10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 686

Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон бояд оиди даромади бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ чора андешад

0

Ян-Петер Олтерс намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар машварат додааст, ки дар масъалаи коҳиши даромади бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва камшавии шумори муштариён чораҳои муассир андешад.

Ян-Петер Олтерс ин масъаларо рӯзи 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иброз доштааст.

Ҷаноби Олтерс гуфтааст: “Дар давраи солҳои 2000-2015 ин соҳа дар ҳоли рушди босуръат қарор дошта, ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузошт”.

Дар идома гуфтааст, ба туфайли расмиёти шаффофи дастрасӣ ба иҷозатнома ва боҷҳои пасти он, ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки оператори бонуфузи байнулмилалиро ба ин соҳа ҷалб намояд.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз аввали соли 2015 танзимгар дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ изҳор дошта буд, ки суръати афзоиши даромади ин соҳа дар сатҳи 15% боқӣ модааст.

Сари сабабҳои асосии он фикр кардан зарур аст, ки чаро дар ҳошияи иқтисоди дар ҳоли рушд қарордошта солҳои минбаъда даромадҳо дар соҳаи технологияҳои иттилооотӣ-коммуникатсионӣ ва шумори муштариён кам шуд”, – гуфтааст ҷаноби Олтерс.

Ба назари ӯ, бидуни рушди интерети баландсуръат ноил гардидан ба дигаргуниҳои рақамӣ, ҷорисозии хизматрасонии ҳукумати электронӣ ва пешбурди замимаҳои молиявӣ дар платформаҳои мобилӣ ғайриимкон аст.

Дар идома зик кардааст, ки “Бидуни ислоҳоти ҳадафнок, сарфи назар аз дастрасии маҳдуд ва суръати паст, нархҳо дар ин бахши иқтисод яке аз баландтарин дар ҷаҳон боқӣ мемонанд”.

Гуфта мешавад,  даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мунтазам коҳиш ёфтааст.  Дар соли соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил додааст.

Айни ҳол дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чаҳор ширкати мобилӣ ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) фаъолият мекунанд.

Баъд аз танаффуси 10-сола гази Узбекистон ба бозори Тоҷикистон ворид шуд

0
Сурат: farsnews.ir

Бахши хабаргузории “Форс” дар Тошканд бо такя ба қавли Абдулҳаким Сӯфиев, раиси ширкати “Сомон Суғд-газ” иттилоъ дод, ки “Узбекистон содироти гази табииро ба вилояти Суғди Тоҷикистон пас аз танаффуси 10-сола аз сар гирифт.”

Ба гуфтаи ӯ, гази воридотӣ барои корхонаҳои саноатӣ ва мардум пешбинӣ шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, як метри мукааб гази табиӣ, ки аз Узбекистон ворид карда мешавад, 2 сомониро ташкил медиҳад.

Сӯфиев афзуд:

“Коргарон аллакай чораҳои заруриро андешиданд ва эҳтимол дорад, ки дар ояндаи наздик корхонаҳои хурду бузурги саноатии Хуҷанд бо гази табиӣ таъмин карда шаванд.”

Тибқи тавофуқ, Узбакистон омода аст ба Тоҷикистон 1000 метри мукааб гази табииро бо нархи 130 доллар фурӯшад, ки ин нархи хеле муносиб аст. Даҳ сол пеш нархи ин миқдор газ 340-360 доллар тахмин зада мешуд.

Сӯфиев дар хотима гуфт:

“Дар вилояти Суғд зиёда аз 800 км ва дар қаламрави Хуҷанд зиёда аз 400 км лӯлаҳои газ мавҷуданд.”

Мубодилоти тиҷоратӣ байни ин ду кишвар дар соли 2019 дар ҳаҷми 207 миллиону 100 ҳазор доллар будааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон 24 ширкат бо сармоягузорӣ тоҷикон ва дар Тоҷикистон нӯҳ ширкати бо сармоягузории Узбакистон дар фаъолият мекунанд.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбекистон замони ҳукумронии Ислом Каримов чандон қавӣ набуд ва бо ҳар баҳонаҳое марзҳо гоҳ баставу гоҳ боз мешуданд, Аммо баъд аз марги Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев байни ин ду ҳамсоякишвар сарҳадҳо боз ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъат бахшида шуд.

Имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ бештар шудааст

0

Дар Тоҷикистон корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар нӯҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 5442,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 112,5% ё ин ки 603,7 млн сомонӣ зиёд истеҳсол шудааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати саноат дар Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ тилло 110,2 %,  нуқра 102,4 %,  хокаи мис 119,1 %,  сурмаи металлӣ 173 % истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми фурӯши умумии маҳсулоти корхонаҳои саноати кӯҳӣ ҳамагӣ 4089,3 млн сомонӣ буда, аз он ҷумла содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 1456,5 млн сомонӣ ё ин, ки  ба 141,2 млн. доллари ИМА будааст, – иттило медиҳад Вазорати саноат.

Дар Тоҷикистон айни ҳол ба коркарди маҳсулоти саноати куҳӣ ширкатҳои ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ «Пакрут», ҶДММ “Шимшо”, ҶМ ТК ММ “Апрелевка”, ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб», ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” ва ҶДММ “Заринк” фаъолият доранд, ки бештари саҳмияҳои ин ширкатҳо ба чиниҳо таалуқ дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ба ширкати чинии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки бо харҷи тақрибан 30 миллион доллар бунёд гардид, ду кони тилло дар ноҳия Айниро дод.

Мақомоти амниятии Русия ду зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба гумони терроризм ба қатл расонданд

0

Мақомоти амниятии Русия (ФСБ) рӯзи 15 октябр аз ошкор шудани фаъолияти як шӯъбаи махуфии созмони мамнӯъи террористии «Катиба Тавҳид вал Ҷиҳод» дар Волгоград ва қатли ду «террорист»-и зодаи Осиёи Марказӣ хабар дод.

Дар бораи он ду нафари кушта шуда, ки зодагони кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, чизе гуфта нашудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ки онҳо нақша доштаанд, дар Волгоград ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, ки пешгирӣ крда шудааст.

Бино ба иттилои Маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ  “Роҳбари ин гурӯҳ ва шарики вай, ки мехостанд воситаҳои ҳамлаи террористиро аз махфигоҳи қаблан сохтаашон дар Волгоград берун бикашанд, ҳангоми боздошт ба кормандони ФСБ Русия муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва дар натиҷа аз байн бурда шуданд”.

Дар наворе, ки ФСБ нашр кардааст, дида мешаванд, ки ҷасадҳои кушташудаҳо дар як ҷангалзор қарор доранд, ҳамчунин берун овардани маводи тарканда аз ҷониби кормандони ФСБ аз пинҳонгоҳ дида мешавад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар ҷараёни кофтукоб як силоҳи оташфишон, тирҳо, васоили лозима барои сохтани бомбҳои худсохт, адабиёти динӣ ва ҳамчунин харитаи Волгоград, ки дар он ҳадафҳои ҳамлаҳои оянда хат кашида шуда буд, ёфт шудааст.

Ба гуфтаи ФСБ, ин нафарон аз Русия дастур мегирифтаанд ва мехостанд идораҳои давлатӣ, хобгоҳи ҳарбиён, корхонаҳои хатарнок ва ҳамчунин муҷассамаи Ватан-Модарро битарконанд. Гуфта мешавад, шарикони ин ду нафар дар Маскав, Санкт-Петербург, Уфа ва Майкоп дастгир шудаанд.

Коршиносон ҳамеша аз ҷониби ФСБ Русия дастгир шудани зодагони Осиёи Марказиро як барномаи таҳрезишуда ва ё сохтаи дасти мақмоти Русия унвон мекунанд, ки онҳо бо чунин саҳнаҳои худ чеҳраи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дар Русия сиёҳ мекунанд.

Як нозири барқ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд

0

Дафтари матбуоти Ожонсии давлтии мубориза бо корпусияи Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Нарзиев Алишер Ниёзович назоратчӣ-барқчии зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардааст.

