Хона блог саҳифа 87

Боздошти корвони киштиҳои “Сумуд” аз ҷониби Исроил

0

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар шоми 1-уми октябр бар киштиҳои ҷаҳонии кумакрасони “Сумуд”, ки ба сӯи Ғазза равон буданд, ҳамла кард.

Баргузоркунандагони корвони киштиҳои “Сумуд” эълом карданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ фаъолони байналмилалиро боздошт шудаанд. Ба ин гуфтаи ин гурӯҳ, 15 киштӣ шомгоҳи рӯзи чоршанбе ва 8 киштии дигар субҳи рӯзи панҷшанбе боздошт шуданд.

Дар як баёнияе, ки аз ҷониби баргузоркунандагони ин корвон нашр шуд, гуфта мешавад, ки нерӯҳои Исроил киштиҳоро дар обҳои байналмилалӣ мутаваққиф кардааст, ки ин ғайриқонунӣ аст. Ҳамчунин дар баёнияи зикр мешавад, ки аз сарнишинони ин киштиҳо то кунун беш аз 443 нафар аз 47 кишвари дунё боздошт шудаанд.

Низ гуфта мешавад, ки ҳангоми наздик шудан, нерӯҳои исроилӣ бар сари сарнишинони киштиҳо фозилоб (ахлот) пошиданд ва бо обпош ба онҳо ҳамла карданд ва иртиботи электронии киштиҳоро пурра қатъ карданд.

Ташкилкунандкгони ин ҳаракати ҷаҳонӣ мегӯянд, ҳамлаи Исроил болои киштиҳо ва боздошти сарнишинон дар обҳои байналмилалӣ ҷинояти ҷангӣ ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол вазоратҳои хориҷии Туркия, Испания, Партугалия, Британия ва дигарон ин ҳамлаи артиши Исроилро маҳкум карданд. Туркия мегӯяд, ҳамла бар киштиҳои ҳомили маводи кумакӣ ба Ғазза, дар обҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст, ки ин нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ ва як иқдоми террористӣ мебошад, ки ҷони ғайринизомиёнро таҳдид мекунад.

Ҳамчунин Вазорати хориҷии Испания низ субҳи панҷшанбе дар эътироз ба ҳамлаи Исроил ба киштиҳои “Сумуд” кордори Исроил дар Мадридро эҳзор кард ва хостори озодии фаврии фаъолони ҳуқуқи башар шуд. Ҳамчунин кишвари Колумбия дар вокуниш ба ин боздоштҳо фармони ихроҷи ҳайати исроилӣ аз ин кишварро содир кардааст.

Дар вокуниш ба ин ҳамлаи Исроил болои киштиҳои “Сумуд”, созмонҳо ва фаъолони ҷаҳонӣ вокуниш нишон дода, мегӯянд, ки дар он киштиҳо аз даҳҳо кишвар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, чеҳраҳои шинохта ҳузур доштанд ва ҳуҷуму боздошти онҳо нишонаи он аст, ки сиёсатҳои зӯргӯӣ ва наслкушии Исроил на танҳо бар алайҳи фаластиниён аст, балки тамоми афрод, новобаста аз қавму миллаташон, агар аз сиёсатҳои Исроил интиқод кунанд, мавриди ҳадаф қарор мегиранд.

Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, то кунун беш аз 20 киштӣ мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифта, сарнишинонашон боздошт шудаанд ва ҳоло 24 киштии дигар дар роҳ ба сӯи Ғазза ҳастанд. Гуфта мешавад, баъзе киштиҳо то 9 милии соҳили Ғазза наздик рафта буданд, ки ин бори аввал аст, киштиҳои кумакӣ то ин ҳад ба Ғазза наздик мешаванд.

Шуруъ аз моҳи марти соли ҷорӣ Исроил тамоми гузаргоҳҳоро ба рӯи Ғазза баст ва воридоти маводи ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстонаро пурра мамнуъ эълон кард. Пас аз манъи воридоти маводи ғизоӣ, қаҳтии шадид Ғаззаро фаро гирифта, рӯзона даҳҳо зану кӯдак ва калонсолон аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, Исроил аз як сӯ Ғаззаро ба шиддат бомборон дорад ва аз сӯи дигар гуруснагиро низ ҳамчун силоҳ бар зидди фаластиниён истифода мебарад.

Бар асоси иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз моҳи октябри соли 2023 то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 66 ҳазор аҳолии Ғазза кушта шуда, наздики 170 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Ва ҳамчунин байни 10 то 15 ҳазор нафари дигар зери овораҳо монда, беному нишон гаштаанд.

