7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 99

Сабти номзадҳо ба вакилӣ ва бойкоти интихобот

0

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз сабти 68 номзад аз рӯйхати ҳизбӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаш ҳизби Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карда буданд, аммо аз панҷ номзади Ҳизби демократ ду номзад сабти ном нашудаанд. Сабаби ба қайд нагирифтан ва номи онҳо то ҳол дастрас нест.

Ҳоло собиқ раиси Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Усмонзода ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси ҳизб барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд.

Гуфта мешавд, аз Ҳизби халқии демократӣ – ҳизби ҳоким дар кишвар аз ҳама бештар, яъне 28 номзад, ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ 13 номзадӣ, сотсиалистӣ 6, коммунистӣ 5 ва Ҳизби демократӣ 3 номзадашон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар ин чанд соли гузашта раисони ҳизбҳои дар боло номбаршуда чандмаротибаӣ тағйир ёфта, бо ҳамин ба ҳизбҳои хомӯш ва “кисагӣ” табдил шудаанд ва онҳо амалан аз ҳизби ҳокими ҲХДТ пуштибонӣ мекунанд ва дар тасмимҳои сиёсии кишвар коре аз дасташон сохта нест.

Инчунин Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизби расман фаъоли дохилӣ, ки мустақил ба ҳисоб мерафт, барои интихоботи парлумони номзад пешниҳод накардааст. Бо вуҷуди хомӯшии раҳбари ин ҳизб Қиёмиддин Азизов, коршиносон бар ин назаранд, ки баъди марги мармузи раҳбари собиқи ин ҳизб Раҳматилло Зоиров ва боздошту зиндонӣ шудани муовинаш Шокирҷон Ҳакимов ин ҳизб ба як ҳизби вобаста табдил шудааст.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол 2-уми март баргузор мегардад ва барои курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Бори аввал аст, ки раванди интихоботи парлумониро намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо сабаби надодани аккредитатсия аз ҷониби мақомот, назорат намекунанд.

Ва интихоботи парлумонии дувум аст, ки бидуни иштироки ҲНИТ баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳизби мухолиф ва фаъол шинохта мешуд, бо иттиҳоми даст доштан дар “нақшаи табаддулоти давлатӣ” ҳизби “террористӣ” хонд ва аз саҳнаи сиёсии кишвар берун карда, фаъолияти ӯро расман баст.

Дар ҳамин ҳол Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонӣ дар кишварро таҳрим намуда, таъкид намудааст, ки он мухолифи меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ буда, аз лиҳози қонуният ғайриқобили қабул мебошад.

“Интихоботи парлумонӣ, ки баргузории он ба 2 марти соли 2025 таъин шудааст, ифодаи иродаи мардум набуда, балки як раванди қаблан тарҳрезишуда ва сохташуда мебошад, ки ҳадафи асосии он ҳифз ва қонунигардонии ҳокимияти худкома аст. Дар шароити нобудсозии пурраи ниҳодҳои демократӣ, набудани рақобати сиёсӣ ва саркӯби шадиди озодиҳои шаҳрвандӣ, ин намоишро наметавон як раванди интихоботии демократӣ номид” – гуфта мешавад дар изҳороти ҶИРТ.

Инчунин дар изҳороти ин созмони мухолиф гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мустақили сиёсиро пайваста бо роҳи зӯроварӣ аз саҳнаи сиёсӣ берун намуда, роҳбарони сиёсии мухолифро аз ҷумла Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Иззат Амон, Мақсуд Иброҳимов, Фаромуз Эргашев, Суҳроби Зафар ва дигаронро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон намуда, шахсони дигари сиёсӣ ва фаъолонро бо истифода аз фишорҳо, таъқиб, қатли ом ва боздоштҳои худсарона аз байн бурдааст ё маҷбур ба тарки Тоҷикистон кардааст.

То ҳол дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи режими Раҳмон дар мавриди интихоботи парлумонии кишвар вокӯнише накардаанд.

Додани маводи мухаддир ба кудакон дар мактабҳо. Рост ё дуруғ?

0

Хабари додани маводи мухаддир дар қолаби қандакҳо ба кӯдакон аз аввалҳои соли ҷорӣ дар расонаҳо ва гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ паҳн шуда истодааст.

Ҳамчунин дар чатҳо ва гурӯҳҳои махсуси падару модари мактабхонон ин паёмак давр мезанад, ки дар он гуфта мешавад, гӯё маводи мухаддири наве бо номи “қулфинайи тез (клубничный квик)” байни мактаббачагон истифода шуда истодааст.

Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маводи мухаддирро “дар саҳни мактабҳо ба кӯдакон тақсим мекунанд ва онро “метамфетамини қулфинай ё қулфинайи тез” ном мебаранд. Кӯдакон онро фурӯ мебаранд ва пас аз он онҳоро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол медиҳанд”.

Бо ин ҳол Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо мақомоти расмии кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон ва чанде аз сомонаҳо пас аз санҷиши ин масъала ин шойиаро дурӯғ унвон кардаанд.

Хабарҳои мушобеҳ ва мазмунан як дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, мисли Ҳиндустон ва Шриланка низ паҳн гаштааст.

Аз нуқтаҳои шубҳаовари паёмак ин аст, ки дар он ба ҳеҷ манбаъе ишора нашудааст. Пас аз ҷустуҷӯи акси марбут ба ин паёмак маълум шуд, ки ин акс кӯҳна буда, бори нахуст дар соли 2015 дар нашрияе бо носм “Snopes” мушоҳида шудааст.

Ин нашрия ба шойиаи мушобеҳе, ки дар соли 2015 дар гурӯҳҳои фейсбукии ба забони англисӣ давр мезад, ихтисос дода шудааст.

Расонаи бритониёии “The Sun” низ ин аксро соли 2017 нашр намуда ва навишта буд, ки чаҳор мактабхон пас аз истеъмоли “ҳабҳо дар шакли хирсак” дар Манчестери Бритониё ба бемористон интиқол ёфтанд. Пулис мегӯяд, ки ҳолати мазкур дар маркази шаҳрии Витеншоу ба амал омадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин хонандагон аз бемористон мураххас шудаанд. 

Бо инҳол ба иттилои як манбаъ, ҳангоми дар табобатхона буданаш аз “духтури калони” онҷо шунидааст, ки мегуфт: “Кӯдаконро эҳтиёт кунед, ки акнун дар баъзе маҳаллаҳо гуруӯҳое ба суроғи кӯдакон мераванд ва ба онҳо қандҳоеро пешниҳод мекунанд ва мегӯянд, онро бисанҷед, қандҳои нави сохтаи мо ҳастанд, вале даруни он маводди мухаддир қарор дорад.

Озорбойҷон бар зидди Русия шикоят мебарад

0

Мақомоти Озарбойҷон аз омодагии худ барои пешниҳоди даъво алайҳи Русия ба Додгоҳи байналмилалӣ ҷиноӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ин тасмими Озарбойҷон дар пайи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати AZAL Embraer 190, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, гирифта шудааст.

Боку ба ҷамъоварии далелҳо шуруъ кардааст ва Маскавро барои ба дӯш нагирифтани мсъулият муттаҳам мекунад. Вазоратҳои нақлиёти Қазоқистон ва ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон тасдиқ намуданд, ки Русия дар суқути ҳавопаймо даст дошт. Озарбойҷон талаб мекунад, ки Русия гуноҳро эътироф кунад ва агар эътироф накунад, роҳҳои қонунии дигарро пеш хоҳад гирифт.

