9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 97

Дар Риёз бидуни ҳузури Украина қазияи ҷангро баррасӣ мекунанд

0

Имрӯз сешанбе, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти намояндагони Амрико ва Русия дори гашт.

Вазорати корҳои хориҷии Саудӣ дар изҳороте гуфтааст, бо фармони шоҳзода Муҳаммад бин Салмон нишастеро бо ҳузури намояндагони вежаи Амрико ва Русия барои ҳалли мушкилоти ҷанг дар Украина мизбонӣ хоҳад кард.

Ин нишаст, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия сурат мегирад, қарор аст дар он масъалаи поён додани ҷанги Русия бо Украина баррасӣ шавад. Аммо дар байни музокиракунандагон намояндагони Украина ҳузур надоранд.

Ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии он Сергей Лавров ва ёвари президенти Русия Юрий Ушаков намояндагӣ мекунанд, аммо ҳайати Амрикоро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марко Рубио, мушовири амнияти миллӣ Майк Волтз ва фиристодаи вежаи ИМА дар умури Ховари Миёна Стивен Виткоф ташкил медиҳанд.

Интизор меравад, ки ҷонибҳои Амрико ва Русия роҳҳои хотима додан ба ҷанги сесолаи Украина ва ҳамчунин масоили дуҷонибаро муҳокима кунанд. Намояндагони ду тараф инчунин роҳҳои беҳбуд бахшидани муносибатҳои байни кишварҳо, аз ҷумла коҳиш додани таҳримҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин музокирот метавонад заминаи мулоқоти байни президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путинро фароҳам оварад.

Расонаҳои русӣ низ хабар доданд, ки Сергей Лавров бо ҳамтои амрикоӣ ва бо дигар намояндагони баландмақоми Амрико дар Риёз гуфтугӯ хоҳад кард ва қазияи меҳварии ин мулоқот гуфтушунид дар мавриди поён додани ҷанги сесолаи Русия бо Украина хоҳад буд.

Ба иттилои расонаҳо, Лавров дар мулоқоти худ бо намояндагони Амрико се масъалаи калидиро матраҳ кардааст. Аз ҷумла, поён додани ҷанг, интихоботи президентӣ дар Украина ва раванди имзои созишномаи сулҳ аз ин масоил будаанд.

Ин нишаст дар ҳоле сурат мегирад, ки ба Кохи Сафед омадани Доналд Трампро ҳанӯз як моҳ сипарӣ нашудааст. Таҳлилгарони рус ҳайати Трампро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ муассир ва фаъол медонанд.

Дар ҳамин ҳол президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороте гуфт, ки ҷониби Украина ба нишасти Риёз даъват нашудааст ва таъкид кард, ки ҳар гуна музокирот бе ҳузури Украина бидуни фоида аст ва натиҷаҳои онро эътироф нахоҳад кард.

Ҳалокати беш аз 500 нафар дар садамаҳои нақлиётии кишвар

0

Танҳо дар давоми соли 2024 дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 552 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин бораи вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш хабар дод.

Раҳимзода теъдоди кулли тасодуфи мошинҳоро зиёда аз 1200 ҳолат зикр кард. Ӯ афзуд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 1350 нафар захмӣ шудааст.

Сабабҳои асосии ин садамаҳо суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳо гуфта мешавад.

Аммо бархе аз мунтақидон чанд омили дигар, азҷумла доштани мошинҳои куҳна ва ғайристандартӣ ба далелҳои камбуди молии ронандагон, роҳҳои ноҳамвор ва таъмирнашуда, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар мактабҳои ронандагии Тоҷикистонро ба ин садамаҳо рабт медиҳанд.