Ёдовар мешавем, ки корвони киштиҳои “Сумуд” аз авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ бо 45 киштии маданӣ аз кишварҳои мухталиф бо ҳадафи маъмурияти интиқоли кумакҳои башардӯстона, ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва шикастани муҳосираи тӯлонии Ғазза ва кушодани роҳи баҳрӣ барои расондани кумакҳо ба ин борика ташкил шуда буд.

Талоқ дар Тоҷикистон гарон шуд

0

Дар Тоҷикистон арзиши асноди расмӣ барои талоқ байни зану шавҳар дар идораҳои марбута гарон шудааст.

Аз 1-уми октябр бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” тағйирот ворид шуд, ки тибқи он маблағи пардохт барои бекор кардани ақди никоҳ афзоиш ёфт.

Гуфтам мешавад, қаблан ҳаққи ҷудошавӣ дар идораҳои сабти асноди шаҳрвандон аз 75 то 525 сомонӣ буд, ҳоло он аз 150 то 1050 сомонӣ расидааст. Махсусан агар як ҳамсар танҳо ариза диҳад 150 сомонӣ пардохт мекунад, ки қаблан дар ин ҳолат 75 сомонӣ пардохт мешуд.  

Дар сурати зану шавҳар якҷоя ариза диҳанд 750 сомонӣ боя пардохт кунанд, ки қаблан дар чунин ҳолат 375 сомонӣ мепардохтанд.  

Дар ин тағйироти ҷадид гуфта мешавад, агар ҷудошавӣ байни зану шавҳар бо қарори додгоҳ сурат гирад, бояд 1050 сомонӣ пардохт кунанд, ки ин ҳолат қаблан 525 сомонӣ арзиш дошт.  

Ин дувумин маротиба аст, ки дар як сол ҳаққи расмии талоқ дар кишвар боло бурда мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳадаф коҳиш додани шумори талоқҳо мебошад. Аммо бархе аз сокинон ин афзоишро ҳамчун фишор болои шаҳрвандони оддӣ арзёбӣ мекунанд.

Марги панҷ нафар дар се рӯз

0

Аз 27 то 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ панҷ кас ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 27-уми сентябр дар ноҳияи Данғара ду мошини тамғаи Opel-Astra ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа як мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфтанд.

Ҳамон рӯз дар роҳи “Душанбе–Турсунзода” ронандаи мошини “Daewoo Lacetti” пиёдагарди ноболиғеро зер мекунад, ки баъд аз муддате он кӯдак дар беморхона вафот кард.

28-уми сентябр дар шоҳроҳи “Панҷакент–Айнӣ” байни мошинҳои “SsangYong Musso” ва “Hyundai Avante” садама рух дода, ронандаи Hyundai дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Шаҳритӯс ронандаи мошини Opel-Zafira ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, духтари панҷсоларо пахш намуд, ки ин духтарак бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Инчунин 29-уми сентябри соли ҷорӣ, дар ноҳияи Зафаробад ронандаи Opel-Astra идораи мошинро аз даст дода, ба дарахт бархӯрдааст. Ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт, вале дар он ҷо вафот кардааст. Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

Гуфта мешавад, чанд вақти охир дар роҳҳои Тоҷикистон ҳолати садамаҳои маргбор бисёр шудааст ва агар аз омилҳои асосии афзоиши садамаҳо дар Тоҷикистон суръатбаландӣ ва сифати пасти роҳҳо бошад, яке аз масъалаҳои дигари он бо додани пора гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ мебошад ва одамоне паси чанбари мошин мешинанд, ки қоидаҳои роҳро хуб намедонанд.

Як модари тоҷик дар Русия маҳкум ба зиндон шуд

0

Як модари тоҷик дар шаҳри Митишии вилояти Маскав бо иттиҳоми қаллобӣ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Русия модари серфарзанд Таҳмина Самадоваро, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад ба додани маълумоти нодуруст дар бораи даромади оила ва чанд маротиба камтар нишон додани он барои мақоми камбизоатӣ гирифтан, гунаҳкор донистааст.

Додгоҳ бо ин иттиҳом ба Самадова чор соли маҳрумият аз озодӣ таъйин кардааст, вале иҷрои ҳукмро ба муҳлати 18 сол мавқуф гузошт, яъне то ба балоғат расидани писари хурдиаш.

Назари худи ин модари тоҷик то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба Таҳмина Самадова шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дертар Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро, ки 14 сол аст шаҳрвандии ин кишварро дорад, бо иттиҳоми қаллобӣ, боздошт кард ва ин модари ҳафт фарзанд барои ҳомила буданаш то поёни баррасии парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Пас аз ин ҳодиса расонаҳо аз боздошти муовини раиси шаҳри Митиши хабар дод.

