13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 8

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

0

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон “Freedom House” гузориши солонаи худро бо номи “Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ” нашр кард, ки дар он Тоҷикистон бо гирифтани ҳамагӣ 5 хол аз 100 дар гурӯҳи кишварҳои “ғайриозод” боқӣ мондааст.

Ин гузориш, ки 19-уми марти соли ҷорӣ нашр шудааст, рӯйдодҳои соли 2025-ро дар бар гирифта, вазъи 195 кишвар ва 13 минтақаро аз рӯи ду нишондиҳандаи асосӣ — ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ баҳо медиҳад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз се даҳсола дар сари қудрат буда, низоми сиёсӣ торафт бештар атрофи ҳокимияти феълӣ мутамарказ гашта, институтҳои сиёсӣ заиф шудаву фаъолияти расонаҳо, созмонҳои мустақили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии гирдиҳамоӣ ва изҳори назар чиддӣ маҳдуд гаштаанд.

Ҳамчунин гузоришгарони ин созмон мегӯянд, ки режими худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон пеш аз интихоботи соли 2015 сабти номи ҳизби умдаи мухолифонро бекор кард, баъзе аъзои ҳизб ва хешовандони онҳоро озору азият доду ба зиндон андохт ва дар баъзе ҳолатҳо кушт. Чунин саркӯбҳо солҳои баъдӣ ҳам идома кард ва имрӯз рақобати воқеӣ дар интихобот дар Тоҷикистон амалан вуҷуд надорад.

Тибқи маълумоти Freedom House соли 2005 Тоҷикистон тақрибан 30 хол дошт ва дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 5 хол поён рафт.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин ҳолате, ки дар Тоҷикистон аст, барои бисёре аз кишварҳои дорои низоми авторитарӣ хос мебошад.

Ҳамчунин дар ин гузориш таъкид шудааст, ки соли 2025 бистумин сол аст, ки сатҳи озодӣ дар ҷаҳон пайдарпай коҳиш меёбад. Дар давоми сол коҳиши нишондиҳандаҳои ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 54 кишвар ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки беҳбудӣ танҳо дар 35 кишвар мушоҳида шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаҳон авторитаризм, тақаллуб ва назорати интихобот аз ҷониби ҳукуматҳо, фишор ба расонаҳои мустақил, таъқиби нерӯҳои оппозитсионӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона ва табаддулотҳои низомӣ афзоиш ёфта, озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи додгоҳӣ зарари ҷиддӣ дидаанд.

Бояд гуфт, “Freedom House” ягона созмоне нест, ки режими Эмомалӣ Раҳмонро барои маҳдуд намудани озодиҳо дар Тоҷикистон танқид мекунад. Дар гузашта созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, СММ ва ИА барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавсияҳо дода буданд, аммо ҳукумати амалкунанда он тавсияву пешниҳодҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

0

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навиштааст, ки ҷанҷол миёни ин ду нафар бар сари робитаи афсари ВКД бо як духтари мактабхон шаби 17 ба 18-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Рохарви Ванҷ сар задааст.

Ба гуфтаи манбаъ он духтар дар синфи даҳум мехондааст ва хешованди ҷавони кушташуда будааст. Ғалчаев аз қазия хабардор мешавад ва баъди намози таровеҳ бо афсар бар сари кирдори ахлоқии ӯ вориди ҷанҷоли лафзӣ мешавад, аммо ин афсар бо туфангча ба қисми поёни шиками Саломатшо ду тир задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷон додааст.

Ҷасади Саломатшо Ғалчаевро пас аз ташхис дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ рӯзи 18-уми март бо ҳузури раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти қудратӣ зери чораҳои сахти амниятӣ дафн кардаанд. Аз Саломатшо Ғалчаеви 34-сола панҷ фарзанд мондааст.

Гуфта мешавад, афсаре, ки Ғалчаевро куштааст ҳамроҳои духтари мактабхон ва модараш дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ дар боздошт қарор доранд.

