Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд

Акс аз вебсайти Маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон (Маросими мукофотсупорӣ)

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август  ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 70 нафар намояндагони касбу кори гуногун,  мукофотҳо, унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар медиҳад.

Дар ин маросими мукофотсупорӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” дараҷаи I тақдим карда шуд. Убайдуллоев аз чеҳраоест, ки аз сари қудрат омадани Э.Раҳмон дар мансабҳои калидии кишвар фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 1996 то соли 2017 шаҳрдори Душанбе буд ва аз соли 2000 то соли 2020 раёсати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имрӯз ба Рустами Ваҳҳоб ва Алимуҳаммад Муродӣ унвони “Шори халқии Тоҷикистон” ва ба устодони Донишгоҳи миллли Тоҷикистон медали “Хизмати шоиста” тақдим кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Ҷумуҳри Товикистон 1 нафар унвони фахрии “Нависандаи халқии Тоҷикистон”, 3 нафар унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев моҳи апрели соли равон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барканор гардид ва ба ҷояш Рустами Эмомалии 32-сола писари бузурги Президент интихоб гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.