22.9 C
Dushanbe

Навҷавони афғон волидайнашро дар Белорус гум кард

Бо вуҷуди пурзур шудани назорат дар сарҳади Лаҳистон бо Белорус ҳанӯзҳам талоши муҳоҷирон барои убури сарҳад ва вуруд ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо аз ин масир идома дорад.

Ҳоло ҳаво дар минтақаи марз ба маротиб сард мешавад аммо интиқоли муҳоҷирон ба назди сарҳади Лаҳистон ба итмом нарасидааст. Дар як санаде, ки шабакаи телеграмии “NEXTA” нашр кард, гуфта мешавад, дар торихи 18-уми декабри соли 2021 шумори зиёде аз шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки ададашон ба 243 нафар мерасид, аз Русия ба шаҳри Гроднои Белорус барои убур ба Аврупо то надзди марзи Лаҳистон оварда мешавад.

Аз ибтидои буҳрони муҳоҷират, ки миёнаҳои моҳи август оғоз шуд ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёна дар марзи Беларусу Лаҳистон ҷамъ омаданд ва умед доранд аз онҷо ба хоки Иттиҳоди Аврупо дохил шаванд. Аммо Лаҳистон онҳоро иҷозаи вуруд намедиҳад ва ҳама талоши онҳо барои ворид шудан аз ин роҳро ба қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ медонад.

Ба иддаои мақомоти расмии Лаҳистон зуҳури теъдоди бузурги муҳоҷирон дар марз аз ҷониби Беларус бо кумаки Русия ба таври сунъӣ дар посух ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо таҳрик дода шудааст. Дар ҳоле, ки Путин ва Лукашенко ин иттиҳомотро рад мекунанд. Аммо худи муҳоҷирон рад намекунанд, ки дар омадан ба марз аз хидмати қочоқбарони белорусӣ дар ивази маблағ истифода кардаанд.

Агарчи феълан ҳузури муҳоҷирон дар марз коҳиш ёфтааст, аммо дар охири моҳи ноябр ҳудуди 500 муҳоҷир талош кардаанд ғайриқонунӣ аз марз убур кунанд, вале марзбонони Лаҳистон онҳоро бозпас фиристоданд. Пас аз он ки Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, ду бор бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, вазъ дар марз то андозае муътадил шуд. Мақомоти Беларус ба боз гардонидани муҳоҷирон аз урдугоҳҳои дар марзи Лаҳистон шуруъ карданд.

Ба иттилоъи хабаргузории ББС, рӯзи 18 ноябр тақрибан 400 муҳоҷир бо ҳавопаймои ширкати ҳавоии Iraqi Airways ба Ироқ фиристода шуданд. Аммо муҳоҷирон аз ховари миёна ягона қурбонии ин буҳрон набуданд. Паноҳҷӯён аз Афғонистон низ аз ҳамин масир кӯшиш карданд ба Аврупо биоянд, аммо бехабар аз он ки чи мушкилоте метавонад онҳоро дар ин роҳ интизор бошад.

Аздо тв бо як ҷавони муҳоҷири афғонистонӣ дар мавриди сафараш, ки чӣ гуна аз Афғонистон то ба Лаҳистон расид суҳбат орост. Ин ҷавон Муҳаммадсахӣ Сафарёр ном дошта, пас аз гузаштан аз сарҳад падару модарашра гум карда аст. Муҳаммадсахӣ Сафарёр аз шаҳри Кобул буда, ҳамагӣ 17 сол дорад. У 8 моҳ пеш Афғонистонро ба хотири Арупо бо ҳамроҳи падару модараш тарк кард, аммо дар Арупо ӯ 5 моҳ мешавад, ки бандӣ аст.

Аздо тв: Сафари Шумо аз Афғонистон то Лаҳистон чӣ қадар тӯл кашид?

Муҳоҷир: Сафари мо тӯлонӣ буд, мо тақрибан 3,5 моҳ дар роҳ будем. Рафтем самти Тоҷкистону аз онҷо ба Русия ва аз Русия ба сӯ омадем.

Аздо тв: Замоне, ки дар Тоҷикистон будед, шароити будубош, муносибат чӣ гуна буд?

