4.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 73

Тазоҳуроти оммавӣ алайҳи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Трамп

0

Беш аз се рӯз аст, дар иёлати Калифорния ва дигар иёлатҳои Амрико тазоҳуроти оммавӣ алайҳи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии президенти Амрико Доналд Трамп идома дорад.

Ин тазоҳурот баъди амалиёти боздошти даҳҳо муҳоҷир аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ИМА (ICE) оғоз шуданд.

Дар шаҳри Парамаунти ҷануби Лос-Анҷелес миёни эътирозгарон ва нерӯҳои интизомӣ даргириҳо рух дод. Тазоҳургарон ба сӯи мошинҳои пулис санг ва тухм ҳаво доданд. Дар посух кормандони пулис аз норинҷакҳои садо ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Рӯзи 7-уми июн Доналд Трамп бидуни мувофиқа бо мақомоти иёлот фармон дод, ки Горди миллӣ барои саркӯби нооромиҳо сафарбар карда шавад. Ин иқдом боиси норозигии шаҳрдори Лос-Анҷелес Карен Басс, губернатори Калифорния Гэвин Ньюсом ва дигар намояндагони Ҳизби демократ гардид.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, эътирозҳо идома ёфтанд. Ба гуфтаи CNN, ба тазоҳурот на танҳо мухолифони рейдҳо ва муҳоҷирон, балки онҳое низ пайвастанд, ки зидди истифодаи Горди миллӣ дар шаҳр мебошанд.

Дар задухӯрдҳо бархе афсарони пулис ва рӯзноманигорон маҷруҳ шуданд. Шоми 8-уми июн раиси пулиси Лос-Анҷелес Ҷим Макдоннел аз боздошти 10 эътирозгар хабар дод.

Ҳамин тавр, CNN низ хабар дод, ки дар бархе аз навоҳии Колифорния, Сан-Франсиско ва дигар минтақаҳо байни муътаризон ва пулис даргирӣ рух дода, ҳудуди 150 нафар боздошт шудааст.

Пулиси Ню-Йорк рӯзи душанбе хабар дода, ки “нафарони зиёде”-ро барои иштирок дар эътирозҳои хиёбонӣ ва ҳуҷум ба идораи муҳоҷират ва гумруки ин шаҳр боздошт кардааст.

Назорат аз болои фарзандони муҳоҷирон дар Русия сахттар мешавад

0

Аксар фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои Русия роҳ наёфтанд.

Дар Русия аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, талаботе амал мекунад, ки тибқи он кӯдакони муҳоҷирон танҳо баъд аз гузаштани имтиҳони забони русӣ ва дуруст посух додан ба 90% суолҳо метавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд. Натиҷаҳои ду моҳи аввал нишон доданд, ки танҳо шумораи ками довталабон тавонистаанд аз имтиҳони забони русӣ гузаранд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин муддат 2868 дархост барои иштирок дар имтиҳон пешниҳод шудааст. Аммо танҳо 498 кӯдак (17%) иҷозаи иштирок дар имтиҳонро гирифтанд ва дар ниҳоят ба мактабҳо ҳамагӣ 4% аз ҳамаи дархосткунандагон қабул шуданд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ наёфтани 83 дарсади дархосткунандагонро ба имтиҳонҳо ба номукаммал будани ҳуҷҷатҳо, маълумоти нодуруст дар анкетаҳо ва нарасидани ҷой дар мактабҳо рабт медиҳанд.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз натиҷаҳои талаботи нав истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки он самаранокии худро нишон дод.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор додаанд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.

Инчунин дар ҳамин ҳафта Думаи давлатӣ баррасии лоиҳаи нави қонунеро оғоз мекунад, ки назоратро аз болои кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, пурзӯр хоҳад кард.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки низоми ягонаи мубодилаи маълумот миёни мактабҳо ва ВКД-и таъсис дода шавад ва муассисаҳои таълимӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш; натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ; маълумот дар бораи қабул ё хориҷшавӣ аз мактаб; ва далелҳои муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар “рӯёхати шахсони зери назорат” қарор дорандро ба ВКД ирсол намоянд.

