Хона блог саҳифа 737

Буҷаи давлатӣ барои соли 2021 муайян шуд

0
Сурат: azda.tv

Рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Ҳукумат лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ шуд, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард сомонӣ зиёдтар муайян шудааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 дарсад зиёд мебошад.

Дар идома гуфа шудааст:

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”.

Ба навиштаи сомонаи Президент, таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳукумати кишвар афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”,-хабар додааст, дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Тасдиқи лоиҳаи буҷет барои солҳои 2021- 2023  дар ҳолест, ки исмол аз сабаби густариши бемории каронавирус нақшаи буҷети Тоҷикистон иҷро нагардид. Вале маълум нест, ки лоиҳаи тасдиқгардидаи буҷет аз кадом ҳисоб пешбинӣ гардидааст.

Коршиносон пуркунандаи асосии беҷети Тоҷикиситонро вобаст ба маблағи муҳоҷирон медонанд, ки имрӯз кишварҳое, ки муҳоҷирон дар он фаъолият мекунанд, худ ба мушшкилии иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Ҳамчунин бархе дигар аз шаҳрвандон, ки зиндагиашон аз ҳисоби муҳоҷират буд, аз сабаби банд будани роҳҳо дар кишвар мондаанд, вале маълум нест, буҷаи Тоҷикистон аз кадом ҳисоб иҷро мегардад.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ афзоиш ёфтааст

0

Дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,3 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 10,4 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати саноат истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна, хишт 133,7 миллион дона, хишти сементӣ 55,6 миллион дона, газоблок 30,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1077,2 ҳазор метри мукааб ва бетони сохтмонӣ бошад ба 313,4  ҳазор метри мукааб баробар шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби 10 корхонаи истеҳсоли шифер дар 9 моҳи соли  равон 1258,8 ҳазор дона шифер ба маблағи 40,1 милион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 442,8 ҳазор дона зиёд  будааст.

Тибқи навиштаи Вазорати саноат айни ҳол дар Ҷумҳури Тоҷикистон 200  корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал фаъолият мекунад, ки  шумори коргарон 2104  нафар ташкил дода, дар 9 моҳи соли 2020  1077,2 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 16,1 ҳазор метри мукааб зиёд  гардидааст.

Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 133,7 миллион дона хишти сохтмонӣ, 55,6  миллион дона хишти сементӣ, 98,7 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав ва  31 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 129 ададро ташкил дода, дар онҳо 2406 нафар коргарон кор мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 48, ВМКБ  1, НТҶ 56 ва шаҳри Душанбе 6 корхона  фаъолият  дорад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмон  45,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 27,3 миллион долларро ташкил дод, ки содирот нисбат ба соли гузашта 18,4 миллион доллар зиёд гардидааст.

Тибқи навиштаи сомонаи Вазоати саноат зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент гуфта шудааст, ки маблағи он 45,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (9,4 млн доллар), шиша (5,8 млн доллар), гаҷкартон (4,6 млн доллар) ва маснуоти санитарӣ (0,6 млн доллар) ташкил додааст.

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаҳои хурду калон 15 адади он фаъолият карда, 1 корхона бо сабабҳои гуногун маҳсулот истеҳсол  накардааст.

Дар идома қайд гардидааст, ки истеҳсоли семент дар 9 моҳи соли 2020 ба 3237,1 ҳазор тонна  гуфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.

Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,1%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7% ва “Сементи Тоҷик” 5,2 %   истиеҳсол намудааст.

Таркишҳои пайдарпай дар Афғонистон ба раванди сулҳ халал намерасонад?

0
Сурат: ru.euronews.com

Субҳи рӯзи сешанбе 27 октябр дар маркази вилояти Хусти кишвари Афғонистон дар назди идораи пулис таркиш ба амал омада, то кунун 3 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин расонаҳои маҳаллии Афғонистон хабар доданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Тариқ Ориян гуфт, ки ҳамлагарон аввал мошини пур аз маводи таркандаро дар назди як воҳиди вижаи полис дар ин вилоят мунфаҷир карданд ва пас аз он баъзе ҳамлаварон бо сарбозони афғон даргир шуданд.

