“Макрон ба як ташхиси ақлию равонӣ ниёз дорад, бо кадом ақл як президент бидуни дарназардошти миллиёнҳо ақаллиятҳои динӣ (дар худи Фаронса) чунин қарорро қабул мекунад?”
Баъд аз суханронии раисҷумҳури Туркия Макрон сафираш дар Анқараро барои машварат ба Фаронса бозхонд. Ҳамзамон Покистон рӯзи душанбе сафири Фаронса дар Исломободро фаро хонд ва аз мавзеъгириҳои Покистон ӯро огоҳ кард. Ӯ гуфтааст, ки ба ҳеч ваҷҳ таҳқири Паёмбар пазируфтанӣ нест ва набояд ба эътиқодоти мусалмонҳо нохун зад. Ӯ аз қарори президенти Фаронса интиқод намуд.
Дар пайи қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки дар Покистон, Миср, Кувайт, Қатар, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва боз даҳҳо давлати дигар мағозаҳоро аз молҳои истеҳсоли Фаронса пок мекунанд. Ҳамзамон ниҳодҳои фатвову ҷамъиятҳои исломӣ ҳукм содир карданд, ки молу маҳсулоти Фаронса ба хотири ҳимоят аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) таҳрим карда шавад.
Дар пайи ин таҳримоти густардаи давлатҳои исломӣ аз маҳсулоти фаронсавӣ, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷаи Фаронса изҳороте пахш кард, ки дар он аз ҳокимони давлатҳои исломӣ хоста шудааст, ки пеши роҳи ин таҳримотро бигиранд ва нагузоранд молҳои Фаронса дар давлатҳояшон аз тарафи тоҷирону ниҳодҳои фатво мавриди таҳрим қарор бигиранд.
Вазорати корҳои хориҷии Фаронса дар изҳороташ гуфт, ки тайи чанд рӯзи гузашта дар бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна шоҳиди даъватҳо барои таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ будаанд, бахусус маҳсулоти хӯрокворӣ. Илова бар ин, даъватҳо барои эътироз ва ба майдон баромадан алайҳи қарори Фаронса дар робита бо нашри карикатураҳои таҳқиромези Паёмбар Муҳаммад (с) низ буданд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки
“ин даъватҳо барои таҳрими маҳсулоти Фаронса беасосанд ва бояд фавран пеши роҳи ин амалҳо гирифта шаванд. Ҳамаи ҳамлаҳое, ки алайҳи кишвари мо сурат мегирад, аз ҷониби ақаллиятҳои экстремистӣ роҳандозӣ мешаванд.”
Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд.
Амали кушторро тамоми давлатҳои исломӣ ва марокизи фатвову шахсиятҳои гуногун маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ҷавон набояд ба ин шакл бархурд мекард. Аммо пас аз он қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои тавҳиномез дар чорчӯби озодии баён хашми мусалмонҳоро бештар кард.
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки шарти асосии намоз ин ҷойи пок, ҷомаи пок аст. Новобаста аз вуҷуди коронавирус ва хатароти он масҷид ва намозгузор ҳамеша зиддиуфунӣ шудааст. Ҳол, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон қурбониҳои худро боз ҳам бештар мекунад, муносибати духӯраи ҳукумати Тоҷикистон бо ҷойҳои ҷамъиятӣ бар чи далолат мекунад? Инҷо зери коса чи нимкосае ниҳон аст?
Ин тарзи бархӯрд ва муносибат касро бар ин андеша мебарад,ки аз ҳузур ва фаъолияти масҷид дар Тоҷикистон ҳукумат эҳсоси нохушӣ мекунад. Розист дискоклуб ва тарабхонаҳо – ҷойҳои асосии фурӯши маводди мухаддир фаъол бошанд, вале масоҷид не. Аммо то ҳамин имрӯз кадом омору арқом ва шавоҳиде дар бораи онки масҷид иллат ва барангезандаи короно шуда бошад, мунташир нашудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз, ки вуҷуди короно дар кишварро эътироф накарда буд, яъне авоили моҳи март масҷидҳоро бо баҳонаи пешгирӣ аз густариши ин беморӣ баст. Вале баъди ду ҳафта ба хотири онки ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд бо иштироки Раҳмон мегузарад, дари масҷидҳоро кушод. Ин хокпошӣ ва назарфиребӣ танҳо барои он буд, ки Наврӯзи Раҳмонро мазаммат ва накуҳиш накунанд.