Дар навбати худ ВКД муассисаҳои таълимиро дар бораи сабти ном ва бақайдгирии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ хабардор мекунад. Володин иддао дорад, ки ирсоли иттилоот миёни сохторҳо имкон медиҳад, ки қонуният ва мақоми ҳуқуқии будубоши кӯдак ва волидайни ӯ дар Русия таҳти назорат қарор гирад ва қарорҳои дахлдор нисбати онҳо қабул шавад.

Бояд гуфт, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Эмомалӣ аз хатари обшави пиряхҳо ҳушдор дод, вале Тоҷикистон ҳанӯз аз ташнагӣ ранҷ мебарад

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми июн барои иштарок дар чорабинии “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034)” ба Фаронса сафар кард.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус баргузор шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин конфронс зимни суханронияш иброз доштааст, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони ин конфронс аст ва дар татбиқи он нақши фаъол мебозад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ, тақрибан 60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд, ки барои амнияти оби минтақа муҳим мебошанд. Вай таъкид карда, ки таназзули криосфера ба иқтисодиёт, кишоварзӣ ва амнияти инсонӣ таъсири манфӣ мерасонад ва ҳамкории бештар байналмилалиро дар ин замина талаб мекунад.

Ӯ инчунин аз оқибатҳои нигаронкунандаи тағйири иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо ва камбуди об изҳори нигарони кардааст.

Нигарониҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тағйири иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки худи кишвар, ки беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, ба камбуди ҷиддии оби нӯшокӣ ва об барои кишоварзӣ дучор аст.

Дар минтақаҳои зиёди Тоҷикистон сокинон аз набуди оби нӯшиданӣ шикоят мекунанд. Гузоришҳо нашр шудааст, ки мардум аз иҷбор бо маблағи шахсӣ ва ё бо роҳи ҳашар шабакаҳои обрасониро нав ва ё таъмир карда, мушкили беобии худро ҳал мекунанд.

Кишоварзон низ аз талафоти маҳсулот ба далели камбуди об изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи мунтақидон, сабаби ин вазъро метавон дар фасоди идорӣ ва нокомии тӯлонии ҳукумат дар сохтани зерсохторҳои муосири обрасонӣ дид. Онҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди сӣ соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ӯ ва ҳукуматаш натавониста мушкили дастрасии мардум ба оби нӯшокиро ҳал кунад.

Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса қаблан эълон нашуда буд ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ба хотири огоҳ нашудани мухолифон ва ташкил накардани тазоҳуротҳо мебошад. Намояндагони “Гурӯҳи 24” дар яке аз сафарҳои Раҳмонов ба Олмон ӯро бо тухм зада буданд.

Исроил сарнишинони киштии Модлинро боздошт кард

0

Субҳи рӯзи душанбе нерӯҳои дарёии Исроил киштии “Модилн”, ки кумакҳои башардӯстонаро ба сӯи Ғазза мебурд, ҳамроҳ бо сарнишинонаш боздошт кард.

Тавре эътилофи “Корвони озодӣ” хабар медиҳад, нерӯҳои дарёии Исроил бомдоди душанбеи 9-уми июни соли 2025 киштии Модлинро, ки бо худ кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла хӯроку либос ва доруворю воситаҳои тиббӣ ҳамл мекард ва ба сӯи соҳили Навори Ғазза дар ҳаракат буд, боздошт карда, онро ба бандари Усдуд бурданд.

Пеш аз ин эътилоф хабар дода буд, ки киштӣ дар дарёҳои байналмилалӣ аз ҷониби Исроил борҳо ҳушдор дарёфт карда буд, ки баргардад ва ахиран мавриди ҳамла ҳам қарор гирифта буд.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт гурӯҳҳои махсуси баҳрии иштирок карда, ҳамроҳи киштӣ 12 сарнишини онро ҳам боздошт кардаанд.

