Хона блог саҳифа 860

Узбекистон фаолияти муассаҳои диниро осонтар мекунад

0

Ба гузориши хабаргузории (qalampir.uz) Ҷумҳурии Узбекистон дар мавриди фаолияти созмонҳо ва ниҳодҳои динию мазҳабӣ бо мақсади эҷоди сабукӣ ва осон кардани фаолияти онҳо ислоҳот анҷом доданист.

 Шӯрои Маҷлиси олии ин кишвар дар нишасти навбатии худ масъалаи нақшаи таъмини озодии дин ва эътиқодро баррасӣ намуд. Муовини вазири Адлияи Узбекистон Акбар Тошқулов дар ин нишаст гузоришеро дар мавриди танзим ва ислоҳи қонуни “Озодии созмонҳои мазҳабӣ” ироа намуд.

Бар асоси ин тарҳ дар Узбекистон аз ин ба баъд сохтори давлатие, ки созмонҳои диниро сабти ном мекунад, ҳақи лағви ин созмонҳоро надорад ва танҳо фаолияти онҳо бо ҳукми додгоҳ метавонад лағв шавад.

Айни ҳол дар кишвари Узбееистон 2238 созмонҳои динӣ сабти ном шудаанд, ки ба 16 равияҳои динию мазҳабии гуногун мутааллиқанд. Аз ин шумора 2064 ниҳод ва ё баробар бо 94 дарсад марбути мусалмонони ин кишвар аст. Ҳамчунин 157 ниҳоди динии масеҳӣ, 8 ниҳоди яҳудӣ, маъбади Будо ва ғайра фаолият мекунад.

Узбекистон бо беш аз 33 млн аҳолӣ пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти мардуми диндори ин кишварро мусалмонони аҳли суннат ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад асту дар урфу одат ва диндорӣ хеле бо ҳам наздиканд, рӯз то рӯз доираи фаолияти ниҳодҳои динӣ ва созмонҳои мазҳабиро тангтар намудааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон озодии эътиқодро ҷурм дониста ҳазорҳо диндорро бо ҳар баҳонае ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон мекунад ва ба дари даҳҳо масҷиду марказҳои динию мазҳабӣ қуфл задааст.

Маоши пизишконро Раҳмон “афзуд”, аммо баъди фармонаш маоши будагӣ ҳам кам шуд

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое ба нашр мерасанд, ки роҳбарияти бархе аз бемористонҳо табибон ва ҳамшираҳои шафқатро водор мекунанд, ки бо пули худ сарулибоси муҳофизатӣ бихаранд ва ё барои харидории ин гуна сарулибос аз музди моҳонаи онҳо маҷбурӣ гирифта мешавад.

Ҳатто аз як мавориде дар бемористони марказии ноҳияи Истаравшан дар шимоли кишвар ҳикоят шуда буд, ки ёриҳои башарии як соҳибкор ба табибонро баъд аз тавзеъ  ва бардоштани навор барои телевизион аз дасти онҳо бозпас гирифтанд.

Ин бор аз як манбаи мӯътамад барои мо хабар расид, ки як парастор бо номи Машҳура Қурбонова, ки дар бемористони марказии ноҳияи Истаравшан ба табобати гирифторони коронавирус машғул буд, худ ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аммо роҳбарияти беморхона аслан аз ҳолаш хабар намегирад ва баракс аз сари маошаш, ки ҳамагӣ 1400 сомонӣ будааст, 400 сомонии онро  гирифтаанд. Шӯъбаи муҳосиботи беморхона 1000 сомнӣ дода ва аммо намегӯяд, ки чаро 400 сомонии онро боздоштаанд? Тибқи гуфтаи худи парастор дар 500 сомонӣ маводи доруворӣ харида ва ҳоло дар манзили зисташ ба худдармонӣ машғул аст. На ҳукумати ноҳия ва на сардухтур ҳатто аз ҳолаш напурсидаанд ва кумаке ҳам накардаанд. 

