Хона блог саҳифа 776

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 10.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Чаппа шудани кран дар Душанбе як куштаву як захмӣ баҷо гузошт.

ҲХДТ 3 сентябр номзади худро барои интихобот пешбарӣ мекунад.

Ҳуҷум бо табар бар сари муҳоҷири тоҷик.

Кумаки нави Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон

0

Кумаки иловагии Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2.5 млн.доллар тасдиқ шудааст. Дар вебсайти ин муассисаи молиявӣ, омадааст, ки ин миқдор маблағ аз фонди осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳо ва барои дастгирии ҳукумат дар мубориза ба пешгирии коронавирус ҷудо шудааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли Прадеп Шривастава, намояндаи доимии ин муассиса дар Тоҷикистон навиштааст, ки БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад:

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ”, – гуфтааст, Прадеп Шривастава, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории вируси COVID – 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи ин созишномаи молиявӣ то охири соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

На танҳо БОР, ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилали пул, ҳукумати Олмон ва дигар муассисаҳои молиявӣ ва давлатҳои дуру наздик ҷиҳати мубориза бо коронавирус ба Тоҷикстон ҳудуди чаҳорсад миллион доллар кумак кардаанд. Кумак ва дастгирии мустақими ин муассисаҳо барои пур намудани буҷети давлатӣ низ бештар аз 150 миллион доллар ихтисос дода шудааст.

Аммо хеле аз муассиса ва ташкилотҳои буҷҷавии кишвар ба баҳонаи қатъи кор бар асари COVID – 19  аз дарёфти маош маҳрум шуда ва бархеашон ҳам ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Вале дар расонаҳо аз ба яғмо рафтани ин кӯмакҳо ва изофанависӣ дар ин самт ва тақаллуб дар масрафи онҳо хабару матолиби зиёд ба нашр расидааст.

Натоиҷи ниҳоии интихоботи Белорус эълон шуд

0
Акс аз GLOBAL LOOK PRESS

Комиссиюни марказии интихоботи Беларус Александ Лукашенко, раиси ҷумҳурии ин кишварро барандаи интихоботи рӯзи 9 август эълон кард.

Лидия Ермошина, раиси КМИ, ки рӯзи 10 август натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президенти ин кишварро эълон кард, гуфтааст  президенти кунунии Беларус Александр Лукашенко  80,23%  овоз ба даст оварда, аз рақиби асосияш Светлана Тихановская ҳамагӣ 9,9% тарафдорӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои экзит-поллҳои мустақил дар интихоботи президентии Беларус аз пирӯзии номзади мухолифин Светлана Тихановская хабар медоданд.

Бар асоси экзит-полле, ки натиҷаҳояшро “Белорусский партизан” нашр кард, Тихановская 65% овоз гирифтааст. Ба президенти кунунии Беларус, тибқи ин назарсанҷӣ, ҳамагӣ 16,1% овоз додаанд. Бар асоси натиҷаҳои пурсиши назари 85 ҳазор нафар дар экзит-полли Telegram-паблики “Современная Беларусь”, Тихановская 72,1% ва Лукашенко 13,7% овоз гирифтаанд.

Ин натиҷаҳо комилан мухолифи натиҷаҳои экзит-полли расмие буд, ки дар заминаи пурсиши 12 ҳазор нафар таҳия шуда, бар асоси натиҷаҳояш, Лукашенко 79,7% овоз гирифта, рақиби асосии ӯ – Светлана Тихановская ҳамагӣ 6%.

Ба гуфтаи ин манбаъ беш аз 84% аз афроди қобили раъй дар ин интихобот ширкат варзидаанд.

Акс аз Tut.by

Дар ҳамин ҳоло гуфта мешавад, ки дар хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Белорус аз қабили Минск,Гомел,Брест,Витебск,Могилев ҳазорҳо тан норозӣ аз натоиҷи эъломшуда даст ба тазоҳурот задаанд. Гуфта мешавад дар пойтахти кишвар миёни муътаризин ва пулис задухӯрд ба амал омада ва неруҳои пулис алайҳи эътирозгарон аз гози ашковар, тирҳои резинӣ ва обпош истифода кардааст. ОМОН чандин нафарро боздошт кардааст. Вале хабаргузориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Евронюс мегӯяд, ки неруҳои пулис, артиш ва хадамоти вижа умдатан дар пойтахт мавқеи оштинопазир бо муътаризинро ишғол кардаанд вале дар бархе аз шаҳрҳо онҳо алайҳи мардум даст ба амал назадаанд.

