10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 726

Шарҳи мақомот оиди сӯхтори Ашан

0

Торнамои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сухтори имрӯзаи Ашанро шарҳ дода, сабаби сӯхторро дар расиши кӯтоҳи ноҳилҳои барқӣ арзёбӣ кардааст.

Дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ санаи 7-юми июли соли 2020 соати 14:20 дақиқа дар шифти ташнобхонаи (ҳоҷатхона) ошёнаи чоруми бинои Маркази савдои «Ашан», воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 17-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад. Бо қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодиса бо даъвати рақами се 14- адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнок аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф таҳлия карда шуда, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба зуддӣ хомӯш карда шуд.
Гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад. Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Дар наслкушӣ ва саркӯбии уйғурҳо пойи Тоҷикистон ҳам дар канори Чин ба Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ кашида шуд

0

Ба гузориши (New York Times) рӯзи душанбе 6-уми июли соли равон ду гурӯҳ аз уйғурон – Ҳукумати дар табъиди Туркистони Шарқӣ ва Ҷунбиши бедории миллии Туркистони Шарқӣ, парвандаеро дар ҳаҷми 80 саҳифа ба  Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ фиристодаанд, ки Чинро муттаҳам ба наслкушӣ ва таъқибу фишори ақалияти уйғурони мусалмон мекунад.

Ин шикоят ба Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ барои Пекин чолиши навест, ки масъалаи саркӯби мусалмононро дар бар мегирад, аммо Чин салоҳияти ин Додгоҳро қабул надорад. Уйғурони табъидӣ бо ҳамкории гурӯҳе аз адвакатҳои Лондон тибқи “Асосномаи Руми Додгоҳи байналмиллали ҷиноӣ”, ки Тоҷикистон ва Камбоҷа онро имзо кардаанд, ба ин додгоҳ шикоят бурданд.

Салоҳияти ин Додгоҳ таҳқиқи ҷурми ҷинояткорони наслкуш ва пайгарди адолати қурбониёни онҳо, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои сангини дигар мебошад. Чин салоҳияти Додгоҳи байналмиллии ҷиноиро барасмият намешиносад. Вакилони мудофеъ бо истифода аз кишварҳое, ки ҷиноят дар онҷо сурат гирифтааст, пойи Чинро ба ин додгоҳ кашиданд. Чун Тоҷикистон ва Камбоҷа Аҳдномаи Румро имзо кардаанд ва уйғурҳо аз ин ду кишвар ба Чин истирдод шудаанд, ба иттиҳоми кишвари шарик дар ҷиноят дар парванда номи Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Соли 2015 Тоҷикистон бо Чин қарордоди истирдодро имзо намуд ва дар пайи имзои ин қарордод соли 2019 Тоҷикистон 3 нафар аз уйғурҳоро ба Чин истирдод кард.

Гурӯҳе аз фаолони уйғур бар алайҳи Пекин барои боздошти ғайриқонунии ҳазорон уйғур ва ё истирдоди онҳо аз Тоҷикистон ва Камбоҷа ба Чин, ба Додгоҳи байналмиллии ҷиноӣ шикоят кардаанд. Ин парванда метавонад баёнгари таҳмили қудрати Чин дар хориҷ аз марзҳояш бошад.

Родней Диксон, вакили мудофеи бритонёӣ дар тамоси телефоние ба New York Times чунин гуфт:

“Ин парванда бо тамаркуз ба иқдомоти ғайри қонунии Чин дар Тоҷикистон ва Камбоҷа пешниҳод шудааст ва салоҳияти Пекинро давр задааст. Ин метавонад ба як парвандаи муҳим табдил шавад, зеро барои муддати тӯлонӣ фарз бар ин буд, ки наметавон кореро барои посухгӯии Чин дар Додгоҳи байналмиллаи ҷиноӣ анҷом дод”.

