Хона блог саҳифа 698

Дар Тоҷикистон аз блогерон андоз меситонанд?

0

Дар Тоҷикистон блогерон ва нафароне, ки дар шабакаи Ютуб ва Инстаграм саҳифа доранд, андоз месупоранд.

Чанд нафар блогерон ба шарти бурда нашудани номашон ба “Аздо тв” гуфтанд, ки тӯли ду ҳафтаи охир аз ҷониби кормандони Кумитаи андоз даъват мешаванд, аз онҳо талаб шудааст, ки агар хоҳанд аз ин ба баъд кори блогериро идома диҳанд, бояд худро ба қайд гиранд, пас аз ба қайд гирифтан ба онҳо патент дода мешавад. Вале блогерон мегӯянд, ки бо он маблағе, ки Кумитаи андоз ҳамчун андоз муайян кардааст, кор карда наметавонанд.

Ба гуфтаи блогерон, то ҳол дар Тоҷикистон мардум он қадар ба интернет ва тамошои Ютубу гузоштани лайк, ки сабаби аслии даромади блогерон маҳсуб мешавад, одат накардаанд.

Баъзе аз он шикоят доранд, ки он маблағе, ки аз мо талаб мекунанд, мо онро шояд дар ду сол ҷамъоварда тавонем, Бояд мақомот мардумро дарк намоянд.

Ҳамсӯҳбатони мо дар идома иброз доштанд, ки кормандони Кумитаи андоз талаб доранд, 18% аз даромади худро андоз супорем, ба гуфтаи онҳо барои блогерон ин гуна андозбандӣ ғайримантиқӣ аст.

Блогерон иддао доранд, ки Кумитаи андоз набояд онҳоро бо блогерони дигар кишварҳо баробар кунанд, ба гуфтаи онҳо мақомот гумон мекунад, ки ҳамаи блогерон 5 ё 6 ҳазор доллар дар як моҳ кор мекунанд.

“Вале мо он қадр маблағ кор накардаем ва кор карда ҳам наметавонем, ки пули андоз ва патент пардохт намоем, маҷбур мешавем фаъолияти худро қатъ намоем”, – мегӯяд як ҳамсӯҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки аз 16-уми январ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба “андозбандии Google” ҳукми қонуниро гирифт. Тибқи он ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, ӯҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад “андози арзиши иловашуда” супоранд.

Алексей Навалний баъд аз бозгашт дар фурудгоҳи Шереметево боздошт шуд

0

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Русия пас аз 5 моҳи муолиҷа шоми 17-уми январ аз Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд. Ба вакили мудофеаш иҷозат надоданд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Бино ба гузориши хабаргузории “Интефакс”, Хадамоти Федеролии зиндонҳои Русия (ФСИН) боздошти сиёсатмадори 44-соларо тасдиқ кардааст. Мақомот гуфтаанд, ӯ аз рӯзи 29-уми декабри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ буд.

29 декабри соли 2020 Хадамоти Федеролии зиндонҳои Русия Навалнийро ба рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ дохил кард ва гуфта буд, ки ӯро боздошт мекунад. Даъвоҳо алайҳи Навалний ба нақзи ӯҳдадориҳои ҳукм дар “парвандаи Ив Роше” вобастагӣ доранд.

Навалний чанд лаҳза пеш аз боздошт бо хабарнигорон суҳбат дошт ва гуфт, аз бозгашт ба Русия “хушҳол аст” ва бовар дорад, касе ӯро дастгир намекунад.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои Аврупо ва иёлоти муттаҳида ба боздошти Алексей Навалний вокуниш карданд.

Аз ҷумла Олмон эълон кард, ки дар сурати раҳо нашудани Навалний метавонад тамоми муомилот бо Русия, аз ҷумла хати интиқоли барқи “Северний поток”-ро бозбинӣ кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо нашри як баёния хостори “озодии фаврӣ ва бе қайду шарт”-и ӯ шуд ва таъкид кард, ки мушкили Русия Навалний нест. Пампео ин амалкарди Русияро “хомӯш кардани Навалний ва дигар чеҳраҳои мухолиф ва садоҳои мустақиле” донист, ки аз мунтақидони ҳукумати Русия ҳастанд.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден дар “Твиттер” навишт, “ҳамлаи Кремлин ба оқои Навалний танҳо як мавриди нақзи ҳуқуқи башар нест, балки тавҳин ба мардуми Русия аст, ки мехоҳанд садояшон шунида шавад”.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо боздошти ин чеҳраи мухолифро “ғайри қобили қабул” хонд ва хостории озодии фаврии ӯ шуд. Оқои Мишел дар «Твиттер» навишт, “боздошти Алексей Навалний ҳангоми вуруд ба Маскав, ғайри қобили қабул аст. Ман аз мақомоти Русия мехоҳам, ки ӯро бе таъхир озод кунанд”.

