35.9 C
Dushanbe

Собиқ мудири маорифи Панҷ дар ҳамкорӣ бо ҲНИТ айбдор мешавад. ҲНИТ рад кард

Собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода ҳамроҳ бо чанд корманди давлатии дигар дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон айбдор мешаванд. Аммо ҲНИТ ин иттиҳомро рад карда, онро сохтаи дасти мақомот хонд.

Мурофиаи додгоҳии собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, наворбардор – ҳамкори ТВ “Ҷаҳонамо” дар ноҳияи Панҷ Абдураҳмон Изатуллозода, собиқ корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Ҷалол Зоидов ва як шаҳрванди дигар Мамед Шералиев, ки барои ҳамкорӣ ва ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ гумонбар дониста мешаванд, оғоз ёфтааст.  

Бино ба иттилои “Asia Plus”, мурофиаи додгоҳӣ таҳти раисии судяи Суди вилояти Хатлон Аҳлиддин Назарзода ҷараён дошта, Мавлуда Боймуродзода бо моддаи 307 қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) ва 346 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад. Маълум нест дигар нафарон, ки бо собиқ мудири маориф ба курсии айбдорӣ нишастаанд, ба кадом моддаҳо гумонбар дониста мешаванд.

Аммо мақомот ҳамаи ин нафаронро барои ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ айбдор медонанд.

Аз Суди вилоят гуфтанд, ки судшавандаҳо қисман худро гунаҳгор меҳисобанд, аммо Нурулло Маҷидов, адвокати Мавлуда Боймуродзода дар як суҳбати телефонӣ ба “Asia Plus” гуфтааст, ки зерҳимояаш худро гунаҳгор намеҳисобад.

Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат ба Azda TV гуфт, ки ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон фаъолият надорад ва ин афрод бо Наҳзат ва намояндаҳои он ҳеҷ робитае надоштаанд ва ин иттиҳомот сохта мебошанд.

“Аслан туҳмат задан ва иттиҳом бастан ба дигарон яке аз шеваҳои кори мақомоти Тоҷикистон аст. Ва ҳама медонанд, ки имрӯз агар як нафар ё як гурӯҳ хоҳанд, ки бо гурӯҳи дигар тасвия ҳисоб кунанд, аз чунин иттиҳомот истифода мекунанд. Ҳеҷ санаду далиле, ки ин афрод бо ҲНИТ ҳамкорӣ доштанд, вуҷуд надорад. Зеро ҲНИТ дар дохили кишвар фаъолият надорад”- гуфт Бобоҷон Қаюмов.

Ба гуфтаи Бобоҷон Қаюмов, “Ҳукумат дар арафаи додгоҳи Русия, ки қарор аст рӯзи 14-уми сентябр баргузор шавад ва ҳукми ниҳоиро дар бораи террористӣ эълон кардан ё накардани ҲНИТ содир кунад, мехоҳад ба ҳамин қазия обу ранг диҳанд ва ба шакле дубора ин қазияро доғ намуда, бори дигар қазияи ҲНИТ-ро бар сари забонҳо оранд”.

Ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ, айбдор кардани мардум дар ҳамкорӣ ба ҲНИТ дар байни мақомоти кишвар ба як анъана табдил ёфтааст ва ин метавонад як навъ қасосгирии мақомот аз ҳамдигар бошад, яъне касеро аз майдон дур карданӣ шаванд, аз ин роҳ истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми июли соли ҷорӣ Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки ҲНИТ дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад. Ва Додгоҳи олии Русия рӯзи 14 сентябр дар ҷаласаи навбатияш ин дархостро баррасӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.