5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 72

Суқути ҳавопаймои ҳомили 242 нафар дар Ҳиндустон

0

Имрӯз, 12-уми июн, ҳавопаймои Boeing 787-8 Dreamliner-и ширкати Air India, ки бояд аз Аҳмадобод ба Лондон парвоз мекард, ҳудуди панҷ дақиқа пас аз парвоз дар маҳаллаи аҳолинишини “Мегҳани Нагар” ба замин афтоду оташ гирифт.

Дар наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса сабт кардаанд, дида мешавад, ки ҳавопаймо оҳиста оҳиста пойин шуда, баробари ба замин афтодан метаркад ва оташи бузурге ба осмон боло мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 242 нафар, аз ҷумла 169 шаҳрванди Ҳиндустон, 53 шаҳрванди Британияи Кабир, 7 шаҳрванди Португалия, 1 шаҳрванди Канада ва 12 нафар аъзои халабону хидматрасон будаанд.

Гуфта мешавад, сарнавишти мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо то ҳол маълум нест, аммо дар ҷои ҳодиса хадамоти оташнишониву тиб кор карда, зарардидагонро ба наздиктарин бемористонҳо интиқол дода истодаанд.

Тибқи хабарҳои ахир, мақомот ҷасади дастикам 30 нафарро аз зери харобаҳои биноҳо берун оварданд, ки ин ҳавопаймо дар болояшон афтода буд ва наҷотдиҳандагон гуфтанд, ки талафот аз ин бештар аст.

Сабаби суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест, аммо ширкати “Air India” гуфтааст, ки дар зудтарин фурсат аз ҷузъиёти ҳодиса хоҳанд гуфт.

Мақомотҳои марбута низ тафтиши “қуттиҳои сиёҳ” ва қисмҳои ҳавопаймороро оғоз кардаанд.

Исроил барои ҳамла ба Эрон омодагӣ мебинад

0

Амрико бо судури фармоне мансабдорон ва баъзе низомиёни худро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Ховари Миёна берун мекунад.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар пайи тасмими ҳамлаи қарибулвуқуи Исроил ба Эрон аст. Шабакаи NBC ба нақл аз панҷ манбаи огоҳ мегӯяд, Исроил дар ҳоли баррасии ҷиддӣ барои анҷоми ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Бино ба ин гузориш, дар сурати анҷоми амалиёти низомии Исроил алайҳи Эрон эҳтимол Амрико ҳимоят накунад.

Таҳлилгарон сабаби ин тасмими Исроилро дар он мебинанд, ки музокироти Теҳрону Вошингтон бар сари маҳдудиятҳои ғанисозии урониюм ба тавофуқ наздиктар мешавад. Дар ҳоли ба даст омадани тавофуқот, эҳтимол таҳримҳо низ алайҳи Эрон сабуктар хоҳад шуд, ки ин барои Исроил “хати сурх” маҳсуб мешавад ва ин кор ӯро нигаронтар кардааст. Ин аст, ки бо иқдомоти якҷониба ва бидуни мушоракати Амрико алайҳи Эрон ҳамла карданист.

Дар ҳамин ҳол сомонаи “Axios” аз як мансабдори исроилӣ ва як мансабдори амрикоӣ нақл мекунад, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати телефонияш бо Бинёмин Натанёҳу таъкид карда, ки дар айни замон бо амалиёти низомӣ алайҳи Эрон мухолиф аст, зеро бовар дорад, ки имкони расидан ба як созишномаи ҳастаӣ бо ин кишвар вуҷуд дорад.

Хабаргузории “Associated Press” ба нақл аз баъзе мақомдорони аршади амрикоӣ менависад, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар садади судури фармоне аст, ки бояд тамоми коркунони ғайрикалидии сафоарти Амрико дар Ироқ, Байрайн ва Кувейт аз ин кишварҳо берун карда шаванд.

