9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 9

Марги 1623 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар соли 2025

0

Тибқи иттилои расӣ, дар соли 2025 танҳо тариқи фурудгоҳҳо ҷасади 1623 шаҳрнвад ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Намояндагони Ожонсии ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 1585 тобут интиқол ёфтааст. Ин рақам нисбат ба як соли пеш 430 адад бештар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ба Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 38 ҷасад ворид шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 24 адад камтар аст. Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки аз тариқи ду фурудгоҳи дигари байналмилалӣ Хуҷанд ва Бохтар чанд ҷасад ба кишвар оварда шудааст. Намояндагони Ожонсии ҳавонавардӣ бо пурсишҳои такрории рӯзноманигорон дар бораи омори умумии ва дақиқ интиқоли ҷасадҳо дар саросари кишварр посух надоданд.

Ин рақамҳо дар ҳоле эълон мешаванд, ки соли гузашта расонаҳо аз ҳалокати садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар дода буданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон аз иттилоъ додан дар робита ба иштироки шаҳрвандон дар ин ҷангҳо худдорӣ мекунанд ва шарҳ намедиҳанд. Ҳамчунин дар садамаҳои нақлиётӣ ва сохтмон баҳалокат расидани муҳчирон низ гузориш шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳое нашр шуда, ки баъзе аз волидон дар ҷустуҷӯи фарзандони худ ҳастанд, ки дар Русия бедарак шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки гузоришҳо мегӯянд, як қисми кушташудагон дар ҷанги Русия зидди Украина зиндониёне будаанд, ки бо ваъдаи афв ва раҳоӣ аз маҳбас ба майдони ҷанг фиристода шудаанд.

То соли 2030 сифати интернет дар Тоҷикистон беҳтар мешавад

0

Ба иттилои мақомоти дахлдори Тоҷикистон, бо қабули стратегияи нав сифати интернет дар Тоҷикистон то соли 2030 беҳтар мешавад.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми январи 2026 дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор кард. Сардори хадамот Исфандиёри Саъдулло дар ин нишаст ба хабарнигорон аз таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2030” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин стратегия ҳадаф дорад, ки то соли 2027 100% фарогирии шабакаи 4G ва то соли 2030 – 100% 5G-ро таъмин кунад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки талабот ба интернет дар 5 соли охир 10 баробар зиёд шуда, мушкилоти сифати он асосан ба алоқаи мобилӣ рабт дорад. Сардори Хадамоти алоқаи кишвар ваъда дод, ки пас аз қабули стратегия сифат ва суръати интернет ба таври куллӣ беҳтар мешавад.

Ин ваъдаҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки сифати кунунии интернет дар Тоҷикистон хеле паст буда, ҳатто ба сатҳи қафомондатарин кишварҳои дунё баробар нест. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет яке аз ҷойҳои охиринро ишғол мекунад. Масалан, дар шохиси “Speedtest Global Index“, ки моҳи декабри соли 2025 нашр шуд, Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернети собит (fixed broadband) дар байни аз 155 кишвари дунё дар ҷои 124-ум қарор гирифт. Мувофиқи ин шохис, Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳатто дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои суръати пасттарини интернет аст.

Моҳи июли соли 2025 Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ гуфта буд, ки “то 15-уми июл суръати ҳадди ақали интернет 15 Мбит/сония буда, то охири сол ин нишондод то ба 30 Мбит/сония расонида мешавад.” Аммо моҳи декабр, яъне тақрибан 5 моҳ пас аз эълони Хадамоти алоқа, “Global-relocate” дар гузоришаш суръати миёнаи интернетро дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8,14 Мбит/сония гуфта буд, ки он дар қатори Судону Афғонистон қарор гирифт.

Мушкилоти интернет дар Тоҷикистон на танҳо суръат, балки нархи он низ аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Гарчанде мақомот мегӯянд, нархи интернет каме арзонтар шудааст, аммо ҳамоно дар радабандиҳои ҷаҳонӣ интернети Тоҷикистон бо вуҷуди пасттарин суръат, гаронтарин интернет ба ҳисоб меравад.