Ин мақомдори рус ба нодуруст санҷидани даромад ва аъзои оилаи зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадова айбдор шуда буд.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки муовини шаҳрдор сардори комиссияе буда, ки Таҳмина Самадова ва шавҳару фарзандонашро ҳамчун хонаводаи камбизоат эътироф карда, сертификати хонаро додааст.

Нисбати ин мақомдори рус бо иттиҳоми хунукназарӣ (моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ҳол тақдираш норушан боқӣ мондааст.

Дар чанд моҳи охир ҳадди ақал се маротиба тақдими хона ба зодаҳои Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез гашта буд.

Додани хона ба оилаи зодаи Тоҷикистон Акрам Масаидов, ки чор фарзанд дорад ва дорои шаҳрвандии Русия аст, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов ва додани хона ба Муҳиддин Холзода ва хонаводааш аз тарафи шаҳрдории шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористон низ боиси хашси миллатгароҳои рус гашта буд.

СПАД аз таҳдидҳои навини низомӣ нигарон аст

0

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) қасд доранд дар муқобили таҳдидҳо ҳангоми истифодаи силоҳҳои навин, иқдомоти дастаҷамъӣ роҳандозӣ намоянд.

Аъзои фаъоли СПАД, мисли кишварҳои Русия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон ҳамагӣ дар ин тасмими дастаҷамъӣ ҳамроҳанд.

Баррасии созишномаи марбут рӯзҳои наздик дар шаҳри Санкт-Петербург, дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СПАД оид ба дифоъ ва амният баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора раиси Комиссия Анатолий Виборний ба Парламентская газета иттилоъ додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ба гуфтаи Виборний, ҳамкорӣ миёни кишварҳои узв омӯзиш, табодули иттилоот ва таҷрибаи истифодаи амалии ин технологияҳоро дар бар мегирад. Ӯ афзуд, ки сухан дар бораи механизмҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии истифодаи навъҳои ҷадиди аслиҳа ва техника меравад.

Лоиҳаи созишнома бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангии амалиёти дастаҷамъӣ таҳия мешавад, то ки кишварҳои СПАД тавонанд ба таҳдидҳо ва чолишҳои нав посухи саривақтӣ диҳанд. Виборний таъкид намуд, ки имзои ин санад сиёсати ягона ва ҳамоҳангшудаи кишварҳоро дар истифодаи силоҳ ва фанновариҳои нав таъмин мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкориҳо на танҳо банақшагирӣ ва ҳамкории муштарак, балки гузаронидани экспертиза ва дастгирии иттилоотиро низ фаро мегиранд. Виборний зикр кард, ки муҳим аст навовариҳо ба як бартарии ҳалкунанда дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ табдил ёбанд, ҳамон тавре ки замоне тӯп, ҳавопаймо ва танкҳо қудрати низомиро дигар карда буданд.

Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷиронро бо полиграф санҷанд

0

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши ҳатмӣ бо полиграф ё детектори дурӯғ гузаронида шаванд.

Ба иддаои муаллифи ин тарҳ, фаъоли ҷамъиятӣ Алексей Ярошенко санҷиши маъмулии ҳуҷҷатҳо наметавонад шаҳрвандонро аз ҷиноятҳои ғайриқонунӣ пурра муҳофизат кунад ва чунин чора имкон медиҳад, ки ворид гардидани – ба гуфтааш – ҷинояткорон ва террористон ба Русия коҳиш ёфта, ҳолатҳои убури ғайриқонунии марз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои сохта пешгирӣ гарданд.

Ба андешаи Ярошенко, пурсиш бо нармафзори дурӯғсанҷ ё ҳамон детектори дурӯғ инчунин онҳоеро, ки кӯшиши ворид шудан ба Русияро танҳо бо ҳадафи гирифтани кумакпулиҳо ва роҳандозии корҳои қаллобона доранд, муайян намуда, дар баробари паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, низоъҳои байниқавмӣ низ пешгирӣ мегардад.

Чунин пешниҳод аз ҷониби ин фаъоли рус дар ҳоле садо медиҳад, ки пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатии Русия пешниҳоду қабул гардид, ки шароити кор ва будубош дар ин кишварро юарои муҳоҷирон сахттар кард.

Ин пешниҳоду қабули қонунҳо дар ҳоле аст, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, Русия худ ба беш аз 2,2 миллион қувваи корӣ ниёз дорад, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст. 