Таҳлилгарон марги 552 нафарро дар байни ҷамъияти 10 миллионаи Тоҷикистон зиёд арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин омор тақрибан 55 ҳалати марг дар 1 миллион шаҳрванд рост меояд, ки миёнгини омори ҷаҳонии ҳалокатҳо дар ҳодисаҳои роҳ 17 ҳолати вафот дар 100 ҳазор ҷамъият мебошад. Тибқи ин омори Тоҷикистон 5,5 ҳолати вафот дар 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд, ки он нисбат ба бархе кишварҳои аз нигоҳи аҳолӣ монанд ба Тоҷикистон боз ҳам зиёд аст.

Вазири корҳои дохилии кишвар дар ин нишаст инчунин гуфт, ки теъдоди садамаҳо ва қурбониён дар муқоиса ба соли 2023 андаке поин аст, вале ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Иттиҳодияи Аврупо лоиҳае бо ҳадафи кам кардани садамаҳои роҳ пиёда кард. Чашмандози ин лоиҳа то соли 2030 теъдоди ҳалокатҳоро дар ин самт то 50% коҳиш додан буд ва то соли 2050 он бояд ба сифр расонда шавад. Ин лоиҳаи “Чашмандози сифр” номгузорӣ шудааст.
Нашрияи Комиссияи Аврупо (European Commision) мегӯяд, бо иҷро кардани ин лоиҳа аз соли 2019 то соли 2023 10% ҳалокатҳо камтар шудаанд. Таҳлилгарон пешниҳоди эҷоди чунин тарҳҳоро барои Тоҷикистон низ зарурӣ мешуморанд.

СММ: Хатари ДИИШ ҷаҳонро таҳдид мекунад

0

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як нишасте рӯзи 10-уми феврал масъалаи терроризм, махсусан хатари ДИИШ ва шохаи осиёии он, Вилояти Хуросонро таҳлилу барасӣ кард.

Амрико аз афзоиши тавони ин гурӯҳи террористӣ дар минтақа, махсусан дар Афғонистон нигаронӣ кардааст. Муовини намояндаи Амрико дар Созмони Милал Дороти Шиа зимни баррасии фаъолияти ДИИШ аз тавоноии ин гурӯҳ барои ҷалби афрод дар Афғонистон ва Покистон суҳбат карда, фаъолияти онҳоро нигаронкунанда донист.

Дороти Шиа дар идома гуфт: “Гурӯҳҳои вобаста ба Давлати исломӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус шохаи Хуросон низ як таҳдиди ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Мо ҳамчунон аз тавоноиҳои шохаи Хуросони ДИИШ барои нақша, иҷрои ҳамлаҳо ва ҳамчунин талошҳои ҷалби афрод, бахусус дар Афғонистон ва Покистон, нигарон ҳастем.”

Владимр Воронков, раиси дафтари Созмони Милал оид ба мубориза бо терроризм зимни суханронияш дар ин нишаст гуфт, ДИИШ ҳоло ҳам ба сафи худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сарбоз мегирад. Вай шохаи Хуросони ДИИШ-ро таҳдид барои Афғонистон ва ҷаҳон номид.

Ба гуфтаи ӯ, шохани Хуросони ДИИШ ба ҷуз ҳамлаҳо дар Афғонистон чандин ҳамлаҳои террористиеро дар хориҷ аз Афғонистон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ тарроҳӣ кардааст. Владимр Воронков мегӯяд: “Созмони Милали Мутаҳид ва мутаҳидонаш барои пешгирии густариши фаъолияти ДИИШ талош мекунанд, аммо мутасифона ин гурӯҳи террористӣ ҳоло ҳам фаъол аст.”

Дар ин нишасти СММ кишвари Покистон низ аз қувват гирифтани гурӯҳҳои террористӣ нигаронӣ кард. Мунир Акрам намояндаи ин кишвар дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, “Ал-Қоида дар Осиёи Марказӣ нотавон шуда буд, аммо дар Афғонистон дубора тақвият ёфтааст.” Ӯ баён дошт, ки ДИИШ дар Покистон ва Афғонистон пайваста сарбозгирӣ мекунад.

