Хона блог саҳифа 697

Рақамикунонии соҳаи муҳоҷират дар Русия ба фоидаи муҳоҷирон аст ё хайр?

0

Хабаргузории ТАСС аз қавли ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия, Павел Дутов навишта, ки ин ниҳод нақша дорад давоми як соли оянда лоиҳаи қонун барои рақамикунонии низоми муҳоҷират дар ин кишварро омода намуда барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.

“Барои мо истифодаи технологияҳои рақамӣ хеле муҳим аст, зеро дар ояндаи наздик, дар тӯли 1-1,5 сол, мо лоиҳаи қонуни нав дар соҳаи муҳоҷиратро барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳем кард, ки он тамоми системаи муҳоҷиратро рақамӣ хоҳад кард”, – изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатӣ.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД-и Русия, соли 2021 дар сарраёсати онҳо системае амал хоҳад кард, ки мубодилаи иттилоотро дар вақти воқеӣ байни шӯъбаҳо дигар фароҳам меорад, аз ҷумла бо ин роҳ тафтиши маълумотномаҳои тиббии муҳоҷирон, ки барои гирифтани патент ба пулис пешниҳод шудаанд, имконпазир мегардад.

Чанде пеш мудири Маркази таҳқиқоти умури муҳоҷират, Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки рақамикунонии низоми муҳоҷират солҳои наздик роҳандозӣ хоҳад шуд, ки он натанҳо масоили марбут ба муҳоҷират, балки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷорӣ кардани чунин система ҳам ба нафъи муҳоҷирон ва ҳам ба нафъи маъмурони пулис ва дигар сохторҳои марбута хоҳад буд, чун дигар пулис бо ҳар баҳонаи бардурӯғу беҷо муҳоҷиронро дастгир ва ихроҷ нахоҳад кард.

Аммо бархе бар ин назаранд, ки баракс, ин система кори баъзе муҳоҷиронро душвортар хоҳад кард, чун ҳангоми дастгир шудан баъзан бо пули андак ҳам аз дасти пулис раҳо шудан имкон дорад, аммо бо систематик шудани ин низом кор каме мушкил хоҳад шуд.

Парвандаи кормандони дастгиршудаи ВКД ба суд ирсол шуд

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтишоти парвандаи ду корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ин ду корманди ВКД 10 сентябри соли 2020 дар бинои Вазорат аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасод дастгир шуда буданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зидди фасод Исматшозода Зебунисо Исматшо сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз ӯ барои аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи судӣ доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. баъди гирифтани 1200 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шуд.

Нисбати ин ду нафар бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Дастгир шудани кормандони сохторҳои қудратӣ бо иттиҳомӣ ришваситонӣ бори аввал нест, ки сурат мегирад. Ҳатто соле пеш аз ҷониби КДАМ кормандони худи ниҳоди мубориза бо фасод бо ин иттиҳом дастгир ва зиндонӣ шуда буданд.

Коршиносони соҳа яке аз сабабҳои ба ришваву фасод даст задани кормандони давлатиро дар маоши кам ва инчунин реша давондани ин беморӣ дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ марбут медонанд. Ба ин маъно, ки аксари мансабдорони баландпоя ба ин кор моиланд ва барои кормандони радаҳои поёнтар баҳонае мешавад, ки ба фасод даст бизананд.

Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозаинтихобаш мулоқот кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 январ бо кадрҳои тозаинтихобаш ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, СРИҶҶ Вазорати адлия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъиншуда буданд, мулоқот намуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода муовинони раиси Бонки миллӣ таъин шуданд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Инчунин сардорони раёсатҳои Агентии мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шӯъбаҳои дастгоҳи марказии ин Агентӣ таъин карда шуданд.

Прокурорҳои ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Б.Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Бо фармони раисҷумҳури кишвар Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи раиси суди ноҳияи Б.Ғафуров озод карда шуд.

Тибқи фармони Президент Абдувалӣ Шарифзода аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” озод ва Аҳлиддин Ибодуллозода дар як фармони президент ба вазифаи директори нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳунарманди саршиноси тоҷик, Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашт

0

Имрӯз 19 январ ҳунарманди театру синамои тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора фарзандаш Шаҳбоз Абдураззоқов дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Ҳабибулло Абдураззоқов падари коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов мебошад. Бино ба даргузашти ин ҳунарманди нотакрори тоҷик ҳайати эҷодии “Аздо тв” тасаллият ва ҳамдардии худро ба хонаводаи эшон баён медорад. Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!