Акс аз Tut.by

Светлана Тихановская,дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ситоди интихоботии ӯро аз аввал то ба имрӯз мардум тарафдорӣ ва ҳамроҳӣ кардааст. Хабарнигори “Садои Олмон” аз қавли ӯ навиштаст:

“Ман чунин меҳисобам,ки мо аллакай пирӯз ҳастем,зеро мо тарси худро шикастем ва аз болояш ғалаба кардем,бетафовутӣ ба сарнавишти худро поён додем.Ин ғалаба аз ҳама пирӯзиҳои баъдӣ муҳимтар аст”.

Светлана Тихановская дар нишасти хабарӣ гуфт, ки натиҷаҳои назарсанҷии расмиро намепазирад. “Ман ба чашмони худам бовар мекунам ва мебинам, ки бисёриҳо бо мо ҳастанд”, – гуфт ӯ.

Дар интихоботи Белорус нозирони ИДМ ширкат доштанд. Ба гузориши “ТАСС” аз Тоҷикистон 4 намоянда ба ҳайси нозирон ширкат варзиданд. Ин ҳайати 4-нафара иборат аз Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Содиқ Ашуров, мушовири президент оид ба ҳуқуқ, Юсуфбек Шодмонбеков ва Абдуллоҳ Раҳимов дар ин комиссия ҳузур доштанд.

Аз соли 1994 ин интихоботи шашуми президентӣ дар Беларус аст. Александр Лукашенкои 65-сола, ки 26 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус дар даст дорад, бори шашум номзад ва ҳоло ба назар мерасад пирӯз шудааст.

Аммо ин аввалин интихоботи президентӣ аст ки Лукашенко,ки бо номи охирин диктотури Аврупо маъруф аст бо зиддияти ошкоро ва мардумии Беларус рӯбарӯ мешавад.

Аз ин ҷо буд, ки мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд ва дастрасӣ ба Интернетро маҳдуд карданд. Вай чанде пеш дар як суханрониаш гуфт, “дахолат накунед, бигзоред, кишварро наҷот диҳем. Баъд аз як ё ду сол ин вазъиятро ҳаллу фасл ва ҳамон тавре мекунем, ки ба мардуми Беларус зарур аст”.

Аммо хабарҳо ҳокист, ки мардум барои як ду соли ваъдагии ҳалли авзоъ аз тарафи Лукашенко мунтазир будан намехоҳанд ва рехтани онҳо ба хиёбонҳо як инқилоби дигареро дар қаламрави шӯравии пешин ба бор меоварад ва ё пояҳои ҳукумати диктотур пурқувват мешавад, ки рӯзҳои наздик шоҳид хоҳем шуд.

Ҳуҷум бо табар бар сари муҳоҷири тоҷик

0
Акс аз Dtpositphotjs.com

Рӯзи 9 августи соли равон дар назди даромадгоҳи як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Домодедовои вилояти Маскав як сокини маҳаллӣ бо табар ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда, ба сараш чанд зарба задааст.

Ба навиштаи “Ахбор” шаҳрванди Тоҷикистон дар ин бино ба ҳайси устои лифт кор мекард ва вақте бо велосипед аз бино берун мерафт ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. “Ахбор” наворероҳам нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна як мард табар дар даст дар назди даромадгоҳ сигор кашида истодааст ва баробари аз дар берун баромадани як марди дигаре, ки ҳамроҳаш велосипед дошт, бо табар ба вай ҳамла мекунад ва ба сараш чанд зарба мезанад. Баъди ҳамла он мард оромона ба хонааш меравад.

Дар аввал расонаҳои русӣ гузориш додан, ки устои тоҷик ҳалок шудааст. Аммо баъдтар, шоми 9 август «Пятый канал» бо такя ба ҳамкорони муҳоҷири тоҷик хабар дод, ки хушбахтона, вай зинда мондааст, вале баъди ҷарроҳии фаврӣ дар ҳолати кома афтодааст.

Гуфта мешавад пулис марди ҳамлагарро дастгир кардааст. Ин марди рус лаҳзаи бозпурсӣ гуфтааст, ки устоҳои лифт шабона ҳаёҳу мекарданд ва намегузоштанд, ки вай дар хонааш оромона хоб равад.

Марди ҳамлагар гуфта, ки аз сабаби машғулияти зиёди устоҳои лифт 7 моҳ боз хоби ҳалол надошт. Ӯ гуфтааст, ки махсусан ҳамин устое, ки ҳадафи ҳамлааш қарор гирифт, гӯё ӯро ба ҷон расонда буд.