Расонаҳои озарбойҷонӣ менависанд, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар як суҳбат бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон изҳори таслият намуда, иқрор карда буд, ки дар замони ҳодиса нерӯҳои дифои ҳавоии Русия ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украинаро дар фазои Грозний, Моздок ва Владикавказ мавриди ҳадаф қарор медоданд, ки тасодуфан ба ҳавопаймои мусофирбарӣ бархӯрдааст. Боку ин иқрори Путинро ҳамчун далел барои баррасии парвандаҳои байналмилалӣ кофӣ медонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати AZAL Embraer 190 25-уми декабри соли 2024 аз Боку ба Грозний парвоз дошт. Ин ҳавопаймо, ки 67 мусофир дошт, дар ҳудуди Қазоқистон суқут кард. Бар асари суқуқти он 38 нафар кушта шуда, 29 нафар зинда монданд.

ПИРОМУНИ ТАЪРИХИ ИСТЕЪМОРИ РУСИЯ

0

(Посух ба вакили Думаи давлатӣ Русия Сергей Миронов ва ҳамсафонаш)

Ба таваҷҷӯҳи хонандагон!

Аз адами риояти русуми ахлоқии рӯзноманигорӣ дар Воситаи ахбори омма (ВАО) бояд сахт нигарон шуд, чаро ки бетаваҷҷӯҳии масъулин нисбат ба муаллифин ва заҳамоти онон возеҳтарин нишонаи сатҳи фарҳанг ва шохисаи шеваи кори кормандони ВАО бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ аст. Инро бад-ин хотир мегӯям, ки як тан узви он ҷомеъам.

Матлаби зер бо хоҳиши яке аз масъулини Радиои Oзодӣ ба унвони посухе ба иттиҳоми маъруфи вакили Думаи Русия оқои Сергей Миронов дар таърихи 19.01.2025. ирсол гардид. Бо ин ки гирифториҳои зиёде доштам, хамаи корҳоро канор гузошта, рӯйи таҳияи матлаб мутамарказ шудам. Қарор буд, ин гуфтор пеш аз пахши вежабарномаи «Гапи озод» (“Чаро китобҳои Тоҷикистон вакилони русро асабонӣ кард?” нашр мешуд.

Ба сабаби ин ки гирифтори корҳои дигаре будам, натавонистам дар вежабарномаи «Гапи озод»-и Радиои Oзодӣ ширкат намоям ва маъзарат хостам. Вале, ба чӣ далеле бошад, то имрӯз матлаби мазбур дар сомонаи РО нашр нашуд. Тасмим гирифтам матлаби мазбурро барои чоп ба сомонаи Azda TV таҳвил диҳам.

**************

Эътирози ошкори вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бар мӯҳтавои яке аз китобҳои дарсии «Таърихи мардуми тоҷик», ки ба забони русӣ барои донишомӯзони русзабони ҷумҳурӣ таҳия шудааст, дар нишасти 16 январи соли ҷорӣ зимни муроҷиаи хеш ба вакилони Парламенти Русия арза кард, муссалам аст, сару садоҳои зиёдеро дар расонаҳо ба вуҷуд овард. С. Миронов мӯътақид аст, модоме, ки китоби дарсӣ ба маблағи Русия ба чоп расидааст, мӯҳтавои он ҳатман бояд тибқи хостаҳои ҳукумати Русия тадвин шавад. Бад-ин хотир аст, вай бар истифодаи ибораи «оккупсияи Русия» дар китоби дарсии тоҷикон сахт чира шуда, масъулини чопи китобро шадидан маҳкум намуда ва ба ононро ҷавобгарӣ кашидаст.

С. Миронов, ки худ раҳбари Ҳизби Адолати Русия аст, бо амали худ манзалати Адолатро залил кардааст. Вай дар муроҷиаи хеш на танҳо, эҳтироми ҳаққу ҳуқуқи миллатҳои дигарро қоил нест, ки балки ошкоро таҳрифи таърих ва душноми ҳувияти милли тоҷикон мекунад. Кош, ин сиёсатмадори воломақоми ноогоҳ аз адабу таърих, қабл аз ин ки даст ба кори сиёсат занад, бояд ба маънии сиёсии вожаҳо мерасид. Агарчӣ, ӯ яқин медонад, ки «оккупатсия» маънии «ишғол»-ро дорост, вале бо амали ношоистаи хеш амдан таърихи истеъмори Русияро дар Осиёи Марказӣ инкор менамояд. Эшон бояд бидонад, ки ин вожа ба маънии нуфуз ва дахолати давлатҳои абарқударту зӯрманд дар сарзаминҳо ва кишварҳои заифу нотавон бо баҳонаҳои мухталиф аст. Вале воқеъиятҳои таърихи гузашта ва имрӯз нишон медиҳанд, ки истеъмор бо ҳадафи ба тороҷ бурдани дороиҳои кишварҳо ва миллатҳои дигар корбурд дошта ва он натиҷаи «оккупатсия» аст.

Истеъмор як падидаи аз реша сиёсӣ-иқтисодист, ки он дар оғози асри 16 мелодӣ дар Урупо пайдо шуда ва ҳукуматҳои Инглистон, Фаронса, Портуғол, Испаниё ва ғ. аз ҷумлаи нахустин давлатҳое маҳсубанд, ки ба манзури баҳракашӣ вориди кишварҳо ва сарзаминҳое шудаанд.

Аз нақша то амал

Бар хилофи иттиҳом ва таҳрифҳои амдии Сергей Миронов ва ҳаводоронаш, Русия низ бешакк, аз зумраи кишварҳои истеъморгар ва султаҷӯйи таърих маҳсуб мебошад. Ҳамагӣ шоҳидем, сафи таҳрифгарони таърихи миллатҳои ғайри рус ва судҷуёни мутанаффир дар Русияи фасодзада ҳам акнун дар ҳоли зиёд шудан аст. Дар баробари дасисабозони таърих ин турфа набояд сокит нишаст. Ба унвони як тан муаррих, ки парваридаи Факултаи таърихи Донишгоҳи М. В. Ломоносов ҳастам, ба ин тоифа аз сиёсатмадорони фурсатҷу посухам ин гуна хоҳад буд:

Нахуст. Ормонҳо ва нақшҳои Пётри Кабир. Ангор, ки Сергей Миронов ва ҳампешагонаш аз мӯҳтавои илмии кутуб ва таҳқиқоти гузаштавӯ  имрӯзи меҳанаш, ки ба забони модариаш таълиф шудаанд, мутлақо огоҳ нест. Барои кӯрон асоҳои таърих зиёдаанд. Агар С. Миронов ва тарафдоронаш бидуни таассуб ба таърих ва осори таърихии асри империолистии Русия нигоҳ мекарданд, ба гунаи возеҳ медиданд, ки тамомии масъулин ҳукумати вақт, дипломосҳо, ҷосусони расмӣ ва ғайри расмии Русия ва аз ҳама муҳимм женролҳои боломақоми артеши ин кишвар, ки аз омилон ва шоҳиди вақоеъи рӯзгор буданд, дар гузоришҳои худ вуруди Русияро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бавозеҳ «истило» («завоевание», «оккупатсия») гуфтаанд.

