7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 67

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Мулоқоти ҷонибҳо 3-юми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Рушди Саудӣ, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо барои маблағгузорӣ дар лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон муҳокима гардидааст.

Раҳмонов аз роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Рушди Саудӣ барои ҷудо намудани 100 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун”, ки соли 2023 ҷудо шуда буд ва 30 миллион доллари ИМА барои сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ кардааст.

НБО “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти сохтмонаш нотамоми Шуравӣ буд, ки ба Тоҷикистон мерос мондааст. Нерӯгоҳ дар дарёи Вахш сохта мешавад ва тибқи лоиҳп иқтидори он ба 3600 мегаватт/соат баробар аст. “Роғун” дорои баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд, ки баландияш ба 335 метр мерасад. Пас аз анҷоми сохтмон ин сарбанд метавонад оби дарёи Вахшро танзим кунад.

Соли 2008, вақте сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз нав оғоз шуд, аз рӯи ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1972 то соли 1991 барои амалӣ намудани ин лоиҳа 804 миллион доллар хароҷот шуда буд. Бо қурби имрӯза он тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо дар мавриди маблағе, ки барои анҷом додани ин лоиҳа лозим аст, Ҳукумат рақамҳои гуногун ироа кардааст.

Масалан, соли 2008 арзиши корҳои боқимондаи сохтмон 3 миллиард доллар гуфта мешуд. Соли 2016 ин рақам то 3 миллиарду 900 миллион расид. Соли 2022 расман эълон шуд, ки барои анҷом додани НБО “Роғун” 5 миллиард зарур аст, вале тирамоҳи 2023 ин рақам то 6 миллиард доллар боло рафт.

Аз соли 2008 то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат барои сохтмони НБО “Роғун” маблағ ҷудо мешавад ва то соли 2024 зиёда аз 40 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Дар баробари он Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳ евробондҳоро ба фурӯш бароварду мардумро ба харидани саҳмияҳо маҷбур кард, инчунин аз созмону кишварҳо қарзу грантҳо гирифтааст, аммо маълум нест ин неругоҳ кай пурра сохта мешавад.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

0

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонистонӣ, ки солҳо дар Эрон кору зиндагӣ мекарданд, бо навиштани номаи саргушода аз боздошту ихроҷ шуданҳои бедалел шикоят кардаанд.

Тавре расонаи “8 Субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад, ин гурӯҳи муҳоҷирон номаи саргушодаи худро рӯзи 3-юми июл ба идораи ин расона фиристодаанд. Онҳо дар нома хостори татбиқи адолат шудаанд.

Ба иттилои ин расона, дар номаи саргушода аз он шикоят мешавад, ки муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон “ба таври худсарона боздошт ва ба ҷосусӣ ба фоидаи Исроил муттаҳам карда мешаванд.”

Ҳамзамон илова шудааст, ки пулиси Эрон ҳуҷҷатҳои қонунии муҳоҷирон ва ё шиносномаҳои онҳоро пора мекунад ва дороиҳояшонро мусодира намуда, худи онҳоро мавриди латтукӯб қарор медиҳад.

Муҳоҷирон дар ин нома хостори ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон шудаанд.

Онҳо рафтори пулиси Эрон бо муҳоҷиронро “бедодгарӣ” ва “нақзи ҳуқуқи башар” номида, хостори таъмини адолат шудаанд.

Ба асоси иттилои расонаҳои Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин чанд рӯзи ахир боздошт ва ихроҷи густардаи шаҳрвандони Афғонистонро рӯи даст гирифтааст. Мақомоти Эрон ҳадаф аз боздошту ихроҷи афғонҳоро “барқарории амнияти пойдор ва оромиши шаҳрвандон” унвон мекунанд.