Латвия, Литва ва Эстония — се кишвари минтақаи Балтика бо нашри баёнияи муштараке аз ин амалкарди Маскав интиқод карданд. Мақомоти кишварҳои Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон низ боздошти Алексей Навалнийро маҳкум намуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар посух ба изҳороти кишварҳои ғарбӣ дар бораи боздошти Алексей Навалний дар Шереметево, ба сиёсатмадорони хориҷӣ тавсия дод, ки қонунҳои Русияро эҳтиром кунанд ва бо мушкилоти кишварҳои худашон расидагӣ кунанд беҳтар аст.

Вакили мудофеи Алексей Навалний, Вадим Кобзев имкони боздошти ин мухолифро ҳангоми бозгашт ба Русия истисно накарда буд. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки дар сурати боздошт, Навалний бояд озод карда шавад.

Дар Олмон Навалний тақрибан панҷ моҳ табобат гирифт. 20 августи соли гузашта ӯ ҳангоми парвоз аз Томск ба Маскав заҳролуд шуд. Ӯро дар ҳолати кома дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Омск бистарӣ карданд ва сипас ба клиникаи “Charite” дар Берлин интиқол доданд.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.

Бо вуҷуди ин, дар рӯзҳои охир таҳқиқоти муштараки чанд расонаи хабарӣ ва сомонаҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) дар заҳролуд кардани Навалний даст доштааст.

Қарор буд ҳавопаймое, ки Алексей Навалний дохили он аст, дар фурудгоҳи Внуковои Маскав нишинад, вале ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Алексей Навалний аз ин кори мақомоти Русия барои тағйири ҷойи нишасти ҳавопаймо сахт танқид кард ва аз мусофирон узр пурсид.

Дар ҳамин ҳол, пулиси зидди шӯриши Маскав чанде аз дӯстону ҳамкорони Навалнийро, ки барои пешвозаш ба фурудгоҳи Внуково ва Шереметево рафта буданд, боздошт кардааст. Дар миёни онҳо Любов Собол ва Руслан Шаведдинов, кормандони “Бунёди мубориза бо фасод”, Влад Докшин, хабарнигори нашрияи “Новая газета” ва Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Самариддин Раҷабовро тобистони соли 2019 дар ҷараёни эътирозҳои мухолифон барои роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси Маскав дастгир карда буданд. Вайро барои кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот муттаҳам карданд. Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонаш ин айбро рад намуданд.

Баъдан Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Маскав рӯзи 24-уми декабр зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ним сол боз дар боздошт буд, 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва аз толори додгоҳ озод кард. Пештар додситон барои ӯ 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

Раҷабов субҳи имрӯз дар назди биное, ки онҷо мурофиаи Навалний баргузор мешуд, дида шуд ва ӯ ба хабарнигорон мусоҳиба медод.

Дар робита ба мавзӯи боздошти Навалний Вакили Думаи давлатӣ Антон Горелкин мутмаин аст, ки боздошти Алексей Навалний, ​​ки аз Олмон баргашт, боиси тазоҳуроти оммавӣ дар Русия нахоҳад шуд, зеро аксари русҳо аз ин мухолифи Путин ноумед шудаанд ва ин мавҷи эътирозҳое, ки боздошт ва баргашти Навалний ба бор овард, бо ҳештегҳо дар Фейсбук маҳдуд хоҳад шуд.

Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.

Ёдовар мешавем, ки ба ин монанд чунин ҳодисае низ дар Тоҷикистон рух дода буд. Зайд Саидов, собиқ Вазири саноати ҶТ 19 майи соли 2013 баъди бозгашташ аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Агарчи Зайд Саидов мухолифи ошкорои ҳукумати Раҳмон набуд, вале боздошти ӯ замоне сурат гирифт, ки ӯ эълони ташкили ҳизби ҷадидеро бо номи “Тоҷикистони нав” карда буд.