Зимнан, дар тамомии кутуби таърихии Русия бо таъкид омадааст, ки тасарруфи минтақаи бузургу васеъи Тӯрони куҳан, ки асосан ҳудуди Осиёи Марказӣ бошад, аслитарин ҳадафи Имперотурии Русия нисбат ба ҳамсоягони самти ҷанубии қаламрави хеш, ки ғолибан, мусалмонон будаанд, барои ҳамеша маҳсуб мешудааст. Оё Сергей Миронов ва ҳаммаслаконаш медонанд, ки табдил додани ин сарзамини ғаниву мутамаддину таърихӣ ба ӯнвони бахше аз қоллониҳои Русияи истеъморӣ натиҷаи нақшаҳое будаст, ки ҳанӯз аз замони ҳукумати Пётри Кабир (1682-1725) оғоз шуд. Чунончӣ, соли 1715 подшоҳи Русия Пётри Аввал, пас аз касби иттилоъот аз авзоъи хониҳои Осиёи Марказӣ, бо ҳадафи расидан ба дарёи Ҳиндустон ду экспедитсияи низомӣ созмон дод: яке аз Астархон ба сӯйи Хива ва дигаре аз Тоболск то дарёи Иртиш. Ҳар ду экспедиция ноком буд (с.-ҳои 1716 – 1717).

Агар Сергей Миронов ба кутуби таърихи Русия назаре афканад, хоҳад дид, ки тибқи нақшаи Пётри Кабир буд, ки соли 1716 сипоҳиёни русӣ таҳти сарфармондеҳии Бухголтс шаҳрҳои Омск (дар болооби Иртиш), Уст-Каменогорск, Семипалатинск ва дигар қалъаҳоро бунёд ниҳод. Пас аз андак замон солҳои 1716-1717, тибқи фармони ҳамон Пётри Кабир гурӯҳи сипоҳиён таҳти рахбарии Бекович-Черкасский ба Осиёи Миёна фиристода шуд. Ҳадафи ирсоли ин гурӯҳ зери султаи Русия қарор додани хонии Хева буд. Аммо ин гурӯҳ аз тарафи хони Хева нобуд карда шуд. Хулосаи юриши русҳо алайҳи хонии Хива ин аст, ки нақшаи забт кардани давлатҳои Осиёи Марказӣ ин бор иҷро нашуд.

Пётри Кабир, шикасти худро дар баробари хони Хива, як ҳодисаи муваққатӣ мепиндошт. Вай ба хотири расидан ба ҳадафаш дар мамолики Шарқ, ин дафъа рӯ ба Эрон ниҳод. Бо истифода аз шароити бӯҳронии Эрон, русҳо тавонистанд Дарбанд (моҳи августи c. 1722), пас аз як сол соҳили ғарбии баҳри Каспий бо қалъаҳои маъруфи он Боку, Рашт ва Астрободро низ забт кунанд. Ва аммо дастоварҳои Пётри Кабир дер напоид ва ниҳоятан, ниятҳояш ба нокоми рӯ ба рӯ шуданд.

Дувум. «Қазоқҳо – калиду дарвозаи Осиё». Ин маврид барои ҳамаи миллатгароёни русӣ, аз ҷумла, барои С. Миронов хуш нахоҳад омад. Барбод рафтани нақшаҳо ва иқдомоти Пётри Аввал дар Осиёи Марказӣ нишонгари он аст, ки кӯшишҳои истеҳкоми ҳузури Русия дар хониҳои Осиёи Марказӣ бефоида буд. Пётри Аввал дарк карда буд, ки сипоҳи қазоқҳо «калид ва дарвозаи тамоми кишвару сарзамини Осиё аст ва аз ин сабаб зарур аст, ки ин лашкар зери ҳимояи Русия бошад.» Бо ин ҳадаф, ҳукуматҳои минбаъдаи Русия ҳамвора барои идома додани муносибатҳои тиҷорӣ ва дипломосӣ бо хониҳои мазбури Осиёи Марказӣ, таваҷҷӯҳи худро ба қазоқони даштҳои Қипчоқ равона карда ва пас аз талошҳои зиёд ва талафот (аз солҳои 1731 то 1740) тавонистанд хонҳо ва сардорони қабилаҳои қазоқро зери итоати худ дароваранд.

Севум. Дар замоне, ки султаи Русия ба самти ҷануб, яъне ба дашти Казоқистони кунуни паҳн мешуд, ҳамзамон нуфузи хониҳои Хӯқанду Хива ба самти шимол вусъат пайдо мекард. Русия зимистони соли 1839/40 тасмим гирифт аз шаҳри Оренбург экспедитсияи низоми зидди хонии Хива созмон диҳад. Аммо ин иқдом бо нокомӣ анҷом ёфт. Пас аз бозбинии истротежии худ нисбат ба қазияи хонии Хива, дар нимаи қарни 19 Русия тавонист тамомии қазоқҳоро ба итоати худ дароварад. Бунёди қалъаҳои муҳимм чун: Раимовское (аз соли 1851 Аралское) дар наздикии резишгоҳи руди Сир, қалъаи Копал дар вилояти Ҳафтруд (с. 1847), қалъаи Верное (баъдтар шаҳри Верный, Олма-Атои муосир) ва қалъаҳои дигар аз тарафи русҳо, дар воқеъ, ба маънии таъсиси пойгоҳҳои низомии Русия ҷиҳати анҷоми забткориҳои минбаъдаи хоноти Осиёи Марказӣ буданд.

Чаҳорӯм. Рақобат. Пешравии Русия дар савоҳили Сирдарё ва вилояти Ҳафтруду атрофи он, ба маънии ибтидои бархӯрдҳои мустақими низомии Русия ва хониҳои Осиёи Миёна буд. Тезутунд шудани манофеъи тарафайн дар тиҷорат ангезаҳои наве буданд барои тавсеъаи иқдомоти низомии Русия алайҳи хоноти Осиёи Марказӣ. Дар зимн, то нимаи асри 19 дар доираҳои тиҷоратии Русия ақидае ҳоким буд, ки Осиёи Миёна минтиқаи бикрест барои таъмини манофеи тиҷоратии Русия.

Далели дигаре, ки бисёр муҳимм аст, тарси Русия аз рақобати тиҷории Бритониё дар Осиёи Марказӣ буд. Тарроҳон ва ҷонибдорони экспансияи Русия, аз хатари нақшаҳои бритониёӣ ҳушдор дода, аз ҳукумати хеш талаб мекарданд, ки пешравии Бритониё ба Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон аз тариқи амалиёти фаврии Русия пешгирӣ карда шавад. Шубҳае нест, ки ҳукумати Русия таҳдиди Бритониёро ба Осиёи Марказӣ ҳамеша ҷиддӣ қабул дошт. Бетардид, манфиатҳои сиёсии ҷаҳонии Русия, бахусус ба рақобати тезутунди Англияву Русия марбутанд, дар таъйини сиёсати Русия дар Осиёи Марказӣ таъсири муҳимм дошт. Дигар ин ки пас аз шикасти худ дар Ҷанги Қрим (1853-56) Русия мехост обрӯ ва мавқеъи низомии худро дар байни давлатҳои Аврупо барқарор кунад. Бад-ин сабаб, Русия қазияи забти Осиёи Марказиро ба ҷиддӣ гирифт.

Панҷӯм. Сарнавишти хонии Хуқанд. Аз оғози ҳамлаи соли 1864 барои Русия 22 сол лозим шуд, то раванди забт кардани тамоми Осиёи Миёнаро ба анҷом расонад. Тасарpуфи Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар соли 1854 ба нақша гирифта шуда буд, вале амали шудани он бо ҷанги Қрим ба таъхир афтод ва то соли 1863 анҷом наёфт. Он чи русҳо дар ин муддат ба хубӣ анҷом доданд, созмони додани фаъолияти густардаи ҷосусӣ дар ҳудуди хоноти Осиёи Марказӣ буд.

