Хона блог саҳифа 777

Оё раҳматӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мазлум буд?

0
Акс аз саҳифаи фейсбуки муаллиф

Бознашр аз саҳифаи фейсбуки Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Муаллиф: Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

(Посух ба Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки
дар ҳошияи баҳсҳои ду рӯзи ахир гардонкардаи як нигоштаи Мирбобои Мирраҳим раҳматии Сайид Абдуллоҳи Нуриро мазлум хондааст)

Фикр намекунам, ки дар ҷабҳаи шумо ва дар ниҳодҳои стротежии Эрон касе бошад, ки ба қадри андешаи дигарон расад, вале гӯям беҳтар аст. Бале, масъулияти тоҷик ва мусалмон буданро, ки дорам, бояд бигӯям.
Дурустараш ин аст, ки ҳич касе аз пешвоёни сиёсии тоҷик худаш, ёрону ҳамсангарон ва миллаташро мисли раҳматии Нурӣ мазлум ва ҳақир накардааст. Худо биёмурзадаш!
Ба ин шаш далел таваҷҷуҳ кунеду сипас қазоват фармоед:

1) Дар оғози ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷик ӯ бинобар надоштани ҷаҳонбинии кифоя ва таҷрибаи сиёсӣ ба наҳзати динӣ ва тафаккури гуруҳӣ авлавият дода, миллаташро бераҳмона дар муқобили Ислом Каримов ва Русия ва Изроил қарор дод;

2) Вазъи ҳарбӣ- сиёсиро дар моҳҳои август- ноябри соли 1992 дуруст баҳо дода натавонисту аз пойтахт фирор кард ва Душанберо, ки тақрибан ҳич нерӯ дар минтақа бе талафоти даҳҳоҳазорӣ тасарруф карда наметавонист, ба “Фронти халқӣ” таслим карда, барои террори беш аз 140-145 ҳазор одами беяроқ замина гузашт. То декабри 1992 миллат 10-12 ҳазор кушта дода буду чизе беш аз 80 ҳазор гурезаи дохилӣ дошт;

3) Дар замони муқовимати низомиву сиёсӣ бо дастгирии чанде аз ниҳодҳои Эрон раҳбарии ИНОТ-ро ба даст гирифта, низом ва ниҳодҳои муқовиматро ба шахси худу раҳбаладони хориҷияш таслим карда, бо имзои кардан ва баъди имзои Созишномаи сулҳ боиси пошхӯрдани ҳама ниҳодҳо гашт. Ба ҷуз шабакаи хуфии тобеъ ба худашу раҳбаладони хориҷияш, албатта;

4) Бо имзои протоколи 6 ва гуфтумони пасипардагӣ бо Эмомалӣ Раҳмон имкони баҳои ҳуқуқӣ додан ба кулли ҳаводиси ҷанги таҳмилиро (аз ҷумла ҷиноёти ҳарбиро) барои даҳсолаҳо баст;

5) Дар соли 1999 бо Эмомалӣ Раҳмон забон як карда, бар ивази подош (қазияи “Десткий мир”, ки ба ҳама маълум…) барои як умр ҳукумат кардани ӯ замина гузошт;

6) Бо истифода аз абзори аслии “мактаби сиёсияш” – интрига садди роҳи интихоби демократии раиси ҳизб шуда, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон Муҳиддин Кабириро ҷойгузини худ кард.

Ва ба ҷойи хулоса: То замоне, ки ёрони ӯву пайравонаш ин иштибоҳотро эътироф намекунанд, на танҳо ноком хоҳанд монду бо имитатсияи мавҷудияти худ дар муҳити сиёсӣ ба пойдор будани ҳукумати феълӣ хидмат хоҳанд кард, балки ҳич неруи солим бо онҳо ҳамкорӣ нахоҳад кард. Оқилон мефаҳманд, ки оҳани зангзада пулоду чуянро мехӯрад. Хуллас, ихтиёр ҳасту решааш ҳам аз хайр: Ё ҳиммати тавба ё арусак мондан. Арусакҳо воқеъан мазлуманд.Хушруча, номдор, гоҳе барои ину он лозим, вале мазлум.
Ва як нуктаи муҳимм: Пӯзиш хостан аз мардуми тоҷик бояд аз кафилони Созишномаи истиқрори сулҳ оғоз шавад.

PS: Дар муҳити расонаии Тоҷикистон ман нахустин ношир ва сармуҳаррир будам, ки нигоштаҳои алоҳидаи Сайидюнуси Истаравшаниро нашр мекардам. Агар хато накунам 6-8 моҳ баъд дигарон ҳам ҷуръат пайдо карданд.
Ҳоло дар зеҳнам ин андеша чарх мезанад, ки оё ӯву ҳамсангаронаш, ки ҳудуди 10 расона дар ихтиёр доранд, ин рефлексияи рӯзи маро нашр мекунанд ё на?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Мазлум будӣ вақте дар миёни ин мардум будӣ, мазлумтар гардидӣ вақте аз миёни ин мардум рафтӣ

0

Бознашр аз сомонаи “ksaadat.co“

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Худо раҳмат кунад Устод Сайидабдуллоҳи Нуриро, ки ҳам, замоне ки зинда буд ва дар миёни ин мардум зиндагӣ мекард мазлум буд, ва ҳам, вақте аз дунё рафт ва имрӯз дар миёни ин мардум нест мазлумтар гардид.

Дар бораи мазлумияти ӯ баъд аз тарк гуфтанаш ин дунёи фониро андаке баъд сухан мекунам. Аввал дар бораи мазлумияташ дар замоне ки зинда буд бигӯям, ба назарам ин муҳимтар аст, зеро бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳе, ки дошт, қабули он барои хонандаи азиз на танҳо душвор, ки шояд аслан бовараш нашавад. Аммо ӯ мазлум буд.

Тавзеҳ ин ки: инсонеро шумо фарз кунед, ки дорои масъулияте аст ва ба ҳадди тавонаш саъй мекунад ба вазоифе, ки бар дӯш дорад амал кунад. Он вақт, афроде, ки перомуни ӯ ҳастанд, ба ҷойи ин ки аз боре, ки бар дӯши ӯст сабук кунанд ва бикоҳанд, баръакс коре кунанд, ки бори ӯ сангинтар шавад. Ба сухани дигар, ба ҷойи он ки ин афрод аз худ моя гузоранд ва ба ӯ бигӯянд чӣ кор бояд бикунем, мудом аз ӯ бихоҳанд барояшон “коре” бикунад, масалан шикамашонро сер кунад, ба хонаву ҷой таъминашон намояд. Тоза, ба ин пиндор, ки сер кардани шиками онҳо ва хӯрондану пӯшондани онҳо масъулияти ӯст. Ба назарам, мазлумтар аз якчунин инсоне дар гетӣ вуҷуд надорад.