Ду гурӯҳи уйғуре, ки бар алайҳи Чин шикоят кардаанд, ин Ҳукумати дар табъиди Туркистони Шарқӣ ва Ҷунбиши бедории миллии Туркистони Шарқӣ мебошанд. Ин гурӯҳҳо барои расидан ба истиқлолияти минтақаи Син-киёнг ҳимоят мекунанд ва баҷои ҷойноми Чинӣ аз номи Туркистони Шарқӣ истифода мебаранд.

Ба назари коршиноси масоили сиёсӣ, Муҳаммадҷон Кабиров, ин парванда метавонад барои Тоҷикистон мушкилот ва таҳримҳоеро дар пай дошта бошад ва инчунин шаҳрвандони ҷабрдидаи Тоҷикистон низ метавонанд аз таҷрибаи уйғурҳо истифода карда аз ҷиноятҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дуздидану истирдоди ғайриқонқнии мухолифин ба Додгоҳи байналмиллии ҷиноӣ барои адолатхоҳӣ шикоят баранд.

Хабари фаврӣ: Сӯхтор дар Ашан

0

Дар шабакаи иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки аз ба вуқуъ омадани сӯхтор дар Маркази тиҷоратии “АШАН” хабар медиҳад. Навор аз ҷониби як корбари Фейсбук Парвиз Парвиз “Pariz tv” гирифта шудааст. Дар навор дида мешавад, ки харидорон ва кормандони “АШАН” аз бино хориҷ мешаванд ва мошинҳои сӯхторхомӯшкун аллакай ҳозир шудаанд.

То ҳол маълумоти расмие дар ин марвид нашр нашудааст ва тафсилоти хабар номаълум аст. Баъд аз нашри хабари расмӣ шуморо аз ҷузъиёти он огоҳ мекунем.

#Срочно Сухтор дар Ашан. Худи хозир бинои Ашан сухтаистодааст

Gepostet von Парвиз Парвиз am Dienstag, 7. Juli 2020

Омори COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон

0

Ба гузориши ожонсии иттилоотии “Ховар” дар шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт гардидааст. Тибқи омори расмии Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз оғози эълони мавҷудияти каронавирус дар Тоҷикистон, 30-юми апрел то 6-уми июл 6262 нафар ба ин вирус гирифтор шуда 53 нафар ҷон бохтанд ва 4914 тан шифо ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Аммо торнамои фаолони шаҳрвандӣ (kvtj.info), ки маълумоти маргу мир аз  COVID-19 дар Тоҷикистонро тартиб медод, тибқи охирин маълумоташ, ки дар таърихи 14-6-2020 нашр шудааст, шумори фавтидагонро 437 нафар навиштааст.

Аммо баъд аз пешниҳод шудани қонуни “ҷазо барои ахбори ғалат” ба парлумони кишвар, ба назар мерасад, ки ин торнамо дигар аз ҷамъоварии ахбори маргу мир даст кашидааст. Ба андешаи коршиносон мақомоти дахлдор маълумоти дурустро дар мавриди гирифторон ва фавтидагони COVID-19 барои мардум пешкаш намекунанд. Ва акнун пас аз имзои ин қонун, ки рӯзи 5-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ ёфт, боз ҳам дастрасӣ ба маълумоти саҳеҳ дар мавриди каронавирусро маҳдудтар кард.

Трамп Чинро бо таҳримҳои нав таҳдид кард

0

Дар замони пендемияи COVID-19 алоқаҳои Амрикову Чин ба тадриҷ тира гашт. Амрико Чинро сабабгори аслии ношири вируси корона медонад, аммо Чин ин иттиҳомро пайваста рад мекунад. Дар идомаи ин буҳрон Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе 6-уми июли соли ҷорӣ Чинро бори дигар муттаҳам кард, ки хасорати ҷуброннопазире ба сари мардуми дунё овардааст.

Доналд Трамп дар саҳифаи тивитраш навишт: “Чин хасорати бузурге ба Амрико ва ҷаҳон ворид кардааст”.

