Ҳуқуқ

Наздикони рӯзноманигор намедонанд чаро ӯ боздошт шудааст

Рӯзноманигор Хуршед Фозиловро наздиконаш дар Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент пайдо кардаанд, аммо бо гузашти се рӯз то ҳол намедонанд ӯ ба чӣ ҷурме муттаҳам аст.

Хуршед Фозилов. Акс аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор

Бино ба иттилои наздикони ин рӯзноманигори боздоштшуда, як корманди шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент ба онҳо ваъда додааст, ки Фозиловро шоми 8-уми март раҳо мекунанд, вале пас аз нисфирӯзии 8-уми март аз пайвандонаш талаб карданд, ки телефону компютери шахсӣ ва либосашро ба идораи амният баранд.

Хуршед Фозиловро як маротиба ба наздиконаш нишон дода гуфтаанд, ки “баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд", аммо нагуфтаанд, ки ин рӯзноманигор ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст.

Дар ҳамин ҳол Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки писарашро дидааст, аммо кормандони амният нагузоштаанд суҳбат кунанд.

Ба гуфтаи ин модар то ҳол касе аз кормандони мақомот шарҳ намедиҳад, ки чаро писарашро боздошт кардаанд.

Айни ҳол наздикони рӯзноманигор дар пайи ҷустуҷӯи вакили дифоъ ҳастанд, зеро мехоҳанд адвокат ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад, то сабаби боздошти Хуршед Фозиловро шарҳ диҳанд.

Ба гуфтаи як ҳуқуқдони тоҷик, тибқи муқаррароти ҷорӣ, мақомоти амнияти шаҳри Панҷакент талаботи қонуни кишварро дағалона вайрон кардаанд. Зеро бо гузашти 48 соат аз боздошти ин рӯзноманигор на ӯро ҷавоб додаанду на нисбаташ айб эълон шудааст ва илова бар ин то ҳол ӯ бо адвокат таъмин нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан, соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҳуқуқ

Ҳуқуқ

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озодии Хуршед Фозиловро талаб доранд

Ҳуқуқ

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар Душанбе

Ҳуқуқ

Кабирӣ: Раҳмон ба Амрико ва Аврупо даъвати расмӣ нашудааст

Ҳуқуқ

Мухолифон: Мо сафари Раҳмон ба Олмонро лағв кардем