Ҳабибулло Абдураззоқов соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаҳои актёрӣ ва коргардонии Донишкадаи ҳунари театрии ба номи Луначарскийи Маскав буд.

Ӯ дар баробари ҳунарманд будан низ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дошт. Ӯ яке аз пештозон ва фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд. Вале баъдтар саҳнаи сиёсатро тарк кард.

Чанд соли охир аз сабаби беморӣ дар пардаи синамо ва театр зоҳир намешуд.

Қонуни нав дар соҳаи низомӣ чӣ навгоние овард?

0

Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” -ро қабул намудаанд.

Рустам Шомурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро пешниҳод намудааст.

Тибқи ин қонуни нав ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ, пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбӣ рутбаи ҳарбии афсарӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузори давлатии “Ховар” лоиҳаи қонун аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар ин лоиҳа гуфта шудааст, ки айни ҳол шумораи шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан камтар шуда истодааст, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилӣ ба миён меорад.

Ин лоиҳаи нав дар ҳолест, ки даъват ба артиш дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳоест, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мақомоти низомии кишвар барои ба танзим надаровардани ин соҳа ҳамеша дар ҷомеа мавриди интиқод қарор мегиранд.

Дар Тоҷикистон аз сабаби бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ нисбати сарбозони нав хабарҳо зиёд расонаӣ мешавад. Ҳамасола кушта шудан ва ё беному нишон гардидани афсарон, шаҳрвандонро аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ тарсондааст.

Кормандоин комиссариятҳои ҳарбӣ сарбозонро маҷбуран ва бо усули (Облава) ва ё одамрабоӣ аз кӯчаву бозорҳо дастгир мекунанд ва ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.

Интиқоди муовини аввали раиси вилояти Суғд аз гузоришоти бардурӯғу изофанависиҳо

0

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, Хол Ҳайдар дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент интиқод намуда гуфтааст, ки маълумоти бардурӯғ ва изофанависиро дар гузоришҳояшон ҷой додаанд.

Ҳамчунин аз ҷамъоварии сусти чанд намуди андоз, аз ҷумла андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Панҷакент, дер пардохт намудани нафақаву маоши кормандони буҷавӣ ва масъалаи қабули шаҳрвандон интиқод намудааст.

Бино ба иттилои сомонаи “Азияи-Плюс” Хол Ҳайдар ба масъулини шаҳри Панҷакент гуфтааст, ки “дар коргоҳи “Маърифатпарвар” ҳам аз рӯи нақшаи ваъданамудаатон қариб 100 нафар бояд коргар қабул мекардед. Аммо накардед. Чаро ҷойҳои кории дурӯғин таъсис медиҳед? Киро фиреб мекунед? Фақат барои худнамоӣ бошад, даркор нест! Дар соҳаи саноат 45 нафар коргарони маошгир кам шудаанд”.

Вале дар ҷавоб Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент иҷро нашудани ваъдаи ҷойҳои кориро ба “КМ Зарафшон” нисбат додааст, ки ҳар сол коргаронро ба нафақа ҷавоб медиҳад, вале ба ҷояшон коргар қабул намекунад.

Ҳамчунин муовини аввали раиси вилояти Суғд дар бахши кишоварзӣ аз кам захира кардани хошок, кишти нокифояи баъзе аз сабзавот, аз ҷумла сабзиву пиёз, изофанависӣ дар кишти картошка низ изҳори нигаронӣ намудааст, ки   1385 кг изофанависӣ дар кишти картошка аз тарафи мақомоти додситонӣ   ошкор гардидааст.

Ҳамчунин дар шарҳи ин корманди собиқи  “КМ Зарафшон” Исмоил Зарифӣ навиштааст, ки пас аз ҷанд соле ин корхонаро хитоиҳо забт мекунанд, дигар тоҷиконро ба онҷо ба кор намегиранд.

Дар радабандии иқтидори қувваи ҳарбӣ Тоҷикистон мақоми 99-ро касб кард

0

Созмони байнулмилалии “Global Firepower”, ки ҳамсола иқтидори ҳарбии кишварҳои ҷаҳонро радабандӣ мекунад, дар радабандии навбатияш барои соли 2021 иқтидори ҳарбии Тоҷикистон дар байни 138 давлат мақоми 99-ро касб кард. Гузориши расмӣ дар

Сурат: globalfirepower.com

Аммо дар мавриди аслиҳаи ҷангӣ қайд гардидааст, ки Тоҷикистон 20 чархбол, 253 танк, 400 мошини зиреҳпӯш, 80 тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва 125 проектори мушакӣ дар ихтиёр дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Тоҷикистон соли оянда барои соҳаи низомӣ 79 млн доллар ҷудо кардааст.