Оқои Ориян афзуд, ки то ҳол чаҳор ҳамлагар аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд ва талошҳо барои маҳви ду ҳамлагари дигар идома дорад. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳодиса то имрӯз ду нафар кушта ва 25 нафари дигар, аз ҷумла 16 сарбоз, захмӣ шудаанд.

Сухангӯи волии Хуст Толиб Мангал низ гуфт, ки ҳамлагарон мехостанд пас аз таркиши мошини бомбгузоришуда вориди бино шаванд, аммо бо нерӯҳои амниятӣ бархӯрд карданд ва ҷанг идома ёфт. Ҷаноби Мангал гуфт, ки ду нафар аз ҳамлагарон кушта шуданд ва амалиёти маҳвкунӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Сахӣ Сардор, мудири беморхонаи давлатии Хуст ба бахши форсии “Садои Амрико” гуфт, ки то ҳол се нафар кушта ва 33 нафар захмӣ шудаанд, ки аксарашон сарбозони афғон мебошанд.

Ҳамзамон  рӯзи сешанбе назди як мактаби динӣ дар шаҳри Пешовари Покистон низ ҳамлаи террористӣ ба вуқуъ пайваст, ки ҳадди ақалл 7 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулиси ин шаҳр ба хабаргузории “Reuters” гуфт, ки як ҳамлагари номаълум бомбро дар бастаи плостикӣ ҷосозӣ карда буд.

Сухангӯи беморхонаи (lady reading hospital)-Пешавар гуфт, ки беморхона илова бар кушташудагон боз 70 захмии дигарро низ қабул, ки аксари онҳо осори сӯхтагӣ доштанд. Гуфта мешавад, аз 7 қурбонии ин ҳодиса 4 нафарашон кӯдакон мебошанд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Пештар Толибони Покистон масъулияти аксари чунин бомбгузориҳоро ба дӯш гирифт буд.

Шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар дар шимолу ғарбии Покистон, дар наздикии марзи Афғонистон ҷойгир аст ва даҳсолаҳо боз бо хушунати Толибон даст ба гиребон аст.

Агентии омор мегӯяд сатҳи бекорӣ 2 дарсад аст, аммо мардум аз бекорӣ шикоят доранд

0

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи расмии бекорӣ 2.1%-и нерӯи кориро ташкил медиҳад. Дар ин бора “Sputnik” хабар додааст.

Агентии омор мегӯяд, шумораи бекороне, ки дар моҳи сентябр расман ба қайд гирифта шудааст, 50,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 49,2 %-и он занон мебошанд.  

Моҳи августи соли равон ба хадамоти шуғли аҳолӣ, барои дарёфти кор 7,4 ҳазор нафар муроҷиат кардааст, ки ин нишондод 1,9% бештар аз моҳи августи соли 2019 мебошад.

Агентии омор гуфтааст, ки ҷойҳои корӣ нисбат ба соли гузашта 2,1 % афзуда, ба 11 ҳазор расидааст.  

Агентӣ дар ҳоле аз набудани камбуди ҷойҳои корӣ мегӯяд, ки сокинон аз бекорӣ ба дод омадаанд. Рӯзи гузашта як идда сокинони ноҳияи Шаҳринав ба “Аздо тв” дар суҳбати телефонӣ аз зиёд шудани дуздӣ шикоят карданд ва мегуфтанд, ки ҷавонон ҳама бекоранд ва аз бекорӣ даст ба дуздӣ мезананд.  

Ба назари коршиносон оморе, ки Агентии омор додааст, ба воқеият наздик нест, чун вазъият нишон медиҳад, ки сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон афзуда истодааст. Аз сабаби пандемия коронавирус ва баста будани марзҳо бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, натавонистанд ба Русия барои кор сафар кунанд ва ин боис гашта, ки сафи бекорон дар дохили Тоҷикистон бештар шавад.

Даромади солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 883 доллар будааст

0
Сурат: Апостроф / delo.ua

Тибқи маълумотҳои интишор гардида аз тарафи Хазинаи байналмиллалии асъор (ХБА) даромади сокинони Тоҷикистон дар як сол ба 883 доллар баробар будааст, ки дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама пастарин гуфта шудааст.

