Хона блог саҳифа 736

Суоли рӯз: Маъракаҳои бузургу серхарҷ дар замони вируси ҳамагир то куҷо бамаврид аст?

0

Рӯзи 30 октябри соли равон маросими таҳлиф ё худ қасамёдкунии Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Сомон” ба ҳайси президенти тозаинтихобшудаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон номзад аз ҲХДТ ҳудуди 91 дарсади орои мардумро ба даст овард ва барандаи интихобот шуд. Боқӣ ба 4 ҳизби дигар аз 1 то 3 дарсадӣ орои раъйдиҳандагон насиб шуд. Чизе, ки фаъолон ва мухолифону коршиносон ба он шак доранд.

Ахиран дар ин бора раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко низ ибрози назар кард.

Шакли пурраи барнома инҷост:⤵️

Аксари соҳаҳои иқтисоди кишвар аз музди меҳнати коргарон қарздоранд

0

Бино ба иттилои “Asia-Plus” бо такя ба Ожонсии омори назди президенти Ҷумҳури Тоҷикистон қарз аз музди меҳнат аз аввали моҳи сентябр нисбат ба солҳои гузашта бештар шудааст.

Ин ниҳод миқдори умумии ин қарзро зиёда аз 74,8 млн сомонӣ гуфтааст. Дар хабар омада, ки давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ корфармоҳо ба кормандони худ аз музди меҳнат беш аз 40,5 млн сомонӣ (наздик ба 4 млн доллар) қарздор шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки қарзи аз ҳама баландарин аз музди меҳнат имсол моҳи апрел (15,1 млн сомонӣ) ва моҳи август (10,8 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Ожонсии омор афзоиши қарз аз музди меҳнат қариб дар ҳама навъҳои фаъолияти иқтисодӣ дида мешавад. Аз ҷумла соҳаи саноати коркард ба миқдори 21,8 млн сомонӣ, соҳаи сохтмон ба миқдори 19,3 млн сомонӣ ва соҳаи канданиҳои фоиданок ба андозаи 14,8 млн сомонӣ аз музди меҳнат қарздоранд.

Дар хабари “Asia-Plus” қайд шуда, ки сабаби пардохт нагардидани музди меҳнати коргарон ба буҳрони пандемия бар асари интишори вируси нав рабт дорад. Ба навиштаи ин сомона пардохт нагардидани музди кории мардум дар Тоҷикистон боис гардида, ки баъзе нафарон даст ба худкушӣ бизананд.

Аз ҷумла хабаре нашр шуд, ки рӯзи 26 октябр корманди Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулови 38-сола ба хотири пардохт нагардидани 9 – моҳа маошаш бо истифода аз силоҳи хидматиаш даст ба худкушӣ зад.

Гуфта мешавад, ки баъди ин ҳодиса Ҳукумати кишвар дар садади пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат дар ҷумҳурӣ шудааст. Музди меҳнат моҳи август дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1256 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 122 доллар баробар аст. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3362 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2559 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2414 сомонӣ) ва сохтмоничиён (2369 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 554 сомонӣ гуфта шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат дар пасттарин сатҳ қарор дорад. Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 ва дар Тоҷикистон 122 долларро ташкил медиҳад.

Ҳамла бо корд дар калисои Фаронсаро мусалмонони ин кишвар ва дигар давлатҳомаҳкум карданд

0
Сурат: dailymail.co.uk

Имрӯз панҷшанбе 29 октябр дар наздикии як калисо дар шаҳри Нитсаи Фаронса марде бо корд бар чанд нафар ҳамла кард, ки боиси кушта ва захмӣ шудани чанд нафар гаштааст.

Полиси Фаронса мегӯяд, ки ҳадди аққал ду нафар кушта шудаанд. Хабаргузориҳои маҳаллии Фаронса аз кушта шудани 3 тан (ду зан ва як мард) иттилоъ додаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Фаронса, полис дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт ва ҳамлагар боздошт шуд.

Полис инчунин эълом дошта, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи зудамал ва мутахассисони минаёб фиристода шудаанд. То ҳол дар мавриди марди гумонбар маълумоти дақиқ нашр нашудааст.

Баъд аз нашри хабари ҳамла давлатҳои исломӣ ва марказҳои фатвову шахсиятҳои алоҳида ин ҳамларо маҳкум карда кори дасти фитнаангезон донистанд.

Дар вокуниш ба ин ҳамла Муҳаммад Мусавӣ, раҳбари марокашии Шӯрои исломии Фаронса, аз тамоми шаҳрвандони мусалмони Фаронса даъват кард, ки ҷашни милоди Паёмбари исломро, ки қарор аст рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе баргузор гардад, лағв кунанд.

Мусавӣ ҳамларо дар Нитса ҳамчун амали террористӣ унвон намуда, шадидан онро маҳкум кард.

