Хона блог саҳифа 667

Қайди номи қавмҳо дар шиносномаҳои миллии Афғонистон доғ шудааст

0

Сарвар Дониш, муовини дуввуми раиси Ҷумҳурии Афғонистон ба нашри ин рӯйхати ақвом вокуниш намуда мегӯяд, дарҷ гаридани номи қавмиятҳо дар шиносномаҳои электронӣ “ҷанбаи касбӣ ва илмӣ надорад”.

Ба андешаи ӯ, “тасмимҳои аҷулона ҳам ҳукуматро мавриди пурсиш қарор медиҳад ва ҳам дар миёни мардуми мо тафриқа ва беэътимодӣ эҷод мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Салоҳуддини Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроияи Ҷамъияти исломӣ ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси палатаи намояндагон навиштанд, ки ҷудо кардани ин ақвом аз баданаи қавмҳои дигар нифоқафканӣ аст ва ба руҳияи миллатсозӣ осеб мерасонад. Шуморе аз аъзои Сенат низ ба ин қазия вокуниш нишон додаанд.

Муҳаммад Алам Издиёр, муовини раиси Сенат гуфта, “Афғонистон ба ваҳдат ниёз дорад, ба ҳамбастагӣ ниёз дорад ва бояд як миллат шавад”. Ӯ меафзояд: “Дар ин вазъ, мо бояд баррасӣ кунем, ки афзалиятҳои кадом аст.”

Аммо Шӯрои ҳамоҳангии ақаллиятҳои Афғонистон рӯзи якшанбе дар нишасте дар Кобул аз ин тасмими идораи миллии омор (сабти асноди шаҳрвандӣ) истиқбол карда ва аз ҳукумат талаб кард, ки ақаллиятҳо низ дар тасмимгириҳои бузурги сиёсӣ дохил бошанд.

Аҳмад Шакиб Санин, раиси Шӯрои ҳамоҳангии ақаллиятҳо мегӯяд: “То ба имрӯз мо мисли мурдаҳо будем ва рӯҳ надоштем, мо хор шудем, зеро дар ҳама ҷое, ки мерафтем, ақаллият будем.”

Дафтари миллии омор ва маълумот мегӯяд, ки ин қавмҳо бо дархости намояндагони худ ба таври электронӣ сабти ном шудаанд.

Роина Шаҳабӣ, сухангӯи Идораи миллии омор ва маълумоти Афғонистон мегӯяд: “Барои ворид кардани номи гурӯҳҳои дигари қавмӣ ба ҷуз аз чаҳордаҳ қавм дар Афғонистон дар низоми ID-и электронӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад.”

Аз ин тасмими Идораи омори милӣ Афғонистон аз ҳама бештар ақалятҳо истиқбол кардаанд. Гулназар Фарҳод яке аз бошандаҳои Шуғнони Бадахшони Афғонистон дар сӯҳбат бо “Аздо тв” аз ин тасмим истиқбол кард ва гуфт, ки ҳар ақвоме дар ҳар куҷое зиндагӣ мекунанд, талош мекунанд, ки бар асоси номи қавми худ шинохта шаванд.

Дар суоли он, ки оё танҳо қавмҳои тоҷиктабор бештар тақсимбандӣ шудаанд ё дигар қавмҳо низ ҳастанд, оғои Гулназар гуфт, “ман аслан фикр намекунам, ки ба расмият шинохтани ақвом боиси тафриқа бишавад ва ин ҳеҷ рабте ба чизи дигаре надорад. Ин як ҳақиқат аст, ки ҳар қавм бо ҳамон ҳақиқати вуҷудии худ шинохта шадвад”.

Гулназар Фарҳод ҳамзамон гуфт, ақвоме, ки худашон хоста бошанд ҳувияташон бо ҳамон қавми худ шинохта шавад ҳеҷ монеъае надорад. Ин хости ақвом аст, ки онҳо тасмим бигиранд, ки ҳамон қавмияташон ва ҳамон ҳувияташон шинохта бишаванд ва тасмими онҳо мавриди қабули давлату ҳукумати Афғонистон хоҳад буд. Ҳувияти қавмӣ ҳаққи ҳар қавм ҳаст ва ҳар қавм бояд ба ҳамон ҳувияти худ шинохта шавад ба шарте, ки он қавм худаш хоста бошад то ҳувияташ дар шиноснома дарҷ шавад.