Тибқи ин иттилоъ ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар (1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон), Ӯзбекистон – 1762 доллар (2 баробар зиёд) ва Қазоқистон – 8781 доллар (10 баробар зиёд)-ро ташкил медиҳад, вале дар мавриди Туркманистон маълумотҳо ироа нагардидааст.

Зкт. Баландтарин даромад дар байни кишварҳои  паҳнои пасошӯравӣ дар  Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония – наздики 23 ҳазор доллар, Литва – 19,8 ҳазор ва Латвия – 17,2 ҳазор доллар баробар будааст.

Дар Русия ин нишондиҳанда ба 9972 доллар, Беларус – 6133, Арманистон – 4314, Молдова – 4267, Озарбойҷон – 4124 ва Украина – 3491 доллар гуфта шудааст.

Тибқи маълумоти охири ХБА, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар – 139 ҳазор, Макао – 113 ҳазор, Люксембург – 112 ҳазор ва Сингапур – 105 ҳазор доллар.

Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго – 661 доллар, Бурунди – 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 360 унвон шудаааст.

Умаров: олигархҳо дороиҳои худро ошкор кунанд, буҷаи Тоҷикистон камбуди маблағ нахоҳад дошт

0

Бахшида ба 75 солагии иқтисоддони тоҷик, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров Радиои Озодӣ аз суханҳои ӯ иқтибос овардааст, ки мазмуни ин гуфтаҳо натанҳо куҳна нашудаанд, балки фоидаоварҳам ҳастанд. Профессор Умаров дар бораи иқтисод фикри худро ҳамеша рушан баён мекунад.

Ӯ дар яке аз суҳбатҳояш бо Радиои Озодӣ пули фиристодаи муҳоҷиронро такядевори буҷаи кишвар номида буд, чун манбаи асосии зиндагии 80% хонаводаҳо ба шумор меравад. Умаров мегӯяд, агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвандад, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистон беҳтар мегардад.

Дар масъалаи гаронии андоз гуфта буд, ки кодекси андоз аз аввал то охир хато аст, чун гаронии андоз баробари 86% фоидаи корхонаҳост ва ин имкон намедиҳад корхонаҳо рушд кунанд. Умаров пешниҳод намуда буд то системаи андозбандии прогрессивӣ роҳандози шавад, то қишри сарватманд ба ҳукумат андози бештар супорад ва додани имтиёзҳо ба ширкатҳои худӣ хотима ёбад.

Сарватҳои зеризаминӣ, ки бештари он дар ихтиёри ширкатҳои Чинӣ гузошта шудааст, Умаров мегӯяд мухолифи он аст, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, ки сарвати мардуми тоҷик аст дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ бошад, чун худ метавонем аз ин боигариҳоро барои дарёфти қарзҳо аз кишварҳои дигар истифода намоем.

Ва қарзи бештари Тоҷикистон ҳам, ки ба Чин рост меояду дар ҳама арсаҳои иқтисоди кишвар, Чин фаъолит мекунад, Профессор ин ҳамаро хатарнок хонда, пешниҳод карда буд, ки аз дигар давлатҳо ҳам қарз гирифта шавад, то Чин ба Тоҷикистон фишор наорад.

Дар як суҳбати худ Ҳоҷимуҳаммад умаров гуфта буд, ки ширкатҳои бузургу олигархҳо дороиҳои худро ошкор кунанд, буҷаи Тоҷикистон камбуди маблағ нахоҳад дошт.  

“Душвортар аз ҳама барои ширкатҳову соҳибкорони хурду миёна мешавад. Зеро “олигархҳо” дар миёни мақомот сарпаноҳ доранд ё аз сӯи худи ин мақомот таъсис шудаанд. Аммо нозирон ҳамчунон ширкатҳои хурду миёнаро мавриди санҷиш қарор дода, талош мекунанд хисороти буҷаро аз ин тоҷирон ҷуброн кунанд. Аммо дар асл маҳз ҳамин олигархҳо бояд дақиқ санҷида шаванд, зеро дар фаъолияти онҳо рӯйпӯш кардани нишондодҳои иқтисодӣ бештар мушоҳида мешавад. Мутмаинам, ки агар ширкатҳои бузургу олигархҳо тамоми дороиҳои худро ошкоро нишон диҳанд, буҷаи Тоҷикистон бо камбуди маблағ ҳаргиз рӯбарӯ нахоҳад шуд”.