Масоҷидро як ду се рӯз барои машруият бахшидан ба ҳамин ҷашн дубора фаъол карданд. Вале баъди чанд рӯз комилан масдуд карда то ба ҳамин имрӯз иҷоза надоданд. Як нафар аз муассисони яке аз масҷидҳои панҷвақта дар як ноҳияи дурдаст дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки аз масъули шӯъбаи танзим хостанд, ки ҳадди ақал иҷоза ва имкон бидиҳанд, ки муаззинҳо дар сооти намоз аз баландгӯи масҷид азон бигӯянд, аммо посухи радд шунидаанд.
Солҳои пеш садои азон дар масоҷид, аз ҷумла Масҷиди марказиро, ки ба манзлили зисти Раҳмон наздик буд хеле паст ва ҳатто ношунаво карданд. Гӯиё аз садои азони бомдод нороҳат мешудааст. Аз ин ҷиҳат коронавирус як баҳона ва дастаки хубе шуд, ки садои азонро бибурад ва масҷидҳоро бибандад.
Яке аз мутаваллиҳои масҷиде дар Кӯлоб дар як паёми фиристодааш мегӯяд, ки моҳе қабл ба шӯъбаи танзим ва дин як нома заданд, то дари масоҷид боз бишавад. Онҳоро ба КДАМ-и ноҳия бурда сахт истинтоқ карда ва таҳдид намудаанд, ки дигар дар ин бора лаб тар накунанд. Дар сурати ғайр онҳоро дар ҳамкорӣ бо ҲНИТ муттаҳам карда ба маҳбас мебаранд.
“масҷид ба чи дарде мехурад, чи истеҳсол мекунад, чи ёд медиҳад. Ҳамин масҷидҳо дар соли 92 кишварро ба ҷанг кашиданд. Баста будани онҳо беҳтар аст. Дар хонаҳояшон бихонанд”.
Лозим ба ёдоварист, ки пеш аз коронавирус низ ҳодисаи бастану тахриби масоҷид дар Тоҷикистон борҳо сурат гирифтааст. Масоҷиди мутааддиде дар Тоҷикистон бо баҳонаи надоштани санад аз байн бурда шуданд ва ё “самти фаъолияти онҳоро дигар карда”, ба коргоҳҳои дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакон, чойхонаву дорухона ва ҳатто ба клубу кинотеатр табдил доданд. Маҳдуд кардани ҷой барои намозгузорон дар Тоҷикистонро солҳо пеш ҷорӣ карда буд.
Манъи ҳузури ҷавонони то синни ҳаждаҳсола дар қонун ҳам дар доираи ҳамин сиёсати мазҳаб ва масҷидситезӣ аст. Нимкосаи зери косаи Раҳмон ин аст, ки ӯ аз ҳамон рӯзи аввали сари қудрат омадан худро аз як сӯ қурбонии бунёдгароёни исломӣ ва аз самти дигар сипар дар роҳи вуруди онҳо нишон додааст. Пайваста талош кардааст, ки нишон бидиҳад ӯ маҳз ҳамин гуна сиёсатеро, ки нагузорад нерӯҳои исломӣ неруманд шаванд, пеш гирифтааст. Ӯ масҷидро хатар ва таҳдид бар худ ва ҳукумати худ медонад.
