15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 92

Пулис дар моҳи Рамазон чанд гӯштфурӯшро ҷазо дод

0

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе алайҳи панҷ гӯштфурӯш барои гаронфурӯшӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД, “фурӯшандаҳо бо мақсади манфиатҷӯӣ нархи гӯштро аз нархи муқаррарӣ баланд бардоштанд.” Мақомот номи ин панҷ гӯштфурӯшро нашр карда, аз онҳо Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр ёд бурдааст.

Тавре ин ниҳод хабар дод, гӯштфурӯшон барои ин амалашон ҷарима шуданд. Ва гуфта мешавад, қонун барои соҳибкороне, ки нархи маҳсулотро худсарона боло мебаранд, аз 1500 то 6000 сомонӣ ҷарима пешбинӣ кардааст. Аммо гуфта нашудааст, ки ин гуштфурӯшон ҳар кадом чӣ миқдорӣ ҷарима шудаанд.

Раёсати ВКД қаблан аз соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро боло набаранд.

Гаронфурӯшӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми фарорасии моҳи Рамазон ва ё пеш аз иду ҷашнҳо ба як одати маъмулӣ байни савдогарон табдил ёфтааст. Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки моҳи Рамазон, ки моҳи хайру баракат аст ва мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳама рӯзадоранд, мебояд нархи маҳсулот дар бозорҳо арзонтар бошад, аммо дар бозорҳои кишвар баракс аст, ки аксари мардум тавони хариди, бахусус гӯштро надоранд.

Натиҷаи музокироти Украина ва Амрико

0

Музокироти ИМА ва Украина, ки 11-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид ва беш аз ҳашт соат идома кард, ба охир расид.

Дар натиҷаи ин музокирот, Киев омодагии худро барои қабули пешниҳоди Амрико дар бораи ҷорӣ кардани оташбаси муваққатии 30-рӯза бо имкони тамдиди он изҳор доштааст.

ИМА дар баробари ин табодули иттилоот ва кумакҳои амниятӣ ба Украинаро фавран азсар мегирад.

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки бо мушовири амнияти миллӣ Майк Волтс Амрикоро дар музокирот намояндагӣ мекард, гуфт, ки тарҳи оташбас барои тасмимгирӣ ба ҷониби Русия пешниҳод мешавад ва умед дорад, ки русҳо ҳарчи зудтар “бале” бигӯянд, то ҷонибҳо ба марҳилаи дувум, яъне музокироти воқеӣ гузаранд.

Рубио ичнунин таъкид кард, ки агар Маскав ин таклифро рад кунад, пас худро монеаи хақиқӣ дар роҳи сулҳ нишон хоҳад дод.

Пас аз ин нишаст президенти ИМА Доналд Трамп низ изҳори умедворӣ намуд, ки Русия ба оташбас розӣ шавад ва хабар дод, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қасд дорад гуфтугӯ кунад. Эҳтимол меравад, гуфтугӯи Трамп бо Путин давоми ҳафтаи ҷорӣ анҷом шавад.

Дмитрий Псков, сухангӯи Кремл низ эҳтимол додааст, ки суҳбати телефонии раҳбарони Русия ва Амрико рӯзҳои наздик баргузор хоҳад шуд ва ҷониби тафсилоти музокирот аз ҷумла пешниҳоди оташбаси 30-рӯзаро аз ИМА бигирад.

Ҳамзамон Трамп гуфт, ки Владимир Зеленскийро дигарбора ба Кохи Сафед даъват хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот дар Ҷидда ҷонибҳо табодули асирони ҷангӣ миёни Киеву Маскав ва баргардонидани кӯдакони иҷборан оворашудаи украиниро баррасӣ карданд ва Амрико вазифадор шудааст, ки ин пешниҳодҳои мушаххасро бо намояндагони Русия баррасӣ кунад. Ҷониби Украина ба ҳузури кишварҳои урупоӣ дар нишастҳои баъдӣ таъкид кардааст.

