5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 84

Аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия ҳузур доранд

0

Дар байни шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия аз ҳама бештаранд, ки бар зидди Украина меҷанганд.

Дар ин бора Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить”, ки маълумот дар бораи зархаридони хориҷӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро ҷамъоварӣ ва нашр мекунад, хабар дод.

Бар асоси ин тарҳ, то авоили соли 2025 номи 931 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо Вазорати дифои Русия дар солҳои 2023 ва 2025 қарордод имзо кардаанд, тасдиқ шудааст. Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон (361 нафар) ва Қазоқистон (666 нафар) мебошад. Дар ин рӯйхат номи тоҷиконе, ки асир афтодаанд оварда нашудааст.

Аммо тавре ки лоиҳа таъкид мекунад, дар ин рӯйхат афроде оварда шудаанд, ки маълумоташон тасдиқ шудааст ва рақами воқеӣ метавонад бештар аз ин бошад.

Тибқи оморҳои овардашуда, аз 961 тоҷик 196 каси онҳо фавтидаанд. Гуфта мешавад, аз ин шумора 147 нафараш танҳо дар соли 2024 кушта шудаанд.

Тибқи маълумоти ин рӯйхат, аз ҳама шаҳрванди хурдтарини Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ширкат карда ва кушта шудааст, 18-сола ва бузургсолтаринаш 70-сола будаст. Яке аз сарбозони тоҷик ҳамагӣ 7 рӯз пас аз имзои шартнома кушта шудааст ва ба ҳисоби миёна, зархаридони тоҷик дар ҷанг тақрибан 140 рӯз умр ба сар мебаранд.

Баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё зидди онҳо санад тартиб дода шудааст ва ё дар зиндон қарор доштанд. Инчунин дар ин рӯйхат номи онҳое, ки дар рӯйхати “шахсони зери назорат”-и Русия қарор доранд ва барояшон ихроҷ таҳдид мекард, дида мешавад.

Коршиносон чунин оморро ба маҷмуи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ марбут медонанд. Тоҷикистон бо пасттарин ММД, яке аз фақиртарин кишварҳои пасошӯравӣ мебошад ва ҳамасола миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва дар ин кишвар дар баробари низоми ҷалби муҳоҷирон ба артиши Русия осебпазир мешаванд.

Инчунин дар пайи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Crocus City Hall” дар моҳи марти соли 2024, ки дар ташкили он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, фишор болои муҳоҷирон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, нерӯҳои амниятӣ ва комиссарҳои низомии Русия бештар аз ин истифода бурда, муҳоҷиронро бо ихроҷ таҳдид мекунанд ё бо қонунигардонии ҳуҷҷатҳояшону дарёфти шаҳрвандии Русия гумроҳ намуда, мардумро маҷбур мекунанд, ки бо Вазорати дифои ин кишвар шартнома имзо кунанд.

Тарҳи “Хочу жить” дар иттилоияаш аз як асири ҷангии шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Хушвахт Перузалиев мисол овардааст, ки гуфта мешавад, пас аз фишору фиреб ба ҷанг рафтааст ва ӯ намедонист зери чӣ шартномае имзо кардааст.

Масъулони ин марказ мегӯянд, ки ширкат дар таҷовузи зидди Украина қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад ва аз муҳоҷирони тоҷик хоста шудааст, ки фирефтаи ваъдаҳои мақомоти Русия нашаванд. Инчунин аз мақомоти Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба вазъи мавҷуда мудохила намуда, таҷрибаи ҷалби шаҳрвандони худро ба ҷанг маҳкум кунанд ва аз он пешгирӣ намоянд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон ба нашри номи шаҳрвандонаш дар рӯйхати зархаридон вокӯниш накардааст. Танҳо дар соли 2023 сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, аз муҳоҷирони тоҷик хоста буданд, ки ба ҷанги бегона нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.

