15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 664

Масъулони ҷамоати Қаратоғи Турсунзода пас аз шикоят дастбакор шуданд

0

Абдуллоҳ Баев сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан дар сӯҳбат ба “Аздо тв” аз хунукназарии масъулони ин шаҳр дар иҷрои фармони Президент шикоят карда буд, мегӯяд баъди нашри хабар масъулони ҳукумати маҳаллӣ бо ҳамсари ӯ вохурда ваъда додаанд, ки мукшилии онҳоро меомӯзанд.

Маҳина Ҳасанова раиси ҷамоати Қаратоғ ҳамсари Баевро ба ҳузури худ пазируфта гуфтааст, ки як ҳайати комиссия мефиристанд то шароити онҳоро биомӯзанд.

Абдуллоҳ Баев, сокини ш.Турсунзода ҷамоати деҳоти Қаратоғи деҳаи Маданият пештар ба “Аздо тв” гӯфта буд, ки бо вуҷуди онки раисҷмуҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мактуби онҳо барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ посухи мусбат додааст, мақомоти шаҳри Турсунзода то ҳол ба мушкилии онҳо расидагӣ накардаанд.

Ба гуфтаи ин сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода, дар замини 6.5 сотиқ шаш нафар бародарон ҳамроҳи модари пир ва 4 келин зиндагӣ доранд, ки хонаи онҳо аз 7 ҳуҷра иборат буда, дар он маҷмӯан 20 нафар зиндагӣ мекунанд.

Хонаводаи Баевҳо ду маротиба, як бор соли 2012 ва такроран соли 2014 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба Идораи ҷамоати Қаратоғ бо ариза муроҷиат кардаанд, вале мақомот бо баҳонаи он ки 5 нафар аз аъзоёни оила дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, аз додани замини наздиҳавлигӣ ба ин оила худдорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Абдулло нафароне ҳастанд, ки солҳои 2018 ариза доданд ва ҳоло соҳиби замин ҳастанд. Дар деҳаи маданият, ки ӯ онҷо сукунат мекунад замин гарон буда 10 метри мурабаи замин 3000 доллари амрикоӣ нарх доштааст.

Ин оила дар соли 2015 маҷбур шудаанд ба худи Президент бо ирсоли номае муроҷиат кунанд ва соли 2016 Дастгоҳи Президент ба номаи онҳо посух гуфта, аз ҳукумати маҳалии ш.Турсунзода талаб карда, ки шароити зиндагии оилаи Баевҳоро санҷанд ва дар сурати воқеият доштани иддаои шаҳрванд барои онҳо замин ҷудо карда шавад. Аммо ҳукумати ш.Турсунзода баҳона оварда, ки ҳоло вақти замин тақсимкунӣ набудааст.

Ба гӯфтаи Абдуллоҳ ӯ метавонист худаш замин харида соҳиби хонаву дар шавад, агар бемории духтари 6 солааш намебуд. Духтараш аз рӯзи таваллудаш бо бемории қалб мубориза мебарад ва ҳама даромадаш сарфи табобати ӯ мегардад. Абдуллоҳ умедвор аст ин бор масъулон ба мушкилии онҳо мерасанд.

Инчунин, бихонед: Чаро дар шаҳри Турсунзода фармони Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намекунанд?

Муроҷиати нави Абдусаттор Пирмуҳаммадзода (видео)

0
Сурат аз навори видеоии Ютуб

Пирмуҳаммадзода дар як навори 5 дақиқаӣ ба мардум муроҷиат намуда гуфт, ки дар озодӣ аст ва баъд аз навори эътирозии қаблияш аз ҷониби мақомот шиканҷа нашудааст.

Ӯ мегӯяд, муроҷиаташ ҳамчун як шаҳрванди оддӣ буд ва аз мушкилоте, ки худаш эҳсос мекард, тариқи сабти видеоӣ ба мақомот расонд. Ӯ меафзояд, ки шомили ҳеч ҳизбу ҳаракате нест.