“Ва дар зимн бояд илова бикунам, ки дар ин барнома танҳо ақвоме бештар дар ростои ҳувияташон иддаои шиноси ҳувияташон шудаанд, ки тафовутҳои куллӣ бо миллатҳое, ки то кунун идғом дар дарнуи онҳо буданд. Ба мисле, ки шуғнониҳо то кунун ба номи тоҷик ёд шудаанд, дар ҳоле, ки шуғнониҳо тафовути забонии куллӣ доранд бо бародароне, ки худро тоҷик мегӯянд. Ва тоҷикҳо мегӯянд, ки мо аламбардори забони форсӣ ҳастем. Шояд шумо бидонед, ки шуғнониҳо забони аслиашон ва забони аввалиашон шуғнонист ва форсиро дар даврони таҳсил ва дар даврони омузиш  ёд мегиранд, ки форсӣ забони дуввумии шуғнониҳо аст”.

Дар соли 2017 ҳукумати Афғонистон комиссиюне таъсис дод, ки гурӯҳҳои этникии муқими ин кишварро муайян мекунанд, аммо кори ин комиссиюн муваффақ набуд ва ба натиҷае нарасид. Ба ҳамин хотир Додгоҳи олӣ қарор кард, ки гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон чордаҳ қавме ҳастанд, ки дар Сарқонун зикр шудаанд.

Тавзеи шиносномаҳои электронӣ дар ин кишвар чанд соле пеш оғоз шуд, аммо дарҷи вожаи “Афғон” дар он ба мухолифатҳое рӯбарӯ шуд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки номи қабилаҳоро дар баробари калимаи Афғонистон ҷой бидиҳанд.

Ҳамчунин барои бештар фаҳмо шудани ин қазия мо аз Алим Шеразмонов хостем ин қазияро шарҳ бидиҳад. Ӯ чунин гуфт:

ФАВРӢ: Ҷузъиёти тоза дар қазияи Иззат Амон аз забони вакили мудофеаш (Садо)

0

Имрӯз 30 март вакили мудофеи Иззат Амон Кирилл Жаринов Георгиевич дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, Холов И.А, ки ҳукумати Тоҷикистон иддао карда ин ном Иззат Амон (Холов Иззатулло Амонович) мебошад, он кас нест. Холов И.А умуман дигар нафар аст.

Ӯ гуфт: “Имрӯз ман дар Додгоҳи Тверской ш. Маскав будам ва худам бо парвандаи Холов.И.А ошно шудам ва парвандаи ӯро ба ман нишон доданд. Маълум гашт, ки ин Холов И.А Иззат Амон ( Холов Изатулло Амонович) нест ва хеле ҷавонтар аз Иззат Амон мебошад. Ному насаби дигар дорад ва танҳо аввали ҳарфи ному насабаш бо ному насаби Иззат Амон шабоҳат дорад ва ин як тасодуф аст. Дар Додгоҳи Тверской ш. Москав таъйид карданд, ки парвандаи Холов Изатулло Амонович ҳаргиз дар ин додгоҳ баррасӣ нашудааст ва аз чунин парвандае онҳо хабар надоранд. Ин маълумоти дақиқ аст, вале ман наметавонам маълумоти Холов И.А-ро расонаӣ кунам, чун вакили мудофеи ӯ нестам”.

Вакили мудофеи Иззат Амон дар идома афзуд, “эҳтимолан ВКД-и Тоҷикистон маъуломтро дар вебгоҳи Додгоҳи Тверской дида ё чун мо фикр карданд ин шахс Иззат Амон аст ё бардуруғ онро ба Иззат рабт доданд”.

Ӯ дар охири суҳбаташ гуфт, “ҳеҷ додгоҳе ҳукми ихроҷи Холов Изатулло Амоновичро аз Русия содир накардааст ва ҳукми ихроҷи ӯ вуҷуд надорад”.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 27 март гузориш дода буд, ки Иззат Амон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо қарори Додгоҳи Тверской шаҳрвандияш лағв ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Пас аз он дар Душанбе аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуд.

ВКД як рӯз қабл аз ин, 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд.

Тибқи ин парванда ВКД ӯро дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дод. Субҳи рӯзи 27 гуфта шуд, ки Иззат Амон дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Шарҳи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар мавриди барқароршавии парвозҳои доимӣ

0

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ дар иртибот ба тартиби азсаргирии парвозҳои эъломшуда байни Русия ва Тоҷикистонро ба таври расмӣ шарҳ дод.