Мақомоти Эрон гуфтаанд, рӯзона садҳо афғонисотниро боздошт мекунанд, ки асноди будубош надоранд ва онҳоро ба ин хотир ихроҷ мекунанд. Аммо худи муҳоҷирони афғонистонӣ дар суҳбат ба расонаҳо “ғайриқонунӣ ва ё бидуни мадраки иқомат будан”-ро инкор мекунанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

0

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Белорус бо нашри паёме дар сафҳаи фейсбукияш ба шаҳрвандони кишвар огоҳӣ додааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Белорус дар ин паёмаш навишта, ки “дар доираи ҳамкорӣ ва табодули иттилоот миёни мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия, қарорҳои қабулгардида аз ҷониби Россия дар мавриди манъи вуруд ё ихроҷи шахсони алоҳида аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Беларус низ мавриди истифода қарор дода мешаванд.”

Аз ин хотир сафорат ба шаҳрвандоне, ки қаблан аз Русия ихроҷ шудаанд ва вурудашон мамнуъ шудааст, тавсия дода, ки пеш аз сафар ба Беларус “эҳтимоли доштани маҳдудиятҳои вурудро қаблан муайян намоянд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми бештар аз як сол вазъи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр бад шуда, маҳдудиятҳои зиёде барои кор ва будубош дар ин кишвар болои онҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, ихроҷу мамнуъулвуруд шудани муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар сабаб гашта, ки онҳо рӯ ба дигар кишварҳо барои кор биёранд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

0

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин суҳбат, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 1-уми июли соли ҷорӣ баргузор гардид, Ароқчӣ бо Муҳриддин маҷмуи масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар атрофи вазъи кунунии Ховари Миёна табодули назар карда, Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро вобаста ба ҳаводиси ахир иброз намудааст.

Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки пештар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карда буд.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

0

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 5-уми “Хирманҷо” дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи як гурӯҳи панҷнафараи қочоқбари мусаллаҳи шаҳрвандони Афғонистонро ошкор ва пешгирӣ карданд.

Ҳангоми кӯшиши боздошт, қочоқбарон ба амри кормандони мақомоти амният ва сарҳадбонон итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа миёни нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва қочоқбарон задухӯрд сар зада, ду зодаи қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла роҳбари ин гурӯҳи қочоқбар Азархон валади Сайдумари 50-солаи ва узви он гурӯҳ Азизи Розмуҳаммад 30-сола кушта шула, се узви боқимондаи гурӯҳ ба Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷаи кофтуков дар ҷои ҳодиса 57,515 кг “афюн” ва 960 грамм навъи “амфитамин”, 2 автомати “Калашников” бо тирдон ва 17 дона тир, 1 таҷҳизоти шаббин, 1 қаиқи резинӣ мусодира гардиданд.

Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тибқи моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, дар даҳ рӯзи ахир ин бори дувум аст, ки миёни нерӯҳои мазбонии Тоҷикистон ва қочоқбарори афғон заддухӯрд сурат мегирад. Пештар аз ин дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон роҳбари як гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбари 50-солаи сокини деҳаи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон кушта, 71 киллову 929 грамм ҳашиш, як автомати Калашникови АК-74, се тирдон ва 87 дона тирҳои калибри 7,62 мм мусодира карда буданд.

Бояд гуфт то ҳол мақомоти Афғонистон, яъне Толибон ба ин хабарҳо вокунише нишон надодаанд.

Дар гузашта низ Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя маводи мухаддир ба таври васеъ қочоқ мешавад. Аммо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам мекунад, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

0

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Кӯлоб, ҳодиса дар фосилаи соатҳои 00:00 то 01:00 шаби 30-юми июни соли ҷорӣ рух додааст. Мақомот сабаби ин фоҷиаи бузургро мушкилоти оилавӣ гуфтаанд.

Манобеи расмӣ мегӯянд, пас аз он ки Ҳалимова фаҳмидааст, шавҳараш зани дуюм гирифтааст, тасмим гирифта, ки бо фарзандонаш ба ҳаёти худ нуқта гузорад. Аммо худ аз об зинда берун баромад, дар ҳоле ки фарзандонаш ҳама ғарқшуда, ба ҳалокат расиданд.

Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи “одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ дар боздошт қарор дорад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин ҳодисаи фоҷиабор бори дигар ба мушкилоти равонии занон дар фазои хонаводаҳои ноором ва норасоии дастгирии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад. Коршиносон мегӯянд, набуди кумакҳои равоншиносӣ ва заъфи низоми ҳифзи ҳуқуқи занон дар кишвар метавонад ба чунин фоҷиаҳо мусоидат кунад.