Он қадар бим ва ҳаросе, ки аз масҷиду аз мулло ва аз исломиҳо дорад, аз зовияи дигар надорад. Аввал нашри диску навори руҳониёни кишварро мамнӯъ кард ва аз дӯконҳо барчид, баъд истеъмои онҳоро дар васоили нақлияи ҷамъӣ қатаған кард ва сипас худи онҳоро аз минбари масҷид пойин овард ва ниҳоятан масоҷиди онҳоро бубаст. Аммо натиҷа чи шуд, чи бор овард? Шумори дузду ҷиноткорҳо афзуд. Мақомоти дохилӣ ва амният аз боздошту маҳви гурӯҳҳои ифротӣ ҳисобот медиҳанд, ки ба таъйиди худи онҳо дар ин авохир афзудааст. Воқеият ин аст, ки Раҳмон масоҷидро ба унвони оппозитсияи худ мегуморад ва мешиносад.
Раҳмон сиёсати динситезонаашро бо баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ тавҷеҳ мекунад ва муқобили афрод ва гурӯҳҳои мазҳабӣ меҷангад. Инро ҳам набояд аз ёдҳо зудуд, ки вай бо шиори “Нест бод ислом” иттифоқчиҳои хориҷӣ ёфт ва бо дастгирии онҳо соҳиби қудрат шуд.
Ҳоло бар болои чунин сиёсат боз як масъалаи дигар илова шудааст. Ин масъала, ки Раҳмонро муқобили масҷид ангеза медиҳаду ташвиқ мекунад фазои ҳоким дар муҳити оилаи серодами ӯст. Тарзу тариқаи зисту зиндагонии оилавии вай бо аркони ислом мухолифат дорад.
Фарҳангу маорифи масҷид ва фарҳангу маорифи оилаи Раҳмон аз ҳам тафовут доранд. Беҳтар аст, ки бигӯем бо ҳам дар рақобат ҳастанд. Дар масҷид мегӯянд, ки зулм куфр асту золим кофар, арақ гуноҳ аст, зино гуноҳ аст, пора ва ришва гуноҳ аст. Дар ҳоле, ки ин ҳама корҳои рӯзмарраи Раҳмон ва аъзои оилаи ӯ мебошанд. Хушгузарониҳои мудовими оилавии вай бо ончи тоату ибодат ном дорад тамоман созгор нест.
Масҷид барои Раҳмон боз аз он ҷиҳат нохушоянд аст, ки дар дару девори он ба фарқ аз қасри фарҳанг портрети ӯро овезон намекунанд. Ва, як бор ҳам, ки чунин карданд, баъди чанд рӯз зуд канданду партофтанд. Дуруст аст, ки имомхатибҳо дар ҳаққи Пешво дуо ҳам мекунанд, чун фармон додааст, аммо воқеият ин аст, ки ҳамду дуруду саноро бар Муҳаммад ва олу асҳобаш мефиристанд. Ҳадди ақал яке аз аъзои оилаи вай масҷидрав буд, шояд имрӯз шароити намозгузорон, ки муштоқи масҷиданд, фарқ мекард.
Ҳаройина, ӯ бо масҷид ва масҷидравон миёнаи хуб надорад. Имомхатибу мавъизаҳои онҳоро ҳам зери контрол гирифтанд, вале ҳоло ҳам дилаш пур нест. Аз онки дар масҷид аз ислом мегӯянд ва ҳарифони асосии ӯ ба истилоҳ “исломиҳоанд”, масҷид ӯро сахт нороҳат мекунад. Барои ҳамин бо рағбати тамом дари онҳоро баст. Бозорҳоро кушод, вале масҷидҳоро накушод.
Маълум нест, ки дари масҷидҳо кай кушода ва мардуми муътақид ва мутадайин озоду роҳат фаризаи худро баҷо меоваранд. Аз ин рӯ, короно танҳо баҳона буд. Чуноне қаблан ҳам тазаккур додем аз чандест, ки мушкили хусусии Раҳмон ва хонаводааш дар қиболи дин сиёсати давлат дар баробари динро сахттар кардааст. Дар хеле аз давлатҳои дунё масҷидро дубора боз ва намозро бо риояти фосила ва қавоиди беҳдоштӣ рухсат доданд. Аммо дар Тоҷикистон чунин нашуд.