Бино ба иттилои Ожонсӣ Нарзиев дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. ва писари ӯ – Рабиев Д.Н. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, яъне барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва ба расмият даровардани шарти техникӣ, дар чанд ҳолат маҷмуан 3950 сомониро гирифта ба ҳисоби худ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарари ҷиддии модӣ расонидааст.

Бинобар ин, нисбати Нарзиев А.Н. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад, навиштааст сомонаи Ожонсии давлатии молявӣ ва мубориза бо корпурсия. То ҳол назари Нарзиев ва наздиконаш дар ин маврид дастрас нест.

Чанде пеш милитсияи шаҳри Душанбе бештар аз 20 нафарро ба иттиҳоми барқдуздӣ ва ба ин васила расонидани зарари махсусан калон ба буҷаи давлат боздошт карда буд, ки  гуфта мешуд, онҳо кормандони Хадамоти алоқа ва шабакаҳои барқи ноҳияҳо будаанд.

Маросими қасамёдкунии Раҳмон чӣ гуна баргузор мегардад?

0

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода қарори даъвати ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашумро ба имзо расонид, ки рӯзи 30 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора “АМИТ Ховар” хабар дод.

Ҳамчунин “Азия Плюс” аз манбааш, аз Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки дар назар аст, рӯзи 30 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷасла савганд ёд кунад. Вале то ҳол дар мавриди савгадёдкунии Президент, мақомот расман хабаре нашр  накардаанд.

Ба иттилои ин манбаъ дар ин маросим гузашти низомӣ сурат мегирад ва маросим дар Кохи Сомону Қасри Миллат баргузор мешавад.

Мувофиқи Конститутсия (Қонуни Асосӣ)-и Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон баъди интихоб шудан дар ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои намояндагон ва миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Сухангӯи Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода, ба “Азия плюс” гуфтааст, то ҳол таърихи баргузории маросими савгандёкунӣ дақиқ нашудааст. Шарифзода дар идома иброз доштааст, ки шояд ба далели бемории ҳамагири вируси “COVID-19” меҳмонон аз хориҷ даъват нашаванд.

Адои  савганд ё инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президент дар соли 2006 низ бидуни ширкати сарони давлатҳои хориҷӣ баргузор гардида буд. Соли 2013 Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа “нисбатан хоксорона” доир хоҳад шуд. Ҳамон тавр доир гардида буд.

Шартномаи таҳсилро бисупоред, вагарна аз Донишгоҳ ихроҷ мешавед!

0

Чанд тан аз донишҷуёни донишгоҳҳо ва колеҷҳо ба “Аздо тв” ба шарти бурда нашудани номашон гуфтаанд, ки дар донишгоҳу колеҷҳо ба онҳо гуфтаанд, то маблағи шартномаро пардохт накунед ба рейтингҳо роҳ дода намешавед, аз донишгоҳ хориҷ мешавед.

Ин донишҷуён дар идома иброз доштанд, ки ҳоло имкони пардохти маблағи донишгоҳро надорем, дар сурати пардохт накарданамон аз донишгоҳ хориҷ мекунанд, чанд сола таҳсиламон барбод меравад.

Доишҷуён  мегӯянд, вазъити зиндагиашон мушкил аст, имсол наздиконашон, ки пардохти таҳсилашонро, ба дӯш доштанд, ба Русия рафта натавонистанд, дар баробари ин дар кишвар кор ёфтан ҳам осон нест, ки онҳо кор кунанд, бо як мушкилӣ зиндагиро пеш мебаранд, бояд масъулини донишгоҳҳо инро дарк кунанд, дар сурати набудани маблағ аз куҷо пайдо кунем.

Вақте ба масъулин гуфтем шароит надорем, гуфтанд, бонкҳо қарз медиҳанд аз бонк гирифта маблағи шартномаро пардохт кунед. Шароити бонкҳо ҳоло маълум аст, ки чанд қадар фоиз доранд, дар сурати ду се моҳ дер пардохт кардан омада хонаатро мегиранд, мегӯянд ин донишҷуй.