Бино ба навиштаи манбаъ ин афсар, ки номаш нашр нашудаст, сокини ноҳияи Ванҷ набуда, дар посгоҳи Қушунҳои дохилӣ, ки дар даромадгоҳи ноҳия қарор дорад, хидмат мекард ва пештар ҳам дар яке аз қисмҳои низомии Қушунҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла ВКД, ки ин афсар онҷо кор мекард дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд ва назари пайвандони кушташуда низ то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

0

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар маҷмуъ 3 ҳазору 610 тонна бор буда, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат аст.

Бар асоси иттилои манбаъ, корвони кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18-уми март ба сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон раҳсипор шудааст ва рӯзҳои наздик дастраси мардуми ниёзманд дар Эрон хоҳад гашт.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои узбекистонӣ ду рӯз пеш низ хабар дода буданд, ки бо дастури раисҷумҳури ин кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба мардуми зарардидаи Эрон кумакҳои башардӯстона, аз қабили доруворӣ, хӯрока ва дигар ашёи зарурии рӯзгор фиристодааст.

Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Эрон дар ҳолест, ки аз 28-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои низомии Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуда, то кунун дар ин кишвар садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ҳамзамон хонаҳои маскунии зиёде низ вайрон гаштаанд.

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

0

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ бо навиштани номаи расмӣ ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ин мақомдор, ки дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии X номаашро нашр кардааст, мегӯяд, бо сабаби норозигӣ аз сиёсатҳои кунунии ИМА дар Ховари Миёна, махсусан нисбат ба Эрон, дигар наметавонад вазифаи худро идома диҳад.

“Пас аз андешаҳои зиёд, ман қарор кардам аз вазифаи директори Маркази миллии зиддитеррористӣ истеъфо диҳам ва ин қарор аз ҳамин рӯз эътибор пайдо мекунад”, — гуфта мешавад дар нома.

Дар идома Кент навиштааст, ки наметавонад “бо виҷдони солим ҷанг дар Эронро” дастгирӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, “Эрон ҳеҷ таҳдиди фаврӣ барои ИМА надошт ва возеҳ аст, ки ИМА ин ҷангро бо фишор аз ҷониби Исроил ва лобби пурқудрати он дар кишвар оғоз кардааст.”

Ҳамчунин ӯ дар ин нома ба ваъдаҳои сиёсии Доналд Трамп дар маъракаҳои интихоботии солҳои 2016, 2020 ва 2024 ишора карда, гуфтааст, ки дар он давра Трамп борҳо таъкид мекард, ки ИМА бояд аз “ҷангҳои беохир” дар Ховари Миёна дурӣ ҷӯяд.

Кент инчунин мисол меорад, ки дар давраи аввали президентии Трамп баъзе амалиётҳои низомӣ, аз ҷумла кушта шудани фармондеҳи эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар соли 2020 ва мубориза алайҳи гурӯҳи террористии “ДИИШ” бо мақсади маҳдуд анҷом дода шуданд.

Аммо, ба гуфтаи Кент, дар оғози маъмурияти навбатӣ, мақомҳои баландпояи Исроил ва баъзе рӯзноманигорон як маъракаи иттилоотии бардурӯғро роҳандозӣ карданд, ки ба таври комил сиёсати “Амрико аввал аст”-и Доналд Трампро коста намуд ва Амрикоро ба ҷанг бо Эрон тела дод. 

Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки ба Трамп гуфтанд, ки Эрон таҳдиди фаврӣ ба Иёлоти Муттаҳида мебошад ва агар ҳоло ҳамла кунад, роҳи комили пирӯзии зуд вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи Кент, ин дурӯғ буд ва ҳамон тактикаест, ки Исроилиҳо барои ҷалб кардани Амрико ба ҷанги фалокатбори Ироқ истифода карданд ва он ҷони ҳазорон марду зани амрикоиро гирифт. 