Дар шароите, ки сатҳи бекорӣ, муҳоҷират ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ дар кишвар афзоиш меёбад, занони осебпазир беш аз ҳар вақте ба дастгирии қонунӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.

Ба иттилои Трамп, мувофиқи ин тарҳ Исроил ба шартҳои лозим барои иҷрои оташбас дар Навори Ғазза ба муддати 60 рӯз мувофиқат кардаст.

Раисҷумҳури Амрико афзуда, ки тарафҳои даргир дар ин муддати 60 рӯз барои поён додани ҷанг ба таври ниҳоӣ талош хоҳанд кард.

Трамп ҳамчунин афзуда, ки ин тавофуқи Исроил пас аз нишасти тӯлонӣ бо тими ӯ сурат гирифтааст. Ӯ гуфтугӯ бо исроилиҳоро “созанда” хонда, изҳори умедворӣ кард, ки ҲАМОС низ ин пешниҳодро бипазирад. Ҳамзамон Трамп ҳушдор дода, ки дар сурати розӣ нашудани ҲАМОС ба шартҳои оташбас вазъият дар минтақа “бадтару вахимтар хоҳад шуд.”

Гуфта мешавад, дар ин пешниҳоди оташбас ҷониби Қатар ва Миср низ талоши зиёд кардаанд, ки ҷанг дар Навори Ғазза ба поён бирасад ва мардуми овораву гурусна аз ин мушкилот раҳо ёбанд.

Трамп рӯзи сешанбе дар ҳузури хабарнигорон изҳори умедворӣ кард, ки “то ҳафтаи оянда ин оташбас дар Ғазза сурат бигирад.” Ва таъкид карда, ки дар бораи иҷро шудани оташбас бо Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил “қотеона” рафтор хоҳад кард.

Аммо то ҳанӯз маълум нест ҷониби ҲАМОС ин пешниҳодро пазируфта ё на. Вале қаблан ҳам намояндагони ин ҳаракт гуфта буданд, ки танҳо дар ҳолати поён додани ҷанг ва ба таври комил хориҷ шудани Исроил аз Ғазза ба оташбас мувофиқат хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоии худ рӯзона даҳҳо фаластиниро, аз ҷумла занону кӯдаконро дар Ғазза мекушад. Аз сӯи дигар, созмонҳои байналмилалӣ борҳо бонги хатар задаанд, ки кӯдакону калонсолон дар Ғазза аз гуруснагӣ мемиранд ва ҳарчи зудтар бояд ба вуруди кумакҳои инсонӣ иҷозат дода шавад.

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

0

Оморҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Дар ин бора раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия хабар додааст.

Пшихачев таъкид кардааст, ки набояд мардуми Русия ба 19 тоҷике таваҷҷуҳ кунанд, ки дар ҳамлаи террористии “Крокус Сити Холл” айбдор мешаванд, дар ҳоле ки ҳазорон тоҷики дигар ҷони худро барои дифоъ аз манфиатҳои Русия дар хатар гузоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, бояд тасвири воқеӣ ва ҳамаҷониба дар бораи иштироки тоҷикон дар ҷанги зидди Украина нишон дода шавад.

Муфтӣ Пшихачев инчунин ба зарурати таҳкими ваҳдати маънавӣ бо мардуми ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, бахусус бар пояи хотираи муштараки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид кардааст.

Пештар аз ин, Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить”, ки маълумот дар бораи зархаридони хориҷӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро ҷамъоварӣ ва нашр мекунад, номи 931 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо Вазорати дифои Русия дар солҳои 2023 ва 2025 қарордод имзо кардаанд, нашр карда буд. Дар ин рӯйхат номи тоҷиконе, ки асир афтодаанд оварда нашудааст, вале номи афроде оварда шудаанд, ки маълумоташон тасдиқ шудааст ва омори воқеӣ метавонад бештар аз ин бошад.