Омӯзгори яке аз донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“Дар ҳиқиқат ин мушкилӣ ҷой дорад, бештари донишҷуёне, ки айни ҳол дар донишгоҳову донишкадаҳо ва колеҷҳо бо тариқи шартнома таҳсил мекунанд, агар онҳо маблағи таҳсилро пардохт накунанд, омӯзгорон низ маош гирифта наметавонанд, ба ҳамин хотир роҳбарият ба донишҷуён  гуфтанд, ки маблағи шартномаро пардохт кунед, ин огоҳӣ аст, касеро хориҷ намекунанд, танҳо ба хотири тарс додани донишҷуён гуфтанд, хориҷ мекунем, вале ба рейтингҳо роҳ намедиҳанд”.

Дар идома манбаи мо иброз дошт, ки донишгоҳҳову колеҷҳо низ ягона манбаи даромадашон ин пардохти шартномаи донишҷуён будааст, вазъият чунин идома кунад, донишҷуён шартномаҳои худро пардохт накунанд, омӯзгорон низ маош гирифта наметавонанд.

Аслан ин фармони Вазорати маориф ва илм аст, ки ба маъмурияти донишгоҳҳо дастур доданд то донишҷуёнро маҷбур намоянд, ки маблағи шартномаҳояшонро пардохт кунанд, зеро роҳбарияти донишгоҳҳо аз пеши худ коре карда наметавонанд то амр аз боло набошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини донишгоҳҳо хоста буд, ки ба донишҷуён  сабукиҳо диҳанд.

“Суннатулло Эмомов, як масъули дафтари матбуоти Вазорати маориф ба Радиои Озодӣ гуфта буд, вазири маориф ҳанӯз пеш аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 ба роҳбарияти донишгоҳҳо дастур додааст, дар давраи пандемия ба донишҷӯён сабукӣ диҳанд”.

“Болои сӯхта намакоб” бар иловаи хасороти пандемия, ҳаводиси ахири Қирғизистон ҳам ба иқтисоди Тоҷикистон зарба задааст

0

Коршиносони “EastFruit” аз Осиёи Марказӣ дар як таҳқиқ муайян кардаанд, ки рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ба тиҷорат ва хариду фурӯши сабзавоту меваи тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расониданд.

Ба иттилои сомонаи “EastFruit” айни ҳол мавсими содироти ангуру хурмо, инчунин пиёз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Пештар содирот аз Тоҷикистон ба Русия тариқи Қирғизистон ва Қазоқистон (бо сабаби коронавирус ин хатсайрҳо амал мекарданд, лекин баъди эътирозҳо сарҳади Қирғизистон баста шуд) сурат мегириф, акнун содиркунандагони сабзавоту мева маҷбур шудаанд, ки хатсайрҳои навро, аз ҷумла тариқи Ӯзбекистон пайдо кунанд.

Коршиносони “EastFruit”  дар идома иброз доштаанд, ки “Аммо ин тиҷоратро душвор мегардонад, зеро дар сарҳад ронандагон бояд аз коронавирус тест супорида, натиҷаҳои онро интизор шаванд. Ин дар навбати худ арзиши боркашонӣ ва хавфи вайроншавии маҳсулотро дар роҳ хеле зиёд мекунад”.

Ба назари ин коршиносон нархи маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла ангуру хурмо дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки боло равад, зеро дар ин ҳолат қисмати зиёди маҳсулот ба бозори дохилӣ ворид мешавад.

“Аз ҷониби дигар, яқинан себ қимат мешавад, зеро Тоҷикистон барои истеъмоли дохилӣ себро аз Қирғизистон мехарад”,  навиштааст, сомонаи EastFruit.

Тибқи оморҳои интишоргардида нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 34,4% кам шуда, ҳамагӣ 25 млн долларро ташкил додааст.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи каме бештар аз 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, аз Қирғизистон ба кишвари мо ба маблағи зиёда аз 19,1 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Чаро бахши “Россия сегодня” дар Тоҷикистон кушода нашуд?