Ба гуфтаи Пирмуҳаммадзода аз навори ӯ баъзеҳо ба манфиати худ истифода намуданд, мегӯяд гуфтаҳояш чизи аҷибу нав ва ё ғайри оддӣ набуд. Аммо мардум воҳима ва овоза карданд, ки гӯё ман шиканҷа шуда бошам ва ё дар таҳхонаи кадом мақомоти қудратӣ қарор дорам. Ӯ мегӯяд, чунин набуд танҳо мақомт ҳамроҳаш як сӯҳбати оддӣ доштаанд ва шиканҷа нашудааст.

Пиримуҳаммадзода дар муроҷиати навбатияш мегӯяд:

“Аз камбудӣ гуфтан, як мушкилотеро баён кардан, ки роҳи ҳалли онро чӣ гуна бояд ёбем, ин маънои онро надорад, ки касе барои нооромии ҷомеа ва ё вазъи орому мӯътадили ҷумҳуриро ноором кардан коре карда бошад. Ман хоҳиш мекунам Шумо инро ба инобат бигиред”.

Ӯ дар охири муроҷиаташ аз мардум мехоҳад ба қизияаш нуқта гузоранд ва изҳороту баёнияҳо пахш кардан кифоят аст, акнун масъулин аз пай роҳи ҳал мешаванд.

Ёдовора мешавем, ки чанде пеш ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят карда буд. Ӯ дар муроҷиати қаблияш ба Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хитоб намуда, гуфта буд, ки агар мардумро ба ҷои кор таъмин карда наметавонед, пас бигузоред ҳадди ақал худашон ризқашонро пайдо кунанду нони меёфтаашонро аз даҳонашон кашида нагиред.

Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон квота ва ҷои кор муҳайё мекунад?

0
Сурат: pnp.ru

Михаил Мишустин Сарвазири Русия квотаҳоро дар соли 2021 барои ҷалби хориҷиён, ки бар асоси раводид (виза) ба ин кишвар ворид мешаванд, тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилои “Парламентская газета” тибқи квота 101 871 корманд бо шуғл фаро гирифта мешаванд. Аз ҳама зиёдтар беш аз 31 ҳазор нафар ба корхонаҳои саноати кӯҳканӣ ва ба корҳои сохтмону таъмир ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин квота ҷалби қариб 17 ҳазор корманди хориҷии ҳирфаӣ ба корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва қариб 12 ҳазор нафар – ба сифати коргарон дар соҳаи коркарди филизот (металл) ва саноати мошинсозӣ иҷозат дода шудааст.

Дар идома навиштааст, ки айни замон ҳукумати Русия ба таъмин кардани русиягиҳо бо кор бештар афзалият медиҳад.

Гуфта мешавад, аз аввали моҳи октябр 3,63 млн нафар ҳамчун шахсони бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Як таксиронро дар Русия ба дор овехтанд

0
Акс аз навори видеоии корбарон дар Фейсбук

Дар шаҳри Маскави Русия як ронандаи таксӣ, ки ҳувияташ маълум нест аз кадом кишвари Осиёси Марказӣ аст, ба дор овехта шудааст.

Бахтовар як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар саҳифаи фейсбукиаш чанд навореро нашр кард, ки дида мешавад як нафаре дар дохили ҷангале ба дор овехта шудааст. Наворгиранда ба мусофиркашони шаҳрҳои Русия ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт бошанд ва ҳаркаси шубҳанокро аз роҳҳо савор накунанд.

Дар ҳамин ҳол Бахтовар дар идомаи навиштааш дар Фейсбук аз мусофиркашони шаҳрҳои Русия тақозо мекунад, ки барои ҳолатҳои зарурӣ ва исботи воқеаҳои нохуш як дурбини дуҷониба, ки арзиши чандон гароне надорад бихаранд, ҳам барои ҳифзи ҷони худ ва ҳам бо он метавонанд ҳама чизро барои мақомоти пулиси Русия исбот кунанд.

То ҳол дар бораи ин ҳодисаи куштор аз мақомоти расмии Русия чизе нашр нашудааст ва маълум нест, ки мақтул аз кадом кишвар аст ва қотилон киҳо будаанд.

Қатлу куштори муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷониби миллатгароҳои рус бисёр мушоҳида шудааст ва солона садҳо тобути тоҷикон бар асари чунин қатлу кушторҳо ба Ватан оварда мешавад.