Бо шурӯъи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва замоне ки ҷангҷӯёни теруристи “Фронти халқӣ” садҳо ҳазор мардуми бепаноҳи тоҷикро водор ба тарки ватан ва кӯч ба шимоли Афғонистон намуданд – ки шароите бисёр сахту душвор буд — агар Устод Нурӣ (р) ва саъю талошҳои ӯ барои танзиму тартиби умури оворагон ва ба илова, кӯшишҳояш барои эҷоди инсиҷом миёни гурӯҳҳо ва аҳзоби опозисиюн набуд, тоҷикони овора дар ҳамон шимоли Афғонистон мемонданд ва имрӯз ба монанди ниёгони “гурезаи” худ (пас аз вуруди болшевикҳо ба сарзаминамон), “афғонистонӣ” мегардиданд ва куллан ба фаромӯшӣ супурда мешуданд.

Ман намехоҳам аз саҳми дигар раҳбарони опозисиюн дар он замон бикоҳам, абадан, ҳамаи онҳо бахусус Устод Тӯраҷонзода, ҳар як саҳми басазое доштанд. Аммо ин ҳақиқатро касе наметавонад инкор кунад, ки дар ин миён, нақши марҳум Устод Нурӣ (р) калидӣ буд. Ин ӯ буд, ки тавонист ба ҷаҳониён ба хусус кишварҳои мусалмон, мусибатеро, ки бар сари миллати тоҷик дар он мақтаъ аз замон фуруд омад бирасонад ва огоҳашон намояд. Вагарна, дар ҳамон замон, на як араб медонист тоҷик кисту Тоҷикистон куҷост ва на ҳатто як эронӣ, бо вуҷуди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳанг будан ва таърихи муштарак доштан. Ин Устод Нурӣ (р) буд, ки тавонист опозисиюнро аз ҳолати инфиъол ба ҳолати фоъилу фаъол будан дароварад ва кор ба ҷойе бирасад, ки Раҳмон маҷбур ба музокира ва таслими шарту шурути онҳо бишавад. Ин, ба забон гуфтан бисёр саҳлу осон аст, аммо амалан хеле сахту душвор.

Хуб, ҳоло мазлумияти марҳум Устод дар он даврон чӣ буд?! Бештари касоне, ки ба унвони ҳамразму ҳампаймон дар атрофи Устод буданд, чӣ дар Афғонистон ва чӣ пас аз созишномаи сулҳ, беш аз он ки саҳм гузоранд, саҳм мехостанд. Беш аз он ки кор кунанд, мушкил эҷод мекарданд. Беш аз он ки гиреҳи мушкилеро боз кунанд, бар гиреҳҳо меафзуданд, то марҳуми Устод, илова бар ҳалли мушкилоте, ки ҳукумат эҷод мекард, даргири ҳаллу фасли мушкилоти эҷодшуда аз сӯи перомуниҳо бишавад. Ва аҷиб он, ки марҳум чизе ба рухи касе намекашид ва саъй мекард интизоротеро, ки доштанд бароварда созад.

Як воқеиятро бароятон ҳикоят кунам. Дар ҳудуди солҳои 98, муддате дар Душанбе будам. Як рӯз рафта будам пеши марҳум Устод дар мақарри ҲНИТ (Борбад). Бо манзараи аҷибе рӯ ба рӯ шудам. Анбӯҳе аз мардум дар дари утоқи Устод нишаста буданд ва ҳар як ба навбат пеши ӯ ворид мешуданд. Вақте хилват шуд ва ба ҳузури эшон расидам – ва оқои Абӯбакри Нурӣ ҳам онҷо буд ва шоҳид аст – аз Устод пурсидам, ин ҳама мардум, ки инҷо омадаанд, лобуд мехоҳанд коре бикунанд. Зеро фикр мекардам, инҳо омадаанд то ба Устод бигӯянд, вазифаи мо чист ва чӣ кор бикунем?! Ҷавоби Устод ҳайратзадаам кард. Эшон гуфт, ин ҳолати рӯзонаи мост. Инҳо, ки пеши ман меоянд, ҳар як аввал мушкилоти худро матраҳ мекунанд ва сипас, аз ман пул мехоҳанд, он гоҳ агар чизе додам, хуб, вагарна, шурӯъ мекунанд ба пархошу баду бероҳ гуфтан, ки ман ба хотири ту ин кардаму он кардам ва ту маро раҳо кардӣ. Пурсидам, магар ҲНИТ таъсис шуда барои рафъи мушкилоти молӣ ва иқтисодии мардум, магар як ҳукумат аст?! Марҳум ҷавоб дод, таваққӯъи мардум ҳамин аст.

* * *

Марҳум Устод Нурӣ (р) замоне ки зинда буд, то ҷойе ки медонам, касе дар бораи ӯ ҳарфи манфӣ ба забон ҷорӣ намекард ва балки тамаллуқу чоплусиҳое, ки аз ӯ мекарданд, вақте медидед, ҳолатон ба ҳам мехӯрд. Эй кош агар айбе дошт дар ҳамон замони зинда буданаш, ба ӯ мегуфтанд! Аммо ҳамин ки аз дунё рафт ва чанд сол ки гузашт (ба хусус пас аз соли 2015), ибтидо аз сӯи ҳукумат ва мақомот баду бероҳ гуфтан дар бораи ӯ шурӯъ шуд ва сипас аз тарафи афроде, ки замоне ҳампаймонаш буданд. Боз такрор мекунам, Устод фавқи интиқод нест, агар айбе дар кораш дида мешуд, воҷиб буд дар ҳамон замон ба ӯ гӯшзад мешуд. На ин ки замоне ки зинда аст, тамаллуқаш намоӣ, ва замоне ки нест ва аз дунё рафта, нисбат ба ӯ тӯҳмат занӣ. Ин, камоли ноҷавонмардист.

Дирӯз матлабе хондам дар бораи марҳуми Устод Нурӣ аз як азизе, ки барояш камоли эҳтиромро қоилам; матлабе саросар дурӯғ. Намедонам, чаро дар ҳамин замони ҳассос ин азизамон дурӯғи мазкурро бофта, ҳоло иллаташ ҳарчи ҳаст, як кори ноҷавонмардона аст. Ноҷавонмардона ба далели дурӯғ будани матлаб. Агар рост мебуд, айбе надошт.

Алъон, ки ин матлабро менависам, дигар марҳуми Устод зинда нест, ки ин навиштаи ман ҳамли бар навъе тамаллуқ – ки Худоро шукр фарсахҳо аз ин хислати зишт ба дурам – шавад. Имрӯз Устод дар миёни мо нест. Агар мо заррае инсоф дар корамон бошад ва дорои виҷдони инсонӣ бошем, оё ин дуруст аст, ки барои собит кардани он ки масалан мо “сепурмен”-ем ва вобаста ба “исломиҳо” нестем, биёем як дурӯғи шохдорро нисбат ба инсоне бибофем, ки аввалан вафот ёфта, ва сониян, хадамоти фаровоне кардааст.