Соли 1863 як бахши зиёди кишвари кӯҳистони Қирғизистон дар ҷануби кули Иссиқкӯл аз тарафи Русия забт гардид. Пас яз як сол шартномаи байни Русия ва Чин ба имзо расид, ки дар он хатти марзии байни ду имперотурии асри 19 муқаррар карда шуда, бо ҳамин ақибгоҳи сипоҳи русро, ки аз шарқ ба хоки хонии Хӯқанд ворид мешуданд, ҳифз мекард. Моҳи декабри соли 1863 подшоҳи Русия фармонеро содир кард, ки дар он бояд хатти нави марзӣ аз тариқи Сузоқ (шарқи Сирдарё) ва Авлиё-Ато (Ҷамбули ҳозираи Қазоқистон) ва ба Чимкент (дар ҷануби Қазоқистон) ва Туркистон ба хоки Русия расонида шуд. Ҳадафи аввалини ҳуҷуми Русия хонии Хӯқанд буд. Моҳи сентябри соли 1864 шаҳри Чимкент тасарруф гардид.

Пас аз як давраи кӯтоҳ, зимни юриши густарда, бештари ҳудуди хонии Хӯқанд аз тарафи Русия забт гардида ба вилояти Туркистон номгузорӣ шуд. Черняев, ки ба унвони нахустин губернатори ҳарбии Туркистон таъйин гардида буд, бо истифода аз маъракаи нави ҷангии амири Бухоро ба муқобили хони Хӯқанд, нақшаи забт кардани Тошкандро амалӣ намуд. Моҳи майи соли 1865 дар ҷанги назди Тошканд сипоҳи Хӯқанд шикаст хӯрд. Черняев ба Тошканд ҳуҷум кард ва 29 июни с. 1865 шаҳр ба русҳо таслим шуд. Моҳи январи соли 1868 А. П. Кауфман дар бораи Хӯқанд конвенсияи тиҷоратӣ ҷорӣ намуд, ки он ба тоҷирони рус имтиёзҳои гуногунро кафолат дода, рамзи хотима ёфтани ҷанги байни хонии Хӯқанд ва Русияро дошт. Вале дертар, А. П. Кауфман, бо баҳонаи саркубии исёни мардуми водии Фарғона бо сарварии Пӯлодхон (1873-74) лашкари русро ба Фарғона кӯчонид ва шӯриши мардумиро бераҳмона пахш кард. Пас аз қатли Пӯлодхон, хонии Хӯқанд расман барҳам дода ва он ба генерал-губернатории Туркистон ба унвони вилояти Фарғона ҳамроҳ карда шуд (2 феврали 1876).

Шашмӯм. Тақдири Аморати Бухоро. Ҳанӯз пеш аз ҳодисаи Тошканд, муносибатҳои Русия ва хонии Бухоро хеле тезу тунд шуд. Русия аз амалиёти эҳтимолии муштараки хоноти Бухоро ва Хӯқанд бар зидди русҳо нигарон буд. Амири Бухоро талаб дошт, ки русҳо аз Тошканд бароянд. Вале дар посух, Черняев фармон дод, то ҳамаи тоҷирони бухороӣ, ки дар ҳудуди вилояти Туркистон ва генерал-губернатории Оренбург буданд, ба ҳабс гирифта, молу моли онҳоро ғасб шаванд. Тирамоҳи соли 1865 дар ҷануби Тошканд байни сипоҳиёни руси ва бухориён задухурдхо ба вуқӯъ пайвастанд. Дар моҳҳои январь – феврали соли 1866 Черняев аз оби Сир гузашта, саъй намуд, то шаҳри Дизакро ишғол намояд. Вале ин амалиёт ноком шуд.

Ва аммо моҳи майи соли 1866 дар маҳаллаи Эрчор, лашкари аморати Бухоро таҳти фармондеҳии худ амир шикаст хӯрд ва амир рӯ ба гурез ниход. Дар пайи ин ҷанг Хуҷанд, ки калиди водии Фарғона маҳсуб мешуд (як қисми хонии Хӯқанд, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок намекард), тасарруф шуд. Моҳи августи соли 1866 Хуҷанду Тошканд ба Русия ҳамроҳ карда шуданд. Пас аз ин воқеъа, русҳо ба амири Бухоро шартҳои сангини сулҳро пешниҳод карданд. Мусалламан, амир шартҳоро напазируфт. Русҳо ба ҳуҷум шурӯъ карда ва Ӯротеппаву Ҷиззахро (дар моҳи октябри 1866) ва Янги-Қӯрғонро (дар моҳи майи 1867) ишғол карданд.

Моҳи апрели соли 1868 амир Музаффариддин (1834-1885) ба муллоҳои ҷанговари Бухоро ва Самарқанд таслим шуда, ба муқобили Русия ҷанги муқаддас эълон кард. Дар таърихи 1 май ҳамон сол Кауфман аскарони бухороиро дар баландии Чӯпон-Ато дар наздикии Самарқанд торумор кард ва рӯзи дигар ба Самарқанд фуруд омад. 2-юми июн лашкари Бухоро таҳти фармони амир дар баландии Зиробулоқ комилан шикаст хӯрд ва баъд аз он худ амир таслим шуд.

30 июн амири Бухоро ба шартҳои аҳдномаи пешниҳодкардаи Кауфман имзо гузошт. Амир Музаффариддин талафоти тамоми қаламравҳои забткардаи русҳоро эътироф намуда, ба пардохти ҷуброни ҷанг розӣ шуд ва бо ҳамон шартҳое, ки қаблан бо хонии Хӯқанд муқаррар шуда буд, кишварро ба рӯи тоҷирони рус боз намуд.

Ҳафтӯм. Генерал-губернатори Туркистон. Моҳи июли соли 1867 ҳукумати Русия генерал-губернатории нави Туркистон, ки марказаш дар Тошканд қарор дошт, ташкил намуд, ки ба он тамоми ҳудудҳоеро, ки аз соли 1847 дар Осиёи Миёна забт кардашуда буд, шомил карда, ва онро ба ду вилоят тақсим намуданд: Сирдарьё ва Семирече (Ҳафтруд). Анҷоми марҳилаи аввали ислоҳоти маъмурӣ, ба маънии интиқоли сарҳади гумрукии Русия аз хатти кӯҳнаи Оренбург-Иртиш, ки ду сол пеш ба амал омада буд, ба таври ниҳоӣ ҳамроҳ кардани дашти Қазоқистон ба Русия буд.

Аввалин генерал-губернатори Туркистон, ки ба ҷои Романовский омад, женрол А. П. фон Кауфман буд. Генерал-губернатори Туркистон, дар воқеъ, дорои салоҳияти номаҳдуде буд, аз он ҷумла, ин ки вай ҳуқуқи эъломи ҷанг, гуфтушуниди дипломосӣ, тавофуқ бо салоҳдиди худ бо давлатҳои ҳамсоя, имзои конвенсия ва шартномаҳоро бо давлатҳои ҳамсоягон дошт. Ин қудрати фавқулода ва бошукӯҳу шаҳомати ӯ дар Тошканд, ӯро дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ лақаби “Нимимператор” («Ярим Падша») машҳур намуд.

Тақсимоти маъмурии қаламравҳои забтшуда (аз с. 1886 то с. 1899), ки то с. то соли 1917 бетағйир монд, аз муҳиммтарин иқдомоти Русия дар Осиёи Марказӣ буд. Аз соли 1899 генерал-губернатории Туркистон аз панҷ вилоят иборат буд: Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, Семиречи ва Закаспи. Вилоёт дар навбаи худ ба уездҳо ва уездҳо ба волостҳо тақсим шуданд.

