Хона блог саҳифа 861

Ҳукми омилони “ҳамлаи Ишқобод” – посгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии омилони ҳамла ба посгоҳи Ишқобод дар ноҳияи Рӯдакиро ба итмом расонидааст.

Хабаргузории Sputnik. бо такя ба маркази матбуоти Додгоҳи Олӣ навиштааст, ки “Дар ҳоли ҳозир иттилое, ки метавонем дар ихтиёри ҷомиа гузорем ҳамин аст: парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукми Судӣ Олӣ қабул шудааст ва эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Нисбати маҳкумшудаҳо муҳлатҳои гуногун ҷазои ҷиноятӣ татбиқ шудааст”.  

Яке аз вакилони дифоъи ин парванда низ ба ин хабаргузорӣ гуфта, ки парванда ниҳоӣ шудааст ва азбаски махфист, тафсилоти он ироа нахоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ ба  “Азия-Плюс” низ хеле мухтасар дар ин бора сӯҳбат карда гуфтааст ки “Онҳо ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ҳама маълумотест, ки мо ба ВАО пешниҳод карда метавонем”. 

Дар маркази матбуот доир ба шумори дақиқи маҳкумшудагон ва дигар ҷузъиёти ҳукм маълумот надода, изҳор доштанд, ки тафсилоти дигар надоранд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён хабар дода буд, ки аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” Суди олӣ парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 9 нафар баррасӣ дорад. Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 — нафара ба дидбонгоҳи “Ишқобод” мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд. “Дар натиҷаи он 26 нафар, аз ҷумла мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон —4 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ — 5 нафар ва 1 корманди милиса куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд”;, — навишт нашрияи “Садои мардум”. Бино ба ин гузориш, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 22 нафар такмил ва ба суд ирсол шудааст. Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – ро гуруҳи террористии “ДОИШ”  бо интишори баёнияе дар сомонаи “Аъмоқ” ки гуфта мешавад, марбути ин гуруҳ аст, пас аз се рӯзи ҳодиса ба дӯш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ 26 декабр зимни паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро кори дасти аъзои созмони террористии ба ном “ДОИШ” хонда, онро талоши барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар кишвар арзёбӣ кард.

Вале ҳодисаи ҳамла ба ин посгоҳ ва ба гардан гирифтани он аз тарафи ДОИШ аз ҳамон лаҳазоти аввал дар миёни маҳофили коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ мавридди нобоварӣ ва шакку гумонҳо қарор гирифта буд.Зеро ҳеҷ гурӯҳи террористӣ барои анҷоми амалҳои террорист зану кӯдакҳои худро ба ҳамроҳ намеовард  ва низ бо пойҳои босоножки ва бидуни силоҳ ба як дидбонгоҳи низомӣ ҳуҷум намекард. Аз тарафи дигар дар соати аввали ин ҳамла дар сомонаи вазорати дохилӣ аксу тасовире мунташир шуд,ки ҳамлаварони кушташуда дастҳояшон бо завлонаҳо ва дар пушт баста шуда буд. Аммо баъди аввалин вокуниш вазорат ин аксҳоро аз сомонааш ҳазф кард. Иллати пушти дарҳои баста ва махфӣ доир кардани мурофиаро низ коршиносон ба он рабт медиҳанд,ки инҷо кадом амали террористӣ набуд,балки “разборка”миёни гурӯҳҳое буд, ки бо роҳбарияти кишвар иртиботи мустақим доранд.

Кореяи Шимолӣ Амрикоро таҳдид кард

0

Ба гузориши “Yonhap news” Вашингтон аз тасмими Кореяи Шимолӣ дар мавриди қатъи робитаҳояш бо Кореяи Ҷанубӣ интиқод намуда, онҳоро ба созиш даъват кардааст. Аммо дар робита ба изҳороти Вашингтон Кореяи Шимолӣ вокуниш нишон дода, Амрикоро бо лаҳни шадид ба “оқибатҳои нохӯш” таҳдид кардаатс. 