Дар пайи музокироти Украина ва Иёлоти Муттаҳида дар Арабистони Саудӣ, ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи истихроҷи муштараки маъданҳои Украина ҳарчи зудтар созиш ба имзо расонанд. Ин созишнома бояд 28-уми феврали соли ҷорӣ миёни Зеленский ва Трамп дар Кохи Сафед ба имзо мерасид, вале гуфтугӯи онҳо бо ҷанҷолҳои лафзии сахти раҳбарони ду кишвар анҷомид ва Зеленский маҷбур шуд бидуни имзои созишнома Вашингтонро тарк кунад.

Аз натиҷаҳои музокироти Украина ва Амрико худи Владимир Зеленский ва раҳбарони кишварҳои урупоӣ хуб истиқбол карда, таъкид кардаанд, ки ҷонибдори сулҳи устувор ва дарозмуддат бо кафолатҳои амниятӣ барои Украина мебошанд.

Ҳамлаи Украина ба Маскав пеш аз оғози музокироти Ҷидда

0

Субҳи рӯзи 11-уми март артиши Украина ба шаҳри Маскав ҳамлаи густурдаи паҳподӣ анҷом дод, ки гуфта мешавад, ин ҳамлаи ҷавобӣ ба ҳуҷумҳои ахири Русия буд.

Мақомоти Русия мегӯянд ҳамлаи паҳподии “азиме” аз тарафи Украина субҳи имрӯз, 11-уми март сурат гирифт. Ба гуфтаи расонаҳо, ин ҳамлаи паҳподӣ 2 нафар кушта ва 18 нафар захмӣ баҷо гузошта, баъзе биноҳои истиқоматию инфрасохторҳо осеб диданд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба расонаҳо гуфт: “Нерӯҳои русӣ зиёда аз 90 паҳподи укроиниро дар фазои Маскав аз байн бурданд, вале қитъаҳои хурдшудаи ин ҳавопаймоҳои бесарнишин ба биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи “Домодедовская” афдота, ба чанд бино осеб расондааст.”

Артиши Русия эълон кард, ки дар ин ҳамлаи густарда 337 паҳбоди украинӣ тавассути нерӯҳои дифоии Русия дар фазои ин кишвар нобуд карда шуданд, ки аз он 91-тояш Маскавро ҳадаф гирифта буданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки 6 паҳбоди бесарнишин дар наздикии “нерӯгоҳи ҳастаӣ” дар Курск ғарби Русия раҳгирӣ ва нобуд шуданд.

Инчунин расонаҳои русӣ хабар доданд, ки баъзе қитъаҳои паҳподҳо дар ҳудуди як паркинг афтодааст, ки бештар аз 20 мошин ба коми оташ рафтааст.

Дар пайи ин ҳуҷуми ба гуфтаи Собянин “азим”, баъзе фурӯдгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳои “Жуковский” ва “Домодедово” муваққатан фаъолияти худро боздоштаанд. Фурӯдгоҳи “Внуково” низ рафту омади ҳавопаймоҳоро ба таъхир андохт, вале пас аз чанд соат ба риволи пешин баргшт.

Ҳамлаи Украина ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамлаҳои артиши Русия давоми чанд рӯзи ахир ба зерсохторҳои Украина ва ғайринозомиёни ин кишвар бештар шудааст.

Ба гуфтаи нерӯҳои дифоии Украина, онҳо мушаки “Искандар-М” ва 79 ҳавопаймои бесарнишини Русияро шаби 10-уми март раҳгирӣ карданд, ки минтақаҳои Киев, Одесса, Днепропетровск ва Харковро нишона гирифта буд.

Ҳамин тавр, мақомоти Русия имрӯз гуфтанд, ки бештар аз 100 километри қисматҳои ҷанубу ғарбии вилояти Курскро бозпас гирифтааст. Ин пасгирии заминҳое аст, ки тобистони соли гузашта нерӯҳои укроинӣ дар як амалиёте ба даст оварда буданд.