Сохторни нави маъмурӣ ба кулл характери ҳарбӣ дошт. Чунончи, генерал-губернатор ҳамеша тобеъи мустақими Вазорати ҷанг буд; Губернаторони вилоятҳо ва «комендантҳои уезд» низ ҳамагӣ афсарони низомӣ буданд. Системи нави «мудирияти ҳарбӣ-халқӣ» («военно-народное управление»), агарчӣ, дар зоҳир, зери нуфуз ва назорати марказ қарор дошт, вале зуд олуда бо фасод гардид.

Ҳаштӯм. Уфули хонии Хива. Пас аз шикасти Бухоро таваҷҷуҳи русҳо ба Хива нигаронида шуд. Дар охири соли 1869 сипоҳиёни рус аз Қафқоз ба халиҷи Красноводск, дар соҳили шарқии дарёи Хазар фуруд омаданд ва дар он ҷо шаҳри Красноводскро бунёд ниҳоданд. Русҳо дар зарфи ду сол (солҳои 1870-72) экспедитсияҳои низомӣ бо ҳадафи баррасии бештари авзоъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва низомии хоноти Хива, ҳам аз ҷониби ғарб ва ҳам аз тарафи Шарқ биёбонҳоро убур карданд. Хони Хива Муҳаммад-Раҳими II (аз 1864) ва мушовиронаш ба иштибоҳоти истротежӣ ва токтикӣ роҳ доданд. Баҳори соли 1873 сипоҳи рус таҳти роҳбарии Кауфман аз Тошкент, Оренбург ва ду навоҳии истортежии соҳили Каспий, алайҳи Хива сарозер шуда ва 10 июн Хива уфтод. А. П. Кауфман бо сарбозони худро дар Хива ба муддати дувуним моҳ мустақар намуд ва дар моҳи июл ба муқобили туркманҳои Хива ҳуҷуми ваҳшиёнаи оғоз ниҳод. Дар натиҷаи ин ҳамлаи бераҳмонаи русҳо, садҳо тан аз туркманҳо кушта ва маҳалҳои аҳолинишини онҳо тахриб шуданд, хароб кард.

Августи 1873 Кауфман бо хони Хива Муҳаммад-Раҳимхон шартнома баст. Тибқи моддаи аввал, хон мебояст, худро «ходими мутеъ»-и Императори Русия мешуморид ва аз ҳама муҳимм, маҳрум аз соҳибихтиёри ва анҷоми ҳар гуна равобити мустақили хориҷӣ шуд. Русия тамоми ҳудуди хонии Хиваро, ки дар соҳили рости Амударьё қарор дошт ва низ тамоми паҳнои Уст-Юртро ба хоки худ ҳамроҳ кард. Аз ин пас, ҳаракати киштиҳои дарёи Аму зери назорати пурраи Русия қарор гирифт. Ҳамчунин, бо ҳадафи густариши тиҷорати байналмиллалӣ, хонии Хива муваззаф шуд фазоро барои тоҷирони русӣ боз кунад. Ҳамвора тобеъони рус, ки дар ҳудуди хонии Хива иқомат доштанд, соҳиби имтиёзҳои махсуси ҳуқуқӣ шудани хонии Хива лозим омад, товони бузурги ҷангро барои Имперотури Русия бидиҳад.

Нӯҳӯм. Туркманҳо. Баъди тасарруф шудани аморати Бухоро, Хива ва Хӯқанд, навбати ақвоми туркман расид. Дар моҳи августи соли 1879 сарбозони экспедисионии рус бо сардории женрол А. А. Ломакин зимни тасарруфи қалъаи Гӯктеппа (наздикии Ашқободи кунунӣ) аз тарафи туркманҳо талафоти зиёде доданд. Маъракаи нави зидди Теке соли 1880 таҳти роҳбарии женрол М. Д. Скобелев, ки моҳи январи соли 1881 пас аз муҳосираи сеҳафтаинаи тӯлонӣ ба Гӯктеппа ҳамла кард, оғоз ёфт. Дар ин ҷанг тақрибан 15 ҳазор туркмани Теке кушта шуда, муқовимати онҳо шикаста шуд. Ноҳияи Ахол моли Русия эълом шуда, ҳамроҳи заминҳои соҳили шарқии дарёи Каспий, ки каме пештар забт шуда буд, вилояти Закаспий тобеи ноиби Қавқазро ташкил дод. Дар охири соли 1881 Русия бо Эрон конвенсияеро имзо кард, ки сарҳади байни ду давлатро муқаррар мекунад.

Марв, баъди саркӯбии шӯриши туркманҳо, моҳи марти соли 1884 аз тарафи русҳо ишғол шуд. Навоҳии Иолатан ва Пенде (Панчдеҳ), ба болотари руди Мурғоб, худи ҳамон сол тасарруф шуданд. Марзи Имперотурии Русия бо Афғонистон дар байни Теҷен (Ҳарирӯд) ва Амударё ниҳоят соли 1887 муқаррар карда шуд. Экспансияҳои Русия дар Осиёи Марказӣ бо созишномаҳои байни Русия ва Чин; соли 1894 байни Русия ва Инглистон, ва ниҳоятан, соли 1895, ки марзҳои Помирро муқаррар гардиданд, ба анҷом расиданд. Натиҷаи ҳамин созшномаҳо буд, ки бахши зиёди ин сарзамини кӯҳистониро ба ихтиёри Имперотурии Русия вогузор шуд.

Ба ҷои хулоса

Ангеза ва шиддати танаффури сиёсатмадорон нисбат ба миллатҳои дигар, дақиқан бозгӯкунандаи моҳияти аҳдофашон аст. Барои огоҳии ононе, ки мункири таърих ва моҳияти аслии истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияанд, батаъкид мебояд гуфт. Кас метавонад ҳақиқатро инкор кунад, вале ҳаргиз аз амри ҳақиқати таърих наметавонад фарор кунад. Бар пояи додаҳои анбӯҳи таҳқиқот ва баррасиҳои илмӣ, сареҳан изъон дошт: Осиёи Марказӣ пас аз истилои бераҳмона табдил ба мустамликаи клоссики Русия шуд. Ин воқеъияти маҳзи таърих аст ва онро наметавон инкор кард.

Хулосаи таърихи равобити Имперотурии Русия бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ин тамом мешавад:

– Подшоҳони Русия ба унвони давлати султаҷӯи таърихи гузаштаи начандон дур, дер боз саъй бар он доштаанд, ки бар давлатҳои заифу нотавону азҳампошида тасаллути комил дошта бошанд ва батадриҷ ба манзури баҳракашӣ аз мусалмонон вориди сарзаминҳояшон шудаанд.

– Таърихи равобити Русия бо сарзаминҳо ва мардумони Осиёи Марказӣ – гӯётарин намунаи таърихи истеъмори кишвари зӯрманди Русия ва тассаруфи меҳани мусалмонон аст.

Луқмон Бойматов, муаррих

КДАМ пирамарди 85-соларо беш аз 24 соат боздошту бозпурсӣ кард

0

Кормандони КДАМ дар ноҳияи Шамсуддин Шоҳин баъд аз як шабонарӯзи боздошту бозпурсӣ, пирамарди 85-сола Сафармад Ҳасановро озод карданд.