Расонаҳои исроилӣ ба нақл аз масъулони зиндони Ғафун гуфтанд, ки раҳбарияти ин зиндон аллакай ҷойҳои махсус ва утоқҳои инфиродиро барои сарнишинони киштии Модилн омада кардаанд ва қарор аст ҳамаи онҳо дар утоқҳои инфиродӣ нигаҳдорӣ шаванд ва мавриди бозпурсӣ қарор гиранд.

Вазири дифои Исроил, Исроил Катс ба хотири пешгирӣ аз киштӣ ва боздошти сарнишинони он, ки гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи мадании чанд кишвар ҳастанд, аз нерӯҳои дарёӣ изҳори сипос кардааст.

Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки ба ҳеч кас иҷозат намедиҳанд ҳар навъ кумакеро чи аз тариқи баҳр ва чи аз дигар роҳ ба Ғазза ворид кунад.

Ҳадафи киштии “Маделин”, ки тариқи эътилофи “Караван озодӣ” ташкил шуда буд, тариқи роҳи баҳрӣ кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми зери муҳосирамондаи Ғаза расондан буд. Дар дохили ин кишватӣ 12 фаъоли ҳуқуқӣ аз Олмон, Фаронса, Бразилия, Испания, Ҳолланд, Туркия ва Испания ҳузур доштанд. Киштии ҳомили кумакҳои инсонӣ аз Италия дар эътироз ба муҳосираи шадиди Исроил болои мардуми Ғазза ва вазъи тоқатфарсони инсонӣ дар ин борика, аввали моҳи июн ба роҳ афтода буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ боздошти киштӣ ва сарнишинонашро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, аз сӯи мақомҳои расмии Туркия ва бархе кишварҳои дигар боздошти сарнишинони киштӣ накӯҳиш шуд ва ин рафтори Исроилро “ғайриинсонӣ” ва “террористӣ” гуфтанд.

Иди Қурбон муборак бошад!

0

Имсол Иди Қурбон ба 6-уми июн рост омад. Фардо мусалмонони дунё ин иди бузурги солро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи ду иди бузурги мусалмонист, ки рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад.

Мусалмонон дар ин рӯз пас аз хондани намози ид ба зиёрати якдигар рафта, аз ҳоли беморону ниёзмандон огоҳ мешаванд. Ва инчунин шахсони сарватманд ва доро гову гусфанд ва ё буз қурбонӣ намуда, гушти онро ба ниёзмандон тақсим мекунанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Қурбонро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.

Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.

Сахттар гардидани қонунҳо барои муҳоҷирон дар Русия

0

Дар Русия мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратро боз ҳам сахттар кунанд.

Вакилон аз ҳизби “Одамони нав” дар Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки асосҳои иловагӣ барои ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шаванд ва дастрасии шахсони хориҷӣ бо гузаштаи ҷиноятӣ ба фаъолияти корӣ дар Русия маҳдуд гардад.

Яке аз лоиҳаҳои қонун ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои истиқомат пешбинӣ нашудаанд, мисли таҳхонаҳо, бомҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва партовгоҳҳо.

Раиси ҳизби “Одамони нав” Алексей Нечаев, бо ишора ба он ки дар партовгоҳи яке аз баландошёнаҳои шаҳри Хикми 7 муҳоҷир ҷойи хоб карда буданд, мегӯяд, чунин ҳолатҳо ба амният ва саломатии ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд ва бояд чунин афрод аз Русия ихроҷ шаванд.

Илова бар ин, вакилон аз ин ҳизб пешниҳод мекунад, ки платформаи рақамии “Мигрант ID”, ки ба иддао онҳо иҷораи расмии манзил ва сабту пардохтро назорат намуда, шаффофияти андозро таъмин менамояд, бояд роҳандозӣ шавад.

Лоиҳаи дигаре, ки аз ҷониби ҳизби “Одамони нав” ба ВКД-и Русия пешниҳод шудааст, ин манъи додани патент ва иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки дар гузашта зиндонӣ шудаанд.