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳои Эрону Ғарб ва таҳдидҳои низомии Исроил, Теҳрон аз оғози размоиши низомӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ин размоиш бо дастури Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон сурат гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин размоишҳо бо ҳадафи омодагии баланди дифоӣ ва қудрати боздорандагии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барномарезӣ шуда, бештар рӯи “ҳаракатҳои душман ва вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ” тамаркуз хоҳад шуд.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мегӯяд, таҳаввулоти ахир зарурати омодагии ҳамешагии нерӯҳои мусаллаҳро бештар кардааст.

Гуфта мешавад, ин размоишҳои Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои низомии Исроил ва инчунин судури қатъномае аз ҷониби Шӯрои раҳбарони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки Эронро ба нақзи таъаҳҳудоти ҳастаӣ муттаҳам кардааст, оғоз шудаанд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба судури қатънома алайҳи Эрон дар шабакаи Х навишт, ки “Ҷумҳурии исломӣ дар баробари ин зиёдахоҳӣ, иқдомоти муқтадирона анҷом хоҳад дод. Ғанисозӣ бо мошинҳои пешрафта, роҳандозии маркази ҷадид ва коҳиши назорат посухи машруъ аст.”

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

0

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мехоҳад шароити роҳи оҳани кишварро беҳбуд бахшад.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 82-юми Шӯрои маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ бо директори генералии Роҳи оҳани Русия ва раиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан Олег Белозеров мулоқот анҷом додааст.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла рушди инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳамкориҳои шабакаҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Расулзода баргузории ин нишастро барои таҳкими робитаҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки соҳа муҳим арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки Тоҷикистон ба рушди иқтидори транзитӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи ИДМ аҳамияти хос медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки роҳи оҳани Тоҷикистон яке аз ақибмондатарин системаҳои ҳамлу нақл дар минтақа ба шумор рафта, солҳост ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи роҳи оҳан дар ҷаҳон ва истеҳсоли қаторҳои муосир бо суръати баланд, қаторҳои ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамоно аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда, ба таҷдид ва навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи мутахассисон, ин вазъ на танҳо суръати ҳамлу нақлро коҳиш медиҳад, балки ба сифати хизматрасонӣ ва амнияти мусофирон низ таъсири манфӣ мерасонад.

Шумори фарзандони муҳоҷирон дар Русия беш аз 600 ҳазор аст

0

Дар Русия 638 174 фарзанди муҳоҷирон ба қайд гирифта шудааанд, ки ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии Русия Игор Зубов, нисфи онҳо аз низоми маориф берун мондаанд. Ин суханҳоро ӯ ҳангоми ҷавоб ба суолҳои вакилон дар Думаи давлатӣ баён доштааст.

Ба гуфтаи Зубов, торафт теъдоди кӯдакони муҳоҷир дар Русия кам мешавад ва таъкид мекунад, он оморе ки аксарияти фарзандони муҳоҷирон таҳсил намекунанд, воқеият надорад.

Тибқи маълумоти ӯ, дар Маскав 80 282 кӯдакони хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо танҳо 25 000 дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд.

Дар ҳамин ҳол, бештари кӯдакони муҳоҷир баъди ба иҷро даромадани қоидаҳои нав аз 1-уми апрели соли 2025 ба муаасисаҳои таълимӣ дохил шуда натавонистаанд. Мувофиқи ин қоидаҳо, фарзандони муҳоҷирон баъд аз гузаштани имтиҳони забони русӣ ва дуруст посух додан ба 90% суолҳо метавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин муддат 2868 дархост барои иштирок дар имтиҳон пешниҳод шудааст. Аммо танҳо 498 кӯдак (17%) иҷозаи иштирок дар имтиҳонро гирифтанд ва дар ниҳоят ба мактабҳо ҳамагӣ 4% аз ҳамаи дархосткунандагон қабул шуданд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ наёфтани 83 дарсади дархосткунандагонро ба имтиҳонҳо ба номукаммал будани ҳуҷҷатҳо, маълумоти нодуруст дар анкетаҳо ва нарасидани ҷой дар мактабҳо рабт медиҳанд.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз натиҷаҳои талаботи нав истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки ин иқдом натиҷаи хуб дод.