Раҳматулло Ҳасанов, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва фарзанди ин пирамард 7-уми феврали соли ҷорӣ дар суҳбат бо Azda.tv ин хабарро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Ҳасанов, кормандони мақомот дар баробари падари 85-солааш ҳудуди 20 нафар аз пайвандонашро бо шумули кӯдакон, ки хурдатаринаш 2,5 моҳа ва бузургашон 16-сола будааст, субҳи 6-уми феврал соати 8:30 боздошт намуда, ба шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шамсуддин Шоҳин воқеъ дар деҳаи Сафедчашма, бурдаанд.

Ин афрод баъд як шабонарӯзи бозпурсӣ ба озодӣ баромадаанд. Маълум нест аз онҳо чӣ пурсида шудааст ва ин пирамарду занону кӯдакон дар чӣ шароите қарор доштанд.

Сафармад Ҳасанов падари яке кушташудаҳо дар зиндони шаҳри Ваҳдат мебошад. Писари ӯ Суҳроб Ҳасанов ҳамроҳи чанд зиндонии дигар 2-уми феврали 2025, дар ҷараёни “ошӯб” дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба таври ваҳшиёна аз ҷониби маъмурони амниятӣ кушта шуд.

Гуфта мешавад, кормандони зиндон ҷасади зиндониҳои кушташударо бидуни иштироки хонаводаҳояшон шабона ва дар ҷои номаълум ба хок сипурда буданд.

Як фарзанди дигари ин пирамарди 85-сола бо номи Рустам, ки бо ҳукми 5-сола дар ҳамон зиндон нигаҳдорӣ мешуд, бе ному нишон гаштааст ва хонаводааш то ҳол хабаре аз вазъи ӯ надоранд.

Фаъоли сиёсӣ Раҳматулло Ҳасанов дар суҳбат бо Azda.tv аз он нигаронӣ кард, ки эҳтимол бародари дигараш низ кушта шуда бошад, чун ӯ дар як зиндон бо Суҳроб қарор дошт ва сару садоҳое ҳаст, ки дар як қабр ду нафарро, яъне Суҳробро бо нафари дигар ба хок сипурдаанд.

Раҳматулло Ҳасанов мегӯяд бародараш барои фаъолиятҳои ӯ ва танҳо барои интиқоди худ алайҳи режими Раҳмон, ки онро назди ҳамсинфонаш баён карда буд, зиндонӣ ва сипас ба қатл расонда шуд ва ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои террористӣ надошт.

Инчунин ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатӣ талаб дорад, ки ба ин ҷиноятҳои зиддиинсонӣ бетафовут набошанд ва режими Раҳмоновро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва қатлҳои ваҳшиёна ба ҷавобгарӣ кашанд.

Боз нархи барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад

0

Ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳамроҳӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, тарҳи боло бурдани нархи барқро ба Ҳукумат пешниҳод кардаанд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали Агентии омор ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар як нишасти хабарӣ рӯзи 5-уми феврал гуфт, имсол нархи нерӯи барқ мумкин аст афзойиш ёбад.

Ӯ дар ин нишаст инчунин гуфт, ки “Тамоми тавофуқномаҳо ва санадҳои баррасӣ ва тасвибшуда тавассути созмонҳои махсус муайян мекунанд, ки боло бурдани солонаи нархи барқ лозим аст.” 

Тибқи гузоришҳо, Агентии омор ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин масъаларо барррасӣ карда ва ба мақомоти марбута пешниҳодоти худро мабнӣ бар боло бурдани арзиши таърифаҳои барқ фиристодааст.

Ҳамин тавр мактуби мушобеҳе дар мавриди ниёзи боло бурдани арзиши барқ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ба Ҳукумат фиристода шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунанда, таърифаҳои нерӯи барқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ мешавад.

“Ҳоло қарори дахлдоре ба тасвиб нарасидааст. Ва маълум нест, ки арзиши нерӯи барқ чӣ қадар боло меравад. Ин танҳо пас аз ҳисоб кардани ҳазинаҳои тавлид, интиқол ва тақсими барқ пурра маълум мешавад.”- мегуяд Сафаралӣ Қурбонзода.

Дар ҳоли ҳозир арзиши миёнаи таърифаҳои нерӯи барқ дар кишвар 35 дирҳам барои 1 кВт/соат аст. Дар соли 2021 нарх 20.11 дирҳам буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тағйир дар нархи барқ бори охир аз 1-уми январи соли 2024 сурат гирифта, 16% афзоиш ёфта буд. Арзиши тарифҳои барқ барои аҳоли дар соли 2024 аз 26.51 дирам барои 1 кВт/соат то 30.75 дирам боло рафт.

Таҳримҳои Амрико алайҳи Додгоҳи байнмилалии ҷиноӣ

0

Раисҷумҳури Амрико дар раванди иқдомҳои худ алайҳи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки ахиран ҳукми боздошти нахуствазири Исроил ва вазири ҷанги онро содир карда буд, таҳрим эълон кард.

Имрӯз, 7-уми феврали соли 2025, Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ин иқдоми Доналд Тропм, раисҷумҳури Амрикоро маҳкум карда, аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ хостааст, ки ба хотири таъмини адолати ҷаҳонӣ ин иқдомро маҳкум кунанд.

Доналд Трамп гуфтааст, ки кишвараш ба ҳар гуна иҷрои ҳукм ва чораҳое, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ алайҳи Исироил содир мекунад, бе шакку шубҳа мухолифат карда, ҳамзамон аз ҳампаймонони худ интизор дорад, ки иҷрои чунин ҳукмҳоро нодида бигиранд.

Ӯ мегӯяд, таҳримҳои ҷадид на танҳо алайҳи кормандони зидахли Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ содир шуда, балки ин таҳримҳо ба ҳар фарде, ки дар раванди содир шудани ҳукмҳои ин Додгоҳ алайҳи афрод ва ё раҳбарони Амрико ва Исроил кумак кардаанд, шомил мешаванд.

Нахуствазири Исроил Бенёмин Нетанёҳу, ки ин рӯзҳо дар Амрико қарор дорад, аз ин иқдом истиқбол карда, Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро, ки баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ба хотири ҳимоят аз яҳудиён ва муҷозоти касоне, ки алайҳи онҳо ҷиноят содир кардаанд, ташкил шудааст, онро ба яҳудиситезӣ муттаҳам кард.

Гуфта мешавад, Парлумони Аврупо, Иттиҳоди Аврупо кишвари Ҳоланд ва хеле дигар аз раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва фаъолони сиёсӣ ҷорӣ кардани таҳримҳо аз сӯи Амрико алайҳи Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро маҳкум карда, гуфтаанд, ки ин иқдом адолати байналмилалиро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.

Эшони Саидҷони Сорбонхоҷа вафот кард

0

Эшони Саидҷони Сорбонхоҷа, собиқ раиси Шӯрои уламо дар вилояти Хатлон дар бемористон вафот кард.

Имрӯз, 7-уми феврали соли 2025, собиқ муовини Шӯрои уламои Тоҷикистон эшони Саидҷони Сорбонхоҷа баъди ду моҳи беморӣ дар беморхонаи ба Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар аз дунё чашм пӯшидааст. Дар ин бора имрӯз Радиои Озодӣ дар сомонаи худ хабар додааст.

Марҳум эшони Саидҷони Сорбонхоҷа бо вуҷуди он ки таҳсилоти академии исломӣ надоштан, яке аз рӯҳониёни шинохта дар вилояти Хатлон буд ва ба муддати солҳои тӯлонӣ раҳбарии Шӯрои уламои вилояти Хатлон ва муовинати раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Мавсум баъд аз даргузашти собиқ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон марҳум Амонуллоҳ Неъматзода интизор дошт, ки дар курсии раиси Маркази исломии Тоҷикистон такия мезанад, вале мақомот номзадии Саидмукаррам Абдуқодирзодаро, ки он замон дар ниҳодҳои ҳукуматӣ кор мекард, пешниҳод ва ӯро ба унвони муфтии Тоҷикистон эълон карданд.