Марди рус иддао кардааст, ки қасди куштани муҳоҷири тоҷикро надошт, вақте усто аз бино берун омадааст, гӯё ӯро дашном додааст. Вале дар сабти видеоӣ хуб дида мешавад, ки муҳоҷири тоҷик вақти аз дар берун шудан, фурсат барои лаб кушодан наёфта, ҳадафи ҳамла қарор мегирад. Аз рафтори марди ҳамлагар дар навор дида мешавад, ки ӯ ҳадафмандона барои ин ҳамла омодагӣ медид ва аз ин рӯ, махсус бо худ табар гирифта буд.

Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик зери ҳамлаи шаҳрвандони рус қарор мегиранд ва бо ҷарроҳатҳои вазнин бистарӣ мешаванд ё ба ҳалокат мерасанд. Ҳамсола садҳо тобути муҳоҷирон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби набудани ҷойи кор дар Ватан, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Федератсия Русия мераванд. Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузашта 2.6 миллиард доллар ба кишвар интиқол дода буданд. Ин қишри кории миллати тоҷик аз гардонандагони асосии иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешаванд.

Муаллима бо гирифтани 8000$ пора дастгир шуд

0

Як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори 8 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудааст. Дар ин бора рӯзи 10 августи соли ҷорӣ Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Аз дастгиршуда Негматова Мунира Муҳаммидиевна ёд мешавад, гуфта шудааст, ки ӯ дар Донишгоҳи мазкур ҳамчун омӯзгор кор мекардааст. Номбурда аз шарҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намудааст.

“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – омадааст дар хабар.

Ожонисии зидди фасод менависад, ки барои Негматова М.М. бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Хабари дастгир шудани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф тақрибан ҳар ҳафта расонаӣ мешавад. Чанде пеш дастгир шудани муовини директори маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Бохтар Лутфуллоев Сорбон низ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар нашр шуда буд.

Дар гузориши нимсолаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф фасодзадатаирн вазорати давлатӣ унвон шуда буд.

ҲХДТ 3-юми сентябр номзади худро барои интихобот пешбарӣ мекунад

0
Акс аз www.hgu.tj

Ҳизби халқи-демократии Тоҷикстон замони баргузории Анҷумани пешазинтихоботии худро 3-юми сентябр таъйин кардааст. Гуфта мешавад масъалаи ягона дар ин Анҷуман, пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

“Азия-Плюс” менависад,ки охири ҳафтаи гузашта Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар бораи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифтааст.

Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ таҳти раёсати раиси ҳизб, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Дар ҷаласа қайд шудааст, ки номзади ҳизб ба мансаби президенти кишвар дар интихоботи 6 ноябри соли 2013, президенти ҳозираи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз барномаи пешазинтихоботии худро асосан амалӣ намудааст.

Рӯзи 6 август дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон дар бораи рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор шудани интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон қарор қабул шуд.

Акнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.

Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагон сабаби пеш аз муҳлат баргузор шудани интихоботи Президентро, ҳавои муносибтар дар моҳи октябр ва пешгирӣ аз хатари сирояти коронавируси нав гуфтааст, ба назари ӯ дар моҳи ноябр эҳтимоли зиёдшудани бемории COVID-19 вуҷуд дорад.

Вале ба назари коршиноси масоили сиёсӣ, Анвар Иброҳимиён пеш аз муҳлат баргузор шудани интихоботи президентӣ омилҳои дигар низ дорад:

“Ба назари банда якчанд омили таъсиргузор сабаб шуданд. Сабаби аввал, худи омили дохилӣ ва равандҳое, ки доранд дар Тоҷикистон сурат мегиранд, монанди мавҷи бозгаштҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия; омили дохилии дигар метавонад як кам бедории ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва норозигии онҳо аз идораи давлатдорон дар ин вақти бӯҳронӣ бошад. Аммо омили дигари таъсиргузор ба назари банда ин омили хориҷист. Он чи имрӯзҳо дар яке аз кишварҳои пасошӯравӣ, Белорус мегузарад, воқеан, метавонад сенарияҳои ҷадидро низ дар кишвари мо ҳам пайдо кунонад. Ҳамин буд, ки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон то андозае саросамавор таърихи интихоботро як моҳ аз муҳлаташ пештар эълон карданд, ки аз заминаҳои ҳуқуии он сарфи назар кардаанд”.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Бо эълони номзади ҲХДТ исми раиси ҷумҳурии ояндаи Тоҷикситон маълум мешавад. Аммо ҳоло маълум нест,ки ин номзад Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки инак 28 сол мешавад ҳокимият меронад ва ё Рустами Эмомалӣ, ки курсии қудратро ба мерос мегирад ва вориди сиёсати калон мешавад.