Сафорат эълом дошт, ки аз ин пас ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Дар навиштаи “Азия плюс” ба таври муфассал ба ҳамаи суолҳои додашуда дар иртибот ба азсаргирии парвозҳо посух гуфт.

Дар посух ба ин суол, ки кай парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, сафорат посух дода аст, ки бар асоси қарордоди ширкатҳои ҳавопаймоии байни ду кишвар парвозҳои доимӣ байни Маскав ва Душанбе дар ҳафта ду маротиба, рӯзҳои ҷумъа аз 2 апрел ширкати ҳавонавардии “Ютэйр” ва рӯзҳои сешанбе 6 апрел ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” роҳандозӣ мешаванд ва дар оянда шояд ба тедоди парвозҳо афзуда шавад.

Ба навиштаи ин сомона ҳар шахрванд метавонад аз ин парвозҳо байни Душанбе-Маскав истифода намояд, касоне, ки дар Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд ва хамчунин шаҳрвандони Русия низ.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки хулосаи аслии ташхиси тиббиро ба забони русӣ дар мавриди набуди строяти корновирус на пештар аз се рӯз омадан ба Маскав пешниҳод кунад.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тирпарронӣ шудааст

0

Бино ба маълумоти расман тасдиқнашуда дар Бадахшони Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон тирпаронӣ сурат гирифта, нуҳ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шудаанд, ки дар байнашон ноболиғон низ ҳастанд.

Як сокини Бадахшон дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ давоми се рӯз мешавад, баста аст. Ва роҳ байни Дарвозу Ванҷ низ банд буд.

Тибқи гузориши манбаъ, “аз тарафи Афғонистон минтақаи марзии Тоҷикистон мавриди гулӯлаборон қарор гирифта, ҳудуди нӯҳ тан аз шаҳрвандони мулкии Тоҷикистон захмӣ шудаанд, ки дар байнашон афроди ноболиғ ҳам ҳастанд”.

Манбаъ афзуд: “Имрӯз бошад дар даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ сангпораи калоне дар сари роҳи мошингард ғалтида даҳҳо мусофир ва худравҳои боркаш инак чанд рӯз дар байни оташу санг гир мондаанд”.

Аммо ин хабар то ҳол аз ҷониби ду кишвар расман шарҳ дода нашудааст. Ва сабабу омилони ин тирпаронӣ ҳанӯз маълум нест.

Тасдиқи хабар аз дигар манобеъ барои “Аздо тв” муяссар нашуд. Дар сурати дастрасӣ ба маълумоти тоза дар ин бора хабар такмил меёбад.

БАОР: рушди иқтисод дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

0

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар бораи оқибатҳои пандемия дар соли 2020-ро барои иқтисоди кишварҳои узви ин Бонк – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузориш нашр кардаанд.

Ба навиштаи “Asia-Plus” дар гузориши таҳлилӣ гуфта мешавад, суръати имконпазири рушди иқтисод дар аксари кишварҳои минтақа ба андозаи 0,5-1 дарсад ба сатҳи то пандемия коҳиш ёфта.

Гуфта мешавад, ки коҳиш ёфтани рушди иқтисоди кишварҳои узви Бонк дар шароити таъсири манфии пандемия ба рушди сармоягузорӣ, инчунин вазъи захираҳои корӣ ба вуҷуд омадааст.

Инчунин таҳлилгарон гуфтаанд, ки агар рушди иқтисодӣ дар ҳама кишварҳои узв камтар шуда бошад, дар Тоҷикистон “танҳо ба таври назаррас суст шудааст”.

Коршиносони ин Бонк коҳиши фаъолмандии кориро ба сустшавии талаботи дохилӣ ва беруна, поинравии нархҳо ба молу маҳсулоти энергетикӣ, бад шудани рӯҳия дар тиҷорат ва маҳдудиятҳо дар истифодаи нақлиёт рабт додаанд.

Бино ба арзёбии мутахассисони Бонк, тадбирҳои дастгирии аҳолӣ ва тиҷорат аз ҷониби давлат имкон дод, ки аз оқибатҳои бештар назарраси манфӣ пешгирӣ шавад.

Соли 2020 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба 82,5 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар) баробар шуд, ки 2,5% -и он 2,1млрд сомонӣ (200 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020)-ро ташкил медиҳад. Рушди воқеии ММД Тоҷикистон дар соли 2020 аз 7,5%-и соли 2019 то ба 4,5% дар соли 2020 поин рафт.