Зимнан, манбаъ мегӯяд, шурӯъ аз маоши моҳҳои январ, феврал ва марту апрел ҳам  як миқдорӣ аз маоши кормандонро кам додаанд. Дар пурсиш, ки чаро ин тавр шуааст, сардухтур ҷавоб додааст, ки бароятон либосҳои муҳофизатии тиббӣ харида додем. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза ВАО-и наздик ба ҳукумат аз кумаки зиёди дохилию хориҷӣ мегӯянд, ки ба табибони тамоми навоҳии кишвар ройгон расонида мешвад. Вале воқеияти ҳол дигар чизро мегӯяд. 

Барои ҳама маълум аст, дар аксар беморхонаҳои кишвар, аз он ҷумла, дар беморхонаи Истаравшан ин сарлубоси махсусро тамоми табибон аз ҳисоби беморон харидорӣ мекунанд ва илова бар ин, ин сарулибосҳо тавассути ёриҳои башарӣ ҳам дастрас карда шуда буданд. Вале онҳое, ки ба тафтишу бозрасӣ меоянд чаро ин ҳама далелҳоро намесанҷанд? Ҳатто барои тафтишот ҳам аз табибон пул ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи манобеи мӯътамад худи Давлатзода либосҳои муҳофизатии тиббиро мефурӯшад, илова бар ин, аз маошҳо дошта истодаанд. “Ин корҳо то кай идома меёфта бошад”, навиштааст ин манбаъ. Ёдрас мекунем, ки сардухтури бемористони мазкур, ки аз ӯ Давлатзода ёд мешавад, аз соли 2014  ба ин вазифа таъин шудааст.

Зимнан дар моҳи гузашта сардухтури бемористони ноҳияи Вахш, ки насабаш Абдувалиев гуфта мешавад, барои фурӯши сарулибосҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ дастгир карда буданд. Инчунин, чанд рӯзи пеш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб низ барои фурӯши кумакҳои башардӯстона ва гирифтани ришва барои дастгоҳҳои танаффусӣ аз тарафи мақомоти амниятӣ боздошт шуда буд.

Аммо суол ин аст, ки чаро дар ҳоле Раҳмонов бо як фармон маоши кормандони тибро барои се моҳ дар ҳаҷми як маоши дигар афзоиш дод, мавориди кам кардани музди моҳона дар кишвар характери ҳамагонӣ касб мекунад? Қаблан табибон аз ноҳияи Айнӣ низ шикоят карда буданд, ки аз моҳонаи онҳо барои сеюумин бор аст ки 300 сомонӣ кам мекунанд. 

Афзоиши корҳо дар сохтмони Роғун ва ё ҳисоботи бардурӯғ?

0

Хабаргузории Авесто аз қавли мақомоти Тоҷикистон навиштааст, ки дар семоҳаи дуввуми сол ҳаҷми корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмони неругоҳи Роғун аз ҷумла, маҳалли поёнии сарбанд ва нақбҳои обпарто бештар шудааст.

Манбаъ гуфтааст, шурӯъ аз моҳи июн дар чархаи аввал, ки ноябри соли 2018 ба кор андохта шуда буд корҳои профилактикӣ тибқи нақша идома дорад. Чархаи 2 -юми неругоҳ, ки дар сентябри соли 2019 ба фаъолият пардохта буд тибқи реҷа кор карда истодааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд дар буҷети имсола барои идомаи корҳои сохтмонӣ 2,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Маблағи пешбинишуда баробар бо ҳаҷми маблағи ҷудошуда дар соли гузашта мебошад. Неругоҳи Роғун, ки дар фосилаи 110 кми Душанбе ҷойгир аст, 9-мин неругоҳи  барқи обӣ дар силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ба ҳисоб меравад. Неругоҳи Роғун аз 6 агрегат, ки 600 МВТ зарфият доранд, иборат аст. Бо вуҷуди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду чархаи неругоҳ ҳамоно дар тирамоҳу баҳори соли гузашта ва баҳори соли равон тӯли бештар аз як моҳ ба аҳолии кишвар барқ бо маҳдудият дода шуд. Президент Раҳмон чандин бор ваъда дод, ки лимит тамом шуд ва ҳатто гуфта буд, ки он ба афсона табдил ёфт. Аммо  ба назар мерасад фурӯши барқу оби рӯдхонаҳои ҳавзаи Ому ба кишварҳои поёноб, сабаби он мешавад, ки солҳои баъдӣ низ дар аввлҳои баҳор, айни кишту кор, мардум дар истифодаи барқ танқисӣ бикашанд. Мунтақидони Раҳмон иллати ин мушкилотро дар он мебинанд, ки пули об ва барқи содиротӣ мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмон дар хориҷа ворез мешавад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳои онлайнии худ гуфта буд, ки аз ин ҳисоб Раҳмонов  солона даҳҳо миллион доллар фоида ба даст меоварад.