0
Фото: Пресс-служба МИД РФ

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар мавриди мушкилии ифтитоҳи бахши Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон гуфтааст.

Ба иттилои хабаргузории “Спутник” рӯзи 14 октябр Вазири умури хориҷаи Русия бо радиоҳои Русия мусоҳиба анҷом додааст.

Лавров дар мавриди то ба имрӯз ифтитоҳ нагардидани бахши Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон гуфтааст:

“Ман ҳам бар онам, ки мисолҳои зикргардида, аз ҷумла, мушкилии расонаҳои мо то охир ба эътидол оварда нашудаанд. Боварӣ дорам, ки мо ин мушкилиро ҳал мекунем, аммо розиям, ки он набояд пеш меоамад. Бо дарназардошти муносибатҳои мо, ҳамаи он корҳое, ки мо мекунем дар амал, иштирокамон дар иттиҳодҳои муштарак ва назардошти манфиатҳоямон бояд автоматӣ ва равшантар мешуданд”.

Лавров дар идома иброз доштааст: “Кишвар пурра аз мо вобаста аст, аммо ҳар кор хоҳанд мекунанд”.

“Ман наметавонам, маҳкум кунам, дар ҳоле, ки ба ҷанбаҳои амалии муносибатҳои мову шариконамон машғулам. Шумо рӯзноманигорон имконият доред, ки ба вазъият баҳои объективӣ диҳед. Вақте ки дар расонаҳо саволҳои амалиро ба пеш мегузоранд, албатта доим омодаем, ки онҳоро ба назар гирем ва дар сиёсати амалии худ аз он истифода барем”, – мегӯяд, Лавров.

Вазорати алоқа танҳо ба таври автоматӣ муносибатҳои иттифоқии байни кишварҳоро ба назар нагирифтанд, барои ҳамин вазоратҳои алоқа бояд фаъолона дар гуфтушунидҳо ширкат варзанд, – гуфтааст, Вазири умури хориҷии Русия.

Ҳамчунин Лавров дар мавриди омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикиситон гуфтааст: “Тоҷикистон мувофиқи созишҳо барномаи махсуси омодасозии муаллимони забони русӣ ва рушди забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Чунин барномаҳо дар Қирғизистон низ ба роҳ монда шудаанд”.

Чанде пеш хабаргузориҳо иттило доданд, ки Русия ба Тоҷикистон шарт гузоштааст, ки омӯзгоронеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон мераванд ба ҷойи зист таъмин намояд.

Президенти Қирғизистон ба истеъфо рафт, эътирозгарон ба хостаҳои худ расиданд?

0
Сурат: Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон

Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президенти Қирғизистон истеъфо дод. Дар муроҷиати Жеенбеков, ки рӯзи 15 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки вазъ дар Бишкек пас аз интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ, ки натиҷаҳои онро мухолифин қабул надорад, шадид боқӣ мондааст.

“Аз як тараф эътирозгарон аз тарафи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуранд, ки барои ҳимояи манзили давлатӣ аз силоҳ истифода баранд. Дар ин ҳолат, хун рехта мешавад, ин ногузир аст. Ман ҳарду ҷонибро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд. Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардуми мо ва оромии ҷомеа аз ҳама чиз болотар аст.

Барои ман аз ҳаёти ҳар як ҳамватанам чизи азизтаре нест. Ман дар қудрат боқӣ монданӣ нестам. Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кардааст, сабт шавам. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам.”

Истеъфои Жээнбековро сарвазири нав Содир Жапаров хостааст. Жапаров як рӯз пеш бо Жээнбеков мулоқот карда буд, аммо Сооронбой Жээнбеков аз тарки вазифа худдорӣ кард.

Субҳи рӯзи чоршанбе Жээнбеков, Жапаровро сарвазири ҳукумат таъин кард. Дарҳол пас аз таъйини Жапаров ба сарвазирӣ, ӯ дубора дар бораи истеъфои Жээнбеков сухан гуфт.