Иқтисоддони тоҷик, Умаров ҳукуматро ба он муттаҳам карда буд, ки рақами воқеии камбизоатонро намегӯяд ва он рақамеро мегӯянд, ки ба мақсади сиёсии онҳо мувофиқ бошад.

Дар хусуси хостаҳои мардум, Умаров мегӯяд, ки барои мардуми оддӣ пеш аз ҳама муҳим ин аст, ки сатҳи зиндагияш хуб бошад ва барои рушди фарзандонаш шароитҳои зарурӣ муҳайё бошад ва албатта, озод бошад.

Барои пешгирии вируси COVID-19 чӣ бояд кард?

0

Бахтигул Карриева, роҳбари дафтари Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар мавриди кадом навъи чораҳои маҳдудкунанда дар мубориза бо пандемияи коронавирус кӯмак карда метавонад, ибрози андеша намудааст.

Ба навиштаи “Sputnik” хонум Карриева гуфтааст: “Таҷриба ва дониш дар бораи COVID-19 ба андешидани чораҳои оптималӣ дар мубориза бо коронавирус мусоидат мекунад”.

“Тадбирҳое, ки аллакай амалӣ мешаванд ё ҳоло пешниҳод карда мешаванд, аксуламал ба вазъи кунунӣ мебошанд ва барои пешгирии бадшавии эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд. Ин чораҳо барои наҷоти ҷони инсон аз COVID-19 ва дар баробари ин пешгирии хатари марбут ба бемориҳои дигар ва таназзули иқтисодӣ заруранд”, – гуфтааст хонум Карриева.

Дар идома қайд кардааст, ки маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ шадидтар мешаванд ва ин ба афзоиши бемории коронавирус марбут аст. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд барои чораҳои пешгирӣ ба пуррагӣ ширкат варзанд – муносибати тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа калидӣ аст. Мо бояд як қадам пеш бошем “,-  иброз доштааст Карриева.

Ба гуфтаи намояндаи СБҶ кишварҳо ҳанӯз ҳам фурсат доранд ва бояд барои пешгирии беморӣ ва наҷоти ҳарчи бештари одамон чораҳо андешанд:

“дарёфти гирифторон, таҳқиқоти кластерӣ, ҷудокунӣ ва нигоҳубини ҳама сироятшудагон, қатъи тамос, дастгирӣ ва муҳофизати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи осебпазиртарин қишр мебошанд”.

Ба гуфтаи Карриева дар ояндаи наздик чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус бо воситаҳои нави пешгирӣ ва табобат, аз ҷумла ваксинаҳо пурра карда мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар кигвар ба  10819 нафар баробар гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, 62 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумори шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%)  баробар гардида, бар асари ин беморӣ 81 нафар фавтидаанд.

Рӯзи қасамёдкунии Эмомалӣ Раҳмон муайян шуд

0

Рӯзи 30 октябри соли равон маросими таҳлиф ё худ қасамёдкунии Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Сомон” ба ҳайси президенти тозаинтихобшудаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки маросимро аз соати 9 субҳ пурра ба таври зинда намоиш бидиҳанд. Дар ин бора аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Маросими қасамёдкунии президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бори 5 аст дар интихоботи президентӣ баранда мешавад, бо ҳузури аъзои ҳукумат, намояндагони ду палатаи парлумон ва тамоми вазирону раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад.

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳар ду палатаи парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилояҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Дар “Кохи Сомон” Э.Раҳмон ҷиҳати садоқат ба Конститутсия ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карда, дар Кохи миллат ба ӯ рамзҳои президентӣ – ливо ва шаҳодатнома супурда мешаванд.

Пас аз ин дар майдони марказии пойтахт ба ифтихори маросими савгандёдкунии президент гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барпо мешавад.