Муовини роҳбари фраксияи ҳизби “Одамони нав” Сардана Авксентева иддао дорад, ки системаи ҳозираи назорати муҳоҷират филтрҳои заруриро дар бар намегирад ва ба онҳое, ки новобаста дар Русия ва хориҷ аз он ҷиноят содир кардаанд, имкон медиҳад, ки иҷозаи кориро дар Русия дастрас кунанд. Авксентева таъкид мекунад, ки ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо барои кор, бояд таҳқиқи автоматии гузаштаи ҷиноятии муҳоҷирон гузаронида шавад ва дар ҳолати ошкор шудан доғи судии муҳоҷир, иҷозати корияш фавран бекор карда шавад.

Пештар аз ин вакилон аз “ЛДПР” лоиҳаи қонунеро ба ҳукумати Русия фиристода буданд, ки дар он лағви нафақаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин дар Русия ВКД барои ҷалби ғайриқонунии нерӯи кории хориҷӣ масъулони бозорҳоро ҷарима ва ҳатто фаъолияти ин бозорҳоро манъ мекунад.

Бояд гуфт, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Шикоятҳо аз гаронӣ дар арафи Иди Қурбон

0

Бо фарорасии Иди Қурбон нархи маҳсулоти хӯрока дар дукону бозорҳои кишвар хеле гарон шудааст.

Вазъияти гаронии нархи маҳсуло сокинонро нигарон кардааст. Бархе мегӯянд, ки ҳамасола бо наздик шудани иду ҷашнҳо, бахусус идҳои мазҳабӣ, чун Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мурдум шоҳиди болоравии якбораи нархи маҳсулот мешаванд, вале мақомот ба ҷои он ки бозорҳо ва нарху наворо назорат кунанд, дастархони мардумро назорат мекунанду дегу косаи онҳоро.

Аз ҷумла, дар бозору мағозаҳои вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ғизоӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, сокинонро ба ташвиш овардааст. Айни ҳол як килограмм гӯшт то 100 сомонӣ, тухм то 50 сомонӣ ва меваҷот чун себ, шафтолу, гелос ва ғайра бо нархҳои баланд ба фурӯш бароварда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол пулиси шаҳри Душанбе низ хабар додааст, ки дар пойтахти кишвар як гурӯҳи кори ташкил дода аст, то аз худсарона боло бурдани қимати маҳсулоти хӯрокворӣ, пешгирӣ кунанд. Ба гуфтаи полиси пойтахт , дар давоми як рӯз аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ 80-далели бе нархнома ва бо нархи қимат фурӯхтани маҳсулоти гуногуни хурокворӣ муайян карда шуда, соҳибкорону фурӯшандагони қиматфурӯшро барои ин корашон ҷарима кардаанд 

Инчунин нархи роҳкиро аз Душанбе ба дигар минтақаҳои кишвар низ боло рафтааст. Мусофирони Душанбе-Кӯлоб мегӯянд, нархи роҳкиро, ки 50-60 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад 120-150 сомни шудааст.

Сокинон мегӯянд, ҳамасола дар рӯзҳои наздик ба идҳо, нархи маҳсулот беасос гарон мешавад ва ин ба буҷаи оилавӣ зарба мезанад. Онҳо мегӯянд, Идҳо бояд шодӣ биёрад на фишорӣ иқтисодӣ

Трамп: Байни Украина ва Русия ба ин зудиҳо сулҳ шуданӣ нест

0

Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки рӯзи чоршанбе, 4-уми июни соли ҷорӣ гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия баргузор гашт.

Гуфта мешавад, ин тамоси телефони байни Доналд Трамп ва Владимир Путин 1 соату 15 дақиқа давом кардааст. Кремл мегӯяд, гуфтугӯи дирӯзаи раисҷумҳурон “созанда” буд.

Ба гузориши расонаҳо ва ба нақл аз масъулони наздик ба Путин, “раҳбарони ду кишвар муколамаи мусбат ва созандае доштанд ва қарор шуд, ки тарафҳо дар тамоси доимӣ бошанд.”