Парвозҳо байни Душанде – Дубай кам карда шуд

0

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфтааст, ширкати ҳавопаймоии “fly Dubai” анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр – рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо бекор кардааст.

Аммо хатсайри рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе баракс бекор нашудааст. Мусофирон ба ҷои дар як ҳафта ду маротиба акнун як маротиба дар ҳафта метавонанд аз Душанбе ба Дубай ва ё баракс сафар кунанд.

“Азия-Плюс” аз қавли Субҳонзода навиштааст, ки “Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва хуруҷи мавҷи дуюми сироят, ки айни замон дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад, чунин тасмим гирифтааст”.

Ҳоло ин парвоз тариқи ин хатсайр дар як ҳафта як маротиба – рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе баракс анҷом дода мешавад.

Дар идома гуфтааст, ки  ин тасмим муваққатӣ буда, ҳангоми ба эътидол омадани вазъ қарор бекор шуда, парвозҳо бо ҷадвали пешина анҷом дода мешаванд.

Гуфта мешавад, ки як парвоз аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” ва парвози дуюм аз ҷониби ширкати “fly Dubai” иҷро карда мешавад.

Аммо дар мавриди парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва давлатҳои Чин, Узбекитон ва Русия гуфтушунидҳо идома дорад.

Икром Субҳонзода дар мавриди бораи барқарор шудани хатсайри ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Чин гуфтааст:

“Мо намояндаи ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines»-и Чинро даъват карда, омодагиамонро ба барқарор кардани парвозҳо изҳор ва барои иҷрои 1 парвоз дар 1 ҳафта иҷоза додем. Пешниҳоди мо то ҳол аз ҷониби Чин баррасӣ мешавад”.

Тоҷикистон имсол ба 44 давлат молу маҳсулот содир кард

0

Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли 2020 ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 253 млн молу маҳсулот содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 30% зиёдтар гуфта мешавад.

“Азия – Плюс” аз манбааш аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон менависад, ки дар баробари афзоиши назарраси ҳаҷми содирот дар соли равон, он то ҳоло нисбат ба воридот қариб 2 баробар камтар будааст.

Дар идома гуфта шудааст, ки гурӯҳи асосии молу маҳсулот дар сохтори имсолаи содироти ҷумҳурӣ фулузот (металл)-у сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо шомил мешаванд.

Содироти ин навъи маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ба тақрибан ба маблағи 690 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 3,1 баробар зиёд буда, 55% аз ҳаҷми умумии содирот дар соли равонро ташкил додааст.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки ҳиссаи нисбатан зиёдро дар сохтори содирот   маҳсулоти минералӣ (семент, маъдану консентрат, ангишт, неруи барқ) – 222 млн доллар, фулузоти арзон ва маснуот аз он – (алюминий ва маснуот аз он) – 154 млн доллар, маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ – 141 млн доллар  будааст.

Чор гурӯҳи молу маҳсулоти дар боло зикршуда ба 96,4% дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ баробар буда, аз ҳисоби фурӯши дигар навъи маҳсулот ҳамагӣ 46 млн доллар (3,6%-и содирот) даромад ба даст омадааст.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол ба миқдори начандон зиёд ба Туркия (13,4% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (9,2%), Узбекистон (5,4%), Афғонистон (4,8%), Русия (2,4%), Чин (2%) ва Белгия (1,9%) содирот шудааст.

Тоҷикистон аз оғози соли равон дар маҷмӯъ ба 44 кишвари дунё молу маҳсулот содирот кардааст.

Пешгирӣ аз бузургтарин қочоқи пули нақду тилло дар фурудгоҳи Душанбе

0

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии тозатаъсиси “Бомдод” дар фурудгоҳи Душанбе аз як амалиёти қочоқи бузург пешгирӣ шудааст. Дар хабар омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар пули нақд пешгирӣ кардаанд.

Бомдод” бо такя ба манбаи муътамадаш мегӯяд, ки ин миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро аз Душанбе ба Дубай бурданӣ будаанд.