25-уми декабри ҳамон сол бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 ӯро дар мурофиаи дигар ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор ва 3 соли дигарро ба ҳукми зиндонаш илова карданд.

Тобистони соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаи 12-саҳифаӣ гуфт, ки дар қазияи Зайд Саид чандин муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нақз шудааст.

Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик тақозо шуда буд, ки Зайд Саидовро озод кунанд ва дар ҳолати зарурат, мурофиаи ӯро ба тарзи одилона баргузор намоянд. Аммо Додситонии кулл ахиран гуфт, ки Зайд Саидов то адои ҳукми додгоҳ озод нахоҳад шуд.

Раёсати СҲШ барои як сол бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор шуд

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон раёсати Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 ба дӯши Тоҷикистон гузота шуд.

Гуфта мешавад 15 январи 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯнамоии авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои соли ҷорӣ ва чорабиниҳое, ки дар давраи раёсати кишвар дар ин созмон ба нақша гирифта шудаанд, баргузор гардид.

Аз ҷумлаи ҳадафҳои мудирияти Тоҷикистон дар СҲШ, ҳифзи сулҳу амният дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи мавқеи байналмиллалии СҲШ гуфта шудааст.

Зикр гардида, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баргузории беш аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мӯҳлати раёсати Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ (саммит) 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе хотима меёбад.

Фриконси телевизиони “Паём ТВ” дар моҳвораи “Hotbird” мавриди ҳамла қарор гирифт

0

Сомонаи “Паём” хабар дод, ки бегоҳи ҷумъа, 15 январ фриконси телевизиони “Паём ТВ” баъди ҳамагӣ 5 рӯзи пайвастан ба моҳвораи “Hotbird” мавриди ҳамла қарор гирифта бо фиристодани паразитҳо шикаста шудааст. Ҳоло пахши барномаҳои “Паём” аз ин моҳвора қатъ шуда, танҳо дар моҳвораи “Eutelsat” ҷараён дорад.

Масъулони “Паём” мегӯянд, бино ба маълумоти масъулини моҳвораи “Hotbird”, паразитҳо аз 12 январ фиристода мешуданд ва ба фаъолияти 20 шабакаи дар як шона мавҷудбуда халал ворид кардаанд.

“Танҳо баъди се рӯз маълум шуда, ки ҳамла болои шабакаи ПаёмТВ сурат мегирад ва баъди қатъи пахши он шабакаҳои дигар аз паразитҳо наҷот ёфтанд”, менависад “Паём”.

Масъулони “Паём” гуфтанд, ки дар баробари ин ҳамчунин шурӯъ аз 10 январ чанд ҳамлаи хакерӣ ба Радиои Паём низ сурат гирифт, аммо ҳамлагарон муваффақ нашуданд. Танҳо 15 январ ба хакерҳо муяссар шуд сойти Радиои Паёмро шикананд ва пахши радио барои чанд соат қатъ шуд.

Қаблан ҳам ҳамлагарон тавониста буданд сойти радиои Паёмро рахна кунанд, аммо бидуни расонидани осеби зиёд.

Паём ба ин назар аст, ки ҳамла аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо кӯмаки яке аз кишварҳои ҳампаймони он сурат гирифтааст.

“Мақомоти Тоҷикистон бо озодии баён душмании сарсахтонае доранд ва ҳар садои интиқодиро бо тундӣ пахш мекунанд. Бештари сойтҳои хабаргузориву пойгоҳҳои мустақил дар Тоҷикистон масдуд шудаанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳни хабарҳое, ки ба нафъашон нест, мақомот борҳо шабакаҳои иҷтимоиву сойтҳои мустақил ва гоҳе ҳатто куллан интернетро масдуд кардаанд”, омадааст дар хабар.

Паём тасмим гирифтааст баъди ба даст овардани ҷузъиёти бештар дар бораи ҳамла ба шабакаи телевизионии худ ба додгоҳҳои байналмиллалӣ муроҷиъат намояд.

Ихроҷи ду донишҷӯи тоҷик аз Донишгоҳи ҳарбии Горди миллии Қазоқистон

0

Ду донишҷӯи тоҷикро, ки дар Донишгоҳи ҳарбии Горди Миллии Қазоқистон, таҳсил мекардаанд, пас аз як моҷаро аз донишгоҳ ихроҷ карданд.