Аммо гурӯҳи Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон зимоми қудртаро дар даст дорад, борҳо иддао карда, ки ДИИШ аз хоки Покистон вориди Афғонистон шуда, ё аз шаҳрвнадони фирории Тоҷикистон ташкил шуда, дар Афғонистон амалҳои террористӣ анҷом медиҳад. Чанде пеш ин гурӯҳ низ аз боздошти аъзои ДИИШ хабар дода, муддаи шуда буд, ки афрод аз Покистон вариди хоки Афғонистон шудаанд.

Ва борҳо низ ҳангоми дастгирии аъзои ДИИШ аз ҷониби нерӯҳои амниятии Толибон, боздоштшудаҳо иқрор шуда буданд, ки шаҳрнвади Тоҷикистон ҳастанд ва бо ваъдаҳои дурӯғ аз роҳҳои гуногун вориди Афғонистон шуда, қасди амалҳои террористиро доштанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1334 километр марзи муштарак дорад, ҳамеша аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал таъкид кард, ки Тоҷикистон аз фаъолтар шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ҳузури мубалиғони ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказӣ ба шидад нигарон аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, бештари нигаронии Тоҷикистон барои ҳузури пуррранги шаҳвандони тоҷик дар сафи ин гурӯҳҳои террористӣ аст.

Трамп кумакҳоеро, ки ба Тоҷикистон медод, қатъ мекунад

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп қарореро имзо кард, ки мувофиқи он тамоми барномаҳои кумакии Амрико ба кишварҳои хориҷӣ қатъ мешаванд.

Трамп зимни зимни қарорҳои ҷадиди худ, ҳамин тавр дастури баста шудани “Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ”-ро низ дод.

Агентии мазкур ба иловаи дигар барномаҳо дар Тоҷикистон фароҳамкунандаи кумаки молӣ барои мубориза бо бемориҳои ВНМО/СПИД ва сил буду бо Вазорати тандурустии ҶТ ҳамкории наздик дошт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин Вазорат аз пайи ёфтани роҳҳои ҷойгузини таъмини молӣ барои соҳаҳои мазкур аст, то дар раванди мубориза бо бемориҳои мазкур халале эҷод нашавад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи “bne IntelliNews” аз қатъ шудани кумакпулиҳо ба созмони USAID мегӯяд, Амрико ба Тоҷикистон – фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аз тариқи барномаҳои USAID кумак мекард. Ва ин кишвар ҳам барои пешбурди раванди дармони ВНМО/СПИД, сил ва ҳамин тавр ҳавзаи маориф ба фондҳои кумакии Амрико ниёз дошт. Акнун баъд аз қатъ шудани ин кумакҳои Амрико Тоҷикистон ё ба созмонҳои кумакии аврупоӣ рӯ меорад ва ё ба суроғи қарзгирӣ аз чиниҳо меравад.

Ҳамзамон ин нашрия дар гузоришаш таъкид мекунад, ки баъд аз қатъи кумакҳои Амрико дар Тоҷикистон барои чиниҳо фурсати наве барои пурнуфузтар кардани қудрати нарми худ пайдо шудааст.

Гуфта мешавад Амрико дуюм бузургтарин сармоягузор ва кумаккунандаи молии муҳимми соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо Доналд Трамп бино ба ваъдаҳои давраи интихоботияш тамоми кумакпулиҳои созмони USAID-ро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон қатъ мекунад.

Интизор меравад, пас аз ин иқдом баъзе аз сохторҳои давлатӣ бо камбуди сармоя мувоҷеҳ шаванд ва аз ин рӯ, ба дархости кумакҳои созмонҳои аврупоӣ ё сармоягузорони чинӣ бираванд.

Даҳҳо парванда ба иттиҳоми “фасодкорӣ” барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ

0

Дар робита ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ, ки соли гузашта рух дода буд, нисбати 26 корманди давлатии дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.

Соли 2024 дар қазияи дуздии беш аз 122 млн сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ нисбати 52 масъул ва кормандони ин Вазорат парванда боз гардида буд. Вале то ҳол пас аз як сол ному насаби нафарони гумонбаршуда маълум нашудааст.