Тибқи ин гузориш дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон дар радаи авввал қарор гирифтааст. Ва дар радабандии умумӣ бо 50 ҳазор нерӯи низомӣ мақоми 51-ро ишғол намудааст. Гуфта мешавад, ҳамсоякишвар барои соҳаи ҳарбӣ 15 млрд доллар ҳазина ҷудо кардааст, ки ин аз давлати Эрон ҳам бештар аст.

Артиши Қазоқистон аз 125 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иборат буда, дар як сол ба соҳаи низомӣ 4 млрд доллар ҷудо шудааст, ки дар зинаи 62-юм ҷойгир шудааст.

Ҷумҳурии Туркманистон дар зинаи 86-ум қарор гирифтааст. Ин кишвар дар соҳаи низомӣ 22 ҳазор нерӯи низомӣ дорад ва солона дар ин бахши 800 млн доллар масраф мекардааст.

Қирғизистон дар мақоми 93-юм ҷойгир буда, артишаш аз 11 ҳазор нафар афсарону сарбозон иборат аст ва харҷи солонааш ба соҳаи мудофиа 20 млн доллар гуфта шудааст.

Нигаронии мардум аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

0

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Воридкунандагони маводи сӯхт сабаби боло рафани нархро ба кам ворид шудани он рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад, тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон нархи маводи сузишворӣ тағйир ёфта, аз нархи қаблӣ гаронтар шуд. Нархи гази моеъ аз 4 сомонӣ ба 4.30 ва бензину дизел то 6.6 сомонӣ боло рафт.

Ронандагон мегӯянд, дар аксар минтақаҳои кишвар нархи газ 0,30 сомонӣ ва бензину дизел (солярка) то ба 0,40 сомонӣ гаронтар шудааст.

Як ронадаи таксӣ Ҳасан Каримов, ба “Sputnik”-и Тоҷикистон гуфтааст: “Ҳоло газ дар баъзе ҷойҳо то 40 дирам гарон шудааст. Агар як ҳафта пеш 10 литр гази моеъро 40 сомонӣ мехаридем, ҳоло он 43-44 сомонӣ шудааст. Мо нархро бардорем мардум ба мошин намешинад, набардорем фоида намемонад”.

Дар ҳамин ҳол як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, як ҳафта ба ин тараф воридот камтар шудааст. Ва гарон шудани сӯзишворӣ дар кишвар ба ҳамин далел аст.

Бино ба иттилои интишор намудаи ширкатҳои молиявӣ, ҳоло қиммати 1 бушка (барелль) нафт дар бозори ҷаҳонӣ то ба 55 доллари амрикоӣ арзиш дорад, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 35% боло рафтааст.

То ҳол аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар мавриди кам гардидани воридоти маводи сӯзишворӣ изҳороте нашр нагардидааст, вале коршиносон болоравии онро вобаста ба боло рафтани андоз ва ҷаримабандиҳо дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Ҳамчунин яке аз сабабҳои дигарро вобаста ба инҳисори (монополияи) хонаводагӣ медонанд, ки ҳама навъи воридоти сӯзишворӣ ба онҳо тааллуқ дорад ва арзону гарон шудани он ҳам ба худи онҳо рабт дорад.

Ширкатҳои “Фароз”, “Газпром”, “Газойл”, “Ориё”, “Роҳи Сомон нафт”, “Се ганҷ” ва “Суғднефт” аз воридкунандагони асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилои мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва бештар аз 250 ҳазор тонна маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

Шикояти ронандагон аз БДА ва “Шаҳри бехатар” дар Душанбе

0

Чанде аз ронандагони мошинҳо дар Душанбе аз беҳуда ҷариманбандии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ шикоят карданд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони ин ниҳод бо далелҳои сохта ронандагонро ҷаримабандии зиёд мекунанд, ки ин амал мушкилоти иқтисодияшонро боз ҳам вазнинтар кардааст.

Як ронанда ба шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “як моҳ мешавад, ки кормандони БДА ронандагонро ба ҳар баҳона боз медоранд. Ҳар мошинеро, ки бозмедоранд мегӯянд, аз боло, яъне аз “Шаҳри бехатар” фармон омадааст, ки ӯро боздоред, чун ҷаримаи носупурда дорад. Бо чунин шева мошинро ба таваққуфгоҳ мебаранд ва ё ҳуҷҷату асноди онро мегиранд, то ҷаримаро пардохт карда расидро нишон надиҳӣ ҳуҷҷат ва мошинро намедиҳанд”.