Кормандони амният чанд нафар, аз ҷумла Фирдавс Давлатов ва Маҳмадалӣ Давлатовро бо иттиҳоми қочоқ дастгир кардаанд. Манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки онҳо фарзандони Давлати Хавос, раҳбари собиқи кони тиллои Шугнов мебошанд.

Аммо то ҳол ҷузъиёти хабар маълум нест. Ва мақомоти амниятӣ низ то ҳол ин қазияро расман шарҳ надодаанд. Вале манбаи “Бомдод” мегӯяд, ки тафтишот эҳтимоли бо мусоидати кормандони гумрук сурат гирифтани ин кӯшиши қочоқи миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро низ таҳқиқ мекунанд.

Ҳоло 90 кило тилло бо нархи миёна 5 миллиону 290 ҳазор доллар арзиш дорад. Илова бар ин 15 млн доллари дигар, ки ин қочоқ хеле ҳаҷми бузург аст ва дар ҳоли таъйиди хабар аз тарафи мақомоти дахлдор, сангинтарин ҷинояти қочоқ маҳсуб мешавад, омилони онро солҳои тӯлонӣ паси панҷара нишатсан интизор хоҳад буд.

Одатан дар фурудгоҳи Душанбе кормандон ва масъулони болоӣ шахсони “тағодор”-ро пуштибонӣ карда ба қочоқчиён фурсат медиҳанд, ки маблағҳо ва дигар ашёи мамнӯъаро ғайриқонунӣ ба дигар кишварҳо интиқол диҳанд.

Маҷбуран обуна кардани омузгорону донишомӯзон баҳри чист?

0
Сурат: pressa.tj

Омӯзгорони баъзе аз мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон шикоят аз он доранд, ки дар баробари кам будани маошашон идораи мактабҳо маҷбур месозанд, ки ба нашриёти ҳукуматӣ обуна шуда пули онро бипардозанд.

Як омӯзгори мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки нахост номаш зикр шавад ба “Аздо тв” мегӯяд:

“Дар баробари кам будани маошамон, ки баъзе 700 сомонӣ ва баъзе дигар камтару зиёдтар аз ин мегирем, боз маҷбур доранд, ки ба рӯзномаҳои ҳукуматӣ обуна шавед, ҳайрон мондаем, агар обуна шавем дар ин шароит, ки ҳама нарху наво дар осмон аст, чӣ тавр зиндагонӣ мекунем? Бо рӯзнома шикамҳоямон серу хонаҳоямон гарм намешавад”.

Чанд омӯзгори дигар низ ин хабарро ба “Аздо тв” тасдиқ карданд. Ин омӯзгорон бо нигаронӣ мегӯянд, ки дар барбари гирифтани маблағ боз аз ҷониби роҳбарияти мактабҳо дастур аст, ки аз ҳар хонанда барои обунаи рӯзномаҳо маблағ ҷамоварӣ намоянд.

“Ҳоло шароит ба ҳамаамон маълум, ҳамарӯза волидони донишомӯзон назди мо меоянд, ки ҷамъоварии маблағ барои чӣ аст? Мо ҳам шарм мекунем, фарзанд дорем зиндагиро медонем, ки вазнин аст, вале маҷбурем, ки амри роҳбариятро гӯш кунем, дар сурати саркашӣ кардан роҳбарият мегӯянд, аризаатонро нависеду аз кор равед”, – иброз дошт омӯзгори дигар.

Огаҳони умур мегӯянд, аслан ин дастур аз ҷониби масъулони бахшҳои Вазорати маориф аст ва ба онҳо низ супориш шудааст, ки ба рӯзномаҳои ҳукуматӣ обуна шаванд.

Омузгорон дар сӯҳбат бо “Аздо ТВ” иброз дошатанд, ки аз як тараф арзу шикояти волидон аз тарафи дигар ҷангҷолу маломати роҳбарияти мактаб ба хотири ҷамъоварии маблағ, ҳама санг ба сари мо мезанад. Онҳо мегӯянд, ҳадди ақал дар ин давра барқро қатъ намекарданд, ки ба ҷойи харидории ангишту ҳезум обуна мешудем.