Инчунин имрӯз вакилон дар Думаи давлатӣ дар хониши авввал лоиҳаи нави қонунеро қабул кардаанд, ки назоратро аз болои кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, пурзӯр хоҳад кард.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки низоми ягонаи мубодилаи маълумот миёни мактабҳо ва ВКД таъсис дода шавад ва муассисаҳои таълимӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш; натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ; маълумот дар бораи қабул ё хориҷшавӣ аз мактаб; ва далелҳои муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар “рӯёхати шахсони зери назорат” қарор дорандро ба ВКД ирсол намоянд.

Дар навбати худ ВКД муассисаҳои таълимиро дар бораи сабти ном ва бақайдгирии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ хабардор мекунад. Володин иддао дорад, ки ирсоли иттилоот миёни сохторҳо имкон медиҳад, ки қонуният ва мақоми ҳуқуқии будубоши кӯдак ва волидайни ӯ дар Русия таҳти назорат қарор гирад ва қарорҳои дахлдор нисбати онҳо қабул шавад.

Дар пасманзари сахт гардидани назорат аз болои фарзандони муҳоҷирон, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев низ изҳор доштааст, ки хориҷиёне, ки дар Русия корро аз даст додаанд, аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, дактилоскопияро нагузаштаанд, забони русиро намеомӯзанд ва барои ҷамъияти Русия суде надоранд, бояд Русияро тарк кунанд.

Сахт гардидани қоидаҳо барои кӯдакони муҳоиҷрон дар миёни коршиносон вокунишҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд, ки ин қоидаҳо ба кам кардани бор дар мактабҳои буҷетӣ ва тақвияти назорат болои муҳҷирон мусоидат мекунад. Дигарон ҳушдор медиҳанд, ки ин қонунҳо метавонанд теъдоди кӯдакони бе назоратро бештар созанд.

Боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми порагирӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Агентии зидди фасод аз гумонбар Шукурзода М. ном бурда, мегӯяд, номбурда дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор мекард.

Ба иттилои манбаъ, тафтишот нишон дода, ки Шукурзода ҳамчун шахси мансабдор, “дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора задааст.”

Гуфта мешавад, ин корманди ВКД дар шаҳри Исфара ба хотири як шахси муттаҳами дигарро (аз ӯ М.М ёд шудааст) аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан ва ӯро бегуноҳ нишон додан, моҳи феврали соли 2025 аз ӯ 20000 сомонӣ ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Агентии зидди фасод дар хабараш таъкид мекунад, ки худи ҳамон моҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шукурзода М. баъд аз гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора аз шаҳрванд М.М. дар дохили мошинаш дастгир ва маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.”

Ин ниҳоди зидди фасоди кишвар мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат нисбати Шукурзода М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай таҳқиқи парванда ба поён расидааст ва ҳоло онро ба додҳо фиристодаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон як мақомдори сохторҳои қудратии кишвар даст ба порагирӣ ва ришвахӯрӣ мезанад. Ҳамасола даҳҳо чунин мақомдор аз ниҳодҳои мухталиф, ҳатто аз худи Агентии зидди фасод ҳам ба гумони ришва ва фасод боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки падидаи фасоду ришваро дар Тоҷикистон решакан кардан амри маҳол аст. Зеро аз шахси аввали кишвар шуруъ шуда, ин амали номатлуб дар тамоми вазорату идораҳои кишвар реша давондааст.

Ҳатто чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарони аз он шикоят карда буданд, ки беморхона омадаанд, посбон аввал пора мегирад баъд мегузорад ворид шавӣ. Дигар корбарон мегӯянд, ҳукумат низоме сохтааст, ки то пул надиҳӣ ҳеч корат пеш намеравад, фарқ надорад он кор қонунӣ бошад ё ғайриқонунӣ.

Тоҷик кӣ буд, кӣ шуд? Марзбонони рус муҳоҷиронро ба тозакорӣ маҷбур карданд

0

Дар фазои маҷозӣ видеое нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, як гурӯҳ муҳоҷирон ба ҷамъоварии партовҳо машғуланд. Ҳамзамон чанд нафар бо либосҳои низомӣ низ дида мешаванд.