Azda.tv дар рӯйхати нашр кардаи тарҳи “Хочу жить” номи ҷавони тоҷикеро пайдо кард, ки дар бораи ӯ хабар нашр карда буд.

Ин сарбози тоҷик бо шарти зикр нашудани номаш 15-уми апрели соли ҷорӣ ба Azda.tv гуфта буд, шартномаи як солааш бо Вазорати дифои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба прокуратура ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Вале, ба гуфтаи худаш, бо вуҷуди ин ҳама ӯро маҷбур доранд, ки боз барои идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина бо шиносномаи русияш шартномаи нав бандад. То ҳол тақдири ин ҷавони тоҷик норӯшан боқӣ мондааст.

Чаро музокироти Русия ва Украина дар Лондон ба таъхир афтод?

0

Қарор буд имрӯз, 23-юми апрел идомаи музокирот барои поён додани ҷанги Русия ва Украина дар Лондон баргузор шавад, аммо он ба таъхир гузошта шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар Лондон намояндагони сатҳи олӣ, вазирони корҳои хориҷии Украина, Бритониё, ИМА, Фаронса ва Олмон ҷамъ омада буданд. Ин вохӯрӣ бояд идомаи музокирот пас аз нишасти Париж ва муҳокимаи тарҳи пешниҳодкардаи ИМА барои поён додани ҷанг миёни Русия ва Украина мешуд. Аммо ногаҳон нишасти ҷонибҳо ба таъхир гузошта шуд.

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ ва бритониёӣ, сабаби қатъи идомаи музокирот ва ё таъхири он фош шудани тарҳи пинҳонии ИМА ба унвони “сулҳ”, ки аз ҷониби The Wall Street Journal, Axios ва The Telegraph нашр шуд, мебошад.

ИМА дар ин тарҳи худ чунин пешниҳод кардааст:

  • Ба таври расмӣ Қрим қаламрави Русия эътироф шавад;
  • Ҳолати кунунии хатти ҷанг ба таври ғайрирасмӣ (де-факто) нигоҳ дошта шавад, яъне ба таври ғайрирасмӣ қисмҳои ишғолнамудаи Донбасс, Херсон ва Запорожье аз ҷониби Русия эътироф шавад;
  • Украина узви НАТО нашавад, вале имкони узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дошта бошад;
  • Русия аз ду минтақаи хурд дар Херсон ақибнишинӣ кунад;
  • Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже зери назорати ИМА гузарад;
  • ИМА таҳримҳоро бардошт ва равобити иқтисодӣ бо Русияро аз сар гирад;
  • Ба Украина кафолати амниятӣ дода шавад, вале на аз ҷониби ИМА, балки аз сӯи кишварҳои аврупоӣ;
  • Як қисмати вилояти Харков баргардонида шавад;
  • Озодии ҳаракат дар рӯди Днепр;
  • Кумак ва ҷуброн барои бозсозии Украина.

Вобаста ба ин тарҳ раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский вокуниш нишон дода, гуфтааст, ки Украина ҳеҷ гоҳ Қримро, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст, эътироф намекунад ва ин мавзуъ мухолифи Сарқонуни кишвараш аст. Украина хостори сулҳи одилона ва қатъи бечунучарои оташбас аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина бо шубҳа ба ин тарҳ менигаранд. Иттиҳоди Аврупо низ мухолифи бардоштани таҳримҳо аз Русия пеш аз расидан ба мувофиқа аст.

Пас аз вокуниши Украина ба ин тарҳ мулоқоти сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар Лондон лағв шуд, аммо гуфта мешавад, музокирот дар сатҳи поёнтар, байни ҳайатҳо ва намояндагони баландпояи панҷ кишвар дар шакли пӯшида идома хоҳад ёфт.

Тавре расонаҳои бритониёӣ хабар медиҳанд, бо вуҷуди лағви мулоқот ҳоло ҳайати Украина бо иштироки роҳбари Дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак, вазири дифоъ Рустем Умеров ва муовини Вазорати корҳои хориҷӣ Андрей Сибига дар Лондон ҳузур доранд.