Кон Ҷонг Ҷун як масъули баланпояи Вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар ин бора мегӯяд, “Амрико агар аз оқибатҳои ногувор дур буданро бихоҳад, барояш лозим аст, аз онки ба қазияи Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дахолат мекунад, ба умури дохилии худ расидагӣ кунад”. Ва дар идома меафзояд, ки “масъалаи алоқаҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ масъалаи дохилии мардуми ин ду кишвар буда, ҳеч касе сарфи назар аз он ки ӯ кист, ҳаққи дахолат карданро надорад”.

Қаблан аз кам кардани робитаҳояш бо Кореяи Ҷанубӣ хабар дода, гуфта буд, ки ҳоло ин аввали кор аст. Ва баъдан кор ба қатъи комили робитаҳо анҷомид. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Кореи Шимолӣ аз мақомоти Кореи Ҷанубӣ талаб намуда буд, ки мухолифони ҳукуматашро боздошт намуда ба онҳо бисупорад, аммо мақомоти Кореяи Ҷануби талаби шимолиро напазируфт. Ин боис шуд, ки робитаҳои ин ду давлати ҳамсоя куллан қатъ бигардад.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар Туркманистон такрор мешавад?

0

Бинобар хабарҳои расида, дар Туркманистон аллакаи сафи беморони ба истилоҳ “илтиҳоби шуш” авҷ гирифтааст. Хабаргузории “Радиои Азатлик” 10-уми июн хабар медиҳад, ки дар Ишқобод паҳншавӣ ва гирифторони “пневмонияи шадид” зиёд ба чашм мерасад ва беморхонаи касалиҳои сироятии пойтахти Ишқобод аз беморон пур шудааст. Аммо мақомот ин кишвар иддао доранд, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад. 

Тибқи гуфтаи кормандони Маркази пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, баъзе беморон дар ҳолати вазнин қарор доранд, ҳолатҳои фавти беморон низ ба қайд гирифта шудааст. Табибон ба “Азатлик” гуфтаанд, “дирӯз як марди солхӯрдаро аз вилояти Ахал оварданд, ки нафаскашияш бисёр мушкил буд. Онҳо қарор доданд, ки флюрография кунанд. Аммо ҳолати бемор он қадар вазнин буд, ки ӯ дар зери дастгоҳи рентген ҷон бохт”.

“Ба гуфтаи табибон, шубҳа надоранд, ки ин коронавирус аст. Аммо ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки санҷиш гузаронанд ва умуман дар бораи коронавирус сӯҳбат бикунанд. Табибон ба пиронсолон ҳушдор медиҳанд, ки бояд боэҳтиёт бошанд ва ба ҳеҷ ҷой нараванд”, навиштааст Азатлик.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон вуҷуди коронавирусро дар ин кишвар рад мекунанд. Дар пасманзари изҳороти роҳбарияти Туркманистон дар бораи набудани COVID-19, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ аз мақомоти ин кишвар талаб доранд, маълумоти дақиқро дар мавриди ин беморӣ бо ҳисси масъулиятнокӣ ва саривақт ба мардум бирасонад.

Ҳамзамон намояндагони САҲА дар нишасти ахири худ мақомоти Ишқободро ба поймолкунии ҳуқуи инсон муттаҳм намуда, гузоирш медиҳанд, ки ҳуқуқи инсон дар ин кишвар поймол мешавад.

Айни ҳамин ҳолат дар Тоҷикистон низ вуҷуд дошт ва мақомот дар аввал намехостанд вуҷуди COVID-19-ро тасдиқ бикунанд, аммо як рӯз қабл аз омадани намояндагони СБҶ маҷбур шудаанд вуҷуди ин бемориро расман тасдиқ кунанд.

Коронавирус интихоботи президентиро дар Тоҷикистон ба таъхир меандозад?

0

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, чопи Душанбе дар як гузориш масъалаи баргузор шудан ва ё мавқуф гузоштани маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвар, ки қарор аст 6-уми ноябри соли ҷорӣ доир шавад бо масъулони аҳзоби сиёсии кишвар дар миён гузоштааст. 