Толибон пурра интернетро қатъ карданд

0

Дар тамоми Афғонистон интернет ва алоқаи мобилиро Толибон пурра қатъ карданд.

Бино ба иттилои “NetBlocks”, ки амнияти киберӣ ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон карда, ки шоми 29-уми сентябр сатҳи пайвастшавии Афғонистон ба алоқаи мобилӣ ва интернет қариб ба сифр расида, ҳам интернети ноқилӣ ва ҳам шабакаҳои мобилии 3G/4G ғайрифаъол шудаву миллионҳо нафар аз дастрасӣ ба иртиботи дохилӣ ва байналмилалӣ маҳрум шуданд.

Гуфта мешавад, ки қатъи интернет ба бахшҳои гуногуни ин кишвар осеб расонда, дар Кобул парвозҳо дар фурӯдгоҳи байналмилалӣ бекор шуда, Афғонистон пурра дучори мушкили хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, мушкилот дар кори гумрук, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардум шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки ба сабаби қатъи интернет дар Афғонистон 30-уми сентябр панҷ парвоз аз хориҷ ба Афғонистон, аз ҷумла се парвоз аз Дубай, ду парвоз аз Истанбул ва як парвози дигар аз Маскав ба Кобул лағв шуда, мусофирон саргардон шудаанд.

Сокинон вазъиятро фалокатбор номида, гуфтаанд, ки “бидуни интернет ва телефон нобино ҳастем”.

Зарбаи сахт бештар ба занону духтарон расидааст, ки аз дастрасӣ ба таҳсил маҳрум ва машғули курсҳои онлайнӣ буданд.

Гуфта мешавад, то ҳол Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, расман бе алоқаи мобилӣ ва интернет гузоштани аҳолиро шарҳ надодаанд ва маълум нест кай интернет дубора барқарор мешавад.

Аммо дар миёнаҳои моҳи сентябр бо қарори раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ва бо баҳонаи “ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ахлоқӣ” дар Балх, Бадахшон, Қундуз, Балғон ва Нангарҳор интернетро қатъ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон аз тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон дар даст дорад ва дар ин давра ин гурӯҳ чандин маҳдудиятҳоро барои аҳолии ин кишвар, махсусан занону духтарон дар таҳсилу кор ҷорӣ карданд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ва ба сабаби ин рафторҳо, ҳукумати Толибонро бо гузашти беш аз 4 сол, ба ҷуз Русия, ҳеч давлате расман эътироф накардааст.

Дипломатҳои афғон дар шаҳри Бони Олмон дастаҷамъона исеъфо доданд

0

29-уми сентябр соли 2025 кормандони консулгарии умумии Афғонистон дар шаҳри Бони Олмон фаъолияти худро қатъ намуда, ба нишони эътироз дастаҷамъона истеъфо доданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин қарор пас аз он гирифта шуд, ки мақомоти Олмон иҷозати фаъолият ба намояндагони Толибон дар консулгариро доданд.

Собиқ кормандони консулгарӣ изҳор доштанд, ки дар чунин шароит идомаи корро ғайриимкон медонанд. Онҳо аз ҷумла таъкид намуданд, ки тасмими Олмон мухолифи арзишҳо ва ормонҳое мебошад, ки онҳо то имрӯз ҳифз мекарданд.

Ин кормандон соли 2021, пеш аз ба қудрат омадани Толибон таъйин шуда буданд ва баъдан ҳам дар Олмон ба намояндагии ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд, гарчанде дигар аз ҷониби Кобул расман эътироф намешуданд.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, ворид шудани намояндагони Толибон ба консулгарии Бон яке аз омилҳои асосии ин истеъфоҳо будааст. Ҳамзамон созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз вазъи Афғонистон, бахусус саркӯби занон ва афзоиши шиканҷаву қатлҳо дар зиндони Толибон изҳори нигаронӣ доранд

Оё тарҳи оташбаси Трамп ба Ғазза сулҳ меорад?

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе тарҳи ҷадидеро барои оташбас ва поён додани ҷанг дар Ғазза пешниҳод кард.

Рӯзи душанбе Доланд Трамп бо Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед мулоқот кард ва дар ҳузури хабарнигорон аз тарҳи ҷадиде дар бораи оташбас ва поён додани ҷанг дар Ғазза хабар дод, ки аз 20 банд иборат аст.

