Хона блог саҳифа 779

132 млн доллар кумаки навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Бонки ҷаҳонӣ барои тавсеаи тиҷорати наздимарзӣ ва беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ба Тоҷикистон тахсиси 132 млн доллар қарзи боимтиёзро пешбинӣ кардааст. Дар ин бора “Avesta.tj” хабар медиҳад.

Намояндаи ин ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Бонк маблағгузории грантии марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуд бахшидани роҳсозиро дар Осиёи Марказӣ” тасдиқ кардааст. Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 131 миллион доллар грантиро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд медиҳад ва як миллион долларро бошад Бунёди Трастии “Барномаи Савдо ва Алоқаи Осиё” илова мекунад.

“Дар мавзеи баландкӯҳ, ки роҳ ба баҳр надорад ва алоқаи маҳдуд дорад, Тоҷикистон ба гаронтарин хароҷоти нақлиёт ва савдо дар Осиёи Марказӣ рӯбарӯ аст”, – гуфтааст Ян-Питер Олтерс, роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Вай таъкид намудааст, ки маҷмӯи сармоягузориҳо ба инфрасохтори нақлиёт ва осонгардонии расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротиро роҳандозӣ кунад ва барои соҳибкории хусусӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварад.

Таъкид шудааст, маблағҳо барои баланд бардоштани устуворӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳ дар вилояти Суғд ва ВМКБ равона карда мешаванд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 04.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Талоши содирот ба Аврупо.

Кумаки $132 млнии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон.

Мақомот Ҷалолиддини Маҳмудро дубора боздошт карданд.

Тоҷикистон талош дорад ба Аврупо молу коло содир кунад

0
Акс: аз mic-cust.com

Тоҷикистон қасд дорад содирот ба бозори Аврупоро беҳтар бисозад. Барои иҷрои ин ҳадаф бо Иттиҳодияи Аврупо вориди музокирот шудааст то битавонад ба Низоми содиротии сабтшуда (Registered Exporter System)  ворид шавад.

Хабаргузории “Sputnik”, аз қавли Шавкат Бобозода, мудири Оҷонсии содироти Тоҷикистон менависад, ҳукумат лоиҳаи қарор барои таъйини мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати узвият ба ин низомро омода кардааст ва ин санад феълан дар дасти баррасии вазорату идораҳост.

Ба гуфтаи ҷаноби Бобозода тибқи низоми REX барои молу маҳсулоте, ки ба Аврупо содир мешавад, то 10% тахфиф мешавад. Афзун бар ин ба гирифтани ҳар гуна сертификат ва ё асноди дигар ниёзе боқӣ нахоҳад монд:

“Дар ин низом як бор сабти ном мекунанд. Мо ҳамчун оператори давлатӣ онҳоро сабти ном мекунем. Онҳо аз ҳама гуна боҷу хироҷе, ки ҳаст, озод мешаванд. Бо ҳамон рақаме, ки аз компютер мегиранд, қаблан тамоми иттилоъ ва мушаххасоти техникиро дар бораи молу маҳсулоташон мефиристанд. Пас аз мувофиқа бидуни ягон мушкил моли худро ба Аврупо интиқол медиҳанд. Ҳоло расмиёт маблағҳои калонро талаб мекунад. Талоши мо бар ин аст, ки онҳо барои ширкатҳое, ки содирот мекунанд, ройгон тамом шаванд. Як нуктаро зикр кунам, ки тамоми хизматрасониҳои Агентии содирот маҷҷонӣ ё ройгон аст. Инро ҳатман дар матбуот зикр кунед”, – гуфтааст Шавкат Бобозода, мудири Ожонси содироти Тоҷикистон.

Аврупо барои маҳсулоти Тоҷикистон як бозори бегона нест. Тибқи иттилои Ожонсии омор, тайи нимсолаи соли равон 46,4% – и содироти Тоҷикистон, умдатан алюминиум ба Шветсария рост меояд. Ин кишвар шарики асосии содироти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба ин манбаъ, тайи шаш моҳи ахир афзоиши назарраси содирот бар воридот дар амалиёти тиҷорӣ бо Шветсария (300,6), Белгия (12,9), Латвия (2,7), Хорватия (2 миллион доллар) мушоҳида шудааст.