Чаппа шудани кран дар Душанбе як куштаву як захмӣ баҷо гузошт

0
Акс аз vestivrn.ru

Як ҷавони 22-сола бар асари чаппашавии крани борбардори сохтмонӣ дар бинои навсохте, воқеъ дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Бегоҳии рӯзи 8 август дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Тавре ба хабаргузории “Спутник”  аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ  хабар додаанд, бар асари ин ҳодиса 2 корманди 22 ва 23-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, яке аз онҳо, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Вазъи солимии коргари осебдидаи 23-соларо, ки ӯ ҳам сокини пойтахт аст, табибон вазнини миёна арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз чаппа шудани кран ба боми баъзе манзилҳои наздики майдони сохтмон низ зарар расонида шуда, сокинони он осеб надидаанд.

Зимнан зикр шуд, ки ҳангоми чаппа шудани кран шахси идоракунандаи он дар ҷойи кориаш набудааст. Гуфта шудааст, ки крани сарозершуда 35 метр баландӣ ва 48 метр дарозӣ дошта дар наздикии бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе мустақар будааст. Комиссияи махсус сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва мизони зарари расида ба сокинонро таҳқиқ мекунад.

Дар солҳои гузашта ҳодисаҳои чаппашавии кранҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст, ки иллати он ҳам шамоли сахт ва ҳолати нодурусти фаннӣ номбар шуда буд. Дар як ҳодиса дар маҳаллаи наздик ба бозори “Корвон” як крани борбардор аз баландии беш аз 30 метр чаппа шуда, ба чанд хона зарар расонда буд.

Барномаи хабарии “ҲАФТА”

0

Рӯйдоду гузоришҳое, ки тӯли як ҳафта дар ҷомеа рух додааст онро бо шарҳу тафсилоти бештар дар барнома метавонед тамошо кунед.

Маоши мардум 15% боло меравад, андоз чӣ?

Акс аз сомонаи “Akhbor”

Шурӯъ аз моҳи оянда маоши кормандон ва моҳиёнаи бознишастаҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба нашр расонд. Ин хабаргузории расмӣ бо тамҷид ин фармони Эмомалӣ Раҳмонро як иқдоме дар роҳи дастгирӣ ба мардум хондааст. Ин пойгоҳи хабарӣ менависад:

“Тибқи

Акс аз “Радиои Озодӣ”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарнигори телевизиони “Настоящее Время” – як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озод, Анушервон Орифовро аз аккредитатсия маҳрум кард. Дар ин бора Вазорат рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар умум сабаби маҳрум сохтани хабарнигорони ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон аз парвонаи корӣ, нашри ду матлабе гуфта шудааст, ки яке вобаста ба хабари соҳиби мансаб шудани духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Рухшона Раҳмон дар Вазорати корҳои хориҷӣ сурат гирифтааст ва дигаре нашри матлаби Анушервон Орипов вобаста ба меҳмонӣ рафтани президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаҳои сокинон аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз нашри ин ду матлаб дар пойгоҳҳои Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ норозиянд ва онро “муғризона” хонданд. Соли 2019 дар таърихи 3-уми июл Вазорати умури хориҷӣ бо нашри як изҳорот дар бораи қазияи “Радиои Озодӣ” гуфта буд, ки ин вазорат муҷаввизи кории 6 хабарнигори Радиои Озодиро бозхонда аст.

“ба қазияи мазкур бояд қайд кард, ки “Радиои Озодӣ” фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.”

Расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳибмақом ҳастанд ва ё аз мансабе ба мансаби дигар таъйин мешаванд ва ё ин ки бо ному рутбаҳои ғулғуладорашон дар расонаҳо нашр мешаванд, магар ғайривоқеъиянд? Магар шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ писари Раисҷумҳур нест? Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи раёсатҷумҳур духтари Раҳмон нест? Ё Заринаи Раҳмон, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, Рухшонаи Раҳмон, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нест? Инҳо духтарони худи Эмомалӣ Раҳмон нестанд? Аз домоду додарарусонаш ҳоло чизе намегӯем. Чӣ магар дар расонаҳои расмии ҳукуматӣ инҳо ҳамарӯза нашру пахш намешаванд? Ин ва дигар суолҳое ҳастанд, ки ҳамарӯза коршиносон дар расонаҳо матраҳ мекунанд.

“Хешутаборбозӣ”, яъне кори якҷояи хешовандон дар як идораи давлатиро, ки тибқи қонунгузорӣ ду нафар хешутаборе, ки ҳисоботдиҳанда ва ё тобеъи ҳамдигаранд, манъ мебошад. Ин нақзи қонун нест?