Ӯ дар идома қайд кард, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 корманди Вазорати молия ва 30 корманди мақомоту сохторҳои дигар боз шудаанд.

Тибқи гузоришҳои Агентии зикр гардида, 107,8 млн сомонӣ аз маблағҳои рабудашуда ба будҷети давлат барқарор шуда, барои баргардондани 14,8 млн сомонии дигар ба додгоҳ аризаи даъвогӣ равон шудааст.

Фасоди молиявӣ дар Тоҷикистон ҳамасола яке аз мушкилоти якумдараҷа буда, тибқи оморҳои созмонҳои байналмилалӣ фасоди молӣ сол ба сол дар ин кишвар бештар мешавад. Таҳлилгарон решаи қонуншиканиҳои молиявиро дар мақомоти асосии Тоҷикистон медонанд ва сабаби фақир мондани ин кишварро дар назорати нодуруст ва дуздӣ аз сармояи миллӣ мегӯянд.

Созмони Шаффофияти байналмилал (Transparency International) барои соли 2024 Тоҷикистонро дар байни 180 кишвар дар радаи 19-уми фасодтарин кишварҳои дунё қарор додааст, ки 4 рада аз соли 2023 поёнтар омадааст.

Қатли ду зодаи Осиёи Марказӣ дар пайи “амалиёт” дар Русия

0
Screenshot

Хадамоти амнияти Федералӣ (ФСБ)-и Русия иддао дорад, ки аз як ҳамлаи теруристӣ дар вокзали шаҳри Псков пешгирӣ кардааст.

Ин ниҳод дар изҳороташ ба расонаҳо гуфта, ки ҳамаи “ифротӣ”-ҳо кушта шудаанд.

Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ки “ҷинояткорон” аз Осиёи Марказӣ буда, аъзои як ячейкаи созмони байналмилалии террористӣ буданд. Онҳо қасд доштаанд, ки вокзали роҳи оҳани шаҳрро тарконанд ва баъд аз он ба яке аз давлатҳои Шарқи Наздик фирор кунанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, бо дастури эмиссиари созмон, ки дар хориҷа ҷойгир буда, амал карданд.

“Вақти боздошт ҷинояткорон муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”, хабар медиҳад ФСБ ва қайд кард, ки ҷинояткорон бо оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуданд.

Хадамоти амниятӣ ҳамзамон гуфта, ки “ифротӣ”-ҳо дар ҳолати омодагӣ би ин амали терористӣ будаанд. Онҳо ҷойро назорат кардаанд, ҷузъҳои таркандаи худсохтро харидорӣ карданд ва тавонистанд ба ҷамъ кардани он шуруъ кунанд. Аз маҳалли зисти онҳо аслиҳаи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ёфт шудааст. Мақомот дар шаҳр мардумро аз ҳоло аз эҳтимоли амалиёти теруристӣ огоҳ кардаанд ва талаб кардаанд, ки бо сабаб зиёд будани хабарҳои зидду нақиз танҳо ба маълумоти расмӣ бовар кунанд.

ТАСС хабаррасонии расмии Русия теъдоди кушташудаҳоро нагуфтааст ва айнан аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ будани онҳоро баён накардааст. Аммо чанде аз расонаҳои русӣ, аз ҷумла телеграмканали “мигранты” онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст ва иддао карда, ки мехостаанд баъди амалиёт ба Сурия фирор кунанд.

Хабари боздошти Идибеки Бохтарӣ тасдиқ шуд

0

Додгоҳи шаҳри Бохтар боздошти Идибеки Мардон, маъруф ба “Идибеки Бохтарӣ”-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, тасдиқ кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Идибеки Мардон ба “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” муттаҳам буда, ба ӯ то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, қарори ҳабси “Идибеки Бохтарӣ” моҳи сентябри соли 2024, пас аз нашри як наворе, ки дар он Абдулмаҷид Муминзода ва наздиконашро дашном дода, таҳдид карда буд, ки наворҳои онҳоро пахш мекунад, ғоибона содир шудааст.