Ожонси содироти Тоҷикистон ду соли пеш, моҳи августи соли 2018 ба хотири рушди содирот ва рақобатпазир шудани молҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Тибқи иттилои Ожонси содироти Тоҷикистон, дар ними соли равон новобаста аз пандемияи “вируси корона” ва баста будани марзҳо содироти Тоҷикистон ба беш аз 654 миллион доллар расидааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 15% зиёд мебошад.

Аммо то ба ҳол дар тавозуни гардиши мол ҳиссаи воридот ба содирот ба маротиб бештар  мебошад.

12,6 ҳазор соҳибкор дар давоми 6 моҳ фаъолияти соҳибкории худро қатъ кардаанд

0
Акс аз: businesspskov.ru

Хабаргузории “Азия-Плус” бо такя ба иттлои Оҷонсии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар давоми 6 моҳ 460 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ намуданд.

Аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома (шаҳодатнома) ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд. Инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуданд.

Оҷонсии омор шумори соҳибкорони сабтиномшуда ва амалкунандро то ба 1 июл 333 ҳазор хонд, ки ба гуфтаи ин ниҳод ин шумора нисбат ба соли гузашта 1,8 дарсад ё ҳудуди 6 ҳазор зиёд мебошад.

Ба гуфтаи ин ниҳод шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шудааст.

Ҳамасола шумори зиёди соҳибкорон фаъолияти худро қатъ мекунанд. Ва ин ҳам бо сабаби андозҳои зиёду пулталабиҳои бемавриди мақомот дониста шудааст. Соли гузашта дар давоми 9 моҳ – то аввали моҳи октябри соли 2019  260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ карда буд.

Коршиносони соҳаи иқтисод бар ин назаранд, ки тиҷорат дар Тоҷикистон таҳти фишори ҳамешагии мақомот мебошад. Ва аз ин рӯ, бо вуҷуди зиндагии сахти мардум баъзе тоҷирон маҷбур мешаванд тиҷорати худро бо ҳар роҳе набошад қатъ кунанд.

Вобаста ба мушкилоти тоҷорат соҳибкор Раҳимбой Қодиров ба “Радиои Озодӣ” гуфта буд:

“Ҳар рӯз ё намояндаи андоз ё милиса ва ё кадом ниҳоди дигар омада, мавзӯи бепояро баҳона мекунанд ва пул мехоҳанд. Ҳоло намояндаҳои шабакаҳои барқии шаҳр меоянд. Онҳо талаб доранд, ки ноқили 60 кВт-ро ба 100 кВт иваз намоям, ҳарчанд таҷҳизоти ман ҳамагӣ барои 40 кВт мебошад. Ду ҳазор сомонӣ талаб доранд ва дар сурати надодан таҳдид мекунанд, ки мушкил пеш меояд”.

Ин соҳибкор гуфта буд,  ки шояд то охири сол ва ё аввали соли оянда тиҷоратро қатъ мекунад, зеро дигар имкони кор кардан нест.

“Бе ин ҳам фоида бисёр ночиз аст, аммо моро мисли гов медӯшанд”, – Гуфта буд соҳибкор Қодиров.

Коршиносон мегӯянд, ки аз баски дар Тоҷикистон тамоми сохторҳои тиҷоратӣ дар дасти як гурӯҳи наздик ба раҳбари кишвар қарор дорад, сармоягузорӣ пеш аз ҳама на ба манфиати иқтисоди миллӣ, балки бо назардошти манфиатҳои ҳамин гурӯҳ амал мекунанд. Аз ин рӯ, ба назари онҳо ҳалли ин мушкилот дар ислоҳоти решаии мудирияти давлатӣ мебошад.

Мақомот Ҷалолиддини Маҳмудро дубора боздошт карданд

0
Акс: аз “Озодӣ”

Ҷалолиддини Маҳмуд, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, ки як сол қабл аз зиндон озод шуда буд, рӯзи 3 августи соли ҷорӣ дубора боздошт шудааст ва то ҳол макони будубошаш маълум нест. Гуфта мешавад, ки чанд соат пас аз боздошташ китобҳояшро ҳам бурдаанд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз ӯ нест. Дар ин бора сомонаи “Паём” хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъи “Паём” боздошткунандаҳо дар тан либоси мулкӣ доштаанд ва аз ин ки худро муаррифӣ накарданд, ба кадом ниҳод таъаллуқ доштанашон маълум нашудаст. Назари хонаводаи Ҷалолиддини Маҳмуд то ҳанӯз дастрас нест.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар аввали соли 2015 бо итиҳоми нигоҳдории силоҳ боздошт шуд ва моҳи апрели соли 2019 тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад.