Ба гуфтаи манбаи мо, далелҳое, ки барои ҷарима кардан аз ҷониби БДА пешниҳод мекунанд, асоси воқеӣ надоранд ва аксарашон сохта ва бофтаи худашон аст.

Ҷаримаҳо қариб ҳамааш яксон аст, пахш кардани хати паҳлу ва гузаштани чароғаки сурх. Вақте аз онҳо далел пурсидам, ки дар куҷо чароғакро сурх гузаштаам, вақте наворро нишон доданд, дар ҳолати сабз будани чароғаки иловагӣ гузаштаам, вале онҳо иддао мекунанд, ки гӯё ман чароғакро сурх гузашта ва хати паҳлуро пахш мекардаам. Ба онҳо гуфтам, ки аз болои шумо ба додгоҳ муроҷиат мекунам, дар ҷавоб гуфт, ба куҷое муроҷиат мекунед ҳаққи шаҳрвандии шумост, вале худро беҳуда ташвиш надиҳед, ин амр аз болост гапи Шумо ба ҳеч куҷо намегузарад”, – мегӯяд як ронанда, ки нахост номаш зикр шавад.

Ба гуфтаи ин ронандагон маблағи ҷарима аз якуним ҳазор то се ҳазор сомонӣ будааст. Мардум агарчи ҷойи кор надоранду шароит вазнин аст, бо вуҷуди ин маҷбуранд ин ҷаримаҳоро пардохт кунанд.

Бо баҳонаҳои сохта ҷарима бастану порагирии кормандони БДА яке аз масъалаҳои доғ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи бархурд бо мардум натанҳо дар БДА, балки қариб дар тамоми соҳаҳо ба чашм мехӯрад.

Шояд ин ҳама ба он рабт дорад, ки пас аз хуруҷи каронавирус ва баста гардидани марзҳо интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон кам гашт, иқтисоди кишвар рукуд кард ва сафи бекорон афзуд, ин ҳама бетаъсир намемонад. Ва шояд барои пур кардани буҷаи кишвар чунин дастуроте ҳам бошад ва ё ин ки кормандони соҳаҳо аз фурсат истифода бурдаистодаанд.

Бино ба гуфтаи баъзе манобеъ маблағи “Шаҳри бехатар” ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад. Ин ширкат бо насби камераҳои назоратӣ дар шаҳри Душанбе даромади онро низ ба худ мансуб кард ҳамчуноне, ки фурӯши шаҳодатномаҳои ронадагиро зери даст дорад.

Дуздони давлатӣ

0

Моҳи гузашта пойгоҳи “Диссернет” устоди фанни равоншиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Гулнора Мамадалиеваро ба асардуздӣ муттаҳам кард.

Муҳаққиқони ташкилоти “Диссернет” муайян кардаанд, ки Мамадалиева бахши аъзами кори номзадиашро, ки моҳи июни 2011 дар мавзӯи “Усули психологӣ ва педагогии пешгирӣ ва ислоҳи изтироби наврасони муосир” дифоъ кардааст, аз навиштаҳои Стелла Сидоркина “рӯйбардор” кардааст. Сидоркина номзадияшро соли 2010 ҳимоя кардааст.

Аммо ин хонум дар миёни олимони тоҷик танҳову тоқа нест, ки ба сирқати осори илмии дигарон муқассир шинохта мешавад. Моҷарои асардуздии олимони тоҷик дар солҳои ахир ба ҳадде доғу пуровоза шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар ноилоҷ шуд, ин масъалаи шармоварро дар як ҷаласа матраҳ карда ва ба ин гуна олимон, бахусус онҳое, ки дар мақомоти давлат ва раҳбарияти муассисаҳои илмиву таълимӣ фаъолият мекунанд, ҳушдор бидиҳад, ки аз мансабу мақом ронда хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоташ бахшида ба Наврӯзи соли 2020 дар 18 март дар кохи “Борбад”-и пойтахт гуфт:

“Аз ин ба баъд ҳар мансабдоре, ки майли навиштану дифои рисолаи илмиро дорад, бояд аввал аризаи истеъфояшро нависад ва сипас ба илм машғул шавад”.  