Ин донишҷӯён аз бадрафторӣ ва зуроварии ҳамсабақони қазоқи худ шикоят намудаанд, вале маъмурияти донишгоҳ донишҷуёнӣ тоҷикро сабабгорӣ нооромӣ дар донишгоҳ дониста ихроҷ карданд.

Радиои Озодӣ аз ин ду нафар Зиёратшо Қурбонов ва Аваз Қурбонов ном бурда, онҳо дар шуъбаҳои гуногуни Донишгоҳи ҳарбии Гвардияи Миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск таҳсил доштаанд.

Аваз Қурбонов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, донишҷӯёни қазоқ дар донишгоҳ бо тоҷикон муносибати хуб надоранд ва бо онҳо бадрафторӣ мекунанд.

Ӯ ҳодисаи ба сараш омадаро чунин нақл кардааст:

“Ба ман амр доданд, ки ба шикам хоб равам. Аммо ман рутбаи лейтенант дорам, шарафам иҷоза надод, ки ба ин амр итоат кунам. Баъдан Бакитбеков ном як сарбози қазоқ Зиёратшоро бо қазоқӣ дашном дод. Миёни онҳо дар ҳоҷатхона муноқиша бархост, афсарон омада халос карданд, онҳо бо ҳам даст доданду бо ҳамин тамом шуд.”

Ба гуфтаи Қурбонов пас аз ҳодиса шабонгоҳ донишҷӯёни қазоқ чароғро хомӯш карда, бо камарбандҳои сарбозӣ ба донишҷӯёни тоҷик дарафтоданд, ки тақрибан 160 ҳамлагар, 10 донишҷӯи тоҷикро латукӯб кардаанд.

Аммо яке аз афсарон дар қисми таълимии донишгоҳ, ба шарти бурда нашудни номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, донишҷӯёни тоҷик қоидаҳои таҳсилро дағалона вайрон карданд ва аз ин рӯ, ихроҷ шуданд.

Дар ҳамин ҳол додгоҳи шаҳри Петропавловск бо арзи сарбози қазоқ Бакитбеков ба “қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ” Аваз Қурбоновро гунаҳкор дониста ҳудуди 100 доллар ҷарима бастааст.

Вале донишҷӯёни ихроҷшудаи тоҷик мегӯянд, ки аслан онҳо гуноҳ надоранд ва онҳоро дар зери фишор ва таҳдид ба қатл ва ваъдаи пас аз пардохти ҷарима баҳс хотима меёбад, гунаҳро ба гардан гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар Донишгоҳи ҳарбии Гвардияи миллии Қазоқистон айни замон 37 донишҷӯи тоҷик бо роҳхати Вазорати корҳои дохилӣ таҳсил доранд.

Заминларзаи шадид Тоҷикистонро ларзонд

0

Дар Тоҷикистон шаби 17 январ соати 01:04 ба вақти Душанбе заминларзаи 5.5 балӣ ба амал омад.

Ба гуфтаи зилзилашиносон маркази заминларза шаҳраки Ҷурми вилояти Бадахшон будааст, ки тибқи ҷадвали Рихтер 5,5 баллро ташкил додаааст.

Вале то ҳол дар мавриди шиддатнокии он аз ҷониби Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст, ҳамчунин дар мавриди хисорот ва зарарҳои он то ҳол маълумот нест.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шиддатнокии онро хело сахт арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо тӯли як дақиқа замин беист ларзидааст.

Тибқи маълумоти интишоргардида дар як ҳафтаи охир дар кишвар 4 заминларза, дар моҳи охир 11 ва дар давоми як сол 244 ҳолати ҷунбидани замин сабт гардидааст.

Ҷанҷолу занозании муҳоҷирон дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ дар Екатеринбург (Видео)

0

Шаби 14 январ дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (ЦВСИГ)-и шаҳри Екатеринбург дар байни муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кормандони онҷо ҷанҷолу задухӯрд ба амал омада чандин нафар маҷрӯҳ шуда ва якеро бо ангушти шикаста ба беморхона будрданд.

Барои хомӯш кардани ин даргирӣ нерӯҳои зудамал (ОМОН) мудохила кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “ura.news” иттилоъ дод.

Муҳоҷирон сабаби ошӯбро бадрафторӣ ва таҳқир шудан аз ҷониби як афсари ин Марказ унвон кардаанд, вале масъулон инро рад мекунанд.