“Паём” менависад, ки Ҷалолиддини Маҳмуд ҳангоми дар зиндон буданаш борҳо шиканҷа шуд, то назди наворбардор алайҳи ҲНИТ изҳорот диҳад, аммо ҳозир нашуд.

Мақомот дар зиндон борҳо кӯшиданд иттиҳомоти тозае алайҳи ӯ бисозанд, то ҳукмашро тӯлонитар созанд.

Гуфтанист, 5 рӯз қабл узви дигари собиқи Раёсати Олии ҲНИТ Исломуддин Файзалӣ низ боздошт шуд. То ҳол хабари дигаре аз вазъи ӯ дастрас нест ва мақомот низ расман ҳеҷ иттилоъе дар ин бора надодаанд.

Таърихи парвозҳои доимӣ байни Душанбе-Дубай муайян шуд

0
Акс: аз саҳифаи расмии “Сомон Эйр”

Сар аз 6-уми августи соли ҷорӣ парвозҳо байни Душанбе ва Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб барқарор хоҳад шуд. Вақти парвоз аз Душанбе – 05:00, аз Дубай – 08:45 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Дар ин бора ширкати ҳавоии “Somon Air” дар саҳифаи расмии худ дар фейсбук хабар дод.

Дар хусуси талаботи сафар зикр гардидааст, ки доштани ниқобу дасткаш ва муълумотномаи тиббӣ оиди ташхиси COVID-19 барои мусофирони самти Душанбе – Дубай ҳатмӣ аст. Минбаъд мусофиронро зарур меояд, ки пеш аз сафар аз ташхиси тибби гузаранд ва маълумотномаи эмин будан аз каронавирус бояд дар давоми 72 соат пеш аз парвоз дода шуда бошад. Акнун маълумотномаи тиббӣ барои мусофирон қабл аз сафар мисли дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ зарур мебошад.

“Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубайро доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ки қаблан дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/…/ePublication/Pages/OperationalDir… пур шудааст, дар сурати доштани раводиди корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт), ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз Covid-19, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, дошта бошанд”.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд тариқи Дубай сафари транзитӣ анҷом диҳанд, танҳо ба давлати худ сафар карда метавонанд ва бояд бо худ билети парвоз ба нуқтаи ниҳоӣ ва маълумотномаи гирифтор набудан бо Covid-19-ро дошта бошанд.

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ (ба истиснои намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дорои мақоми махсус, меҳмонони аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳо даъватшаванда) баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи “манфӣ” дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд. Ин нафарон бояд дар мақомоти тандурустии маҳаллӣ аз қайд гузашта, давоми 14 рӯз зери назорати табибон ихтиёран гӯшанишинӣ намоянд.

Барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндаи “Сомон Эйр” дар Дубай ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:
+992 (901) 03 20 00,
+992 (908) 08 56 66,
+992 (98) 586 68 86,
+992 (93) 777 74 59,
+992 (44) 640 40 49,
+992 (44) 640 40 50,
call-center@somonair.com

Намояндаи “Сомон Эйр” дар АМА:
+971 (504) 66 88 33

Агентии алоқаи ҳавоӣ:
+992 (98) 807 10 00,
+992 (98) 880 87 87,
+992 (93) 501 24 24.

Мусофирони муҳтарам!Иттилоъ медиҳем, ки аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои…

Gepostet von Somon Air am Montag, 3. August 2020

Муовини вазири тандурустиро боздошт карданд

0

Боздошти муовини вазири тандурустии Қазоқистон бо иттиҳоми дуздӣ дар сархати хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷой гирифтааст.

“Кумитаи назорати молии Вазорати молияи Қазоқистон тасдиқ мекунад, ки муовини вазири тандурустӣ Олжас Абишев аз сӯи маъмурони Хадамоти тафтишоти иқтисодӣ бо гумони дуздии пулҳои буҷа дастгир шудааст”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод. Манбаъ афзуда, ки бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон “ҷузъиёти тафтишоти мазкур ифшо карда намешавад”.

Радиои “Озодӣ” навиштааст,ки Олжас Абишев соли 2018 муовини вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуда буд. Ӯ дар Вазорати тандурустии Қазоқистон масъалаҳои рақамисозӣ ва амнияти иттилоотиро раҳбарӣ мекард.