Мувофиқи пешгӯиҳои БАОР, соли 2021 рушди ММД Тоҷикистон 6,1%, Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 7,3% ва Русия – 3,2%-ро ташкил хоҳад дод.

Лату кӯб шудани як муҳоҷир аз ҷониби кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав (Видео)

0

Бино ба иттилои корбарон, рӯзи гузашта як ҷавони тоҷикро дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав кормандони он мавриди лату кӯб қарор доданд.

Гуфта мешавад, рӯзи гузашта иддае аз шаҳрвандони тоҷик назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд то эътирози худро аз боздошти Иззати Амон ба гуши мақомот бирасонанд. Аммо маъмурони пулис ҳамаи онҳоро боздошт ва ба шуъбаҳои минтақавӣ бурданд. То ҳол тақдири онҳо норӯшан боқӣ мондааст.

Муҳоҷирони муътариз навореро ба “Аздо тв” ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад, як ҷавонро, ки дирӯз (29.03.2021) дар назди сафорати Тоҷикистон на ҳамчун эътироз баро озодии Иззат Амон, балки барои тартиби аснодаш ба сафорат муроҷиат кардааст, кормандони сафорат ӯро зери мушту лагад қарор додаанд. Ба гуфтаи худи ӯ ба хотири ришаш ӯро чаҳор корманди сафорат лату кӯб кардаанд.

Ба гуфтаи худи наворбардорон, гӯё кормандони сафорат ин ҷавони тоҷикро барои дашном доданаш лату кӯб кардаанд, аммо худи ҷавон инро рад мекунад. Ин ҷавон мегӯяд, ки ӯро ба хотири ришаш задаанд. Дар мавриди лату кӯб шудани ин ҷавон то ҳол назари ҷониби сафорат дастарс нест ва маълум нест, ки ӯро кормандони сафорат чаро ва бо кадом асос задаанд.

Ин бори аввал нест, ки ҷанҷол ва муноқиша дар назди сафорати Тоҷикистон рух медиҳад. 24 сентябри соли гузашта низ як шаҳрванди Тоҷикистон ду корманди сафоратро лату кӯб карда буд. Он замон сабаби муноқишаро рафтори дағалонаи кормандони сафорат арзёбӣ карда буданд. Аммо баъдтар корманди сафорат будани лату кӯбшудаҳо рад шуд.

Соли гузашта дар авҷи интишори пандемия ва навбатпоии муҳоҷирон барои сабти ном шудан дар парвозҳои чартаерӣ барои баргаштан ба ватан низ чунин ҳодисае зиёд расонаӣ шуда буд.

Дар Тоҷикистон ташхиси коронавирус боз пулакӣ шуд

0

Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд меҳмонон ва сокиноне, ки мехоҳанд ба хориҷи кишвар сафар кунанд, 120 сомонӣ барои ташхис аз каронавирус пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2020 баъд аз ба қайд гирифта нашудани беморони COVID-19 дар Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистон фармон дода буд, ки ба ҳамаи сокинон дар озмоишгоҳҳои кишвар ба таври ройгон ташхиси каронавирус (ПЦР) гузаронида шавад.

Аммо бо гузашти беш аз як моҳ 12 январи соли ҷорӣ озмоиши коронавирус дубора пулакӣ шуд.

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба “Sputnik” гуфт, ташхиси пулакӣ ба онҳое, ки азми сафар ба хориҷаро доранд дахл дорад ва ба онҳое, ки дар дохили кишвар қарор доранд ва мехоҳанд аз вазъи саломатии худ огоҳ бошанд, гирифтани ташхиси коронавирус ройгон аст.

Агар дар озмоишгоҳҳои давлатӣ нархи ташхис 120 сомонӣ бошад, ташхиси коронавирус дар ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла “Луқмони Ҳаким” ва “Диамед” 160 сомонӣ мебошад. Ин намуди ташхис дар озмоишгоҳҳо аз луоби даҳон гирифта мешавад ва давоми 6-8 соат муайян шуда, давоми 72 соат ва ё 3 шабонарӯз эътибор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз 1-уми апрел парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон барқарор гардида, барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ доштани варақаи ташхиси коронавирус ҳатмӣ мебошад.

Истирдоду ҳабси Иззат Амон чиро бармало сохт?