Ҳамакнун собиқ директори Маркази миллии зиддитеррористии Амрико дар номаи истеъфояш таъкид кардааст, ки дигар набояд Амрико ин хатогиро такрор кунад. Ӯ мегӯяд: “Ҳамчун собиқадори ҷанг, ки 11 маротиба ба майдон рафтам ва ҳамчунин ҳамсари азизи худ Шеннонро дар ҷангҳои сохта аз ҷониби Исроил аз даст додам, ман наметавонам насли навро барои ҷанг ва марг фиристам, ки ба мардуми Амрико фоида намеорад ва арзиши ҷони амрикоиҳоро ҷуброн намекунад.”

Ӯ аз мақомдорони Амрико хоста, ки “шумо андеша кунед, ки мо дар Эрон чӣ кор мекунем ва барои кӣ ин корро мекунем? Вақти амалҳои ҷасурона расидааст. Шумо метавонед роҳро тағйир дода, роҳи нав барои кишвари мо кушоед, ё иҷозат диҳед, ки мо ба сӯйи таназзул ва бесарусомонӣ равем. Қарор дар дасти шумо мебошад”.

Истеъфои ин мақомдори баландпояи амрикоӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 28-уми феврали соли ҷорӣ ҷанги Исроилу Амриков бар зидди Эрон идома дорад. Ва ҳоло вокунишҳои ҷаҳонӣ гуногун буда, аксар бар поён додани ҷанг таъкид мекунанд.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

0

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шуда, он барои чанд навъ ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ихроҷи ҳатмии шаҳрвандони хориҷиро аз ин кишвар пешбинӣ мекунад.

Ин лоиҳа 16-уми марти соли ҷорӣ, дар ҷаласаи Комиссияи фаъолияти қонунгузории ҳукуматӣ баррасӣ гардида, мумкин аст дар вақти наздик ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шавад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барои ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯи 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия, аз ҷумла барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалии номатлуб, маҷбур кардани шахс ба иштирок ё худдорӣ аз иштирок дар корпартоӣ, вайрон кардани талаботи режими ҳолати фавқулода, майдаавбошӣ бо итоат накардан ба кормандони пулис ва ғайра ба ихроҷи ҳатмӣ дучор шаванд.

Ҳамчунин ихроҷ метавонад барои паҳн кардани барномаҳои телевизионӣ ё филмҳое, ки ба шуури одамон таъсир мерасонанд, нашри дастурҳо оид ба сохтани бомба дар ВАО ва пешниҳодҳои фурӯши фосилавии нӯшокиҳои спиртӣ татбиқ шавад.

Дар қонунгузории амалкунанда, ихроҷ аксар вақт ҳамчун яке аз чораҳои эҳтимолии ҷазо истифода мешавад ва қарори ихроҷро додгоҳ қабул мекунад.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимир Груздев дар шарҳи ин лоиҳа гуфта, ки дар модели нави ҷазо ҷаримаҳо бо ихроҷи ҳатмӣ якҷоя истифода мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо дар баробари ҷарима ихроҷ ҳамчун ҷазои иловагии ҳатмӣ таъйин мешавад. Ҳамзамон додгоҳ метавонад мусодираи ашёи истифодашуда дар ҳуқуқвайронкуниро низ таъйин кунад, аммо қонун татбиқи зиёда аз як ҷазои иловагиро барои як амали қонуншиканӣ иҷозат намедиҳад.

Илова ба ихроҷи ҳатмӣ, Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кардааст, ки ҷаримаҳо барои баъзе моддаҳои марбут ба қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ зиёд карда шаванд. Масалан, барои вайрон кардани қоидаҳои воридшавӣ ба Русия, фаъолияти кории ғайриқонунӣ ё ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор пешниҳод шудааст, ки ҷарима аз 4 то 7 ҳазор рубл муқаррар карда шавад. Ҳоло барои чунин қонуншиканиҳо ҷарима аз 2 то 5 ҳазор рубл мебошад.

Дар шарҳи расмии лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки ин тағйирот бо афзоиши фаъолияти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ рабт дошта, Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳолатҳои муноқишаҳои оммавӣ ва бетартибиҳо бо иштироки муҳоҷирон ишора кардааст.