Идибек баъди он навор тарки Тоҷикистон карда буд ва маълум нест, ки худаш ба кишвар баргаштааст ё ӯро истирдод кардаанд, аммо дар Додгоҳи Бохтар иддао доранд, ки ӯ “баъди бозгашт ба Тоҷикистон дастгир шуд.”

То ҳол назари худи ӯ ва пайвандону наздиконаш дар ин бора дастрас нест.

Бояд гуфт, ки чанд моҳи пеш Идибеки Мардон аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят карда, бо ду чашми гирён Тоҷикистонро тарк намуда буд. Дертар ӯ бо нашри наворе аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Муминзода гила карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ ба тарки Ватан маҷбураш сохтааст.

Ӯ дар ин навораш шаҳрдори Бохторро дашномҳои қабеҳ карда, гуфт, ки “ӯ фармон додааст, ки миёни Бохтариро шикананд.” Акнун маҷбур аст кишварро тарк кунад. Бохтарӣ низ ишора карда буд, ки 80-90% ҷавонон аз дасти чунин мансабдорон кишварро тарк мекунанд ва ба гурӯҳҳои мухолифин мепайванданд.

Ин блогер пештар бо гузоштани риши дароз ва наворҳои интиқодӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Аммо яку якбора худи ӯ бо мақомдорон дар Бохтар дарафтод ва иддао кард, ки маълумоти зиёде дар бораи фасоди раиси шаҳри Бохтар ва дигар мақомдоронро дар даст дорад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр хоҳад кард.

Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

0

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошту зиндонӣ кард.

Додситонии кул мегӯяд, ин гурӯҳ нақша доштанд мардумро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат заҳролуд кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чорчӯби ин парванда то кунун беш аз 30 нафарро боздошту зиндонӣ ва 10 нафари дигарро дар пайгард қарор додааст.

Дар ин бора, 14-уми феврали соли ҷорӣ, Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Додситонии кулли кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иддаои Саидаҳмадзода, боздоштшуҳо аъзои ДИИШ буда, барои аз 8 то 20 сол равонаи зиндон гардидаанд. Аммо ин мақомдори тоҷик номи нафарони боздоштшуда ва дар пайгардбударо зикр накард.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми марти соли ҷорӣ хабаргузории Reuters ва инчунин Азия-Плюс бо такя ба манобеашон аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот доштан бо Вилояти Хуросони “ДИИШ” ва гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буданд. Дертар расонаҳо аз боздошти 20 нафар хабар доданд.

Он замон гуфта мешуд, ки боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак буда, дар байнашон ноболиғон ҳам ҳастанд ва ба як рӯз қафо гузошта шудани ҷашни Наврӯз, ки бояд рӯзи 24-уми марти соли 2024 баргузор мешуд, ба ҳамин хотир будааст.

Пас аз нашри ин хабар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо нашри изҳороте гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Аммо тобистони соли гузашта, Додситони кулли кишвар тасдиқ кард, ки беш аз 20 нафарро барои қасди аҷоми амали террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар боздошт кардааст ва онҳо аъзои ДИИШ мебошанд.

Маълум нест мурофиаи додгоҳии ин афрод дар куҷо баргузор шуда, то куҷо боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро қабул доранд, инчунин назари пайвандонашон ва вакили дифои онҳо дар ин бора то ҳол расонаӣ нашудааст.

Ашӯриён намедонад, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров кай озод мешавад

0

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз кай ба озодӣ баромадани зиндонии сиёсӣ ва раиси собиқи ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин нишаст, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор шуд, Ашӯриён таъкид кард, мувофиқи қонунгузорӣ ҳар шахсе, ки маҳкум ба зиндон шавад, рӯзи оғоз ва анҷоми муҳлати ҷазо дорад ва бо тамом шудани он аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ мебарояд.