Ин ҳафтанома менависад, ки коронавирус дар дигар кишварҳо ва ҳатто дар сатҳи ҷаҳон чорабиниҳои муҳиммро лағв кард ва ё иҷрои онҳоро ба вақти дигар гузошт ва навиштааст, ки таҳдиди мавҷи дуввуми коронавирус низ дар роҳ аст.

Оё эҳтимоли ба соли дигар гузаронидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад? Ва оё зарурати ба вақти дигар гузаронидани интихобот вуҷуд дорад? Ҳизбҳои сиёсӣ дар чӣ андешааанд? Оё онҳо ба интихобот омода ҳастанд? Бо ин суолҳо шореҳи ҳафтаномаи Тоқикистон ба суроғи аҳзоб рафтааст. Ва инак посухи намояндагони аҳзоби сиёсиро дар кишвар мешунавем. Идомаи мавзӯъ аз тарафи ҳамкорам.

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси ҲХДТ (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон) гуфта ки  Масъалаи якум дар шароити имрӯза муқовимат бо бемории сироятии коронавирус мебошад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Президент Раҳмон ҳоло машғули бартараф намудани пандемияи корона буда кушиш дорад то ин вабо аз кишвар гум нобуд шавад.Ба иддаои  Азизӣ дар Тоҷикистон коронавирус рӯ ба коҳиш буда пас аз байн бурдани ин беморӣ, ҳизб омодагӣ ба интихоботи дар пешистодаи президентиро мегирад. Муовини ҲХДТ гуфтааст, ки Он номумкин аст, ки интихобот ба вақти дигар гузошта шавад. Ҳоло то маъракаи муҳими сиёсӣ фурсат ҳаст. Барнома ва ҳадафҳои ҳизби мо бошад, барои мардуми кишвар маълум аст.

Раиси ҲАТ бошад мегӯяд, ки бемории коронавирус набояд сабаби баргузор нагардидани интихоботи президентӣ шавад. Ӯ низ ақида дорад, ки шиддати вирус дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯ ба пастравӣ дорад. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ:ҳам мегӯяд ки мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин чорабинии сиёсӣ дар вақти пешбинишуда 6 ноябри соли 2020 доир гардад. Бемории коронавирус наметавонад асос барои ба вақти дигар гузаронидани интихобот шавад. Айни ҳол дида мешавад, ки он рӯз ба рӯз дар Тоҷикистон рӯ ба коҳишёбист. Рустам Қудратов, раиси ҲИИТ тақрибан гуфтаҳои болоро таъйид карда гуфта, ки то интихобот вақт ҳаст, ҳоло пеш аз ҳама, аз байн бурдани ҳамин беморист. Ба гуфтаи ӯ мо ба ин беморӣ ғолиб меоем ва интихоботи президентӣ ҳам дар вақти муқаррарӣ доир мешавад. Мироҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ бар иловаи гуфтаҳои ҳамтоҳояш изофа карда, ки дар пешорӯи интихобот, мо ҳоло ягон барномаеро рӯи даст надорем. Албатта, мо номзадҳои арзандаро дастгирӣ мекунем, вале то кунун андешаи иштироки номзади худ ба интихоботи президентиро накардаем. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ бар ин назар аст, ки ҳоло нуқтаи авҷи бемории коронавирус дар Тоҷикистон гузаштааст. Шумораи беморон рӯ ба коҳиш дорад. Аз ин рӯ, ҳеч монеъе дар баргузории интихоботи президентӣ намебинад. Ва дар ниҳоят ` Ҳакимов, муовини якуми раиси ҲСДТ дар ин маврид қисман назари дигаргуна дорад. Ӯ гуфтааст, ки агар роҳбарияти сиёсии кишвар ва ниҳодҳои марбута дарк кунанд, ки яке аз шартҳои муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, эътибори байналмилалии он аз интихоботи шаффофу демократӣ вобастагӣ дорад, бояд иродаи сиёсиро ташаккул диҳанд. Кафолати номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми президентӣ ва шароиту имконияти баробар низ ба аҳзоби сиёсӣ фароҳам оварда шавад. Зеро Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам барномаи худро дорад. Агар дар Тоҷикистон вазъияти  фавқулода эълон шавад, он вақт дар мувофиқа бо Шӯрои амнияти СММ ҳама гуна маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихобот, набояд баргузор гардад. Ҳоло дар робита ба пандемияи коронавирус дар мо карантин эълон нашудааст, тадриҷан беҳбудӣ эҳсос мешавад. Бинобар ин, интихоботи президентӣ ҳамин сол баргузор мешавад.