Мувофиқи ин тарҳ, ҲАМОС бояд ба таври куллӣ халъи силоҳ шавад ва аз қудрат дар Ғазза канор равад ва идораи ин борика ба дасти як кумитаи махсус аз текнократҳои ғайрисиёсии фаластинӣ ва коршиносони байналмилалӣ мегузарад. Ин кумита зери назари “Шӯрои сулҳ” бо раёсати худи Трамп, Тони Блэр ва дигарон фаъолият хоҳад кард.

Яке аз бандҳои дигари ин тарҳ ин аст, ки, пас аз пазируфтани оташбас аз ҷониби Исроил ва ҲАМОС дар ҳол ҷанг хотима меёбад Исроил аз нақшаи худ дар бораи ғасби Ғазза даст мекашад. Ва инчунин бояд дар давоми 72 соат ҲАМОС тамоми гаравгонҳои исроилӣ, чи мурда ва чи зиндаро ба Исроил бозгардонад. Пас аз озодии гаравгонҳои исроилӣ аз ҷониби ҲАМОС, Исроил 250 зиндонии фаластиниеро, ки ҳукми абад доранд ва инчунин 1700 нафари дигарро, ки баъд аз 7-уми октябри соли 2023 боздошт шудаанд, озод мекунад.

Бар асоси ин тарҳ, кумакҳои башардӯстона мувофиқи бандҳои оташбаси 19-уми январи ҳамин сол фавран вориди Ғазза мешаванд. Ва дар ҳол бозсозии зерсохторҳо, обрасониҳо, бемористонҳо, нонвойҳо ва макони омодасозии ғизо ва эҳтиёҷоти зарурӣ оғоз мегардад.

Вуруди кумакҳои башардӯстона аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид, Ҳилоли Аҳмар ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ва бидуни мудохилаи Исроил ва ҲАМОС анҷом мешавад. Инчунин гузаргоҳи “Рафаҳ” низ мувофиқи шартҳои тавофуқномаи моҳи январи соли 2025 бозгушоӣ мешавад.

Бар мабнои ин тарҳ, бояд бо назорати ниҳодҳои байналмилалӣ тамоми тунелҳои ҲАМОС тахриб шуда, раванди халъи силоҳи ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимат ба воситаи нозирони байналмилалӣ ва барномаи хариди силоҳ дунбол хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Натанёҳу дар ҳузури Трамп ба ин тарҳ розигии худро баён кард, вале имрӯз, сешанбе гуфт, ки артиши Исроил то комилан халъи силоҳ шудани нерӯҳои ҲАМОС дар Ғазза хоҳад монд. Ҳамзамон гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ ин тарҳро рад карда, онро як ҳиллаи аз байни бурдани муқовимат номид, аммо то ҳанӯз ҲАМОС дар ин маврид чизе нагуфтааст.

Бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ аз ин тарҳ истиқбол карда, бархе дигар онро талаи нави Трамп бар зидди ҲАМОС ва фаластиниён медонанд. Ҳатто баъзе аз расонаҳои фаронсавӣ ин тарҳро фурсати ҷадиде барои Исроил ва ҳатто иҷозати расмии ҳамлаи густурда алайҳи ҲАМОС унвон кардаанд.

Беш аз 10 созмон озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд

0

Дувоздаҳ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро, ки даҳ сол боз дар зиндон қарор дорад, талаб карданд.

Дар баёнияе, ки 29-уми сентябр нашр шуд ва Amnesty International, Human Rights Watch, Freedom Now, CIVICUS ва чанд созмони дигар зери он имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёрови 54-сола пас аз эълони дифоъ аз 14 узви баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 боздошт шуд.

Додгоҳ ӯро соли 2016 бо иттиҳомоти сохтаи “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ин ҳуқуқдони шинохта борҳо дар зиндон ҳуқуқаш поймол шудаву дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигаҳдорӣ шуда, шиканҷа шудааст.

Бо вуҷуди кӯтоҳ кардани муҳлаташ дар авф, мақомот бар зидди ӯ боз чандин айби нав эълон карданд ва ӯ то соли 2043 дар зиндон хоҳад монд.

Ин 12 созмон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Ёров ва ҳамаи маҳбусони сиёсиро фавран ва бе қайду шарт озод карда, ба боздоштҳои худсарона ва шиканҷа хотима диҳанд ва уҳдадориҳои байналмилалиро барои таъмини озодии ҳуқуқи инсон иҷро кунанд.

Ҳамчунин онҳо аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон даъват карданд, ки бо роҳҳои дипломатии дуҷониба ва бисёрҷониба барои озодии Ёров ва дигар маҳбусони сиёсӣ талош варзанд.

Пештар СММ боздошти Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов ва чанд тан аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро худсарона номида, озодии фавриашонро талаб карда буд.