Хона блог саҳифа 780

Боздошти гурӯҳии тоҷикон дар бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав

0
Акс: аз сомонаи “Ахбор”

Пулиси Маскав давоми рӯзҳои 1 ва 2 августи соли ҷорӣ адади зиёди муҳоҷирони кории тоҷикро аз бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав дастгир намуда аст. Дар ин бора Каримҷон Ёров бо нашри видеоӣ дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Бо сабаби муноқишае, ки рӯзи 1 август дар бозори назди истгоҳи метрои “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони пулис ба вуқуъ пайваста буд, кормандони пулиси ин минтақа дар бозори мазкур рейдҳои сахт гузаронда даҳҳо муҳоҷири бегуноҳеро, ки дар бозор ба ҳар шакле кор мекарданду дар муноқиша ҳамроҳ набуданд, ба хотири тоҷик буданашон дастгир карданд.

Дар ин росто сомонаи «Ахбор» акси ду ҷавони тоҷикистониеро, ки бо гумони муқовимат ба кормандони пулис дастгир шудаанд ва дар натиҷаи латукӯби сахт ба беморхона фиристода шуданд, нашр намуд. Сомонаи “Ахбор” менависад, дар бораи шахсияти онҳо маълумоте дастрас нест, ба ҷуз инки якеаш бародари Маҳмадалӣ ном таксирон аз Тоҷикистон будааст, ки дар назди ҳамон бозори “Теплый Стан” кирокашӣ мекардааст.

Каримҷон Ёров, яке аз мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар саҳифаи фейсбукаш бо нашри видеое қазяи мазкурро шарҳ дод. Бино ба гуфтаи Ёров, як муҳоҷири тоҷик бо нигаҳбони бозори “Теплый Стан” муноқиша намудааст, ки дар натиҷа нигаҳбони бозор фарзанди худро, ки корманди мақомот будааст, даъват намуда ва ӯ муҳоҷири тоҷикро дастбаста вориди мошин намуда латукӯб кардааст. Ба ин ҳодиса муҳоҷирони дигари тоҷик вокуниш нишон дода муҳоҷирро аз дасти пулис раҳо мекунанд ва байни пулису муҳоҷирон ҷанҷолу кашмакаш мешавад. Ёров мегӯяд, пулиси минтақа ин ҳодисаро баҳона намуда ба шикори муҳоҷирони тоҷик оғоз кардааст.

Ӯ мегӯяд мақомоти дипломатии Тоҷикистон то куҷо огоҳанд аз ин қазия ва корро оғоз кардаанд ё не хабаре надорад. Ва агар аз ин қазия огоҳ набошанд хостааст, ки ҳодисаро пайгирӣ кунанд, чун аксари муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кори худро тарк намуда ба ҳар ҷое паноҳ бурдаанд. Ва дахолат накардани кормандони сафорати Тоҷикистон ба ин қазия паёмади хубе надорад, – мегӯяд Каримҷон Ёров.

Gepostet von Каримджон Ёров am Sonntag, 2. August 2020

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 03.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Боздошти гурӯҳии тоҷикон дар бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав.

Тоҷикистон барои пайвастан ба ИИАО омода нест.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсиро тасдиқ кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар ин кишварро тасдиқ кард

0
Муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор

Прокуратураи генрералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиатномаи наздикони зиндониёни сиёсӣ посух дода, боздоштҳои наздиконашонро беасос хонд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди “зиндониёни сиёсӣ”-ро дар ин кишвар рад мекарданд. Аммо дар нусхаи посухи прокуратураи генералӣ зери имзои муовини якуми он Ҳикматуллозода А. зимнан вуҷуди зиндониёни сиёсиро тасдиқ кардааст.