Ҳарчанд аз он мулоқот ва таҳдиду ҳушдори роҳбари давлат як сол сипарӣ мешавад, вале ҳеҷ яке аз шумори чунин олимони мансабдор аз мақому мансабҳои давлатӣ барканор нашуданд.

Баръакс, афроде назири Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давлаталӣ Сайидов, муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи навини Тоҷикистон, Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Асадулло Раҳмон, ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили кадр дар мансабҳо ва масъулиятҳои давлатӣ фаъолият карда истодаанд.

Беш аз ин ҳамаи ин нафарон ки тавассути “Диссернет” ба дуздии корҳои илмии дигарон бадном шуданд, бо фармону қарори худи Эмомалӣ Раҳмон дар мақому мансабҳои болотаре таъйин шудаанд.

Ин ба истилоҳ “олимон” ба ҳадде ба обрӯи илми тоҷик иснод оварданд, ки бархе аз онҳо ба ҷои калимаи “хукпарварӣ”, “гусфандпарварӣ” ва ба ҷои “Сибир”, “Хатлон” ва ҷои “Русия”, “Тоҷикистон” ва ҳамин тавр ҷойи “гандум” “пахта” навиштаву осори илмии дигарҳоро моли худ эълон кардаанд.

Аммо масъала ва мавзӯи мо ин нест, ки чаро ин ба истилоҳ”олимон”-и тоҷик даст ба чунин дуздӣ зада боиси обрӯрезии илму миллати тоҷик шудаанд, балки ин аст, ки чаро ҷаноби Раҳмон, ки гуфт ҳамчунин нафарон аз мақомҳо барканор ва минбаъд дар мақомоти давлатӣ ифои вазифа нахоҳанд кард, на ин ки ба мансабу вазифаҳои давлатӣ истихдом шуданд, беш аз ин ба вазифа ва мансабҳои баландтар мансуб шуданд.

Барои мисол “Диссернет” вақте асардуздии Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзодаро ифшо кард, ки ӯ раиси вилояти Хатлон буд, вале ӯ бо имзои худи Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир таъйин гардид, Ҳамчунин Шоҳин Саидзода, ки мақоми давлатӣ надошт, баъд аз онки маълум шуд рисолаи илмии як олими Русияро ба сирқат бурда сафҳа-сафҳа дуздидааст, раиси Оҷонси назорати соҳаи маорифи Тоҷикистон таъйин шуд.

Шерали Кабир ҳам, баъди бадномсозии созмони “Диссернет” аз раҳбарии Талко ба мансаби вазири саноат ва технологияҳои навин таъйин шуд. Ба ин тартиб дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон на як нафару ду нафар, балки чандин нафаре кору фаъолият доранд, ки бо асардуздӣ ба даст афтодаанд ва бинобар қавлу таҳдиду таъкиди Президент Раҳмон ба мақомҳо намебоист таъйин мешуданд.

Шояд овардани онҳо ба ин хотир бошад, ки мутахассисини беҳтарин ва шоистаи мақоманд? Вале чуноне маълум гардид ин тавр нестанд. Барои мисол ҳамин Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат бар соҳаи маорифи Тоҷикистон, ки чанд рӯзи пеш дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон суханронӣ мекард ба ҳадде ноогоҳ ва гӯлу гаранг буд, ки моҳияту мазмуни саволҳоро дарк намекард ва вакилони парлумон, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонов ба ӯ ишора кард, ки инҷо ҷойи шумо нест:

“Ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дувум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед.”

Ҳайаратовар ин аст, ки Шоҳин Саидзода соли 2016 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мешавад, вале пойгоҳи “Диссернет” соли 2018 ӯро ба асардуздӣ муттаҳам мекунад. Ҳамин Шералӣ Кабир ҳам, ки аз курсии Талко ба Вазорати саноат нишаст, Талкоро ба хоки сияҳ нишонд. Аммо инҷо ҳам ҷаноби Раҳмон ҳарфи худ, ки “асардуздон минбаъд дар ҳукумат кор нахоҳанд кард”-ро ба дасти фаромушӣ супориду вайро оварду вазир кард.

Фикр мекунед, ки чаро ин тавр шуд ва чаро Раҳмон зери қавлаш зад ва ин ҳама дуздони ифшошуда ва бадастафтодаро, ба рағми ончи ки худаш эълон кард, дар мақомоти олии ҳукумат нишонд?

Ба назар мерасад барои Раҳмон асардуздӣ он қадар дуздии калон, дуздии кирои гап ба ҳисоб намеравад. Зеро ин худи ӯст, ки шароит фароҳам карда, ки миллионҳо миллионҳо доллар ба сирқат бурда шавад. Асардуздӣ ба назари вай чизе казоӣ маҳсуб намешавад.