0

Ончики бо Шарофиддин Гадоев рух дод, дар аввал гуфтанд, ки бо хоҳиши худ ва пои худ омадааст, вале баъди раҳосозии шармандаворашон дигарбора ба сақату дашноми ӯ шурӯъ карданд, дар қазияи Иззат Амон такрор намешавад. Зеро Иззат Амон мақоми паноҳандагии кишвари урупоиро надорад ва вазири хориҷии Русия ба мисли вазири хориҷии Ҳуланд барои озодсозии ӯ қасди анҷоми сафар ба Душанберо намекунад.

Балки ин русҳоянд, ки як шаҳрванди тоҷиктабори худро бо ду дасти адаб ба Тоҷикистон супориданд. Русия ин корро аз ин пеш ҳам карда буд, ки намунаи он сарнавишти Каромат Шарифов аст. Ӯро ҳам русҳо ҳамин тавр ба дасти ҳукумати Тоҷикистон  доданд.

Инки мақомоти тоҷик Иззат Амонро барои қаллобӣ, яъне гирифтану пулҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия муттаҳам эълон кардаанд, танҳо оғози кор аст. Иттиҳомоти сангинеро бори ӯ мекунанд ва аз навиштаҳои “фермаи ҷавоб” бармеояд, ки ӯро дар ҳамкорӣ бо мухолифин ва аз ҷумла ҲНИТ айбдор карданианд.

Барои хадамоти амниятиву интизомии Тоҷикистон “гапзанон” кардан бо ҳамтоёни худ дар Русия дар мавриди ҳар нафар тоҷике, ки бихоҳанд аз Русия бигирандаш ягон мушкил пеш намеояд. Дар Русия низ коррупсия то шохаҳо ва зинаҳои болоӣ, ки метавонанд тасмим бигиранд, нуфуз кардааст. Вақте Иззат Амон дар муроҷиати видеоияш ба Путин мегӯяд, ки ӯро афрод ва гурӯҳҳое аз чанд вақт ба ин тараф таъқиб мекарданд ва бар сари ӯ муомилаҳое дорад анҷом мешавад, ӯ воҳима накардааст, балки айни ҳақиқатро гуфтааст.

Вагарна чаро додгоҳи Твери Маскав бидуни онки худи Иззат Амонро даъват бикунад, мурофиаро дар ғоиби ӯ баргузор намуда ӯро барои надоштани патент (?) муҷрим мешиносад? Агар рӯи ин масъала жарфтар мутаваҷҷеҳ бишавем, боз чӣ қонуншиканиҳое ошкор мешавад? Ончики дар Маскав бо Иззат Амон гузашт, наметавонад кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инҷо кори гурӯҳи муташаккили ҷиноиро анҷом додаанд.

Дар ҳеҷ як гӯшаи дунё чунин мурофиа доир намешавад, ки шаҳрванди ҳозирро ғоибона, яъне бидуни даъват ва овардан ба толори додгоҳ ва ҳузури шахсии вай муҳокима намоӣ. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки гӯё додгоҳи Твери Маскав рӯзи 4 март анҷом додааст, на Иззат Амон, на адвокат ва ҳатто маълум нест, ки на даъвогар ҳузур доштанд. Касе намедонад, ки кӣ ва ё кадом ниҳоди давлатӣ алайҳи Иззат Амон иқомаи даъво кардааст? Чунин муҳокима ва мурофиаи додгоҳӣ наметавонад эътибори қонунӣ дошта бошад ва дар чунин ҳолат мебоист додрас замони баргузориро мавқуф мегузошт.

Нуктаи дигар ин аст,  ки баррасӣ дар додгоҳ рӯзи 4 март оғоз ва худи ҳамон рӯз ҳукм содир шудааст. Чи гуна додрас асноди воридшударо тӯли чанд соат хонда ва бидуни баҳсу баррасӣ ва шунидани фикру андешаи тарафҳои мурофиа қарор содир кардааст? Чунин навъи муҳокимаро ҳам наметавон дар ҷойе дигар суроғ дошт. Чи водор кардааст додрасро, ки ба ин оҷилӣ ва суръати кайҳонӣ ҳукм содир кунад?

Тарафи айбдоркунанда кӣ буд ва кадом ниҳод дар асноди шаҳрванди Русия Иззат Амон хатоӣ пайдо карда ва ба додгоҳ бо далелу мадрак муроҷиат кард? Ба ҷуз аз худи додрас дар додгоҳ киҳо иштирок карданд? Додгоҳи ноҳияи Твер фаъолияти кории Иззат Амонро ғайриқонунӣ донистааст, чунки вай патент надоштааст. Аммо ӯ шаҳрванди Русия аст ва патент зарурат надорад.

Дар ҳоле, ки мақоми шаҳрвандии шахсро танҳо додгоҳ ва он ҳам дар асоси даъвои мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ лағв мекунад, кадом қарору кадом додгоҳе, ки шаҳрвандии Иззат Амонро бекор карда бошад, доир нашудааст ва дар ин бора кадом ҳуҷҷату санаде ҳам касе дар даст надорад. Ҳатто агар ҳам, ки шаҳрвандии ӯ ҷаълӣ буд, қалбакӣ будани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русии ӯ мавриди муҳокимаи кадом додгоҳе қарор нагирифтааст.

Инҷо ҳам номаълум боқӣ монда аст, ки чӣ ниҳоде барои лағви шаҳрвандии русии Иззат Амон санад сохта аст ва бар асоси кадом ҷурм? Дар ҳоле, ки барои дарёфти шиноснома ва мақоми шаҳрвандӣ чандин ниҳод хулоса ва назар медиҳад, номаълум аст, ки дар як тарфатулъайн болои ин ҳама хат зада мешавад.

Бо нишон додани ин ҳама ҷараёноти машкук ва мармузи ба ном ҳуқуқӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки Иззат Амон дар пайи муомилаҳои пасипардагии хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Русия ихроҷ ва дастгир шудааст.

Чуноне дар фавқ ишора кардем ҳоло ин “фермаи ҷавоб” аст, ки талош дорад ҳам ҷойи мақомоти Тоҷикистон ва ҳам ҷойи Русия болои оташи ошӯбу қиёми мардумӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ об бизанад.

Дар навиштаҳои онҳо Иззат Амон на танҳо қаллоб, балки иғвогар, даъвогари ҳукумат, ҳамкору шарики террористҳо, одами ҲНИТ дар Русия, пайрави фирқаи аҳмадия, мехост ҳизб созад ва ғайраву ғайраҳо муаррифӣ мешавад. Яъне талош доранд, ки чеҳраи ӯро сиёҳ созанд ва бадном ҷилва диҳанд. Аммо воқеият ин аст, ки боздошт ва ҳабси ӯ боиси хашму ғазаби ҳазорон ҳазор тоҷики муҳоҷир дар Русия шудааст ва онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садои эътирози худро баланд карда истодаанд.

Эътирозу нороҳатии мардум дар дохили Тоҷикистон ҳам возеҳу рушан аст ва афзун бар ин созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои машҳури ғайри тоҷик ҳам ин амали Русия ва Тоҷикистонро ва бахусус ҳукумати Русияро таҳти тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон шояд бо бурдани Иззат Амон зӯри бозу ва қудрати худро нишон дод, ки дасти дароз дорад ва нишон дод, ки бо русҳо хеле ҳам наздик аст ва талабу хоҳиши ӯро рад намекунанд. Аммо бори дигар мардуми одӣ ба ин чиз муътақид шуд, ки ин ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дар пушти ӯ намеистад, балки нафарҳоеро, ки ба таври худрӯй ва худҷӯш дар ҳифзу ҳимояти ҳуқуқҳои ҳамватанони дар Русия кору пайкор мекунанд, хуш надорад ва имкони кору амал намедиҳад.

Раҳмон аз ҳар нафаре, ки исми ӯ дар даҳонҳо меуфтад ва шахсият мешавад рашк мекунад ва дар ӯ рақиби худро мебинад. Барои ҳамин бастану бурдани ҳабси Иззат Амон нишонаи қудрат ва зӯри ӯ нест, ин нишонаи тарс ва заъфи ӯ аст.

Аз сӯи дигар, русҳо ҳолати воқеии Тоҷикистон ва Раҳмонро хуб медонанд. Медонанд, ки Раҳмон дар байни мардуми тоҷик эътибор ва ҷонибдор надорад. Хуб медонанд, ки Раҳмон ва ҳокимияти хонаводагии вай кайҳост, ки мавриди нафрати мардум қарор гирифтааст ва ҷомеаи Тоҷикистон мунтазири фурсати муносиб аст то сухани охирини худро ба ӯ ва ҳокимияти хонаводагиаш бигӯяд.

