-3.1 C
Dushanbe

Нишасти котибони Шӯрои амнияти ИДМ дар мавриди терроризм

18 ноябри соли равон конфренсияи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба таври онлайнӣ баргузор гардид. Дар ин бора пойгоҳи хабарии ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар ин конфронс Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, муовини Котиби Шӯрои амнияти Беларус, Котиби Шӯрои амнияти Давлатии Туркманистон ва сафири Молдова дар Русия ширкат намуданд.

Бино ба иттилои ТАСС Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев гуфтааст, соли равон дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) фаъолияти беш аз бист ташкилоти хурди созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки бо ҷалби ҷангҷӯён машғул буданд, қатъ карда шудааст.

Патрушев дар идома иброз доштааст, ки “Дар натиҷаи талошҳои муштарак соли 2020, 22 ташкилоти хурди созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки аъзои онҳо ба ҷалбу интиқоли шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ба пойгоҳҳои хориҷии омодасозии ҷангиён машғул буданд, пароканда карда шуданд”.

Ба гуфтаи Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия “беш аз 160 нафар фаъолони созмонҳои байналмилалии террористӣ” қатъ ва аз ҷумлаи онҳо зиёда 110 тан аз Русия ихроҷ ва беш аз 40 нафарашон маҳкум карда шуда, зиёда аз 950 шаҳрванди хориҷии дар фаъолиятҳои террористӣ дастдошта, аз ҳуқуқи вуруд ба Русия маҳрум карда шуданд.

Патрушев афзуда, ки қисми зиёди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз интернет содир мешаванд.

“Зиёда аз 2 ҳазор манбаҳои интернетӣ, бо шумули гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти назорат гирифта шуд, 31 ҳазор саҳифаи интернетӣ баста ва тақрибан 3 ҳазор мавод, ки судҳо онҳоро экстремистӣ эълон ва интишорашонро манъ кардаанд, нобуд карда шудаааст”, – таъкид кард Патрушев.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.