Баъд аз таъин шудани Саидмукаррам Абдуқодирзода, хеле аз аъозои собиқадори Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон бо шумули ду муовини он, эшони Саидҷони Сорбонхоҷа ва домулло Маъруфҷони Элокӣ аз симатҳои худ барканор ва сипас ба мурури замони ҷойгоҳи ҳар дуи онҳо марҳила ба марҳила камрангтар карда шуд.

Гуфта мешавад, эшони Саидҷони Сорбонхоҷа, ки тайи беш аз ду моҳи ахир дар бистари беморӣ қарор дошт, дар синни 78-солагӣ вафот кард. Ҷанозаи марҳум дар шаҳри Бохтар баргузор шуда, ҷасади вай дар канори қабри қиблагоҳаш дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба хок супурда мешавад.

Созмонҳои байналмилалӣ озодии Рухшона Ҳакимоваро талаб карданд

0

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон озодии зиндониёни сиёсӣ ва чеҳраҳои шинохтаи кишварро талаб карданд.

Созмони байналмилалии “World Liberty Congress” аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайду шарти модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳақимова ва ҳамаи рӯзноманигорону мухолифонеро, ки бегуноҳ равонаи зиндон гаштаанд, талаб кардааст. 

Изҳороти ин созмон рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ нашр гашта, дар он Муҳамадҷон Кабиров, узви Шӯрои роҳбарикунандаи WLC мегӯяд, ки рӯзноманигорӣ ҷиноят нест ва озодии баён пояи асосии демократия мебошад ва имрӯз беш аз ҳарвақта ҳифзи онҳое, ки ҳақиқатро мегӯянд, муҳим аст.

Инчунин дар ин изҳорот таъкид шуда, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд хомӯш бошад, дар ҳоле, ки Тоҷикистон мунтазам озодии баён, расонаҳои мустақил ва мухолифони сиёсиро аз байн мебарад.

WLC аз шарикони минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон даъват намудааст, ки озодии фаврии Рухшона Ҳақимова ва ҳамаи рӯзноманигорон ва шахсони мухолифи нодуруст маҳкумшударо талаб кунанд ва муҳокимаҳои махфиву айбдоркуниҳои сиёсиро, ки бо мақсади хомӯш кардани мухолифон истифода мешаванд, маҳкум намоянд. Инчунин Ҳукумати Тоҷикистонро барои вайрон кардани уҳдадориҳои байналмилалии он дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии матбуот ва таъмини мурофиаи одилона, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Пештар аз ин низ гурӯҳҳои мухолифи режими Раҳмонов ба мисли “Гурӯҳи 24”, ПМТ, ҶИРТ, ҶБЭТ ва созмонҳои ҳуқуқии HRW, КШНГЗСТ ва ғайра ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум намуда, озодии ӯро талаб карда буданд. 

Ёдовар мешавем, ки 5-уми феврали соли 2025 Додгоҳи Олии Тоҷикистон бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигори мустақил Рухшона Ҳақимоваро дар доираи парвандаи маъруф ба “табадуллот” бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат (моддаи 305 КҶ ҶТ) ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи додгоҳӣ дар шароити комилан пӯшида сурат гирифт ва ҷузъиёти парванда махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

То ҳол маълум нест, мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳомоти сангин кунаҳкор кардаанд, аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”.

Рухшона Ҳакимова то эълони ҳукм бо сабаби фарзанди хурдсол ва ширхора доштан дар озодӣ қарор дошт, аммо асноду мадорикашро мақомот гирифта буду ҳаққи тарки ҷойи зист ва суҳбат бо расонаҳоро надошт.

Гуфта мешавад, ин модар ва рӯзномагори тоҷикро пас аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд ва додрас нигоҳубини фарзандонашро, ки яке дувунимсола ва хурдиаш ҳамагӣ даҳмоҳ дораду ширхора аст, ба уҳдаи наздиконаш вогузоштааст.

Гуфта мешавад, қазияи Рухшона Ҳакимова танҳо як қисми маъракаи васеи саркӯби озодии сухан ва матбуоти мустақил дар Тоҷикистон буда, беш аз 10 рӯзноманигор дар зиндонҳои режими Раҳмонов барои фаъолияти касбияшон адои ҳукм мекунанд.

Тарҳи Тромп кишварҳои минтақаро бо ҳам муттаҳид мекунад

0

Ишғоли Ғазза бо номи дигар

Изҳороти ахири Доналд Тромп, раисҷумҳури ҷадиди Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ишғоли Навори Ғазза тавассути артиши ин кишвар ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Ин изҳороти Трамп на танҳо дар дохили Амрико ва Фаластин, балки тамоми минтақа ва ҷаҳонро нигарон кардааст.

Ин изҳорот, ки ба гуфтаи фаластиниҳо дар ростои манофеи шаҳракнишинони ифротии Исроил сурат гирифтааст, раҳбарони аҳзоби ифротии Исроилро сахт ба ваҷд оварда, ба хотири кӯчи иҷбории сокинони Навори Ғазза ташвиқ мекунад. Вазири ҷанги Исроил ҳам ба хотири фароҳам овардани замина ба артиши кишвараш дастур додааст, ки барномаи хуруҷи ихтиёрии фаластиниҳо аз Навори Ғаззаро таҳия кунанд.

ВОКУНИШҲО

Мақомоти исроилӣ аз ин тарҳи пешниҳод шуда, қариб ҳама табли шодӣ мезананд ва Тромпро беҳтарин дӯсти Телавив дар Кохи Сафед унвон карда, мегӯянд, ки ин тарҳ тибқи хостаҳои исроилиҳо ва яке ҳадафҳои ҷанге, ки беш аз 15-моҳ дар Навори Ғазза идома кард, мебошад. Аз сӯи дигар, мақомоти фаластинӣ, Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ, балки Фатҳ бо раҳбарии Маҳмуд Аббос ҳам ин изҳороти Тромпро маҳкум карда, таъкид кардаанд, ки агар фарз бар ин бошад, ки аз Навори Ғазза ё Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба ҷое бираванд, он ҷо сарзаминҳои ишғолшудаи худи фаластиниҳо тавассути шаҳракнишинони исроилӣ мебошад.

Инчунин давоми ду рӯзи ахир кишварҳои абарқудрати дигаре ба мисли Русияву Чин, Олмону Канада ва ҳатто Мисру Урдун ҳам эълон карданд, ки ҳар гуна тарҳи овора кардани фаластиниҳо ва ё маскун кардани онҳо дар кишварҳои дигарро қабул надоранд. Зеро ин иқдом мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

НИГАРОНӢ

Аз як сӯ ин тарҳи ҷадиди раисҷумҳури Амрико, ки дар изҳороти худ такрор ба такрор таъкид кардааст, ки мехоҳад, Навори Ғаззаи Фаластинро ишғол кунад, на танҳо фаластиниҳо ва ҳатто хеле аз шаҳракнишони исроилиро ҳам сахт нигарон кардааст.