Ин ҳуҷумҳо дар замоне сурат мегирад, ки худи ҳамин рӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ миёни намояндагони Украина ва Амрико барои хотима додани ҷанг музокирот оғоз шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия талош дорад то расидан ба оташбас сарзаминҳои бештареро ба даст биёрад. Ва аз ҷониби дигар, Украина низ мехоҳад нишон диҳад, ки қудрати рад доанро дорад ва дасти холӣ ба мизи музокира намеояд.

Музокироти Украина ва Амрико дар Арабистони Саудӣ

0

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Украина ва ИМА оғоз ёфт.

Ин нахустин мулоқоти расмии намояндагони Киев ва Вашингтон пас аз ҷанҷолҳои лафзии сахти президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский дар Кохи Сафед аст.

Дар музокироти 11-уми март ҷониби Украинаро раиси Дастгоҳи президент Андрей Ермак, вазири корҳои хориҷӣ Андрей Сибиҳа ва вазири дифоъ Рустам Умаров, инчунин ИМА-ро дар ин нишаст котиби давлатӣ Марко Рубио ва мушовири амнияти миллӣ Майк Уолтс намояндагӣ мекунанд.

Қабл аз ин мулоқот Марко Рубио гуфта буд, ки ин музокирот барои азсаргирии кумакҳои низомии Амрико ба Украина “калидӣ” буда, қарордод дар мавриди манобеи табиӣ низ баррасӣ мешавад, аммо мутмаин нест, ки дар ин нишаст созише ҳосил шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки Украина бояд дар доираи баъзе тавофуқҳо барои хатми ҷанг бо Русия гузаштҳои ҳудудӣ кунад.

Инчунин Андрей Ермак, раиси Дастгоҳи президенти Украина ба хабарнигорон гуфта буд, ки “мо омодаем барои расидан ба сулҳ ҳама корро кунем”.

Эҳтимол меравад дар ҷараёни музокираи Украина ва ИМА барои поён додани ҷанг, Украина оташбас дар осмон, дар баҳр ва зарба ба зерсохторҳои энержиро низ пешниҳод кунад.

Ҳарчанд Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, дар ин музокирот ширкат нахоҳад кард.

Зеленский пеш аз ин музокирот “сулҳи ҳарчи зудтар ва амнияти ҳаддалимкон боэътимод” гуфта, таъкид карда буд, ки Украина пурра ҷонибдори гуфтушуниди созанда аст.

Раисҷумҳури Украина дар ҳошияи музокироти Ҷидда бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон мулоқот намуда, дар баробари масоили ҳамкориҳои дуҷониба аз чанд шарти сулҳ бо Русия, аз ҷумла раҳои асирону баргардонидани кӯдакон ва замонати комили амниятӣ гуфтааст.

Пештар CNN хабар дода буд, ки намояндагони Амрико дар Арабистони Саудӣ на танҳо бо ҳайати Украина, балки бо ҳайати Русия низ музокира анҷом медиҳанд. Аммо маълумот дар бораи ҳайати ширкаткунандагон ва санаи дақиқи баргузории нишаст ҳанӯз хабаре нест.

Дар ҳамин ҳол, Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷии Русия изҳор дошт, ки даври нави музокироти Русия ва Амрико дар Арабистони Саудӣ ҳафтаи ҷорӣ дар назар нест.

Музокироти Украина ва ИМА дар ҳоле баргузор мешавад, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вашингтон дар Кохи Сафед мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо президенти Амрико Доналд Трамп баргузор гардид ва интизор мерафт, ки пас аз он созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ба имзо расад.

Аммо ин мулоқот бо раддубадалҳои шадиди лафзӣ дар Кохи Сафед байни Зеленский, Доналд Трамп ва Венс анҷомид ва раисҷумҳури Украина маҷбур шуд Вашингтонро бидуни имзои созишнома тарк кунад. Пас аз ин мулоқот Амрико билофосила тамоми кӯмакҳои низомиашро барои Украина боздошт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми март бо як сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Қирғизистон меравад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар баррасии масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сарони давлатҳо инчунин дар масъалаҳои амнияти минтақа, таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеъаи ҳамкориҳои фаромарзӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Ҳамчунин, имзои як қатор санадҳои дуҷониба, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон нигаронида шудаанд, дар назар аст.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя дар ҳоле сурат мегирад, ки 21-уми феврали имсол санади ниҳоӣ шудани музокироти таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар аз ҷониби Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, вазирони Кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар имзо шуд.

