7.9 C
Dushanbe

Вохӯрии намояндаи Омбудсмен бо рӯзноманигорони зиндонӣ

Намоядаи Ваколатдори ҳукуқи инсони Тоҷикистон дар маҳбас бо се тан аз рӯзноманигорони зиндонӣ мулоқот кардааст.

Зилола Икромова, як масъули ин идора рӯзи 17-уми феврал дар Муасисаи ислоҳии ЯС3/4 ё маъруф ба “Якум Советский” бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ вохӯрда, аз шарту шароити нигоҳдории онҳо пурсон шудаанд.

Хонум Икромова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки саломатии рӯзноманигорон хуб аст, аммо аз рафти суҳбат маълум гардидааст, ки кам-кам онҳо месулфиданд ва касалии грипп ё шамолхӯрдагӣ доранд.

Ин масъули идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба бемории сил гирифтор шудани Далери Имомалиро рад кард.

Инчунин ба иддаои Икромова рӯзноманигорон аз шарту шароит ва тарзи нигоҳдорӣ дар муассисаи ислоҳӣ шикоят накардаанд.

Аммо намояндаи Ваколатдор аз вазъи саломатии Завқибек Саидаминӣ чизе нагуфтааст. Ин дар ҳолест .ки бародари Завқибек Саидаминӣ рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода буд, ки “саломатиии бародараш хуб нест”.

Зилола Икромова мегӯяд, ки Далеру Абдуллоҳу Завқибекро дар толори фарҳангии маҳбас дидаанд. “Онҳо ба чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ ҷалб шуда буданд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳайси баранда омодагӣ медид ва Далери Имомалӣ дар вафси Ватан-Модар шеър қироат мекард”, – гуфт Икромова.

Зилола Икрамова мегӯяд, рӯзноманигорон дар робита ба шиканҷа дар маҳбас шикоят накарданд ва илова кард, ки раванди баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба ваколати онҳо дахл надорад, “чунки мо танҳо барои ҳифзи ҳуқуқи маҳкумшудагон дар муассисаи ислоҳӣ санҷиш гузаронидем”.

Ин дар ҳолест, ки хабари шиканҷа шудани рӯзноманигорони зиндонӣ пештар расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо навиштани нома аз зиндон аз шиканҷа шуданаш хабар дода буд.

Як масъули Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд.

Дар ҳамин ҳол Зилола Икромова мегӯяд, ки бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода шахсан вонахӯрдааст ва намояндагони дигари ин ниҳод шояд бо ӯ вохӯрда бошанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақрибан дар кишвар ҳеҷ таъсире надошта, дар аксар ҳолат аз манофеи ҳукумат ҳимоят мекунад. Дар гузашта бо вуҷуди хабари шиканҷа ва шароити бади зиндониёни сиёсӣ дар маҳбас, Омбудсмен баъд аз вохӯрӣ бо баъзе аз зиндониён гуфта буд, ки зиндониёни сиёсӣ ҳеҷ мушкилие надоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.