Афзоиши корҳо дар қитъаҳои Роғун дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қаблан хабарҳо дар мавриди аз апрел то ба июн напардохтани маоши коргарони ин неругоҳ низ ба нашр расида буд. Ҳамчунин аз мавридҳое сӯҳбат мешавад, ки дар ин неругоҳ муҳосиботи дугона ба таври васеъ истифода шуда ва маблағҳои ҷудошуда аз буҷет дуздида мешаванд.

Баландии сарбанди Роғун 335 метр аст, ки аз баландтарин сарбандҳо дар ҷаҳон дониста мешавад. Бо анҷоми корҳо ва мавриди баҳрабардории комил қарор гирифтани Роғун солона 3600 МВт (бештар аз17 млрд. квсоат) неру истеҳсол мекунад.

Гқрӯҳи дуюми табибони Лаҳистон вориди Душанбе шуданд

0

Ҳайати 9 нафараи пизишкон аз Лаҳистон якҷо бо коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 14  ба Тоҷикистон омаданд.

Ин дуввумин ҳайати пизишкони Лаҳистон аст, ки феълан барои мубориза бо коронавирус ва кумак ба ҳамтоёни тоҷики худ дар ин кишвар қарор доранд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи сафари ҳайати табибони кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо пизишкон тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд. Ҳайати нахустини табибони лаҳистонӣ  6-июн бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки  дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон бозбинӣ намуда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки барномаи мо садо медиҳад пизишкони лаҳистонӣ дар ВМКБ қарор доранд.

 Хабаргузории расмии “Ховар” навиштааст, ки  рӯзҳои наздик сафари кории ин гурӯҳ аз табибони Лаҳистон ба вилояти Суғд низ доир шуда, дар назар аст табибон зимни  сафар аз кори мутахассисони муассисаҳои тандурустии вилоят боздид намоянд.

Сафари ҳайати табибони аврупоӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле аст ки мақомоти тоҷик вазъи воқеии коронавирус дар кишварро пӯшида нигоҳ медоранд. Мақомот мегӯянд, ки шумори мубталоён ба ин беморӣ коҳиш ёфта истодааст. Аммо хабарҳое, ки мерасанд ҳикоят аз он мекунад, ки муомилаи дуруш ва талаби маблағи зиёд, гирифторони ин беморӣ дар кишварро водор кардааст, ки ба худдармонӣ дар манзили зисташон машғул шаванд. Гуфта мешавад айни замон коронавирус аз шаҳрҳо ба деҳот интишор ёфта мардуми зиёдеро гирифтор кардааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам мегуяд, ки Тоҷикстон ҳанӯз авҷи ин бемориро пушти сар накардааст.

Оғози бозгашт ба зиндагии маъмулӣ. Лағви маҳдудиятҳо дар марказҳои хизматрасонӣ ?

0

Шурӯъ аз имрӯз 15 июн тасмими маҳдудият дар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус бояд бекор карда шавад.

Хабаргузории Спутинк навиштааст, ки бар пояи ин қарор дар кишвар бозорҳо, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, сартарошхонаҳо, ва ғайра ба реҷаи муқаррарии корӣ баргаштанд. Шарти асосӣ барои ба кор оғоз кардани муассисаҳои мазкур, безараргардонии макони кор, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ва қабули мизоҷон бо ниқобҳо мебошад.