Ба гуфтаи мушовири дипломатии Путин Юрий Ушаков, мавзуи аслии муколамаи Доналд Трамп ва Владимир Путин масъалаи Украина будааст. Трамп ҳам дар паёмаш дар Truth social бо ишора ба суҳбатҳои Путин дар бораи ҳамлаҳои паҳподии ахири Украина ба пойгоҳи ҳавоии Русия, таъкид карда, ки “ба назар мерасад, сулҳ байни Руися ва Украина ба ин зудиҳо шуданӣ нест.”

Ушков ба расонаҳо гуфта, ки Путин ба ҳамтои амрикоияш гуфтааст, Украина бо ин ҳамлаҳои ахираш талош кард музокироти сулҳро ба бунбаст бикашонад ва Русия бо тамоми қувва посух хоҳад дод.

Гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия ва ба бунбаст расидани музокироти оташбаси Русия бо Украина дар ҳолест, ки 1-уми июни соли ҷорӣ Украина амалиёти васеи низомиро бо номи “Паутина” гузаронд. Дар ин амалиёт Украина бо дронҳои FPV ба чор пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла кард ва дар маҷмуъ беш аз сад ҳавопаймои низомии Русияро ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи Хадамоти амнияти Украина, 13 ҳавопаймои стратегӣ, аз ҷумла 9 бомбаандоз, мисли Ту-95 ва Ту-22М3 нобуд карда шуд.

Коршиносон зарарҳоеро, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба артиши Русия ворид кардааст, аз 1 то 7 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд.

Рустам аз “имтиҳон”-и Кремл гузашт?

0

Сафари ахири Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва дидору мулоқотҳои вай бо роҳбарони Русия баҳсу тахминҳои зиёдеро дар байни коршиносон ба вуҷуд овардааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки раҳбарияти Русия, бахусус Владимир Путин барномаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст. Бештари коршиносон мутмаинанд, ки Рустам барои гирифтани “добро”, супоридани “экзамен” ва гузаштан аз “собеседований” -и Владимир Путин, кохнишини Кремлин ба Маскав рафта буд.

Як назар ба ҷараёни ин сафар ва мавзуъу масоили матраҳшуда дар он ҳар як нафари огоҳро ба ҳамчунин натиҷа мерасонад.

Инҷо чанд ба истилоҳ “нюанс”-ҳоеро метавон ба мушоҳида гирифт, ки ин сафари дар воқеъ сарнавиштсозу ҳаётӣ барои режими Душанбе ва роҳбари худкомаи он бо омодагии ҳарчи тамом ва эҳтиёти басо айёрона таҳия ва тарҳрезӣ шудааст.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон, “Ховар” роҷеъ ба сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав дар ибтидо бо як хабари хушку мухтасар иктифо кард. Гуфт, “сафар намуданд”, тамом. На аз “корӣ” ва на аз “расмӣ” будани ин сафар зикр накард, чи расад ба онки дидору мулоқоти Рустам бо Путин ҳам дар нақшаи сафар ҷо доштааст. Аммо, баъд аз истиқболи муносибтари Рустам дар фурӯдгоҳ (муовини раиси Шӯрои Федератсиюни Русия пешвоз гирифт) ва бовар кардани онки нақшаи сафар, онгуна ки аз қабл таҳия шудааст, пеш меравад, Путин ҳам вақт ҷудо кардааст, хабарҳо бо тавсифи “расмӣ” будани он чоп шуданд. Бармеояд, ки дар Душанбе то лаҳазоти охир мутмаин набуданд, ки Путин қабул мекунад ё хайр. Барои ҳамин хабари сафари Рустам бо чунин “дақиқназарӣ” дарҷ гардид ва мабодое Путин қабулро рад мекард, “расмӣ” будани онро ҳаргиз намегуфтанд ва сир бой намедоданд ва буруз намекарданд. Чун ин бор низ Путин “ба гап нағалти”.