Тавофуқоти ҳосилшудаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз баррасии порлумонҳои ҳарду кишвар бояд президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон онро имзо кунанд.

Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷузъиёти ин сафарро ошкор накардааст, аммо ҳадафи аслӣ аз сафари Раҳмон ба Қирғизистон имзои ниҳоии созишномаи марзи байни ду кишвар гуфта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки раиси КДАМ-и Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, дар порлумони кишвараш ҷузъиёти созишномаи ҳосилшудаи байни Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор ва пурра шарҳ дод. Аммо Саймумин Ятимов аз ошкор кардани ҷузъиёти созишнома худдорӣ мекунад.

Мунтақидони ҳукумат ин хомӯшии ҷониби Тоҷикистонро беэҳтиромӣ ба миллат ва баёнгари шикасти Эмомалӣ Раҳмон дар ин музокирот ва аз даст додани заминҳо бештари ҷониби Тоҷикистон медонанд.

Таҳқиқи боз як хонаводаи тоҷик дар Русия барои гирифтани манзил

0

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқоти наверо дар мавриди соҳиби манзил шудани як хонаводаи ниёзманди тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон оғоз кардааст.

3-юми марти соли 2025 ба як зодаи Тоҷикистон, Муҳиддин Холзода ва хонаводааш аз тарафи шаҳрдории шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористон манзил тақдим шуд. Ин хабарро шаҳрдор Рамил Мулин дар шабакаи “ВКонтакте” мунташир кард ва он боиси вокунишҳои тунду тезе аз тарафи сокинони маҳаллӣ ва корбарони фазои маҷозӣ дар Русия гардид.

Билофосила сокинони маҳаллӣ аз Кумитаи тафтишотии Русия талаб карданд, ки масъалаи ниёзманд будани ин хонаводаи тоҷик таҳқиқ шавад. Баъдтар раиси ин кумита Александр Бастрикин низ хабар дод, ки аллакай дар ин росто таҳқиқотро оғоз кардааст.

Пас аз интишори табрикнома аз тарафи шаҳрдори Нижнекамск, корбарон назарҳои интиқодӣ ва баъзан таҳқиромез аз ин амали мақомдорон кардаанд ва кор ба ҷое расид ки шаҳрдор навиштаҳои зери паёмашро басат ва дар дифоъ аз ин хонавода гуфт, ки “онҳо ба меъёрҳои дарёфти кумак рост меоянд ва ин кор тибқи қонун анҷом шудааст.”

Баъзе аз корбарон бо ишора ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл”, ки аз он ҳодиса моҳҳо мегузарад, шаҳрвандони Тоҷикистонро шубҳанок дониста, дархост кардаанд, ки масъулини Нижнекамск, ки ин хонаводаро кумак кардаанд, аз корашон ихроҷ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳриддин Холзода ва оилаи ӯ ҳамроҳ бо 2 фарзанд шаҳрвандии Русияро доранд. Ба гуфтаи шаҳрдор Рамил Муллин, шароити онҳо бо меъёрҳои барнома ҷавобгу аст.

Дар чанд моҳи охир бори сеюм аст, ки тақдими хона ба зодаҳои Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад.

Пештар аз ин ба оилаи зодаи Тоҷикистон Акрам Масаидов, ки чор фарзанд дорад ва дорои шаҳрвандии Русия аст, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хона дода буданд, ки вокуниши миллатгароёни русро ба бор овард

Инчунин 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба оилаи зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадова шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дертар Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро, ки 14 сол аст шаҳрвандии ин кишварро дорад, бо иттиҳоми қаллобӣ, боздошт кард.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳоло ин модари ҳафт фарзанд барои ҳомила буданаш то поёни баррасии парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва аз боздошти муовини раиси шаҳри Митиши низ хабарҳо нашр шуда буд.

Чаро ҳукми зиндони Абдураҳим Восиев барои 7 соли дигар дароз шуд?

0

Мақомоти Тоҷикистон ҳукми Абдураҳим Восиев, зиндонии сиёсӣ ва узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро барои ҳафт соли дигар дароз кард. Дар ин бора бародараш Абдухалил Восиев рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ ба Azda.tv хабар дод.

Гуфта мешавад, Абдураҳим Восиев моҳи январи соли 2017 дар Русия нопадид шуда, дертар дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум гашт ва ҳоло бо ҳукми нав муҳлати ҳабси ӯ ба 30 сол расид.

Фаъоли сиёсӣ Абдухалил Восиев, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, мақомот бародарашро аз зиндони шаҳри Ваҳдат ба Боздоштгоҳи Душанбе бурдаанд ва намедонад барои чӣ ва кадом гуноҳ ҳукми бародарашро зиёд кардаанд. Чун беш аз як сол пайвандонаш иҷозаи мулоқот бо ӯро дар зиндон надоштанд.

Аммо Абдухалил Восиев эҳтимол медиҳад, ки ҳукми нави бародараш шояд ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дошта бошад. Чун пас аз иштирок дар эътирозҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин, ки соли 2023 баргузор шуд буд, бародараш Абдураҳим ба воситаи чанд нафар ба ӯ паём расондааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гап назанад ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид накунад, зеро дар дохил ӯро азият медиҳанд.

Инчунин Абдухалил мегӯяд, ки пайвандонаш ва модараш дар Тоҷикистон зери фишори мақомот қарор доранд ва аз тарси ин пайвандонаш бо ӯ суҳбат намекунанд ва ҳатто соли гузашта ба модараш иҷозат надода буданд, ки барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ биравад ва аз фурӯдгоҳ баргардонда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳукми нави Абдураҳим Восиев ва фишор болои пайвандони ӯро шарҳ надодаанд.

Абдураҳим Восиев зодаи 38-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ ва ҳамчунин Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ дар Русия ба созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” пайваста буд. Раҳбари собиқи ин созмон Мақсуд Иброҳимов низ соли 2015 дар Русия нопадид шуд ва дертар дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум гардид.

Афғонистон аз Тоҷикистон хост силоҳу муҳиммоти ҷангияшро бозгардонад

0

Низомиёни собиқи Афғонистон бори дигар аз Тоҷикистон хостанд, ки аслиҳа ва муҳиммоти низомии ин кишварро бозгардонад.

Гурӯҳе аз фармондеҳон ва генералҳои ҳукумати пешини Афғонистон дар нишасти матбуотие дар Кобул муҷаддадан аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон хостанд, ки таҷҳизоти низомии ин кишвар, аз қабили силоҳу ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ки ҳангоми суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, баргардонанд.

Гурӯҳи низомиёни Афғонистон таъкид карданд, ки ин таҷҳизоти низомӣ мутааллиқ ба миллати Афғонистон аст ва барасоси қавонини байналмилалӣ ва ҳусни ҳамҷиворӣ, бояд онҳо ба кишвар баргардонида шаванд.

Ин нишасти хабарии низомиёни Афғонистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ даҳҳо ҳавопаймо ва таҷҳизоти низомии Афғонистон то ҳоло дар Тоҷикистон ва Узбекистон боқӣ монда ва сарнавишти онҳо маълум нест.

Аз ин пештар борҳо мақомдорони Толибон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостори бозгардонидани таҷҳизоти низомӣ шуда буданд.

Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Вазорати дифои Амрико гуфта буд, ки чархболҳои низомии Афғонистон, ки тавассути нерӯҳои ҳавоии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистону Узбекистон бурда шудаанд, ба Толибон бозгардонда намешаванд.