Дар ҳоле, ки инҷо обрӯи миллат, эътибори илм, шарафи тоҷику тоҷикият ва давлати Тоҷикистон дар васат аст.

Як коршиноси тоҷики муқими Аврупо гуфт, инки миллионҳои мардум ва миллатро ба сирқат мебаранд чизи пинҳону пӯшидае нест. Вале иллати инки чаро Раҳмон қавли худро зери по гузошта як идда аз асардуздонро дар мақомоти давлатӣ вазифа дод, ин аст, ки “худи Раҳмон бо тақаллуби орои мардум курсии қудратро ҳифз кардааст. Вақте дуздӣ ба як амри маъмулӣ ва ба урфу таомули рӯзмарраи ҳукумат табдил шудааст ва ин ҳама моҷаро дар пеши чашми мардум сурат мегирад, асардуздӣ дуздӣ ба ҳисоб намеравад. Шумо худ шоҳид будед, ки чи тавр кӯмакҳои хориҷиро аз номи худу домоду писарҳояш ба мардум тақсим кард?”

Инҷо суол пеш меояд, ки ин ҳама аз чи гувоҳӣ медиҳад? Метавон гуфт, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Раҳмон, дар мазҳари ом ҳарфи дигар мезанад, вале дар дохили ҳукумат кори дигар мекунад. Гузашта аз ин, Раҳмон ва дастуру супоришҳои ӯро мақомоти зидахл ҷиддӣ қабул намекунанд. Дар сурати ғайр ниҳодҳои масъул дар бахши кадр, боястӣ ӯро дар ҷараён мегузоштанд, ки ҷаноби Президент шумо худатон чунин қавл дода будед.

Аммо ин корро карда наметавонанд. Зеро Асадулло Раҳмон, ки ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ дар умури кадр аст, худаш асардузд аст ва ӯ яке аз аввалин дуздони илмӣ аст, ки “Диссернет” ӯро фош кард. Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки Раҳмон огоҳ аст, ки ҳамин нафарон чунин камбуд ва нақс доранд, аммо онҳо бо ину он васила (ҳаммаҳал) ва ё пуштибонии яке аз наздиконаш (пора ва пул) пешбарӣ шудаанд. Ин ба он маъно аст, ки афрод ва гурӯҳҳои таъсиргузор ва манфиатдоре ҳастанд, ки ихтиёрот ва салоҳиятҳои ӯро тасоҳуб кардаанд. Ба ин маъно, ки сахт мавриди эътимои Президент ҳастанд.

Мақомоти амниятии кишвар, ки хурдтарин маълумотро ба Раҳмон мерасонанд ва ҳар кадре аз ғалбери онҳо гузаронида мешавад, номаълум аст, ки барои таъйину тасдиқи ин ҳама асардузд чи тавр “о.кей”дода бошанд. Агар ки Раҳмон дар қавли худ устувор буд ва агар ки мехостанд Раҳмонро дар инҷо низ дар чашми мардум дурӯғгӯ насозанд, ( лимити барқу афсонаи бебарқиро ба ёд оваред) мебоист Асадулло Раҳмон довталабона истъфо медод.

Акнун, ки масъалаи дуздии ин нафарон маълум ва мардумӣ шуд, яъне худи раиси ҷумҳурӣ ин иттиҳомро тасдиқ ва эътироф кард, ки дуздӣ кардаанд, мебоист вокунишаш ҳам намоён мешуд, ки барои мисол чаро ба онҳо мансаб додааст. Имкон надорад, ки вақти таъйини ҳамин афрод ба мансабҳо Раҳмон маълумот надошта бошад, ки онҳо ба “плагиат” муттаҳам шуданд.

Дар ҳар сурат имрӯзҳо дар ҳайати ҳукумати Раҳмон афроде соҳиби мақому мансаб ҳастанд, ки онҳоро пойгоҳи “Диссернет” ба дуздӣ муттаҳам кардааст ва ин дуздони давлатӣ, ҳеҷ кадоме барои ҳифзу ҳимояти худ ва радди иддиоҳои ин ташкилот лому мим нагуфтаанд. Ҳамчуноне Гулнора Мамадалиев, устоди равоншинос дар Донишгоҳе дар Хуҷанд бо гузаштаи беш аз як моҳ аз муттаҳам хонданаш ба асардуздӣ ҳеҷ вокуниш нишон надодааст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.