Ба назари коршиносон, агар Хадамоти алоқа тавонад ҳам суръати интернетро боло барад, боз ҳам мушкилоти дигаре вуҷуд дорад, ки дар рушди ин соҳа монеа мегузарад. Аз ҷумла, қатъи барқ яке аз монеаҳои таъсиргузор дар интернет ва суръати он ба шумор меравад. Дар ин шабу рӯзҳое, ки қариб дар тамоми деҳаҳои Тоҷикистон қатъшавии барқ идома дорад ва бархе ноҳияҳо аз 2 то 4 соат барқ доранд, сокинон шикоят мекунанд, ки бо рафтани барқ, интернет ҳам қатъ мегардад ва ё мавҷаш хеле заиф мешавад. Ба назари коршиносон, дар сурати иҷрои 100% стратегияи эълоншуда, боз ҳам қатъшавии барқ беҳтар шудани сифати интернетро дар Тоҷикистон ваъдаи холие беш намедонанд.

Бо вуҷуди эълони коҳиши нарх, мусофирон аз гаронии билетҳо шикоят доранд

0

Бинобар иттилои Ожонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, дар соли 2025 нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хориҷи кишвар 25–30 дарсад поён рафтааст. Ба гуфтаи мақомот, нархи парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия низ 15–20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Ожонсии ҳавонавардӣ, 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, айни ҳол нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан 1400 сомонӣ ва билети бозгашт 2800–3000 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, барои поён бурдани нархи билет Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ 40 дарсад тахфиф додааст. Гуфта мешвад, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе–Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин нархи билет ба самти Санкт-Петербург 1700 сомонӣ ва Красноярск 1300 сомонӣ эълон шудааст.

Назарзода таъкид карда, ки ниҳоди зери роҳбарияш нархи билетҳоро зери назорат дорад ва дар сурати беасос боло бурдани нархҳо иҷозатномаи нуқтаҳои билетфурӯширо лағв мекунад.

Бо вуҷуди таъкидҳои мақомот дар бораи коҳиши нархи билет, бисёре аз мусофирон, махсусан муҳоҷирони корӣ, мегӯянд, арзиши парвозҳо ба Русия то ҳол баланд боқӣ мондааст. Ба гуфтаи онҳо, дар фасли баҳор, ки мавсими кори муҳоҷирон аст ва сафарҳо бар Русия афзоиш меёбад, нархи билетҳо боз ҳам гарон мешаванд.

Ба далели гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ, бисёре аз муҳоҷирон маҷбур мешаванд барои сафар ба Русия аз роҳҳои заминӣ истифода кунанд. Ин гуна сафарҳо бо автобус то 3–4 рӯз тӯл мекашанд ва пурхатар ба шумор мераванд. Дар гузашта расонаҳои Қазоқистон дар бораи наҷоти ҷони муҳоҷироне хабар додаанд, ки ҳангоми ҳаракат ба сӯи Русия дар ҳавои сард ва роҳҳои ин кишвар бо хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Қирғизистон барои муҳоҷиронаш аз болои Русия ба додгоҳ шикоят бурд

0

Қирғизистон алайҳи Русия барои иҷро накардани шартномаҳо ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шикоят бурдааст.

Раҳбари Фонди суғуртаи ҳатмии тиббии Қирғизистон Азамат Муканов сабаби шикоятро дар рад шудани додани суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия гуфтааст.

Ба гуфтаи Муканов, ҷониби Русия бо ин амалаш моддаҳои 96–97 Шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои узви иттиҳод ва таъмини иҷтимоии онҳоро танзим мекунад, риоя накардааст.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, тибқи шартномае, ки аз ҷониби ҳама кишварҳои узв (Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон) имзо шудааст, суғуртаи ҳатмии тиббӣ бояд на танҳо ба шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд, балки ба аъзои оилаҳои онҳо низ дода шавад.

Муканов ҳамчунин афзуд, ки масъалаи додани суғурта ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни сафари муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Қирғизистон низ баррасӣ шуда буд.

Ба иттилои нашрияи Kaktus.media, мурофиаи додгоҳӣ аллакай ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва қарори додгоҳ дар давоми ду ҳафта маълум хоҳад шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки шикояти Қирғизистон ба додгоҳ иҷро намудани уҳдадориҳои иттиҳодиро аз ҷониби Русия зери шубҳа мегузорад. Ба гуфтаи онҳо, ҳатто шаҳрвандони кишварҳои узви иттиҳод ва аъзои оилаҳои онҳо, сарфи назар аз узвияти расмӣ, дар амал аз ҳуқуқҳои иҷтимоии дар шартномаҳо кафолатдодашуда маҳруманд ва ин аз муносибати интихобӣ ва аксаран таҳқиромез нисбат ба муҳоҷирони корӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, саволе ба миён меояд: агар сабаби асосии умеди ҷонибдорони пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод беҳтар шудани вазъи муҳоҷирон бошад, дар ҳоле ки худи иттиҳод қодир ба ҳал кардани ин мушкил нест, пас фоидаи аслии он барои Тоҷикистон дар чист?