Толибон ба ин изҳороти Амрико вокунишҳои тунд нишонд дод ва дар суҳбатҳои гуногун намояндагони ин гурӯҳ гуфтанд, ки “дер ё зуд ин ҳавопаймоҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ бо ҳар роҳе, ки бошад ба Афғонистон баргардонида мешаванд.”

Аз ҷумла, моҳи январи соли 2022 Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон дар маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавои Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хоста буд, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва “сабри онҳоро имтиҳон” накунанд.

Бар асоси маъулумоти сомонаи Avia.pro беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15-уми августи соли 2021 ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Халабонони собиқи Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол даданд.

Фарзанди Лоиқ Шералӣ даргузашт

0
Screenshot

Ромиш Шералӣ, фарзанди Лоиқ Шералӣ, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар умри 54-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ромиш фарзанди дувуми шоири барҷаста Лоиқ Шералӣ буд. Бародараш Диловар Шералӣ ба “Asia-Plus” гуфта, Ромиш чанд сол боз аз бемории дил ранҷ мебурд ва имрӯз пеш аз зуҳр даргузашт. Ба гуфтаи бародараш, ҷанозаи Ромиш фардо дар шаҳри Душанбе ба хок сипурда хоҳад шуд.

”Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”, – гуфтааст Диловар Шералӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, 3-уми март Ромиш зодрӯз дошт ва 54-сола шуд. Ӯ дар байни қишри зиёии кишвар шахси муҳтарам маҳсуб мешуд ва дар ба чоп расонидани осори шоир Лоиқ Шералӣ саҳми басазо гузоштааст.

Гуфта мешавад, Ромиш Шералӣ хатмкардаи Мактаби олии театрии (институти) ба номи Михаил Семёнович Шепкини шаҳри Маскав буда, дар тӯли умр ба тадвин ва ороиши китобҳо машғул будааст.

Ҷоизаи $1 миллардии FIFA барои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии клубҳо

0

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои иштирокдорон ва ғолибони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии клубҳо беш аз 1 миллиард доллар ихтисос додааст.

Қарор аст ин мусобиқот аз 14 июн то 13 июл соли 2025 дар Амрико баргузор шавад. Гуфта мешавад, бори аввал аст, ки мусобиқот дар шакли нав бо 32 даста, аз ҷумла 12 клуби аврупоӣ, баргузор мегардад. Ва ҳар як даста, ҳатто агар аз марҳилаи гурӯҳӣ берун набарояд ҳам мукофоти пулӣ мегирад ва дар марҳилаи плей-офф, маблағҳо бештар мешаванд.

То ҳол мусобиқоти ҷаҳон байни клубҳо ҳар сол гузаронида мешуд ва дар он 7 даста иштирок мекард, аммо акнун ин мусобиқа ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад ва сохтораш ба мусобиқоти ҷаҳон байни дастаҳои миллӣ монанд аст. Клубҳо ба 8 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд, вале барои ҷойи сеюм бозии ҷудо нахоҳад шуд.

Клубҳои аврупоӣ, ки аллакай иштирок мекунанд, инҳоянд: Челси, Манчестер Сити, Бавария, Боруссия Дортмунд, ПСЖ, Интер, Ювентус, Атлетико Мадрид, Бенфика, Порту ва Залтсбург.

Гуфта мешавад, дастаи Реал Мадрид узви Ассотсиатсия кулубҳои Аврупо намебошад, аммо ин клубро сохтори мустақил, яъне Суперлигаи Аврупо, дастгирӣ мекунад.

Интизор меравад, ки дар Ҷоми ҷаҳонии клубҳо дар пешистода бештарини даромадро нисбат ба клубҳои дигар минтақаҳо ба даст орад, чун ки клубҳои аврупоӣ барои мусобиқа аҳамият доранд. Ғайр аз ин, дастаҳои узви Ассотсиатсия кулубҳои Аврупо имконияти гузаронидани сафарҳои сердаромади пеш аз мавсими худро дар хориҷа надоранд.