Петштар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин иддао карда буд, ки дар соли 2025 шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 7 дарсад афзоиш ёфта, ба 41 ҳазору 103 ҳолат расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар баробари тамоми ҷиноятҳое, ки дар Русия содир шудаанд, ночиз буда, танҳо соли 2024 дар тамоми қаламрави ин кишвар беш аз 1,77 миллион ҷиноят содир шуда будааст.

Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, шаҳрвандони хориҷие, ки баъзе ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро содир мекунанд, метавонанд ба таври худкор аз Русия ихроҷ шаванд. Ин метавонад шумораи ихроҷҳоро зиёд кунад ва имкони интихоб кардани ҷазо аз ҷониби додгоҳҳоро кам намояд. Ҳуқуқшиносон ҳам эҳтимол медиҳанд, ки шумораи парвандаҳои маъмурӣ вобаста ба қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ афзоиш меёбад.

Бояд гуфт, ин тағйироти пешниҳодшуда идомаи сиёсати Ҳукумати Русия барои шадидтар кардани назорати муҳоҷират буда, дар чанд соли охири барои амалӣ кардани ин сиёсат даҳҳо қонун қабул шудааст ва ҳоло чандин қонуни дигар дар ҳоли пешниҳоду баррасӣ қарор доранд.

Қонунҳои мазкур дар ҳоле пешниҳоду баррасӣ ва қабул мешаванд, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷират метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

0

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Расонаҳои исроилӣ рӯзи сешанбе, 17-уми март аз қавли вазири дифои ин кишвар, Йисроил Катс навиштанд, ки дар як ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил шоми рӯзи 16-уми март дар Теҳрон баъзе аз раҳбарони калидии Эрон, аз ҷумла Алӣ Лориҷонӣ, Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои “Басиҷ” ва чанд тани дигар кушта шудаанд.

Иддаое, ки то ҳанӯз мақомоти расмии Эрон онро тасдиқ ва ё рад накардаанд. Аммо имрӯз ва пас аз нашр шудани ин хабар аз ҷониби Исроил дар саҳифаи Х-и марбут ба Алӣ Лориҷонӣ, дастнависе аз ӯ нашр шудааст, ки дар он аз маросими ташйиъи нерӯҳои дарёии кушташудаи Эрон ёд мешавад.

Ин дар ҳолест, ки пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пайдо кардани макон ва иттилооти муҳими марбути шуморе аз раҳбарони аршади низомӣ ва сиёсии Эрон, аз ҷумла Лориҷонӣ ва Муҷтабо Хоманаӣ то 10 миллион доллар мукофот эълон карда буд.

Ба назари коршиносон, дар ҳоли тасдиқи кушта шудани Лориҷонӣ, ки яке аз шахсиятҳои калидӣ ва таъсиргузор дар сиёсати Эрон маҳсуб мешавад, зарбаи сахте бар бадани низоми Ҷумҳурии исломӣ хоҳад буд. Зеро ӯро дар Эрон нафари дуюм баъд аз раҳбари кушташудаи ин кишвар Алӣ Хоманаӣ медонистанд.

Агарчи мақомоти Эрон дар посух ба эълони Исроил кушта шудани касе аз раҳбаронашро таъйид накардааст, аммо субҳи имрӯз бо партоби мавҷи 58-уми “Амалиёти Содиқ-4” ба сӯи Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷ ҳамла кард.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар дар ҷаласаи навбатии ин ниҳод изҳор дошта, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол иди шарифи Рамазон дар кишвар рӯзи ҷумъа 20-уми март фаро мерасад.”

Бар асоси қарори қабул кардаи Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, Иди Фитр дар саросари ҷумҳурӣ соли ҷорӣ рӯзи ҷумъа 20-уми март баргузор мегардад. Ва намози Ид дар тамоми масҷидҳои кишвар соати 7:30 дақиқа барпо мешавад.