Тибқи оморҳои овардашуда, аз 961 тоҷик 196 каси онҳо фавтидаанд ва 147 нафарашон танҳо дар соли 2024 кушта шудаанд.

Тибқи маълумоти ин рӯйхат, аз ҳама шаҳрванди хурдтарини Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ширкат карда ва кушта шудааст, 18-сола ва бузургсолтаринаш 70-сола будаст. Яке аз сарбозони тоҷик ҳамагӣ 7 рӯз пас аз имзои шартнома кушта шудааст ва ба ҳисоби миёна, зархаридони тоҷик дар ҷанг тақрибан 140 рӯз умр ба сар мебаранд.

Баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё зидди онҳо санад тартиб дода шуда ва ё дар зиндон қарор доштанд. Инчунин дар ин рӯйхат номи онҳое, ки дар рӯйхати “шахсони зери назорат”-и Русия қарор доранд ва барояшон ихроҷ таҳдид мекард, дида мешавад.

Ин оморҳо дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми ду соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити кор ва будубоши муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат расонаҳо хабарҳое нашр карданд, ки мувофиқи онҳо, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Гуфта мешавад, ин аввалин мулоқоти расмии сатҳи болоии намояндагони вазоратҳои хориҷии ду кишвар баъд аз ҳалли мушкилоти марзӣ ба шумор меравад.

Тавре расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, сафари кории вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Бишкек бо даъвати вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жеенбек Кулубоев сурат гирифта, аз 30-юми июн то 1-уми июл давом кард.

Дар ҷараёни ин сафару мулоқотҳо вазирон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию инсониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафҳо ҳамчунин дар робита ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ва дигар платформаҳои бисёрҷониба табодули назар карданд.

Вазирон аҳамияти таърихии имзои Созишнома оид ба марзи давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки анҷоми раванди аломатгузории марз заминаи сулҳи устувор ва ҳамсоягии нек дар минтақа хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо, қарор аст ба зудӣ раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Душанбе сафар кунад. Ва вазирони корҳои хориҷӣ зимни мулоқотҳояшон масъалаи омодагиҳо ба сафари дарпешистодаи Ҷабборов ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона ва мушкилоти марзии байни ду кишвар, ки аз ду тараф чандин кушта ва захмӣ ба ҷо гузошта буд, тамоми равобити дипломатӣ қатъ шуда буд. Пас аз эълони расидан ба созиш ҷонибҳо акнун равобити дипломатии худро аз сар гирифтаанд.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

0

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Манбаъҳо аз вилояти Хатлон ба Azda TV тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят нерӯи барқ бидуни огоҳии пешакӣ ва бо давомнокии чандсоата қатъ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, сабаби қатъи нерӯи барқ то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.

Ба иттилои манбаъҳо, қатъи нерӯи барқ дар чунин рӯзҳои гарми тобистон, ки ҳарорати ҳаво ба беш аз 40 дараҷа мерасад, ба зиндагии рӯзмарраи сокинон, бахусус оилаҳо ва соҳибкорони хурд таъсири манфӣ мерасонад.

Рӯзи душанбе як сокини ноҳияи Бохтар дар суҳбат ба Azda TV бебарқиро тасиқ карда, гуфт: “Ҳар рӯз тақрибан аз субҳ то нимирӯз ё бегоҳ то шаб бебарқ мемонем.” 

Сокинони дигар мегӯянд, чунин ҳолат танҳо дар зимистон рух медод. Аммо ҳоло дар тобистони гармӣ низ бебарқиро таҷриба мекунанд. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки сабабро шарҳ диҳанд.

То ҳол мақомот расман дар бораи ин қатъшавиҳо изҳороти расмӣ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо реҷаи маҳдудкунии барқро ҷорӣ мекунад. Далели ин қатъкуниҳоро камшавии об дар обанборҳо мегӯянд. Аммо қатъи нерӯи барқ дар тобистон, ки об фаровон аст, суолҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Azda TV мавзуъро пайгирӣ мекунад ва дар сурати дастрас шудани иттилои бештар онро нашр хоҳад кард.