Бар пояи қарори Ситоди муқобала бо коронавирус назорати риояи чунин талаботро бояд масъулини корхонаву муассисаҳо хуб ба роҳ монанд. Ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон тағйиротеро ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қабул кард, ки бар асоси он барои паҳнсозии такрории бемориҳои сироятӣ аз 5 то 10 соли зиндон ва ҳамзамон ҷарима пешбинӣ шудааст. Инчунин бар асоси тағйирот ба Кодекси маъмурии кишвар нафароне, ки бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд. Ин тағйирот пас аз қабули Маҷлиси миллӣ ва имзои раисиҷумҳур қонунӣ хоҳад шуд.

Бино ба оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронаиврус дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 35 нафар мерасад.Ба навиштаи “Азия плюс”дар сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн бояд мудом корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида шуда, дар бозору марказҳои савдо қоидаҳои бехатарӣ риоя шаванд. Масалан, дар даромадгоҳи бозорҳо ҳарорати шахс санҷида мешавад.Минтақаҳои истироҳат низ боз мешаванд. Аз ҷумла, маҷмааи истироҳату фароғати “Кӯли Душанбе” эълон кард, ки аз 13 июн ба фаъолият оғоз мекунад.

Ёдрас мекунем, сохторҳои низоми хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе нахуст аз охири моҳи апрел то нимаи моҳи май ва баъдан то нимаи моҳи июн фаъолияти худро қатъ карданд. Дар пайи ин беморӣ 50 тан фавтиданд ва 3 ҳазору 409 нафар шифо ёфтаанд. Аммо манобеи мустақил аз марги наздик ба 440 нафар мегӯянд. Маълум нест Тоҷикистон бар асоси чи бисёре аз маҳдудияҳоро аз байн мебарад дар ҳоле, ки Бактигул Карриева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон, пештар гуфта буд дар Тоҷикистон авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст. Аммо мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар оморҳои вобаста ба ин беморӣ  ривояти худро дорад, ки дар аксари вақт хилофи воқеъиятиҳост. 

Кашфи нишонаҳои нави COVID-19

0

Бинобар гузориши хабаргузории (Раша тудей) дар натиҷаи як таҳқиқоти тоза нишонаҳои нави бемории КОВИД-19 кашф шудааст. Ин нишонаҳои нави кашфшуда ба тангии нафас ва ҳарорати баланд, ки аз нишонаҳои аслии ин беморӣ гуфта шудааст,  рабте надоранд.

Бинобар гузориши ин таҳқиқот, ки мутахассисон дар Донишгоҳи Ливерпул анҷом доданд ва онро рӯзномаи “Gastroenterology” нашр намудааст, ин вируси оламгир бо илова бар нишонаҳои қаблӣ алоими дигаре низ доштааст. Ин нишонаҳо аз қабили илтиҳоби умумӣ, баланд шудани қанд ва ҷарбиҳо (холастерин) дар хун мебошанд. Олимон ин таҳқиқоти тозаи худро рӯи бемороне анҷом доданд, ки бештарашон ҷавононе ҳастанд, ки аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ ранҷ мебранд.

Инчунин олимон дар як идда беморони гирифтор ба КОВИД-19 илтиҳоби шадиди панкретит, яъне ғадуди зери меъда мушоҳида намуданд, ки ин алоими нави бемории КОВИД-19 буда, пеш аз ин кашф нашуда буд.

Амалиёти террористи дар Афғонистон. Таркондани масҷидҳову куштани олимони дин

0

Имрӯз дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари як амалиёти террористӣ имоми масҷид ва чанд тан аз намозгузор ҷон бохтанд. Ҳангоми адои намози ҷумъаи 12 июн дар масҷиди Шершоҳи Сурӣ, қисмати ғарбии шаҳри Кобул таркиш рух дода, ҷони имоми ин масҷид мавлавӣ Азизуллоҳи Муфлиҳ ва чандтан аз намозгузоронро рабуд.