Муҳоҷирон дар суҳбат бо сомонаи “ura.news” гуфтаанд, ки дар инҷо бо онҳо мисли маҳбусон муносибат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо зиндонӣ нестанд.

Ба навиштаи ин сомона сабабгори ошӯб яке аз афсароне будааст, ки муҳоҷиронро тамасхуру истеҳзо мекарда, ҳатто бастаҳои кумаки аз берун барои муҳоҷирони боздоштшуда меовардаро мегирифтааст.

Як муҳоҷир дар сӯҳбат ба ин сомона гуфтааст: “Моро бо ҳаргуна суханҳои қабеҳ таҳқир мекард, паст мезад, маймун мегуфт”.

Гуфта мешавад, барои хомӯш кардани ошӯби муҳоҷирони норозӣ гурӯҳи (ОМОН) омада, 10 нафарро дар як ҳуҷра нигоҳ дошта мавриди азият қарор додаад.

Видео: ura.news

Ба гуфтаи муҳоҷири боздоштшуда нерӯҳои (ОМОН) муҳоҷиронро чунон азият намудаанд, ки чанд нафар аз ҷони худ сер шуда қасди худкшӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Валерий Горелих сухангӯи пулиси вилояти Свердловск гуфтааст, дар ин ошуб аз нерӯҳои ОМОН истифода шуд, вале онҳо дар чаҳорчӯби қонун амал карданд, бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо сурат нагирифтааст.

Горелих гуфтааст, ки танҳо як нафарро ба беморхона интиқол додаанд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, ки даҳҳо нафар захмӣ шудаанд, ки ҳатто табибон ёрии тиббии аввалиро нарасонидаанд.

Ҳамчунин дар видиое, ки сомонаи “Ura.ru” нашр шудааст, муҳоҷирон бо дастҳои маҷрӯҳ ва хуншор дида мешаванд.

Сухангӯйи полиси Свердловск гуфтааст, дар ин маврид тафтишот идома дорад.

То ҳол маълум нест, ки муҳоҷирони маҷрӯҳ шаҳрвандони кадом кишварҳои Осиёи Марказиянд.

Баҳси тарафҳо: яке даъвои пирӯзӣ мекунад, дигаре омодаи посух гуфтан аст

0

Ҳафиз Бобоёров донишманди тоҷик рузи 15 январ дар саҳифаи фейсбукиаш навишта, ки сабаби масдуд шудани сомонаи “Кимёи саодат” фошкориҳои маводи зиддибашарии он буд.

Ӯ менависад: “Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он рӯзона хабарҳо ва маълумот аз дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо, бахусус Исроил дар ин ҷаҳон пахш мегардид.”

Бобоёров инро пирӯзӣ ном бурда, мегӯяд, ки “барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст”.

Дар зери ин коридаи Бобоёров, аксари корбарон шаҳрҳои зиёд навиштаанд, аз ҷумла рӯзноманигори тоҷик, Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён навишта, ки поёгоҳи “Кимёи саодат” пойгоҳи тарғиботии тобеъи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ буд.

Хафиз Бобоёров дар посухи катбӣ ба ин пурсишҳои хабарнигори “Аздо.тв”, ки оё қатъи дастрасӣ ба ин пойгох аз ҷониби муассисонаш сурат гирифта ва ё аз ҷониби ниҳоди махсусе? Оё Шумо низ дар ин фошкориҳо саҳме доштед, чунин навишт:

  • Кимиёи саодат вуҷуд дорад, аммо матолибаш боз намешавад. Гумонам, молики он дастрасиро қатъ кардааст. Дар робита ба Рисолат намедонам.
  • Бале, чанд чизе дар мавриди матолиби Кимиёи саодат навишта ва дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардаам. Ба ҷуз ин, борҳо бо Сайидюнуси Истаравшанӣ баҳсу баррасиҳо ва раддубадалҳо кардаем.

Хамчунин Саийдюнуси Истаравшанӣ низ дар посухи катбие ба суоли “Аздо тв” чавоб дод ва “иддаоҳои Ҳ.Бобоёров ро рад намуда гуфт, ки пойгоҳи “Кимёи саодат” бо фишори Бобоёров ва ё каси дигар таътил нашуда, балки ба зуди боз ба кори худ шуруъ мекунад ва ҳамчунин қайд намуда, ки омодааст дар сӯҳбати рӯ дар рӯ бо Ҳ.Бобоёров ба ҳама иддаоҳои ӯ посух гӯяд.