Видеои нашркардаи хадамоти матбуоти президент буд, ки бо ҳам дидем. Эмомалӣ Раҳмон дар сари миз нишастааст ва соҳибони хона дастҳо пеши бар ӯро гӯш доранд. Раисҷумҳур ба мизбонон ва ҳамин тавр, дар мулоқот бо як гурӯҳи занони кишоварзӣ тарзи пухтани нону хӯрокҳои миллӣ ва ҳамчунин тарзи тайёр кардани хӯриш аз барги лаблабу ва аз селдерейро меомӯзонад.

Хабарнигори телевизиони “Настоящее Время”, Анушервон Орифов баъд аз гузоришаш дар робита ба меҳмонӣ рафтани президент ба хонаи сокинон ва аз мавҷи ҳамрасонӣ шудани ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – , ки нахуст аз Хадамоти матбуоти Президент нашр шуда буд, бо гузорише бозгӯ кард ва вазорат инро бащона карда хабарнигорро рӯзи 4 август аз аккредитатсия маҳрум кард. Мӯҳлати иҷозаи кории Анӯшервон рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале вазорат онро тамдид накард.

Як соли пеш вазорат бо таъкид як пешниҳоде карда буд, “онҳое, ки ҳамчун корманди “Радиои Озодӣ” сабти ном нагардидаанд, ҳаққи идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.”

Дар ҳоли ҳозир вазорат аз додани аккредитатсия ба чандин корманди Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Ва феълан 11 хабарнигори Озодӣ дар кишвар аз иҷозатномаи кор маҳрум ҳастанд.

Агар мо тарафдори таҳаввул, тағйирот ва пешрафт бошем… Нома ба раҳбари ояндаи кишвар

0
Абдуқаюми Қаюмзод, акс аз “Озодӣ”

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик пас аз солҳои хомӯшӣ бо нигоштани матлабе зери унвони “Нома ба президенти оянда”, ки дар “Радиои Озодӣ” нашр шуд, сукути тӯлониашро шикаст.

Дар номааш Қаюмзод ба президенти ояндаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аввалин коре, ки мекунад бояд низоми идораи хонаводагиро дар умури давлат аз байн барад ва қадами дуюмаш бояд танзими сиёсати кадрӣ бошад. Хешутабору маҳалбозиро аз сиёсати давлатдорӣ маҳв кунад.

Бознашри номаи Қаюмзод аз “Радиои Озодӣ“:

Абдуқаюми Қаюмзод

Нома ба Президенти оянда

Рӯзи 3-юми сентябр номи Президенти ояндаи Тоҷикистон маълум мешавад. Ҳамин ҳоло ҳам медонем, ки ду номзади асосӣ дорем — Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Баёни беҳтар ин аст бигӯем, ки рӯзи 3-юми сентябр номи Президенти ояндаи Тоҷикистон эълом мешавад.

Маҷлиси Олӣ рӯзи интихоботро 11-уми октябр неву 11-уми сентябр ва ё баръакс 11-уми декабр таъйин мекард, ҳам чизе иваз намешуд. Сабабро обу ҳавову коронавирус ва ё фалону беҳмадони дигар ҳам бигӯянд ва ё сад далел биоранд, ки дар таъйини замони интихобот қонун поймол шуд ва Раҳматулло Зоиров пайдарпай изҳороту баёния содир кунад ҳам, асаре намегузорад. Зеро номзадҳои ин интихобот ё Раҳмон аст ва ё Рустам. Аз ин ду кӣ ба ҳайси номзад муаррифӣ хоҳад шуд, ҲХДТ муайян ва муаррифӣ мекунад.

Иттифоқи ҷавонон ва ё Иттифоқи касаба ҳам ҳастанд, вале бидуни тардид ҲХДТ ин имтиёз ва ин пайти тилоиро ба онҳо намедиҳад. Дар асл ва дар амал сохтмон ва биное, ки дар ҷаласаи пӯшида ва паси дарҳои бастаи он номзади раиси ҷумҳурӣ барои 7 соли баъдӣ маълум мешавад, қароргоҳи оила ва ё ҳамон манзили зисти хонаводаи худи раиси ҷумҳурӣ аст. Беш аз ин, дар ин маърака мову Шумо ширкат бикунем ва ё накунем, баргаҳои ройро даста-даста ва ё тоқа-тоқа дар қуттии шаффофу ғайришаффоф мерезанд ё намерезанд, нозирону мушоҳидони дохиливу хориҷӣ баҳо диҳанду надиҳанд, гумон аст, асаре бар натиҷа дошта бошад.

Мусалламан аксарияти мутлақи аъзои хонаводаи ҳоким ба тарафдории ҳокимият ва раиси феълӣ даст боло мекунанд. Ҳифз ва идомаи шароити мавҷуд барои “комфорт” ва роҳати эшон мусоид аст ва халалу мушкиле пеш намеоварад. Аммо гумони ғолиб ин аст, ки худи шароити мавҷуд инро намехоҳад ва тарафдори дигаргунист. Воқеан, дуруст ҳам ҳаст, ки замон обастани таҳаввул ва тағйир аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳаминак худ таҳаввул ва дигаргуниро мехоҳад ва ҳадди ақал дар панҷ соли ахир барои он нақша ва барнома кашидааст, бо ҳарду даст тугмаи тарафдорӣ ба номзадии Рустамро пахш хоҳад кард. Шароит таврест, ки на танҳо худи ҷаноби Раҳмон, мардуми одӣ ва фавҷ-фавҷи муҳоҷирони кории тоҷик ҳам дар ин масъала бо мавзеъ ва мавқеи ӯ мувофиқ ҳоҳанд буд, чун пешбарӣ шудани Рустам маънии камтарин посух ба умедҳои дигаргуниро хоҳад дошт.

Дар ҷомеаҳои нимҷону карахту рокиде ба монанди ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҷуръат ва қудрате надорад, супоридани курсии раёсат аз сӯи як диктатор амал ва иқдоми сенсатсионӣ хоҳад буд. Бигзор ҳатто ба писараш, зеро чунин иттифоқоте, ки диктаторҳо ба роҳатӣ аз раёсат ҷудо бишаванд, кам иттифоқ меафтад. Бо омадани Рустам давлат ва мамлакат аз шеваи роҳбарии айёми ҷангӣ раҳо мешавад. Раҳмон кадри ҷанги шаҳрвандӣ аст ва инро инкор карда намешавад.

Рафтани ӯ оғози тағйир дар режими авторитарӣ ном гирифтани Тоҷикистон мешавад. Каме ҳам бошад, метавон умед баст, ки як нафас ва насими тоза ба пайкари давлат ва миллат медамад. Чунки ба фарқ аз Раҳмон ва ҳамон гуна ки худи ӯ мегӯяд, Рустам дар муҳити серу пур ба камол расида ва он қадар ҳам барои захира ва анбор кардан ниёз надорад ва шояд талош кунад, ки даҳяки шароити зиндагии худро барои мардум ҳам фароҳам созад.

Ба ин бовар, ки Раҳмон неву Рустам номзад мешавад ва, ҳамин тавр, ҷойгузини Раҳмон хоҳад буд, чанде аз андешаву пешниҳодҳоро барояш матраҳ карданиам. Фикр мекунам, иҷрояшон ӯро комилан ба як раиси мардумӣ бадал карда, ҳама гуна ҳарфу ҳадиси дигар, аз ҷумла инки ҳокимиятро муфту ройгон аз падараш гирифт ва ҳеч коре аз дасташ сохта нест, ӯ ба номаш президент аст ва идораи кишвар дар дасти дигарҳост ва ғайраву ҳоказоҳо, ки имрӯзҳо хеле зиёд шунида мешаванд, ба дасти фаромушӣ месупорад.

Рустами Эмомалӣ раиси ҷумҳурӣ бишавад метавонад, ислоҳотеро ба амал оварад, ки боис ба тағйироти решаӣ ва бунёдӣ гардад ва кишварро дар зудтарин фурсат ба самти рушду инкишоф такон бидиҳад.

Аввал аз ҳама дар мудирияти давлат дасти аъзои хонаводаашро, бидуни гузашт кӯтаҳ кунад. Ва, дуввуман, сиёсати кадрии давлатро на бар мабнои маҳал ва ошнову хешу табор, балки бар пояи касбият, ҳирфаият ва тахассус ба роҳ монад. Барои ҳеч нафар, на домоди падару на додарарӯс ва на тағову ҷиян дар тиҷорат ва соҳибкорӣ имтиёз надиҳад. Баръакс, роҳи Душанбе-Хуҷанд ва ҳамин тавр тиҷоратҳои дар заминаи харҷу масрафи байтулмол созмондодаи язнаҳояшро бигирад ва ба соҳибони пешинааш барои мисол ба БДА, Вазорати тандурустӣ ва ғайра бидиҳад. Ҳуҷҷати ронандагӣ, муоинаи фаннии васоили нақлиёт ва ё ҳамин шираи камолро.

Рақобати солими миёни соҳибкорон бояд ҳифз ва ҳимоят бишавад ва иқтисоди соягии мавҷудро, ки маълум аст, дар дасти кист, аз байн барад. Қарзи Чин (Хитой) барои сохтмони роҳи Душанбе-Хуҷандро ба дӯши ширкати IRS бигзорад.

Рустами Эмомалӣ аз уҳдаи ин корҳо баромада метавонад. Эҳтимол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат норозигӣ баён мекунад, вале барои онки ба миллат ва давлат содиқона хидмат кунад ва номи некро соҳиб бишавад, ба ӯ ба мулоиматӣ фаҳмонад. Вале агар мухолифат аз тарафи Пешво бештар шуд, бидуни ибо метавонад институти Асосгузори сулҳу ваҳдатро бо як фармон лағв карда, барои раиси ҷумҳурии собиқ дар Маҷлиси Миллӣ як ҷойгоҳи муносибе фароҳам созад. Бе ин ҳам ҳоло ду ҷой дар Маҷлиси миллӣ “вакансия” аст.

Дар баробари иҷро ва анҷоми ин корҳо дар муносибат бо Чин ва Русия ҳатман таҷдиди назар кунад. Тамоми қарордодҳоро бо Чин бозбинӣ ва бознигарӣ карда, аз баҳри бисёрии онҳо бигзарад. Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст шудани Тоҷикистон бисёр ҳам муҳим аст. Бахусус, ки дар ин авохир Чин даъвои Помир мекунад. Таҳкими робитаҳо бо Русия, вале бо мурооти баробарии давлатҳо бисёр ҳам муҳим ва муфид аст. Аз саргирии ҳамкориву муносибати дӯстона ва бародарона бо Эрон бар манфиати давлати Тоҷикистон аст.

Ба таъсиси вилояти Данғара роҳ надиҳад, баръакс вилоятҳоро барҳам диҳад. Вақте ҳокимияти электронӣ роҳандозӣ шуда истодааст, сохтори маъмурие чун вилоят як нонхӯри зиёдатӣ дар низоми кишвар аст.

Дар сиёсати давлат бо дин ва матбуот ва аҳзобу ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ворид кунад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ ин тавр набуд, ки падару модар барои таълими динӣ додан ба фарзанди худ муҷрим шинохта шаванд ва барои омӯзиши аркони динӣ ва обдасту намоз ҳатман иҷоза бигиранд ва ё инки рафтани ҷавони то 18-сола ба масҷид гуноҳ бошад. Ислоҳоти қонунҳое, ки бо арзишҳои динӣ ва урфу одати мардум таноқуз дорад, ҳатмӣ ва зарурӣ аст. Ба ҳамин тариқ, фарохони мухолифин ва мунтақидин аз кишварҳои дуру наздик ва иҷозаи кору амали қонунии онҳо бар мартаба ва мақоми раиси ҷумҳурӣ меафзояд.

Бахусус, ки зиндониҳои ақида ва андеша озод карда шаванд ва аз шиддати иҷтимоиву сиёсӣ, ба хотири имрӯзу фардои дурахшони ватан коста шавад…

Бо ин ҳама воқеият ин аст, ки ҳеҷ касе беҳтар аз худи Раҳмон намедонад, ки раиси ҷумҳурии оянда кӣ шавад, ки бар манфиати системаи сохтаи ӯ мувофиқ ва мутобиқ аст. Аз инҷост, ки ин шабу саҳар мағзи сари ӯ сахт банд аст. Одитарин хабару иттилоъро коркард мекунад, вале мутмаинам, ки ӯ барномаи таҳиякардаашро идома медиҳад. Бесабаб синни номзади президентро аз 35 ба 30 поин наовард. Худи ӯ ҳам дигар хаста шудааст ва мехоҳад, давлати пирӣ биронад. Ман ҳам тарафдори ҳамин интихоб ҳастам. Интихоби дигар дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад ё дошта бошад ҳам, бе пайомадҳои ногаҳонӣ нест.