Одатан маросими таҳлифи президентҳо баъд аз хулосаи ниҳоии нозирони байналмиллалӣ ва баҳоӣ мусбат додани онҳо баргузор мегардад. Нозирони ИДМ, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябр ҳузур доштанд, рафти баргузории онро хуб арзёбӣ карданд, аммо нозирони давлатҳои ИА агарчи қаблан гуфта буданд, ки “Тоҷикистон бояд барои беҳтар баргузоргардидани интихоботҳояш талош кунад”, вале то ҳол расман хулосаи ниҳоии худро баён надоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки дар он барои ба дастовардани курсии Президент раисони 5 ҳизб – ҲАТ, ҲИИТ, ҲКТ, ҲСТ ва ҲХДТ рақобат карданд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ ҳудуди 91 дарсади орои мардумро ба даст овард ва боқӣ ба 4 ҳизби дигар аз 1 то 3 дарсадӣ орои раъйдиҳандагон насиб шуд.

Коршиносон ҳузури раҳбарони ҳизбҳои дигарро дар баробари Раҳмон рамзӣ унвон карданд, ҳатто маъракаҳои пешазинтихоботии онҳо низ хеле камранг буд ва бисёр дида ва шунида мешуд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон тамҷид намуда ва ба наҳве ӯро таблиғ мекарданд.

Қарзи “Барқи тоҷик” ба 1,59 млрд сомонӣ расид. Чаро рӯз ба рӯз ин ширкат варшикастатар мешавад?

0

Дар зарфи 9 моҳи соли 2020  нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” зиёда аз 1 млрд 653 млн кВт\соат нерӯи барқ интиқол додааст, ки 76,60 млн кВт\соат аз ҳаҷми пешбинишуда ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,64 млн кВт\соат камтар мебошад. Дар ин бора ҶСК “НБО Сангтӯда-1” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, “Камшавии нишондиҳандаи воқеӣ аз нақшавӣ ба коҳиши ҳаҷми хариди нерӯи барқ аз ҷониби ягона харидор – ШСХК “Барқи тоҷик” рабт дорад. Коэффисиенти миёнаи истифодаи иқтидори насбшудаи нерӯгоҳ дар 9 моҳи соли равон 37,8%-ро ташкил додааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки арзиши умумии барқи Сангтӯда-1, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” интиқол дода шуд, ба андаке бештар аз 514 млн сомонӣ (бо назардошти ААИ) баробар будааст.

“Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 44% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди нерӯгоҳ боис мегардад. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик” 287,92 млн сомонӣ афзуда, то 30 сентябри соли 2020 ба 1,59 млрд сомонӣ расидааст”.

ҶСК “НБО Сангтӯад-1” ширкати муштараки Тоҷикистону Русия мебошад. Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ягона харидори барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши барқро ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон таъмин мекунад. Ба ҳиссаи ин нерӯгоҳ ҳудуди 11% аз ҳаҷми умумии интиқоли барқ ба шабакаҳои барқии кишвар рост меояд.

Корманди Фурудгоҳи Душанбе даст ба худкушӣ зад

0
Акси марҳум Шерафган Хоҷақулов: аз Фейсбук

Як корманди фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе рӯзи 26 октябр даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Нафаре, ки даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст, Шерафган Хоҷақулов ном дошта, дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард.

Шерафган Хоҷақулов, ки 9 моҳ шуд маоши худро нагирифта буд, бо нишони эътироз худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Ҷамшед Давлатов тағои Шерафган ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Хоҷақулов ба бародараш соати 13 паёмак навишта гуфтааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”

Бародари Шерафган, Умед Хоҷақулов гуфтаҳои тағояшро тасдиқ карда гуфтааст, ки бародараш аз манзили иҷорааш 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Дар идома Умед гуфт, ки ҷасадро ба ӯ нишон додаанд ва ӯ осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст.

Ҷасади Шерафганро барои ташхис ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе овардаанд ва баъд аз ташхис ба наздиконаш медодаанд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст. Аммо то ҳол назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе дар ин бора маълум нест.

“Ахбор.ком” аз манобеъаш иттилоъ медиҳад, ки кормандони фурудгоҳ аз моҳи март маош нагирифтаанд. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябр талаб кардааст, ки маоши 9 моҳаи ӯро пардохт кунанд. Аммо вақте посухи рад мегирад, бо масъулини фурудгоҳ баҳс мекунад ва ба дилаш мепарронад. Бино ба навиштаи “Ахбор” ба шакли эътироз худкушӣ кардани кормандони фурудгоҳ ин бори аввал набудааст. Моҳи сентябр низ як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор будааст, худро дар хонааш овехта буд.