35.9 C
Dushanbe

Муроҷиати падари сарбози ғарқшуда: хабари ғарқ шудани фарзандонамон шубҳанок аст

Падари сарбози ғарқшуда Сироҷиддин Ятимов ба тамоми рӯзноманигорон ва расонаҳои дохилию хориҷии мустақил муроҷат кардааст, ки воқеияти хабари марги фарзандашро таҳқиқ кунанд.

Ба гуфтаи падари Ятимов, хабари марги онҳо ба он тарзе, ки мақомот эълон кардаанд, шубҳаовар буда, бо чанд далел дурӯғ будани онро ошкор мекунад. Дар хабар омада буд, ки рӯзи 29 сентябри соли равон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ду сарбоз, яке Сироҷиддин Ятимов ва дигарӣ Қандилҷон Воҳидов барои наҷоти хонандаи мактаб худро ба об андохтаанд, ки мутаассиифона бо вуҷуди он ки натавонистанд писарбачаро наҷот диҳанд, худашон ҳам ғарқ шуданд.

Падари Ятимов мегӯяд, хонаводааш пайгири қазияи писараш ҳастанд ва хабарҳои зидду нақизе дар ин миён ҷой дорад, ки шакку шубҳаро бештар кардааст. Ӯ мегӯяд, ин хабар сохта ва дурӯғин аст, воқеият надорад ва бо чанд далел онро истоб мекунад, ки ин хабар дурӯғ ва сохтаи дасти масъулони марбута аст.

Далели якумаш ин аст, ки вақте хабар нашр шуд танҳо аз ғарқ шудани писарбачаи мактабхон гуфта шуд, аммо аз ғарқ шудани сарбозон хабаре набуд, модоме, ки сарбозон барои наҷоти писарбача ҳамроҳи ӯ ғарқ шуда бошанд, пас чаро номе аз онҳо бурда нашуд, мегӯяд падари сарбоз.

Далели дигари ӯ оиди шубҳанок будани хабар ин аст, ки мегӯяд, ҳодиса рӯзи 29 сентябр рӯх дод, аммо 4 рӯз пас ба хонаводаҳои онҳо хабар додаанд. Агар сарбозон ҳамон рӯз ғарқ шуда бошанд, пас чаро 4 рӯз пас ба онҳо хабарро расонданд.

Ӯ дар идомаи муроҷиати худ мегӯяд, ҷасади писарбача пайдо шуд, аммо часади фарзандони онҳо не. Боз нуктаи шубҳаноки дигар дар масъалаи кофтукоби ҷасади сарбозон будааст, ки ба гуфтаи ӯ, масъулони Вазорати мудофиа ва ё масъулони қисми низомие, ки сарбозони ғарқшуда онҷо адои хидмат мекардаанд, ки гуфтаанд, барои кофтукоби онҳо маблағ надоранд.

Ба гуфтаи масъулон барои ёфтани сарбозон дурбини зериобӣ лозим будааст, ки маблағи иҷора гирифтани онро надоранд. Ятимов мегӯяд, маблағи иҷораи дурбини зериобиро падари Қандилҷон Воҳидов, яке аз ду сарбози ғарқшуда, бар ӯҳда гирифтааст. Аммо баъди он боз масъулони қисми низомӣ баҳонаҳи дигаре пеш оварданд, ки барои истифодаи он иҷозатнома надоранд ва бояд иҷозати мақомоти дигарро гирифт.

Ба гуфтаи Ятимов хонаводаи ӯ низ талош карданд бо гиряву нола ва ҳар роҳе, ки имкон дошт тавонистанд иҷозантомаро ба даст оварданд, вале баъдан маълум шудааст, ки онҳо аз дурбин аслан истифода накрадаанд.

Дар охири муроҷиаташ падари сарбози ғарқшуда ба вазири Вазорати мудофиа хитоб намуда, мегӯяд, ки фарзандони мо рӯзи 27 сентябр қарори ҷавобшуданашон содир шуда буд, масъулони қисми низомӣ ғайриқонунӣ аз онҳо истифода намуда, дар постгоҳ гузоштаанд. Ӯ дар хитоб ба вазири дифоъ мегӯяд,

“Вақте Вазорати Шумо қудрати молиеро надошта бошад, ки (ҷасади) ду сарбози қаҳрамонро кофтукоб кунад, ба дарди чӣ мехӯрад. Навсарбозон вақте чунин воқеаҳоро мешунаванд, бо кадом рӯҳия ба хидмати ҳарбӣ мераванд?”

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, Амрико ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо наздик ба 1 милярд доллар ба Вазорати дифои Тоҷикистон кумаки низомӣ кардаанд. Аммо ҳоло нерӯхои низомӣ ва ё Вазорати дифои кишвар як таҷҳизотро барои кофтани сарбозони ғарқшудаи худ дареғ дошта аз волидайни онҳо иҷорапулӣ талаб доранд. Ин хеле бад аст.

Муроҷиати падари сарбози ғарқшуда Сироҷиддин Ятимов дар ҳолест, ки мавсими даъвати нави сарбозӣ ва ба қавле “Облава” оғоз шудааст. То имрӯз чандин аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз қонуншикании кормандони Комиссариятҳои ҳарбии Тоҷикистон нашр мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.