Посухи Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди динии тоҷик:

“Ёддошти ҷаноби Бобоёровро дидам. Эшон иддаое бузургтар аз ҳаҷми худ кардааст. Чунин нест, ки иллати таътилии сойти “Кимиёи саодат” фишорҳои эшон ва амсоли эшон буда бошад чунонки иддао мекунад. Сойти “Кимиёи саодат” ба зудӣ аз нав фаъол хоҳад шуд. Агар қарор бошад банда фаъолияти худ дар сойтро ба хотири фишори ину он таътил кунам, дар баробари фишорҳои Раҳмону Ятимов ва куллан ҳукумат таътил ва ё мутаваққиф мекардам. Ҷаноби Бобоёровро тавсия мекунам бузургтар аз ҳаҷми худ иддао накунанд.

Сониян, эшон зимнан иддао мекунад, ки мо мунодӣ ва мубаллиғи “ифротгароӣ” будаем. Ин ҳам як иддаои пучу бедалел. Сойти “Кимиёи саодат” беш аз 10 сол аст, ки фаъол аст ва дар ин муддат ҳазорон хонанда ва бинанда дошт, хонандаҳои ин сойт медонанд, ки банда мубаллиғи чӣ фарҳанге ҳастам. Бале, банда ифтихор мекунам, ки мусалмон ҳастам ва маро дар зумраи ба истилоҳ “исломгароёни сиёсӣ” зикр мекунанд. Ин мояи ифтихор аст. Аммо ин ки мубаллиғи ифротгароӣ ва ҷангу куштору тундравӣ бошам, масалан чизе шабеҳи ДОЪИШ ва ё Алқоъида, ин як иддаои пучу тухоли аст.

Солисан, бароям воқеан мояи таассуф аст, ки эшон таътил шудани як садоро, ҳоло он садо ҳар садое бошад, чи хушоянди эшон бошад ва чи набошад, барои худ пирӯзӣ ва дастовард қаламдод мекунад! Ин ҷойи таассуф дорад. Бо ин ҳол, фарқи эшон бо амсоли Раҳмону Ятимов чист? Ин ду низ тамоми ҳамму ғаммашон бастану таътил кардани садоҳост.

Дар поён, аз ҷаноби Бобоёров тақозо мекунам, дар як барномаи зинда дар ҳамин расонаи “Аздо” ҳозир шаванд ва рӯ дар рӯ ин иддаои худро бароям собит кунанд, он вақт посухи маро хоҳанд шунид, албатта, агар эшон ҷуръати гуфтугӯ бо бандаро дошта бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, моҳе пеш (тақрибан 20 декабри 2020) корбаре бо номи Рашид Рашидиён дар шабакаи фейсбук, ки аксари корбарону фаъолон ӯро “фейк-афсари фабрикаи ҷавоб” ном мебаранд, мақолаи Наҷмиддини Шоҳинбод, шореҳи “ИмрӯзNews”-ро дар саҳифаи фейсбукиашон бознашр кард, ки дар он аз Саймумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун “сарбози содиқи амнияти миллӣ” ёд шуда, ӯро мутахассиси варзидаи ҷабҳаи иттилоот ва пирӯзи он муаррифӣ мекунад. Ва соҳибони сомонаҳои басташударо тундгаро, фирориёну иғвоангези берунӣ ном бурда чунин менависад:

“Саймумин Ятимов ҳоло ба тадриҷ дар ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ бар зидди тундгароён, фирориёни иғвоандози берунӣ ва ҳазорҳо блогерҳову сомонаҳои ифротӣ бартарӣ дорад. Иттилооти дастрас ба омма ва бо далелҳои муътамад, ҳатто мухолифини ашаддиро аз майдони мубориза берун баровард. Масалан дар 10 моҳи имсол 4 сомона, 127 сафҳаи блогерҳо, ду созмони таблиғотӣ дар хориҷи кишвар маҷбур шуданд фаъолияти худро қатъ кунанд.”

Баҳси баста гардидани вебгоҳи “Кимёи саодат” замоне гарм шуд, ки Вазорати адлияи Амрико 16 декабри соли 2020, 92 вебгоҳеро, ки ба гуфтаи он муфаттишони амрикоӣ онҳоро марбути созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон донистаанд, масдуд кард.