Муҳоҷир: Қочоқбар мебурд моро ҳар ҷой. Моро дохили хона ҳабс мекард ё метонистем бароем ё набароем, вале аксаран намегузошт, ки бароем. Он қисматҳояш зиёд ёдам нест, чун аксаран мо бо мошинҳои континерӣ ё хурд, ки сиёҳшиша буданд, ҳаркат мекардем. Мошинҳо ҳамеша аз тарфи шаб ҳаркат мекарданд, маълум набуд, ки аз кадом роҳ меранд ва куҷо ҳастем ё нестем. Қочоқбар моро рӯзона аксаран банд мекард ва шабона ҳаракат мекардем. Баъдаш мо расидем Маскав ва як моҳ моро банд мекард қочоқбар ва нмегузошт бароем. Баъдеш аз як ҷойи калон мо да мошинҳо нишастем ва омадем самти Белорус. Боз аз Белорус дар мошинҳои калон савор шудем ва онҳо мора овардан то сарҳади Поланд дохили ҷангал.  

Мо аз Афғонистон оилавӣ муроҷиат кардем, ман будам падар ва модар ва амакам. Вақте моро дохили ҷангал оварданд, онҳое, ки ҳамроҳи хонаводаҳояшон буданд дар як мошин савор карданд ва бачаҳои ҷавон ва касоне, ки муҷаррад буданд дар мошини дигар. Мо гуфтем, ки бо хонаводомон ҳастем, онҳо гуфтанд, дуруст аст, дар он самти Поланд ҳамаи шумо якҷой мешавед. Вақте мо ин самти марз омадем хонаводаи мо набуд. Ва ҳар қочоқбарам пурсон мекардем, мегуфтанд хабар надоранд. Онҳо англисӣ балад набуданд ва мо русиро балад набудем ва хонаводаи мо феълан гум аст.

Пуланд омадем моро пулиси сарҳадӣ гирифт. 5 моҳ мешавад дар Поланд ҳастам. Ду моҳ я капми дигар будам ҳоло инҷо оварданд.

***

Вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ҳампайманҳояш дар миёнаи моҳи август якбора бад шуд. Аз суқути Кобул ва пошхӯрии давлати Афғонистон бештар аз 5 моҳ гузашта. Аммо давлати ҷадид дар АФғонистноро, ки Толибон онро Аморати исломӣ ном кардаанд, то ҳол ҳеҷ кишваре расман қабул кардааст.

Авҷи ҳиҷрат дар Афғонистон аз моҳи майи соли 2021 пас аз дубора фаъол шудани ҳуҷуми Толибон шуруъ шуд. Аксаран афғонистониҳо ба Эрон Туркия ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс паноҳ бурданд. Ва қисме ҳам талоши расидан ба Аврупоро ихтиёр карданд. Аммо дар ин васат нафароне, ки бо истифода аз хидматҳои қочоқчиён ё тавассути каналҳои ғайрирасмӣ хостанд ба Аврупо бираванд дучори мушкилоти зиёд шуданд.

Бо вуҷуди коҳиши муҳоҷирон аз ховари миёна дар марзи Лаҳистон, коршиносон бар ин назаранд, ки буҳрон ҳоло пурра бартараф нашудааст.
Бо қудратгирии Толибон дар Афғонисон эҳтимол меравад, ки мавҷи нави муҳоҷирон аз Афғонистон ба марзҳои ИА сарозер шаванд. Масъулини Иттиҳоди Аврупо бо ҳмсоягони Афғонистон ва хосатан бо Тоҷикистон вориди музокира шудаанд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Josep Borrell рӯзи 22 ноябри соли 2021 дар Душанбе бо вазири умури хориҷаи Тоҷкистон мулоқот кард ва аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз сӯиистифода аз муҳоҷирон ба ҳадафҳои сиёсӣ аз сӯи мақомоти Беларус кумак кунанд.

Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон тарҳи ҳимоятии як миллиард евроиро муаррифӣ кард ва аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост пеши роҳи баҳраҷӯйӣ аз муҳоҷирони афғонро бигиранд. Ин дарҳолест, ки мухолифни Белорус иддаъо доранд, ки Лукашенко талош дорад аз тариқи Тоҷикистон муҳоҷирини афғонро ба марзҳои Аврупо бикашонад, ки дар ин бораи Аздо тв назари Павел Латушко, яке аз раҳбарони мухолифини Лукашенкоро ҷӯё шуд.

Ӯ мегӯяд: “Тибқи маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, қарор буд ҳамчун сенарияи дуввум барои зиёд намудани фишор ё эҷоди мавҷи сунъии муҳоҷират аз самти Афғонистон истифода шавад. Охири моҳи октябр дар пойгоҳи низомӣ, дар майдони ҳавоии Айнӣ дар Тоҷикистон ду ҳавопаймои низомии Белорус фурӯд омаданд.

Тибқи ривояти расмӣ, ҳавопаймоҳои мазкур сарбозони белорусро барои иштирок дар машқҳои низомии муштарак бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ интиқол доданд.