Аммо дар охир як масъаларо алоҳида мехоҳам, зикр кунам. Масъалае дигар, ки барои давлат ва давлатдорӣ муҳим аст, бархурд ва муносибати давлат бо васоитаи ахбори омма, озодии матбуот ва кормандони ин соҳа аст. Кормандони воситаҳои ахбори умум рақиб ва ҳарифи сиёсӣ нестанд. Як корманди идораи андоз вазифааш ҷамъоварии саривақтии андоз дар маҳалли вобастаи ӯ бошад, журналист ҳам масъулият дорад, ки хабару иттилоъро ба мардум расонад. Бар фарзе агар фардо шумо як нафарро вазир таъйин кардед, журналист дар бораи ӯ менависад. Ҳам паҳлуи мусбат ва ҳам паҳлуи манфиашро. Агар ки ягон нафари наздики худ, узви хонаводаатонро ҳам дар масъулияти давлатӣ таъин кардед, дар ин бора ҳам менависад. Барои ин ӯро аз аккредитатсия маҳрум набояд кард.

Фишанг ва қувваи қудратро барои фароҳам кардани кору шароити зиндагӣ мебояд истифода кард, на барои саркӯби як табаа, барои мисол як журналист.

Ҳоло, ки аз мушкилоти дарёфти аккредитатсия ба унвони яке аз даҳҳо мушкилӣ миёни давлат ва хабарнигорон зикр кардам, ба он хотир буд, ки соли 2012 аввалин бор мушкили аккредитатсия дар Тоҷикистон бо ман пеш омад. Ин як моҷарои пур аз ҳарфу ҳадис аст, ки инҷо маҷол ва мавқеи гуфтанаш нест. Танҳо дар омади гап, як нуктаро бигӯям, ки ҳимояти раҳбарияти феълии “Озодӣ” чи дар бахш ва чи худи маркази радио аз кормандонашро наметавон бо раҳбарияти онвақта муқоиса кард. Бисёр мехоҳам, ки ин мушкил аз байн бурда шавад. Айб аст, ки давлат бо хабарнигор “сану ман” кунад ва як шаҳрванди худро аз кор маҳрум намояд.

Давлат бояд дар сатҳи баланд ва боло қарор дошта бошад. Ӯро танқид мекунанд,таъриф мекунанд. Бигзор. Аммо давлат ва раиси давлат ва маъмури давлат ва ниҳоди давлат, кори худашро идома медиҳад. Чун хабарнигор кадом муддао ва ҳадафи сиёсӣ надорад. Ӯ рисолати худро анҷом доааст.

Ҳамин ки баъди солҳо сукут барои “Озодӣ” навиштам, бо ҳамин хотир аст. Сӯитафоҳумҳои сунъӣ аз байн рӯфта ва бурда бишавад. На ба ин маъно, ки барои ман аккредитатсия бидиҳед, ба ин хотир, ки бо як расона ва бо хабарнигор даъво роҳ андохтан, истифодаи иқтидори давлат амалу иқдоми замони муосир нест. Ва инки баъди ин интихобот муносибат ва муомила бо васоити ахбори умум ва хабарнигорон тағйир наёбад, ҳеч чизи дигар ҳам иваз намешавад. Агар мо тарафдори таҳаввул, тағйирот ва пешрафт бошем…

Омодагиҳо барои интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд

0
Акс аз “Ховар”

Омодагиҳо барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

«Ховар» -хабаргузории расмии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷаласа таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода сурат гирифт.

Гуфта  мешавад дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Тоҷикистон ва масъалаи таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар нақшаи мазкур муҳлатҳои ташкили ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, таъсиси комиссияҳои онҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба марҳилаҳои ҷараёни интихобот пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори  Комиссия дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68  ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуданд.

Акс аз “Asia-Plus”

Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ниҳоди масъул барои назорат ва баргузории интихобот ва ҳамапурсиҳо дар ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз аз 13 узв иборат аст. Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 25% аъзои он дар ихтиёри Иттиҳоди неруҳои мухолифи тоҷик вогузор шуда буд. Феълан ду намояндаи мухолифини пешин Ҳикматулло Сайфуллозода ва инак Ҷалолиддин Маҳмудов, ки ҳарду дар гузашта узви ин комиссиюн буданд дар ҳабс қарор доранд.

Ин комиссиюн бо ду намояндаӣ аз аҳзоби сиёсӣ ташкил дода шуда буд. Аммо қабл аз баргузории интихоботи ахири парлумони Тоҷикистон дар моҳи марти имсол Комиссияюни интихоботиро “беҳизбӣ” эълон карда вале амалан бо аъзои ҳатто баландпояи ҲХДТ-и президент Раҳмонов такмил карданд.

Бо ин ҳол рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мебоист 6 ноябр сурат бигирад як моҳ қабл 11 октябр таъйин шуд. Ин дар ҳолест, ки дар қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон барои ин маърака се моҳ муқаррар шудааст. Мақомот эълон накардааст, ки сабаби интихоботи зудҳангом ва ё пеш аз мӯҳлат баргузор кардан чӣ аст?