Муаллифи навор мегӯяд, марзбонони рус дар марзи ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардаанд, ки аввал тамоми партовҳои атрофро тоза кунанд, сипас ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Маълум нест ин ҳолат кай наворбардорӣ шудааст. Аммо ин рафтори сарҳадбонони рус хашми бисёре аз корбарони тоҷикро барангехтааст. Аз ҷумла, яке аз корбарон дар зери навор навиштааст: “Тоҷик ки буд, ки шуд…”

Корбари дигаре бо ишора ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури худкомаи 72-солаи Тоҷикистон навиштааст: “Таҳқир аз ин зиёд намешавад. Калонҳои мо кай парво доранд?! Халқ дар азоб аст, худашон бо хешу табор хурда гаштаанд, фикри халқро намекунанд”.

Рӯз то рӯз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар мешавад ва ин ҳолат нигарониҳои зиёдеро миёни ин қишри осебпазир ба бор овардааст.

Мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди муносибатҳои дӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин маҳз муҳоҷирони тоҷик бештар аз дигарон зери фишору маҳдудият дар Русия қарор доранд.

Панҷ кишвари ғарбӣ ду вазири ифротии Исроилро таҳрим карданд

0

Британия, Канада, Норвегия, Зеландияи Нав ва Австралия алайҳи ду вазири рости ифротии исроилӣ таҳрим ҷорӣ карданд.

Ин панҷ кишвари ғарбӣ рӯзи душанбе, 10-уми июн дар як баёнияи муштараке эълом карданд, ки Итамар Бин-Гафир, вазири амнияти дохилӣ, ва Бетсалел Смотрич, вазири молияи Исроилро ба далели рафторҳои “хушунатомез алайҳи фаластиниён” таҳрим карданд.

Девид Леми, вазири корҳои хориҷии Британия дар изҳороте гуфт, ки ин ду вазири исроилӣ “боиси таҳрики хушунатҳои ифротӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башари фаластиниён шудаанд.”

Таҳримҳое, ки бар зидди онҳо ҷорӣ шудааст, манъи сафар ва масдудсозии дороиҳои ин ду мақоми исроилиро дар бар мегиранд.

Ин иқдоми кишварҳои панҷгона сахттарин мавқеъгирии кишварҳои ғарбӣ алайҳи мақомҳои Исроил аз оғози ҷанг дар Ғазза маҳсуб мешавад.

Дар посух ба ин иқдоми кишварҳои ғарбӣ Исроил гуфта, ки “таҳрим алайҳи намояндагони мунтахаби мардум ва аъзои давлат шармовар аст.”

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбе, 11-уми июн низ дар як изҳороте эълом дошта, ки ин таҳримҳо ба барқарории оташбас дар Ғазза кумак намекунад. Амрико таъкид кардааст, ки ҳамеша дар паҳлуи Исроил хоҳад буд.

Амрико барои ҳимоят аз Исроил қаблан ҳам лоиҳаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбас дар Ғаззаро вето карда буд.

Бин-Гафир ва Смотрич ду вазири исроилие ҳастанд, ки бо изҳороти тундгароёна ва мавқеъгириҳояшон алайҳи фаластиниён ва мардуми Ғазза ба вазирони ифротӣ ном баровардаанд.

Ин ду вазир борҳо иброз доштаанд, ки ҳар давлае, ки мехоҳад Фаластинро давлати мустақил эътироф кунад ва ё ҳуҷуми Исроилро маҳкум мекунад, Исроил ба теъдоди онҳо дар минтақаҳои Фаластин шаҳраксозӣ мекунад.

Смотрич ҳам қаблан дар изҳороте гуфта буд, ки мо ҳатто барои ворид кардани як донаи гандум ҳам ба Ғазза иҷозат намедиҳем. Ӯ таъкид кард, ки Ғазза бояд ба таври комил нобуд карда шавад, ба зану кӯдаки он раҳм нашавад ва бояд боқии аҳолии ин борика ба давлати сеюм кӯчонида шаванд.

