Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъули Бонки рушди осиёӣ

Рӯзи 3-юми апрел Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки рушди осиёӣ мулоқот кард.

Тавре сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, дидору гуфтугӯи Рустами Эмомалӣ ва роҳбари намояндагии Бонки рушди осиёӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамоторо имрӯз дар пойтахти кишвар сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Ко Сакамотороро, ки ба наздикӣ намояндаи ин созмони молиявӣ дар Тоҷикистон таъйин шудааст, зимни мулоқот “ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” бо намояндаи ин созмони молиявӣ баррасӣ шудааст.

Сомонаи шаҳрдорӣ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот дар робита ба масъалаҳои “ҳамкории дуҷониба дар самти рушди соҳаи нақлиёту энергетика, обтаъминкунӣ ва корез, иқтисоди “сабз”, инчунин рақамикунонӣ” гуфтугӯ кардаанд.

Аммо маълум нест, шаҳрдори Душанбе ва фарзанди Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи ин бонки пурнуфуз кадом санадҳоро ба имзо расонда ва ба чӣ миқдор маблағҳо тавофуқ ҳосил шудааст.

Ёдовавр мешавем, ки Бонки рушди осиёӣ аз соли 1998 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. То кунун ин бонк лоиҳаҳои зиёдеро дар бахшҳои инфрасохтори стратегии роҳ ва энергетика, тандурустӣ, рушди малакаҳо, кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва молия маблағгузорӣ кардааст.

БРО дар як омори расмияш нашр карда, ки то 31 декабри соли 2023 ба Тоҷикистон 158 қарз, грант ва кумаки техникӣ ба бахши давлатӣ ба маблағи умумии 2,4 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, бо ин маблағ метавон лоиҳаҳои бузургеро барои беҳбуди шароити мардум ва беҳтар кардани вазъи иқтисоди кишвар ба таври аҳсан истифода кард. Аммо аз сабабе, ки мақомдорон дар Тоҷикистон аз худи раисҷумҳур шуруъ карда, то поинтарин мансабдор даст ба ришваву фасод мезананд, чунин маблағҳои ҳангуфт ба фоидаи шахсии аксари онҳо сарф мешавад ва фоидаро хонаводаи Эмомалӣ ва наздикони он мебинанд на мардум.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.