 Бино бар гузориши Маркази матбуоти Вазорати дохилаи Афғонистон маводи тарканда дар дохили масҷид аз қабл ҷосозӣ шуда будааст. Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории “Тулӯъ нюз (tolonews)” гуфтаанд, ки дар ин таркиш беш аз даҳ тан намозгузорон захмӣ шудаанд. Захмиёнро ба бемористон интиқол доданд ва вазъияти саломатии онҳо хуб арзёбӣ шудааст. Ториқ Орин сухангӯи ВУД Афғонистон кушта шудани имомҷумъаи масҷиди мазкурро таъйид намуда, гуфтааст, ки гурӯҳи тафтишотии вазорат дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва таҳқиқот оғоз шудааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ва ё шахсе масъулияти ин амали террористиро ба душ нагирифтааст.

Ҳамла бар масоҷиду куштани имомон ва намозгузорон чандест аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Афғонистон идома дорад. Ҳафтаи гузашта низ як амали террористие дар масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон дар шаҳри Кобул рух дод, ки бар асари он яке аз руҳониёни шинохта Мавлавӣ Муҳаммадиёзи Ниёзӣ, устоди донишгоҳ ва имоми ин масҷид кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

ҲИЗБУЛЛО ШОВАЛИЗОДА БА 20 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

0

Ҳизбуллоҳ Шовализода, паноҳҷӯи тоҷик, ки пештар моҳи март аз кишвари Утриш (Австрия) истирдод ва ба Тоҷикистон оварда шуд, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мурофиаи судии ӯро махфӣ ва пушти дарҳои баста, бидуни ширкати наздиконаш баргузор кардаанд. Тафсилоте дар бораи мурофиа ва ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон дода нашудааст.

Ҳизбуллоҳ 29 сол дошта ӯро ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон, хиёнат ба давлат ва ғайра муттаҳам мекуанд. Дар ҳоле, ки масъулони ҲНИТ мегӯянд Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ин ҳизб набудааст. Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «муфаттиш рӯзи чаҳоршанбе занг зад ва аз ҳукми фарзандам хабардор кард. Гуфт, ӯро 20 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.» Ӯ гуфта, ки ба мурофиаи писараш «даъват нашудааст» ва намедонад, ӯро расман ба чӣ гунаҳкор карданд: «Аз моҳи март, ки Ҳизбуллоҳ ба Тоҷикистон оварда шуд, фақат як дафъа бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами 1 мулоқот кардам, тамом. Аз саломатиаш шикоят надошт. Дигар чизеро намедонем». 

Шовализода пештар аз кишвари Утриш дархости паноҳандагӣ кард, вале дархосташ рад шуд ва ӯро рӯзи 5 март баъди ду моҳи нигоҳ доштан дар боздоштгоҳи Вена ба мақомоти Тоҷикистон таслим карданд. Фаъолони тоҷик дар шаҳри Вена барои насупурдани Шовализода ба Душанбе эътироз карданд, вале мақомоти Австрия ӯро рӯзи 4 март ба Истамбул ва аз онҷо ба Душанбе фиристод. Фаъолон мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани ӯ ба Душанбе ӯро шиканҷаву зиндон интизор аст. Мақомоти Тоҷикистон даъво доштанд, ки дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Утриш далелҳо пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст

0

Додгоҳе дар Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст. Ин муҳоҷирон гуфтаанд новобаста аз маҳдудиятҳои ношӣ аз коронавирус ва манъи ҳаракат ва равуо ва баста будани марзҳо, ҳукми онҳо содир шудааст ва феълан ин гурӯҳи муҳоҷирон дар гузаргоҳи Жибек Жоли, байни Қазоқистону Узбекистон, қарор доранд. ​