Ҳамзамон Бен-Гафир ҳам борҳо изҳороти тунде нашр карда буд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Масҷиди Ақсо ба канисои яҳудиён табдил дода шавад, тамоми аҳолии Ғазза ба атври иҷборӣ ба дигар кишвари арабӣ кӯчонида шаванд. Ин изҳороти ӯ дар ҷомеаи байналмилалӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Фоҷиа дар Ваҳдат: се кӯдак бар асари сӯхтор ва бебарқӣ ба ҳалокат расиданд

0

Шаби 7-уми июн дар шаҳри Ваҳдат “аз дуди ғализ” се кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи сокини 37-солаи деҳаи Ҷангалободи Карим Холмуродов бар асари “беназорат гузоштани шамъ” сар зада, ҷони кӯдакони 5, 8 ва 10-соларо гирифт.

Аммо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат рӯзи 9-уми июн гуфта буд, ки эҳтимол сабаби сӯхтор сими нерӯдиҳандаи телефон бошад. То ҳол байни ниҳодҳо дар бораи сабаби асосии фоҷиа ихтилофи назар вуҷуд дорад ва тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар рӯзи рух додани сӯхтор барқ дар деҳа бо сабаби вайроншавии трансформатор набуд. Мақомот ҳам барои ҳаллу фасли мушкилот сари вақт чора наандешиданд ва ин фоҷиа аз бепарвоии мақомот ба миён омадааст.

Ин аввалин ҳолати ҳалокати кӯдакон дар натиҷаи сӯхтор нест. Дар моҳи марти соли 2024 низ дар шаҳри Душанбе бар асари сӯхтор дар як манзили истиқоматӣ се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.

Як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон даргузашт

0

Шаби 9-уми июни соли ҷорӣ, Аслан Гулобови 35-сола, зиндонии сиёсии зодаи Бадахшон дар зиндони низомаш “крытый” дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Бино ба иттилои рӯзноманигор Анора Саркорова, сабаби эҳтимолии марги Гулобов хуруҷи захми меъда будааст, ки ба “перитонит” оварда расондааст. Бо вуҷуди шикоятҳои такрорӣ аз бад шудани вазъи саломатияш, дар зиндон ба ӯ кумаки тиббӣ сари вақт расонида нашуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳри Хоруғ 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта, ки давоми ду моҳи ахир аҳволи ӯ дар зиндон хеле бад буд. Наздиконаш ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта, хоҳиш карданд, ки барои табобати Гулобов чора андешида шавад, аммо мақомот ин талабро нодида гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷасади Аслан Гулобовро бояд имрӯз барои дафн дар Хоруғ ба наздиконашон дода бошанд.

Ин дувумин мавриди фавти маҳбусони сиёсӣ дар соли ҷорӣ аз миёни зодагони Бадахшон дар ҳамин зиндон аст. Дар моҳи январи соли 2025 Қулмамад Паллаев, зиндонии 50-сола, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, бо нишонаҳои дарди шадиди меъда даргузашт. Ӯ низ пеш аз маргаш аз дард шикоят карда буд, вале ба кумаки тиббӣ даст наёфт.

Аслон Гулобов зодаи шаҳри Хоруғ буда, соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров дар соли 2012 боздошт шуда буд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, парванда сохтакорӣ шуда, раванди тафтишот ва муҳокима пӯшида сурат гирифтааст. Ҳамзамон, маълум аст, ки Гулобов дар боздошт шиканҷа шудааст. Бо вуҷуди оне ки иттиҳоми мақомотро рад кардаанд, ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуданд.

Инчунин ду пайванди дигараш, аз ҷумла амакзодааш Ниёзшоҳ Гулобов ба ҳабси абад ва Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ин афрод дар моҳҳои май-июни соли 2022 дар пайи эътирозҳои осоиштаи сокинон дар ВМКБ, ки мақомот даст ба қатли даҳҳо нафар заданд боздошт шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки саркӯби эътирозҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин вилоят таҳқиқ шавад, вале мақомот ин талабу дархостҳоро мисли ҳамеша нодида мегиранд.