Муроҷиатнома аз ҷониби як гурӯҳ наздикони зиндониёни сиёсӣ дар таърихи (29.06.2020) ба уновнии президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва прокурори генералӣ, Юсуф Раҳмон ва ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Умед Бобозода ирсол гардида буд. Дар муроҷиатнома аз поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ, ғайриқонунӣ таъқибу фишори онҳо, маҷбуран ба навор гирифтану зидди наздиконашон суханронӣ кардан, боздошти Асрориддин Розиқов – писари Зубайдуллоҳи Розиқ, инчунин боздошту бозпурсии наздикони Ҷаннатуллоҳи Комил – узви фаъоли ҲНИТ ба ин ниҳодҳои қудратии кишвар шикоят бурда шудааст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муроҷиатнома рӯзи 30.07.2020 посух дода, боздоштҳоро беасос хондааст ва иброз дошта, ки дар баробари дурбин суханронии наздикони зиндониёни сиёсӣ маҷбурӣ набуда, онҳо ба ихтиёри худ ин корро кардаанд. Аммо прокуратураи генералӣ дастгир шудани Асрориддин Розиқовро аз ҷониби КДАМ тасдиқ намуда гуфтааст, ки нисбати ӯ бо моддаи 307 нишонаи 3 қисми 2 КҶТ парванда боз шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чизе, ки наздикони зиндониёни сиёсии дар хориҷбуда пайваста рад мекунанд ва сухан гуфтани наздиконашонро дар баробари дурбин маҷбурӣ меҳисобанд ва мегӯянд, ки онҳо зери фишору таҳдиди сахт ба носазо гуфтани роҳбарияти ҲНИТ ва падару бародарони худ розӣ шудаанд. Дар акси ҳол ғайри мантиқист, ки бародару хоҳар ва ё хеши наздики як инсон бастагони худро ихтиёран дар баробари дурбин тавҳину носазо бигӯяд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 30.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Маълумоти зидду нақиз дар гуфтори масъулони бонкҳои Тоҷикистон.

Боз як узви аршади ҲНИТ-ро боздошт карданд.

Боздошти гурӯҳии тоҷикон дар Петербург.

Иди Қурбон муборак!

0

Ҳамасола бо фаро расидани ҳар иде мардуми олам бар ҳар дину оине, ки бошанд иди худро ба якдигар муборакбод мегӯянд. Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусалмонҳо ба шумор рафта, пиру ҷавон бо омаданаш шоду хуррамӣ мекунанд. Дар воқеъ идҳо фурустае ҳастанд барои шод кардани дили якдигар, бахшидану хурсандӣ кардан.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳайати эҷодии “Аздо тв” тамоми мусалмонони дунё, хусусан мусалмонони Тоҷикистон, инчунин мухотабони худро, ки дар ҳар гушаву канори дунё ҳастанд, бо фарорасии ин иди бузурги сол табрику таҳният гуфта, аз Худованди Маннон тамоми хушиҳои зиндагиро барои ҳама орзуманд аст. Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.

Ид муборак!

Кумаки навбатии Бонки осёии рушд ба Тоҷикистон

0

Бонки осиёии рушд иловатан 928 ҳазор доллар ба Тоҷикистон маблағи грантӣ тахсис додааст. Ин маблағи кумаки бебозгашт барои хариди васоили инфиродии ҳифозати тиббӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар мубориза бо коронавирус пешбинӣ шудааст.

Бо ин пул комбинезони муҳофизатӣ, пешдоман,ниқоб,дастпӯш, бахил,сарпӯш ва дигар чиҳози пизишкӣ харидорӣ ва дар се қисм дастрас карда мешавад. Бино ба иттилои (БОР) қисмати аввали ин молҳо моҳи август аз Камбоҷа ва Навбати дуввум ва сеюм дар моҳи август ва сентябр аз Чин оварда мешавад.

Ин маблағ аз ҳисоби кӯмакҳои ҷории фании (БОР) дар доираи барномаи “Дастгирии минтақаӣ дар мубориза бо густариши бемориҳои гузаранда, аз ҷумла коронавирус -дар соли 2019 ва ангезандаҳои дигар амрози сироятӣ” тахсис дода шудааст.Дар чаҳорчӯби ҳамин барнома қаблан (БОР) дар моҳи март 100.000 доллар ба Тоҷикистон ҷудо карда буд, ва ин маблағи иловагӣ дар доираи ҳамин тарҳ аст.

Ҷудо аз ин ҳама 18 июн (БОР) дар ҳаҷми 50 млн доллар грант дар чаҳорчӯби тарҳи вокуниши сареъ ва дастгирии хароҷот дар мубориза бо COVID-19  барои дастгирии бюҷети ҳукумати Тоҷикистон  кӯмак кард. Муассисаҳои молиявии байналмилалӣ дар давраи коронавирус ба Тоҷикистон беш аз 350 миллион доллар кӯмак кардаанд.