“Истеъфои президенти Қирғизистон талаби мардум аст. Имрӯз ман ба назди президент меравам ва мо ин масъаларо ҳал хоҳем кард” – гуфта буд Жапаров ба хабарнигорон.

Дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи парлумонӣ баргузор гардид. Дар он 16 ҳизб иштирок намуда, танҳо 4 ҳизби наздик ба ҳукумат вориди парлумон шуданд.

Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эътирозҳо рӯзи 5 октябр бо иштироки ҷонибдорони ҳизбҳое шурӯъ шуд, ки дар интихоботи маҷлиси қонунгузории кишвар садди ҳафтфоизаро нагузаштанд ва вориди парлумон нашуданд. Ин эътирози мардум ба задухурд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ печид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар задухӯрдҳо тақрибан 1200 нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар ба ҳалокат расидааст.

Наздиктар ба шаби 6 октябр, эътирозгарон тавонистанд ба Кохи Сафед, ки дар он ҷой парлумони Қирғизистон ва маъмурияти президент ҷойгираст, ворид шаванд. Баъдтар, дар бино сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи тазоҳургарон, шахсони номаълум як идораро оташ задаанд, сипас оташ ба дигар биноҳо паҳн шудааст.

Қисми дигари эътирозгарон ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омаданд, ки дар он ҷо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар СИЗО нигоҳдорӣ мешуд, ва бо иттиҳоми фасод ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд,  дарвозаҳои биноро шикаста, президенти собиқро аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карданд. Бо дархости тазоҳургарон, собиқ сарвазири ҷумҳурӣ Сапар Исаков ва собиқ депутат Содир Жапаров низ озод карда шуданд.

Рӯзи 6 – и октябр КМИ ҶҚ дар натиҷаи фишори эътирозгарон натиҷаҳои интихоботи парлумониро беътибор эълон кард. Рӯзи 9 октябр эътирозҳо дар Бишкек дигарбора оғоз шуд. Дар майдони марказӣ миёни тарафдорон ва мухолифони сарвазир Содир Жапаров задухӯрд ба амал омад. Ҳафт нафар, аз ҷумла раҳбари оппозисиюн Тилек Токтогазиев маҷрӯҳ шуданд.

Рӯзи 9 октябр Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо фармони худ дар Бишкек вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва рӯзи 13 октябр бо дастгирии ҳамаи вакилон вазъи фавқулодда то рӯзи 21 октябр тамдид карда шуд.

Баъд аз чанд рӯзи озод шудани Отамбаев ӯро рӯзи 10 октябр боз боздошт карданд. Ӯро ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек гунаҳкор медонанд. Дирӯз 14 октябр порлумони Қирғизистон, Содир Жапаровро расман ба мақоми сарвазир интихоб карда, инчунин ҳайат ва барномаи ҳукуматро тасдиқ кардааст.

Сарвазири тозаинтихоби Қирғизистон дар масъалаи боздошти Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки мешавад Ӯро аз ҳабс озод намуд ва то охири тафтиш ба ҳабси хонагӣ супоранд. Аммо инро додгоҳ бояд ҳал кунад. Субҳи 14 октябр дар назди деворҳои хонаи ҳукуматӣ дар маркази пойтахти Қирғизистон як занозании хурд рух дод, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.

Пештар хабар дода шуд, ки тазоҳургарон дар назди бинои ҳукумат дар маркази Бишкек ҷамъ омада, истеъфои президенти кунуниро талаб доранд. Суол ба миён меояд, ки ин нооромиҳо дар Қирғизистон чи таъсире дар вазъи минтақа хоҳад дошт ва коршиносону нозирон чи мегӯянд?

Баъзе нозирон нисбати ҳаводиси Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол карданд. Ба назари бисёриҳо, чунин менамояд, ки Қирғизистон симои “ҷазираи демократия дар Осиёи Марказиро” аз даст медиҳад ва ҳоло ҳамчун як кишвари ноороми сиёсӣ ва бо бӯҳрони ҳукуматӣ дида мешавад.