Онгуна ки ба мушоҳида расид ба ҷуз аз комунистҳо ва сотсиал-демократҳо на танҳо баргузории интихобот, балки ширкати номзади худ дар онро низ тасдиқ кардаанд. Аз инҷост, ки ҳатто дар сурати бадтар шудани шароити беҳдоштӣ интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Чӣ гунае ки ба рағми тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон наврӯз доир кард ва ҳоло низ ҳанӯз ин беморӣ фурӯкаш нашуда то чанд рӯз пас дар Масчо иди Ваҳдатро доир хоҳад кард.

Фавти 11 маҳбус аз коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон

0

Даргузашти 11 зиндонӣ дар Тоҷикистон бар асари сирояти коронавирусро мақомоти ин кишвар такзиб мекунанд. Аммо бар пояи ахбори расида аз наздикони маҳбусон ва матлабҳои нашршуда дар шабакаҳои маҷозӣ ин шумора аз маҳбусон ба маҳзи гирифторӣ ба ин беморӣ вафот кардаанд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон дар як гуфтугӯ бо “Озодӣ” таъйид мекунад, ки дар ин муддат 11 маҳбус дар зиндонҳо дар пайи беморӣ ҷон бохтанд. Аммо гуфтааст онҳо гирифтори пневмания будаанд ва инро муоинаи пизишкон тасдиқ кардааст: “Пизишкони мо ташхис карданд, ҳамаашон илтиҳоби шуш ё пневмония баромаданд”.

Сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъйид мекунад, ки ҳамин ҳоло низ 7 тан аз маҳбусон бо таби баланд бистарианд, дар ҳоле, ки ҳарорати баланд яке аз аломатҳои коронавирус дониста мешавад. Аммо таъкид кардааст, ки адади онҳое, ки мубталои таби баланд ҳастанд, дар муқоиса бо рӯзҳои пеш коҳиш ёфтааст. 

Ин гуфтаҳои Умаровро наздикони маҳбусони фавтида қабул надоранд ва мегӯянд, ки бастагони онҳо ба маҳзи гирифторӣ ба коронавирус ва бадтар аз ин бетабобат боқӣ гузоштани онҳо сабаби маргашон шудааст. Бастагони Абдулфайз Раҷабов, маҳбуси 47-сола қаблан гуфта буданд, ки ӯ аз бемории COVID-19 дар зиндон вафот кардааст. Раҷабов рӯзи 9-уми май дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе фавтид. Мақомот сабаби марги ӯро ҳам илтиҳоби шуш ё худ пневмония гуфта буданд. Идомаи мавзӯъро мешунавем. 

Пештар хабарҳо аз гирифтории Раҳматуллои Раҷаб, узви Раёсати олии зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо Ковид-19 аз тарафи пайвандонаш расоанӣ шуда буд..Шӯҳрати Раҳматуллоҳ, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб навишта буд, ки ташхиси рентгении падарашро ба як лабораторияи хориҷӣ бурда ва “вуҷуди 90% аломатҳои коронавирус”-и ӯро ташхис нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ аз падараш ва дигар маҳбусон тест нагирифтаанд ва доруҳои заруриро ҳам худашон ба зиндон дастрас мекарданд. Мушкилоти дармону табобати маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ва шароити беҳдоштии он на як бору ду бор мавриди баҳсу баррасӣ дар расонаҳои расмиву ғайрирасмӣ шудааст.