Исроил сарнишинони киштии Модлинро зиндонӣ мекунад

0

Вазорати умури хориҷии Исроил хабар дода, ки 12 фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар киштии “Модлин” ҳузур доштанд, барои ихроҷ аз Исроил ба Фурӯдгоҳи “Бин-Гурион” интиқол ёфтанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Исроил ҳашт тан аз ин афрод “санадҳои ихроҷ”-ро имзо накардаанд ва ба шартҳои ихроҷ аз Исроил мухолифат кардаанд. Қарор аст идомаи кори онҳо дар додгоҳ дида шавад.

Ба гуфтаи расонаҳо, то ҳол маълум нест, ки 4 тани дигар аз ин афрод, аз ҷумла хонум Грета Тунберг, фаъоли ҳуқуқӣ аз кишвари Суид (Шветсия) аз Исроил ихроҷ шудаанд ва ё дар садади ихроҷ ҳастанд.

Аммо, Ал-Ҷазира гузориш дод, ки хонум Тунберг тариқи Фаронса ба ватани худ баргаштааст. Ӯ дар фурудгоҳе дар Фаронса ба хабарнигорон гуфта, ки ончи бар сари мо гузашт ҷиноятҳои зидди башарии Исроилро бори дигар собит мекунад. Ӯ изҳор дошта, ки ҳукуматҳои мо ҳам ба ҳар навъе дар қатли оми мардуми Ғазза ва ҷиноятҳои Исроил даст доранд. Ва камтарин коре, ки метавонанд ин кишварҳо анҷом диҳанд, ин эътирофи давлати Фаластин ҳамчун давлати мустақил аст.

Мақомоти исроилӣ рӯзи душанбе эълон карданд, ки киштии “Модлин”-ро, ки барои кумак ба мардуми Ғазза маводҳои ғизоӣ ва доруворӣ мебурд, ҳамроҳи 12 сарнишинаш боздошт карда ва ба бандари Усдуд интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи киштии “Маделин”, ки тариқи эътилофи “Караван озодӣ” ташкил шуда буд, тариқи роҳи баҳрӣ кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми зери муҳосирамондаи Ғазза расондан буд. Дар дохили ин кишватӣ 12 фаъоли ҳуқуқӣ аз Олмон, Фаронса, Бразилия, Испания, Ҳолланд, Туркия ва Испания ҳузур доштанд. Киштии ҳомили кумакҳои инсонӣ аз Италия дар эътироз ба муҳосираи шадиди Исроил болои мардуми Ғазза ва вазъи тоқатфарсони инсонӣ дар ин борика, аввали моҳи июн ба роҳ афтода буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ боздошти киштӣ ва сарнишинонашро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, аз сӯи мақомҳои расмии Туркия ва бархе кишварҳои дигар боздошти сарнишинони киштӣ накӯҳиш шуд ва ин рафтори Исроилро “ғайриинсонӣ” ва “террористӣ” хонданд.

Пас аз боздошти киштӣ гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи мадании Тунис барои кумак ба мардуми Ғазза бо пои пиёда ба роҳ баромаданд. Ҳамзамон дар ҷандин кишварҳои шарқӣ ва ғарбӣ эътирозҳо сар зад ва рафтори Исроилро маҳкум карданд.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз Ғаззаро ба шиддат бомборон дорад. Ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, то кунун беш аз 181 ҳазор сокини ин борика кушта ва захмӣ шуда, беш аз 11 ҳазор нафар беному нишон гаштаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, 100% аҳолии Ғазза аз гуруснагӣ ба шиддат ранҷ мебаранд. То ҷое, ки кӯдакону пиронсолон тоқати гуруснагиро накарда, рӯзона даҳҳо тан ҷон медиҳад.

Ҳамзамон расонаҳо гузориш медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Ғазза беш аз 90% хонаҳо пурра ва ё қисман хароб шудаанд ва ин макон ба як харобазор мубаддал шудааст.

Ҷамъияти кумакрасонии тиббии Фаластин дар Ғазза мегӯяд, марказҳои тақсими ғизо макони шикори мардуми бегуноҳ шудаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки бархе аз мардуми Ғазза вақте барои дарёфти ғизо ба ин марказҳо мераванд, аз шиддати гуруснагӣ дар роҳ афтода ҷон медиҳанд.