош фаъолият доранд. “Ҳар ҳафта мегӯянд, маошро медиҳанд, ақаллан 30 ё 50 дарсадашро. Рӯзҳо мегузаранд, вале музди корро намедиҳанд ва сабабашро ҳам намегуянд.”

Дар идома иброз доштааст, ки музди кориаш аз 2 ҳазор сомонӣ бештар буда ва ҳар моҳ 15 рӯз дар нақби нерӯгоҳ ба кори сохтмон машғул мешаванд.

Иброз доштааст, ки ба хотири набудани ҷойи кор ва нагирифтани маош корашро идома медиҳад, зеро дар чунин шароит пайдо кардани кор мушкил будааст.

Раиси ширкати “Асри нур” Толиб Раҳимов, дар мавриди пардохт нашудани масъалаи маоши кормандон, телефони худро хомуш карда ба зангҳои пай дар пайи Радиои Озодӣ ҷавоб надодааст.

Ба гуфтаи кормандони ин ширкат Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар ҳукумат аст, дар ҳузури коргарон ваъда дода буд, ки “ба зудӣ маош мешавад”, вале бо гузашти шаш моҳ  ҳеҷ тайғироте анҷом нашудааст.

Қарзи берунаи Тоҷикистон беш аз 3 миллиард $, аммо қарзи дохила аз буҷет беш аз 8 миллиард $

0

Дар соли 2020 қарзи корхонаву ташкилотҳо дар зарфи се моҳ 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 305 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020) зиёд шудааст.

Азияи Плюс аз қавли Агентии омори назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки то 1 октябри соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда наздики 87 млрд сомонӣ (8,2 млрд доллар)-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар аввали нимаи дуюми соли ҷорӣ қарзи ташкилоту корхонаҳо андаке бештар аз 83,8 млрд сомониро дар бар мегирифт.

Ҳиссаи корхонаву ташкилотҳои зиёновар то 1 октябри соли сипаригардида ҳудуди 28%-ро дарбар гирифтааст, ки бештар дар соҳаҳои саноати коркард, инчунин сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои зиёновар дар сатри “корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” бо шумули ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” зикр карда шудаанд.

Чанде пеш хабаргузориҳо аз қавли Кумитаи андоз афзоиши қарзи корхонаҳоро навишта буданд.

Он вақт зикр гардида буд, ки афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (22 млн сомонӣ), ҶСК “Тоҷиктелеком” (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Қарзи умумие, ки дар инҷо зикр шудааст, ду баробар бештар аз қарзи хориҷаи Тоҷикистон мебошад. Ба назари коршиносон агар ҳукумат нисфи ин қарзҳоро аз корхонаҳо ситонbда тавонад аз қарзи хориҷӣ халос мешаваду аз буҳрони иқтисодӣ мебарояд.

Вале суол инҷост, ки чаро ва чӣ гуна ин корхонаҳои давлатӣ бо ин ҳаҷми зиёд аз буҷаи давлат қарздор шудаанд? Ин маблағҳоро, ки ба буҷа насупурдаанд, пас дар куҷо масраф кардаанд? Суолҳое ҳастанд бепосух.

Бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуду бо ҷарима раҳояш карданд

0

Собиқ сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент бо пардохти ҷарима, аз ҷониби Додгоҳ озод карда шуд.

Рӯзи 18 декабри соли равон, суди шаҳри Панҷакент Камолҷон Азимӣ, собиқ сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакентро 232 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, пас аз се моҳи боздошт аз толори суд озод намудааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли манбааш навишта, ки Камолҷон Азимӣ 21 сентябри соли равон аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Панҷакент боздошт ва 24 сентябр алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 319, қисми 1 – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – гирифтани пора, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Азимӣ Камолҷон Оқилзода, собиқ сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент тибқи як шартномаи тендерӣ ба суратҳисоби ширкати “Ободонии ватан” – и шаҳри Хуҷанд аз маблағҳои буҷетӣ 510 ҳазор сомонӣ интиқол дода, аз намояндаи ин ширкат Нозимов А. 31 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Ин маблағ барои харидорӣ кардани таҷҳизоти рентгении рақамӣ барои Маркази саломатии шаҳри Панҷакент, ки барои ташхиси бемории “вируси корона” ё COVID – 19 пешбинӣ шудааст, ҷудо шуда буд. Аммо сардори раёсати молия аз намояндаи ширкати “Ободонии ватан” талаб кардааст, ки як қисми маблағро ба ӯ диҳад”, – менависад “Sputnik” Тоҷикистон.