Танҳо дар як сол дуздони барқ садҳо миллион сомонӣ зарар расонданд

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон 3,8 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии барқ ба маблағи умумии 1,8 млн сомонӣ ҷарима карданд.

Бино ба иттилои Ожонсии назорат дар соҳаи энергетика, дар давоми як соли гузашта зиёда аз 2,7 ҳазор ҳолати дуздии барқ бо зарари 235 млн 601 ҳазор сомонӣ ба буҷети кишвар ошкор гардидааст. Аз ин дуздиҳо 1000 ҳолат бо зарари 82 млн 344 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд, 781 ҳолат ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб бо зарари беш аз 137 миллион сомонӣ сабт гардидаааст.

Ҳамчунин дар Душанбе тақрибан 470 ҳолат сабт шуда, зарар 11 млн 899 ҳазор сомонӣ буда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 517 ҳолат зарар ба маблағи 4 млн 165 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Ожонсии назорт дар соҳаи энергетика мегӯяд, ки соли гузашта кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 321 млн 464 ҳазор кВт⋅соат нерӯи барқро изофанависӣ кардаанд, ки ба буҷети кишвар беш аз 106 млн сомонӣ зарар ворид шудааст. Ҳаҷми калонтарини изофанависӣ дар Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Гулистон ва Истаравшан сабт гардидааст.

Моқомти Тоҷикистон чанде пеш ҷазо барои қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, аз ҷумла дуздии онро сахттар карданд. Ҳоло барои напардохтани маблағи барқи истифодашуда ва ё дуздии он аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Тибқи гуфтаи худи масъулони соҳа, дар давоми як сол 3 ҳазор 800 нафарро барои дуздии барқ ҷарима кардаанд, аммо то ҳол мақомот ошкор нагуфтаанд, ки барои он маъмурони барқ, ки ба изофанавсӣ машғуланд ва ё корхонаҳои бузурге, ки марбути шахсони маъруфанд ва пули барқро намедиҳанд, парвандае боз шудааст ё на.

Дуздӣ ва изофанавии барқ ҳам дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯзҳо аҳолии кишвар аз бебарқии шадид, ки ҳатто дар як шабонарӯз ба 2 ё 3 соат мерасад, ранҷ мекашанд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди такрор ба такрор гуфтани Эмомалӣ, ки “бебарқӣ афсона мешавад”, то рафт сол ба сол барқро камтар медиҳанд. Соли ҷорӣ, ҳатто дар тобистон ҳам дар баъзе навоҳӣ барқ чанд муддате қатъ шуда буд.

Худкушии як сарбози ҷавони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

0

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, Муҳаммадсаид Саидов, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии кишвар ҳангоми адои хидмат худкушӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин сарбози ҷавон, ки зодаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аст, 21-уми январи соли ҷорӣ дар яке аз воҳидҳои марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ бо тири автомат ба пешонии худ зада, ба ҳаёташ хотима бахшидааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ки ин сарбози ҷавон “ба сабабҳои номаълум бо автомати “Калашников” ба пешонии худ тир зада, худро куштааст.” Манбаъ таъкид мекунад, ки сабаби марги Саидови 20-сола маълум нест ва ҳоло додситони низомии шаҳри Кӯлоб вобаста ба қазия парванда боз намуда, тафтишотро оғоз кардааст.

Ба иттилои мақомот, Саидов як солу чор моҳ боз дар қисми Нерӯҳои марзбонӣ адои хидмат мекард. Вале ӯ чаро худкушӣ кардааст ва чи чиз ӯро ба ин кор водор кард, маълум нест. Назари наздиконаш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.