Инчунин вазири адлияи кишвар дар мавриди сару садоҳо дар бораи ба озодӣ баромадани Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки соли 2022 бо гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” боздошту зиндонӣ шуда буд, низ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт мо рӯйхати онҳоеро, ки озод шудаанд ҳозир дар даст надорем.

Гуфта мешавад, чанде пеш наздикони зиндонии сиёсӣ Маҳмадарӯзӣ Искандаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки ӯ охири соли 2024 ба озодӣ мебарояд, вале то ҳол аз озод шудани ӯ хабаре нест ва маълум нест, ки 4 сол аз ҳукми зиндони ӯ афв шудааст ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки генерал-майор Маҳмадрӯзи Искандаровро пас аз рабуда шуданаш аз Русия, Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз барои 23 сол равонаи зиндон карда буд.

Худи Искандарову ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ номида, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ бозбинии парванда ва раҳоии ӯро талаб карда буданд.

Гуфта мешавад, нишастҳои матбуотии мақомдорон соле ду маротиба баргузор мегардад ва чун аксар мақомдорон дар ин муддат дастраси расонаҳо нестанд, хабарнигорон талош мекунанд дар ин нишастҳо доир ба мавзуъҳои гузашта ва бештар ҳассос посух бигиранд, аммо мақомдорон ба ин гуна суолҳо аксар вақт посухҳои нопурра дода, бештар калимаву ибораҳои “намедонам” ва “дар салоҳияти мо нест”-ро истифода мебаранд. Мунтақидони ҳукумат мегӯянд, ки мансабдорони тоҷик беҳтар аст, нишастҳои матбуотӣ баргузор накунанд.

Вазир аз шарҳи ҳодисаи куштори зиндони Ваҳдат худдорӣ кард

0

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш нахост ҳодисаи хунини Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдатро шарҳ диҳад.

Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор шуд, хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ашӯриёр дар мавриди ҷузъёити ин ҳодиса ва захм бардоштани раиси ҳамин муассисаи ислоҳӣ пурсид.

Аммо вазири адлияи кишвар дар посух ба суол гуфт, ки СРИҶҶ дар ВАО изҳорот пахш карда буд ва вобаста ба ин ҳодиса Додситонии кулли кишвар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил кардааст ва шарҳи тамоми ҷузъиёти ҳодиса салоҳияти онҳост.

Инчунин Ашӯриён таъкид кард, ки барои халал ворид накардан ба тафтишот, дар нишасти матбуотии имрӯза ба ҳамин нуқтаи гуфтаҳояш иктифо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 3-уми феврали соли ҷорӣ, соати 15:44 дар Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат “ошӯб” сар зада буд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри иттилоияе иддао кард, ки 9 маҳбуси ҳамин зиндон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда ба нигаҳбонҳо ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 3 корманди муассиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 3 маҳбуси дигар ба қатл расидаанд ва боқимондаро боздошт кардаанд.

Аммо то ҳол ба дасти Azda.tv акс ва номи 7 маҳбусе расида, ки дар ин “ошӯб” кушта шудаанд ва ҳадди ақал аз ҳукми 3 нафари онҳо камтар аз 2 сол боқӣ монда буд. Тибқи маълумоти ба дасти Azda.tv расида, мақомот ҷасадҳои маҳбусонро ба пайвандонаш насупорида, онҳоро шабона пинҳонӣ ба хок супордаанд.

Пас аз вуқуъи ин ҳодиса дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, назорат дар зиндонҳои кишвар сахттар шуда, маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2 аз вохӯрӣ бо пайвандонашон дар ҳозир маҳруманд.

Ин бори аввал нест, ки дар зиндонҳои кишвар ва маҳз дар зиндони шаҳри Ваҳдат задухӯрдҳои суолбарангезе, ки боиси марги зиндониён мешавад, сар мезананд.

Аз ҷумла, шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.