Бо вуҷуди таъсиси ниҳоди зидди фасод дар Тоҷикистон қариб, ки ҳар ҳафтаву ҳар моҳ чандин мансабдор бо гирифтани пора дастгир мешаванд ва ҳатто кормандони худи ниҳоди зидди фасод. Аммо то ҳол ин мушкилӣ ва фасодзадагӣ дар байни мансабдорон роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Посухи Рустам Азизӣ ба суолҳои “Аздо тв”

0

Рустам Азизӣ, диншинос ва таҳлилгари тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш ба суолҳои “Аздо тв” дар мавриди бурду бохти фаъолияти солонаи ҳукумат ва мухолифон посух дод. Ба назари ӯ, фаъолият ва барномаҳои ҳукумат возеҳу равшан аст ва бо фаъолияти мухолифон қиёснашавандаанд.

Сурат: Фейсбук

ИН КУҶОВУ ОН КУҶО?

(дар посух ба хоҳиши рӯзноманигоре барои арзёбии зарфияти Ҳукумат ва “мухолифин”)
***
Парершаб рӯзнамонигоре аз хориҷ бо мо тамос гирифт ва хоҳиш кард, ки бурду бохти Ҳукумату мухолифинро дар ин сол барояшон арзёбӣ кунам. Ҳамзамон изҳор кард, ки омода аст андешаамро бидуни зикри ном ё бо номи мустаъор нашр кунад.
***
Аммо баъд:

1. Ниёзе ба истиъораву киноя ва сонсур надорем ва ҳар чӣ то имрӯз гуфтам аз номи худам гуфтаму ҷавобашро додам. Ҳоло, ҳарчанд коршиноси умури сиёсӣ ва арзёбии нақшаву лоиҳаҳо нестам, вале ба унвони як шаҳрванд ва корбар посухамро ин ҷо менависам ва агар хушатон омад, нашраш кунед!

2. Аз ибтидо мегӯям, ки ба назари ин ҷониб, мо “мухолифин”-и ҳисобӣ надорем ва ҳар норозиву рафтаро агар “мухолиф” бигӯед, пас … ,,,

3. Ҳоло бошад, бо илҳом аз дарсҳои риёзии аёми ҷавонӣ “Бигзор Х мухолиф бошад, пас …”, оё метавонем корҳои ин иддаро бо Ҳукумат дар як паллаи тарозу гузошта қиёс кунем?
Ҳукумат, сарфи назар аз муносибати афрод ба он ва арзёбии бурду бохташ, тамоми умури давлатро идора мекунад:
– буҷаро тасдиқу татбиқ мекунад;
– нақшаҳои кории давлатӣ ва соҳавиро муайян мекунад;
– аз пардохти кормузди роҳрӯбу вазир, то гузаронидани озмуни рассому ошпазро бар дӯш дорад;
– ва дар умум масъули ҳамаи бурду бохти ҳаёти кишвар дар ин сол аст;
– муҳимтар аз ҳама ҳисобу арқомаш дастрас барои арзёбӣ ва нақд аст! (Ҳоло аз куҷо мани бечора бо Нақшаи кориву Ҳисоботи “мухолифон” ошно шавам, то чизе аз ҳусну қубҳаш гӯям?)

4. Ҳоло бигӯед, то бидонем, ки “мухолифон” чӣ кори диданӣ ба ҷуз фаъолияти фейсбукиву ютубӣ карданд? Ин танҳо бахши диданӣ буд, вале агар танҳо ин бахш мелоки арзёбӣ бошад, пас онро бояд бо кори расонаҳо ва блогерону “ҷавобнависакон” қиёс кард, на бо Ҳукумат. Ва дудигар, бо ин ҳама кӯшишу иддаъои фазл ҳеч аҳаде из инҳо ба андозаи Қадами Қурбон ё ягон духтари сурхлаби бюти-блоггер матраҳ нашуд, ки нашуд, ҳарчанд онҳо “ҳам фаришта нестанд” ©!