Боздошти гурӯҳии тоҷикон дар Петербурги Русия

0
Акс: аз konkretno.ru

Акс: аз konkretno.ru

Хабари боздошт шудани гумонбарони ДИИШ дар ҳолест, ки рӯзи 27 июл ФСБ аз кушта шудани як зодаи дигари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Химки хабар дод, ки гӯё узви созмони террористӣ будааст. Баъдан матбуоти расмӣ гуфт, ки эҳтимолан ин шахс шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон бо номи Одил Қаюмов буд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин “пешгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар макони таҷаммӯи нафарони зиёд дар Маскав” буд.

Ин дар ҳолест, ки бо гузашти ду рӯз аз он ҳодиса ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин шахс огоҳонида нашудаанд ва санҷиши дурустии иттилои мақомот ҳамоно ғайриимкон аст.

Бархе коршиносон дар Тоҷикистон ба дурустии иттиҳоми мақомоти рус шубҳа карданд. Дар камтар аз ду ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ба терроризм айбдор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст. Рӯзи 18 июл аз боздошти як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Хабаровск хабар доданд. Бисёриҳо ин фарзияи мақомотро ба зери шубҳа бурда, мегӯянд, видеоҳои нашркардаи ФСБ ба саҳнасозӣ шабоҳат доранд.

Кӯтоҳу камхарҷ, вале хатарнок. Долоне дар масири Эрон ва Осиёи Миёна

0
Акс: аз “Sputnik”

Долони масири миёни Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) роҳе камхарҷу кӯтоҳ барои савдо ва табодули молу коло аст. Вале амният ва бехтарӣ дар он таъмин нест.

Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёти вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар як гуфтугӯ ба “Sputnik” гуфтааст, ин долон пас аз баста шудани марзҳои Туркманистон ба рӯи мошинҳои боркаше, ки аз бандарҳои ҷанубии Эрон ба Осиёи Миёна молу коло мекашониданд, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт:

“Ин як тарҳи пилотӣ буда, аз сӯи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ҳамчун роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф эҷоди як масири алтернативии тиҷорӣ аст. Мо аз он интизориҳои зиёд дорем, аммо суол ин ҷост, ки оё вазъи амниятии Афғонистон то куҷо ба амалӣ шудани он созгорӣ мекунад. Аввал бояд дид, ки мошинҳои боркаш чӣ гуна рафта меоянд, харҷашон чӣ қадар мешавад. Агар тарҳ муваффақ шавад, бешак, ба рушди тиҷорати минтақаӣ такон хоҳад дод”, – гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

Истиқболи мақомоти тоҷик аз истифодаи ин даҳлези ҷодаӣ дар ҳоле аст, ки 26 июл расонаҳои эронӣ аз ифтитоҳи он барои интиқоли молу коло хабар доданд. Мустафо Оятӣ, мудири кулли транзити гумруки Эрон гуфта буд, ки панҷ мошини боркаш тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон рафтанд, ки бо анҷоми ташрифоти “TIR carnet” дар гумруки Дуғорун расман масири КТАИ ифтитоҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол, ин бори аввал нест, ки аз ифтитоҳи ин даҳлез ва ирсоли аввалин мошинҳои боркаш ба Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад.

4 марти соли равон Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ (The International Road Transport Union, IRU) низ аз ифтитоҳи роҳрав ё даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) ва ирсоли озмоишии як корвони боркашонҳои TIR аз бандари Бандараббос, яке аз 100 бандари бузурги ҷаҳон, тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Бар асоси гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҷамъияти кулли чаҳор кишвари тӯли даҳлез беш аз 128 миллион нафар ва тамоми тавлиди нохолис дохилӣ (ТНД) – и онҳо наздик ба ним трилион доллар аст.

Бино ба иттилои Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ (IRU), даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) кӯтоҳтарин масири мумкин байни Эрон ва Қирғизистон аст, ки TIR тариқи он 5 рӯз дар замони транзити маъмул вақт сарфаҷӯӣ мекунад ва китобчаи Carnet TIR вақти иниқоли молу колоро ба 80% ва хароҷоти роҳро то 38% коҳиш медиҳад.