Одинаев: “Агар писари Раҳмонов хидмат кунад, писари ман ҳам хидмат мекунад”

0
Сурат: аз Фейсбук

Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш чанд наворе нашр кард, ки дар он аз рабуда шудани фарзандаш аз ҷониби кормандони Комиссарияти ҳарбии шаҳри Ҳисор ба Президенти кишвар шикоят кардааст.

Дар як навори он, ки аз назди Комиссариати ҳарбӣ гирифта шуда, ду корманди ин ниҳод дар он дида мешаванд ва дар навори дигараш дида мешавад, ки як зан пеши роҳи мошини раиси Комиссариатро гирифта худро ба замин меандозад.

Дар баробари Маҳмурод Одинаев чандин нафари дигар низ назди Комиссарият ҷамъ омада аз зуран тариқи “Облава” ба хидмати ҳарбӣ бурда шудани фарзандонашон эътироз доранд.

Одинаев мегӯяд: “чаро фарзанди маро дар рӯзи равшан дуздидед?”

Аз гуфтаҳои муовини раиси ҲСДТ маълум мешавад, ки фарзанди ӯро кормандони нерӯҳои низомӣ пеш аз “Облава” лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ фарзандашро кормандони Комиссариати ҳарбии ш Ҳисор бо фармони КДАМ ба хидмат бурданд.

Дар Тоҷикистон мавсими даъвати нави сарбозӣ ва ба қавле “Облава” оғоз шудааст. То имрӯз чандин аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз қонуншикании кормандони Комиссариятҳои ҳарбии Тоҷикистон нашр мешавад.

Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷавононро барои ба хидмати ҳарбӣ бурдан аз роҳҳои зуроварӣ истифода мешавад, ки борҳо ин масъала дар сатҳҳои гуногун мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Аммо масъулони Комиссариятҳои ҳарбӣ ҳаргиз нашудааст, ки фарзанди мансабдореро барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват ва ё “Облава” карда бошанд. Дар чунин мавсимҳо одатан фарзандони мардуми фақиру бе “тағо” дуздида мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷикро дар Русия ҳамсари русаш ба қатл расондааст

0
Сурат: аз саҳифаи Фейсбук

Имрӯз 29 октябр Ҷунайдуллоҳ Худоёров дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод, ки як ҳамсояашонро дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ҳамсари русаш бо табар ба қатл расондааст.

“Аздо тв” аз манобеаш маълум кард, ки марҳум  Зоиров Олимҷон Муродович ном дошта, аз ноҳияи Рашт ҷамоати Боқӣ Раҳимзода деҳаи Яшм ва зодаи соли 1982 будааст. Гуфта мешавад, ки марҳум аз соли 2001 дар Русия зиндагӣ мекарда аз ҳамсари русаш соҳиби фарзанд низ будааст.

Аз соли 2016 Тоҷикистон нарафта буд. Худоёров дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки Олимҷон сеюмин фарзанди Муродхуҷа аст, ки дар Русия ба ҳалокат мерасад. Аз 4 фарзанди писарии ин хонадон се фарзандаш дар Русия вафот кардаанд.

Бародари калонияш бо номи Саидбек соли 2013 дар вақти кор аз ошёнаи баланд ба замин афтида ҳалок мешавад ва бародари дуюмаш бо номи Амирбек соли 2015 аз илтиҳоби пардаи мағзи сар (менингит) вафот ёфт ва инак фарзанди сеюми ин хонадон Олимҷон имрӯз аз дунё даргузашт.

“Аздо тв” аз манобеи дигар аз ҷузъиёти қатл пурсид ва онҳо низ бо тобар аз ҷониби ҳамсари русаш кушта шудани Олимҷонро тасдиқ карданд.

То ҳол дар мавриди сабабҳои ин куштори ваҳшиёна изҳороти расмие аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Русия нашр нашудааст. Ва маълум нест, ки чаро ва чӣ чиз хашми ин занро барангехта, ки даст ба қатли шавҳараш задааст.

Junaydullo Khudoerov
Марги Олим ғамгинам намуд.😢😢😢 Зоиров Олим Муродович соли таваллудаш 1982 сокини деҳаи Яшм ҷ/д Боқи Раҳимзода н-Рашт дуст ва ҳамсояи замони бачагиам буд ва аз соли 2001-ум у ба ш- Москва ва ман ба…

Хабари Фаври! Ҳамла бо корд дар назди як калисо дар Фаронса

0
Azda.tv

Имрӯз панҷшанбе 29 октябр дар наздикии як калисо дар шаҳри Нисаи Фаронса марде бо корд бар чанд нафар ҳамла кард, ки боиси кушта ва захмӣ шудани чанд нафар гаштааст.

Полиси Фаронса мегӯяд, ки ҳадди аққал ду нафар кушта шудаанд. Аммо хабаргузории ВВС аз кушта шудани 3 тан иттилоъ дод.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Фаронса, полис дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт ва ҳамлагар боздошт шудааст.