Тоҷикистон дар суроғи қарзҳои билоиваз

0

Ниҳодҳои масъули Тоҷикистон музокирот ҷиҳати дарёфти қарзҳои грантӣ  бо муассисаҳои байналмилалии молиявиро идома медиҳанд. Бар пояи хабари вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз ҷумла бо Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди АвроОсиё, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гуфтугӯҳо идома дорад.

Қайд мешавад, ки ҷалби кӯмаки биловази ин муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ ва коҳиши таъсири номатлуби пандемияи коронавис ба иқтисоди Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ин вазорат зикр намудаанд, ки то ҳамин имрӯз қарзҳои бидуни баҳра аз Сандуиқ байналмилалии пул ба маблағи  ($189,5 млн.), маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд ($50 млн.)  Бонки ҷаҳонӣ ($ 11,3 млн.) Бонки рушди исломӣ ($9,4 млн.) ҳамчунин ҳукумати Олмон  (1 млн. евро) дастрас карда шудааст. Қаблан аз ин вазорат ба оҷонсии итилоотии “Азия-Плюс” маълумот дода буданд, ки ҳукумат барои дастгирии иқтисоди мамлакат ба маблағи 70 млн кӯмаки билоиваз умедвор аст .

“Дарёфти қарзи ройгон аз Бонки Осиёи рушд  ба маблағи $52,5 млн ва аз Бонки ҷаҳонӣ $16 млн. барои рушди иқтисоди кишвар ва ҳифзи системаи бонкиии он бисёр муҳим аст”- гуфта буд Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси БМТ.

Ҷамолиддин Нуралиев гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар як чунин вазъи мураккаби иқтисодӣ аз муассисаҳои молиявии байналмилалӣ дар маҷмӯъ $300 млн. кӯмаки молиявӣ дарёфт кардаанд.

Бо ин ҳоло вазорати молияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикстон дар нимсолаи аввал 190 миллион доллар бештар шуда ва аз марзи 3 миллиард доллар ҳам гузаштааст.

Паёмади коронавирус барои даҳсолаҳо боқӣ мемонад

0

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ки режими ҳолати изтирории байналмилалӣ вобаста ба пандемияро то се моҳи дигар тамдид кардааст. Хабаргузории ТАСС менависад, ки рӯзи шанбеи 31 июл дар ҷаласаи Кумитаи умури изтирории СҶБ дар Женева ба чунин хулоса расидаанд.

Кумита бар ин натиҷа расидааст, ки пандемия то ҳоло ба саломатии мардум таҳдид мекунад, ки ин боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ шудааст. Тавсияи тамдиди ин гуна режимро кумитаи мазкур ба мудири Созмон Тедро Адан Гебрейесус, ироа намуда ва Гебрейесус ба ин ризояд додааст. Мудири СҶБ  тазаккур додааст, ки пандемияи феълӣ ин “буҳроне” аст, ки дар сад сол як бор меояд ва пайомади он барои даҳсолаҳо боқӣ хоҳад монд.

Ӯ гуфтааст, айни ҳол хеле аз масоил дар ин робита роҳи ҳал пайдо кард, аммо боз мушкилоти фаровоне ҳаст, ки бояд бартараф бишавад.

Кумитаи умури изтирории СҶБ тавсия дода, ки зарфият ва фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои мубориза бо интишори коронавирус ҳамоҳанг карда шавад. Ҳамчунин барои ҳарчи сареътар анҷом додани пажӯҳиш ва корҳои илмӣ ҷиҳати муайян кардани маншаи ҳайвонӣ ва табиии коронавирис мусоидат карда шавад. Ин ҷаҳорумин ҷаласаи Кумитаи умури изтирории СҶБ мебошад.

Ин кумита аз 18 коршинос ва 13 мушовир таркиб ёфтааст. Ҳадафи он арзёбии ҳолати ҷории мубориза бо пандемия ва коркарди тавсия барои идомаи муқовимати муфид бо он аст.Ҷаласаҳои қаблӣ 22-23 январ, 30 январ ва 30 апрел доир шуда буд. Шурӯъ аз 30 январ бо тавсияи аъзои кумитаи СҶБ вобаста ба короновирус ҳолати изтирори ҷаҳонӣ эълом шуда буд.

Бархе коршиносон ва сиёсатмадорон, аз ҷумла Доналд Трамп, президенти Амрико СҶБ-ро барои хунукназарӣ дар амри ҷилавгирӣ ва огоҳ кардани кишварҳо аз хатари ҷиддии коронавирус гунаҳкор медонанд. Ҳоло бар асоси ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар саросари дунё аз ин беморӣ 680 ҳазор нафар фавтидааст ва теъдоди гирифторон ба 18 миллион наздик расид.

Пандемия аввали моҳи март замоне эълон шуд, ки коронавирус дар Аврупо босуръат паҳн шуд.Агарчанде СҶБ ҳанӯз моҳи январ вобаста ба коронавирус ҳолати фавқулодда эълон кард аммо мақомоти Тоҷикистон танҳо 30 апрел вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистонро эътироф карданд. Аз ин ҷост, ки ҳоло ҳам оморе, ки мақомот дар хусуси фавтидаҳои коронавирус дар Тоҷикистон нашр мекунад, мавриди боварии мардум нест. Чун ба назари аксари коршиносон ин омор ба воқеият мухолиф аст.

Тоҷикистон ҳоло ба Иттиҳоди АвроОсиё пайвастанӣ нест

0
Акс: аз сомонаи geopolitica.ru

Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авроосиё омода нест. Зеро дар ин сурат аз бахши муҳимми даромади буҷети худ, ки аз молиёт ба даст меояд, маҳрум мешавад. Хабаргузории “Sputnik” аз қавли Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон менависад, яке аз манобеи муҳимми таъмини бахши оидоти буҷети  Тоҷикистон аз ҷамъоварии андоз ба даст меояд.

Ба гуфтаи ин мақоми масъули давлати Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳодия иқтисодии Авроосиё ин маблағ коҳиш меёбад.Зеро бар асоси қавонини ҷорӣ дар ин Иттиҳодия пардохти андоз барои воридот ва содироти коло ва маҳсулот дар яке аз кишварҳои узв сурат гирифта минбаъд табодули он дар бақия кишварҳо бидуни пардохт анҷом мешавад. Ба таври дигар молу коло, ки бар фарзе аз Чин ба Қирғизистон содир ва сипас ба Тоҷикистон омад дар Тоҷикистон аз он андоз ва аворизи гумрукӣ ситонида намешавад. Ин дар ҳорлест,ки то чиҳил дар сад аз манобеи бюҷаи Тоҷикистон аз пардохти молиёт ва аворизи гумрукӣ ташаккул ёфтааст ва феълан ҳукумат ҷойгузини ин миқдор маблағи бузургро надорад.

Аммо Алексей Зубетс, муовини раиси Донишгоҳи молияи Русия мегӯяд, ки Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авроосиё аз чаҳор имтиёз бархурдор хоҳад шуд, ки шомили ҳаракати озодонаи сармоя, нирӯи кор, коло, маҳсулот ва хадамот мешавад.

Ҳамчунин, коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат муоф мешаванд, ки боиси сарфаҷӯии даромади молии онҳо мегардад.

Масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО аз чанд сол бад-ин сӯ мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дорад. Коршиносон ва таҳлилагрони мустақили масоили иқтисодӣ вуруди Тоҷикистон ба ин Иттиҳодияро барои мардум ва халқи тоҷик ва бахусус муҳоҷирони кории тоҷиқ боаҳамият меҳисобанд. Танҳо аз ҳисоби сарфаи пули патент якунимиллиард доллар ба ҷайби муҳоҷирон мемонад ва аз тарафи дигар баҳои маводди сухт: солярка,бензин ва газ низ ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт..

Аммо аз онки аксарияти мутлақи тиҷоратҳои бузург дар Тоҷикистон вобастаи оила ва наздикони раиси ин ҷумҳурист ва дар бештарини ҳолатҳо онҳоро ё тавассути қарори хоси ҳукумат аз пардохҳои гумрукӣ ва молиётӣ, яъне бо имтиёзҳо озод мекунанд,Тоҷикистон бо ҳар баҳона замони узвият дар ин созмони иқтисодиро ба таъхир меандозад. Зеро дар сурати узвият муҳосиботи ягона  дар ин Иттиҳодия фаъолият мекунад ва чунин баҳракашиву ғиромбозие,ки феълан ин гурӯҳ анҷом медиҳад, номумкин мегардад.

Мақомоти Тоҷикистон дар 5 соли ахир дар посух ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авроосиё мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ мебошанд.