То чи ҳад “расмӣ” будани сафари Рустам ба Русияро адади асноди имзошуда, ки нишона ва баёнгари аҳамияти сафарҳои расмӣ аст, таъйин мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин сафар ба ҷуз аз соядасти Рустам дар Китоби меҳмонони толори Шӯрои Федеретсиюн кадом санаду ҳуҷҷате ба имзо нарасид.

Ризоият ва “добро”-и Маскав барои ҷойгузинии Рустам дар курсии президентӣ барои Раҳмон чун обу ҳаво зарур аст. Путин то ҳамин чанд рӯзи пеш барои арзонӣ доштани ин “обу ҳаво” ба Раҳмон ҳеҷ алоиме нишон намедод.

Инҷо, инки чи шуду чи тавр шуд, киҳо ва кадом давлатҳо ва чи сабабу омилҳо боис шуданд, ки Путин дар ниҳоят розӣ ба қабули Рустам шавадро зиёд кандуков намекунем. Аммо, метавон гуфт, ки Раҳмон муваффақ шуд, тавонист, ки Путинро ба гап ғалтонад ва Рустам “добро”- ро гирифт ва аз “имтиҳон”-гузашт. Шояд ин тавр гуфтан, ки Рустам бо “селфӣ” бо Путин барои худ оянда рақам зад, ҷиддӣ натобад, вале яқинан Раҳмонро дигар касе аз онки Рустамро ба курсии худаш менишонад ва худаш ҳам ниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллатро ба кор хоҳад андохт, боздошта наметавонад.

Бахусус, ки на муддаиеву на довталабе дигар дар Тоҷикистон аз худ дарак надодааст. Фаромуз Играшев, яке аз шахсиятҳои тоза ба саҳнаи сиёсӣ воридшуда ва муддаии ошкорои курсии Раҳмон буд, ки се соли пеш, баъди ҳаводиси хунини Хоруғ дар моҳи майи 2022 дастгир ва ба ҳукми абад гирифтор шуд. Ҳеҷ неруи оппозитсионие ҳам, ки дар дохили кишвар ҳузур дошта бошад ва битавонад бо Рустам дар маъракаи интихобот шоху шона бикашад, амал намекунад. Ва он гурӯҳҳои оппозитсиони мавҷуда дар хориҷа ҳам гирифтори баҳсҳои дохилианд, чи расад ба инки дар фикри маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва рақобат бо Рустам бошанд. Афзун бар ин, дар шароите, ки Раҳмон ба ҳадафҳои худ қадам ба қадам бо устуворӣ ва итминон наздик мешавад, дар миёни нерӯҳои сиёсии мухолифи тоҷик нобоварӣ, дудастаӣ ва ихтилоф ба амал омада истодааст. Ба баёни дигар, дар ҳоле, ки мушкилоти интиқоли қудрат ва вогузории курсӣ дар қасри Миллат зоҳиран ҳал шуда ба марҳалаи поёнии худ мерасад, курсии раёсат дар байни аъзои ташкилоти умдаи мухолифин-Ҳизби наҳзати исломӣ мояи баҳсу даъвоҳо шудааст, ки бидуни шак ба суди ин режими дарозумри диктаторӣ тамом хоҳад шуд.

Баҳсҳои ахир ва низоъу даъвоҳо дар айни замон ин ташкилотро аз нав ба саҳнаи гарм кашонидааст. Ба назар мерасад, новобаста аз интихоби раис ҳамоно баҳсу даъво фурукаш намешавад. Як идда аз гурӯҳҳои мухолиф раиси тозаинтихоби ҲНИТ-ро табрик гуфта, вале гурӯҳи афроди дигар интиқод карда истодаанд.

Дар дохили худи ҳизб ҳам вазъият ҳамин тавр аст

Рахна дар таърихи фаъолияти беш аз нимқарнаи ҲНИТ солҳои қабл, аз ҷумла соҳои муқовимати низомӣ ва баъдан, баъди бозгашт ва мушорикат дар ҳаёти сиёсӣ ҳам пеш омада буд, аммо ин бор ин рахна ҷиддитар ва шикоф амиқтар мешавад. Чун ҲНИТ имрӯз, он ҷойгоҳ ва мартабае, ки он солҳо дошт надорад ва таҳаммул ва бартарафсозии шикофу рахна душвортар хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо ҷонибдоронаш дар Варшава гуфт, ки набояд худро вақфи корҳое кунем, ки хурду реза аст ва боястӣ инсиҷом ва иттиҳоди мо ба хотири муборизаи аслӣ ва асосӣ ҳифз шавад.