“Аздо тв” омодааст, дар ин маврид вокуниш ё посухи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистонро ба нашр расонад.

Қонуни имтиҳонсупории муҳоҷирон дар Русия сахтар мешавад?

0
Сурат: РИА Новости

Думаи давлатии Русия қонуни наве дар бораи супоридани имтиҳон барои хориҷиён аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқро қабул кард. Бино ба навиштаи “Pressa.tj” қонун дар бораи донистани забони русӣ, донистани таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар қаламрави Русия кор ва зиндагӣ кунанд, такмил карда шуд.

Баъди такмили ин қонун, қоидаҳои нав барои супоридани имтиҳонҳое, ки сатҳи донишро муайян мекунад, муқаррар карда мешаванд.

Дараҷаи мушкилии ин ё он имтиҳон аз ҳадафи будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар вобаста хоҳад буд. Яъне агар шаҳрванди хориҷӣ ба Русия барои кор меояд, мураккабии имтиҳон аз оне, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ меояд фарқ хоҳад кард.

Тартиботи ягонаи гузарондани имтиҳон ва баҳои ҳадди ақал муқаррар ва нархи дақиқи имтиҳон муайян карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир минтақаҳои алоҳида феҳрасти муассисаҳоро, ки ҳаққи гирифтани имтиҳонро доранд, мустақилона муайян мекунанд.

Тибқи қонуни нав, танҳо он ташкилотҳои таълимие, ки ба рӯйхати расмӣ шомил карда мешаванд,ҳаққи гузаронидани имтиҳонро пайдо хоҳанд кард. Онҳо инчунин барои муҳоҷирон шаҳодатнома медиҳанд ва мӯҳлати амали он аз ҳадафи шаҳрванди хориҷӣ вобаста аст.

Шаҳодатномаи сесола ба муҳоҷироне дода мешавад, ки ҳаққи иқомати муваққатӣ, кор ва ё патентро доранд. Ин қонун пас аз 180 рӯзи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи 24 ноябри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои як сафари расмӣ озими шаҳри Маскави Федератсияи Русия шуд.

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ 25 ноябр дар Маскав зимни мулоқот бо Александр Жуков, муовини якуми раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, таваҷҷуҳи ҷониби Русияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, онро яке аз мавзӯъҳои муҳими равобити дуҷониба арзёбӣ намудааст. Вале маълум нест, ки баъд аз мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо намояндагони ҳукумати ФР ба мушкилии муҳоҷирин сабукӣ дода мешавад ё на?

Ихроҷ муҳоҷирони тоҷик аз Русия бо вуҷуди доштани санади будубош

0

Дар шаҳри Маскав 15 муҳоҷири тоҷикро маъмурони пулис дастгир карда, пас аз як шаб ба додгоҳ бурдаанд ва додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷашонро содир кардааст.

Бобоҷон – яке аз муҳоҷирони боздоштшуда, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пулис дар ҷараёни як амалиёт онҳоро боздошт кард ва ҳукми ихроҷашон содир шудааст. Дар ҳоле, ки бархе аз муҳоҷирон патент ё иҷозаи корӣ доштанд ва баъзеи дигар барои дароз кардани муҳлати он ба мақомот ариза дода буданд.

“Моро ба идораи пулис бурданд, як шаб нигоҳ доштаанд. Субҳи дигар ба додгоҳ бурданд. Дар онҷо моро 5 ҳазор рублӣ ҷарима баста, қарори ихроҷи моро аз Русия содир карданд. Ба мо панҷ рӯз муҳлат доданд, ки аз Русия берун равем”, – мегӯяд як муҳоҷир.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори раиси ҷумҳури Русия муҳоҷирони корӣ то 15-уми декабр аз сабти номи маҳалли зист озоданд ва бе гузаштан аз марз ҳақ доранд, мӯҳлати патентро дароз намяонд.

Муҳоҷирон мегӯянд, барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон занг заданд, аммо то кунун ёрие нагирифтаанд.

Қабан Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия хеле зиёд аст ва ёрии ҳуқуқӣ расонидан ба ҳама аз имкон берун аст.