Асосан, аҷаб замоне шуда! Имрӯза ҳар касе ки бихоҳад “сепурменӣ”-и худро собит кунад, мухолифон бахусус наҳзатиҳоро, мурда ва зиндаи онҳоро, сужаи интиқоди худ қарор медиҳад.

Ишколе надорад, интиқод кунед, аммо тӯҳмату бӯҳтон мавқуф!

Албатта, агар ҳунар доред ва воқеан “сепурмен” ҳастед, биёед аз Раҳмон ва дору дастааш, ки кишвари моро ба ганд кашида, интиқод кунед. Оё ҳунари ин корро доред?!

Саломат бошед!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Дар зери бори саллаҳо ва дар домани ҷелакҳо

0
Ҳафиз Бобоёров. Акс аз саҳифаи фейсбуки муаллиф

Бознашр аз саҳифаи Ҳафиз Бобоёров

Муаллиф: Ҳафиз Бобоёров

Мирбобо Мирраҳими муҳтарам!

Шумо чандин бор шуд номи маро беҷо ва таҳқиромез дар матлабҳоятон истифода мебаред. Албатта, медонам бо ин кор барои мақолае (“Фалсафаи тоҷик чун нигоҳе дар ойинаи шикаста”), ки дар мавриди андешаҳои шумо навишта будам, ниқор мегиред. Ҷое маро маҳалгаро ҳам гуфтаед, аммо барои чунин иттиҳом далеле надоред. Шояд кадоме аз ҳамкорону дӯстони собиқам дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба шумо ин иттилои беасосро дода бошад, вале ба шумо намезебад, ки бе санҷиш ба он бовар кунед. Агар ҳимояти маро аз ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва помирӣ чун маҳалгароӣ қаламдод кунед, пас, мутмаин бошед, ки аз ин мавқеам ҳеч гоҳ даст намекашам. Забони яғнобӣ (шеваи суғдии нав) шояд ягона сарвати маънавие бошад, ки гӯяндагони он, ки на бештар аз даҳ ҳазор нафаранд, то ҳанӯз нигоҳ доштаанд. Қарзи на фақат гӯяндагони ин забони эронии шарқӣ, балки ҳар як тоҷики миллатдӯст аст, ки дар ҳимоя ва интиқоли он ба насли оянда саҳм гузоранд.

Новобаста ба ин ҳама, бисёр шодам, ки мақолаи ман шуморо таҳрик дод, то ба шинохти худ аз баъзе пешвоёни исломи сиёсии тоҷик таҷдиди назар кунед. Вагарна кӣ медонист Нурӣ барои китобе, ки шумо болои он 2 сол заҳмат кашидаед, 2 миллион доллар туҳфа аз режими охундии Эрон гирифтааст. Ва боз як ҷиҳати шахсияти пешвои исломиҳои тоҷик низ кашф гардид, ки ҳаққи заҳмати шуморо надода будааст. Ин ҳодиса бори дигар сарафгандагӣ ва пешипоуфтодагии зиёиёни тоҷикро дар муқобили ҳукуматдорону наҳзатиён (исломиёни сиёсӣ) тасдиқ мекунад. Бисёр хуб аст, ки он мақолаи ман шуморо таҳрик дод ин ҳама розҳоро баъди даҳсолаҳо хомӯшӣ ошкор кунед.

Воқеан, бисёре аз зиёиён ва зиёинамоёни солҳои 90-ум ҳоли шуморо доштаанд. Дидаву дониста ва ё надидаю надониста тамоми дониш, имконият ва робитаҳояшонро барои обруманд, қудратманд ва давлатманд кардани муллоҳои чалласаводи деҳотӣ барҳадар додаанд.

Ҳоло бароятон як мисол меорам, то шояд назари шуморо дар мавриди дигар пешвоёни исломи сиёсии тоҷик низ тағйир диҳад. Соли 2008 мақолае навиштам бо номи “Авлодмеҳварӣ дар Тоҷикистон” ва онро дар чанд шумораи рӯзномаи “Зиндагӣ” нашр кардам. Вокунишҳои шадиде дар ҷомеа дод ва дар сатҳи боло ҳам тахмин мезаданд кирову чиро дар назар дорам. Шояд ҳамин боис гардид, ки нафароне аз маҳфили “Диалог”-и Наҳзат наздам омаданд ва ба маҳфил даъват карданд. Бо исрори ду ҳамкорам аз Академияи илмҳо рафтем. Дар раёсат Кабирӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Маҳмудҷон Тураҷонзода ва Тоҳири Абдуҷаббор қарор доштанд. Дар толор ҷавонону муридону мухлисони зиёд. Маҳфил дар ошёнаи дуюми биное дар “7-ум километр” баргузор мегардид. Баъд аз суханронии гузоришгар Тураҷонзодаҳо назар доданд. Сипас, Тоҳири Абдуҷаббор бо шиму камзули шояд аз замони намояндаи парлумон буданаш монда аз ҷояш боло ва шуруъ ба суҳбат кард. Ягон дақиқа сухан гуфт. Ҳамин замон, Маҳмудҷон Тураҷонзода, ки дар бар куртаи нафиси шоҳӣ дошт, “Микрофони 6!” гуфта хитоб кард. Ҳама муридон дар толор хандиданд ва муддате кафкӯбӣ карданд, то суханронии Тоҳири Абдуҷабборро халалдор ва қатъ намоянд. Тоҳир ором истод то он даме ки толор хомӯш нашуд. Ин дафъа бо хашми аз чеҳраи хастааш намудор ӯ манфиатҷӯии пешвоёни мухолифонро яке аз сабабҳои шикасти ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷик донист. Ин аввалин ва охирин ҳузури ман дар он маҳфил буд.

Бо ин вуҷуд, фикр мекунам мухолифони исломии тоҷик хеле зарангтару ҳушёртар ва ҳадафмандтару барномадортар аз мухолифони дунявӣ ва умуман зиёиёни тоҷике чун Мирбобо Мирраҳим, Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Давлат Худоназаров, Шодмон Юсуф, Бозор Собир, Додоҷон Атовуллоев ва дигарон будаанд. Бо шуури деҳотӣ ва мазҳабии худ, онҳо тавонистаанд як муддат ин шахсиятҳоро дар зери бори саллаҳо ва дар домани ҷелакҳои худ гиранд, дар ҳоле ки тӯдаи дигари зиёиён дар хидмати ҳукуматдорони вақт қарор доштаанд. Ба ҷуз он радду бадал дар маҳфили Диалог, аз Тоҳири Абдуҷаббор чизе дигар нашунидем, гарчанде бисёр асрори ногуфтае дошт, ки бояд мегуфт.