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтааст, дар бораи ихроҷ шудани шаҳрвандони кишвар ҳеч иттилоъ нагирифтааст. Аммо айни ҳол дар гузаргоҳи сарҳадии Жибек Жоли шумори муҳоҷирони бандмонда 178 нафар ҳисоб шудааст. Ончуноне гуфтем беш аз панҷоҳ нафари онҳо мегӯянд, аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд. Бархе аз онҳо нусхаи қарори додгоҳро ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Ба онҳо муҳлат дода шудааст, ки дар давоми се рӯз ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд. Бештари қарорҳо рӯзҳои 2 ва 3-юми июн содир шудаанд. Дар сурати тарк накардани қаламрави ин кишвар онҳоро ҷазои сахттар, яъне зиндон таҳдид мекунад. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ваъда дода буданд, то 10-уми июл ба муҳоҷирон ҳаққи дуруст кардани санадҳояшонро медиҳанд ва касеро ихроҷ намекунанд. Меҳроб Каримов, муҳоҷири 32-солаи тоҷик аз ҷумлаи онҳоест, ки дар даст қарори ихроҷ дорад. Ӯ мегӯяд, аз як сӯ онҳоро ихроҷ кардаанд, вале аз сӯи дигар аз марз имкони берун шудан намедиҳанд. Меҳроб бо гурӯҳе аз муҳоҷирон охири моҳи феврал барои кор ба Қазоқистон рафта буд. Дар моҳи март дар ин кишвар карантин эълон шуд ва онҳо натавонистанд, кор кунанд. Сафорати Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн навишт, “аз ҷониби он шаҳрвандоне, ки дар сарҳад ҷамъ омадаанд, дар ин бора ба намояндагӣ ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ муроҷиат нашудааст”.

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз рӯзи аввали мушкил сафоратро огоҳ карда буданд ва сабти суҳбат бо кормандони сафоратро дар даст доранд. Сиёвуш Тешаев, яке аз муҳоҷирон мегӯяд, рӯзе, ки боздошт шуданд, фавран ба сафорат занг заданд. “Сафоратро ҳамон рӯз огоҳ кардем ва ҳамарӯза занг мезанем. Пеш аз мурофиаи додгоҳӣ сафорат мегуфт, ки натарсед, ихроҷ намекунанд, ҳар куҷое рафтед, занг занед, вале вақте қарори ихроҷамон баромад, муносибат дигар шуд”.

Масъулони сафорат дар посух ба суоли Радиои Озодӣ навиштаанд, мақомоти Қазоқистон дар давраи эълони пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро иҷборӣ хориҷ намекунанд

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд: “Сафорат то имрӯз маълумоте дар даст надорад, ки нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби тарк накардани қаламрави Қазоқистон аз ҷониби мақомоти масъули ин кишвар дастгир ва ба маҳкама кашида шуда бошад. Аз ҷумла, он шахсоне, ки Шумо зикр кардаед, то ҳол дар қаламрави Қазоқистонанд (на берун аз он дар ҳудуди нейтралии байнисарҳадӣ) ва то кушода шудани сарҳади Узбекистон, Қирғизистон ё барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ва пайдо шудани имконияти хуруҷ метавонанд дар кишвари иқомат қарор дошта бошанд”.

Муҳоҷирони дармонда мегӯянд, дар санадҳое, ки дар даст доранд, ҳушдор дода шудааст, дар сурати тарк накардани ҳудуди ин кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Онҳо мегӯянд, дар вазъе қарор доранд, ки на мақомоти тоҷик онҳоро мешунаванд, на мақомоти Қазоқистон. Шаби 2 ба 3-юми июн аз марзи Қазоқистон бо Узбекистон беш аз 200 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро ба ватан баргардонданд. Як рӯз пас даҳҳо муҳоҷири дигар дар марз ҷамъ шуданд. Мақомот он замон гуфтанд, ки муҳоҷирон аз вазъ истифода мекунанд ва бе ҳеч сабаб мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Он вақт мақомот аз муҳоҷирон хостанд, то анҷоми карантин дар кишвари иқомати худ бимонад.