Солона чандин хабар дар мавриди кушта шудани сарбозон дар артиш расонаӣ мешавад, ки мақомот ҳамаро худкушӣ эълон мекунанд, аммо наздиконашон баъдтар фош мекунанд, ки дар бадани фарзандони кушташудаашон осори зарбу латро дидаанд, ки он далели мақомот дар бораи худкуширо зери суол мебарад.

Ба назари мунтақидони ҳукумат, қонунҳои нонавиштаи мавҷуда дар артиши Тоҷикистон, аз қабили гурусна гузоштан, задану азоб додан ва то дами марг расондани сарбозон, аксари ҷавононро аз адои хидмат дар артиш гурезон кардааст.

Мавқеи Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии низомӣ боло рафтааст, аз Тоҷикистон чӣ?

0

Узбекистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомӣ “Global Firepower” беҳтар карда, дар миёни 145 кишвари дунё мақоми 53-умро касб намудааст.

Ин кишвар ҳамзамон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб шуда, пас аз Узбекистон Қазоқистон — 58-ум, Туркманистон — 78-ум, Тоҷикистон — 100-ум, Қирғизистон — 109-ум ва Афғонистон дар мақоми 121-ум қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои сомонаи “Global Firepower”, шумораи аскарони қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон тақрибан 120 000 нафар буда, аз ин шумора 95 000 дар қувваҳои заминӣ хидмат мекунанд.

Дар муҳимоти низомияш ин кишвар 159 ҳавопаймо, аз ҷумла 101 чархбол (аз он 34 ҳамлавар) ва 470 танк ва дар қувваҳои заминӣ зиёда аз 8 600 адад техникаи зиреҳпӯш, аз ҷумла бронетранспортерҳо, воситаҳои артиллерӣ ва системҳои мушакҳои реактивӣ мавҷуд аст.

Ҳамзамон, тақрибан 19 миллион нафар ба захираҳои меҳнатӣ ва мобилизатсионӣ дохил мешаванд, ки аз онҳо 15,9 миллион нафар барои хидмат қобилият доранд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар рейтинги Global Firepower барои соли 2026 дар ҷойи 100-ум қарор гирифт ва натиҷаи худро нисбат ба соли 2025, ки дар мақоми 108-ум буд, беҳтар кардааст. Шумораи аскарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 9 000–9 500 нафар буда, дар ихтиёри артиш тақрибан 6 700 адад техникаи зиреҳпӯш, аз ҷумла танкҳо, бронетранспортерҳо ва воситаҳои артилерӣ мавҷуд аст.

Тибқи иттилои сомонаи “Global Firepower” буҷаи дифоии Узбекистон беш аз 2,5 млдр доллари амрикоӣ ва аз Тоҷикистон ҳудуди 450 миллион доллар будааст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди болоравии мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ, ин кишвар ҳамоно яке аз заифтарин кишварҳо аз нигоҳи низомӣ ба шумор рафта, масъалаи модернизатсияи артиш дар вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ҷавобгӯ нест.

Радабандии “Global Firepower” бар асоси зиёда аз 60 нишондиҳанда, аз ҷумла шумораи сарбозон, маблағгузорӣ, таҷҳизот, логистика, захираҳо ва омилҳои ҷуғрофӣ таҳия мешавад ва потенсиали кишварро барои гузаронидани амалиётҳои мудофиа ва ҳамлаи тӯлонӣ нишон медиҳад ва дар даҳгонаи аввал, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Чин, Ҳинд, Куриёи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Британияи Кабир, Туркия ва Итолиё қарор гирифтаанд.

Ин гузориш дар ҳоле аз кам будани буҷаи низомии Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар охирҳои соли 2023 танҳо ба хотири сафарҳояш ҳавопаймои нав ба маблағи беш 92 миллион доллар харидорӣ кард, ки ин масъала баҳсҳои зиёдеро дар доираи коршиносӣ ба вуҷуд овард. Аксар бар ин назаранд, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ҳангми хароҷоти буҷаи давлатӣ масоили шахсияш авлавият дорад на артишу масоилеҳи муҳиму зарурӣ барои кишвар.

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, вале чаро “лимит” сахттар шуд?

0
Коллажи-Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 7-% истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 хабар медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ, ҳаҷми умумии он ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки танҳо дар соли 2025 дар ин бахш 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 14,9 млрд сомонӣ (тақрибан 1,59 млрд доллар) татбиқ гардидааст. Ҳадафи асосии ин лоиҳаҳо — таҳкими пояҳои энергетикӣ ва таъмини рушди устувори соҳа арзёбӣ мешавад.