Коршиносони умури иқтисодӣ ин долони ҷодаиро барои Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим медонанд, ки дар ин авохир молу колои воридотӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар марзи Туркманистон банд мемонад ва гоҳо соҳибкорон ва тоҷирон аз ин ҳисоб зарари ҷиддии иқтисодӣ мебинанд. Туркманистон тайи солҳои ахир  барои транзити васоили нақлияи молкашон барои Тоҷикистон монеа эҷод карда истодааст.

Масъулини бонк сухан носанҷида мегӯянд?

0
Акс: аз ҳафтавори “Пайк”

Алиаҳмад Юсуфзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб зимни нишасти хабариаш гуфт, “Дар минтақаи Кӯлоб ҳама банкоматҳо фаъол аст ва доимо бо пул таъмин ҳастанд, сокинон бе мамоният маош ва ё нафақаашонро гирифта метавонанд”.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи ахир мардуми шаҳри Кӯлоб барои гирифтани маошашон дар назди банкомат соатҳо навбатпоӣ мекунанд. Бо вуҷуди интизории зиёд баъзе мардум наметавонанд, сари вақт пулҳояшонро бигиранд. Чун аксари банкоматҳои шаҳр пул надоранд. Торнамои “Пайк” дар ин хусус менависад:

“Масалан рӯзи 24 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 9:00 банкомати назди Раёсати молияи шаҳр пул надошт. Бо ҷой доштани чунин мушкилот масъулини бонкҳо мехоҳанд, ки “офтобро бо доман пушонанд” ва дар ҳисоботашон аз худ қаҳрамон созанд,- омадааст дар хабари “Пайк”.

Ба гуфтаи Алиаҳмад Юсуфзода, аз баски сокинони навоҳии атроф низ аз банкоматҳои шаҳри Кӯлоб омода маошашонро мегиранд, аз ин рӯ, ба баъзе нафарон пул намерасад. “Пайк” мепурсад, ки агар гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода ҳақиқат дошта бошад, пас Филиали №63 “Амонатбок” и ноҳияи Муъминобод ба кӣ хидмат мекунад? Дар ҳоле, ки дар назди филиали мазкур 7 маркази хизматрасонӣ ва 2 банкомат вуҷуд доранд, ки банкоматҳои “Амонатбонк”-и ноҳияи Муминобод якеаш фаъол асту дигараш зиёда аз 4 моҳ мешавад, ки таъмир мехоҳад. Ба гуфтаи Ҳакназарзода Саидакбар, сардори Филиали №56 “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкомати ноҳияи Муъминобод вайрон аст ва онро аз хориҷа дастрас кардан мумкин аст, арзиши клавиатура чаҳор ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Меҳринисо Шарифзода, мудири бахши №63 “Амонатбок” и ноҳияи Муъминобод дар мусоҳиба ба хабарнигори “Пайк” гуфт:

“Айни замон дар тобеъияти Филиали №63 “Амонатбок” — и ноҳияи Муъминобод ҳафт маркази хизматрасонӣ ва ду банкомат дорем. Мо софдилона рисолати худро иҷро мекунем, яъне ба мардум хуб хизмат мекунем. Ҳар нафаре, ки аз хизматрасонии мо шикоят кунад, ҳатман камбудии ҷойдоштаро сари вақт бартараф мекунем. Дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 6500 нафақахӯр ва беш аз чаҳор ҳазор кормандони буҷетӣ мебошад”.

Манбаъ гуфтааст, ки сокинони ноҳияи мазкур аз марказҳои хизматрасонӣ зертобеъи филиали №63 бештар истифода мекунанд. Ӯ гуфт, ки гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода беасос аст, инчунин сокинони ноҳия нафақа ва маошашонро аз банкомат ва кассаҳои худи филиали мазкур мегиранд ва хизматрасонии онҳо хуб аст.

Мудири бахши “Амонатбонк”-и ноҳияи Муъминобод гуфтаҳои масъули Бонки миллиро бепоя хонда, гуфт, ки мушкилоти ҷойдошта дар минтақаи Кӯлоб ба фаолияти шуъбаҳои бонкии онҳо рабте надорад. Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки дар низоми бонкдории кишвар ё маълумот сари вақт ва дақиқ ба дасти масъулон намерасад ва ё ин ки ҳар масъуле барои ҷавоб гардондан ба хабарнигорон ҳарчи хоҳад бидуни иттилоъ мегӯяд.