Бино бар гузориши маҷаллаи “Newsweek”-и амрикоӣ, Марк Медоуз, раиси Дастгоҳи иҷроияи Кохи сафед низ иқрор шудааст, ки раисҷумҳури Амрико дар ҳоли баррасии чандин қарорҳое аст, ки Чинро мавриди ҳадаф қарор медиҳад. Ин мақоми амрикоӣ бидуни зикри ҷузъиёт гуфт, ин таҳримҳо марбут ба баъзе корханаҳо ва маҳдудиятҳои визаву сафар хоҳад буд.

Дар моҳҳои гузашта Трамп борҳо Чинро ба эҷоди буҳрони ҷаҳонӣ ба далели ношаффофиятӣ дар баробари вируси корона муттаҳам кард, ба хусус дар мавриди ин ки ба назари Трамп ин вирус дар аввали моҳои декабр дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо ва мунташир шуда буд ва мақомоти Чин онро пинҳоен доштанд.

Бисёре аз масъулони давлати Трамп, аз ҷумла Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико борҳо ин вирусро “вируси Чинӣ” номиданд, ки ин амр хашми Пекинро барангехтааст.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 06.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Путин гуфт: СССР дар қонунгузориҳояш ба хатои бузург роҳ дода буд.

800 нафар бандмондагони тоҷик аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба Ватан оварда шуданд.

Ҷарима барои пахши “ахбори ғалат” қонунӣ шуд.

Шиддат гирифтани таъқибу бозпурсии хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ.

Боздошти ҷавоне дар Душанбе барои фурӯши силоҳи сард.

Таърихи парвози чартерӣ аз Алмато ба Душанбе маълум шуд

0

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, шарҳвандое, ки мехостанд ба Ватан баргарданд, вале бо сабаби интишори вируси COVID – 19 дар Қазоқистон дармонда буданд, рӯзи 9-уми июл соли 2020 метавонанд ба Ватан баргарданд. Ба гуфтаи Вазорат ин парвоз бо ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” анҷом хоҳад шуд.

“Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Қазоқистон мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Алмато- Душанбе ба нақша гирифта шудааст”.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Қазоқистон метавонанд муроҷиат кунанд.

Мушаххасоти намояндагиҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон:

Сафорати Тоҷикистон дар Нур – Султон

Тел: +7 7172 24 09 29

E-mail: [email protected]

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмато

Тел: +77775883115

E-mail: [email protected]

Боздошти ҷавоне дар Душанбе барои фурӯши силоҳи сард

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанабе дар торнамои худ аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки ба фурӯши силоҳи сард машғул будааст ва ҳангоми амалиёти “Корд” аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе дастгир шудааст.

“Ин нафар шаҳрванд Слезен Дидор Сорбонович соли таваллудаш 12. 05. 1995 истиқоматкунандаи н. Фирдавсӣ, кӯч Наврӯз мебошад, ки ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард аз ҷумла корд машғул будааст”, омадааст дар хабари Маркази матбуоти Раёсати ВКД шаҳри Душанбе.

Тибқи гузориш ин ҷавон силоҳи сардро аз вилояти Суғд оварда дар шаҳри Душанбе ба фурӯш мегузоштааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифдашванда аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Слезан Дидор барои ба таври ғайриқонунӣ ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифода шаванда машғул шудан, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Ҷарима барои “ахбори ғалат” қонунӣ шуд

0

Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон зери беш аз 20 қонуне имзо гузошт, ки ҳарду палатаи Маҷлиси Олии кишвар баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо таъйид кардаанд. Хабаргузории “Авесто” ба нақл аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст.