Ахиран Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, ки чанд солеро ҳам дар зиндонҳои Душанбе гузаронд бо як навиштаи муфассал навишт, ки ҳатто табибони зиндонҳо умдатан таҳсилоти олӣ надоранд ва ё ҳатто байтор-табибони ҳайвонҳо ҳастанд. Аз тарафи дигар Қудратов мегӯяд, ҳатто одитарин ва арзонтарин қурс ва ё таблеткаро наметавон бидуни пардохти як маблағи даҳ баробар аз арзиши он дастрас кард. Гузашта аз ин санчаст ва ё қисмҳои тиббӣ барои маҳбусони пулдор ба як “осоишгоҳ” табдил шуда ва дар асл ҳамчун “кормушка”-и роҳбарони зиндонҳо истифода мешавад. Бо ин вуҷуд Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин мушкилот рафъ шудааст. Ӯ мегӯяд: “Аслан масъалаи ҷойи хоб, дору нест, рентген ва дастгоҳи нафасдиҳӣ дар ҳамаи зиндонҳо ҳаст ва дар ин самт мушкилот надорем. Зиндонҳои Тоҷикистон бо доруҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳӣ таъмин мебошанд”.

Надодани имконият ва иҷозат ба ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки бо дархости намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мехостанд, ки вориди маҳбасҳо бишаванд то аз вазъияти зиндонҳо огоҳӣ пайдо кунанд, шакку гумонҳо дар мавриди беҳдоштии шароит дар зиндонҳоро бештар доман задааст. 

Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон “сабук”  ва аз 50-сола боло шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон аз охири моҳи март манъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 16-уми май, ҳамсари Муҳаммадали Ҳаит ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нома навишта, хостори мулоқот бо ҳамсараш шуда буд. Ин пас аз онест, ки Мансурҷон Умаров, сардори муассисаҳои ислоҳӣ дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки зиндониён ҳақ доранд тариқи телефон бо наздиконашон ҳамсӯҳбат шаванд. Аммо чунин ҳақро бо далели дар СИЗО будани Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳамсари ӯ надоданд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-уми июн ҳамсари Маҳамадалӣ Ҳаит, хонум Савринисо ба мо хабар дода буд, ки пас аз ирсоли нома ба унвонии Мансурҷон Умаров 18 рӯз боз интизори ҷавоб аст, вале то ҳол ҳеч хабаре нест.

Аммо рӯзи 11 июн хабар расид, ки аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии кишвар ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит занг зада гуфтаанд, ки дархосташон рад шудааст, ба хотири он ки Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳабси якумра маҳкум мебошад ва ин имтиёз, яъне сӯҳбати телефонии зиндониён бо хонаводаҳояшон, ба маҳкумшудагони умрбод амалӣ намешавад. Ҳамзамон писари Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадиқбол, як зиндонии дигари сиёсӣ, ки бо ҳукми абад дар зиндон қарор дорад, ин гуфтаҳоро низ дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард.

СММ амалкарди пулиси Амрикоро “ваҳшигарӣ” хонд

0

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу” Дабири кулли Созмони Милалаи Муттаҳид Антонио Гутерриш амалкарди пулиси Амрикоро дар баробари Ҷорҷ Фулоид “ваҳшигарии пулиси Амрико” хонда, иброз доштааст, ки ин амалкарди пулис сабаби асосии гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳои мардумӣ дар аксари давлатҳои дунё мебошад.

Ин гуфтаҳо дар мактуби Дабири кулли СММ, ки ба намояндагони ин созмон дар Ню-Йорк ва рӯзноманигорон фиристода, дарҷ гардида аст. Антонио Гутерриш таъкид месозад, ки бархурди ваҳшиёнаи пулис бо Ҷорҷ Флоид боиси эиътирозҳои васеъ гашта, сараввал дар худи Амрико ва баъдан дар саросари олам паҳн гашт. Номбурда дар баёния меафзояд: 

Дабири кулли Созмони Милалаи Муттаҳид Антонио Гутерриш мегӯяд: “Мо бо як мушкилии ҷиддӣ рӯ барӯ хоҳем шуд, ки он ҳам бошад вабои нажодпарастӣ аст. Ва мавқеи СММ дар баробари нажодпарастӣ хеле равшану возеҳ аст. Идома ёфтани ин падида поймоли оинномаи СММ ба ҳисоб рафта арзишҳои асосии инсониро рӯз ба рӯз заифтар мегардонад.”

