Нишасти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар барои марз

Ҳайатҳои кории ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масъалаҳои марзӣ дар вилоТи Суғди Тоҷикистон нишасти навбатии худро баргузор карданд.

Тавре хабаргузории Sputnik Тоҷикистон аз қавли сардори Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, Музаффар Юнусов хабар дод, ин нишаст зери раҳбарии “Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршиев, сардорони идораҳои сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбаев сурат гирифтааст.”

Гуфта мешавад, мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвари ҳамсоя аз рӯзи 7-ум то 13-уми апрели соли ҷорӣ дар бӯстонсарои шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома доштааст.

Зимни нашри ин хабар расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз тавофуқоти ҳосилшуда дар ин нишаст чизеро зикр накардаанд, танҳо гуфта мешавад, ки “гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд.”

Вале мушаххас нест кадом нуқтаҳо ва ё чанд километри боқимондаи марз мушаххас ва барои аломатгузорӣ омода гардидааст. Дар охири хабар мисли ҳамеша таъкид шуда, ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.”

Ёдовар мешавем, ки нишасти охири ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон аз 24-ум то 29-уми моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуда буд, ки ҷонибҳо дар он нишаст барои муайян кардани беш аз 28 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расида буданд.

Тибқи изҳороти қаблии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саимумин Ятимов, то ин дам ҷонибҳо ба таъйин ва аломатгузории беш аз 90% хати марзи муштараки ду кишвар, ки дар маҷмуъ 987 км-ро ташкил медиҳад, ба мувофиқа расидаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, нуқтаҳои муайян нашудаи марзи ду кишвар камтар аз 100 километр боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешуд, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд то моҳи марти ҳамин сол ба поён мерасад, вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.