30.9 C
Dushanbe

Мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе роҷеъ ба масоили марзӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ хабар доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар ҳошияи Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, вазирони хориҷӣ дар бораи шумори зиёди механизмҳои ҳамкорӣ ва афзоиши фаъолиятҳо барои ҳарчи тезтар ҳал намудани масоили марзӣ ба мувофиқа расиданд.

Инчунин вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар мавриди масоили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар гуфтугӯ карданд. Ба ин манзур, вазири умури хориҷаи Қирғизистон пешниҳод карда, ки намояндагони додситонӣ ва додгоҳӣ барои машварат бо марзбонон ба мурофиаҳо ҷалб карда шаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Додситонии кул, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ барои ҳалли сареъи масъалаҳои ба миёномада ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин нишаст инчунин тавофуқ ҳосил шуда, ки кор бо сокинони маҳаллии наздимарзӣ ба манзури коҳиши таниш дар манотиқи марзӣ пурзӯр карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...