Мирбобо Мирраҳим низ муддати зиёда аз ду даҳсола хомӯш буд ва дар китобҳояш васфи пешвоёни динӣ мекард, аммо оқибат ба натиҷа расид, ки бас аст! Агар мақолаи ман дар ин натиҷа таъсиргузор бошад, бисёр шодам ва минбаъд ҳам омода ҳастам унвонгузориҳои таҳқиромези матолибашро бо дили бозу бекина бипазирам. Барои ҳамин матлаби охири ӯро дар ин ҷо ҳисса мекунам.

Тандурустӣ ва офияти шуморо мехоҳам, Мирбобо Мирраҳими гиромӣ!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Баҳси доғи чанд рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии фейсбук

0
Акс аз саҳифаи шахсии Мирбобо Мирраҳим

Чанд рӯз боз дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳси гарме миёни шахсиятҳои маъруфу донишмандони тоҷик ба вуҷуд омадааст. Баҳс аз онҷо шурӯъ шуд, ки Мирбобо Мирраҳим – яке аз нависандагони маъруфи тоҷик ва аз пешгомони “Ҷунбиши Растохез”-и солҳои навадуми асри гузашта дар саҳифаи фейсбукаш аз матлаберо зери унвони “ОН СӮИ СИЁСАТ” ВА ҚАСАМШИКАСТАҲО” нашр намуд.

Номбурда дар ин матлаби худ аз марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – раҳбари фақиди ҲНИТ ва раиси КОМ дар даврони сулҳи тоҷикон, интиқод намудааст. Мирбобо Мирраҳим мегӯяд, китоби “Он сӯи сиёсат”-и (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) бо заҳматҳои ду солаи ӯ омода гардид, вале аз фоидаи он маблағе ба ӯ надодаанд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми рӯнамоии китоб дар дар Эрон ин китоб ду млн доллар даромад овардааст. Баъд аз ин ҳодиса Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Мирбобо Мирраҳим ваъда медиҳад, ки 10 ҳазор доллар ҳақи ӯст, аммо ин маблаға ваъдашударо надод.

Мирбобо Мирраҳим аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ интиқод намуда гуфтааст, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон пинҳонӣ сухан як карда мухолифинро, ки аз чанд ҳизбу ҳаракатҳо буданд, фиреб додааст. Ҳатто Созишномаи сулҳро “манфиати шахсии Нурӣ” хондааст.

Ин матлаб дар фейсбук тарафдорон ва мухолифонро ба баҳс кашондааст. Ҳафиз Бобоёров пажӯҳишгари тоҷики муқими Аврупо ба матлаби Мирбобо рад гардондааст. Дар идомаи ин баҳс Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик ва Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ба баҳс ворид гаштанд. Аммо то ҳол  ҲНИТ дар баробари идаои Мирбобо вокунише накардааст.

Ҳар як матолбро алоҳида аз саҳифаҳои муаллифон бознашр мекунем:

Мирбобои Мирраҳим

ПОСУХИ МУХТАСАР БА СУХАНГӮИ
ГОВБОНИИ ТОҶИКИСТОН ҲАФИЗ БОБОЁРОВ ВА
ҲАММАСЛАКОНАШ

Шукр гӯям, ки имрӯз Фейсбук бозор шуд,
Садри говбонпосухон Даллол Ҳафиз тайёр шуд.
(Тазмин аз як байти Карим Девона)

