Дар ин чанд рӯзи ахир навору аксҳо ва гузоришҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ки аз таъқибу бозпурсии наздикони фаолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон аз ҷониби кормандони амниятии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин росто Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтаи ҲНИТ дар Олмон дар саҳифаи фейсбукияш аз боздоштҳои густардаи хешовандонаш хабар додааст. Номбурда мегӯяд дар давоми се рӯзи ахир 13 тан аз аъзоёни хонаводаашро бо шумули мардону занон ва кӯдакони навзод барои бозпурсӣ ба идораҳои КДАМ бурдаанд.
Боз боздошту тухмат! Муддати се руз мешавад, ки пайвандони ман мавриди боздошту бозпурсии кумитаи Амният карор доранд….
Мирзои Салимпур, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик бо ношари як нома дар торнамои (Akhbor.com) аз мақомоти кишвар хостааст, ки даст аз фишору таъқиби хешовандонаш бардоранд. Ӯ номаро ба унвонии раиси Дастгоҳи Президент Озодаи Эмомалӣ ва Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ирсол намудааст. Салимпур дар номаи худ изҳор доштааст, ки ҳамаи ин фишору таъқибҳои наздикони ӯ ба хотири фаолиятҳои журналистии ӯ буда, асоси қонунӣ надоранд.
Номаро дар зер бихонед:
Ба раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ
Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз
НОМАРДӢ ВА ВАҲШОНИЯТ! Тасвири ончӣ ки нисбат ба ман ва наздикони ман аз тарафи бархе мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон инак як сол боз анҷом дода мешавад, фақат дар ҳамин ду калима мегунҷад!
Худ бигӯед, мо фақат ба хотири ҳосили қаноати нафси инҳо “Ахбор”-ро бубандем ё ба суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амал кунем, ки худаш аз журналистон даъват карда буд, то бештар мақолаҳои танқидӣ бинависанд ва аз таърифу тавсифи барзиёд худдорӣ кунанд, чунки таърифи аз ҳад зиёд ҷомиа ва мақомоти кишварро ба иштибоҳ мебаранд. “Афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯиё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбуд намешавад. Фақат таъриф кардан даркор нест. Вақте аз ҳад зиёд худтаърифкунӣ мешавад, мо ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Мо ба камбудҳо дидаву дониста чашм мепӯшем. Баръакс, камбудҳоро ошкор карда, роҳҳои ҳаллу фасли онро бояд ҷустуҷӯ кунем”, – гуфта буд президент хитоб ба журналистон.
Дар воқеъ, бо чунин таноқуз дар сухан ва амал ҷои суол аст ин ки дар Тоҷикистон гапи президент боло меистад ё нози Ятимов ё Юсуф Раҳмон?
Ман ба Шумо итминон медиҳам, ки ҳам парвандаҳои бофтаи Додситонии кул, ҳам ҳукми Додгоҳи олӣ роҷеъ ба масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи “Ахбор” ва ҳам он ҳама музахрафоте, ки дар ба ном филми “Хиёнат”-ашон дар бораи ман ҳама мабнӣ бар туҳмату дурӯғ буд ва бӯе аз ҳақиқат надорад!
Сомонаи “Ахбор” аз оғози фаъолияташ ягон рабте на ба Муҳиддин Кабирӣ дорад, на ба ҲНИТ ва на ба он “кишвари ба ҳамаи мо маълум”! Мирзои Салимпур барои сохтани ин сомона на аз Кабирӣ, на аз ҲНИТ, на аз Эрон ва на аз ягон гуруҳи дигар на ягон тин гирифтааст ва на ягон маслиҳат!
“Ахбор” ин як ташаббуси инфиродии сирф Мирзои Салимпур буд, ки аз сари номус сохта шуд. Ман мехостам исбот кунам, ки тасмими аз Радиои Озодӣ рондани ман бо фитнаву дасисаҳои Соҷидаи Мирзо ва Аббоси Ҷаводӣ дуруст набуд ва ба танҳоӣ сомонаи хабарие сохтам, ки хеле зуд ба як рақиби билқувваи Озодӣ ва дигар расонаҳои матраҳи Тоҷикистон табдил ёфт.
Як соли аввал ҳатто грант ҳам надоштам. Созмонҳои ҳомии озодии матбуот вақте ба “Ахбор” таваҷҷуҳ карданду грант доданд, ки мо алакай ба по хеста будем ва соҳиби ном шудем.
Дар гузашта низ видеоҳои ҳамсон зидди афрод ва гуруҳҳои мухолифи давлат таҳия ва пахш мешуданд. Як аломати созмонёфта будани чунин наворҳо дар он аст, ки бо тағйири мавқеъ кардани мухотабони онҳо таҳия ва пахши паёмҳо низ қатъ мегашт. Чунончи шаш-ҳафт сол пеш силсилае аз чунин паёмҳо нисбат ба раҳбари созмони “Ватандор”, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷони Атовуллоҳ пахш гашта буд.
Волидони Шарофиддин Гадоев, узви пешини “Гуруҳи 24” ва ҳоло раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2014 дар паёми видеоӣ аз ӯ хостанд, ки баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳад ва “шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад”.