5. Дар солҳои қабл аз ковид ҳадди ақал як ду пикетаке мегузарониданд, ки имсол аз наҳсии ин вирус нашуд. Вале барои шинохти вазну арзиши чунин иқдомҳо бояъд ба эътибор гирем, ки дар Урупо ҳар кас ҳаққи таҷаммуъву эътирозро дорад: аз ҷамъияти ҳамҷинсгароён то фаъолони бахши ҳифзи муҳити зист. Субҳ сагдорон эътироз мекунанд то масъулон барои сагҳояшон ҷойҳо барои гаштугузор муҳайё созанд ва чошт гурбадорон талаб мекунанд, ки гурбаҳояшон аз шарри ин сагон наҷот диҳанд.

5. Оё ба ягон қарору тасмими Ҳукумат таъсир расониданд?

6. Оё ягон қарори Ҳукумат ё додгоҳҳои кишварро тавонистанд бекор кунанд?

7. Касеро аз масъулон тавонистанд ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашанду вайро дучори таҳримҳо кунанд? Ба ёд оред он дағдағаи чанд сол қаблро, вақте ин “бачаҳакон” тоза ба Уропо омаданду ба таъбири Мавлоно “фолонро диданду кадуре не”, даъво доштанд, ки “Мо ҳамаро ба додгоҳҳои байналмилалӣ мекашему, “Рӯйхати Магнитский”-и тоҷикӣ ҷӯр мекунему, ва ғайра ва ҳоказо!”

8. Дар ин ҳама солҳои дағдаву харкаша ва, бо арзи пӯзиш, гапи калон дар фазои иттилоотӣ оё тавонистан ҳатто як шаҳраванди тоҷикистониро дар Ватан мутақоид созанд, ки ба рамзи эътироз барои ҳимоят аз ҳадафҳои ин “мухолифон” берун барояд? Нагӯед, ки гӯё қудратиён фишори сахт доранд ё мардуми мо тарсу аст!

Дар кишвари ҳамсоя низ ҳамон пулису амнияту дигару дигар ҳаст ва дар бетартибиҳо бохтҳои ҷонӣ шуданд, ва ҳамчунин мо худ ба чашму гӯши сарамон дидем, ки мардуми мо тарсу нестанд ва метавонад аз ҳаққи худ талаб кунанд! (ба унвони мисол аз Хуросону Рӯшон ёд оред)
Мардонавор эътироф кунед, ки ё суханҳоятон ба мардум таъсире надорад ё аз уҳдаи кор намебароед! (Агар ман корфармо ё самоягузор будам, чунин коргарро барвақт мерондам)

9. Хулоса, Ҳукумат ҳамон ҳанӯз кори худро идома медиҳад ва ин идда “даъвову нола”-и худро!
Ва охири даъвоно …
Ва-с-салому ъало …

ИНЧУНИН, БУБИНЕД:

Гуфтугӯ бо Рустам Азизӣ, ноиби директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ дар нишасти солонаи САҲА соли 2019

Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 дастгоҳи нафаскашӣ кумак кард

0

Дар доираи ҳамкориҳои ҳукуматҳои ду кишвар, 100 дастгоҳи сайёри вентилятсияи сунъии шуш (IVL) “Кокчетав-4П”, ки дар Қазоқистон истеҳсол шудааст, ба Тоҷикистон супорида шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маросими супоридани таҷҳизот рӯзи шанбе баргузор шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев таҷҳизотро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супурд.

“Тоҷикистон шарики боэътимод ва муттаҳиди Қазоқистон аст, ҳамкориҳои стратегӣ ва муносибатҳои ду кишвари бародар, ки ба дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд босуръат рушд ва мустаҳкам мешаванд, аз ҷумла дар самти гуманитарӣ”, – таъкид дошт сафири Қазоқистон дар суханронии худ дар ин маросим.

Дар навбати худ, Ҷамолиддин Абдуллозода изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон кумаки ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон расонидашударо баланд қадрдонӣ мекунад.

Дастгоҳҳои Кокчетав-4П дар корхонаи “Тыныс” дар Кокшетау ҷамъоварӣ мешавад. Корхона дар як моҳ тақрибан 500 чунин дастгоҳ истеҳсол мекунад ва нархи як дастгоҳ 750 ҳазор тенга (1790 доллар) аст. Таҷҳизот мобилӣ буда, онро дар мошини ёрии таъҷилӣ насб кардан ё дар хона истифода бурдан мумкин аст.

Дастгоҳҳо дар доираи иҷрои фармони Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз 10 декабри соли 2020 “Дар бораи расонидани кумаки расмии башардӯстона” ба Тоҷикистон оварда шуданд.