“ОН СӮИ СИЁСАТ” ВА ҚАСАМШИКАСТАҲО

Соли 1996 китоби Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери унвони “Он сӯи сиёсат” бидуни зикри ҷойи нашр ба чоп расид. Барои ҷамъоварии матолиб ва виройишу танзим китоб ман беш аз ду сол кор кардам. Китоб бо оройиши зебо ва забони ширин ба хонанда арза шуд. Ёд дорам, ки ҳатто онҳое, ки аз рухдодҳои Тоҷикистон бехабар буданд ва ё огоҳие андаке доштанд, бо мутолааи андаке аз сафаҳоти он дар мавриди забони ширини форсии фарорӯдии он сухан мегуфтанд…
Устод Нурӣ барои рӯнамоӣ китобро барои уламои Ҳавзаи илмияи Қум ҳамчун дастовез-пешкаш бурданд ва пас аз бозгашт аз он ҷо маро ба манзили хеш фаро хонданд (мо дар ҳамсояӣ, Маҳаллаи Пунак зиндагонӣ доштем ва фосилаи ҳавлии ишон аз манзили мо шояд аз понсад метр камтар буд). Маро бо табассуми мойил ба ханда пешвоз гирифтанд:
-Ин чӣ коре буд, ки шумо кардед?! Дар Қум барои китоби “Он сӯи сиёсат” “бар сари мо кулоҳ гузоштанд” ва дар ҷайбамон як миллион доллар!
Маълум шуд, ки аз китоби “Он сӯи сиёсат” истиқболи хубе шудааст ва Ҳавзаи илмияи Қум (мувофиқи иттилооти як рӯзномаи ислоҳталаб буҷаи ҳавзаи илмияи Қум дар соли 1998 146 миллион доллари ИМА буд, дар ҳоле ки буҷаи Вазорати фарҳанги ҶИЭ ҳамагӣ 21 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод) ба Устод Нурӣ як миллион доллар тӯҳфа кардааст:
-Ин китоб сабаб шуд, то маблағи мазкур ба мо тааллуқ бигирад. Барои хидматҳои шумо дар омодасозӣ ва нашри китоби “Он сӯи сиёсат” даҳ ҳазор доллари он моли шумост. Лозим аст каме сабр кунед, ҳатман ин даҳ ҳазор долларро ман ба шумо медиҳам…
Устод Нурӣ китоби “Он сӯи сиёсат”-ро боз ба фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) оқои Мӯҳсини Ризоӣ низ тӯҳфа бурданд ва боз як миллион доллари амрикоӣ даромад оиди ишон шуд…
Теҳрон, охири фасли баҳор ва оғози тобистони соли 1997. Дар остонаи имзои тавофуқномаи сулҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо Ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки бояд дар Маскав сурат мегирифт, чанд бор Устод Нурӣ маро ба манзили хеш даъват карданд. Ҳол манзили ишон дар минтақаи сарватмандони Теҳрон-Саъодатобод (дақиқ ёдам нест хиёбони чандум, вале мушаххас медонам, ки як ё ду хиёбон поёнтар аз Бузургроҳи Ниёйиш, ки имрӯзҳо ба “Бузургроҳи Ҳошимии Рафсанҷонӣ” номгузорӣ шудааст. Бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон истилоҳи “Шоҳроҳ” аз забони форсӣ ҳазф ва ба ҷойи он “Бузургроҳ” маъмул шуд) қарор дошт. Меҳвари ин сӯҳбатҳо дар мавриди дидгоҳи мо нисбат ба сулҳи тарафайн, нукоти тавофуқнома, ширкат дар сохтори ҳукуматӣ ва аз ҳама муҳим рӯйхати номзадҳои ояндаи мухолифин дар Комиссиони оштии миллӣ ва саҳмияи сидарсадӣ дар Ҳукумати феълии Тоҷикистон чарх мезад. Ман аз ширкат дар Комиссиони оштии миллӣ ва сохтори давлатӣ ба таври қатъӣ даст кашидам ва ёдовар шудам, ки ҳанӯз зимистони соли 1995 дар Кобул тавофуқ карда будем ва ман ваъда додам, ки: “то замони сулҳ бо шумо ҳамроҳ мемонам ва аз рӯзе, ки бо ҳукуматиҳо иттифоқ мекунед, банда ҳеҷ ӯҳдадорие назди дигарон надорад ва худро озод медонад ва ба ягон ҳизбу созмон ё гурӯҳе ҳамроҳ намешавад…”
Ҳангоми баррасии масоили марбут ояндаи кишвар ва саҳмияи сӣ дарсад ашхоси дигаре низ ҳузур доштанд, ки дар атрофи Устод Нурӣ “муттаҳид” буданд. Дар яке аз ин нишастҳо рӯйи номзадҳои эҳтимолӣ дар сохтори давлатӣ ба таври мушаххас баррасӣ шуд ва сари номзадии Додоҷони Атовулло ба муовинати вазорати фарҳанг ва Олег Панфилов ба дигар вазоратхона ё нахуствазир (Олег он замон дар байни сарбозон ва муҳоҷирини тоҷик бо номи “Махсуми Панфил” маъруф буд) ман сахт нороҳат шудам ва гуфтам:
-Бародарони исломии мӯҳтарам! Замоне ки ба ҳар сухани ишон ниёзманд будед ва аз нашрияву минбаре, ки онҳо дар ихтиёр доштанд, муфт истифода кардед, он замон онҳо бачаҳои хуб буданд, вале имрӯз, ки “хари лӯлӣ аз об гузашт” ҳоло онҳо “бедин” ва “яҳудӣ” шуданд?! Инҳо дӯстони наздики ман ҳастанд ва хидмати онҳо дар шиносонидани нерӯҳои мухолифин ва муборизаи мардуми тоҷик барои озодӣ ва истиқлол дар сатҳи ҷаҳонӣ ва пуштибонии давлатҳои ҷаҳон аз муҳоҷирин ва муборизин аз ҳазорон-ҳазор муллобашараи шумо баландтар ва болотар аст!
Устод Нурӣ бо мулоиматӣ маро ором карданд, ки: “ин танҳо як пешниҳод, ҳанӯз дидгоҳи таъйиннашуда аст”, вале ман хуб дарк кардам, ки пушти ҳамаи ин “пешниҳод” як сиёсати ҳамоҳангшуда ва мунсаҷими ҳам Устод Нурӣ ва сарварони ҳукумати феълии Тоҷикистон побарҷост…
Чанд рӯз пештар аз ин сӯҳбат худораҳматии модархонум Саъдинисо Ҳакимова ва ҳамсарам дар меҳмонии хонумҳо андар манзили Устод Нурӣ буданд. Замоне ки онҳо аз он меҳмонӣ ба манзил баргаштанд, модархонумро шинохтан душвор буд:
-Писарам! Асбобу анҷоматонро ҷамъ кунед ва бо Дилбар ба ягон кишвари дигар биравед, масалан, Канада. Барои шумоён дар Тоҷикистон зистан душвор, ҳам ҳукуматиҳояш ва ҳам ин исломиҳо шуморо “муғул” мехонанд, вале дар амал худи онҳо аз муғул ҳам бадтар ҳастанд…
Нахустин бор буд, ки ман ашки ин занро (бародари мӯҳтарам Мирзои Шакурзода бо шинохти бисёр ҳақиқӣ ишонро “Шерзани бешаи хамӯшон” тавсиф кардаанд) дар ин солҳои душвор дидам:
-Умрамро беҳуда сарф кардам. Инҳоро ман одам ҳисоб кардаам. Гумон карда будам, ки инҳо тоҷик ҳастанд, вале ҳазор афсӯс, ки ҳеҷ тоҷикие дар онҳо нест. А…, шогирди ман, ки дар Зойишгоҳи №1 кор мекунад, се сол пеш нақл кард, ки баробари рафтани шумо аз вазифаи Райиси Пажӯҳишгоҳи модар ва кӯдак ва Зойишгоҳи №1 ҳамаи катҳои зойишгоҳро, ки вижаи зойимон ва кӯдак буд ва бо арзи хориҷӣ онро харида оварда будед, аз он ҷо дуздида, ба хориҷа фурӯхтанд ва ба ҷойи он катҳои бадарднахӯр оварданд ва эълон карданд, ки “ҳамаи муғулҳо аз кор раванд, ин ҷо танҳо барои мардуми Кӯлоб ва Данғара аст”. Инҳо ҳеҷ гоҳ одам намешаванд, на мусулмонаш ва на зиддисломаш… Дар меҳмонии Нурӣ зани кадом як нимчамулло Шамсиддин бе ҳеҷ шарму ҳаё чунин эълон кард: -Устод Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба таври пинҳонӣ аз назари ҳама қарордод бастаанд, ки ҳамаи ленинободиҳои муғулро аз кор ронда, ба он тарафи кӯҳи Варзоб бадарға мекунанд… Бачам, ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо ва ҳам аз он ҷо-Тоҷикистон берун биравед. Ёдатон ҳаст?! Ҳатто падаратон ҳам пеш аз фавт васият карда будаанд, ки ҳар чӣ метавонӣ аз ин кишвар берун бирав, ки ин мамлакат чил-панҷоҳ соли оянда на обод мешавад ва на ором…
-Агар худи шумо бо мо ҳамроҳ шавед, ҳатман меравем, вале бе шумо ба ҳеҷ ҷойи дунё муҳоҷират намекунем. Шуморо танҳо гузоштан намехоҳам, ин кор барои ман бисёр сахт аст…
Модархонум сад дар ҳаққ буданд ва падар низ пеш аз марг васият карда буданд, ки аз ин марзу бум ба хориҷа ҳиҷрат кунам. Аммо мо иштибоҳ кардем, ки ба суханони дурусти онҳо гӯш фаро надодем ва алҳол дар барзахи рӯйи Замин қарор дорем…
Аз он ҷо, ки Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар паси парда аз ҳайати музокира бо сарварии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бо тарафи ҳукумат, ба вижа Абдулмаҷид Достиев ва пасон Эмомалӣ Раҳмонов анҷом медод, ба андак касон маълум буд, вале дертар ҳам Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода дарк карданд, ки ин бозиҳои пасипардаи сарвари ҲНИТ танҳо ба манзури пайдо кардани ҷойи гарму нарм ва мансаби муносиб танҳо барои худи ӯст, ки мехост мушовири Райиси Ҷумҳурӣ ва сарвари мусалмонони Тоҷикистон шавад. “Ҷиҳоди” Устод Нурӣ дар ҳамин меҳвар мечархид ва идомаи кори ӯро бо ҳамон ривол Муҳиддини Кабирӣ идома дод…
Синфи рӯҳоният, ба вижа рӯҳонияти маз¬ҳа¬би ҳанафӣ бар хилофи таълимот, зиндагӣ ва шахсияти Имоми Аъзам-Абӯҳанифа (р) дар таърихи миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ барои ша¬раф, номус ва истиқлоли мардум кори дурусте анҷом надода ва дар ҳамаи давру замон дунболи манофеъи шахсӣ ва таба¬қотии хеш буд (чунон ки маълум аст бунёдгузор, муҷтаҳид-имоми аҳли суннат Имом Абӯҳанифа /р/ дар замони зиндагии хеш ҳеҷ мансаб ва вазифаи давлатиро напазируфт ва қаробат ба ҳокимонро низ, вале пасон аксарияти муллоимом-рӯҳонияти ин мактаб баръакс дар кулл тарафдори ҳокимон ва дар хидмати онон будаанд ва ҳастанд, ки ба онҳо дақиқан сифатҳои “дарборӣ, давлатӣ, хидматӣ”-ро муносиб дидаанд) ва дар лаҳзаҳои ҳассостарин дар ҳамдастӣ бо ҳокимони давр алайҳи нерӯҳои озодихоҳ ва миллатдӯст кор ва фаъолият беш аз пеш бурда ва мебарад. Боз кардани дарвозаҳои шаҳри Исфаҳон аз ҷониби Оли … барои вуруди лашкари муғул дар қуруни вусто ва фарҷоми муборизаҳои мухолифин ва мавқеъгирии раҳбари ҲНИТ С. А. Нурӣ дар поёни са¬даи бист ва даҳаи нахусти садаи бисту якуми мелодӣ намунаи ин падидаи номатлуб аст, ки яке аз фармондеҳони далери мухолифин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ин нуктаро дар ду ҷумла ин тавр баён кард:
«Ман фикр мекунам, ки ин паймоншиканӣ аст… Нурӣ ҳамаи моро фурӯхт» .
Барои тақвияти ин суханони ҳаққ ба порае аз хоти¬ро¬ти Сафири собиқи ҶИЭ (солҳои 1991-1998) Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ аз музокироти нерӯҳои мухоли¬фин бо сарварии С. Нурӣ ва ҳукумати феълӣ доштанд, му¬рур менамоем:
«Мо як сафаре ба Теҳрон барои аввалин даври му¬зокирот доштем. Раисии ин ҳайатро устод Абдулмаҷид Дос¬тиев бар дӯш доштанд. Мо ҳамеша дунболи он будем, ки чӣ гуна дар Теҳрон роҳи ҳал пайдо кунем, чун аз ин пеш¬тар дар Маскав ҳам музокирот баргузор гардида буд. Вақ¬те ки шом фаро расид ман рафтам назди устод Саид Аб¬дул¬лоҳи Нурӣ ва гуфтам, ки ман як коре кардан мехоҳам, Шумо тайёр ҳастед? Он кас дар ҷавоб гуфтанд, ки чӣ? Гуфтам, ки ман мехоҳам Шумо ва Достиев қабл аз он ки ҳайатҳо ҳамдигарро бинанд, субҳи барвақт ҳамди¬гар¬ро бинед. Гуфт, бошад барои сулҳу амонӣ дар кишвар ман барои ҳама кор тайёрам. Баъдан омадам назди Дос¬тиев ва он кас низ розӣ шуданд ва қарор шуд, ки КАСЕ ИНРО НАДОНАД. Субҳи барвақт ман омадам ин ҳар дуро гирифта ҷое бурдам. Онҳо дар он утоқе, ки ман бурда будам, тақ¬рибан 1,5-2 соат бо ҳам сӯҳбат намуданд ва аз утоқ бо чеҳ¬раи кушод берун шуданд. Шояд он ҷо буд, ки ман умедвор бу¬дам, ки музокирот ба натиҷа хоҳад расид. Яъне онҳо ҳар ду собит карданд, ки воқеъан ҳам дилашон барои сулҳу салоҳ металабад ва мехоҳанд, ки дар кишвар оромиш бо¬шад. Хотироти дигаре мегӯям, ки хотироти ман дар Ис¬ломобод, соати 12-шаб бо устод Нурӣ аст. Устод аз ман пурсиданд, ки Шумо чӣ мебинед аз оғои Раҳмон. Гуфтам, ки шояд бисёр чизҳо бошад, ки президент шаванд, аммо ман дар ин кас мебинам, ки нисбат ба фарҳанги миллӣ бис¬ёр эътиқод доранд. Илова кардам, ки агар бо оғои Раҳ¬мон мувофиқа кунед, хуб аст. Фикр мекунам, ки ин су¬ханро устод қабул дошт ва баъдҳо музокирот ба натиҷа расид» .
Аммо Устод Нурӣ чӣ дар марҳилаи нахуст ва чӣ дар поёни кор на танҳо мухолифинро шикаст дод ва ба орзуву омоли мардуми оддӣ ва рӯшанфикрии миллат туф кард, балки аввалин шахсе, ки сулҳи байни тоҷиконро поя гузошт-Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро канор зад ва фурӯхт…