Ермак изҳор дошт, ки Украина бо вуҷуди ҳама монеаҳо дар роҳи расидан ба сулҳ истодагарӣ мекунад ва дар Лондон кӯшиш хоҳад кард, ки дар масъалаи оташбас ва оғози раванди музокироти сулҳ бо тамоми ҷонибҳо ба мувофиқа расад.

Муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд. Омилҳо ва паёмади ин раванд

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 100

Мақомоти Русия эътироф карда, ки сафи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст ва ин ба иқтисоди Русия бетаъсир нахоҳад буд.

Ба гуфтаи Александр Сафонов, профессори Донишгоҳи иқтисодии назди ҳукумати Русия, муҳоҷирони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон солҳои ахир Русияро тарк карда истодаанд. Онҳо, ки то ин дам Русияро ҳамчун кишвари кор интихоб мекарданд, ҳоло бештар ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо мераванд.

Ин профессори Донишгоҳи иқтисодӣ мегӯяд, тарки Русия аз ҷониби муҳоҷирон ба коҳиши қурби рубли русӣ ва сиёсати зидди муҳоҷирати мақомдорони ин кишвар рабт дорад.

Коршиносони масоили иқтисодии Русия бар ин назаранд, ки раванди тарк кардани Русия аз ҷониби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда низ идома хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи онҳо, иқтисоди кишварҳои мазкур дар ҳоли рушди босуръат аст ва шаҳрвандони зиёде дар дохили кишварҳои худ кор пайдо хоҳанд кард.

Таҳлилгарон масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Русияро, ки солҳо боз яке аз самтҳои асосии кору даромади муҳоҷирон маҳсуб меёфт, дигар ҳамчун стратегияи устувор намедонанд. Ба назари онҳо, тағйироти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидҳои афзояндаи табъизу маҳдудиятҳо дар ин кишвар, муҳоҷирони кориро дар ҳолати ногувор қарор додаанд, ки маҷбур ба тарки Русия шаванд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ин равандро ба назар гирифта, ба ҷои таъмини ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, бо давлатҳои Аврупо ва Осиё, аз ҷумла Лаҳистон, Туркия ва Руминия вориди гуфтугӯ шуда, роҳҳои нави муҳоҷирати кориро ҷустуҷӯ дорад.

Ба назари мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ, ин фурсатест, ки Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ таъмин кунад ва мушкилоти муҳоҷиратро коҳиш диҳад. Аммо чун қисмати зиёди буҷаи давлатии Тоҷикистон аз даромади муҳоҷирон вобаста аст, мақомоти кишвар намехоҳанд ин даромад коҳиш ёбад, бинобар ин, роҳҳои нави муҳоҷиратро ҷустуҷӯ доранд.

Ду генерали бемасъулият вазифаҳои нав гирифтанд

0

Ду генерали милитсия, ки бо интиқоди расиҷумҳур аз вазифаҳояшон ронда шуда буданд, ба вазифаҳои нав таъйин гардиданд.

Фотеҳ Қунғуротзода ва Файзулло Нозимзода, сардорони пешини ШКД-и Кӯлоб ва Раёсати корҳои дохилии Хатлон пас аз як соли интиқоди раисҷумҳур ва ронда шуданашон аз ВКД, боз вазифаҳои нав гирифтаанд.

Тибқи қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми апрели соли ҷорӣ, генерал Қунғуротзода муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва генерал Нозимзода муовини сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД таъйин гаштаанд.

Ёдовар мешавем, ин ду мақомдор пас аз як интиқоди худи раисҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки рӯзи 17-уми январ баргузор шуда буд, дар баробари раҳбарони прокуратура, Ожонсии зидди фасод, КДАМ ва ВКД-и вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон ронда шуда буданд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа иқрор шуда буд, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасоду ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт дода буд.

Инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар низ дар нишасти матбуотие гуфт, ки ин афрод барои камбудҳо аз мансаб барканор шуда, дигар дар ин сохтор кор намекунанд.

Маълум нест, ки чаро ин афроди ба қавли худи Эмомалӣ Раҳмон “бемасъулият” бори дигар бо қарори худи ӯ ба вазифаҳои калидии ВКД таъйин гаштаанд.

Вале, ба гуфтаи коршиносон, чунин ҳолат бори аввал нест, ки дар кишвар рух медиҳад. Ҳабибулло Воҳидзода, ки чанде пеш Додситони кул таъйин гардид, дар аввали соли 2015, баъд аз интиқод сахти Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мақом барканор ва чанде баъд боз ба ҳайси додситони вилояти Суғд (солҳои 2015-2020) ба кораш шуруъ карда буд.

Гуфта мешавад, тибқи қарорҳои нави Раҳмонов сардорони 18 шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Ҳисору Ваҳдат, Конибодому Данғара ва Фирдавсиву Шоҳмансур низ иваз шуда, полковник Илҳомиддин Вализода, то ин дам сардори ШКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гаштааст.

Коршиносон ин тағйиротҳоро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд. Ва барои Эмомалӣ Раҳмон меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал, шиносоӣ ва наздик будан ба хонавода аст.

Туркия ва Тоҷикистон раводидро аз байн мебаранд?

0

Рӯзи 21-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати кишварро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур ва ҷониби Туркияро директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган раҳбарӣ карданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта давлати Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид (виза)-ро ҷорӣ кард, ки қаблан байни ду кишвар низомӣ бераводид ҷорӣ буд.

Хабаргузории “Aзия-Плюс” бо такя ба сафорати Туркия дар Душанбе хабар дод, ки қарор аст ҷонибҳо рӯзи 22-юми апрел дар Анқара нишасте доир кунанд ва дар ҷараёни баррасии чанде аз масоил, масъалаи дигарбора ҷорӣ кардани низоми бераводидро баррасӣ кунанд. Вале то лаҳзаи омода шудани ин хабар, сомонаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия дар ин бора чизе нашр накардаанд.

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфтааст: “Мо тавассути ҳамкориҳои зич ва гуфтушунид байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар талош дорем, ки дар оянда низоми раводидро бекор кунем.”

Ёдовар мешавем, ки аз 20-уми апрели соли 2024 мақомоти Туркия реҷаи раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон – бидуни шарҳу тавзиҳе ҷорӣ кард, ки то ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон бе раводид ба ин кишвра сафар карда наметавонанд.

Ба гуфтаи коршиносон, бекор шудани раводид байни ин ду кишвар ҳам барои тоҷирон, ки амволи худро аз Туркия барои фурӯш меоварданд ва ҳам барои касоне, ки аз пайи ҷойи кор ҳастанд, осонӣ меоварад.

Гуфта мешавад, дар айни ҳол барои гирифтани раводиди Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз 100 то 160 доллар бипардозанд.

Русия гирифтани ВНЖ-ро барои пизишкон ва омӯзгорон сахт кард

0

Русия рӯйхати касбҳое, ки ба хориҷиён иҷозати иқомати соддакардашударо медод, маҳдуд кард.

Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия рӯйхати касбҳоеро, ки ба мутахассисони хориҷӣ барои гирифтани иҷозати иқомати зист (ВНЖ)-ро бо тартиби содда имкон медод, аз 203 то 29 номгӯй коҳиш дод. Дар рӯйхати нав, ки ахиран дар портали иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шуд, чанде аз ихтисосҳои маъмул, аз ҷумла табибон, омӯзгорон, хориҷ шудаанд.

Ба рӯйхати тасдиқшуда асосан мутахассисони соҳаи саноату техника, аз қабили муҳандисон, барномасозон, кафшерчиён ва ғайра ворид шудаанд. Вазорат сабаби чунин маҳдудсозиро зарурати мутобиқ кардани рӯйхат бо ниёзҳои воқеии бозори кори Русия арзёбӣ кардааст.

Шароит ва талаботи нав

Бар пояи тавзеҳи расмии Вазорати кори Русия, хориҷиёне, ки мехоҳанд соли 2025 бо такя ба ин рӯйхат иҷозати иқомат гиранд, бояд як сол таҷрибаи кории тасдиқшуда дар ҳамон касб дошта бошанд ва ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда дар Русияро риоят кунанд.

Аз соли 2017 то 2023 шаҳрвандони хориҷӣ бо касбҳои серталаб метавонистанд шаҳрвандии Русияро бо тартиби содда ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, камтар аз 1% аз ин имтиёз истифода бурдаанд. Моҳи апрели соли 2023 ин қоида бекор шуд ва ҳоло тағйироти нав ба Қонуни “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” ворид гашт, ки танҳо ба гирифтани иҷозати иқомат дахл дорад (на шаҳрвандӣ).

Рӯйхати нав бо иштироки вазоратхонаҳои дахлдор, ширкатҳои калон ва Агентии ташаббусҳои стратегӣ таҳия шудааст. Лоиҳаи ибтидоӣ 31 ихтисосро дар бар мегирифт, аммо дар ниҳоят шуморааш то ба 29 кам карда шуд.

Ин дарҳоле аст, ки аксари мутахасисони ботарҷрибаи тоҷик, махсусан пизишкон бо даст овардани ВНЖ осон ба Русия ҷалб шуда буданд.

Сафари навбатии Рустами Эмомалӣ ба Русия

0

Имрӯз, 17-уми апрел Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия рафт.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, Рустамро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд ва ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаҳои намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ аз фаъолият дар соли 2024 натиҷагирӣ карда, масоили омодагӣ ба нишастҳои қарибулвуқуи байнулмилалӣ, масоили сиёсӣ, хавфу таҳдидҳои марбут ба истифодаи ҳуши маснӯӣ бо ҳадафҳои террористӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дарёфти тавозун байни амнияту бехатарӣ, инноватсия ва ғайра баррасӣ хоҳад шуд.

Инчунин Рустам дар доираи ин сафараш дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок хоҳад кард.

Бояд гуфт, ин аввалин сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия набуда, ӯ моҳи июни соли 2023 барои иштирок дар ҷаласае ба Санкт-Петербург рафта буд. Моҳи ноябри ҳамон сол ӯ дар Маскав буд ва дар он ҷо бо раҳбарияти Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ мулоқотҳо анҷом дода буд. Қаблан, моҳи майи соли 2021 дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ва соли 2022 дар Форуми вакилони ҷавон дар Қазон ширкат карда буд.

Гуфта мешавад, сафари навбатии Рустам ба Русия дар ҳолест, ки ӯ 11-уми апрели соли ҷорӣ барои бори дувум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаи болоии порлумон интихоб шуд.

Тибқи Сарқонуни кишвар раиси Маҷлиси миллӣ шахси дувум дар Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент дар кишвар хоҳад буд.

Мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар вазифаҳои калидӣ кор кардани ӯро ба эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писар рабт медидиҳанд ва ин эҳтимол солҳо боз дар кишвар матраҳ аст.

Инчунин ҳама боздошту қатли дигарандешон дар 10 соли ахир Тоҷикистонро маҳз ба “фароҳам кардани шароити мусоид” барои интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.

Боздошти “Усмони блогер” дар Тоҷикистон

0

Пулиси Душанбе 17-уми апрели соли ҷорӣ аз боздошти Усмон Мирзомуродов, маъруф ба “Усмони блогер” хабар дод.

Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Усмон бар асоси шикоятҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур дастгир гардида, ба таври доимӣ нашр кардани “наворҳои пур аз алфози қабеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” айбдор мебошад.