Ба ин монанд бархе кишварҳои дунё низ баргузории Иди Фитрро бо такя ба ҳисоботи фалакӣ ва илмӣ рӯзи 20-уми март эълон кардаанд. Аммо кишварҳои арабӣ, бахусус Арабистони Саудӣ, Миср ва дигар кишварҳои исломӣ, ки дар таъйин ва эълони фарорасии Рамазон ва идҳо ба дидани моҳ такя мекунанд, то ҳанӯз эълон накардаанд.

Фишори Трамп бар муттаҳиҳдонаш: Дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунед!

0
President Donald Trump points to a reporter to ask a question during a news conference at Mar-a-Lago, Saturday, Jan. 3, 2026, in Palm Beach, Fla. (AP Photo/Alex Brandon)

Бо вуруди ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон ба рӯзи 17-ум ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, Доланд Трамп, раисҷумҳури Армрико аз баъзе кишварҳо хост дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд.

Трамп дар изороте гуфт, ки нефте, ки аз тариқи тангаи Ҳурмуз ба Амрико мерасад, ҳамагӣ 2 то 3 дарсад аст. Вале кишварҳое монанди Чин, ки 90 дарсади нефташон аз тариқи ин роҳи баҳрӣ ворид мешавад, бояд барои бозгушоии он вориди амал шаванд.

Трамп ҳамчунин дар хитоб ба муттаҳидони аврупоияш низ гуфт, ки “мо онҳоро дар Украина кумак кардем ва бояд онҳо низ дар ин марҳила ба мо кумак кунанд.”

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамлаҳо дар Эрон “ба хубӣ” пеш мераванд ва ба ҳуҷуми дигарбора ба Ҷазираи Хорки Эрон низ ишора кард. Ӯ гуфт, ки дар ҷазираи нефтии Эрон қариб ҳеч қувва ва таҷҳизоти низомии Эрон боқӣ намондааст.

Хабаргузории “Axios” ба нақл аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп навишт, ки ӯ изҳори умедворӣ карда, ки дар ҳафтаи оянда байни давлатҳо барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз як эътилофе ташкил мешавад.

Аммо аксари ин кишварҳои мавриди назар дархости Трампро рад карданд. Аз ҷумла, хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ дод, ки вазири дифои Омлон Борис Писториус дар паёме гуфт: “Трамп интизор дорад чанд нови ҷангии хурди аврупоӣ битавонанд кореро анҷом диҳанд, ки новгони қудратманди Амрико аз уҳдаи он барнамеояд?” Вазири дифои Олмон таъкид мекунад, ки “Ҷанг бо Эрон ҷанги мо нест ва дар он иштирок нахоҳем кард.”

Ҳамзамон нахуствазири Британия низ дар изҳороте гуфт, ки “Британия дар ҷанг бар зидди Эрон ворид намешавад, вале барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз бо роҳҳои имконпазир талош мекунад.”

Ба навиштаи “Ройтерз”, сарвазири Британия бозгушоии тангаи Ҳурмузро “кори душвор” хонда, гуфтааст, ки кишвараш ба сӯи тангаи Ҳурмуз киштиҳои низомӣ намефиристад.

Ҳамчунин сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити гуфта, ки кишвараш нақшае барои фиристодани киштиҳои ҳарбӣ ба танги Ҳурмузро надорад. Ӯ ишора карда, ки ҳар гуна амалиёти амниятии баҳрӣ “аз нигоҳи ҳуқуқӣ бисёр душвор” хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони Эрон дар эъломияе гуфта, ки ҳуҷум ба Ҷазираи Хорк муодилаи ҷиддиеро дар робита ба нархи нефт ва баровардҳои нефтӣ дар ҷаҳон тағйир хоҳад дод.

Баъзе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Амрико барои поёни ҷанг чанд гузина дорад: идома додан то раисдан ба аҳдоф, ё эълони пирӯзӣ ва баромадан аз ҷанге, ки ҳар ҳалза печидатар мешавад.