Барои ҳамин афроде мисли Иззат Амонро, ки миёни ҷомеа нуфуз ва обрӯ дорад, таслими Раҳмон карда аз як сӯ ӯро бештар вобаставу мутеъ ва мадюн месозад, аз сӯи дигар руҳияи бадбинии ӯро миёни мардуми тоҷик бештар тақвият дода заминаро барои хезишҳои мардумӣ фароҳам месозад.

Вагарна агар Русия ба ҳарфу дархости Раҳмон бародарона ва ҳамчун шарики роҳбурдӣ лаббайк мегуфт, илтимосу таваллои сесолаи Раҳмон барои афви 270.000 тоҷики депортшударо ба инобат мегирифт ва Путин посухи табъи дили Раҳмонро медод ва ё инки барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳоро боз карду барои Тоҷикистон ҳамоно диранг дорад, ҳатто донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд иҷозаи идома таҳсил намедиҳад, чӣ расад ба моҷароҳои баҳси марзӣ бо Қирғизистон ва пӯшонидани сарҳад аз тарафи ин ҳамсоя, ки Раҳмон ва дору дастааш дар пушти ин ҳама зӯргӯиҳои Қирғизистон нафаси Русияро мешунаванд.

Аммо қазияҳои Шарофиддин Гадоев ва Иззат Амон ин паҳлуи масъаларо ҳам бармало кард, ки як инсон новобаста аз ирқу дину нажоду миллату забун дидгоҳу мавқеи иҷтимоиаш дар Аврупо чӣ қадру арзише дораду дар Русия чӣ манзалате?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Байни Тоҷикистону Афғонистон роҳи оҳан боз мешавад

0

Имрӯз 30 март Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси нуҳуми “Қалби Осиё-раванди Истанбул”, ки дар Душанбе баргузор гашт, суханронӣ намуда, аз раванди сулҳи байниафғонӣ пуштибонӣ намуд.

Ӯ дар бораи таҳкими равобити ду кишвар, рушди тиҷорату бунёди роҳҳо барои осон гардонидани интиқоли коло таъкид кард. Дар ин замина афзуд, ки ба зудӣ роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистон кушода мешавад.

Ӯ гуфт, “Дар ин робита, барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар талош карда истодаем.”

Раҳмон пешниҳод кард, ки он ба як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфта, ба долони байналмилалии нақлиётии “Шимол- Ҷануб” пайваст шавад.

Инчунин Раҳмон ба истеҳсоли нерӯи барқ ишора карда афзуд, ки Тоҷикистон қасд дорад истеҳсоли нерӯи барқро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа дучанд афзоиш диҳад.

“Тоҷикистон ҳамасола нерӯи барқро дар ҳаҷми аз 1 то 1,5 миллиард киловатт/соат (КВТ/С) ба Афғонистон интиқол медиҳад. Тайи даҳ соли охир аз ҷониби мо ба ин кишвари ҳамсоя зиёда аз 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ таҳвил гардидааст.”

Нишасти кории Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ нишасти корӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он масъалаҳои барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.

Охири ҳафтаи гузашта Русия эълом кард, ки парвозҳои муқаррарӣ бо Тоҷикистон аз 1 апрел аз сар гирифта мешаванд ва  як парвоз дар як ҳафта дар масири Душанбе-Маскав-Душанбе сурат мегирад

Дар ҷаласаи корӣ директори Агентӣ Икром Субҳонзода, намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Сомон Эйр ва ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни ин нишаст Икром Субҳонзода қайд кард, ки вазъи эпидемиологии марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба эътидол омадааст, ки барои барқарор кардани парвозҳои доимии байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ хоҳиш карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаҳои ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва арзиши чиптаҳоро бо назардошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандон дар доираи арзиши аслӣ ба танзим дароранд.

Ҳамзамон аз ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дархост карда шуд, ки сатҳи зарурии хидматрасонӣ ба мусофиронро таъмин намуда, барои бозхондани кормандон аз рухсатии бемузд чораҳои зарурӣ андешад.

Тибқи талабот  мусофирони хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва бояд қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намуда ва пеш аз парвоз онҳо бояд ташхиси ПЦР-ро бо натиҷаи манфии на дертар аз 72 соат дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2020 Тоҷикистон дар робита бо пандемияи коронавирус тасмим гирифт, ки ҳаракати ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро муваққатан боз дорад.

Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистон ва Русия  парвозҳои чартерии ширкати “Сомон Эйр” -и Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия амал мекунад.