Вале тарафи дигар бовар надорад ва даъво дорад, ки бо ин тарзи фаъолият кадом самара ва натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.

Дар хилоли хабарҳои марбут ба сафари “расмӣ”-и Рустам ишора бар он шудааст, ки Рустам “бо даъват”-и роҳбарияти Русия ба Маскав рафтааст. Аммо мо дидем, ки ҳеҷ масъалае дар ҷараёни ин сафар набуд, ки бо Рустам ҳал карда бошанд.

Сохтмони бинои драмтеатри русии Душанбе ва ё Маркази кӯдакони болаёқат бо сармояи Русия? Ин ҳам дар ҳоле, ки ин масоилро бо Матвиенко ҳам суҳбат кард.

Зимнан, ин Валентина Матвиенко аст, ки аз дасти Рустам гирифту ба пеши Путин даровард ва агар шумо ба аксҳо назар афканед, хуб мебинед, ки чи тавр раисҷумҳури баъдии Тоҷикистон дар назди Путин ва Матвиенко-ҳайати комиссия “имтиҳони давлатӣ” супорида истодааст. Ва дар суҳбатҳояш ҳам аз он мегӯяд, ки таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз синфи як шуруъ мешавад. Мисле, ки Путин хабар надошта бошад. Аммо таъкиди ин нукта, ба ин маъно метавонад арзёбӣ шавад, ки Рустам тааҳҳуд месупорад ва байъат карда истодааст, ки аз синфи як бо шумо ҳастем, бечуну чаро итоати шуморо мекунем ва Путин ҳам, ки гӯё хушҳол шуду ризоият дод ва ингор Рустам ба камол расидааст, рашид шудааст, болои вай на фақат мешавад ҳисоб кард, балки мешавад такя кард.

Пас, дар ин сурат даъвати Рустам ба ҷуз аз ҳалли масъалаи “интиқоли қудрат”, ки Раҳмон солҳост Путинро илтимос мекунад, чи буда метавонад?

Аммо Рустам иҷоза гирифт, чароғи сабзаш нишон доданд, аз имтиҳон гузашт ё хайрро вақт нишон медиҳад. Агарчи мо ҳам ин эҳтимолро, ки Раҳмон тавонистааст, баъид намедонем. Зеро, маълум аст, ки  Раҳмон мехоҳад ҳанӯз, ки тану ҷонаш короӣ ва аз по науфтодааст, беш аз ин метавонад, то чанд соле дасти Рустамро дар курсӣ президентӣ “рост” кунад, ба иҷрои ин барномааш оғоз кунад. Аз ин лиҳоз метавон ҳадс зад, ки як интихоботи пеш аз муҳлат дар роҳ аст ва ҳатто агар интихобот зудрас набошад ҳам, интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии соли 2027 зиёд дур нест.

Бо инки бигзор “добро”-и Путин таъмин ва омадани Рустам ба ҷойи Раҳмон тазмин шудааст, саволи баъдӣ ин аст, ки Рустам ояд чи хоҳад шуд? Тағйироту дигаргуние, ки бар манфиати халқи тоҷик бошад, пеш хоҳад омад? Ва ё ҳамин сиёсате, ки Раҳмон пеш бурда истодааст – ба ҷуз худаш ва оилааш – боқӣ ҳама ҳеҷ идома хоҳад кард?

Коршиносон ва огаҳони вазъияти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки сиёсати феълӣ дар хеле аз арсаҳо ба ҳамин минвол идома пайдо хоҳад кард. Ҳеҷ сабукӣ ва нармӣ дар бархурд бо аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ ва матбуоти озод ва бахусус озодиҳои динӣ, масҷидҳо дода нахоҳад шуд. Рустам ба эҳтимоли зиёд сиёсати дурушттареро дар ин боб пеш бигирад.