Шикояти волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунии ғайриқонунӣ дар мактабҳо

0

Пас аз нашри хабаре дар мавриди ғайриқонунӣ пул ҷамъ кардан дар яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат, ба унвонии Azda.tv аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин маврид шикоятҳои зиёд ворид шуд.

Пештар Azda.tv шикояти волидони чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдатро дар мавриди ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз ҷониби директори он Розиқова Дилафруз зери унвони: “Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд” нашр карда буд.

Пас аз нашри ин хабар он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёдеро ба вуҷуд оварда, ба Azda.tv волидон ва омӯзгорон аз минтақаҳо ва мактабҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз мактаби №15 шаҳри Левакант, мактабҳои №31, 87, 65, 89 ва 22 шаҳри Душанбе, мактаби №1 шаҳри Турсунзода, чанд мактаби шаҳри Кӯлоб, мактабҳои ноҳияи Зафаробод, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ваҳдат, мактаби №15 ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби №10 шаҳри Спитамен ва ғайра бо шикоятҳои монанд муроҷиат карданд. 

Ба гуфтаи волидон, дар аксар мактабҳои Тоҷикистон дар баробари пули моҳонаи мактаб, ки он ҳам ғайриқонунӣ аст, омӯзгорон ва масъулин мунтазам бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла барои хариди буру латта, насби дару тирезаҳо, таъмири роҳҳо ва ҳоҷатхонаҳо, барои таҷлили 8-уми март, рӯзи омӯзгор, зодрӯзи муаллимаҳо ва директорҳо — аз 100 то 200 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар, барои таъмири мактаб — аз 100 то 500 сомонӣ (барои таъмири утоқи директор алоҳида пул мегиранд), барои хариди тахтаҳои электронӣ — тақрибан 150 сомонӣ, барои насби камераҳои назоратӣ — тақрибан 100 сомонӣ ва ғайра маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. 

Илова бар ин, баъзе волидон мегӯянд, ки ҳангоми қабул кардани кӯдак ба синфи якум дар мактабҳо маблағ талаб мекунанд ва агар волидон пул надиҳанд, ба онҳо гуфта мешавад, ки дар мактаб “ҷой нест”.

Баъзе аз волидони хонандагон зимни шикояташон ба Azda.tv гуфтанд, ки аз баъзе оилаҳо 4–5 фарзандашон дар мактабҳо мехонанд, аксари мардум шароити хуби зиндагӣ надоранд, вале масъулини мактабҳо сари ҳар як хонанда пулҳои ҷудогона талаб мекунанд, ки ин бисёр сахт аст.

Дар ҳамин ҳол бархе омӯзгорони мактабҳо дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv изҳор доштанд, ки худи онҳоро низ аз ҷониби масъулони мактабҳо маҷбур мекунанд, ки дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам дар пул мегиранд.

Яке аз омӯзгорон бидуни овардани номаш ба Azda.tv гуфт: “Муаллимонро дар баробари дигар харҷҳое, ки аз хонандагон ҷамъ мекунанд, маҷбур мекунанд, барои “профсоюз”, “тарификатсия”, барои сарбозон, барои таҷлили “Рӯзи омӯзгор”, барои рӯзи модарон ва зодрӯзи директору муовинҳояш, барои меҳмонҳо аз сохторҳои давлатӣ ва Вазорати маориф ва ҳатто барои шинондани картошка маблағ супоранд.” Ин омӯзгор мегӯяд, ки ҳатто барои соатҳои бештари дарсӣ гирифтан маҷбуранд пул супоранд.

Ҳамчунин як омӯзгори собиқ бо номи Гуля Ҳусейнзода мегӯяд, ки ҷамъоварии доимии маблағ барои “меҳмонҳо” ва “маҳалгароии” мудири маориф маҷбураш сохт кори худро дар мактаб тарк кунад ва акнун бо доштани ду диплом кори зарфшӯӣ ва фаррошӣ меҷӯяд. 

Шикояти ботакрори волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо дар ҳолест, ки масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла Саидзода Раҳим Ҳамро борҳо таъкид карда буд, ки таҳсил дар мактабҳои давлатӣ ройгон буда, ҷамъоварии маблағ аз волидон манъ аст. 

