Президенти Тоҷикистон бо намояндаҳои Ҳизби комунисти Чин мулоқот карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 2-уми октябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо “узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй” мулоқот кардааст.
Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ” суҳбат кардаанд.
Чин пас аз Русия яке аз шарикони стратегӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузори асосӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4-уми январи соли 1992 оғоз шудааст. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.