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Муроҷиати навбатии пайвандони зиндониёни сиёсӣ ба Президенти Тоҷикистон ва прокурори генералӣ

0

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Нусха: Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмон Юсуф
Нусха: Ба Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Умед Бобохонзода

Аз номи як қатор наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Лаҳистон, Варшава
куч. Тересполска 4
E-mail: pajvandzindoni@gmail.com

МУРОҶИАТНОМАИ ТАКРОРӢ

Мо, як қатор наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон санаи 29.06.2020 сол ба унвонии шумо муроҷиати электронӣ оиди дағалона вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои наздиконамонро дар Тоҷикистон аз қабили таҳқир, таъқиб ва фишору маҷбурнкунӣ ирсол намуда будем.

Аз он ҷумла қайд намуда будем, ки Нарзуллоев Ҷамшед, Сайфов Ҳикматулло, Рахматуллоев Маҳмадалӣ, Фарзона Сайфуллозода, Асрориддин Розиқов писари зиндонии сиёсӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ ва дигарон аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон пайваста зери таъқибу фишор карор доранд.

Хушбахтона Прокуратураи генералӣ санаи 30.07.2020 сол таҳти рақами 14\27-307 сол ба суроғаи мо ҷавоб ирсол намуд. Дигар мақомотҳо, яъне Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ва Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон умуман ба мо ягон ҷавоб нафиристоданд. Ҳатто кушиш накарданд, ки маълумот ба куҷо барои баррасӣ равон кардани муроҷиати мо ирсол намоянд.

Ин гувоҳи он аст, ки ин мақомотҳои номбаршуда ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вобаста ба мавқеъи сиёсӣ ва ё дигар ғаразҳои шахсӣ баррасӣ мекунанд. Ҳол он, ки дар асоси муқаррароти қисми якуми Моддаи 19 Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” таҳти №7 аз соли 2016: Муроҷиатҳои хаттие, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти мақомот ва ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се рўз аз рўзи ба қайд гирифтан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдоре, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида ба тобеиятионҳо мансубанд, ирсол карда мешавад. Дар ин хусус муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Чӣ хеле, кӣ дар боло қайд кардем мо аз Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон ҷавоб ба мактубамон нагирифтем, ки ин худ бар хилофи талаботи моддаи дар боло зикргардида мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз, баҳри истиқрори ҚОНУН дар Ватанамон, зарур мешуморем, ки шахсоне ба ин ҳуқуқвайронкунӣ даст задаанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ва ҳамчунин аз сардорони мақомотҳои дахлдор хоҳиш карда мешавад, ки ҳаракатҳои масъулинро дар робита ба ҷой доштани аломатҳои ҷиноятӣ дар қисми якуми моддаи 163 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шахрвандон) баррасӣ карда шуда, ба он баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шавад.

Чӣ хеле, кӣ кайд кардем, ба муроҷиати мо фақат прокуратураи генералӣ ҷавоб дод. Вале ин чавоб моро қонеъ карда наметавонад. Дар матни ҷавоби Прокуратруаи генералӣ таҳти имзои муовини якуми прокурори генералӣ Ҳикматуллозода А. оварда шудааст: “ваҷҳои дар муроҷиат зикргардида оиди зери фишор ва фиребу таҳдид маҷбуран баромад кардани Фарзона С. духтари маҳкумшуда Ҳикматуллозода С. ва дигарон, ки дар филми “Хиёнат” нишон дода шудааст, беасос буда, шахсони номбурда баромадҳояшонро ихтиёрӣ додаанд”. Ба мо умуман маълум нест, ки барои санҷидани ваҷхои овардашудаи мо кормандони Прокуратураи генералӣ чӣ амали мушаххасе анҷом додаанд. Оё дар ин бобат касе пурсида шуд, баёноти кӣ ва дар чӣ мавзуъ гирифта шуд? Оё дар ҳақиқат аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиати мо баррасӣ шудааст ё не? Ҷавоби равонкардаи муовини якуми прокурори генералӣ ба ин саволҳо ҷавоб намегӯяд.

Дар ҷавоби прокуратураи генералӣ ягон маълумот оиди чӣ гуна амалҳо ҳангоми баррасии мактуби мо анҷом дода шудааст номбар карда нашудааст. Аз ин лиҳоз мо боварӣ надорем, ки муроҷиати мо пурра, холисона ва саривакт дар асоси Қонун (кисми 2 м. 20 “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ”) санҷида шуда бошад.
Бо истифода аз ҳукуқҳои худ, ҳамчун муроҷиаткунандагон, ки аз талаботи сархати чоруми моддаи 16 Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” таҳти №7 аз соли 2016 бармеояд, мо талаб дорем, ки ба унвонии мо он маводхое, ки дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мо ҷаъмоварӣ карда шудаанд равон карда шавад.

Ба ғайр аз ин, мо дар муроҷиати худ оиди содир кардани ҷинояти дар моддаи 134 КҶ ҶТ пешбинишуда навишта будем ва талаб доштем, ки ин ҳолатҳо низ санҷида шавад. Вале дар ҷавоби прокуратураи генералӣ ягон сухан дар ин бора навишта нашудааст. Оё аризаи мо дар бораи содир кардани ҷинояти маҷбуркунӣ (м.134 КҶ) аз тарафи ягон мақомоти қудратӣ ба қайд гирифта шудааст, аз тарафи кӣ ба қайд гирифта шуда ва дар натиҷаи тафтиши иттилооти мо оиди ин ҷиноят чигуна қарор бароварда шудааст? Барои чӣ ба мо, муроҷиаткунандагон дар ин бора ягон маълумот ирсол карда нашудааст?

Ин ва дигар саволҳо моро боз як бори дигар бовар мекунонад, ки муроҷиати мо оиди таъқиб, фишор, маҷбуркунӣ ва фиреб нисбати наздикони мо нопурра, ғаразноку яктарафа ва ғайриқонунӣ саросемавор дида баромада шудааст. Бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ мо талаб дорем:

а) Нисбати шахсоне, ки ба муроҷиати мо бар хилофи талаботи моддаи 19 Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ” ягон вокуниш нишон надода оиди мурочиатамон ба мо хабар ирсол накарданд чораҳои қонунӣ андешида шавад.

б) Оиди натичаи баррасии иттилооти мо вобаста ба содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 134 КҶ ба мо ахборот ва маводҳои санҷиш аз тарафи мақомот равон карда шавад.

в) Муроҷиати мо такроран бо риоя кардани тамоми талаботи қонунгузорӣ оиди муроҷиати шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ такроран пурра, ҳаматарфа, холисона санҷида шуда аз натиҷааш ба мо бо ирсоли маводҳои ҷамъовардашуда ирсол карда шавад.

Бо эҳтиром,

Пайвандони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон

Мулоиди Мирзоолимзода
Ҷамшед Ёров
Шуҳрати Раҳматулло
Муҳаммадиқбол Ҳисайнов
Гулбарг Сайфова
Ҳисомиддин Розиқов
Фирӯзи Ҳаит
Ҷаннатулоҳи Комил
ва дигарон…

Замима ба шакли (PDF) ҳам ба нишонии почтаи электронӣ www.president.tj, www.prokuratura.tj ва info@ombudsman.tj фиристода шуда аст.

Раҳматилло Зиров: раисони ҳарду палатаи қонунбарори Тоҷикистон бояд ҷазо гиранд

0
Акс аз “Озодӣ”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси аз ҳарвақта пештар, яъне 11 октябри соли ҷорӣ баргузор шудани интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ки ин қарор қувваи ҳуқуқӣ надорад.

Зоиров дар изҳороти худ, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шуд, мегӯяд, агарчи баргузор шудани ин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба маврид буд, аммо таъйини интихоботи Президентӣ ба 11 октябр ва пеш аз ба охир расидани салоҳиятҳои президентӣ ғайриқонунӣ аст.