Ба гуфтаи коршиносон, мушкили ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо чанд сабаб дошта, яке аз онҳо ба камбуди маблағгузории муассисаҳои таълимӣ ва маоши пасти омӯзгорон вобаста аст. Вақте мактабҳо барои таъмир, таҷҳизот ва дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра ё маоши омӯзгорон маблағи кофӣ намегиранд, дар мактабҳо кӯшиш мекунанд ин камбудиро аз ҳисоби волидон ҳал намоянд. Вале вақте маблағ мунтазам ва бо баҳонаҳои гуногун аз таъмир то идҳо ва туҳфаҳо барои роҳбарият ҷамъоварӣ мешавад, ин баёнгари он аст, ки фасод ба як мушкили решадор ва густарда табдил ёфтааст.

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки чун фасод дар тамоми соҳаҳои кишвар реша давондааст, ҳалли мушкили пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо хеле душвор аст.

Хонандагони гиромӣ: Агар шумо низ дар мактабҳо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаед ва мехоҳед, ки дар бораи он ҷомеа огоҳ шавад, метавонед ба мо бо ракамҳои +48571608008 нависед ва мо онро нашр хоҳем кард.

 

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

0

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Додгоҳи якуми ҳарбии шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Қудрат Қурбоновро тибқи қисми 2 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия (Сафедкунии оммавии терроризм) гунаҳкор дониста, ба шаш соли зиндон маҳкум кард.

Мувофиқи ҳукм, ин муҳоҷири тоҷик се соли аввали ҷазоро дар зиндон ва қисми боқимондаи муҳлатро дар колонияи низомаш сахт адо хоҳад кард.

Бояд гуфт, Қудрат Қурбонов моҳи августи соли 2025 барои кор ба Русия рафта будааст, яъне пас аз як соли ҳодиса ва моҳи декабри ҳамон сол боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сабаби боз шудани парванда нисбати Қурбонов паёмҳое будаанд, ки гӯё ӯ дар интернет вобаста ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” нашр кардааст.

Дар парванда гуфта шудааст, ки рӯзҳои 24–25-уми марти соли 2024 маҳкумшуда дар мессенҷери Telegram паёмҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо амалҳои террористонеро, ки ба меҳмонони толори консертии “Крокус Сити Холл” ҳамла карда буданд, сафед мекард.

Ҳамчунин гӯё ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, гуфтааст, ки тарафдори ташкилоти “Давлати исломӣ” мебошад ва нияти “мубориза бо кофирон” ва “шаҳид шудан”-ро доштааст. Дурустии ин гуфтаҳоро намешавад аз ҷойи дигар тасдиқ кард ва маълум нест Қурбонов дар чӣ шароите гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-юми марти соли 2024 пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин ҳодиса 12-уми марти соли ҷорӣ, Додгоҳи ҳарбии Маскав пушти дарҳои баста Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализодаро, ки аз онҳо муттаҳамони асосии ҳодиса ном бурда мешавад, ҳамроҳи 11 нафари дигар, ки 2 нафарашон зодагони Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон мебошанд, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин 990 ҳазор рублӣ (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Ҳамчунин дар ин мурофиа додрас Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистонро, ки гӯё ба иҷрокунандагони ҳамла хона иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум карда, хонаи ӯро дар Подмосковйе мусодира карданд.

Исроил Имломов ҳамроҳи ду писараш Диловар ва Аминҷон, ки ба гуфтаи додгоҳ, ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад.

Назари гумонбарон ба ҳукми додгоҳ маълум нест, аммо дар гузашта баъзе аз онҳо иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номида, рад карда буданд. Бояд гуфт, ки гумонбарон замони боздошт мавриди шиканҷаи сахт ва бераҳмона қарор гирифта буданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуд. Баъдтар ҳам дар мурофиаи додгоҳии аввал онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯи вараму хуншор намоиш дода буданд.