Вале ба бовари бархе аз коршиносони дигар шояд ба манзури коҳиши шиддати танаффур ва норозигиҳои мардум ва ҳарчи бештар радикал шудани ҷавонҳо ва ҷилавгирӣ аз бурузи катаклизмҳои ногаҳонии иҷтимоӣ як каме тағйироти косметикӣ ба вуҷуд ояд. Масалан, ба матбуот сабукӣ дода шавад, яъне интиқод иҷозат, аммо то ба сатҳе, ки Рустам муайян мекунад. Ё шуморе аз зиндониҳо раҳо карда мешаванд, ки дар феҳристи созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндониҳои сиёсӣ шинохта шудаанд. Ва ё иҷозат медиҳанд, ки дар ҷо-ҷое дар назди масҷидҳои ҷомеъ таълими динӣ дода шавад.

Аммо баъид аст, ки иҷоза барои фаъолияти аҳзоби сиёсии дигарандеш ва бахусус исломӣ дода бишавад. Ва майдони сиёсӣ барои фаъолияти аҳзоби сиёсии оппозитсионӣ мусоид хоҳад шуд. Чунки ҳамин саҳна ва ҳамин вазъу ҳол барояшон бисёр ҳам форам ва писанд аст. Шояд Рустам робитаҳо бо Иморати Исломии Афғонистон (Толибон)-ро дар тарзи дигар пеш бибарад ва ҳукумати онҳоро ба расмият бишиносад. Вале инҷо ҳатман дар доираи сиёсатҳои Русия пеш меравад, на бо майлу хоҳиши худ.

Аммо манобеъ ва корхонаҷоту тиҷоратҳои бузург ва васоили умдаи истеҳсолот ҳамоно дар монополияи Оила боқӣ хоҳад монд. Ҳадди ақал то вақте ки худи Раҳмон дар ҳаёт ҳаст, ин ҳама манобеъ ба манфиати Оила истифода ва баҳрабардорӣ мешавад.

Нашрияи “Ведомости”-и чопи Маскав, наздик ба Кремл навишт, ки мулоқоти Путин ва Эмомалӣ (нашрия Рустамро бо насабаш ном бурдааст) сахт кӯтоҳ буд. Таъкид ва ё киноя аз замони мулоқот метавонад ба ин маъно бошад, ки ҳоло барвақт аст хулоса баровардан, ки Путин Рустамро “добро” дод ва Рустам аз “имтиҳон” гузашт. Вагарна мебоист ботафсилтар гуфтугӯ мекарданд ва Путин президенти ояндаи Тоҷикистонро ба масобаи як сиёсатмадори омода ва огоҳ вориди қазоё мекард ва дар бораи дурнамои равобити кишварҳо гап мезаданд.

Вале, ба ҳар ҳол ин сафари Рустам, ки ба Маскав қабл аз ин ҳам дошт, тафовутҳо дошт. Дар болои қабри аскари номаълум гулчанбаргузорӣ, мулоқот бо роҳбарони ҳарду палатаи парлумони Русия ва ташкили сафари ӯ ба Сочӣ, бигзор бо ҳар баҳонае бошад, алоими нармиш ба қабули вай аз тарафи кохнишини Кремл аст.

Нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе

0

5-уми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.

Раҳбарии давраии ин созмон дар соли 2025 ба уҳдаи Тоҷикистон аст ва ҷаласаи фардо таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Ҳадафи нишаст баррасии масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ гуфта мешавад.

То ҳол барои иштирок дар ин нишаст сарвазони Русия, Қазоқистон, Беларус ва Озарбойҷон ба Душанбе омадаанд ва хабари мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сарвазири Беларус Александр Турчин нашр шудааст.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8-уми декабри соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таъсис ёфта, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомили он мебошанд. Туркманистон ба ҳайси узви ҳамкор (ассотсиатсионӣ) дар нишастҳо иштирок мекунад.