Дар яке аз ин ҳавопаймоҳо гурӯҳе аз афсарони воломақоми Сарраёсати разведка, Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати дифои Белорус ҳузур доштанд. Ин гурӯҳи вижаи афсарони амниятӣ ду мавзӯро баррасӣ карданд: транзити муҳоҷирон ва интиқоли аслиҳа аз қаламрави Афғонистон.”

Мухбири Аздо тв ҳамчунин дар ин марвид бо Анна Сеслевская, устоди Донишгоҳи Биалимстоки Лаҳистон суҳбат кард:

Аздо тв: Оё Лукашенко метавонад муҳоҷирони афғониро аз тариқи Тоҷикистон истифода кунад? Оё талошҳои Иттиҳоди Аврупо бо ҷудо кардани маблағҳо ё роҳҳои дигар барои пешгирӣ кардани вуруди муҳоҷирони афғонӣ аз тариқи Тоҷикистон ва ба Беларус натиҷа медиҳанд?

Анна: Бубинед, Раҳмон хусусияте дорад, ки аз муҳоҷирони афғонӣ хеле метарсад. Шояд ӯ пинҳонӣ як роҳе кушояд, ки онҳо бо роҳҳои ҳавоӣ ба фурӯдгоҳи Душанбе биёянд ва аз он ҷо зуд парвоз кунанд. Ман фикр намекунам, ки Раҳмон иҷозат диҳад, ки онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳаракат кунанд, зеро ин барояш муносиб нест. Аввалан, ӯ аз ин гуна “терроризм” хеле метарсад, пайваста дар бораи он ва Толибон ҳарф мезанад. Дар мавриди Иттиҳоди Аврупо ва пули онҳо бошад, албатта Раҳмон аз ин пул рӯй намегардонад. Ӯ ин пулҳоро мегирад. Раҳмон киро дастгирӣ мекунад, албатта, Русия ҳал мекунад, на Лукашенко. Зеро имкон дорад Лукашенко ба Тоҷикистон парвоз карда буд ва онҳо ягон гуфтушуниде доштанд, вале гуфтан душвор аст, ки чӣ натиҷа медиҳад. Ман фикр мекунам, имкон дорад Лукашенко аз ин роҳ истифода карданист, зеро ин роҳ хеле осон аст, Афғонистон-Душанбе ё Афғонистон-Кӯлоб, ки боз ҳам наздиктар аст аз он ҷо ва фавран ба Беларус парвоз кунанд.

Аздо тв: Суол дар мавриди муҳоҷироне, ки қурбонии ин диктаторҳо мешаванд, ки мехоҳанд онҳоро барои мақсадҳои худ истифода баранд ва соддалавҳии ин муҳоҷироне, ки гумон мекунанд тавассути Лаҳистон ба кишварҳои дигари аврупоӣ бираванд, ки вазъи муҳоҷирон дар он ҷо беҳтар аст, масалан Олмон ё дигар кишварҳо, то чӣ андоза эҳтимол вуҷуд дорад, ки онҳо ба ин кишварҳо мерасанд ва Лаҳистонро номаълум убур мекунанд?

Анна: Ин номумкин аст, зеро мо медонем, ки вазъият дар сарҳади Лаҳистон чӣ гуна аст ва бо муҳоҷирон чӣ рӯй медиҳад ва онҳо воқеан дар ҷангалҳо мемиранд. Зимистони Аврупо имсол хеле сард аст ва ҳоло мо намедонем, ки чанд нафар мурдааст. Адади бузурге нест, вале аслан худи муҳоҷирон овоза паҳн мекунанд, ки дар ҷангалҳо ҷасадҳоеро дидаанд, ки аз хунукӣ ях кардаанд. Ин роҳ хеле душвор аст. Сониян, ман фикр мекунам, ки ҳукумати Лаҳистон мехоҳад ин ҷараёни муҳоҷиронро боздорад ва ҳама мушкилиҳоро эҷод мекунад, то онҳо наоянд. Ман фикр мекунам, ки Иттиҳоди Аврупо ин ҷараёнро чандон дастгирӣ намекунад ва Иттиҳоди Аврупо аз ин омил хуб истифода мекунад, ки Лаҳистон дар ин минтақа қарор дорад ва Лаҳистон метавонад онҳоро нигоҳ дорад. Пас ман ба ҳеҷ як муҳоҷир, на тоҷик ва на афғон ва на дигар муҳоҷирон маслиҳат намедиҳам, ки аслан ин роҳро интихоб кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.