Нигаронии фаластиниҳо ба ин хотир аст, ки агар ин тарҳ иҷро шавад, сарзаминашонро аз даст медиҳанд, аммо нигаронии шаҳракнишинони исроилӣ ба хотири он аст, ки агар ин тарҳи ишғол сурат бигирад, фаластиниҳо хомӯш намешинанд, балки ин дафъа ҳама гурӯҳҳои онҳо якҷо шуда, муқовимат мекунанд. Инчунин мардумони зиёде аз кишварҳои минтақа ба кумаки онҳо хоҳанд омад ва оташи ҷангҳои бештар аз нав шуълавар хоҳад шуд.

АМРИКО ПУЛ НАМЕДИҲАД

Аммо аз сӯи дигар, вақте ҳам Кохи Сафед эълон кард, ки Амрико намехоҳад дар бозсозии Навори Ғазза, ки ба гуфтаи нерӯҳои муқовимати фаластинӣ, тӯли беш аз 1 сол ҷанг тавассути артиши Исроил ва аслиҳаи Амрикову Олмон, Фаронсаву Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ вайрону валангор шудааст, ҳеч пуле харҷ кунад, бар ин нигарониҳо афзудааст.

Кохи Сафед гуфтааст, бозсозии Навори Ғазза тавассути муттаҳидони минтақавии Амрико сурат хоҳад гирифт. Амрико ба забони сода ва фаҳмо ба кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки хеле пулдор ҳастанд, хитоб карда, ки Навори Ғаззаро аз нав бисозанд, обод кунанд ва сипас тибқи хостаҳои Доналд Тромп онро ба як шаҳри соҳилии тафреҳӣ табдил дода, идораи умури онро дар ихтиёри Амрико қарор диҳанд, то ҳар касеро бихоҳад, ба ҷуз фаластиниҳо дар он ҷо маскун кунад.

ЭЪЛОНИ ҶАНГ

Ба гуфтаи бархе коршиносони минтақа, ин тарҳи пешниҳодшуда, на танҳо эълони ҷанг бо фаласитиниҳо дар Навори Ғазза аст, балки ин як эълони ҷанги умум дар минтақа арзёбӣ шудааст, ки манофеи ҳама кишварҳоро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Кишварҳои ҳамсояи Фаластин, ба мисли Мисру Урдун ҳар чанд кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ҳам набошад, дар дарозмуддат табдил додани Навори Ғазза тавре Тромп мегӯяд, агар ба як шаҳри соҳилии тафреҳӣ табдил шавад, манофеи онҳоро зери суол қарор хоҳад дод. Арабистони Саудӣ ва ҳатто Имороти Муттаҳидаи Арабиро, ки тарҳҳои баландпарвозонаи бузурги иқтисодӣ ва тафриҳие дар соҳилҳои баҳрии худ доранд, низ ин пешниҳоди Тромп сахт нороҳат кардааст.

ФИРЕБИ ТРОМП

Мусалмонон ва бахусус, арабҳои муқими Амрико, ки дар интихоботи ахир ин кишвар ба нафъи Тромп раъй дода буданд, мегӯянд, мо ба хотири ваъдаҳои таъмини сулҳу субот дар минтақа ба вай овоз дода будем, на ба хотири ишғоли Навори Ғазза ва аз нав шӯълавар кардани оташи ҷангу хусуматҳои ҷадид.

Инчунин хеле аз фаъолони амрикоии мухолифи ҷанг дар Навори Ғазза, ки ба Тропм раъй дода буданд, худро фиребхӯрада медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, чун ҳукумати Байден барои мутаваққиф кардани ҷангу хунрезӣ дар тӯли беш аз 15 моҳ коре накарда буд, ба ваъдаҳои Тромп дар бораи поён додан ба ҷангҳо бовар карда, ба вай раъй дода буданд. Аммо ҳоло мебинанд, ки вай на танҳо мехоҳад, Навори Ғаззаро ишғол кунад, балки Канада, Канали Панама ва Гринландро мехоҳад ба тасарруфи худ дароварад.

МАВҚЕИ СОЗМОНҲОИ ҶАҲОНӢ

Созмони Милали Муттаҳид борҳо тавсеаталабии давалти Исроил дар ҳудуди заминҳои ишғолшудаи Фаластин, Урдун, Лубнон ва Сурияро маҳкум кардааст. Дабири кулли ин созмон тайи 15 моҳи ҷанг дар Навори Ғазза низ борҳо ҳимояти худ аз таъсиси давлати Фаластинро эълон карда буд.

Инчунин Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки 56 кишвари мусалмониро бо ҳам муттаҳид мекунад, қариб ҳамаи кишварҳои узви ин созмон дар нишастҳои қаблии худ борҳо эълон кардаанд, ки бояд кишвари Фаластин дар ҳудуди соли 1967 таъсис дода шавад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳимоятии худ аз таъсиси кишвари Фаластинро эълон кардааст.

ЭҲСОСИ ХАТАР

Арасбитони Саудӣ, ки аз муттаҳидони асосии Амрико дар минтақа ҳаст, нахустин шуда, ба ин тарҳ вокуниш карда. Ин кишвар мегӯяд, ки мавқеи Риёз дар робита ба таъсиси давлати Фаластин тазалзулнопазир аст. Риёз ба ҳар гуна иқдоме, ки фастиниҳоро аз нав дар кишварҳои минтақа овора кунад, мухолиф аст.

Вокуниши Арабистони Саудӣ, ки хеле сареъ анҷом шуд, на ба хотири дилсӯзии ин кишвар барои фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ё Каронаи Бохтарӣ арзёбӣ мешавад, балки ба эҳтимоли зиёд, ин вокуниш ба хотири таҳти таъсир қарор додани тарҳи баландпарвозонаи ин кишвар зери унвони Нюм дар соҳили баҳр аст.

АТРОФИ ЭРОН ҶАМЪ МЕШАВАНД

Кишварҳои ҳамсояи Фаластин дар тӯли ин ҷаги беш аз 1-сола, ҳеч иқдоми амалие, ки манофеи Исроилу Амрико ва дигар ҳомиёни ин ҷанг ба хатар мувоҷеҳ кунанд, анҷом надоданд. Ба ҳамин хотир ба хашми хеле аз мардумон рӯбарӯ шуданд. Аммо акнун, ки манофеи геосиёсии худи ҳокимони ин кишварҳо ба хатар муҷоҷеҳ шудааст, эҳсоси хатар мекунанд. Ин эҳсоси хатар, тавсеаталабии Исроил ва чашм ало кардани он ба бахше аз сарзаминҳои Мисру Урдун, Лубнону Сурия ва Арабистони Саудӣ ва ҳатто Туркия мебошад.

Вақте манофеи ин ҳама кишварҳо ба хатар рӯбарӯ мешавад, ҳокимони онҳо ба хотири миллатҳо ҳам набошад, ба хотири бақои худашон дар раъси қудрат ва курсиҳо маҷбур мешаванд, дар ҳолати дифоӣ қарор бигиранд. Он замон чун худашон ба сурати ошкоро ҷуръати муқобила бо артиш ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро надоранд, дар атрофи Эрон ва нерӯҳои муқовимати он ҷамъ хоҳанд шуд. Ё нерӯҳои дигареро таъсис дода, ба майдон хоҳанд овард, то ҳамроҳ бо фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ то охир муқовимат кунанд. Ин эҳтимол ҳам дур нест, ки чанд муллову муфтие бо фармонҳои ҳокимони минтақа ва бо фатвоҳои ҷадиди худ ҷавонони зиёдеро аз дигар кишварҳо низ ба майдонҳои набард даъват карда, то фурӯкаш шудани хостаҳои Тромп барои ишғоли Навори Ғазза ва ёронаш ҷангҳо идома ёбанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv