Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 30-юми июни соли 2022, Фарҳод Салим, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Питер Лански-Тиффентал, Дабири кулли вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия дар шаҳри Вена, пойтахти ин кишвар мулоқот кард.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин дидор "ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои муҳимми рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, ба густариши ҳамкорҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд."
Пеш аз дар 30-юми июн дар пойтахти Австрия даври даҳуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия низ баргузор гардида буд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳайати Австрияро Герҳард Зайллер, Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, зимни ин мулоқотҳо ҷонибҳо омодагии худро "ҷиҳати идомаи тамосҳо ва машваратҳои муфид роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар сатҳҳои дуҷониба ва минтақавӣ иброз намуданд."