Дабири кулли СММ рӯи масъалаи нажодпарастӣ таъкид намуда, афзудааст, ки ин роҳнамоиҳо ба ҳеч ваҷҳ маънои онро надорад, ки масъулони СММ дар баробари нажодпарастӣ бетараф бошанд, баракс, ҳечгуна мамнуияте барои ибрози ҳамбастагӣ ва ё мушорикати мусолиматомези мардумӣ вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, ки аз 26-уми май то имрӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз кушта шудани Ҷ. Флоиди африқоитабор аз ҷониби пулиси ин кишвар шоҳиди эътирозҳои густардаи мардумӣ гаштааст. То онҷо ки байни эътирозгарону пулис даргириҳо ба амал омада ва то рафт сафи эътирозгарон барои ҳамбастагӣ бо мардуми Амрико дар аксар давлатҳои дунё меафзояд. 

Оғози сулҳ бпйни Толибону ҳукумати Афғонистон

0

Манобеи хабарии Афғонистон аз мувофиқати гурӯҳи толибон барои оғози музокироти сулҳи байни афғонӣ хабар доданд.

Бинобар гузориши хабаргузории “Орёно нюз” толибон пешниҳоди Кобулро барои сулҳи байни афғонӣ пазируфтанд. Ва макони даври аввали музокиротро дар давлати Қатар интихоб намуданд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи сешанбе зимни нишасти хабарӣ эълом кард, ки 3000 толибони зиндониро озод карданд ва умедворанд, ки бо ин амал роҳро барои музокирот байни гурӯҳҳои афғонӣ боз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳои Афғонистон имрӯз дасти кам аз захмӣ шудани панҷ низомӣ дар даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои артиши ин кишвар ва аъзоёни толибон дар вилояти Ғазнӣ хабар медиҳанд.

Ҳамзамон тибқи гузориши “Орёно нюз” имрӯз чаҳоршанбе 10 июн дар натиҷаи як амалиёти хос нерӯҳои вижаи Амнияти миллӣ дар вилояти Нангарҳор як ҳавопаймои ҷангии бесарнишин ва силоҳҳои сабуку вазнини толибон ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтоданд.

41 миллион доллари Бонки осиёии рушд барои Душанбе

0

Ҷиҳати тармим ва беҳтарсозии шабакаи обу корези шаҳри Душанбе Бонки осиёии рушд 41 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар ин бора «Радиои Озодӣ» дар сомонаи худ хабар додааст.

Гуфта мешавад шабакаи интиқоли 10 километрии обу корези Душанбе, ки соли 1970 сохта шудааст ва феълан корношоям мебошад. Нақши аслии он ҷамъоварии партов аз шабакаҳои обу корези хонагӣ дар шаҳр ва интиқоли онҳо ба марокизи тасфияхона буд, дар ҳоли ҳозир ин шабакаи интиқоли партов ба иллати фарсудагии таъсисот аз рада хориҷ шудааст. Ба иттилои бонк, дар қисмати болоии ин система дар атрофи Фурудгоҳи Байнулмиллалии Душанбе оби корез ба канал ворид шуда, барои саломатии сокинони ин маҳалла хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки беш аз 350 ҳазор сокини Душанбе бо чунин хатар рӯбарӯ будаанд., сухангӯи намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар чаҳорчӯби тарҳи имзошуда дар соли 2018, қарор аст, низоми корези пойтахти Тоҷикистон ба пуррагӣ бозсозӣ шавад.

Татяна Евстифеева, сухангӯи намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба Рдиои Озодӣ гуфтааст: «Ин тарҳи 41-миллиондолларӣ аст ва барои бозсозии системаи корез беш аз нӯҳ миллион доллар сарф мешавад. Аз миёни чанд ширкати хориҷӣ ширкати олмонии “Ludwig Pfeiffer Hoch-und Tiefbau GmbH & Co.KG” интихоб шуд, ки дар гузашта дар бозсозии системаи обрасонии Душанбе таҷруба дорад. Сирояти бемории COVID-19 монеъ шуд, ки мутахассисони ширкат вориди Тоҷикистон шаванд. Бо беҳтар шудани вазъияти беҳдоштӣ онҳо ба кор шурӯъ мекунанд».