“5-6 август барпо шудани ҷаласаи бо якҷоягии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурусту лозим буд. Онро бояд иcтиқбол кард. Вале таъйини интихоботи раисҷумҳури ҶТ барои ба 11-уми октябри соли 2020, ки як моҳ қабл аз ба итмом расидани салоҳияти раисҷумҳур, ки тамоми қонунҳои интихоботӣ аз он сарчашма мегиранд, комилан ғайриқонунӣ мебошад!”

Раиси ҲСДТ аз раиси Суди констутсионӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки раисони ҳарду палатаи қонунбарор ҷазо дода шаванд.

“Қарори якҷояи ММ ва МН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 аз рӯзи қабул шуданаш қувваи ҳуқуқӣ надорад.
Ин амалҳои ММ ва МН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали худсарона мебошад, ки барои он раисони ҳарду палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷазо дода шаванд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ин қарор баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд!”

Баҳром Ғафурӣ дар садамаи нақлиётӣ даргузашт

0
Акс аз канали ютуби “Шоу Бизнес ТВ”

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки Баҳром Ғафурӣ сарояндаи маъруфи тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ субҳи имрӯз 7-уми август ба ҳалокат расидааст.

Шарҳи ВКД Тоҷикистон:

7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер-200», рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрдаааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Боздошту лату кӯби тоҷикон дар бозори “Теплый Стан” шиддат мегирад. Аз мудохилаи сафорат хабаре нест

0
Ду ҷавоне, ки бо гумони муқовимат бо кормандони пулис дастгир шудаанд

Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав аз 1-уми августи соли ҷорӣ то имрӯз 7-уми август идома дорад. Пулиси Маскав дар давоми ин чанд рӯз адади зиёди муҳоҷирони кории тоҷикро – новобаста аз санад доштану надоштанашон дастгир намуда таҳқиромез лату кӯб мекунанд. Вале то ҳол аз мудохилаи сафорати Тоҷикистон ба ин масъала хабари расмие нест. Дар ин бора шоҳидон ба “Аздо тв” хабар доданд.

Дар рӯзҳои аввали дастгир намудани гурӯҳии тоҷикон Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия бо нашри видеое дар саҳифаи фейсбукаш қазияро шарҳ дода буд. Тибқи гуфтаи ӯ як муҳоҷири тоҷик бо нигаҳбони бозори “Теплый Стан” муноқиша намудааст, ки дар натиҷа нигаҳбони бозор фарзанди худро, ки корманди мақомот будааст, даъват намуда ва ӯ муҳоҷири тоҷикро дастбаста вориди мошин намуда лату кӯб кардааст. Ба ин ҳодиса муҳоҷирони дигари тоҷик вокуниш нишон дода муҳоҷирро аз дасти пулис раҳо мекунанд ва байни пулису муҳоҷирон ҷанҷолу кашмакаш мешавад.

Аммо шоҳидони айнӣ ин ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд. Як муҳоҷире, ки нахост номаш зикр шавад, ба “Аздо тв” қазияро чунин шарҳ дод:

“Ду ҷавон (дар акси боло дида мешаванд) узбекзабонони сокинони Колхози Русияи шаҳри Душанбе будаанд, ки баъд аз нӯшидани шароб маст шуда бо нигаҳбони бозор хархаша мекунанд, сипас нигаҳбон писари худро, ки корманди мақомот будааст, даъват мекунад, пас аз чанде пулис мерасад ва ӯ муҳоҷири тоҷикро дастбаста вориди мошин намуда латукӯб мекунанд. Муҳоҷирони дигаре, ки дар ин бозор кор мекардаанд, ба ин ҳодиса вокуниш нишон медиҳанд ва муҳоҷирро аз дасти пулис раҳо мекунанд. Бо ҳамин кашмакаш байни пулису муҳоҷирон оғоз мешавад. Хулоса, пас аз бархурди онҳо пулис тамоми муҳоҷирони тоҷикро зери шиканҷаву азият қарор додаистодааст”.

Як муҳоҷири дигар, ки дар бозорои мазкур кор мекунад, низ ба “Аздо тв” гуфт:

“Имрӯз пулис омада мардумро лату кӯб карда бурданд, баъзеҳоро дар замин хобонда мавриди азияту озор қарор доданд. Ҳатто имрӯз занҳоро ҳам бурданд, то ҳол касеро озод накардаанд”.

Аз қавли шоҳидон бармеояд, ки қазияи мазкур рӯз ба рӯз бузургтар мешавад, вале то ҳол мақомоти дипломатии Тоҷикистон ба ин масъала вокунише аз худ нишон додаанд ё не, маълум нест. Каримҷон Ёров дар муроҷиати видеоияш аз сафорати Тоҷикистон талаб намуда буд, ки ҳарчи сареъ ҳодисаро пайгирӣ кунанд, чун аксари муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кори худро тарк намуда ба ҷойҳои номаълум паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, бетаваҷҷуҳӣ ва мудохила накардани мақомоти дипломатии Тоҷикистон ба ин қазия авоқиби хубе надорад.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 06.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Таърихи баргузории интихоботи президенти дар Тоҷикистон муайян шуд.

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як захмӣ ва як кушта ба ҷо гузошт.

Чин иддао дорад, ки 45% замини Тоҷикистон аз ӯст

Шумори қурбониёни таркиши Бейрут афзуд ва хасорати онро то $15 млрд гуфтанд

0
Акс аз: “hawarnews.com”

Бино ба гузоришҳои

Вазири тандурустии Лубнон Ҳасан Ҳамад гуфт, ки дар пайи ин таркиш даҳҳо нафароне ҳастанд, ки беному нишон шудаанд ва ин эҳтимоли болоравии шумори вафотёфтагонро зиёд мекунад. Гуфта мешавад, ки бештари қурбониён аз коргарони бандари баҳрӣ будаанд ва ё шахсоне, ки дар он наздикӣ кор мекарданд ва ҳамчунин онҳое, ки ҳангоми таркиш аз онҷо мегузаштанд.

Дар пайи ин таркиш аксари давлатҳои дунё барои кумак шитофтанд, аз ҷумла Русия бо 5 ҳавопаймо кумакҳои башардӯстона ва ҳайати тиббӣ, давлати Қатар бо ирсоли беморхонаҳои сайёр, Эрон, Лаҳистон бо фиристодани ҳайати тиббӣ ва муҳаққиқон кумакҳоб худро расонданд. Ичунин раисҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи гузашта барқияи тасаллият ба рахбарихати ин кишвар ирсол намудааст.

Шарҳдори Бейрут хасороти воридшуда дар пайи ин инфиҷори бузургро ҳудуди 10-15 миллард доллари амрикоӣ гуфт. Ӯ афзуд, ки ин инфиҷор бузургтарин буҳрон ва фоҷеае аст, ки Лубнон дар асри навин бо он дасту панҷа нарм мекунад.