Қаблан раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон зикр карда буд, ки дар давоми даҳ соли охир ба соҳаи энергетика 60 млрд сомонӣ (6,41 млрд доллар) сармоягузорӣ шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра 7 млрд кВт·соат ё худ 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар соли 2015 Тоҷикистон 17,2 млрд кВт·соат нерӯи барқ тавлид мекард, то соли 2025 ин рақам ба 24,2 млрд кВт·соат расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 мегӯянд, ки аз моҳи сентябри соли гузашта қариб дар баъзе минтақаҳои кишвар маҳдудияти барқ оғоз шуд ва дар моҳҳои ноябр ва декабр ба тамоми кишвар густариш ёфт. Ҳоло дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус деҳоти дурдаст барқ тақрибан 2-4 соат дар як шабонарӯз дода мешавад.

Ба назари коршиносон, ин ҳолати бебарқии шадид дар сармои зимистон саволи ҷиддиро ба миён меорад, ки агар истеҳсоли барқ воқеан афзоиш ёфта бошад, чаро норасоии он шадидтар эҳсос шуд? Ва мақомот ҳам пайваста далел меоварданд, ки иллати норасоии барқ камобӣ дар обанборҳост.

Мақомоти дахлдор мегӯянд, сабаби афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ин “афзоиши талаботи дохилӣ” мебошад. Тибқи маълумоти худи мақомот, эҳтиёҷ ба нерӯи барқ сол ба сол меафзояд ва то соли 2030 метавонад 31 дарсад бештар шавад. Аммо ин ё қатъи барқ ҳам ба далел метавонад рабт дошта бошад? Зеро афзоиши талабот падидаи пешбинишаванда аст ва бояд қаблан дар сиёсати банақшагирии энергетикӣ ба инобат гирифта шавад.

Таҳлилгарон инчунин ба мушкилоти тақсим ва идоракунии нерӯи барқ ишора мекунанд. Қисме аз нерӯи истеҳсолшуда метавонад ба кишварҳои хориҷ содир шуда бошад ё дар шабакаҳои фарсуда талаф ёфта бошад. Ба гуфтаи коршиносон, талафоти техникӣ дар шабакаҳои барқии Тоҷикистон то ҳол дар сатҳи баланд қарор дорад ва ин омил метавонад қисми назарраси истеҳсолро нобуд кунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомот умеди асосиро ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бастаанд. Раҳмон зимин суханронияш ҳангоми ироаи паём гуфта буд, ки бо ба истифода додани агрегати сеюми ин нерӯгоҳ дар соли 2027 мушкилоти бебарқӣ пурра ба охир мерасад. Вале ин суханест, ки солҳост такрор мешавад ва аммо воқеият чизи дигар аст.

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб “Рӯзи мактаб” баргузор кард.

Гуфта мешавад, чандест дар байни хонандагон ва ҷавонон ҳангоми муноқишаҳо бо корд зада куштан муд шудааст, ки ин амал мақомотро нигарон кардааст. ВКД-и Хатлон бо баргузории ин чорабинӣ намояндагони худро ба 40 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб фиристодааст.

Ба иттилои манбаъ, масъулони мақомоти корҳои дохилӣ бо хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, чорабиниҳои профилактикии судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, инчунин пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва боло бурдани сатҳи донишҳои ҳуқуқии онҳо мебошад.

Ин иқдом дар пасманзари нигарониҳо аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб сурат мегирад. Қаблан Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар як ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб гуфта буд, ки кордзанӣ миёни наврасон, ифротгароӣ ва истеъмоли ҳабҳои мадҳушкунанда аз мушкилоти асосии иҷтимоии ин шаҳр ба шумор мераванд.

Ин дар ҳолест, ки шаби 11-уми январ дар пайи як занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадалӣ Исуфов, размикори 19-сола, ба ҳалокат расид ва се ҳамсоли дигараш захмӣ шуданд.

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, танҳо дар соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 719 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин афзоиш ёфтааст. Мақомот бар ин назаранд, ки баргузории чунин чорабиниҳои профилактикӣ метавонад дар коҳиши ҷинояткорӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон нақши муҳим бозад.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

0

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то 1-уми декабри соли 2025 дар зиндонҳои ҷаҳон 330 рӯзноманигор қарор доштаанд.