Дар баёнияи Бонки Осиёии Рушд гуфта шудааст, ки системаи корези 10-километрии ҷанубии шаҳри Душанбе солҳои 1970 бунёд шуда, феълан корношоям шудааст. Ба қавли ӯ, баъд аз бозсозӣ ин система метавонад боз 60 соли дигар фаъол бошад. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфтааст, маблағи сармоягузории ин тарҳ грантӣ ё бебозгашт аст.  Зувайдзода эътироф кардааст, ки феълан низ дар заминаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе мушкилот вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, ҳанӯз ба бархе аз сокинон об чанд соати маҳдуд дар шабонарӯз интиқол дода мешавад. Вай ҳамчунин хабар дод, ки қарор аст бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ маҳаллӣ гирдоварии оби корез аз маҳаллаи мавсум ба «Южний» ба минтақаи «Эсанбой» дар ғарби Душанбе кӯчонида шавад.

Аммо бархе аз соҳибназарон ба вуҷуди мавридҳои фасод дар иҷрои тарҳҳои бозсозии системаи обрасонӣ ва корез дар пойтахти Тоҷикистон ишора мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, то ҳол ба ин манзур созмонҳои байналмилалии молӣ ҳудуди 200 миллион доллар ихтисос додаанд, аммо мушкили низоми обрасонӣ ва корез ҳамчунин бо мушкилоте рӯбарӯ аст. Дар ноябри 2018, Бонки Осиёии Рушд тарҳи беҳбуд ва беҳсозии шабакаҳо ва таъсисоти обрасониро барои таъмини оби нӯшокии беҳдоштии сокинони шаҳри Душанбе тасвиб кард. Ин аввалин тарҳи бахши шаҳрии Бонки Осиёии Рушд  дар Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз соли 1998 узвияти Бонки Осиёии Рушдро ба даст оварда, то ҳол аз ин муассисаи молии байналмиллалӣ 1,8 миллиард доллар қарз, аз ҷумла 1,5 миллиард грант гирифтааст.

Писарамӯи муфтии Тоҷикистон ба узвият дар “Ихвон-ул муслимин” маҳкум шуд

0

Муҳаммадсаид Акрамов, писарамаки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ ва 13 тан аз наздикони ӯ ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи » Ихвон-ул-муслимин  гунаҳгор дониста шуданд.

Ахиран Додгоҳи вилояти Хатлон сархатибу се бародарашро шартан  озод кардааст, вале 10 нафари дигар, аз ҷумла писару домод ва ҷиянҳои сархатиб,аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд. 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба баҳонаи беморӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст. Аммо наздикони дигари Муҳаммадсаид Акрамов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ норизоятӣ кардаанд. Яке аз онҳо бе зикри номаш гуфтааст, «гуноҳи Акрамов ва 13 нафар аз хешованди ӯ дар додгоҳ собит нашуд, вале сарфи назар аз ин онҳо ба зиндон маҳкум шуданд». Вале Бобоҷони Шералӣ, додраси парванда гуфтааст, «маҳкумшудаҳо ба ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ ва узвият дар он гунаҳкор ҳастанд». Муҳаммадсаид Акрамову бародаронаш ва хешовандони дигари ӯ чаҳормоҳ пеш аз сӯи мақомоти интизомии вилояти Хатлон дастгир шуданд.

Додгоҳ тафсилоти парванда ва ҳукмро ошкор намекунанд, вале яке аз пайвандони Муҳаммадсаид Акрамов гуфтааст,чанд нафар аз фарзандони Акрамов солҳои пеш дар Миср таҳсил мекарданд ва бо даъвати мақомот соли 2014 баватан баргашта буданд. Аз миёни маҳкумшудаҳо Абдулазиз Акрамов, писари сархатиб, борҳо дар телевизиони»Мавҷи Озод»- ноҳияи Восеъ дар мавзӯи мубориза бо терроризм суҳбат кардааст. Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар «Ихвон-ул-муслимин» авоили моҳи январи имсол оғоз шуд. Мақомот афроди муттаҳам ба узвиятдар ин гурӯҳро дар минтақаҳои гуногуни кишвар боздошт карданд. Дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон,донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ ҳастанд.