Дар байни ин вебгоҳҳо вебгоҳи “Рисолат” (risolattj.com), ки бо забони тоҷикӣ барои тоҷикистониён ва тоҷикзабонон матлаб нашр мекард, масдуд гардид.

Агарчӣ вебгоҳи “Кимёи саодат” дар рӯйхати Вазорати адлияи Амрико набуд, вале аз фаъолият бозмондани он баъд аз нашри ин хабар расонаӣ шуд. Бинобар ин як ҷониб дар ин баҳс иддао дорад, ки вебгоҳе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ идорааш мекард, онро низ Вазорати адлияи Амрико масдуд карда ва ё ҳадди ақал бо фишори онҳо масдуд шудааст, вале худи С.Истаравшанӣ ин иддаоро рад мекунад.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Парвозҳо байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор шуд

0

Тоҷикистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазамро байни якдигар барқарор карданд. Дар ин бора хабаргузории ҳукуматии “Ховар” бо истинод ба директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз сар гирифта шуданд.

“Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии миллии Узбекистон – “Узбекистон ҳаво йуллари” ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр”анҷом дода мешаванд”, – гуфт И. Субҳонзода.

Тибқи қарори мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон -“Узбекистон ҳаво йуллари” ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон -“Сомон Эйр” анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қайд кард, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19, ҳамаи мусофирон бояд талаботи санитарию зидди эпидемиологиро риоя кунанд, ниқобҳо ва дастпӯшакҳо пӯшанд.

Мусофирон бояд бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Коршиноси рус: дар соли 2021 кишварҳои Осиёи Марказиро хатари ҷанг таҳдид мекунад

0

Алексей Валюжевич, коршиноси масоили низомии рус дар мусоҳиба бо хабаргузории русии “MKRU” аз кишварҳое номбар карда, ки эҳтимол дорад соли ҷорӣ даргири ҷангҳои низомӣ шаванд.

Аз ҷумла ӯ кишварҳои Осиёи Марказиро ном бурдааст, ки эҳтимол соли 2021 дар гирдоби ҷангу хунрезӣ қарор гиранд, аммо маълум нест, ки ин андешаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд, танҳо гумон ва тахмини ин коршинос аст ва ё маълумоти дақиқе аз ҷиҳатҳои махсус.

Нуқтаи хатари хориҷие, ки Тоҷикистонро таҳдид мекунад, ин вуҷуди Толибон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамеша таъқид мекунанд, ки марз зери назорат аст ва сохторҳои қудратӣ ба ҳар хатару таҳдиде омодаанд.

Алексей Валюжевич мегӯяд, ҳарчанд соли гузашта бинобар муноқишаҳои гуногуни мазҳабӣ ва ҳамчунин хуруҷи бемории коронавирус хотирмон буд, аммо соли ҷорӣ шояд аз соли гузашта душвортар шавад.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳамчун яке аз минтақаҳои “гарм” боқӣ мемонад ва интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ бишаванд ва бо берун рафтани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст, афзоиш меёбад.

“Алалхусус, чунин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарзо аст. Бе муболиға ҷанг дар марзи кишварҳое, чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад”, – гуфтааст, ин коршинос.

Вале коршисонони тоҷик назари дигар доранд, як корманди собиқи мақомоти Тоҷикистон ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт,

“ин бори аввал нест, ки коршиносони рус чунин таҳлилҳоро иро кунанд. Инро аз як ҷиҳат метавон чандон ҷиддӣ нагирифт, вале аз тарафи дигар ҳамчун таҳлили коршиносони ҳарбӣ бояд каме таваҷҷӯҳ кард. Зеро он метавонад бо худ паёмҳое дошта бошад. Агар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷанге ҳам ба вуқӯъ наояд, қувваҳои Амрико Афғонистонро тарк карданиянд ва шояд Русия бо нашр ва таҳдиди хатар сояи худро дар ин кишварҳо паҳнтар кардан мехоҳад.”

Ба гуфтаи ин коршинос, таҳлилгарони рус шояд бо гушзати чунин хатарҳо мехоҳанд бори дигар амният ва ҳифзи сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистонро ба даст гиранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Афғонистон 1400 км бо ҳам марзи муштарак доранд, ки гуфта мешавад ҳоло ҷангиёни гурӯҳи Толибон наздик ба марзи Тоҷикистон низ ҳузур пайдо кардаанд.