6.9 C
Dushanbe

Нависандаи маъруфи тоҷик, Баҳманёр Аминӣ даргузашт

Баҳманёр Аминӣ, нависанда ва адиби маъруфи тоҷик шаби 10 ноябр дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт.

Вафоти ин нависандаи номдори тоҷикро нобаҳангом гуфтаанд, Радиои Озодӣ аз қавли наздиконаш менависад, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Гуфта мешавад, ҷасади ин нависандаи шинохтаро аз Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент интиқол доданд ва фардо маросими ба хоксупории ӯ онҷо доир мешавад.

Барои дафн нашудани ин нависандаи тоҷик дар қатори дигар шоирону адибони миллат дар минтақаи Лучоби шаҳри Душанбе донишмандони тоҷик вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Сафар Абдулло, донишманди саршиноси тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш менависад, ки аз Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоста, ки Баҳманёр дар радифи дигар нависандагону шоирони тоҷик ба хок супурда шавад. Аммо Низом Қосим баъд аз дархосташ аз мақомоти масъул гуфтааст, ки “Низомнома”-ашон иҷозат намедодааст.

“Ман ин хабари сангинро ба (Низом Қосим) расондам ва хоҳиш кардам, ки муҷавиз бигирад, то дар Лучоб ба хок биспоранд. Ӯ  гуфт, ман ҳоло меравам ва кӯшиш мекунам…Фикр кардам дар ин маҳалла, ки чандин шоъирону нависандагони мо ба хок супорида шуданд ва бархе касони дигар, ки ба ҳеч ваҷҳ ба мартабаи Баҳманёр нестанд, барои Баҳманёр низ ҷой хоҳанд дод. Мунтазирӣ дер накашид. Барои дар гӯристони Лучоб гӯр кардан “Низомнома” ашон иҷоза намедодааст !!! Пурсида мешавад, касоне, ки ба гарди домани Баҳманёр намерасиданд ва соҳибназарон ҳамаи осорашонро ба як ҷумлаи Баҳманёр иваз нахоҳанд кард, чӣ гуна ба он ҷо роҳ ёфтанд?!  Ҳарчанд чандон муҳим нест”.

Дар ҳамин ҳол Абдуқодири Рустам, донишманди дигари тоҷик менависад:

“Муллоҳо наъши Фирдавсиро иҷозаи дафн кардан дар гӯристон надода буданд, “Низомнома”-и ҳукумати шаҳри Душанбе, иҷоза надод, ки ҷанозаи устод Баҳманёрро дар Лучоб гӯр кунем….. Дар ин гӯристон фақат “халқӣ”-ҳоро дафн мекардаанд… Аммо, агар Баҳманёр – бузургтарин нависандаи тоҷик пас аз сари устодон Айнӣ ва Улуғзода бо вуҷуди маҳбубият ва шуҳрат дар миёни хонандагон на нависандаи халқӣ шуд ва на барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ гуноҳи кист?

Баҳманёр ба гӯристони Лучоб ниёз надорад, аммо халқи тоҷик ниёз дошт беҳтарин нависандаи муосираш дар қатори устодон дафн бишавад…

Агар ин маъниро намефаҳмед, дареғи шумо ва афсуси мо!”

Ҳолномаи нависанда аз Озодӣ:

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ буд.

Хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш – Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – “Садои Шарқ” – таъин гардид.

Баҳманёр бо сабки хос ва мавзуъҳои тозае вориди адабиёт шуд ва як водии тахайюлии Сармадро бунёд кард, қаҳрамононаш аз ҳикоя ба ҳикоя ва сипас ба роман кучида, зиндагии худро давом доданд.

“Ишқи сайёд” ,”Аспи обӣ”, “Зарринаи Зарнигор” маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” романҳои Баҳманёр мебошанд. Вале романи севумаш “Ғӯтях” ё “Айсберг” бо дасти худи нависанда нобуд шуд.

Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ буд. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд: ду писару ду духтар.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон бо хонум “невидимка” дар Левакант роҳро ба истифода дод

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 7-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара дар Хатлон ширкат кард.

Путин аз муҳоҷирон хост қонунҳои Русияро риоят кунанд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз муҳоҷирон хост қонунҳои ин кишварро риоят кунанд ва ба анъанаҳои русӣ эҳтиром гузоранд.

Задухӯрд миёни ҷонибдорони Исроилу Фаластин дар Ҳоланд

Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни мусобиқоти футбол дар Амстердам миёни ҳаводорони тими футболи "Маккаб"-и Телавив ва ҷонибдорони мардуми Фаластин даргирӣ рух дод.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба алифбои туркӣ мегузаранд?

Дар нишасти сарони Созмони кишварҳои туркӣ дар Бишкек раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост ба алифбои ягонаи туркӣ гузаранд.