Инчунин манбаъ иддао дорад, ки зимни ташхис муайян гардидааст, ки ин блогер “дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи “Метамфетамин” (кристалл) қарор доштааст”.

Ҳоло ӯ бо қарори додгоҳ барои 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Аммо назари худи Усмон ва наздиконаш дар мавриди иттиҳомоти мақомот дастрас нест.

Усмон Мирзомуродови 33-сола дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Усмони блогер” машҳур буда, дар инстаграм саҳифаи “tojikonshow”-ро бо 891 ҳазор думболгир дорад ва дар ин саҳфа бештар наворҳои ҳазлу шухиомезро нашр мекунад.

Мақомот ӯро дар гузашта низ барои нашри наворҳояш 11 рӯз зиндонӣ карда буданд ва ӯ муддате аз нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ мекард.

Худи ӯ дар наворе соли 2022 гуфта буд, ки “Вақтҳои охир мардум, вақте маро мебинанд, бародарвор ба оғӯшам мегиранд ва сипас ҳамааш як саволам медиҳанд: А бача, чӣ кардӣ, видео кам бароварда истодаӣ? Ман ранги ҳарвақта як ҷавоб дорам. Мегӯям, дар отпускам. Рӯямро сиёҳ мекунам, чӣ хелӣ отпуск? Сабаби видео кам бароварданам ин аст, ки ҳақиқат талх аст, ҳақиқатро инҳо зиёд намепазиранд”, вале нагуфт, ки “инҳо” гуфта, киҳоро дар назар дорад.

Инчунин ӯ дар ҳамон навораш аз кормандони андоз шикоят карда буд, ки бо вуҷуди надоштани даромад аз саҳфааш болои сари ӯро ҳам гирифтаанд ва талаб доранд, ки андоз бисупорад.

Ҳамзамон дар тобистони соли 2024, дар Русия низ як навори Усмон, ки дар он аз муҳоҷирон даъват мекунад, то будубоши худро дар Русия аз тариқи дарёфти билетҳои донишҷӯӣ расмӣ гардонанд, барояш дарди сарсоз шуда буд ва раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, санҷиши видеои ӯро таҳти назорати худ гирифта буд ва маълум нест хулосаи тафтишот чӣ шудааст.

Мусодираи амволи чеҳраҳои амъруф баъд аз зиндонӣ кардани онҳо

0

Мақомоти Тоҷикистон молу дороии чеҳраҳои маъруфро, ки ба гуноҳи “кӯшиши табаддулот” маҳкум шудаанд, мусодира мекунад.

Бино ба иттиллои Радиои Озодӣ, баъди ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ дар бораи зиндонӣ шудани шахсиятҳои шинохта, мақомоти марбута мусодираи дороии онҳоро оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, хонаи падарии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва собиқ вакили порлумон дар ноҳияи Фархор аллакай мусодира шудааст. Аммо хонае, ки Усмонзода дар шаҳри Душанбе дар он зиндагӣ мекард, ба номи ҳамсараш будааст, ба ин далел мусодира нашудааст.

Ҳамчунин мақомот манзили Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии кишварро дар Душанбе мусодира намудаанд.

Бино ба гуфтаи ҳамсояҳои Зарифӣ, ду рӯз қабл, мақомот ба манзили ӯ омада, ба хешовандони вай огоҳӣ додаанд, ки тибқи ҳукми додгоҳ хона мусодира шудааст ва онҳо бояд онро холӣ намоянд. Манбаъ мегӯяд, мақомот мехоҳанд хона ва ду мошини ӯро мусодира кунанд.

Гуфта мешавад, масъулини марбута инчунин шоми 15-уми апрел ба хонаи Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи пешини вазифаи президенти Тоҷикистон низ рафта, ба наздиконаш ҳушдор додаанд, ки бояд дар муддати ду рӯз хонаро холӣ кунанд.

“Ҷияни Акбаршо эътироз карда, гуфтааст хона аз ман аст кормандон мақомот гуфтанд, ки фақат супоришро иҷро мекунанд, агар норозӣ ҳастед метавонед ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунед.”, омадааст дар хабар.