Муҳоҷирони ихроҷшуда  мегӯянд,ки мушкилоти онҳоро танҳо давлатҳо ҳал карда метавонанд.Аз ин рӯ давлати Тоҷикистон вазифадор аст ки то дер нашуда ба мушкилоти ин муҳоҷирон бирасад.Зеро онҳо наметавоанд муддати тӯлонӣ дар байни марзи ду давлати дигар бимонанд.Ин ҳам дар ҳолест,ки бархе аз кишварҳо аз ҷумла Туркия ҳатто барои бозпас овардани як шаҳрвандаш ҳавопаймо фиристодааст. Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси созишнома, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ доранд бар асоси квота дар Қазоқистон кор кунанд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

COVID-19 Ошкоршавии иқтисоди заъиф ва мудирияти нодурусти Тоҷикистон

0

Хабаргузории расмии “Ховар” матлаберо дар робита ба дастури Президент Раҳмон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ » ба нашр расонидааст.

Дар ин матлаб бо ситоиш аз ин фармон таъкид шудааст, ки дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар феълан дар авлавияти барномаҳои ҳукумат қарор доранд.

Ҳамзамон бо ин гуфта мешавад, ки бо сабаби хуруҷи бемории сироятии СOVID-19  қатъ шудани мусофиркашонии байналмилалӣ ва роҳандозии тадбирҳои  карантинӣ дар кишварҳо корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон бештар зарар диданд ва даҳҳо ҳазор нафар кормандони соҳа ба рухсатӣ  фиристонда шуданд.                                                                                           

Манбаи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Ховар таътили андозӣ ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия  аз 1 апрел то 1 сентябри соли ҷориро яке аз дастгириҳои муҳимми ҳукумат ба ин арсаҳо маънидод кардааст. пешбинӣ карда мешаванд.Таъкид шудааст,ки дар соҳаи сайёҳӣ тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар ба ҳолати 1 майи соли 2020 — 215 ширкат ва 282 субъектҳои хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ҳостелҳо бо шумораи умумии 4648 корманд фаъолият мекардаанд. Бо мақсади дастгирии гурӯҳи соҳибкорони инфиродӣ онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд. 

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар кишвар 298,5 ҳазор соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд ва тибқи ҳамин маълумотҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият менамуданд. Бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, онҳо аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 1 май то 1 августи соли 2020 озод карда мешаванд. То охири соли 2020 мавқуф гузоштани баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳоле аз ба истилоҳ чораҳои дастгирии иқтисоли кишвар аз тарафи ҳукумат дар марҳалаи короноро тамҷид кардааст,ки коршиносон ва таҳлилгарон ин ҳама тадбирҳоро нокофӣ ва камсамар арзёбӣ мекунанд. Ба унвони мисол мегӯянд ин коршиносон ҳукумат дар ҳолен соҳикории хурду миёнаро таътили андозӣ додаастки ҳанӯз аз чанд вақт ба ин сӯ онҳоро волор ба пешпардохт карда буд ва ҳоло маълум нест, ки ин соҳибкорон пардохти пешакиашонро пас мегиранд ва ё ба қавли мардумӣ онҳо сӯхтанд. 

Аз тарафи дигар вақте ҳукумат дар бораи об,барқ ва алоқа гап зада миннат мегузорад,ки дар ин давра аз афзоиши баҳои он худдорӣ мекунад,ин ба он монанд аст ки ҳар се сол як бор қонуни афв қабул карда онро тавре татбиқ мекунад, ки барои мисол ба афроде мисли Муҳаммадрӯзи Искандаров,ки наздики 20 сол аст дар зиндон аст ҳатто наздикӣ намекунад. Дастур «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ”, ки ҳукумат бо имзои Раҳмон қабул кардааст, низ айни ҳамин қонунҳои афв аст, ки ба гурӯҳҳои воқиан ниёзманд кадом кӯмаке намерасонад.

Коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд қабули ин гуна чораҳои ба истилоҳ зидди короноӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон аслан аз шарми бақия кишварҳои дунё,ки воқиан ҳам тадбиру чораҳои муассире ба роҳ андохтанд,то мардум камтар хисорот бубинад ва дуввуман бар асари фишорҳои ниҳодҳои ҷомеаи мадании кишвар аз ҷумла, Паймони миллии Тоҷикистон, ки айни ин чораҳоро талаб карда буд, қабул шудааст. Аммо дар асл заъфи иқтисод ва нотавонии мудирияти дар кишварро ошкор кардааст.