Созмони «Ихвон-ул-муслимин», ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад,аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шуда буданд. «Ихвон-ул-муслимин» як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ  танҳо дар чанд кишвари арабии низомашон худкома мамнуъ аст. Пайравони ин ҳаракат, созмонро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд,вале додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки «ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст.

Ҳукми  писарамӯи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва бастагони ӯ барои узвият дар як созмони сиёсии динӣ дар ҳоле содир мешавад,ки  чанде қабл яке дигар аз наздикони ӯро бо иттиҳоми салафӣ равонаи зиндон карда буданд.Ӯ низ даъвати мақомот  барои бозгашт ба ватан ва мавриди афв қарор гирифтанро рост пиндошта бармегардад аммо аз суи мақомоти амният боздошт ва сипас зиндонӣ мешавад. Як тан аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери хабари ҳукми писарамаки муфтӣ навиштааст, ки Абдуқодирзода ба хотири мансаб шуда ҳатто барои рузахӯрӣ фатво дод ва бо вуҷуди ин ҳама чоплусӣ касе шахси ӯро дар ин ҳукумат ба эътибор намегирад. Аммо Сайидмукаррам Абдуқодирзода ба ин мақом аз муовинати Раёсати танзими расму анъанаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон омадааст.

Таъқиби наврасони бениқоб дар Душанбе. Парлумон бениқобонро ҷарима таъйин кард.

0

Бинобар хабаргузории Азия-Плюс рӯзи 9-июн дар як амалиёти таъқиби наврасони бениқоб, 93 ҳолати бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ гаштугузор намудани ноболиғон ошкор гардида, барои оворагардӣ 8 нафари онҳо ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон оварда шуданд.

Амалиёти таъқиби наврасону ҷавонони бидуни ниқоб бо тавсияи шаҳрдории пойтахт, табибон ва тавассути ходимони милиса баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозии амалиёт ошкор кардани наврасоне мебошад, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ва бидуни зарурате дар кӯчаву хиёбонҳо ба оворагардӣ машғуланд.

Аз Маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, волидони ин гуна наврасон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёт, дар 9 июн 92 нафар наврас ошкор шудааст, ки бе ниқобҳои муҳофизатӣ дар шаҳр гаштугузор мекарданд.

Зикр шуд, ки 85 нафар наврасон баъд аз гузаронидани суҳбат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, 8 нафар барои оворагардӣ ба қабулгоҳи милитсияи пойтахт бурда шудаанд. Милитсияи пойтахт падару модаронро огоҳ мекунад, ки дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бе зарурат ва бе ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор кардани фарзандонашон, онҳо мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар як матлаби хабаргузории Ховар ҳам гуфта мешавад, ки гаштугузор намудан бе истифода аз ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам василаи асосӣ барои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуд беморӣ, аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон,ки рӯзи 10 июн доир шудааст,бар пояи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ минбаъд барои надоштани ниқоб ҷарима ва барои паҳн кардани беморӣ – аз 2 то 5 соли зиндон таъин шудааст. Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемории хафвнок мегарданд, аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор ёфтан аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, дар ҷаласаи порлумон гуфтааст, чунин муқаррарот барои нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемия низ дахл дорад ва дар сурати такрор ёфтани паҳншавӣ аз тарафи шахс ӯ аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд.

Барои надоштани ниқоби тиббӣ аз ду то панҷ нишондиҳанда, яъне аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Барои пахши ахбори ғалат дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ дар бораи пандемия низ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ҷаримаи пахши ахбори ғалат барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда 58 сомонӣ аст) барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоте,ки аз Душанбе дастрас шудааст,феълан дар ҳама даромадгоҳоои пойтахт бо асбоби махсус ҳарорат санҷида шуда ва сипас иҷозаи дохил шудан ба пойтахт дода мешавад.