Ба ҳамин тартиб, мақомот манзили Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро низ мусодира кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, 14-уми апрел намояндагони Хадамоти иҷро ба пайвандони Комилзода фақат се рӯз муҳлат додаанд, ки хонаро тарк кунанд.

Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшо Комилзода, гуфтааст, ки падараш моликияте надорад ва ҳамон ҳавлие, ки ба номи модараш аст, бо қарор додгоҳ мусодира мешавад.

Аммо хонаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро мусодира накардаанд, зеро манзили ягонаи ӯ сарпаноҳи хонавода будааст.

Дар пайи мусодираи хонаҳои ин чеҳраҳои маъруф, инчунин масъулин 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки дар суратҳисобаш доштааст, ҳабс кардаанд.

Ҳамзамон мнбаъ аз мусодираи ду манзили Абдулфайз Атои низ гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳ сиёсатмадорону мансабдорони собиқ ва як рӯзноманигор дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” боздошт ва аз 8 то 27 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Мусодираи амвол ва дороиҳои маҳкумшудагони муттаҳам ба “табадуллоти давлатӣ” дар Тоҷикистон таҷибаи нав нест. Соли 2015 баъд аз боздошти раҳбарон ва тарафадорони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дороӣ ва моликияти онҳо низ аз ҷониби Ҳукумат мусодира шуда буд.

Боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

0

Пасзилзилаҳои водии Рашт то Душанбе ҳанӯз идома дорад. Дирӯз 16-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар заминларза сабт шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки заминларза дар пойтахти кишвар рӯзи 16-уми апрел соати 04-и субҳ сурат гирифта, қуввати он ба 3 бал расидааст.

Кормандони КҲФ мегӯянд: “Маркази заминларза 320 километр дур аз Душанбе ва дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир буд”. Дар маркази ин зилзила дар Афғонистон қувваи заминларза 5-6 балл ва наздиктар дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ 4 балл, дар Душанбе 3 балро ташкил медод.”

Баъзе корбарон аз пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҷрубаи худро аз ин воқеа даҳшатнок унвон карда мегӯянд, қувваи заминларза аз 3 бал ҳам бештар буд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса хисороти ҷонӣ ва молӣ дар пай надоштааст.

Ҳодисаи мазкур дар ҳоле рух медиҳад, ки ҳанӯз хисороти заминларзаи рӯзи 13-уми апрел ба пуррагӣ ҳисобот ва бартараф нагаштааст.

Ба гуфтаи расонаҳои ҳукуматӣ, бинобар фармони раисҷумҳур барои маълум кардани ҳаҷми хисорот ва кумакҳои фаврии зарардидагон як комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини сарвазири кишвар, Сулаймон Зиёзода ташкил шуда буд ва дирӯз кумакҳои озуқаворию ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба осебдидагон равона шудааст.

Дар расонаҳои давлатӣ масолеҳ ва хӯрокиҳои фиристодашуда аз тарафи президент унвон мешаванд, вале ҳаҷми дақиқи ин кумакҳо ва кофӣ будани он барои зарардидаҳо мушаххас нест.

Аммо шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки кумакҳои дар ин ҳаҷм ба зарардидагони зилзила кофӣ нестанд ва ба ҳама зарардидагон то ҳол дастрас нагаштааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи якшанбе, 13-уми апрел дар ноҳияи Рашт, қисмати шарқии Тоҷикистон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваст ва маркази заминларза 21 километр дуртар аз маркази ноҳияи Рашт дар ҳудуди Тоҷикистон рух дода, шиддати он дар марказаш 5.6 балл, дар минтақаи Рашт 4.5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дода буд.

Бино ба иттилои расмӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расида буд. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дида, марги як кӯдаки хурдсол ва маҷруҳ шудани даҳҳо нафар сабт гардиааст.