Дар ин гузориш, ки 21-уми январи соли 2026 нашр шудааст, зиёд шудани таъқиби рӯзноманигорон бо иттиҳомоти сохтаи терроризм, экстремизм ва ҳамкорӣ бо сохторҳои хориҷӣ гуфта шудааст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон бори аввал дар солҳои охир ба даҳгонаи кишварҳое дар ҷаҳон ворид шуда, ки шумораи зиёди рӯзноманигоронро дар зиндон нигаҳ медорад. Тибқи маълумоти CPJ, дар соли 2025 дар зиндонҳои кишвар нуҳ рӯзноманигор қарор доштанд, ки натиҷаи афзоиши пайвастаи чунин парвандаҳо аз соли 2022 ба ин сӯ мебошад. Дар гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон муттаҳиди Русия буда, дар маҳдудсозии расонаҳои мустақил равишҳои монандро пеш мегирад.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки афзоиши шумораи рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон бо шиддат гирифтани талошҳои мақомот барои «нобуд сохтани расонаҳои мустақил» ҳамзамон шудааст.

Дар радабандие, ки CPJ онро нашр кардааст, Чин бо 50 рӯзноманигори зиндонӣ дар ҷойи аввал, Мянмар бо 30, Исроил бо 29 ва Русияву Беларус бо 27 ва 25 рӯзноманигорони зиндонӣ ва Озарбойҷон бо 24 дар мақомҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд. Дар даҳгонаи аввал ба ҷуз Тоҷикистон дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нестанд, аммо ворид шудани Тоҷикистон ба даҳгона нишон медиҳад, ки буҳрони озодии баён дар Осиёи Марказӣ амиқтар мешавад.

Дар гузориши CPJ ба вазъ дар Исроил ва қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст, ки дар он афзоиши шадиди боздошти рӯзноманигорон дар пасманзари ҷанг дар Навори Ғазза, ки моҳи октябри соли 2023 оғоз ёфт, ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 Исроил 29 рӯзноманигорро дар боздошт нигоҳ медошт, ки ҳамаи онҳо фаластинӣ мебошанд.

CPJ таъкид мекунад, ки Исроил ягона давлат дар феҳристи бузургтарин зиндонкунандагони рӯзноманигорон аст, ки маъмулан демократӣ ҳисобида мешавад. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди рӯзноманигорони фаластинӣ бидуни эълони расмии айб, дар доираи боздошти маъмурӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф аст.

Дар гузориш маълумотҳои зиёде дар бораи муносибати бераҳмона бо рӯзноманигорони фаластинӣ дар маҳбасҳо сабт шудаанд, аз ҷумла ҳабси тӯлонӣ дар утоқҳои танҳо, латукӯб, маҳрум кардан аз кумаки тиббӣ ва шароити таҳқиромези нигоҳдорӣ. CPJ зикр мекунад, ки нисбат ба фаластиниҳо меъёрҳои дигари судӣ татбиқ мешаванд, ки ин хатари маҳдуд шудани озодии баёнро дар минтақаи низоъ боз ҳам зиёд мекунад.

Дар миқёси ҷаҳонӣ зиёда аз 60 дарсади рӯзноманигорон бо айбдоркуниҳои «зиддиддавлатӣ» дар зиндон қарор доранд ва тақрибан панҷяки онҳо бидуни айбномаи расмӣ боздошт шудаанд. Қариб нисфи рӯзноманигорони зиндонӣ ҳукм надоранд ва бисёре аз онҳо беш аз панҷ сол дар ҳабс қарор доранд, ки ба гуфтаи CPJ, мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Гузориш ҳамчунин аз шароити вазнини нигоҳдории рӯзноманигорон дарак медиҳад. Дар тақрибан сеяки парвандаҳо аз муносибати бераҳмона, шиканҷа, латукӯб, маҳрумият аз ёрии тиббӣ ва ҳабси тӯлонии танҳоӣ хабар дода шудааст.

CPJ таъкид мекунад, ки таъқиби рӯзноманигорон паёмадҳои дарозмуддат дошта, он ниҳодҳои демократиро заиф мегардонад, ба афзоиши фасод мусоидат мекунад ва сатҳи масъулияти ҳукумат дар назди ҷомеаро коҳиш медиҳад.