Ҳамзамон бо имзои ин қонунҳо ба қонуни буҷети давлатӣ ҳам тағйирот ворид карда шуд, ки тасмими ҳукумат мабнӣ ба паёмадҳои COVID-19-ро қонунӣ кард.Таъсири номатлуби авоқиби иқтисодиву иҷтимоии пандемияи COVID-19 давлатро ногузир барои вогузории як идда имтиёзҳо кард, ки бар пояи онҳо соҳибкорони инфиродӣ ва хадамоти тиббиву иҷтимоӣ аз пардохти як қисми андоз муваққатaн озод шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда ба афроди бидуни ниқоби тиббӣ дар давраи режими пандемия аз 116 то 290  сомонӣ ва барои нашру пахши “ахбори ғалат” тавассути васоити ахбори умум дар бораи пандемия ҷарима аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11.600 сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо “ислоҳот” барои нашри “ахбори носаҳеҳ” ва ҷорӣ кардани ҷарима аз тарафи маҳофили дохилӣ ва байналмилалии ҳомиёни озодии матбуот ба шиддат мавриди интиқод қарор дода шуд ва қабл аз имзои он аз тарафи раиси ҷумҳур, Хабарнигорони бидуни марз ва Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки имзо накунад.

Ҳамчунин дар як паёми хос Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳам аз Раҳмон тақозо кард, зери ин ислоҳот, ки боиси ҷорӣ шудани сензура дар матбуот мешавад, имзо накунад. Бо ин ҳол ин қонунҳо баъди чоп дар “Ҷумҳурият”-нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳукми иҷро медароянд.

Муҳоҷирони дармондаро аз сарҳади Қазоқистону Узбекистон ба Ватан оварданд

0

Шумори зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба далели баста будани марзҳо дар Қазоқистону Узбекистон дармонда буданд, ба кишвар овардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ гуфтааст, ки рӯзи 3-юми июл аз Қазоқистон 776 нафар баргаштанд. Аз Узбекистон дар ду рӯзи охир тақрибан 140 нафар тавассути гузаргоҳҳои “Дӯстӣ” ва “Фотеҳобод” вориди кишвар шудаанд.

Шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва бо ёрии ҳукумати Норвегия овардааст. Оҷонсии “fergana” менависад гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар ноҳияи Сариагаш, дар наздикии марзи Қазоқистону Узбекистон, моҳҳои ахир ҷойи таҷаммӯи садҳо шаҳрванди Тоҷикистон шудааст. Онҳо мехоҳанд, ба Ватан баргарданд.

Бо сабаби густариши бемории COVID-19 кишварҳои Осиёи Марказӣ сарҳадҳои худро бастаанд. Пештар шаҳрвандони бандмонда аз сабаби он ки ҷараёни интиқолашон ба Тоҷикистон ба сустӣ пеш меравад, хашмгин буданд ва аз вазъи ногувор шикоят доштанд. Рӯзи 3-юми июл дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар ноҳияи Сариагаши вилояти Туркистон тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар як истгоҳи мусофирбарӣ ҷамъ омада буданд. Бархе аз муҳоҷирон ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд рӯз инҷониб мунтазири иҷозаи расмии мақомот барои гузаштан аз сарҳад ҳастанд.

“Рӯзона ҳаво бисёр гарм аст, шабона сард. Ҷой намерасад. Дар рӯйи замин коғаз партофта мехобем. Пул надорем, ки хӯрок бихарем”, – гуфт яке аз муҳоҷирон.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар изҳороте рӯзи 3-юми июл гуфт, “кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити тоқатфарсо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифтор шудан ба COVID-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд.”

Қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамин гузаргоҳ банд монда буданд ва баъди тахминан ду моҳи азоби интизорӣ тавониста буданд вориди Ватан бишаванд. Дар оғоз ҳукумати Тоҷикистон ва худи Раҳмонов ҳеҷ иқдоме барои овардани онҳо накарданд ва баракс Раҳмон гуфта буд, афроде, ки дар берун аз кишваранд то рафъи пандемия  бояд мунтазир бошанд. Вале баъдтар бо сабабҳои муайян ҳукумат ночор шуд, ки ба овардани шаҳрвандон шурӯъ кунад.