Полис инчунин эълом дошта, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи зудамал ва мутахассисони минаёб фиристода шудаанд.

То ҳол дар мавриди марди гумонбар маълумоти дақиқ нашр нашудааст.

Ин хабар дар ҳоли такмилёбист.

Дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли равон ба давлатҳои хориҷӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содир шудааст

0

Дар вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби 17 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба давлатҳои хориҷиӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содир шудааст, ки ин маблағ 36,5 дарсади маҷмўи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои “Ховар” аз ҷониби 64 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 65,8 млн. сомонӣ ё 27 дарсад зиёд  гуфта шудааст.

Дар идома гуфта шудааст, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 миллиард 47,5 миллион сомонӣ расида, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 397,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 21,9 фоиз зиёд ва корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 145,2 млн сомонӣ ё 18,1 фоиз зиёд  гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон барои таъмини табибон ва беморхонаҳо бо либосҳои махсуси тиббӣ ва маводи антисептикӣ ба мушкилӣ дучор гардида буд, ки чандин кишварҳо аз қабили Узбекистон, Русия, Чин, Туркия ва Қазоқистон ин маводҳоро кумак карда буданд.

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Қирғизистон

0
Сурат: mfa.tj

Рӯзи 26 октябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дидору гуфтӯ намудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз 28 октябр хабар дод.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷа бо сафири Қирғизистон масъалаҳои гуногун оиди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Дар мулоқот мавзӯи ҳалли масоили марзӣ байни ин ду кишвар дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои Вазорати хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон аз ба эътидол даромадани авзоъи сиёсии кишвараш хабар додааст.

Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 25 октябр низои ҷадиде дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваст. Гуфта мешуд, ки сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара мехостаанд лулаи оби ошомиданиро, ки аз замони шӯравӣ истифода мешуд, дар мавзеи Мулломалик таъмир кунанд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд.

Гуфта мешавад мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ҷои ҳодиса рафтанд. Хабаргузории ҳукуматии “Ховар”, аз қавли мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар додааст, ки 25-30 нафар сарҳадбонони қирғиз аз сокинон талаби кардаанд, ки корро дар ин мавзеъ қатъ кунанд.

Сокинони ду кишвар умед доранд, дар чунин гуфтугӯҳо мушкилоти марзӣ хотима дода мешавад, вале бо вуҷуди борҳо мулоқот намудани намояндагони ин ду кишвар ва ҳатто вохӯрии президентҳо ҳам натавонист муноқишаҳои сари минтақаҳои баҳсбарангезро камтар кунад. Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон идома дорад

0

То барқарор гардидани хатсайри доимӣ байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои чартерӣ идома мекунад. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба манбааш аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Ба гуфтаи корманди сафорат, “иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Русия бо мақомоти ин кишвар мувофиқа мешавад. То охири моҳи октябр ба анҷоми боз якчанд парвоз созишнома дорем. Тоҷикистон ба идомаи парвозҳои чартерӣ хотима бахшиданӣ нест ва ният дорад, ки барои иҷрои парвозҳои иловагӣ дархост пешниҳод намояд”.

Дар идома иброз доштааст, ки шумори нафароне, ки аз Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд, рӯз то рӯз кам шуда истодааст.

“Сафи ин шаҳрвандон ба таври назаррас кам шуд. Дар назди сафорат дигар издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад ва рӯз то рӯз сафи чунин одамон кам мешавад”, – гуфтааст намояндаи  сафорат.

Ҳамчунин дар мавриди барқарор гардидани хатсайри доими байни Тоҷикистон ва Русия гуфтааст:

“Дар робита ба масъалаи хатсайрҳои мустақим Тоҷикистон мисли пешин ба барқарор кардани онҳо омода буда, қарори Русияро дар ин хусус интизор аст. Ин ба Тоҷикистон вобаста набуда, ба вазъи эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар рабт дорад. Вазъ дар Тоҷикистон босубот буда, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ ба барқарор кардани алоқаи ҳавоии мунтазам омода аст, лекин ахиран дар Русия вазъи марбут ба коронавирус ба мушкилӣ печид ва ин ба барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ монеъа эҷод мекунад”.

Маврид ба зикр аст, ки тамоми хатсайрҳои чатерие, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон анҷом гардид, ҳамаи онро ширкати “Сомон Эйр”, ки моликаш Ҳасан Асадуллозода мебошад анҷом додааст.

Ин дар ҳолест, ки аз сабаби ба низоми маъмулӣ надорамадани парвозҳо байни Тоҷикистону Русия кормандони он маош намегиранд ва ширкатҳои ҳавонавардӣ дучори буҳрон гардидаанд.

Мисоли он хабари худкушии як корманди Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мебошад, ки рӯзи 26 октябр ба хотири пардохт нагардидани 9-моҳа маошаш аз ҷониби масъулин, худро дар ҷойи кораш паронд, ки дар натиҷа вафот кард.